Сохтори фарханг

1.Шаклҳои фарҳанг.

2.Типҳои фарҳанг.

3.Навъҳои фарҳанг.

Барои дарки бештари моҳияти фарҳанг таҷзияву баррасии сохтори он кӯмаки бештаре хоҳад кард. Аз ин рӯ, омӯзиши шаклҳои фарҳанг навъҳову типҳои он яке аз вазифаҳои асосии илми фарҳангшиносист.

1. Шаклҳои фарҳанг

Аз нигоҳи шакл фарҳанг ба ду қисм тақсим мешавад: моддӣ ва маънавӣ. Дар навбати худ ҳар яке аз ин фарҳангҳо аз ҷузъҳои зиёде таркиб ёфтанд.

Фарҳанги моддӣ- маҷмӯи арзишҳои моддӣ маҳсуб шуда, дар худ ҷузъҳои зеро шомил аст:

1. Олот ва васоили меҳнат.

2. Техника ва таҷҳизот.

3. Истеҳсолот         (кишоварзӣ ва саноатӣ).

4. Роҳҳо       ва воситаҳои иртибот, транспорт.

5. Абзори маишӣ.

Ин ҳама дар илми фарҳангшиносӣ бо номи муҳити маснӯии зисти инсоният (исскуственная среда обитания человечества) хонда шуда, раванд ва натиҷаи фаъолияти моддии инсон маҳсуб мешавад.

Дар ин миён нақши муҳимро олоти меҳнат мебозад, зеро маншаи фарханги моддӣ маҳсуб мешавад. Вижагии муҳими фарҳанги моддӣ дар ҳамранг набудани он на бо ҳаёти моддии ҷомеа ва на ба истеҳсолоти моддӣ ва на ба фаъолияти аз нигоҳи моддӣ тағйирдиҳанда мебошад.

Фарҳанги моддӣ ин фаъолиятро аз нигоҳи таъсири он ба рушд ва истеъдод, қобилият ва эҷодиёти инсон барои тараққии худи ӯ арзёбӣ мекунад.

Фарҳанги маънавӣ-маҷмӯи арзишҳои маънавӣ маҳсуб мешавад, ки онҳо иборатанд аз:

1.маърифатӣ ва ақлонӣ (интеллектуалӣ);

2.фалсафӣ;

3.ахлоқӣ;

4.бадеӣ;

5. ҳуқуҳӣ;

6.педагогӣ;

7.мазҳабӣ ва амсоли он.

Фарҳанги моддӣ, тавре ки ёдовар шудем, дар маҷмӯъ барои бароварда сохтани ниёзҳои аввалияи инсон равона шуда, воситаи ноил шудан ба ҳадафест, ки онро фарҳанги маънавӣ муайян мекунад. Аз ин рӯ, дар он моҳияти рамзӣ ва арзиши ҳаёти инсонӣ шомил аст. Падидаҳо ва ашёи фарҳанги маънавӣ дар худ ҳамон моҳиятҳои ормониро доранд, ки мӯҷиби эҷоди майдони беинтиҳои таҷдидшавандаи мафҳумҳо (маъниҳо) мегарданд.

Ба таъбири дигар, фарҳанги маънавӣ ҳамчун ҷанбаи идеалии фаъолияти моддии инсон маҳсуб мешавад.

Аз ин рӯ, агар пиндошт, ки фаъолият (деятельность) дорои сохтори мураккаб буда, шомили навъҳои фаъолияте, чун дигаргункунонӣ ё тағйирдиҳанда (преобразовательная) ва иртиботӣ (коммуникативӣ) мебошад. Пас чаҳор соҳаи фаъолияти фарҳанги маънавиро метавон ном бурд. Соҳаи аввал фаъолияти созандагии тахаюли инсониро эҷод мекунад, ки онро навъи лоиҳавӣ ё тарроҳии фаъолият (проективный вид) меноманд, ки арзиши бузурги фарҳангӣ дорад.

Дар таърихи фарҳанг ин навъи фаъолият ба тадриҷ ба соҳаи махсуси фаъолияти маънавӣ мубаддал гардида, ба таҳаввулоту тараққиёти азими башарӣ дар соҳаҳои илму техника, меъмориву ихтироот, низомҳои иҷтимоиву сиёсӣ ва амсоли он оварда расонд. Ба таври хулоса, дар ин соҳаи фарҳанги маънавӣ вектори (махаки) фаъолият ва самтгирӣ ба оянда нигаронида шуда, ормонҳои он тарҳрезӣ мегардад.

