Ахлоқ аз нигоҳи фалсафа

 

Дар таърихи фалсафаи ниёгон дар боби ахлоқ ва ё пиромуни робитаи инсон бо худ ва бо нафси хеш қариб тамоми мутафаккирон рўй оварданд ва шоҳасарҳо эҷод намуданд. Аз давраи Авасто ва баъд ва билхоса дар асрҳои миёна ба ин масъала мароқи дучанд зоҳир гардид, чунки ҳакимон дар асоси аҳкоми шариат ва фармудаҳои Қуръони маҷиду ҳадисҳои пайғамбари ислом бар ҷустуҷўи ҳадафи ниҳоии ҷомеа ва ҳар фард, ки ба як чиз ва он ҳам саодат ва ҷамъияти саодатофарин аст, пардохтанд. Саодатро онҳо қабл аз ҳама дар барқарории робитаи инсон бо худи инсон медиданд, ки бешаку тардид дорои ҷанбаи илмӣ буда, дар занҷири иртиботот ҳалқаи зарурии таъмини ҳамоҳангии кайҳону табиату инсон мебошад.

Ҳамоҳангии кайҳон, табиату инсон бар асоси ахлоқи нек устувор аст ва ин ҳамоҳанге, ки таи ҳазорсолаҳои мухолифату кашмакашиҳо бар асари пирўзии хирад худро раҳо бахшид ва барои танинандоз гаштани оҳанги бузурги абадии кайҳон ҳамчун парчами пирўзии нек бар бад хидмат намуд, имрўз беш аз ҳарвақта зарурат бар дифои хеш дорад. Ин оҳанги зиндагӣ замоне танинандоз хоҳад гашт, ки ба фармудаи марди ҷаҳони хирад Абуҳомид Муҳаммад Ғазолӣ ҳар инсон ҳақиқати хеш талаб намояд, ки худ чи чиз аст, аз куҷо омадааст ва ба куҷо хоҳад рафт. Андарин манзилгоҳ ба чи кор омадааст ва ўро барои чи коре офаридаанд. Хушбахтии вай дар чи зоҳир мегардад ва бадбахтиаш дар чӣ?1

Ҳар чиз бояд ба моҳияти аслии хеш баргардад ва ҳақиқати хеш xўён шавад, зеро дар ҳар давру замоне, ки фитнаву ошeб ва парешонбозиҳои таърих то ба ҳадди гирифториҳову маҳрумиятҳо ва ифроту тафритхо мерасад ва ҷавҳари аслии азалии e хира мешаваду ҷамъияташ ба парешонӣ моил мегардад, боз ба ҷустуҷўи асли худро мепардозад, то мақоми сазовори хешро дар олами вуҷуд дарёбад.

Солиёнест, ки мо мардуми тоҷик бар асари бефаросатиҳои хеш, адами идеологияи воҳиди милливу беэҳтиромӣ ба рўҳи бузурги аҷдодону ҳикмати малакутии ишон, ба хусус зери таъсири «намоишномаҳои коргардонии» пуштипардаӣ, аз ҷавҳари аслии азалии хеш гурез ҷуста, парешониҳое дар худ ҷой додем ва робитаи худро бо нафси хеш ва ҳамоҳангии суннати аҷдодон канда сохтем ва рўҳи бузургонро нохушнуду ва торҳои мусиқии абадиро ноxур кардем. Он рeзгоре, ки мо имрўз ба сар мебарем чунин як марҳилаи хоси таърихи башар аст, ки инсон дар тамоми олам хаставу дилгир ва фиребхўрда аз чандин навъ таълимоту ақидаҳои ноустувору шубҳанок ва гаронбору саршор аз ҳазор гуна хурофот, озурда аз ихтироъоти ғайри инсонӣ чун асбоби ом ва чандин фисқу фуҷури ҳайвонӣ ба сўи обишхўри поку мусаффо бо лаби хуншору дили хуншор аз ташнагӣ мехазад, то худро наҷот диҳад. Худро аз бебандубориҳо, ғурурҳо, бегонапарастиҳо ва худбегонагиҳову макру ҳиллаҳо наҷот бахшида, ба асли манбаи фарҳангу тамаддун ва ахлоқ наздик созад. Агар дирўз дар ҷомеаи мо ҷанг буд ва имрўз вайронӣ, фасоди ахлоқ, одамкушӣ, танфурeшӣ, хиёнат ва даргирӣ аст ба хотири ҳамон xудоӣ ва бегонаҳо аз асли хеш аст.

Имрўз инсоният ва ба хусус мардуми мо дарёфт, ки ниёз ба бозгашт ба худи худ, ба ҷавҳари нотакрори худ, ба манбаи тамаддун ва ахлоқи рушдофарини хеш шадидан эҳсос мегардад. Бозгашт ба қафо, сайри ба истилоҳ «қаҳқаҳроӣ» набуда, балки ба асилияти миллӣ ва аслӣ мояи инкишоф ва рушду такомули ҷомеа аст. Воқеан ҳам оё чизе наздиктар аз худ ба худи худ вуҷуд дорад? Чун худро нашиносӣ дигаронро чи сон шиносӣ?

Барои ҷомеаи феълии мо ногузир аст, ки таҳаввулоти амиқе дар ҷанбаи сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва тарбиявӣ падид ояд, то мардуми мо ба сўи ахлоқ рўй оваранд ва аз шабеҳи яъсу ноумедӣ, ки осмони хулқу атвори моро тира кардааст ва ҷомеаро ба гирдоби фалокат майл медиҳад, раҳо ёбад. Мардуми мо имрўз талабот ба таҳаввулоти ҷиддие дорад, ки ондар такя ба меҳри инсонӣ буда, ҳосили он ҷомеаи ором, дурустӣ, хайрхоҳӣ, гузашт, камол ва ҳаракат ба сўи некӣ, рўй овардан ба арзишҳои аслии маънавии умумибашарӣ ва фазилатҳо, дурӣ аз разилатҳо, тамаъкорӣ, кибру ғурур ва зeриву озори мардум, ҳаракат ба қутбнамоии виҷдон бошад.

