Принсипҳои этикӣ ва меъёрҳо дар этикаи муносибатҳои касбӣ

Принсипҳои этикӣ ва меъёрҳо дар этикаи муносибатҳои касбӣ

  1. Тавсияҳои умумии мафҳуми этикаи касбӣ.
  2. Принсипҳои этикаи касбӣ.

Тавсияҳои умумии мафҳуми этикаи касбӣ

Ҷамъият дар ҳама давру замон мафҳумҳои бадӣ ва некиро аз ҳам ҷудо мекард, яъне ахлоқи муайян дошт. Таърихи инкишофи ин фарқиятҳоро этика меомузад.

Дар маркази омӯзиши этика ахлоқ меистад, ки вай аз системаи муносибатҳои ахлоқӣ, сабабҳои таъсиррасонӣ, ҳиссиёт ва шуур иборат аст. Ин системаҳо чорчубаи ҳадди муносибатҳо, кирдорҳо ва таъсири мутақобилаи одамонро дар ҷамъият муайян мекунад. Ташаккулёбии ин системаҳо (меъёрҳои этикӣ, стандартҳо, қавоид, талабот) аз тараққиёти таърихии ҷамъият вобаста аст, яъне аз он чизе, ки дар ин этика тараққиёти ҷамъият категорияҳои некӣ ва бадӣ чӣ тавр фаҳмида мешавад ва ин неъмати олӣ чӣ тавр таҳлил мегардад. Натиҷаи неъмати олӣ метавонад сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, динӣ ва дигар консепсияҳо бошад. Ҳар як кадоми он метавонад мақсадҳои гуногун дошта бошад: капиталистӣ, ахлоқи буржуазӣ; дар доираи иқтисодӣ-ахлоқи иқтисодии иҷтимоии бозоргонӣ.

Омӯзиши таърихи тараққиёти ахлоқ, ки дар маркази диққати этика истодааст, нишон медиҳад, ки дар давраҳои гуногуни таърихӣ ҷамъият фикру андешаҳои мухталиф дар бораи тасаввуроти олам ва дар бораи системаи арзишҳои маънавӣ дошт.

Имрӯз барои ҷомеаи мо хусусиятҳои нави талабот бо шахсиятҳо, бо ахлоқи онҳо бо рафтору кирдори онҳо, лозим аст.

Нақши этика ҳамчун илм дар замони муосир, ки онро аз сар гузаронида истодаем бузург аст. Вай бояд вазъи ахлоқии ҷамъиятро таҳлил созад, сабабҳоеро нишон диҳад, ки онҳо вазъиятро ба миён овардаанд, роҳи ҳолашро нишон диҳад, ки онҳо тавонанд самтгирии ахлоқи ҷамъиятро мавриди таҷдид қарор диҳанд.

Этикаро бо этикаи умумибашарӣ (онро универсолӣ ҳам меноманд) ва касбӣ ҷудо мекунанд.

Этикаи касбӣ меъёрҳо, стандартҳо, талаботҳоеро кор карда мебарояд, ки барои шаклҳои фаъолияти муайян хос аст.

Ҳамин тавр этикаи касбӣ-ин кодекси рафторҳоест, ки он типии муносибатҳоро аз нуқтаи назари иҷрои илми коргарон, вазифаҳои хизматиашон дар ин ё он соҳаи касбӣ пешбинӣ кардааст.

Ҳар як муоширати касби бояд дар мувофиқат ба меъёрҳои этики-касбӣ ва стандартӣ ҷараён гирад, ки ба он доро шудан аз якчанд омилҳо вобастагӣ дорад. Онҳоро метавон бо ду гурӯҳ гирд овард:

Гуруҳи якуми он- меъёрҳо ва стандартҳое, ки аз хориҷ ворид гаштаанд: қоидаи тартиботи дохилии ташкилот, кодексҳои этикии фирма, нишондодҳои шифоҳии роҳбарон ва кодекси этикаи касбӣ.