Соҳаи дигари фарҳанги маънавӣ ки аз нигоҳи сохтори дохилӣ ба соҳаи аввалӣ ҳамхонӣ дорад, соҳаи фаъолияти маърифатии инсон аст ки дар шакли маҷмӯи донишҳо доир ба табиат, ҷомеа, инсон ва ҷаҳони ботинии ӯ таборуз мекунад. Аз ин рӯ, дониш яке аз унсури асосӣ дар ин соҳаи фарҳанги маънавӣ маҳсуб мешавад, ки метавонад ҳамсанги фаъолияти илмӣ бошад. Мудовимати навҷӯиҳои ақлонӣ бо раванди мутаасили интихоби табиӣ ва тафтиши донишҳои ба даст омада тавозун пайдо мекунад. Ҳаминтавр, дар ҳар як ҷомеа новобаста аз афроди ҷудогона низоми мустақили системаи ҷамъоварӣ,  ҳифз ва интиқоли донишу маълумот ба вуҷуд меояд.

Хулоса, дар раванди ташаккули фаъолияти маънавӣ интиқол ва фарогирии донишҳои наву тозае барои инсон ба хотири баҳравар шудан аз дастовардҳои илмии ҷомеа ба вуҷуд меояд.

Соҳаи сеюми фарҳанги маънавӣ ба фаъолияти самтгирии арзишҳо вобаста буда, гуногунҷанба мебошад. Дар маҷмӯъ маҳаки аслии баҳодиҳии ин соҳа дониш маҳсуб  мешавад, зеро он ҳалқаи пайвасти унсури сохтори зикршудаи фарҳанги маънавист. Аз ин рӯ, дониш ба ҳайси филтири баҳодиҳанда баромад намуда аз фаъолияти баҳодиҳӣ (арзишёбӣ) ҷудо-нашаванда аст. Хислати диалектикии инъикос иборат аз тарзи маърифати ҷаҳон ҳамчун баёнгари аҳамияти он дар аҳдофи таҷоруби иҷтимоӣ мебошад. Дарки хислати маърифати ҷаҳон на танҳо ба дониш эҳтиёҷ дорад, балки ба дарки арзишҳои худи инсон ҳамчун субъекти фаъолият, арзиши донишҳо, эҷод ва ҳамчунин ба арзишҳои ҷаҳони фарҳангие ки инсон дар он зиндагӣ мекунад ниёзманд аст. Ҷаҳони инсон, ин тамоми ҷаҳони арзишҳоест, ки он барои ӯ бо мафҳумҳову маъниҳо анбоштаанд.

Ин соҳа дар навбати ҳуд метавонад ба се бахш ҷудо шавад. Нахуст, ки аҳамияти бештари иҷтимоӣ дорад, фарҳанги ахлоқист. Фарҳанги ахлоқӣ сатҳи инсонӣ, башардӯстии ҷомеа ва фард ба нисбати субъектҳои иҷтимоӣ ба шумор рафта, самтгирии муносибот ба инсон ба ҳайси ҳадаф ва хударзишӣ мебошад.Фарҳанги ахлоқии шахс ҳамчун фарҳанги рафтору кирдори ӯ, аз ҷумла муносибати ӯ дар бораи некиву бадӣ, адолат, ҳаисияти инсонӣ, масъулиятшиносӣ, ангезаҳо ва амсоли он мушаххас мегардад.

Дуввумин бахши арзишӣ-эмотсионалии ин сохаи фарҳанги маънавӣ дар фарҳанги бадеӣ ироа шудааст. Агарчӣ сохтмони дохилии ин бахш ҳоло ба таври пурра таҳқиқ нашудааст, зеро аксар вақт фарҳанги бадеӣ ё ҳунариро коммуникативӣ (муоширатӣ)-и зайл маҳдуд мекунад: «Ҳунарманд-ҳунар-мардум». Ин як бахши худидоракуниест, ки унсурҳои он иборат аз эҷодиёти бадеӣ, арзишҳои бадеӣ (ҳунарӣ), фаъолияти инсон бо тамоми анвояш ироа шудааст, ки он на танҳо бо худи ҳунар (искусство) тавъам мегардад, балки бо тамоми ниҳодҳое, ки ҳунарро фаро мегиранд, шомили фарҳанги бадеӣ мегардад.