Шояд чуноне ки гуфтем, дар таърихи фарҳанг ва адабиёти фалсафии ягон кишвар ин қадар ба масъалаи ахлоқи инсон даст назада бошанд, чунон ки дар фалсафаву адабиёти пешгузаштагони халқамон. Ин муxоҳидони роҳи ҳақ аз худ кардани илми ҳикмати амалиро, ки аз пояҳои асосии саодати инсони ва иҷтимоӣ аст нисбат ба дигар илмҳо муқаддам доштанд ва тавонистанд чунон илми аслии ахлоқиро офаранд, ки бартарияти он аз мавқеи илми ҷаҳонӣ пазируфта шавад. Вале чи боис шуд, ки мо ворисони аслии ин бойгонии хирад беахлоқиву камхирадии хешро ба маърази биниши ҷаҳониён гузоштем ва ба қатли мардуми худ даст задем.

Ҳамарўза ахбори умум бонги изтироб мезанад, то ба ашхоси беақл аз ғурурҳову худписандиҳо ва беақлиҳои ў гўшрас намояд, ва ба хусус ҷавононро дар роҳи ахлоқи хамида раҳнамуд созад. Аммо ин зарраи маҳдуде дар баҳри беканори бебандубориҳо ва худбегонагиҳои мо аст, ки тавассути рўзноманигорон ва донишмандони дилсўзи миллат пешкаши афроди раҳгуми мо мегардад, ки он дар роҳи беҳбудии ахлоқи ҷомеа хеле кам аст. Зеро ҷомеаи имрўзаи мо аз нигоҳи ахлоқӣ чунон ба маризии шифонаёбандае даст ба гиребон шудааст, ки оқибати он ҷомеаи тоҷиконро ба кўчаи сарбастае хоҳад бурд ва зуҳуроти он ногузир дар шаклҳои мухталиф падид хоҳад гашт.

Он марази беахлоқие, ки ҷомеаи мо имрўз бо он рў ба рў гаштааст аз осмонҳо фуруд наомада, оқибати ниҳоии мантиқии аъмоли гурўҳҳо ва табақаҳои кишвар ва инъикоси сиёсату низоми давлатдориҳо буда, дар он решаҳои амиқи иҷтимоӣ нуҳуфтааст.

Ба андешаи мо сабабҳои он хеле гуногун ва пуртазод буда, решаҳои онҳо дар таърихи пурмоҷаро ва серхаму печи миллати тоҷик нуҳуфтааст. Кифоя аст, ки таҷоқуми аҷнабиёни бефарҳанг ва дайдуҳои саҳронишини хаймабардўш зикр сохт, ки чи қадар ба номуси миллат таҷовуз кардаанд ва хонадони тоҷикро ба гирдоби ҳалокат бурдаанд. Аммо миллати тоҷик бо фарзандони фарҳангсози хеш тавонист дар масири таърих худро аз он бе банду бориҳо раҳо бахшад ва асилияти ахлоқии миллиро нигаҳ дорад, аҷнабиёни хонабардушро дар хонаи худ ҷой кунад ва онҳоро фарҳангӣ созад. Чи ранҷи сесадсолае кашид тоҷик, то хонадони манғитро фарҳангӣ намояд ва чи қадар худгузариҳое кард дар таърих.

Агар мо хоҳем тамоми он зуҳуроти номатлуби ичтимоӣ ва таърихие, ки ба сарчашмаи миллии ахлоқии мо латма ворид кардаанд ин ҷо мавриди таҳлил қарор диҳем имконоти замониеро талаб менамояд, ки моро аз асли матлуби китоби дарсӣ дур хоҳад намуд. Ва инро мо дар китоби дигари дарсие, ки «Аз таърихи афкори ахлоқии тоҷик» ном дорад марҳила ба марҳила ва бо тафсил баён хоҳем намуд ва дар ин ҷо бо сабабҳои умдаи он, ки дар таърихи нав ва навини ҷомеаи тоҷиконро ҷой доштанд ва доранд интифо меварзем.

Яке аз иллатҳои аввалини он, ба андешаи мо, ин канда гаштан ва заиф гардидани иртибот ва ҳамоҳангии суннатии наслҳои мардуми тоҷик дар замони муборизоти «атеизми ҷанговар» бо анъанаҳои миллӣ ва дар навбати худ суннати ахлоқӣ буд. Оё ахлоқи мардуми тоҷик дар замони муборизоти «атеизми ҷанговар» ба дин буд. Оё ахлоқи мардуми тоҷикро бе дини ислом, ки тамоми фаъолияти ҷамъиятиву оилавии онро аз гаҳвора то ба тобут тарҳрезӣ намуда буд, тасаввур кардан мумкин аст? Вале ин ҷиҳати дарҳампечидагии дину ахлоқи мардум аз ҷониби «ҷанговарони атеист» ҳеҷ мадди назар гирифта намешуд, ки натиҷаи ниҳоии ин «муборизот» ва зуҳуроти онро дар шаклҳои гуногуни падидаҳои иҷтимо мо имрўз мебинем.

Имкон дорад саволе ба вуҷуд ояд, ки дар даврони социализм, ки мо сипарӣ намудем ҳурмату эҳтиром вуҷуд дошт ва фаъолияти одамон дар xавкоти муайяни ахлоқӣ ва қонунӣ сурат мегирифтанд, ҳоло бошад ба хотири ин таҳаввулотҳои номаълум ҳама чиз аз байн рафтааст? Саволи хеле дуруст аст, вале ҳадафи ман аз сиёҳ ва бадном кардани сохт ва низоми социалистӣ нест, чунки бунёди чунин давлат корӣ саҳлу осон набуда, аҳли башар бояд аз бисёр рукнҳои он ки бар адолати иҷтимоӣ такя менамуданд, истифода намояд. Аммо аз воқеъиятҳои таърихӣ низ набояд чашм пeшид.

