Фархангшиноси дар низоми донишҳои башарӣ (гуманитарӣ)

  1. Фарҳангшиносӣ ва башарисозии таҳсилот.
  2. Ба вуҷуд омадани фарҳангшиносӣ ҳамчун соҳаи мустақили дониш.
  1. Фарҳангшиносӣ ва башарисозии таҳсилот

Фазои фарҳангӣ бо маллокҳои гуногун санҷида мешавад. Зеро анвои гуногуни хислатҳои эҷодӣ ва ҳаёти маънавӣ, ашёъ, образҳо, андешаву афкор ва шахсиятҳо дар муносибатҳои мураккаб ва ғайримунтазира қарор мегиранд. Ва дар ин уқёнуси муносиботи мутақобила инсон бояд чӣ гуна муносибат намояд? Барои ҳаллу фасли ин масъала ба кӯмаки мо илми фарҳангшиносӣ меояд, ки дар кишварҳои пасошӯравӣ фанни нав буда, дар низоми илмҳои иҷтимоӣ-башарӣ (социогумантирӣ) мақоми хосеро дорост.

Масоиле, ки дар доираи фарҳангшиносӣ омӯхта мешавад, имкон дорад, ки  аз тарафи илмҳои дигар низ мавриди таҷзияву таҳлил қарор гиранд, аммо на ҳамчун масоили меҳварӣ. Аз ин рӯ, як силсила масоиле мавҷуданд,  ки ҳаллу фасли онҳо дар илми фарҳангшиносӣ аввалиндараҷа маҳсуб мешаванд. Аз ҷумла, равнди гузариши инсоният аз ҳолати «то фарҳангӣ» ба давраи фарҳангӣ. Аҳамияти фарҳанг дар ташаккули инсон. Чӣ гунагии сохтор ва робитаи падидаҳои гуногуни фарҳанг, ба мисли забону сиёсат, ҳунару илм, дину илм ва амсоли он. Чӣ тавр устуворӣ ва тағийрёбии фарҳанг шарҳ дода мешавад? Шартҳои асосии тафовути як фарҳанг аз фарҳанги дигар кадомҳоянд? Чӣ тавр намояндагони фарҳангҳои мухталиф бо ҳам мусолиматомезона зиндагӣ мекунанд? Чаро гурӯҳе аз фарҳангҳо рушду нумӯъ меунанду тавсиа меёбанд, баъзе аз онҳо заифу нотавон ва рӯ ба заволанд? Чаро фарҳангҳои аз нигоҳи иқтисоди ва сиёсӣ нерӯманд маънавияташон на ҳамеша ғаниву солиманд?

     Ҳамчунин, ҷои таассуф аст, ки нерӯи ақлу эҳсос ва вақту ҳаёти инсонҳо аксаран бефоида масраф мешавад. Равандҳои рушди фарҳангӣ ба он оварда мерасонанд, ки аксаран бузургиву ҳашамат, зебоӣ, накӯкорӣ ва хирадмандӣ аз таомул хориҷ ва камарзиш мегарданд ва ҷои онҳоро пастиву футур, зиштиву бадӣ ва аблаҳӣ ишғол  мекунанду ривоҷ меёбанд. Ба ин ва дигар суолҳо илми фарҳангшиносӣ, ки ҷои «бархӯрд»-и илмҳои гуногуни гуманитарист бояд посух гӯ  бошад.

     Илми фарҳангшиносӣ ҳусни тафоҳумро дар ҷомеа мусоид сохта, барои пойдории идеалҳои некӣ, зебоӣ, ҳамоҳангӣ (мутавозинӣ), инсонпарварӣ хидмат мекунад ва роҳҳои дурусти ҷавобгӯи рӯҳи замонро дар омӯзиши равандҳои ҷомеа, ки ба сабабҳои зайл вобастагӣ дорад, ҷустуҷу мекунонад:

  1. Таърихи фарҳанги ҷаҳонӣ симои ягонаи инсониятро тасвир карда, ба пафоси эҳёи манфиатҳои арзишҳои башарӣ мутобиқат мекунонад.

Табдили аён, шоҳкориҳои бадеӣ, андешаҳои фалсафӣ, кашфиётҳои илмӣ, урфу одатро ба таври озод, бидуни муқобилгузории кӯҳнаву нав, муттарққию иртиҷоӣ, пешрафтову ақибмонда мавриди баррасӣ қарор медиҳад, ки дар онҳо ба таври ҳайратангез навъҳои  гуногуни фарҳанг, ҳамчун воситаи   бурузи амали шахсии инсоният ба марази намоиш гузошта мешавад.