Ҷои тазаккур аст, ки дар ҳунар мисли дигар бахшҳои фарҳанги маънавӣ тамоми вазифаҳои он шомиланд. Масалан, фаъолияти тағйирдиҳандагӣ дар фарҳанги бадеӣ дар шакли эҷодиёти бадеӣ мавҷуд аст. Фаъолияти коммуниативӣ бошад дар шакли талаботи асари ҳунарӣ таборуз мекунад, ки қабулу дарки осори ҳунарӣ муколима ё муоширати мардум бо муаллиф ё асари ӯ маҳсуб мешавад. Фаъолияти арзишгузорӣ ё арзишӣ дар таркиби фарҳанги бадеӣ ба шакли арзишгузорӣ ё баҳодиҳӣ ба асари ҳунарӣ ироа мегардад. Фаъолияти маърифатӣ дар шакли таваҷҷӯҳи вижа ба ҳунар, ки дар чорчӯби илми санъатшиносӣ омӯхта мешавад ҷилвагар мешавад. Аммо ҳалқаи марказии фарҳанги бадеӣ ҳунар ба ҳайси маҷмӯи фаъолиятҳо дар маҳдудаи эҷодиёти бадеӣ ва натиҷаи он, образҳои бадеӣ маҳсуб мешавад.

Нақши бузургро дар ҳаёти маънавии инсон дину мазҳаб ифо мекунад, ки бахши сеюми фарҳанги маънавӣ маҳсуб мешавад. Ва фарҳанги мазҳабӣ бар пояи фаъолияти динии инсонҳо аз роҳи тоату ибодат, парастишу риояти як силсила арзишҳои динӣ-ахлоқӣ барои расидан ба ҳақиқати мутлақи илоҳӣ бунёд ёфтааст. Дар фарҳангӣ мазҳабӣ метавон сатҳи идеологӣ ва психологии онро мушаххас намуд. Дар маҷмӯъ фарҳанги мазҳабӣ муносибати вижаи инсонро ба ҷаҳон таҷассум мекунад (дар қатори муносибати амалӣ, маърифатӣ ва бадеӣ).

Бахши чаҳоруми фарҳанги маънавӣ муоширати маънавии инсонҳо бо тамоми шаклҳои мушаххаси он маҳсуб мешавад. Мавзӯи робита шаклҳои муоширати маънавиро муайян мекунад. Муоширати байни инсонҳо, ки дар натҷаи он мубодилаи афкору маълумот ба амал меояд, арзиши баланди фарҳангиро дорост. Муошират метавонад миёни аҳли оила, дар доираи дӯстону ҳамкорон сурат гирад. Дар раванди муоширати афрод дарки дастаҷамъии объект ё ҳодисаи беруна ва дарси амалу рафтор ва ҳаракати худи шахс ба амал меояд. Аз ин рӯ, натиҷаҳои робитаҳо имкони таҳаввулоти дастурот ё рафтори аъзои гурӯҳҳо бар асари омилҳои беруна ба вуҷуд ва заминаро барои ноил шудан ба сатҳи муайяни тафоҳум, таасуроти мутақобила ва созишу мусолиҳаи байни ширкаткунандагони муошират фароҳам меорад.

Муоширати маънавӣ на танҳо дар сатҳи ду шахс, балки дар сатҳи ҳаёти маънавии ҷомеа, ки онро бунёдҳои фарҳангӣ ва хотираҳои мутановвеъи чомеа ташкил медиҳанд, ба миён меояд. Ва натиҷаи фаолияти маънавӣ аз тариқи суханрониҳо, китобҳо ва осори ҳунари дастраси зеҳни (шуури) мардум мегардад. Ва маҳз тавассути ин васоил муошират байни наслҳо, марҳилаҳо ва давраҳои гуногуни фарҳангӣ сурат мегирад.

Дар натиҷа фарҳанги маънавӣ ҳамчун фаъолияте, ки барои рушди маънавии инсону ҷомеабарои бунёди мафкураҳо (идеяҳо), дониш ва арзишҳои маънавӣ, яъне образҳои шуури ҷамъиятро ташкилдиҳанда, ироа мегардад.