Ҳар як ҷомеаи воҳид дорои идеалу арзишҳои ахлоқие мебошад, ки таҷассуми олии шуури ахлоқии вай маҳсуб мегарданд ва ба ҳамин минвол ҳар як ҷомеа дорои меъёрҳои қонунии худ буда, онҳо муайянкунандаи шаклҳои рафтору кирдори инсонҳо мебошанд. Бар асоси ин қавонин ба аъзоён ва аҳли ҷомеа рафтору аъмоли мушаххасу муайяне ё иҷоза ва ё манъ карда мешавад. Қонунҳо бо муайян сохтани вазоифи ҳар фарди ҷомеа дар сохтори давлатӣ ба ҳайси идеологияи меъёрӣ амал менамояд ва аз тариқи худ идеалҳои ахлоқиро муайя месозад. Идеалҳои ахлоқӣ ва меъёрҳои ҳуқуқи мутобиқи хусусияту таркиби худ дар ҷомеаҳои мухталиф гуногунмазмун мешаванд. Аз ин лиҳоз метавон гуфт, ки он ақидае, ки дар даврони социализм аъмоли нодуруст анҷом намеёфт ва ё хеле кам сурат мегирифт ин як фиреби маҳзи зоҳирӣ мебошад. Мардум аз ботини фурўрафтаи ҷомеа ва фаъолияти ревизионистони ҳизбӣ эътилои пурра надошт. ҳамин фаъолияти «атеизми ҷанговар» буд, ки ҳатто то съезди ХХII ҳизби коммунист барномаи мушаххаси таълимии илми ахлоқ ва тарбияи ахлоқӣ вуҷуд надошт. Танҳо бар ҳасби одат ва суннатҳои миллӣ ва динӣ аз авлод ба авлод ва аз оила ба оила рукнҳои асосии таҳзиби ахлоқи тоинқилобӣ ва суннати интиқол меёфт. Ҳамин буд, ки xадди тоинқилобии мо ҳар он чизе, ки ба ҷидди баъдиинқилобиамон аз ахлоқи суннатӣ омeзонд ва аз тариқи рафтору кирдору пиндори худ пешниҳод намуд, ба шакли бояду шояд дар рафтору одоби вай таҷассум наёфт. Дар фарзанду набераи баъдии e ба андозае коҳиш ёфт, ки то замони мо аз он ахлоқи суннатии аҷдодон, чизи хеле каме боқӣ мондааст ва моҳиятан шакли хурофотро гирифтааст.

Нуқтаи муҳим ин аст, ки дар солҳои аввали инқилоб бисёриҳо ба ин ақида буданд, ки ҷамъияти нав метавонад бидуни ахлоқ вуҷуд дошта бошад. Дар солҳои 30 ва 50-ум дар чаҳорчўбаи ҳадафҳои сиёсӣ ва талаботи замони Ҳукумати Шeравӣ ахлоқ сиёсатро дар як сатҳ қарор дод. Дар солҳои 60-70-ум бошад, ахлоқ ҳамчун падидаи мустақили фарҳангӣ, ки он гўё дар асоси тақозои манфиатҳои иқтисодӣ ва синфӣ зуҳур карда бошад, ба қалам дода мешуд. Ба ибораи дигар, аввалан, ба ахлоқ ҳамчун ба падидаи дуюмдараҷа тасодуфӣ ва xудогона менигаристанд. Дуюм ба ахлоқ на ҳамчун ба қисми таркибии ҳаёти фарҳангӣ, яъне ҳуқуқ, санъат ва ғайра менигаристанд.

Қобили тазаккур аст, ки гарчанде дар даврони сотсиализм ба сарватҳои синфи зиёдтар такя намуда, ба арзишҳои суннатӣ-миллӣ кам диққат медоданд, лекин дар асоси меъёрҳои қонунҳои он давра, ки муайянкунандаи шаклҳои рафтору кирдори мардуми мо буданд, як низоми муайяни тарс вуҷуд дошт, ки аъмоли мушаххасеро ё иҷоза ё манъ менамуданд. Яъне на иxрои бошуурона ва бе чуну чарои қонун, балки тарс аз он. Агар барои мо тарбияи аслию воқеии ахлоқи ҳамида вуҷуд медошт, чаро мо дар ин муддати кўтоҳ дучори ин қадар беахлоқиҳо гаштем? Агар ҷавҳари мо дорои ахлоқ мебуд ва аз тарс баъзе рафторҳоро зоҳиран касб наменамудем мо ба ин рўз мерасидем? Оё мо ҳамоне нестем, ки то ин таҳаввулотҳои номаълум будем? Мо ҳамонем, лекин ботини коҳидаву фарсудаи беахлоқи мо аз зоҳири фиребанда зуҳур намуда, касофати дохилии худро, ки зери фишор қарор дошт, ба берун андохт. Агар барои мо тарбияи хубу аслии ахлоқ медоданд ва он дар вуҷуди мо ба шир андарун мегашт, агар мо хештаншинос мебудем ва мактаби худшиносӣ мегузаштем, аз худу нафси худ ва моҳияти ахлоқи сунатии мардуми худ фирор намеҷустем, оё ба ин ҳолат рў ба рў мегаштем? ҳамеша инсон малакаи хубӣ ва бадиро аз мактаб ва мазҳаби худ мегирад, ки дар асоси дастуроти махсусе тарҳбандӣ гаштаанд ва онҳоро гиромӣ медоранд. Ҳамчуноне ки дастурҳо буданд, инъикоси тадриҷии онҳо ба ин ҳолати ғайричашмдошт овард.

