Фархангшиноси хамчун илм

1.Консепсияи фарҳангшиносӣ, мавзӯъ ва вазифаи он.

2.Сохтори донишҳои фарҳангшиносӣ.

3.Усул ва равишҳои таҳқиқи фарҳангшиносӣ.

1.Консепсияи фарҳангшиносӣ, мавзӯъ ва вазифаи он

Бо вуҷуди бардоштҳои мухталифе аз мафҳуми фарҳанг ва назарҳои зидду нақисе,  ки дар бораи фарҳангшиносӣ ва вазифаи он мавҷуд аст, ҳама муҳаққиқон ба ин нуқта назари воҳид доранд; «Фарҳангшиносӣ- илм дар бораи фарҳанг аст».

Фарҳангшиносӣ муҳимтарин қонунмандии умумии инкишофи фарҳанг ва моҳияти вижаи онро, ки барои ҳамаи фарҳангҳои  башарӣ маълум аст, меомӯзад. Вазифаи асосии фарҳангшиносӣ ҳамчун илм таҳқиқи ҳамаи ҷараёнҳои таъсири мутақобилаи инсон ва олами табиӣ, инсон ва ҷомеа ва ҷаҳони ҷисмиву маънавии ҳастии он маҳсуб мешавад.

Дар қаламравии Иттиҳоди Шӯравии  собиқ таваҷҷӯҳ ба назарияи фарҳанг ҳамчун илми  алоҳида  аз охирҳои  солҳои 50-уми қарни ХХ оғоз шуд ва дар нимаи дуюми асри мазкур хело ривоҷ ёфт. Дар айни замон  фарҳангшиносони Россия ба таҳқиқоти арзандаи хеш дар арсаи ҷаҳонӣ маъруф гаштаанд ва таҳқиқоти фарҳангшиносии С.С. Аверинсев, С.Н. Аргановский, М.М.Бахтин, Ю.А.Жданов, Ю.М.Лотман ва амсоли онҳо дар миёни донишмандони фарҳангшиноси Шарқу Ғарб пазируфта шудаанд.

Рушди беандозаи назарияи фарҳанг барои ташаккули фарҳангшиносӣ ба ҳайси илми ҷудогона мусоидат намуд, ки он дар миёни фанҳои ҷомеашиносӣ ҷойгоҳи хешро ҳамчун илми алоҳида  пайдо намояд.

Дар ҳоли ҳозир дар бораи  фарҳангшиносӣ андешаву ақоиди гуногун вуҷуд дорад. Аммо дар миёни ин ҳама гуногунназарӣ метавон се назару равиши асосиро перомуни ин илм қайд намуд.

Якум.Ин равишфарҳангшиносиро ҳамчун маҷмӯи фанҳое, ки фарҳангро аз мавқеи таърих, ҷомеашиносӣ, фалсафа ва амсоли он меомӯзад, арзёбӣ менамояд.

Дуввум. Фарҳангшиносӣ қисме аз ин ё он илми бунёдӣ, масалан, фалсафа дар назар гирифта мешавад. Дар асл, фалсафа низ масоили фарҳангро меомӯзад, аммо ба ин масъалаҳо бо диди фалсафӣ менигарад, ки нисбатан маҳдудтараст, яъне дар чорчӯби мақулоти фалсафӣ тамоми мӯҳтавои гуногунҷанбаи фарҳанг танҳо аз мавқеи  моҳияти он таҷзияву таҳлил мегардад.

Севвум. Фарҳангшиносиро ҳамчун илми ҷудогона ва мустақиле, ки дар байни илмҳои гуманитарӣ мақому мартабаи хешро дорост, мешиносад. Ин ҷойгоҳ пеш аз ҳама, бо мавзӯи (предмети) омӯзиш ва усули(методи) таҳқиқ муайян мегардад. Ба таъбири дигар, бояд ҳар як объект ва илм методӣ (усули) таҳқиқи илмии хешро доро бошад. Муҳимтар аз ҳама, мушаххас сохтани объект (мавзӯи) баҳси илми он мебошад.

Ба таври умумӣ, мавзӯи фарҳангшиносиро метавон фаъолияти фарҳангэҷодкунандаи (культуротворческая деятельность) инсон дар таърихи башарият  ва ватани хеш номид.