Як нуктаро бояд зикр кард, ки фарҳанги маънавӣ бо раванди маънавӣ ва фаолияти маънавӣ яке нест зеро фарҳанги маънавӣ дар ҷараёни фаъолияти маънавӣ танҳо ҷанбаҳои эҷодӣ, навоварӣ, дастовардҳо ва самаранокии онро муайян мекунанд, на тарафҳои репрадуктивии истеҳсолотро.

Аз ин рӯ, фарҳанги маънавӣ инкишофи субъектҳои фаъолияти (тавлидоти) маънавиро на танҳо аз сатҳи фарогирии ғанавоти маънавии он, балки аз нигоҳи рушду нумӯи онҳо ариза медорад.

 2. Типҳои фарҳанг

Типҳои фарҳанг  вобаста ба поя ва асоси тақсимбандашон аз ҳам фарқ мекунанд. Аз нигоҳи намояндагии хеш фарҳанг ба фарҳанги ҷаҳонӣ ва фарҳанги миллӣ тақсим мешавад.

Фарҳанги ҷаҳонӣ  синтези (таркиби) беҳтарин дастовардҳои ҳамаи фарҳангҳо ва тамаддунҳои миллие, ки сайёраи моро фаро гирифтаанд, (аз фарҳанги ҷомеаи ибтидоӣ ва антиқа  гирифта то фарҳанги қарни XXI) маҳсуб мешавад.

Фарҳанги миллӣ бошад, маҷмӯи арзишҳои моддӣ ва маънавии миллате, ки хусусиятҳои хоси зиндагӣ васунатҳои онро ба худ инъикос кардааст. Шаклҳои бузурги милатгароии фарҳангӣ  иборатанд аз аврупоисентризм, амеркоисентризм, африқоисенризм ва осиёсентризм.

Назари муҳаққиқин дар бораи фарҳангҳои  ҷаҳонӣ ва миллӣ мухталиф буда, ин нуқтаи назарҳо асосан дар ҷараёнҳои партикуляризм (ҷузъигароӣ) ва унверсализм хело васеъ баён гардидаанд.

Аз нигоҳи партикуляризм фарҳангиҳои  миллӣ ба таври мустақил, бидуни робитаи ҳамдигар рушд меёбанд. Ҳатто, ин фарҳангҳо да як бӯъди (давраи) таърихӣ фаъолият намуда якдигарро «намешунаванд». Чунин равиши таҳқиқ баёнгари он аст, ки фарҳангҳо гуногун буда, кӯшиши ба як фарҳанги умумиҷаҳании воҳид расиданро надоранд.

Мавқеъгирии муҳаққиқони равиши универсализм бархилофи онҳо буда, мӯътақид ба ваҳдати фарҳангҳои ҷаҳонӣ мебошанд, ки байни ҳам ҳамкории муштарак дошта, бо истифода аз захираи фарҳангии халққҳои гуногун варосати фарҳангиро бунёд ва унверсуми онро эҷод мекунанд. Дар таҷрибаи фарҳангии имрӯз ин ҷабҳагириҳо дар ҳаракати глобалистҳо ва зиддиглобалисҳо табаруз кардааст.

Мавқеи омӯзиши фарҳанги ҷаҳонӣ ё миллӣ мо бояд таваҷҷӯҳи асосиро ба воситаҳои интиқоли мероси фарҳангӣ равона намоем, ки муҳимтарини онҳо тамаддун, суннатҳо, одоту русум (урфу одат), ривоятҳову эътиқодот, маросимҳову маносик, забон ва амсоли он мебошад. Аз ин рӯ, ба таври иҷмолӣ як-яки онҳоро дида мебароем.

Тамаддун – сохти олии фарҳангиест, ки ба дараҷаи камолот худ расида, дорои аломатҳои боризи зоҳирӣ мебошад. Аз ин рӯ, ҳар як сохти олии фарҳангӣ аз комилият бархурдор буда, ба ҳеҷ як аз фарҳангҳои ҷудогонаи миллӣ ва  низомномаҳои давлатӣ мутаалиқ намебошад.