Дигар аз сабабҳои фоқидии ахлоқи ҷомеаи кунунии мо дар он аст, ки ҳанўз дар замони рукуди ҷомеаи шeравӣ бисёр манбаҳои идеологии кишварҳои Ғарб бо барангехтани фаъолияти таҷрибомўзи идеологии хеш сайъу талош меварзиданд дар шароити ҷадиди мушаххаси таърихи сиёсати худро нисбат ба ҷавонони шeравӣ гуногуншаклу гуногунмазмун созанд. Ин марокизи хадамотӣ хуб дарк намуда буданд, ки дар тўли таърихи башарият ҷавонон на танҳо давомдиҳандагони насли одамӣ, балки тақдирҷунбони ояндаи ҳар як миллат ҳастанд. Онҳо дар паҳлўи таҳрири музаффариятҳои кишвари шeравӣ, фишори равонӣ ва ғайра ба яке аз назарияҳои таҷрибомўзи худ, яъне назарияи «низоъи наслҳо», даст зада буданд, ки инъикоси он дар ҷомеаи феълии мо ба шакли олии худ ҷой гирифтааст. Моҳияти аслии ин назария ба ҷавҳари ахлоқи суннати мардуми тоҷик дар таззод буда, ба мақсади парокандагӣ ва аз ҳам xудосозии наслҳо ташхис дода шудааст. Маълумоти ибтидоӣ оид ба ин назария дар осори ҷомеашиносони ғарбӣ К. Маннгейм, З. Фрейд, Х. Ортег, Г.Шельский, Л. Фойер, К. Кенигстон ва ғайраҳо дода шудааст. Мувофиқи ин таълимот онҳо ҷомеаро ба ду қутби ба ҳам муқобил ба ду гурўҳи аз нигоҳи талаботи иҷтимоӣ бо ҳам зид, яъне калонсолон ва ҷавонон тақсим намуда, «исёни ҷавонон»-ро муайянсозандаи тамоми муборизоти иҷтимоӣ ва ҳаракати таърихӣ ба қалам додаанд.

Дар асоси ин назария калонсолон камхирад, беирода, тарсу, эҳтиёткор ва кўҳнапараст нишон дода шуда, ду насл дар ҳолати зиддият ва фарқиятҳои психологию ахлоқӣ қарор мегиранд. Ин назария дар шароити феълии мо тавассути «фарҳанги умумӣ»-и ғарбӣ дар байни ҷавонон хеле ривоҷ ёфта, бо арзишҳои миллӣ дар ҳолати таззод қарор гирифтаанд. Зуҳури ин назарияро, ки дар шакли беҳурматӣ ба калонсолон ва бенавоён ривоҷ ёфтааст, дар зиндагии рўзмарра ҳар кадоми мо бо ҳазорҳо мисолҳои мушаххас мебинем.

Ин таълимот дар Ғарб дар асоси ҳаракати ифротгароёнаи ҷавонон ба вуҷуд омада буд, вале инъикоси он дар ҷомеъаи мо маҳсули дигар дод, чунки асосҳои ахлоқӣ ва равиши мардуми моро бо Ғарб як намудан ин худ ба ирфоту тафрит хоҳад буд, ки оқибати ҳузнангези он дар ҷомеаи мо баъдан бо либосҳои ҷадид зуҳур хоҳад кард.

Дар паҳлўи ин иллатҳо мавқеи иқтисодии ҷумҳурии мо низ нақши хосаи худро гузошта буд. Мутобиқ бар сиёсати давр қисмати ҷанубии ҷумҳурӣ ва вилояти Бадахшони Кўҳистон аз нигоҳи мавқеи иқтисодии нисбат ба марказ ва минтақаҳои шимолӣ хеле ақибмонда буда, дар сохтмони заводу корхонаxот ва ба кор таъмин намудани аҳолӣ дар ҳолати чандон хубе қарор надоштанд. Вале аз нигоҳи афзоиши аҳолӣ, ба хусус ҷануби ҷумҳурӣ дар собиқ Давлати Шуравӣ мақоми аввалро мегирифт. Ин ҳолати ба вуҷудомада низ иллатҳои худро дошт, чунки мутобиқ бар қарорҳои ҳукумати давр ҳар оилае, ки аз даҳ ва боло аз он фарзанд медошт ба онҳо имтиёзоти махсус медоданд. Имтиёзҳое, ки як зани хонанишини тоҷик мегирифт аз маоши шавҳари коргараш якчанд маротиба зиёд буд. Ин ҷиҳати имтиёзоти «иқтисодҷ», надонистани соддатарин меъёрҳои тиббии маҳдуд намудани оила, сунатҳои миллии вуҷуддошта ва дигар сабабҳои оилавӣ боиси он гаштанд, ки сатҳи нуфузи аҳолӣ афзуд. Чунин оилаҳо, ки аксари аҳолии ҷумҳуриро ташкил медоданд тарбияи маънавӣ ва одоби муошират он тараф истад, ҳатто ба фарзандони худ оддитарин меъёрҳои ахлоқиро натавонистанд омeзонанд. Кор ба ҷое расида буд, ки теъдоди зиёди ҷавонон баъди бо ном «хатм» намудани мактаб ва адои хизмати аскарӣ ба оворагардӣ машғул буданд. Падару модар бар асоси сунатҳои миллӣ ба аксарияти ҷавонон иҷозат намедоданд, ки ба минтақаҳои дигар барои кор раванд ва онҳоро зуд оиладор менамуданд. Ин тамоюл дар ҷомеа худ як ҳолати ғайримаъмулиро ба бор оварда буд. Ҷавонони бекор ва аз нигоҳи маънавӣ дар сатҳи поён дошт ва духтарони ба балоғатрасида даст ба ҳар корҳои ношоям мезаданд ва рўз ба рўз сафи онҳо афзуда, доираи аъмолашон шаклҳои ҷадид мегирифт…