Гуруҳи дуюм-маҷмӯи тасаввуротҳои этикии меъёр, баҳое, ки шахс аз рузи таваллудаш дорост яъне тасаввурот дар бораи он ки бад чист ва нек чист.яъне кодекси этикаи шахсӣ,ки одам кадом вазифаҳоро бар дӯш дорад ва кадом корро иҷро мекунад бо он зиндагӣ ва фаъолият кунад.

Хуб мешуд, ки тасаввуротҳои худи шахс дар бораи он ки чӣи этикӣ аст ва чӣ не бо меъёрҳои касбии аз хориҷ овардашуда мувофиқат кунад, чунки агар чунин мувофиқат пурра ё ҷузъан вуҷуд надошта бошад, он гоҳ проблеммаи фаҳмонда додан ва дар амал тадбиқ кардани қоидаҳои этикӣ ба миён меояд. Барои он ки ин қоидаҳои этикӣ дар тасаввуроти этикаи худӣ вуҷуд надоранд.

Этикаи муносибатҳои касбӣ этикаи касбӣ ба шумор меравад, ки муносибати одамонро бо бизнес идора мекунад.

Принсипҳои этикаи касбӣ

Принсипҳо, меъёрҳо талаботҳоеро дида мебароем, ки этикаи муносибатҳои касбиро асоснок мекунанд.

Принсипҳо-ин умумиятдиҳии тасаввуротест ки онҳо имконият медиҳанд, ки шахс ба онҳо такя мекунад то рафтораш, фаъолияташ ва муносибаташро нисбати ягон чиз дуруст ба роҳ монад.

Дар байни назариячиён ва таҷрибаандӯзони бизнес дар доираи иқтисоди ҷаҳонӣ дар бораи чи тавр бояд номгӯи принсипҳо ва меъёрҳо барои субъекти этикаи ҳамкорони алоҳида ва барои барандагони этикаи ибтидоии ташкилот ранҷ гардад, зидият вуҷуд надорад.

Ҳолати мобайнӣ чи тавре ки онро стандарти тиллои низ меноманд мақбули умуми гардидааст:

Дар доираи вазъияти хизматӣ дар муносибат бо тобеъон, сардорон ва ҳамкорони дараҷаашон ба худат баробар ё нисбати мизоҷон (муштарӣ) он чизе, ки дар муносибат бо худат раво намебинӣ, бо онҳо накун.

Принсипи дуюм: ҳангоми дар байни ҳамкорон тақсим кардани захираҳои барои фаъолияти корӣ зарур (пулӣ, ашёи хом, моддӣ ва ғайра) адолатнокӣ ҳатмист.

Принсипи сеюм: талаб мекунад, ки вайронкунии этика сари вақт ислоҳ карда шавад новобаста ба он ки вай аз тарафи кӣ ва кай содир гардидааст.

Тибқи принсипи чорум, ки принсипи прогрессии максимум номида шудааст, рафтор ва фаъолияти ҳамкор ҳамон вақт этикӣ номида мешавад, ки агар он аз нуқтаи назари ахлоқӣ ба тараққиёти ташкилот мусоидат кунад.

Давоми мантиқии принсипи чорум, принсипи панҷум маҳсуб меёбад- принсипи прогрессии минимум, ки дар мувофиқат ба он фаъолияти ҳамкор ё ташкилот дар маҷмӯъ этикӣ бошад. Гарчанде онҳо меъёри этикиро нашикананд ҳам.

Моҳияти принсипи шашум чунин аст: муносибати этикии ҳамкорони ташкилот таҳамулпазир аст дар қиёс бо асосҳои ахлоқӣ, анъанавӣ ва ғ, ки дар дигар ташкилотҳо, ноҳияҳо ва мамлакатҳо ҷой дорад.