Муҳимтар аз ҳама, объект ва предмети фарҳангшиносӣ дар атрофии мафҳуми фарҳанг мутамарказ мешавад. Аз он ҷо, ки фарҳангшиносӣ дар меҳварӣ иҷтимоӣ-илмӣ ва гуманитарӣ қарор дорад, ба ҳайси  объекти таҳқиқ тамоми олами тартиботи маснӯъиро (искусственных порядков) дар бар мегирад, ки он аз ашёъ, технологияи фаъолият, шаклҳои созмонҳои  иҷтимоӣ, дониш, мафҳумҳо, рамзҳо (символҳо), забони иртиботот ва амсоли он  иборат  аст.             

Мавзӯи баҳси соҳавии  фарҳангшиносӣ, тавре ки дар боло зикраш рафт, ҳамчунин васеъ аст. Он иборат аст, аз онтологияи фарҳанг (гуногуннавъии дидгоҳҳои маърифат), гнесологияи фарҳанг(ташаккули донишҳои фарҳангшиносӣ, сохтор ва методилогияи он); сохтори фарҳанг; семантикаи фарҳанг (тасуввурот дар бораи символҳо  (рамзҳо), амалиётҳо ва забонҳои фарҳанг); антрапологияи фарҳанг (тасаввурот дар бораи мушаххасоти фарҳанги шахс);  фарҳанги иҷтимоӣ; динамикаи иҷтимоӣ ва таърихии фарҳанг; ҷанбаҳои амалии фарҳангшиносӣ.

Ҳаминтавр, фарҳангшиносӣ бахше аз илмест, ки бар пояи донишҳои иҷтимоӣ-илмӣ ва гуманитарӣ бунёд гардидааст. Ва аз назри  Лесли Уайт фарҳангро ҳамчун падидаи хосе, ки бо усули махсус ташаккул ёфта, бо қонуни вижа рушду нумӯ мекунад, бояд мавриди омӯзиш  қарор дод.

Яке аз ҳадафҳои асосии фарҳангшиносӣ-ошкорсозии  қонунмандии рушди фарҳанг аст, ки аз қонунҳои табиат ва ҳаёти моддии инсон тафовут дошта, вижагии фарҳангро ба ҳайси ҷанбаи арзишманди ҳастӣ муайян мекунад. Ба-дин робита муҳимтарин масъалаҳои фарҳангшиносиро ба таври зер метавон номбурд:

  1. Тавзеҳу тафсири амиқ ва пурраву мукаммали фарҳанг, шарҳи моҳият, мазмун, аломатҳо ва вазифаҳои он.
  2. Омӯзиши усули пайдоиши фарҳанг, ҳамчунин падидаҳои алоҳида ва равандҳои он.
  3. Таъйини мақом ва нақши инсон дар раванди фарҳангӣ;
  4. Таҳияи воситаи дараҷабандӣ, методҳо ва васоили омӯзиши  фарҳанг.
  5. Робитаи мутақобила бо дигар илмҳое, ки фарҳангро меомӯзонад.
  6. Таҳқиқу баррасии инкишофи фарҳангҳои  мухталиф, бармало сохтани робитаҳо  миёни аносури фарҳанг.
  7. Таҳқиқи типологии фарҳангҳо ва меъёрҳои  умумии онҳо, арзишҳо ва символҳои (кодҳои фарҳангии) онҳо.
  8. Таҳқиқи  масоили динамикаи фарҳанги ҷомеа.

Чунин дарки мавзӯъ, тақозо  мекунад, то масоил ва барномаи таҳқиқоти фарҳангшиносӣ маводи васеъ ва гуногунеро аз соҳот ва риштаҳои мухталифи  эҷодиёти иҷтимоӣ, яъне илму техника, фаъолиятҳои сиёсӣ, дину мазҳабу ҳунарро ба доираи таҳқиқи хеш гирад.

Аммо майдони асосии таҳқиқиро дар ин соҳаи дониш тарзи тафаккур, тарзи зиндагӣ ва тарзи фаъолияти гурӯҳҳои этникӣ ва халқҳо ба ҳайси субъектҳои таърих бояд ташкил диҳад.