Бо дарҳампошии Иттиҳоди Шўравӣ ва давлати мустақил эълон намудани Тоҷикистон меъёрҳои қонунии он давра, ки муайянкунандаи шаклҳои рафтору кирдори одамон буданд, аз байн рафтанд. Сиёсатмадорон ва ҷомеашиносони ҷумҳурӣ, ки интизори чунин анҷоми воқеаҳо набуданд, дар як ҳолати ногувор монданд. Меъёрҳои кeҳна аз байн рафтанд, вале бо ивази онҳо меъёрҳои ҷадид идеали ҷадиди маънавӣ ва идеологияи миллӣ пешкаш карда нашуд. Ҳамин буд, ки ба зудии зуд мавқеи идеология марксизмро дигар идеологияҳо гирифтанд. Ақидаву таълимотҳои беасос ва ноустувору шубҳанок, ки идеалҳои онҳо ба ҷуз ашёҳои маҳдуд, дигар чизе нест ва саршор аз хурофотҳо мебошанд бо тадриҷ дар байни мардум паҳн гардидаанд. Кор ба ҳадде расида аст, ки ҷавонони тоҷикро ба адёни дигар даъват менамуданд ва аз ҳеҷ гуна таблиғоте рўй намегардониданд.

Оқибати мантиқии таззодҳои сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ, динӣ, психологӣ ва ахлоқие, ки дар ҷомеа вуҷуд доштанд билохира ба «демократияи майдонӣ» ва ба ҷанги дохилӣ оварданд. Ҳар як ҷанг қавонии худро дорад ва ахлоқу ҷанг дар ҳеҷ ҳолат ва дар ҳеҷ як фазову вақт наметавонанд дар як қутб бошанд. Ҷанги таҳмилӣ бо оқибатҳои ҳузнангези худ ҷомеаи Тоҷикистонро бо даҳсолаҳо ба ақиб андохт ва дарвозаҳои кишварро ба рўи ҳама гуна ақидаву таълимотҳои ноустувору шубҳанок ва хурофотҳо боз намуд. Меъёрҳои ахлоқӣ дигар гаштанд, майл аз арзишҳои маънавии ба сўи сарватҳои моддӣ зиёд гардид. Дар муддати кўтоҳе дар ҷомеа меъёрҳои xадиди асосии ахлоқӣ нек ва бад ба вуҷуд омад, ки яке аз онҳо «таълимоти лаззатпарастӣ» мебошад. ҳадафи аслии ин таълимот аз он иборат аст, ки ҳар он чизе барои инсон лаззатбахш ва шодиофарин аст хуб ва зарурӣ қабул гашта ҳар он чизе, ки садди роҳ ба монеъи инсон ба лаззат, шодӣ ва сурур мебошад, бад муаррифӣ гардидаанд. Яъне бар асоси ин таълимот тамоюли табиӣ инсон-тамоюли нафси ҳайвонӣ ва шаҳвонии e – васила ва раҳнамои шинохти баду нек мебошад. ҳадафи ин тамоюл ҷанбаҳое мебошад, ки манфиатҳои моддии инсон аз он сарчашма гирифта коҳишоти ҳайвонӣ ва шаҳвонии он қонеъ карда мешаванд. Нафси нотиқа дар ин ҳолат аз ҳадафи худ дур гашта, пойбанди талаботҳои нафси баҳима мегарданд. Аз ин рў, дар ҷомеаи феълии мо хуб он чизеро медонанд, ки ба фоида ва манфиат бино ёфта бошанд. Яъне ҳар он чизе, ки ба молу пул ва сарватҳои моддӣ мерасанд, хубу нек буда, ҳар он чизе, ки моро аз онҳо дур месозад бад мебошад.

Ин меъёрҳои асосии неку бади ҷомеаи мо гаштаанд, вале илми ахлоқ ва таҷрибаи ба шариат нишон додааст, ки пайравӣ намудан ва қонеъ кунонидани кулли майли табии инсон ўро ба забунӣ ва ҷорӣ оварда, пайванди сириштӣ паст месозад. Ин амал ҳаёти иҷтимоӣ, оила, амнияти иқтисодӣ ва сиёсиро хароб сохта, онҳоро дучори хатар менамояд. Нидои сириштӣ ва табии хешро инсон наметавонад пурра қонеъ намоянд, чунки онҳо беинтиҳо буда, ҳисобашонро дар ёфтан хеле мушкил аст. Дар сурате, ки инсон тамоми талаботи сириштии худро қонеъ намуд, ҳаёти e сурати ҳайвонӣ пайдо мекунад. Дар таърихи сиёсии ҷаҳон бисёр воқеаҳое ба иллати ғуломи сиришти хеш гаштани сиёсатмадорон ба вуҷуд омадаанд, ки ҷомеаҳоро ба хоку хун кашида ҳастиҳоро барбод додаанд.

Қобили тазаккур аст, ки бисёр дастёбиҳо ба фоида ва ба даст даровардани молу пули зиёд ба қимати ҷорӣ ва забунии дигарон ба даст меояд. Хулосаи мантиқии ин раванд он аст, ки ҳадафи ниҳоии тамоми воситаҳои xуброн хоҳад намуд. Яъне барои молу пул ба даст овардан одамкушӣ, танфурeшӣ, дуздӣ, таъадӣ, зeрӣ, фиреб, ҳилла, тақаллуб, фишор ва ғайра мумкин аст. Худ қазоват кунед ва хулоса бароред, ки ин амал ҷомеаро ба куҷо мебарад. Ин қабил ақидаву аъмол ба шариатро чи қадар аз тараққӣ боз медорад ва ба сари мардум яъсу ноумедӣ оварда, сиришти ҷомеа ва мардумро хароб месозанд.

Ҳамин меъёрҳои хосаи санҷиши рафтору кирдори одамон, ки бо воситаи онҳо ҳукм ба хубӣ ва бадӣ мешаванд, ҷомеаро ба гирдоби фоқидии ахлоқ рў ба рў сохта, онро ба ду қутби ба ҳам муқобил, яъне қисмати маҳдуде, ки ба лаззатҳо дода шудааст ба аксарияти ҷомеа, ки ба гадоӣ ва нимгуруснагӣ рўз мегузаронанд, xудо намудааст. Набудани табақаи миёна дар ҷомеаи феълии Тоҷикистон ин худ гувоҳи гуфтаҳои боло аст.