Принсипи ҳафтум мувофиқати боақлонаи релятивизми (ҳақиқатпарастии) индивидуалӣ ва релятивизми (ҳақиқатпарастии) этикиро ба талаботи этикаи умумибашарӣ талаб мекунад.

Тибқи принсипи ҳаштум оғози индивидуалӣ ва коллективӣ ҳамчун асос дар коркард ва қабули қарорҳо дар муносибатҳои касбӣ яксон бошад.

Принсипи нуҳум таъкид мекунад, ки дар ҳалли ҳар як масъалаҳои хизматӣ аз доштани андешаи худ бояд натарсид.

Вале нонконформизм (тафриқаандози) ҳамчун хусусияти шахсӣ бояд дар ҳадди бошуурона зоҳир гардад.

Принсипи даҳум-ягон зуроварӣ яъне «фишор» нисбати тобеъон, ки дар шаклҳои гуногун ифода меёбад, мисли амрдиҳӣ, бурдани гуфтугӯи хизмати амирона бояд вуҷуд надошта бошад.

Принсипи ёздаҳум-таъсири пайваста. Вай дар он ифодаашро меёбад, ки стандартҳои этикӣ на тариқи фармон яку якбора ба ҳаёти ташкилот ворид мегардад, балки тариқи саъю кушиши канданашаванда аз тарафи менеҷерҳо ва ҳамкорони қаторӣ дар ташкилот ҷойгир буда татбиқ мегардад.

Принсипи дувоздаҳум-ҳангоми ҷорӣ кардани меъёрҳои этикӣ ба ашхоси алоҳида, ба коллектив ё ба харидорон ва ғайра аксуламали эҳтимол доштаро ба назар бояд гирифт. Гап дар сари он аст, ки арзиш ва зарурияти меъёрҳои этикиро дар назария тасдиқ карда, бисёр ҳамкорон дар кори ҳаррӯза бо он дучор омада, бо ин ё он сабаб зидият зоҳир мекунанд.

Принсипи сездаҳум аз ба мақсад мувофиқ будан ва ба он бовар кардан иборат аст, ки ҳамкор масъулият ҳис кунад.

Принсипи чордаҳум қатъиян талаб мекунад, ки конфликт сар назанад. Гарчанде ки конфликт дар доираи касбӣ натанҳо натиҷаи дисфункционӣ дорад балки натиҷаи функионалӣ ҳам дорад. Гузошта аз он конфликт заминаи хубест барои вайронкунии этикӣ.

Принсипи понздаҳум-озодие, ки озодии дигаронро маҳдуд накунад-одатан ин принсип, агарчанде дар шакли зоҳирӣ набошад ҳам, ба инстриксияи мансабдорон вобаста аст.

Озодии судманд он бошад бас,

Ки аз вай нарасад зиён ба озодии кас.

Принсипи шонздаҳумро метавон принсипи мусоидат номид: ҳамкор на танҳо худаш омоли этикӣ кунад, балки бо ҳамин рафтор бо амали ҳамкорон мусоидат кунад.

Принсипи ҳабдаҳум тақозо мекунад: рақибро танқид накун. Ин на танҳо ташкилоти рақиб, балки рақибони дохилиро низ дар назар дорад.

Дар ин ҷо мо принсипҳои асосиро пешниҳод кардем, ки муносибатҳои касбӣ вуҷуд дорад, онҳоро метавон тибқи спетсификаи фаъолияти касбии ин ё он ташкилот давом дод.

Принсипҳои этикаи муносибатҳои касбӣ бояд асос барои дар ҳар як коргари фирма такмил додани системаи этикаи шахсӣ хизмат кунад.

Адабиёт:

  1. Д.К.Захаров, В.Г.Коновалова. Этика деловых отношений М.,2002.стр. 42-60.
  2. Р.Н.Бобавина. Этика деловых отношений М.,2002.
add

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте как обрабатываются ваши данные комментариев.