Гузашта аз ин, фарҳангшиносӣ ба дастовардҳои  илмҳои мушаххас, аз қабили этнология (мардумшиносӣ), равоншиносӣ, забоншиносиву амсоли он такя мекунад. Табиист, ки фарҳангшинос, қабл аз ҳама, бо натиҷаи фаъолияти фарҳангӣ (мавзӯъ ва маводи фаъолияти фарҳангӣ, мусиқӣ, асари санъати наққошӣ) сару кор дорад. Аммо вазифаи ӯ амиқтар дарк кардани онҳо, сарфи назар аз он, ки кадом мавқеи  назариявиро пайравӣ мекунад, ба хотири фарогирии рӯҳи фарҳанг (менталитет, намунаи фарҳангӣ) аст,. Дар навбати худ қишр ё табақаи дуввуми фарҳанг, яъне қишри коммуникативии он пайдо мешавад, ки сатҳи  муошират, ташкилотҳои таълимию тарбивӣ ва маърифатро таҷассум мекунад. Ва дар ниҳояти том худи пояи  фарҳанг, ҳастаи (мағзи) он, архетипҳои  он таркиби фаъолияти фарҳангшиносӣ маҳсуб мешавад.

2.Сохтор ва таркиби донишҳои фарҳангшиносии имрӯз

Ба иртиботи мураккабии хислати мавзӯю масоили  фарҳангшиносӣ сохтори донишҳои фарҳангшиносӣ низ мураккаб аст. Бинобар вижагии ҳадафи таҳқиқ, мавзӯъ ва масоили мушаххас, сатҳи маърифативу ҷамъбастии он, унсурҳои алоҳидаи фарҳангшиносӣ ҳамчун системаи донишҳо тақсим карда мешавад.

Дар чорчӯби фарҳангшиносии назариявӣ чунин унсурҳоро бояд қайд кард:

1. Фарҳангшиносӣ аз фалсафа ҷудо шуда, такя ба дастовардҳои илмҳои дақиқ, эҳтиёҷоти хешро барои тарҳи масоили маърифатӣ ҳифз намуд, ки ҳаллу фасли онро фалсафаи фарҳанг ба дӯши худ гирифт. Аз ин рӯ, фалсафаи фарҳанг асос ва пояи фарҳангшиносӣро ба ҳайси фанни илмии нисбатан мустақил барои интихоби самтгириҳои маърифатии таъмин менамояд ва ба тафсирҳои мухталифи моҳияти фарҳанг  имкон медиҳад. Фалсафаи фарҳанг (культурофилософия) ҳамчун назарияи умумии фарҳанг, ки ба воситаи он паҳлӯҳои асосӣ ва умумии фарҳанг омӯхта мешавад, баромад мекунад. Ба таъбири дигар, фарҳанг ба ҷустуҷӯи мазмунҳое, ки характери ҳастии инсонро муайян мекунад, машғул аст.

Агар фалсафаи фарҳанг барои дарки фарҳанг ҳамчун кул ё умумӣ талош намояд, фарҳангшиносӣ фарҳангро дар шаклҳои конкретии он бо ҷалби маводи мушаххас мавриди арзёбӣ қарор медиҳад. Ҳамин тавр, дар илми фарҳангшиносӣ дар муқоиса бо фалсафаи фарҳанг таваҷҷӯҳи асосӣ ба ташреҳи шаклҳои конкретии фарҳанг бо кӯмаки назарияи, ба истилоҳ «сатҳи миёна», ки бар пояи далелҳои антропологӣ асос ёфта аст, нигаронида шудааст. Аммо фалсафаи фарҳанг бошад, вазифаи назариявиро иҷро карда самтгирии умумии маърифатии таҳқиқотии фарҳангшиносиро муайян мекунад.

2. Таърихи  фарҳанг, асноду мавод ва арзишҳои он барои тавсиф ва тавзеҳи  хусусиятҳои мушаххаси таърихии инкишофи фарҳанг ҳамчун маводи лозим пешниҳод менамояд. Илова бар он, таърихи фарҳанг ҳамчун қисмате аз фарҳангшиносӣ на танҳо  ин махсусиятҳоро сабт мекунад, балки ошкорсозии  архетипҳои фарҳанги муосир ва дарки онҳоро ҳамчун инкишофи таърихӣ таъмин месозад.