Дар назарияи фарҳанг масъалаи таносуби фарҳанг ва тамаддун яке аз масъалаҳои баҳсангезест, ки андешаҳои гуногуне перомуни он баён шудааст. Аз ин рӯ, дар ин ҷо, пеш аз он ки доир ба дигар воситаҳои интиқоли мероси фарҳангӣ таваққуф намоем, як нигоҳи кӯтоҳе ба ин масъала меандозем.

Вожаи «сивилизатсия», ки муодили тоҷикии онро мо «тамаддун» гуфтем, дар Аҳди қадим барои нишон додани моҳияту дараҷаи Руми қадим ҷиҳати фарқ кардани он аз муҳити барбарӣ истифода шудааст.

Тавре ки забоншиноси маъруфи франсавӣ Э. Бенефист мушаххас кардааст, калимаи «сивилизатсия» дар забонҳои аврупоӣ ба мафҳуми истилоҳиаш дар байни солҳои 1757 то 1772 ворид шуда, ба тарзи нави зиндагӣ, ки моҳияташ болорафтани нақши фарҳанги моддӣ-техникӣ дар шаҳришавии ҷомеа аст, сахт марбут мебошад.

Маҳз аз ҳамон замон мафҳуми то ба имрӯз хело муҳими  сивилизатсия ҳамчун шакли муайяни ҳолати фарҳанг ва ҷомеаи байниэтникии таърихӣ-фарҳангии одамон, ки дорои забони умумӣ, истиқлолитяти сиёсӣ ва шакли рушдёфтаи созмони иҷтимоӣ мебошанд, истифода бурда мешавад.

Бояд ёдовар шуд, ки вожаи «тамаддун», ки имрӯз мо ба ҷои «сивилизатсия»-и аврупоӣ истифода мебароем, вожаи арабӣ буда, маънии «шаҳрнишинӣ, хӯ гирифтан бо ахлоқӯ одоби мардуми шаҳр, ҳамкории мардум бо якдигар дар умури зиндагонӣ ва фароҳам сохтани асбоби тараққӣ ва осоиши худ; маданият»-ро дорад.  Аммо имрӯз вожаи «тамаддун» ҳамчун истилоҳ ба маънии зерин истифода мешавад:

  1. Маҷмӯи хусусиёти муштараки мавҷуд байни ҷомеаҳои пешрафтатар; маҷмӯи  фарогириҳои ҷавомеи инсонӣ, мутаззоди барбарият.
  2. Маҷмӯи падидаҳои иҷтимоии (динӣ, ахлоқӣ, илмӣ, ҳунарӣ, фаннӣ….) як ҷомеа ё як гурӯҳе аз ҷомеъаҳо».

Аз ин рӯ, тавре ки мулоҳиза шуд дар қаламравии форсизабонон корбурди вожаи «тамаддун» низ як навохту як маънӣ нест. Бо вуҷуди ин, мо «тамаддун»-ро муодили «сивилизатсия» истифода мекунем. Мунтаҳо, то ба имрӯз дар илми фарҳангшиносӣ як назари воҳид доир ба таносуби мафҳуми фарҳангу тамаддун (сивилизатсия) ба вуҷуд наомадааст. Тафсирҳое, ки дар атрофии он сурат гирифтаанд зидду нақиз буда, аз мутарадифии ин ду истилоҳ то муқобилгузории қотеъи онҳо ба назар мерасад. Файласуфони аҳди Маорифпарварӣ, қоидатан, ба робитаи ногусастании ин ду мафҳум пофишорӣ доштанд, зеро танҳо фарҳанги олӣ эҷодгари тамаддун аст ва дар навбати худ, тамаддун баёнгари рушду камолоти фарҳанг маҳсуб мешавад.

Дар ҳудуди асриҳои XVIII-XIX тазоде, ки байни фарҳангу тамаддун вуҷуд дошт боз ҳам равшантар шуд. Дар сурати дар фарҳанг боло гирифтани ҷанбаҳои моддӣ – ашёъӣ, миқдорӣ ва оммавӣ он ба тазоди хеш мубаддал мегардад.

