Одоби муколама ва музокирот
Муколама ва музокирот дар шаклҳои гуногун (корӣ, расмӣ, ғайрирасмӣ, давлатӣ ва ғайра) ва дар доираи фарогири худ (дуҷониба, сеҷониба, бисёрҷониба) навъҳои хоси мулоқоти сиёсӣ ва тарзҳои маъруфтарини пешбурди фаъолияти дипломатӣ ва байналмилалӣ мебошанд. Дар онҳо талаботи умумӣ ва кули одоби муошират ва одоби сўҳбат хусусияти ҳатмӣ доранд ва ҳамзамон шароит ва хусусиятҳои хос бояд мадди назар бошанд:
Аввал, сатҳи дарки масъала ва ё масъалаҳое, ки мавзўи гуфтушинид ва музокирот мебошанд, амиқ ва ҳамаҷониба бошанд; тамоми паҳлуҳо ва ҷонибҳои он бо ҷузъитарин омилҳо, ангезаҳо ва хусусиятҳо дақиқан баррасӣ шаванд. Арқом ва нукоти асосӣ саҳеҳан дар ҳофиза ҳифз шаванд; нукоти асоситарин ва таъкидӣ дар шакли том, саҳеҳ ва ҷолиб (аз ҷумла, аз лиҳози сабк ва баён) тарҳрезӣ ва такрор гарданд, асноди асил ва дасти аввал ҳамаҷониба омўхта шаванд ва барои зарурати эҳтимолӣ омодаи истифода гарданд.
Дуввум. Дар оғози гуфтушунид ва музокирот талаботи ташрифотӣ ва дипломатӣ (аз ҷумла, илтифоту меҳрубонӣ) бо калимоту ибороти маъмулди забони расмӣ ва дипломатӣ ҳатман риоят шаванд. Бо чеҳраи боз, ибрози возеҳи ҳусни ният, лаҳни зебо, оромона ва бидуни шитоб (бо имкони воқеъии дар мизони ақл ва мантиқ санҷидани ҳар ҳарф, калима, ҳар матлаб) муколама ва музокирот кард. Авзоъ ва аксуламали ҷониби дигарро бояд пайваста дар назар гирифт, вале ҳадафҳо ва масъалаҳои асосиро лаҳзае аз худ дурр набояд намуд. Агар тарафи дигар мавзўи асосӣ ва аслиро ҳадафмандона аз худ дурр созад ва ё онро печидатар намояд, бояд сабурона ва бурдборона бо ҳифзи томи одоби расмӣ, назокатҳои хоси дипломатӣ ва суботи ботинӣ пайгири он буд. Ва сўҳбатро сари он борҳо ва борҳо овард ва то ҳалли матлуби он талоши доимӣ кард.
Саввум. Дар байёни мавзуе, ки печида, дорои паҳлуҳои норавшан аст ва ё оқибатҳои арзёбии он эҳтимол барои кишвар ва манфиатҳои давлатӣ ногувор бошанд, бештар бо ибороти маъмулӣ ва умумии дипломатӣ, истилоҳоти ташрифотӣ ва мавҳум, нукоти ғайриҳатмӣ ва бидуни уҳдадориҳои хос бояд рўй овард. Бахусус, дар арзёбии масоили ниҳоят нозук ва ҳасос- амният, озодӣ, истиқлолияти Тоҷикистон, шараф ва ифтихори миллӣ ва давлатӣ, ҳайсияти роҳбарӣ, сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ ниҳоят бомулоҳиза, эҳтиёткор ва ҳушёр буд. Бояд дар назар дошт, ки дарафи дигари музокирот ва муколама қонунмандона, огоҳона ва ҳушёрона барои татбиқи манфиатҳои миллӣ талоши пайваста ва пайгир менамояд ва дар ин росто василаҳои гуногуни сиёсӣ, дипломатӣ ва равониро фаъолона истифода менамояд, ки ба он бояд комилан омода буд ва посухи муносиб ва созгор бо манфиатҳои миллии худ дод.
Чаҳорум. Дар ҳама ҳолат сабур, бурдбор ва ботаҳаммул буд. Агар гузориш ва тафсили масъала аз тарафи шарики муколама ва музокирот боиси норозигии амиқ ва ҳатто қаҳру ғазаб бошад, бояд ин эҳсосотро фурў нишонд ва сабурона ва пайгирона мавқеъи худро ҳифз кард ва далелҳои қотеътар ва қавитар пешниҳод намуд.
Панҷум. Талоши пайгир барои ҷалби таваҷҷўҳи шарики музокирот низ аз шартҳои муҳими фаъолияти сиёсӣ дар ин арса аст. Зимни он бояд сатҳи баланди касбӣ, маърифатӣ ва фарҳангӣ аз худ нишон дод, ки маъмулан василаи муассири ҷазбу ҷалби шарики музокирот аст.