  • Фарҳангшиносии муосир вазифадор аст, он халолро, ки аз набудани маълумоти гуманитарии классикӣ ба вуҷуд омадааст, пур кунад. Зеро бидуни маълумоти гуманитарии классикӣ, дарки фарҳанг, ба вижа фарҳанги  аврупоӣ ғайри имкон аст. Ва ин рисолатро ба ҷузъ курси фарҳангшингосӣ дигар фанҳо наметавонанд, ба дӯши худ бигиранд. Аз ин рӯ, дар  шароити кунунӣ то ба вуҷуд омадани таҳсилоти гуманитарӣ нақши фарҳангшиносӣ ба ҳайси доиратулмаорифи маълумоти муқаддамотӣ доир ба асотир, адён (динҳо), таърихи ҳунар (санъат) ва улум боқӣ мемонад.
  • Омӯзиши фарҳангшиносӣ ба ҳайси назария ва таърихи фарҳанг асос ва пояи тамоми  донишҳои башарӣ маҳсуб мешавад. Гарчанде имрӯз башаригароӣ ба таври васеъ ва аз зовияҳои мухталиф мавриди тафсиру тавзеҳ қарор гирифтааст, аммо ҳадафи аслӣ маҳдудсозии  мафкураи соф технократӣ ва сцентизм ва самтгирӣ ба рушди инсон ҳамчун арзиши муҳими башарӣ дар ташаккули навъи ҷадиди фарҳанг  маҳсуб мешавад.

Таҷриба нишон медиҳад, ки ибтидои муттаҳидсозии фарҳангҳоро дар суннатҳои ғании гуманизм бояд ҷустуҷӯ кард. Рӯҳи ваҳдати башардӯстии инсониятро танҳо тавассути омӯзиши таърихи фарҳанг дарк кардан мумкин аст. Чунин ҳолат боз як дафъа ба ягонагии равандҳои омӯзиши фарҳангшиносӣ ва башарисозии таҳсилот таъкид мекунад.

     Инсон дар даврони  тағироти доимии фарҳанг зиндагӣ карда, ягонагии умумибашариву ҳамешагии фарҳангро тавассути мушкилоти тарҷумаҳо, манбаъҳои адабию таърихӣ, аҷобатҳои образҳову символҳо ва гуногуншаклии либосҳо дарк мекунад. Аз ин рӯ, шароити фарҳангӣ тақозомекунад, то инсон ҳамеша суннатҳои башарии гузаштаро, ки дар онҳо фарҳанг ҳамчун воқеияти рамзӣ ҷудо аз табиату иҷтимоъ дар фазои инсоният ҷой дода шудааст, фаро гирад. Ба-дин робита, дар асл фарҳангшиносӣ на танҳо таърифҳои мутаадиди (зиёди) мафҳуми асосии фарҳангро дар якҷо ҷамъу таснифбандӣ мекунад, балки усулҳои мухталифи башарисозии ҷустуҷӯҳои илмиро низ ба ҳам мутаҳид месозад. Чунки донишҳои башарӣ (гуманистӣ) дар асл фарҳангисозии инсон ба шумор меравад. Ягон соҳаи дигари илми муосир ба ҷузъ фарҳангшиносӣ ин ҳама зуҳуроти васеъ ва гуногунҷанбаи инсонро фаро гирифта наметавонад. Зеро маҳз бо кӯмаки ин мафҳум – «фарҳанг» ҷомеаҳои инсонии дар фосилаҳои дур буда, дар доираи башарии «мо» шомил карда мешаванд. Фарҳангшиносӣ ҳамаи падидаҳои гуногунҷонибаи фарҳанг, аз қабили мазҳабӣ-динӣ, иқтисодӣ,  бадеӣ-эстетикӣ, илмӣ, ахлоқӣ, техникӣ, сиёсӣ ва амсоли онро мавриди омӯзиш қарор медиҳад. Аз ин рӯ, фарҳангшиносӣ асос ва заминаи донишҳои башарии (гуманитарии) муосир маҳсуб мешавад ва махсусан, барои ҷавонони муосир фанни зарурист.

  • Ба вуҷуд омадани фарҳангшиносӣ ҳамчун соҳаи дониши мустақил

Қаблан таҳқиқи фарҳанг дар доираи масъалаҳои фалсафӣ (аз дидгоҳи фалсафаи таърих ва фалсафаи фарҳанг) мавриди омӯзиш қарор мегирифт, ки суннати қадимӣ дорад. Илова бар он, дар гузашти замон фарҳанг аз тарафи илмҳои дигар, чун бостоншиносӣ, мардумшиносӣ, равоншиносӣ, таъриху ҷомеашиносӣ низ омӯхта ва таҳқиқ карда мешуд. Аз ин рӯ, фарҳангшиносӣ, ҳамчун илмӣ алоҳида нисбатан ҷавон буда, аз охири асри XIX ва ибтидои асри XX арзи вуҷуд кардааст.

