Мохият ва вазифахои фарханг

  1. Мафҳуми асосии фарҳанг.
  2. Вазифаи  фарҳанг.

1.Мафҳуми асосии фарҳанг

Фарҳанг калимаи форсии тоҷикӣ буда аз ду  ҷузъ: пешванди «фар» ба маънои «пеш, боло ва бар» омада, «ҳанг» аз решаи авастоии «танг (thang)» ба маънои «кашидан» ва «вазн» таркиб ёфтааст. Аз назари луғавӣ калимаи мураккаби «фарҳанг»ба маънии «болокашидан», «баркашидан» ва «берункашидан» аст. Аммо дар забони хаттии форсии тоҷикӣ ба ин маънии аслиаш истифода нашудааст.

Бояд ёдовар шуд, ки дар адабиёти классикии форсии тоҷикӣ истилоҳи «фарҳанг» дар давру замонҳои мухталиф корбурди гуногун дошта, ҳеҷ гоҳ ба маънии имрӯзаи истилоҳии он, ки муодили «культура»-и русӣ ва «culture»-и англисӣ мебошад, истифода нашудааст.

Мисол, Фирдавсӣ вожаи «фарҳанг»-ро ба маъниву синоними «дониш»-ӯ «ҳунар» ба кор будааст:

Зи доно бипурсид пас додгар,

Ки фарҳанг беҳтар бувад ё ҳунар?

Чунин дод посух бад-ӯ раҳнамун,

Ки фарҳанг бошад зи гавҳар фузун.

Ки фарҳанг ороиши ҷон бувад,

Зи гавҳар сухан гуфтан осон бувад.

Гуҳар бе ҳунар зору хорасту суст.

Ба фарҳанг бошад равон тандуруст.

Дар асрҳои баъдина низ фарҳанг ба маъноҳои мухталиф истифода шуда аст, ки дар китобҳои луғат ба маънои зайл омадааст: «адаб, тарбият, дониш, илм, маърифат. Маҷмӯи адабу русум. Маҷмӯи улуму  маориф ва ҳунарҳои як қавм. Китобе, ки шомили луғоти як ё чанд забону шарҳи онҳост. Корези об. Даҳони фарҳанг: ҷое аз корез, ки об бар рӯи замин ояд».

Тавре ки мулоҳиза шуд, вожаи «фарҳанг» дар забони форсии тоҷикӣ дар ибтидо аз мафҳуми истилоҳии имрӯзаи он дур буда, чанд маъниро ифода мекунад. Мафҳуми истилоҳии он  ба маънии муродифи истилоҳии аврупои «culture (культура)» аз нимаи асри ХХ мавриди истифода  қарор гирифтааст.

Бояд зикр кард, ки худи истилоҳи аврупои «culture (культура)» вожаи лотинӣ буда, маънии аслаш «сабзондан, коркарди замин, кишоварзӣ» мебошад ва корбурди васеъ дорад. Бори нахуст ин вожаро  Ситсерон ба маънои «эҷоди ақли инсонӣ, такмили инсон» истифода кардааст.

Ба мафҳуми имрӯзаи хеш «культура» дар Аврупо танҳо аз асри XVIII ба давраи  Маорифпарварӣ мавриди истифода қарор гирифт.

Маҳз дар ин давра дарк карда шуд, ки он сифатҳои одамӣ, ки мавҷуд аст на ҳамеша ба нерӯи табиӣ ё қувваи илоҳӣ иртибот дорад. Ҳамчунин сифатҳое низ мавҷуданд, ки бевосита ба фаъолияти эҷодии худи инсон вобастаанд.

Ҳамин тавр, ҷаҳони фарҳанг, ҷаҳоне, ки аз ибтидо то интиҳояш эҷоди худи инсон аст, кашф гардид. Ҳамчунин он чиз ҳам дарк карда шуд, ки инсон дар фаъолияту зиндагии рӯзмараи хеш аз худаш ва аз фаъолияташ низ вобаста аст. Ва инсон қудрати тағйир додани воқеияти атрофии хешро дорост, ки он ба фарҳанг иртибот дорад, на ба табиат.

Дар ҳоли ҳозир донишмандони фарҳангшинос беш аз 500 таърифи фарҳангро ба ҳисоб гирифтаанд.