Этнографи амрикоӣ Р. Редфилд чунин мепиндорад, ки фарҳанг ва тамаддун ду соҳаи мустақили ҳастии инсон маҳсуб мешаванд, зеро фарҳанг ҷузъи лоянфакки ҳаёти ҳама, ҳатто ҷомеаи хурду рушднаёфтаи одмон буда, тамаддун маҷмӯи малакаву таҷрубиёти ба даст овардаи инсонҳое мебошад, ки дар ҷомеаи мураккаб ва тағйирпазир зиндагӣ мекунанд. Файласуфи қарни XX рус Н. Бердяев дар асараш «Ихтиёр ба зиндагӣ ва озодӣ ба фарҳанг» мафҳумҳои фарҳанг ва тамаддунро чунин таснифбандӣ мекунад: «Фарҳанг раванди зиндагӣ, қисмати зиндаи мардумон астФарҳанг ба ҳадафҳои олии хеш беғараз буда, тамаддун ҳамеша ба ҳадафҳои хеш манфиатдор аст… Ҳар гоҳ, ки ақли бомаърифат (просвещенный разум) барои истифодаи зиндагӣ ва лаззати ҳаёт монеъҳаи маънавиро аз сари роҳаш дур мекунад, … он гоҳ фарҳанг поён ёфта, тамаддун оғоз мегардад…»

Метавон чунин мисолҳоро зиёд овард, ки дар он иртиботи мутақобилаи мафҳумҳои фарҳанг ва тамаддун таҷассум ёфтаанд, то битавон муайян кард, ки чи андоза муносибат ба ин масъала гуногун аст. Тавре ки боз ҳам Н.А. Бердаев тазаккур додаст:

«Фарҳанг ва тамаддун як чиз нестанд, зеро фарҳанг асли наҷибона дорад…Дар фарҳанг ҳаёти маънавӣ на ба таври воқеӣ, балки рамзӣ баён шудааст… Дар он на дастовардҳои охири ҳастӣ, балки танҳо аломатҳои рамзии он дода шудааст….Тамаддун чунин насаби наҷибона надорад… пойдоиши ӯ дунявист. Тамаддун дар натиҷаи муборизаи инсон бо табиат берун аз маъбадҳову ибодатгоҳҳо ба вуҷуд омадааст…Фарҳанг падидаи инфиродӣ ва  такрорнашаванда аст. Тамаддун бошад, падидаи умумӣ ва ҳамаҷо такроршаванда. Фарҳанг дорои рӯҳравон аст, аммо тамаддун танҳо дорои равшан (усул) ва олот мебошад».

Беҳтар аз ҳама, тафовути фарҳангу тамаддунро нависандаи табиатшиноси қарни XX рус Михаил Пришвин хело хуб нишон додаст: «Фарҳанг, ин робитаи байни инсонҳо ва тамаддун – нерӯи ашёъ мебошад».

Бо вуҷуди ин то ба имрӯз, аскаран зери истилоҳи «сивилизатсия (тамаддун)» тарзи зиндагии оқилонаеро, ки ба шакли давлатдорӣ ва тартиботи қонуни созгар аст, мефаҳманд.

Ба таснифбандии навъҳои (типҳои) тамаддун донишмандоне чун О.Шпенглер, П.Сорокин, Н.Я. Данилевский ва амсоли инҳо машғул шудаанд. Аммо дар баррасии навъҳои тамаддун муарриху фарҳангшиноси маъруф А. Тойиби назари хосе дорад. Аз назари эшон дар раванди инкишофи худ тамаддун метавонад ба се дастаи зайл тақсим шаванд: тамаддуни мурда, тамаддуни рӯ ба инкишоф (инкишофёбанда) ва тамаддуни мутаваққифшуда (остановившейся). Ва барои ҳар яки онҳо мисолҳои таърихӣ меорад. Аз ҷумла, Мурда – тамаддуни бостон (мисрӣ, шумерӣ, атиқӣ…)

Рӯ ба инкишоф – тамаддуни ғарбӣ, русӣ, ҳиндӣ, чинӣ ва амсоли он.

Мутаваққифшуда – тамаддунҳои мардуми эскимо, спртанӣ,  оттомонӣ ва ғ.

Суннатҳо. Дигар аз воситаи интиқоли мероси фарҳангӣ – суннат ё анъана ба шумор меравад. Аз ин рӯ, суннат, пеш аз ҳама, интиқол ва ҳифзи таҷрубаи иҷтимоӣ ва фарҳангии насле  ба насли баъдӣ мебошад. Суннатҳо устувории фарҳангро таъмин мекунанд. Ба суннатҳо расму русум, урфу одат, маросим ва амсоли он шомиланд.