     То ба вуҷуд омадани илми фарҳангшиносӣ масъалаи фарҳанг дар доираи фалсафаи ҳастӣ, ҷаҳон ва инсон таҳқиқ мегардид. Ба таъбири дигар, масъала чунин матраҳ мешуд, ки табиат новобаста аз инсон вуҷуд дорад ва он чизе, ки онро инсон эъҷод кардааст, яъне фарҳанг дар доираи маърифати фалсафаи ҳастӣ матраҳ ва омӯхта мешудааст.  Аз ин рӯ, аз асри XVIII фарҳанг ҳамчун мавзӯи хос таваҷҷӯҳи файласуфону муаррихони аврупоиро ба худ ҷалб мекунад. Маҳз дар ҳамин давра дар таълифоти Д.Вико «Пояҳои илми ҷадид дар бораи табиати умумии миллат», И.Г.Гердер «Андешаҳо дар бораи фалсафаи таърихии башарият» дар се асари И.Кант «Танқиди хиради соф», «Танқиди хиради амалӣ» ва «Танқиди қобилияти мулоҳизаронӣ» ва афкори фарҳангшиносии Шеллинг, Гегел ва Конт андешарониҳои хос  перомуни ҷаҳони эҷодкардаи инсон, яъне фарҳанг оғоз мегардад. Дарки се нерӯи рӯҳонии қобилияти инсон ақл, ирода ва эҳсос, ки якдигарро такмил карда дар самараи фаъолияти инсон: илм, ахлоқ ва ҳунар (санъат) ҷилвагар мешаванд, ба ин натиҷа овард, ки майдони фаъолияти эҷодии инсон – фарҳанг аз дигар фаъолиятҳо ҷудо карда шавад.

     Бо вуҷуди ин, танҳо дар асри XX қӯшишҳои қотеонае барои ба вуҷуд овардани фанни махсусе, ки фарҳангро бо тамоми ҷанбаҳояш мавриди таҳлилу омӯзиш қарор диҳад, ба миён меояд. Поягузори илми фарҳангшиносӣ, ки мавзӯи баҳсаш бо фалсафа ва дигар илмҳо ҳамхонӣ надорад, Лесли Уайт (1900-1975) олими антропологи амрикоӣ мебошад. Лесли Уайт дарк кард, ки зери мафҳуми умумии «фарҳанг», фарҳангҳои гуногун амал мекунанд ва бояд мафҳуми назарӣ-абстрактиӣ (фалсафии) фарҳангро бо маводи ғанӣ ва ҳамеша рушдёбанда (фарҳанги хоси кишварҳо ва мардумони мухталифи онҳо) пайваст намуд. Аз ин рӯ, яке аз вазифаҳои асосии фарҳангшиносӣ пайванди «умум» бо «фард», барои нишон додани мафҳуми «махсус»- и фарҳанг мебошад, аммо то ба имрӯз ҳаллу фасли комили ин масъала сурат нагирифтааст. Зеро фарҳангшиносӣ дар марҳалаи ташаккулёбӣ ва мушаххассозии мавзӯъ ва усулҳои таҳқиқи хеш  қарор дорад ва он ҳамчун илм  ҳоло балоғати назарӣ пайдо накардааст.

     Бо вуҷуди он, равшан аст, ки фарҳангшиносӣ кайҳо аз зери қаноти фалсафа берун омада, ба фанни алоҳида табдил ёфтааст.  Гарчанде то ба ҳол бо илми фалсафа робитаҳои мутақобила дорад, аммо дар асл дар алоҳидагӣ метавонад рушд кунад ва ба таври мустақил вуҷуд дошта бошад.

     Фарҳангшиносӣ ба ҳайси шохаи ҷудогона ва мустақили дониши башарӣ дар марҳалаи кунунӣ ҳамчун муқаддимае барои омӯзиши фанҳои башарӣ хидмат мекунад, то заминаро барои дарку фаҳми онҳо фароҳам оварад.

     Ба таври хулоса, фарҳангшиносӣ маҷмӯи  илми башарӣ буда, мавзӯи таҳқиқи он фарҳанг ба ҳайси ҳам падидаи умумӣ ва ҳам падидаи хусусӣ ва вижаи хоси ҳастии башарӣ шуморида мешавад.

Фарҳангшиносӣ дар буриши таъриху фалсафа, ҷомеашиносиву равоншиносӣ, антропология (инсоншиносӣ)–ву энтология (мардумшиносӣ), эгнографияву санъатшиносӣ, семиотика (аломатшиносӣ), забоншиносӣ ва информатика ташаккул ёфта, дар асоси усули илмии хоси хеш дастовардҳои ин илмҳоро таҷзияву таҳлил мекунад. Чунин гуногунии равишҳои назариявӣ – методологии таҳқиқ, пеш аз ҳама вобастагӣ ба чандмеъёрии худи падидаи фарҳанг марбут аст.

test

Добавить комментарий