Барои раҳоӣ ёфтан аз ин бурҳони амиқи ахлоқӣ зарурат ба он расидааст, ки қудрати давр майли сиёсати худро ба шахси алоҳида равона созад, чунки давлат қадамҳое дар дигаргунсозии ҷомеа бардошта, нақшаҳои барои беҳбудии зиндагии мардум тарҳрезӣ намудааст, вале дар байни мардум ҳеҷ ҷиду ҷаҳд ва рўҳбаландӣ ба чашм намехўрад. Дар сурате, ки дар ҷомеа мароҳили инкишофи иқтисодӣ тарҳбандӣ мегардад, зинаҳои такомули тадриҷии маънавӣ ва ахлоқӣ низ бояд мадди назар гирифта шавад. Якҷонибагӣ дар ҳалли масъалаҳои умдаи иҷтимоӣ ба харобии ахлоқӣ ва идеологӣ хоҳад овард.

Ҷомеае, ки идеали ахлоқӣ ва идеали олӣ надорад, аслан ҷомеаи одамӣ нест. Дар ҳар давру замоне набошад инсон бояд ба як идеали олӣ ва мутлақои ахлоқӣ рўй оварад ва эътиқод бандад. Беэътиқодию беимонӣ инсонро ноинсон ва ҷомеаро ба фалаҷӣ расонда, сабабгори сар задани амрози мухталиф ва зуҳуроти номатлуби иҷтимоӣ мегардад. Инсон дар ниҳоди худ тавассути эътиқоду имон такрорнашавандагии олами рўҳии хешро дарк менамояд. Имон ба вай қабл аз ҳама эътибори аслии инсониро ато менамояд, ки ҳеҷ як афзалияти ҷисмонӣ ва манофеъи моддӣ ин ҳиссиётро ба вуҷуд оварда наметавонад. Ва инсон танҳо дар асоси эътиқодоти қатъии ботинии хеш ба дарки оҳияти некию бадӣ ва масъулияти ахлоқ нисбат ба рафтору кирдораш дар ҷамъият ба идеяе эътиқод меорад. Ин талаботи табии ҳар шахс ҳаст, ки дар кадом ҷамъияте набошад бояд эҳтиром гардад ва қатъан таҳқир нашавад, чунки имон ба ахлоқи идеалӣ ба ў зебогии рўҳӣ, хирадмандию нексириштиро омeхта, онро ба рўҳияи эътибори аслӣ ба муҳиту атроф, кўмак ба фитодагон, қадру эътибори солхўрдагон даст кашидан аз дурeғу коҳилӣ тарбия намуда, олами рўҳияшро барои абадият омода месозад.

Таърих гувоҳ аст, ки бузургтарин тағиротҳои сиёсӣ ва иҷтимоии қотеъву умда ба ҳеҷ ваҷҳ наметавонад кулли ҷиҳатҳои зиндагиро тағир диҳанд, чунки маразҳои иҷтимоӣ ба гузашти замон шаклҳои кўҳнаи худро аз даст дода, дар шаклҳои нав зоҳир мегарданд. Муҳиту атроф тағири сурат диҳад, лекин бании одам ҳамоне, ки буд мемонад. Чи қадар қарнҳо пай дар ҳам гузаштанд, тағиротҳое, ки таърих аз онҳо шаҳодат медиҳад сипарӣ гаштаанд, вале барои инсонҳо дурўғ ва хашм, нафрат ва рашк, ҳасад, чоплусӣ, ғафлат, ғурур, кибр, маҳдудӣ, коҳилӣ ва соир қувваҳои бадӣ боқӣ мондаанд. Чунки дунёи ҳақиқати инсон ин махлуқи нодири коинот ва зоти воқеии меҳвари фикри e муаммои пурасрорест. На илм ва на фалсафа натавонистанд ва мадори онро надоранд, ки ин муаммои сарбастаро ошкор созанд. Таи ҳазорсолаҳо мактабу ҷараёнҳои мухталифи илмиву фалсафӣ кўшидаанд, то сирри ин мавҷудоти камёби оламро боз созанд, вале ин дар роҳи аниқ сохтани таҷридҳои умумӣ дар тафаккури фалсафи ба ҷуз кўшиш дигар чизе набуда, маънии ниҳоии зоту фитрати инсонро нишон дода наметавонад.

Ба хотира равона сохтани аъмоли ин «муаммои сарбаста» дар як низому ҷараёни дуруст ва таъмини беҳбудии иҷтимоӣ ва такомули тадриҷии ҷомеа ва аъзоёни он, ҳар як иттиҳоди одами зарурат ба меъёрҳои мушаххаси қонунӣ ва ахлоқӣ дорад, ки онҳо бақо ва мустаҳкамии ҷомеъаро таъмин намуда, танзимкунандаи фаъолияти он ҷомеъа бошанд ва низоми муносибати одилонаи одамонро ҳамоҳанг созанд. Бидуни робитаи мутақобилаи қавонини ҳуқуқӣ ва рукнҳову меъёрҳои ахлоқӣ ва аз тариқи низоми ахлоқ, пиёда намудани қонунҳои давлатӣ орзуи беҳбудии аҳволи иҷтимоӣ ғайриимкон аст, зеро танҳо илми ахлоқ метавонад барои дарки муносибатҳои иҷтимоӣ ва вазоифи ҷамъиятии ҳар шахс, барои фаҳмиши қоидаҳои ахлоқиву ҳуқуқие, ки ҳаёти ҷамъиятӣ ба онҳо такя менамояд, инчунин танзими рафтору кирдору гуфтори одамон ба мақсади расидан ба ҳадафи волои олии ахлоқӣ ва иҷтимоӣ хидмат намояд. Ин илм ба ҳайси илми роҳбарикунанда буда, ҷой ва тамоюли фаъолияти инсонро дар ҷамъият ва олам муайян месозад. Тавассути ин илм инсон ҳадафи аслии офариниши худро дарк намуда, ҷавҳари аслии хешро дарёфт хоҳад намуд.