Ҷои тазаккур аст, ки суннатҳо дар мурури замон дар марҳалае аз таърихи ҷомеа метавонанд аз байн раванд ва баъдан ду бора эҳё гарданд. Барои мисоли дар Иттиҳоди Шӯравии собиқ ба иллати ҷомеаи атеистӣ будан,таҷлили идҳо ва маросимҳои динӣ-мазҳабӣ, аз ҷумла, Наврӯз дар Осиёи Миёна мамнӯъ эълон шуда буд. Аммо бо мурури замон, аз охири солҳои 60-уми қарни XX Наврӯз ҳамчун рамзи эҳёи табиат ва Соли нав мавриди таҷлил қарор гирифта, баъд аз истиқлоли Тоҷикистон боз ду бора ба ҷашни суннатии миллӣ табдил гардид. Ва  ҳоло аз тарафи ЮНЕСКО ба феҳрасти ҷашнҳои суннатии мардумони Осиёи Марказӣ ва Шарқӣ Наздик дохил шудааст.

Суннатҳо метавонанд мусбат бошанд, яъне аз тарафи бештари мардум пуштибонӣ ёфта риоя карда шаванд ва ҳам метавонанд, қобили қабул набошанд, (бо сабабҳое барои мардум таҳмилӣ бошанд). Илова бар он, ҳар як халқ суннатҳои хешро дорад, ки барои халқи дигар метавонад қобили дарку қабул набошад.

Одоту русум (урфу одат). Урфу одат ё одоту русум иборат аз низоми меъёрҳои рафтору кирдорест, ки ба шакли одату расм даромадааст.

Ҳиродот, падари илми таърихи Юнон  як расмеро аз замони ҳукмронии Дорюш ҳикоят кардааст. Шоҳаншоҳ юнониҳоро ҷамъ карда, мепурсад, ки бо кадом қиммат (маблағ) онҳо розианд, то ҷасадҳои волидони худро бихӯранд. Юнониён гуфтан, ки ба ҳеҷ қиммате бо ин амал розӣ намешаванд. Он вақт Дорюш ба гурӯҳи каллатиҳо (қабилае аз  ваҳшиёни ҳиндӣ), ки мурдаи волидони хешро мехӯранд, пешниҳод мекунад, то ба ивази инъоми калон мурдаи волидонашонро дар оташ бисӯзонанд. Онҳо дар ҷавоб нолаву фарёд карда аз шоҳ хоҳиш карданд, ки куфр нагӯяд ва онҳоро таҳқир мекунад. Аз ин таҷриба шоҳ Дарюш чунин натиҷагирӣ мекунад: Урфу одат шоҳи ҳама чиз аст.

Ривоятҳо ва эътиқодот урфу одатро шарҳу эзоҳ дода, пояҳои ҷаҳонбинии онҳоро таъмин мекунанд ва дар навбати хеш одату русум нишондиҳандаи ахлоқ низ мебошад.

Маросиму маносик (одат) иборат аз низоми фаъолиятҳоест,ки ба воситаи одату расм (расму русум) анҷом ва мустҳкам карда мешавад. Маросимҳо метавонанд оилавӣ, касбӣ ва ҳирфаӣ бошанд. Барои мисол, рӯзи маросими савгандёдкунии сарбозон ва амсоли он.

Забони фарҳанг. Забони фарҳанаг  воситаи сабти падидаҳои фарҳангӣ буда, василаи  умумие барои баён, ҳифз ва интиқоли мазмунҳо ва арзишҳои фарҳанг ба шумор меравад. Устувории забон ҳамчун ҳомили фарҳанг ба қобилияти дар шаклҳои мухталифи рамзӣ ва аломатӣ ифода ёфтани мазмун мушаххас мегардад. Забони фарҳанг метавонад шифоҳӣ ва ғайршифоҳӣ, тасвирӣ ва абстрактӣ (архитектоникӣ ва ороишӣ), монологӣ ва дигалогӣ (гуфтугӯӣ) бошад. Забон на танҳо мушаххас, балки зимни иҷрои вазифаи бевоситаи хеш тафсиру ошкор мекунад. Ба шарофати ҳамин қобилияташ забон рамзи (коди) фарҳангии таърихии замони хеш маҳсуб мешавад.