Шашум. Риояти пурра ва бекамукости тартиби созмондиҳӣ ва оғози муколама ва музокирот зарур аст. Дар бораи замон ва макони гуфтушинид қаблан мувофиқа сурат мегирад. Дар замони муқараршуда ҳозир бояд шуд; таъхир ва ё дер мондан норавост. Аъзои ҳайати муколама ва музокирот аз ҷониби кишвари мизбон (қабулкунанда) дар марҳалаи музокирот қаблан ҷамъ ва ҷойгир мешаванд. Барои аъзои ҳайати меҳмон тарафи рў ба рўи тиреза муқаррар гардидааст, ки пушт ба тарафи дар (дарвоза) бошад. Намояндаи олирутбаи ҷониби мизбон меҳмононро мепазирад, табрик мегўяд ва гирди мизи музокирот даъват менамояд. Ҳамагон фақат баъди нишастани ин намоянда менишинанд; намояндаи масъули мизбон (роҳбари ҳайат) муколама ё музокиротро оғоз менамояд. Хатми муколама ва ё музокирот ба ҷониби меҳмон ё ҳайати даъватшуда аст.
Баъди оғози муколама ё музокирот ворид гардидани афроди дигар- ба истиснои ашхоси даъватӣ бо ризоияти тарафайн- ба толор қатъ мегардад. Хориҷ гардидани роҳбар ё аъзои ҳайати мизбони муколама ва умуман афроди дигар амали матлуб ва дилхоҳ нест.
Ҳафтум. Риояти нормаҳо ва талаботи одобӣ- ташрифоти раванди муколама ё музокирот ҳатимист.
Талаботи муҳимтарин он аст, ки раванди муколама ё музокирот аз ҷониби роҳбарони ҳайатҳо оғоз бахшида мешаванд ва ҷараён мегирад; муколамаро маъмулан роҳбарон мегузоранд: сухани онҳоро буридан ва ё луқма додан мутлақо норавост. Ҳангоми зарурат роҳбарони ҳайатҳо метавонанд ба баъзои ҳайат дар мавриди масоили алоҳидаи хос, бахусус, масъалаҳои сирф касбӣ ва мушаххас сўхан диҳанд.
Мавзуи Эстетикаи шакли зоҳири
Магар тасодуфист, ки А. П. Чехов дар ибораи худ рочеъ ба зебоии одам, аввал «Х,ам симову хам либос»-ро ном мегирад. Зарбулмассали халк;й мегуяд: «Бо либос вохурию бо ақл гусел мекунанд». Тасаввуроти аввалин дар бораи одам аз руи либос, тарзи рафтор, комат, намуди киёфа ташаккул меёбад. Руи зебо… Чиро дар назар дорад? Чашмону бинии зебо, хатхои дурусти он симо? Руи одам як олами бутуни фикру акида, муносибатхост, симои зебо метавонад зишт ва мукаррарй метавонад барои мо натанхо дилчасп, балки зебо, нек, мехрубон, илхомбахш, боакл ва гамхор шавад. Мутафаккирон дойр ба ин масъала панд овардаанд:
На хар ки ба сурат накуст, сирати зебо дар уст. Кор ан дарун дорад, накуст.
(Саъдй)
Тана бар ман мазан бар сурати зишт, Эй тихй аз фазилату инсоф. Тан бувад чун гилофу ч,он шамшер, Кор шамшер мешавад, на гилоф
(Ч,омй)
Даруну бурунро бо хам рост соз. Зи качбоз бехтар бувад ростсоз Дарунро биёрой хамчун бурун, Ва ё кун бурунро ба ранги дарун
(Ч,омй)
Ба сурат одамй натвон чузъидан, Ба полон хар намебояд харидан. Басо мардум ба сурат хамчу мохан, Дарунхошон вале ганду сиёхан
(Алишох Рохиби Самарканди)
Мавзуи Дар хаёти коргузори ва кори этикет
чи накш мебозад?
«Накши этикет дар хаёти кори ва коргузори муҳим мебошад. Забои ёфтан бо инсонҳо молест, ки бо пул харида намешавад (ба мисли каҳва, канд ва г.) ва ман тайёр ҳастам, ки барои чунин санъат пули аз хама бисёрро сарф намоям». (Рокфеллер)
Муносибат кардан санъати бенихоят баланд ва нозукро талаб менамояд. Бо сухани ночо ва муносибати нодуруст дуст душман мегардад, душман дуст мегардад ва масъалахои гуногуни зиндагй ҳалли худро меёбанд. Беҳуда дар халк намегуянд, ки бо сухани хуб мор аз хонааш мебарояд. Сухани ночо дустро душман мегардонад.