Фарҳангшиносӣ майдони таърихии фактҳои фарҳангиро ба шумули гузаштаву имрӯзаи он мавриди омӯзиш қарор медиҳад. Аз ин рӯ, унсури дуввуми фарҳангшиносии фундаменталӣ фарҳангшиносии таърихӣ маҳсуб мешавад, ки навъҳои (типҳои) мушаххаси таърихии фарҳанг, ҳодиса ва дастовардҳои онҳо, макродинамикаи пайдоиш ва фаъолияти «конвенсияи иҷтимоӣ»-и  фаъолиятии рӯзмарраи коллективии одамон ва ҳамчунин  типологияи фарҳангӣ-таърихии ҷомеаҳоро таҳқиқ мекунад.

3. Муҳимтарин унсури фарҳангшиносӣ ба ҳайси системаи донишҳо фарҳанги антропологӣ ба шумор меравад, ки арзишҳои мушаххас, суннатҳо, шаклҳои робита, айён сохтани натиҷаҳои фаъолияти фарҳангӣ дар динамикаи онҳо, роҳҳои интиқоли малакаҳои фарҳангӣ аз инсон ба инсонро мавриди омӯзиш қарор медиҳад. Барои фарҳангшинос усулан муҳим аст, ки пушти фактҳои фарҳангӣ чӣ нуҳуфта аст, кадом эҳтиёҷотро шаклҳои мушаххаси таърихи иҷтимоӣ ва шахсии он иброз медоранд. Инкишофи таърихие, ки дар бораи  фарҳанг ироа шудааст худ ба худ ба фарҳангшиносӣ оварда наметавонад. Инро антропологияи фарҳанг дар пояи таҳқиқи муқоисавии фарҳангҳо ва ҷомеаҳо, пайдоиши ҳаёти махсуси инсонӣ, ташаккули меъёрҳо, манъкуниҳо ва табу, раванди инкултуратсия (фарҳангишавӣ), пайдошавии ҷаҳонфаҳмию ҷаҳонбинии инсон ва амсоли он анҷом медиҳад.

4. Баъзе аз муҳаққиқин антропологияи иҷтимоиро низ ҷудо мекунанд, ки ташаккули  инсонро чун мавҷуди  иҷтимоӣ ва ҳамчунин сохтор ва ниҳодҳои асосиеро, ки дар раванди иҷтимоишавии инсон мусоидат мекунанд, таҳқиқ менамояд.

5. Сотсиологияи фарҳанг қонунмандии иҷтимоии инкишофи фарҳанг, шаклҳои зуҳури онҳоро дар иҷтимоъ дар асоси таҳқиқоти эмпирикии (таҷрубавии) фарҳанг баён месозад.

6. Равоншиносии фарҳанг метавонад чун унсури мустақил, ки вижагиҳои фардии муносибати  шахсиятро ба фарҳанг ва гуногунии рафтори рӯҳонии  инсонро ба фарҳанг ва шахсиятҳои таърихӣ-фарҳангиро таҳқиқ менамояд.

7. Фарҳангшиносии филологӣ фарҳанги миллиро ба воситаи вижагиҳои забони фарҳанг меомӯзад.

8. Равияи  таркибӣ-семиотикӣ (структурӣ-семиотикӣ) дар фарҳанг-шиносӣ бештар муравваҷ гардида, ки асос ва пояи онро методи таҳлили забоншиносӣ ташкил медиҳад. Илова бар равишҳои фундаменталии зикршуда, ҳамчунин фарҳангшиносии амалӣ низ мавҷуд аст, ки донишҳои фундаменталӣ  роҷеъ ба фарҳангро  ба манзури пешгӯӣ, нақшасозиву танзими равандҳои муҳими фарҳан-гӣ, барои коркарди технологияи махсуси интиқоли таҷрибаи фарҳангӣ ва роҳҳои ноилшудан ба меъёрҳои фарҳангии инкишофи шаклҳои таҷрибаи иҷтимоӣ  истифода мекунад.