Илми ахлоқ дар ҷараёни аъмоли иҷтимоии мардум ба вуҷуд омада, ба ҳар як фард қоидаҳои амалии одобро меомeзонад, лекин махсуси як одам шуда наметавонад. Вай шакли иҷтимоӣ дошта, ҳосили амалу фаъолият ва рафтору кирдори касоне мебошад, ки ба якдигар муносибати фикрӣ, эътиқодӣ ва ихлоси муайяне доранд. Ахлоқ маънои хиради зиндагиро дар худ ғунҷонида, доир ба каcб намудани сифатҳои иродиву рўҳии инсон, ки сараввал дар ҳаёти иҷтимоӣ ва баъдан дар ҳаёти шахсии ҳар фард зарур ва ногузир аст, маълумот медиҳад.

Аз ин рў дар таърихи афкори фалсафии ниёгон ҷанбаи ахлоқӣ бахшидани қонунҳои давлатӣ ва тавассути илми ахлоқ ба фард-фарди ҷомеа таҳаммул намудани онҳо шакли суннати ва илми гирифта буд, зеро дар ҷомеъае, ки дарки мантиқии илмҳои ҳуқуқӣ дар чорчўбаи хушки илмиашон барои он дастрас будан мушкил аст, танҳо метавонад, бо роҳу усулҳои илми ахлоқ онҳоро амали созад. Масалан, дар «Рисола-ас-саҳоба», «Ал-адаб ал-кабир» ва «Ал-адаб ас-саъғир»-и Ибни Муқаффа, «Ан-намир ва-т-талаб»-и Саҳл Ибни Ҳорун, «Китоб-ас-сиёса фи тадбир ар-райёса»-и Ибни Батриқ, «Ал-уҳуд ал-юнонийа»-и Аҳмад Ибни Дойя, «Китоб ал-ҷароx ва синъа ал-китаба»-и Абдул Фароx ибни Ҷаъфар, «Ас саъда ва-л-исъад фи-с-сира ал-инсания»-и Мумаммад ибни Юсф ал-Амирӣ», «Тасҳил ан-назар ва таъҷил аз-зафар», «Насиҳат-ул-мулук» ва «Қавонин ал-вазир»-и Абдулҳасани Мовардӣ, «Насиҳат-ул-мулук»-и Алии Ҳамадонӣ, «Восита-ал-сулук фисиёса ал-мулук»-и Абў Ҳамму Мўсо, «Китаб ал-ишара ила адаб ал-визара»-и Лисонуддин ибни Хатиб ва ғ. ба иллати дурии силотин ва вузарову роҳбарони давлатӣ аз илмҳои ҳуқуқшиносӣ ва дарки мантиқи илми фиқҳ, ки ҳам олати сиёсӣ ва ҳам муайянкунандаи чавкоти расмии сиёсат буда, шаклҳои зарурӣ ва мумкини фаъолияти сиёсии давлатдориро муҳайё месохт, даст ба шеваи дигар заданд. Яъне онҳо кўшиданд баёни вазоифи иҷтимоӣ ва давлатдории салотину роҳбаронро аз доираи маҳдуди қонунҳои ҳуқуқӣ ва сиёсӣ берун бароварда, онҳоро ба меъёрҳои ахлоқӣ пайваст созанд ва таҳти низом ва фазилатҳои ахлоқӣ қарор диҳанд. Адибон бошанд бо баёни ашъори панду насиҳатҳои худ илми ахлоқ ва қавонини давлатдориро мазмуну шакли шеърӣ ва назмӣ бахшида, роҳҳои наздики таъсири онро ба тамоми ахлоқи ҷомеа пайдо намуданд ва ба ҳадафи ниҳоии худ – яъне пиёда намудани қавонини зарурии ҷомеа ноил гаштанд.

Ин усули хос барои рушду такомули ҷомеа ва муносибати ҳасана барқарор намудани давлатдорон ва раият кўмаки бузурге намуда буд, зеро вай сиёсатмадорон ва сиёсатро тобеъи ахлоқ карда, фаъолияти онро ба доираи ахлоқ пайваст мегардонд. Он бузургон воқеан дарёфт намуда буданд, ки ахлоқи ҷомеа инъикоси ахлоқи султон, яъне роҳбари давлат ва сиёсати давр буда, рафтору одоби инсон маъмулан дар асоси хоставу мароми ҷомеа ва лоақал таҳти нуфузи он мебошад. Рафтори инсон чунон ба ҷомеа дар пайваст мешавад, ки дар ҳар фарди он ва афкори e зуҳур намуда, ҳаракати онҳоро ба сурати амали мутақобилаи иҷтимоӣ медарорад. Яъне бо ибораи дигар яке аз равандҳо раванди таъсирот ба низоми зинда буда, дуввуми ин раванди фаъоли худи низом нисбат ба объекти таҳти таъсир қарордодашуда мебошад.