Чунин зиёдии таърифи истилоҳии «фарҳанг» аз мураккабии падидаи худи он маншаъ мегирад. Ҳар як аз муҳаққиқ  аз сабаби он ки имкони дар баргирии тамоми паҳлӯҳои масъаларо надорад, таваҷҷӯҳи хешро ба яке аз паҳлӯҳои ба назари ӯ муҳими фарҳанг маътуф медорад. Аз ин рӯ, як гурӯҳ муҳаққиқон фарҳангро бо суннату анъана мепайванданд ва онро ҳамчун меъроси иҷтимоии мардум арзёбӣ менамоянд, гурӯҳи дигар хислати нормативии фарҳангро дар назар дошта, онро ҳамчун маҷмӯи қоидаҳое, ки тарзи зиндагии инсонҳоро муайян мекунад, шарҳу тавсиф мекунанд. Гуруҳи сеюм, зери мафҳуми фарҳанг маҷмӯи тамоми  анвои фаъолият, одобу русум  ва муътақидодро дар назар дорад.

Таснифбандии имрузаи таърифи мафҳуми «фарҳанг» имкон медиҳад се равиши асосии муайян намудани фарҳангро дида бароем.

  1. Равиши тавсифӣ.Тибқи ин равиш фарҳанг ҳамчун натиҷаи тамоми фаъолияти инсон арзёбӣ мегардад.
  2. Равиши арзишӣ (аксиологӣ). Тибқи ин равиш сатҳи фарҳангӣ ба иртиботи таносуби баъзе арзишҳои меъёрӣ санҷида мешаванд.
  3. Равиши амалиётӣ. Тибқи ин равиш фарҳанг ҳамчун равиши махсуси амалиёт ё фаъолият баррасӣ мегардад.

Ногуфта намонад, ки истилоҳи фарҳанг ҳам ба мафҳуми васеъ ва ҳам маҳдудаш истифода мешавад.

Ба маънои васеъ ба фарҳанг тамоми шаклҳои ҳаёти иҷтимоӣ, ки муравваҷу қабул шудаанд шомиланд, аз қабили одобу русум, меъёрҳои зиндагии ҷомеаву созмонҳо…

Ба мафҳуми танги он, марзҳои фарҳанг мутобиқат мекунанд бо сарҳади эҷодиёти маънавӣ, ҳунар, ахлоқ ва фаъолияти ақлонӣ.

Аммо тамоми таърифҳое, ки роҷеъ ба фарҳанг гуфта шудааст, муаллифони он дар як нуқта назари воҳид доранд: фарҳанг он чизест, ки аз тарафи инсон сохта шудааст, ҷаҳоне, ки инсон худ эҷод кардааст. Ба тадбири дигар, фарҳанг-маҷмӯи дастовардҳои инсон аст.

2.Вазифаи фарҳанг

Фарҳанг дар ҳаёти ҷомеа ва инсон бо вазоифи гуногунҷанбааш аҳамияти бузургеро дорост.

Вазифаи фарҳанг, пеш аз ҳама, маҷмӯи нақшаҳоест, ки фарҳанг барои ҷомеаи инсонӣ анҷом медиҳад. Тамоми вазифаҳои фарҳанг иҷтимоист, яъне характери дастаҷамъии (коллективии) фаъолияти одамонро таъмин ва тамоми шаклҳои фаъоляти инфиродии инсонро ба сабаби робитаи он бо муҳити иҷтимоӣ муайяну вобаста менамояд.

Вазифаҳои муҳими фарҳангро ном мебарем. Ба ҳайси технологияи амалкард ё фаъолятӣ (бидуни назардошти омили замонӣ) фарҳанг василаи инсонивашии ё бешарикунонии (человечивания мира) ҷаҳон маҳсуб меёбад. Аз ин ҷост, вазифаҳои зеринро ба дӯш дорад:

* Тағйирдиҳандагӣ (таҳоввулот), яъне фарҳанг водор мекунад, то инсон ҷаҳони артефактии худро бунёд кунад ва инсонро ба малака, бо технологияи беҳтарини дигаргунсозандаи табиату ҷомеа ва худаш мусаллаҳ созад.