Дар ҳар як гуфтор тарзи харакати гуфтор накши мухим мебозад. Аз нодуруст муносибат кардан ва тариқи харакати рафтор хазорхо-хазорхо шартномах,о ва ахдҳо нобаста мемонанд. Аз бетарбиягй ва нодуруст рафтору муносибат кардан оилахо вайрои мешаванд, муносибатхо вайрон мешаванд. Хаминро ба ҳисоб гирифта дар Япония барои омузиши тарзи харакати рафтор ва гуфор (манера) ва омўзонидани этикет дар 1 сол 700 млн.$ сарф мекунанд. Дар мамлакатҳои шарк низ аз кадимулаём ба ин чиз аҳамият медоданд. Махсусан ба ин масъала дар давраи шоҳони Сосонй ахамияти калон дода мешуд. Аз шоҳномаи Фирдавсй, ки алокаманд бо тарбияи шоҳзодагони замони кадим аст, аз «Насихатнома»-и Унсурмаолии Кайковус маълум мешавад, ки ба хурдсолон аз хурдй санъати муносибат кардан, забон омухтан тарбия дода мешуд.
Дар тарзи рафтор, муносибатхо, шакли зодирии инсонхо (муносибаткунандагон) низ накдги бузург мебозад. Дар муносибатхои расмй шакли зодирй низ роли калон мебозад ва инсон бояд вобаста ба шароит, мух,ит, обу х,аво ва вазъияти ба вукуъ омада, зох,ири худро мувофик созад.
Шаклх,ои этикет: расмй, харбй, тиббй, омузгорй, дипломатй ва г.
зуи Телефонной шарти. Тарзи муоширати расми бо
телефон
Тарзи муносибат ва гуфтугу бо телефон низ яке аз санъатхои муоширати расмй ба хисоб меравад. Аз тарзи гуфтугу бо телефон мизоч метавонад, дар бораи корхона, коргарони корхона хулосабарорй намояд. Дар вакти гуфтугу б о телефон мизоч; тагйирёбии шакли руй, харакатхои дар шахси бо телефон чавобдодаистодаро дида наметавонад, лекин тарзи сухангуиро, муоширатро маълум карда метавонад, ки бо у чй хел гуфтугу карда истодаанд: беэхтиромона ё беодобона, бепарвоёна ё бетаккалуфона ва г.
Вакте ки телефон занг мезанад, онро бардоштан лозим ва онро бояд баъд аз занги 2-юм бардорем, на баъд аз зангхои 3-юму 4-ум (ин нишонаи ба кор хунукназарона рафтор кардани шуморо нишон медихад.), чунки вобаста ба реаксияи шумо нисбати занги телефон, мизоч дар бораи хамин кор хохишманд будан ё набудани шумо хулоса мебарорад.
Дар вакти чавоб ба телефон хизматчй аввал бояд бо эхтиромона салом гуяд, хатто дар холате, ки агар хохиш надошта бошад, сипас хизматчй худро бояд шиносонад, ному насаб ва номи корхонаро гуяд. Масалан, «Ассалому алайкум, дар назди телефон Саидов Хуршед хизматчии…» Чунин гуфтугузор як хисси эхтиромонаи мизочро нисбати шахси чавобдиханда ба вучуд меорад.
Дар вакти чавоб додан бо телефон аз чунин гуфтугузорохо худорй кунед: «Привет!», «Шумо ба кй даркор?», «Кй занг мезанад?», «Ман бо кй гап зада истодам?», «Ба шумо чй лозим?», «Шумо чй мехохед?», «Ному насабатон чй?», «Пагох телефон кунед», «Хама ба хуроки нисфирузй рафтагй».
Бехтар мешавад, ки бо чунин зангхои телефонй аз суханони «Ба шумо чй хизмат расонида метавонам?», «Оё, ман метавонам ба шумо ёрй расонам?» «Бубахшед, худатонро муаррифи кунед», «Ба сардор чй расонам?» истифода намоед.
Хеч вакт дар вакти чавоб додан бо телефон ба эхсосот до да нашавед. Агар шумо бо сардоратон мунокиша карда бошед хам, агар ахволи шумо вазнин бошад хам ох накашед, дагалона чавоб надихед.
Дар вакти кор (вобаста ба кор хеч вакт телефонро беназорат нагузоред) бо телефон гуфтугузори шахсй накунед. Агар хангоми гуфтугузор бо мизоч дар телефон акса карда монед, хатман узр пурсед. Дар вакти сухбат бо телефон хатман бо эхтиром пурсидан лозим аст, «Шумо маро мешунавед?», «Мебахшед ман шуморо дуруст фахмидам?», «Бубахшед ман хато накардам?». Агар дар вакти гуфтугу аз телефонй дигар занг шавад, шумо бояд боэхтиромона фахмонед, ки гуфтугу карда истодаед ва агар вакт бошанд, интизор шаванд.