Дар шароити феълии кишвари мо низ зарурат ба он расидааст, ки дар такя ба сунатҳои миллӣ барои ҳамоҳанг сохтани қонунҳои давлатӣ, меъёрҳои ахлоқӣ ва муносибати иҷтимоии одамон дар низоми қонунгузорӣ ва ахлоқии ҷомеа иқдоми мушаххасе намуда, то дар якҷоягӣ онҳо тавонанд кишварро аз бурҳони фоқидии ахлоқ раҳоӣ бахшанд. Ахлоқи ҷомеа ин падидае нест, ки бо иваз намудани зоҳири иҷтимоӣ имкони дигаргуншавии он фароҳам ояд. Ин як раванди мушаххасест, ки бо рўҳу нафс ва ботини шахс ва дар навбати худ бо ботини ҷомеа сару кор дорад. Аз ин лиҳоз дар беҳбудии ин низом бояд тамоми сохторҳои ҳукуматӣ, қонунгузорӣ ва аз роҳбари давлат то ба шахси инфиродӣ, ҳама як наво ширкат варзанд ва ҳар кадом аз мавқеи худ ба ин равад кўмак намоянд. Фазилатҳои ахлоқиро наметавон дар як рўз бо воситаи пешниҳодоти мушаххас иктисоб намуд ва ҷомеаро бо роҳи «инқлоби ахлоқӣ» аз разилатҳои иҷтимоӣ раҳо бахшид. Барои ин муносибати хос ва аъмоли бо тадриҷ зарур аст, ки дар иртиботи мутақобила ҷамъиятро ба роҳи дуруст раҳнамун созад ва билохира ба як ҳолати сифатан ҷадид расонанд.

Барои ҳамин мақсад ногузир аст, ки то бар асоси меъёрҳои асосии илмии ахлоқ «Барномаи тазҳиби ахлоқии ҷомеа»-ро таҳия ва қабул намуд, ки он дарбаргирандаи раванди хоси тадриҷи пок сохтани ҷамъият аз разилатҳои ахлоқӣ ва иҷтимоӣ бошад. Ин «Барнома» хаёли хоми фалсафӣ набуда, балки воқеъан метавонад мардуми моро дар асоси он меъёрҳои аслии ахлоқии суннатӣ, ки қисмати зиёди онҳо ба шакли хурофот даромаданд ва ё ба гўшаи фаромўшӣ гузошта шудаанд бо ҳамоҳангӣ бо арзишҳои маънавии умумибашарӣ ба ахлоқи волои инсонӣ наздик созад. Қабл аз ҳама субъекти фаъоли ин «барнома» бояд насли наврас ва ҷавонон бошанд. Аз ин рў вай дар худ тарбияи насли наврасро дар рўҳияи арзишҳою суннатҳои миллӣ ва умумибашарӣ аз хурдӣ то ба замони балоғат дар бар гирифта, нерўи онҳоро барои беҳбудӣ ва оромии ҷомеа равона месозад. Илова ба ин дар «Барнома»-и мазкур аз масъалаҳои зайл низ бояд инъикоси худро пайдо намоянд: 1. Ахлоқи роҳбари давлат, порлумон, ҳукумат, 2. Ахлоқи роҳбарони муассисаву корхонаxот, 3. Ахлоқи ихтисоси ҳар мутахассис (духтур, фурушанда, котиба ва ғ.), 4. Ахлоғи ҳар шахси ҷомеа, 5. Рафтору одоб дар ҷойҳои иҷтимоӣ, маҳалли зист ва ғ., 6. Муносибат бо калонсолон, 7. Муносибат бо меҳмонони бурунмарзӣ, 8. Одоби муошират, 9. Одоби хўрок ва либос, 10. Одоби сухан (аз тариқи расонаҳои ахбори умум, дар ҷойҳои ҷамъиятӣ ва ғ).

Дар қадами аввал барои амалӣ намудани ин «Барнома» аз тарафи Маҷлиси Олӣ ҳатман қонун ҳамчун асоси бунёди ҳуқуқӣ қабул карда шавад то ин ки ҷомеаро барои иҷрои он муаззаф созад. Барои назорат аз иҷрои болои ин «Барнома» аз ҳисоби маҳдуд сохтани теъдоди кормандони вазорати дохила ва дигар органҳо «пулиси ахлоқ» ва ё «нозири ахлоқӣ» ба вуҷуд овардан лозим аст, ки ба хусус дар ҷойҳои ҷамъиятӣ ба назорати ахлоқ, машғул шаванд. Барои он пулис дар асоси қонун иҷозат дода шавад, то барои назорати воқеӣ ҷарима ситонанд ва бадахлоқонро ба ҷазо кашанд.

Дар тамоми кишварҳои пешрафтаи ҷаҳонӣ аз ин усулҳо ҳамаҷониба истифода мегардад ва мо низ агар воқеан хоҳиши ободии ҷомеаи худро дорем ва мехоҳем бо ҷомеаи башар пайванд ёбем, бояд аз ин усулҳо ва таҷрибаи оламиён истифода намоем, то роҳе барои таҳзиби ахлоқи мардум боз намоем. Барои мисол танҳо кифоя аст аз таҷрибаи Россия дар замони Пётри I ва инқилобҳои фарҳангӣ дар кишварҳои Аврупо гушрас намуд.

Китобе, ки ҳоло ба сифати китоби дарсӣ аз фанни ахлоқ пешкаши хонандагони арҷманд гардидааст, натиҷаи пажўҳиш, омeзиш ва таҳлили чандсолае мебошад, ки муаллиф аз соли 1990 ба инҷониб сарфи он кардааст. Дар он моҳият ва хусусияти илми ахлоқ ҳамчун қисми xудонопазири ҳикмати амалӣ ва ҳикмати назари инъикоси худро пайдо намудааст. Дар асари мазкур на танҳо аз таҷрибаи бою ғании асримиёнагии мутафаккирони форсу тоҷик дар бахши китоби дарсӣ аз фанни ахлоқ истифодаи фаровон гардидааст, балки аз таҷрибаи юнониён ва аврупоиён низ судxўиҳои самарабахше сурат гирифтааст. Дар паҳлўи арзишҳои суннатӣ ва миллии ахлоқӣ дар он аз арзишҳои волои умумибашарӣ низ истифода шудаанд.

Умедворем ин китоб дар тарбияи ахлоқии насли наврас ва пок сохтани ахлоқи ҷомеаи тоҷикон ба андозае таъсир расонад.

#

О L-BRO Admin

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.