*  Интиқоли таҷрубаи иҷтимоӣ, ин вазифа иборат аст, аз интиқоли таҷрубаи иҷтимоӣ  аз як насл  ба насли дигар, аз як даврон ба даврони дигар. Қатъи варосати фарҳангӣ инсонҳоро ба гум кардани хотираи иҷтимоӣ оварда мерасонад, ки он фенамени манкуртизм маҳсуб мешавад.

* Регулятивӣ (меъёрӣ), ин вазифа бо ҷанбаҳои мухталифи фаъолияти ҷамъиятӣ ва инфиродии инсонҳо бар асоси меъёрҳои ахлоқу ҳуқуқ, қоидаҳои рафтору кирдор ва амалҳои он иртибот дорад.

* Вазифаи маърифатӣ (гносеологӣ) на танҳо ба қудрати фарҳанг  дар ҷамъоварии дониш перомуни ҷаҳон, балки ба ташаккули воситаҳо ва тарзи маърифати ҷаҳон низ иртибот дорад. Дар ин ҷо фарҳанг ҳамчун хотираи иҷтимоӣ ва ахлоқии инсоният таборуз мекунад.

* Вазифаи арзишӣ (аксиологӣ) ба қобилияти фарҳанг дар амри танзими муайян сохтани ниёзҳо ва самтгирии арзишманд равона карда шудааст, то инсон битавонад хубро аз бад, зебоиро аз зиштӣ, некиро аз бадӣ фарқ карда тавонад.Меъёрҳои чунин баҳогузорӣ арзишҳои ахлоқиву эстетикӣ маҳсуб мешаванд. Тибқи дараҷаву кайфияти онҳо инсонҳо дар бораи сатҳи бофарҳангӣ ин ё он шахсе қазоват мекунад.

* Коммуникативӣ. Ин вазифа, яъне шакл ва ҷараёни муоширату робита ба воситаи забон ва муоширати одамон ҳамчунин ба забонҳои махсуси илмиву ҳунариву техникӣ амалӣ  мегардад.

Бо назардошти омили замонӣ муҳимтарин вазифаи фарҳанг варосати таърихӣ, интиқоли мероси иҷтимоӣ аз як насл ба насли дигар маҳсуб мешавад. Ба ин маънӣ, фарҳанг ҷойгузини шаклҳои суннатии (то фарҳангӣ) варосат мегардад, яъне аз тариқи тақлид ба калонсолон дар ҷараёни омӯзиш ва ё бевосита дар раванди амалкард (аз тариқи озмоишу иштибоҳ) ба шумули корҳои дастаҷамъӣ.

Вазифаи интиқоли ғановати таҷрубаи иҷтимоиро аз замонҳои хело қадим, фарҳанг иҷро мекард, ҳатто, вақте ки дар мадди аввал ба ҷои тарзи нохудогоҳона  тарзи мантиқӣ-огоҳонаи интиқолӣ таҷриба, ки аз тариқи муаллимони ҳирфаӣ ба шакли донишҳои зеҳнӣ ба кӯмаки воситаи махсуси таълим ба миён омода буд.

Фарҳанг дар худ  ҳамчунин вазифаи ҷудокунандаи фаъолияти фарҳангиро аз рӯи омили он доро мебошад. Дар сатҳи банӣ башар фарҳанг василаест барои таҳқиму инкишофи ҷомеаи башарӣ ҳамчун эҷоди махсуси аз табиат ҷудо.

Дар сатҳи гурӯҳҳои иҷтимоӣ фарҳанг мардумро (аз тариқи табақа, синф, қишр, касб ва амсоли он) муттаҳид мекунад, таснифбандӣ мекунад ва онро ҳамчун  як порчаи комил барои ҷомеа пешниҳод менамояд.

Дар сатҳи фард бошад, фарҳанг инсонро ба фаъолияти  ғании башарӣ роҳнамоӣ мекунад ва аз тариқи он дар рушди истеъдоди эҷодии шахс мусоидат намуда, рамзҳои (кодҳои) фаъолияти ӯро барои зуҳур кардани онҳо ёрӣ медиҳад.

Вазифаи синтезии фарҳанг, ки ҳамаи вазифаҳои дар боло номбурда шомили онанд, пеш аз ҳама, эҷоди инсони халлоқ (человекатворчества) маҳсуб мешавад.

add

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте как обрабатываются ваши данные комментариев.