3.Усул ва равишҳои таҳқиқи фарҳангшиносӣ

Суоли умда ин аст, ки чӣ тавр бояд фарҳангро омӯхт, то он асрори хешро барои инсонҳо боз кунад? Аз ин рӯ, мо бояд «метод» ё усулеро интихоб  намоем, ки моро ба ин матлаб расонад. Ин кор аз чанд омил вобастагӣ дорад. Аввал, бояд муайян намуд, ки фарҳангшиносӣ чист, зеро фарҳангро, тавре ки  дар боло зикраш рафт, чандин илм меомӯзад ва ба суол чӣ гуна посух  дода мешавад, равиши таҳқиқ ба он вобаста аст. Дуввум, пеш аз ҳама, бояд объекти (мавзӯъ) таҳқиқи  фарҳангшиносӣ муайян карда шавад, зеро аз назарияи умумии маърифат маълум аст, ки методи маърифат дар асл, аз табиати объекти мавриди омӯзиш вобаста аст. Севвум,  дар сурате, ки чунин объект фарҳанг аст, пас аз кадом зовия фарҳанг омӯхта мешавад ва фарҳангшинос мушаххасан дар он чиро ҷустуҷӯ дорад? Албатта, муҳимтар аз ҳама, равиши таҳқиқ иртибот мегирад бар он, ки зери мафҳуми фарҳанг чӣ дар назар аст?

Ин ҳама омилҳоро муфассалан баррасӣ менамоем. Мо бояд дар он тасаввур бошем, ки фарҳангшиносӣ ба ҳайси фани мустақили илмӣ аз батни фалсафа, аниқтараш аз фалсафаи фарҳанг маншаъ гирифтааст. Ва фарҳанг зери таъсири маводи эмпирикӣ маърифати фарҳангшиносиро муайяну ҳамоҳанг сохта ба нисбати он илм вазифаи методологиро иҷро мекунад.

Дар фарҳангшиносӣ ҳамчун илми ҷудогона (дар муқоиса бо фалсафаи фарҳанг)  таваҷҷӯҳ ба омӯзиши фарҳанг на ба таври «куллӣ» дар ҳудуди фазову вақти муайян, балки бо назардошти маводи конкретӣ тавсиф ва ташреҳи мушаххаси он равона мегардад.

Фарҳангшиносӣ ҳама усулҳо (методҳо)-и маърифати иҷтимоӣ-башарӣ, қабл аз ҳама, фалсафиро низ истифода мекунад. Аз ҷумла, пеш аз ҳама методи диалектикӣ, ки фарҳангро ҳамчун падидаи инкишофёбанда, ба тазодҳои дохилӣ ва гуногунҷанба, ки омӯзиши мушаххасро тақозо мекунад, мавриди баррасӣ қарор медиҳад.

      * Методи муназзам (системанок) имкон медиҳад, ки фарҳангро ҳамчун системае, ки ҳамаи аъзои он дар ягонагӣ буда, бо таъсири мутақобилаи хеш як порчаи томро ташкил медиҳад ва дар партави он ҳар як ҷуз маънои худро дорад, таҳқиқ намоянд.

      * Методи сохторӣ-функсионалӣ дар сурате истифода мегирад, ки агар зарурати ҷудо ва баррасии элементҳои (аъзои) созандаи фарҳанг муайян карда шавад.

Ба ин манзур методи таҳлилӣ низ мавриди истифода қарор мегирад, ки  он имкони баррасии падидаи фарҳангро ба шакли софи он фароҳам меорад.

Ҳоло омӯзиши фарҳанг дар раванди «муколама»-и он бо фарҳангҳои дигар муравваҷ гардида, ки зарурияти истифодаи методи компаративӣ, яъне муқоисаи фарҳангҳоро бар пояи ягон асос ва аломати онҳо  тақозо мекунад, ба миён омадааст.

Дар фарҳангшиносӣ методҳои умумии илмие чун методи таърихии таҳқиқ (таҳлили заминаҳои раванди ташаккул ва марҳилаҳои  инкишофи ҳадафи омӯзиш) дар якҷоягӣ бо методи мантиқӣ (муайян сохтани қонунҳои ҳаракати мавзӯи таҳқиқ бо назардошти мантиқи худи муҳаққиқ) нақши бузургеро иҷро мекунад.

Дар ҷараёни таҳлили фарҳангшиносӣ методҳои илмҳои ҷудогона, ки заминаи эмпирӣ (таҷрубавӣ)  барои фарҳангшиносӣ маҳсуб мешавад, мисли методҳои  этнографияи тавсиф, тасифбандӣ мушоҳида ва ё  методҳои интервю (мусоҳиба), ки дар илмҳои равоншиносиву ҷомеашиносӣ ба кор меравад, ҳамчунин аз методҳои илми таърих, аз қабили  методҳои муқоисавӣ-таърихӣ, таҳлили матнҳо ва амсоли он низ

истифода бурда мешавад.

test

Добавить комментарий