Фарҳангҳои ҷаҳонӣ ва миллӣ ҳангоми таснифбандии дақиқ фарҳанги иҷтимоӣ ҷомеаро ба вуҷуд меоранд, ки он чунин зерфарҳангҳоро доро буда метавонад: этникӣ, табақотӣ (синфӣ), шаҳрӣ, рустоӣ, касабавӣ ва ҳамчунин фарҳанги ҷавонон, оила ба шахси ҷудогона (фардӣ).

Дар навбати худ, ин ҳама гуногуншаклии зерфарҳанг (субкультура) аз рӯи аломати паҳншавиашон ба фарҳангҳои оммавӣ (массовая), элитарӣ ва оммафаҳм (популярная) ва ҳамчунин ба зиддифарҳанг (контркультура) ва бефарҳангӣ (окультура) тақсим мешаванд.

Фарҳанги оммавӣ (массовая), фарҳангест, ки дар замони муосир хело васеъ паҳн шуда, барои қонеъ кардани ниёзҳои фарҳангии оммаи мардум нигаронида шудааст.

Пайдоиши ин навъи фарҳангро қоидатан, ба Инқилоби илмӣ-техникӣ (ИИТ) вобаста медонанд, ки комилан дуруст аст. Дар Россия дар миёнаҳои асри XIX ҷараёне ба номи «Фарҳанг барои халқ» ба вучуд омада буд, ки ҳадафаш паҳн кардани адабиёти динӣ, асарҳои бадеии сентименталӣ ва саргузаштҳои пурҳодисаву моҷароҷӯёна ва амсоли он ба шумор мерафт. Чунин равиш дар адабиёту фарҳанги ибтидои асри XX кишварҳои Шарқӣ Наздик, аз ҷумла Туркияву Эрон ва Осиёи Миёна низ ба мушоҳида мерасид, ки сад дар сад метавон онҳоро ба фарҳанги омма шомил кард. Воситаҳои ахбори оммаи имрӯз ин фарҳангро барои миллионҳо нафар дастрас мекунанд.

Афзалияти ин навъи фарҳанг, пеш аз ҳама, дар демократӣ будан, дастрас будан, интишори зиёд доштан ва қобилияти то андозае дар фориғсохтани инсон аз массили муҳими иҷтимоӣ мебошад.

Ин фарҳанг бар пояи архетипҳо, устувор аст, яъне дарки нохудогоҳи таркибҳои асосии ҳаёти рӯзмарра, аз қабили ишқ, хушунат, меҳнат, саодат ва амсоли он мебошад.

Маҳз ҳамин хусусияти ин фарҳанг ҷанбаи хатирноки он аст. Муҳим ин аст, ки ВАО дар дасти кадом қувва қарор мегирад, зеро аз гардонандагони ВАО мӯҳтавову ҳадафи фарҳанги омма ва таъсири ӯ ба афкору андешаи мардум вобастагии калон дорад.

Исботи гуфтаҳои боло, татбиқи марҳила ба марҳила ва тадриҷии доктринаи зидди шӯравие,  ки аз забони сиёсатмадори амрикоӣ Ален Даллес чунин баёнгардида буд: «Лаҳза ба лаҳза фоҷиаи марги ин мардуми саркаши рӯи замин бо хомӯш сохтани худогоҳии ӯ ба роҳ андохта мешавад. Адбиёт, театр ва кино ҳама дастаҷаъмона пастарину зиштарин эҳсосоти шаҳвониву ваҳшонии инсонро тасвиру таблиғ мекунанд. Мо ҳама ҷониба он ҳунармандону адибонеро дастгирӣ мекунем, ки ба воситаи ҳунару осори хеш дар шуури одамон парастиши  шаҳвату зӯрӣ, садизму хиёнат, хулоса тамоми бадахлоқиро талқин мекунанд.

Дар идороти давлатӣ мо бесарусомонӣ ва ҳарҷу марҷро ба вуҷуд меорем. Поквиҷдониву шарофатмандӣ мавриди тамасхур қарор гирифта, ба мероси гузаштаи нолозим табдил меёбад. Бешармию густохӣ, дурӯғу фиреб, бадмастиву нашъамандӣ, тарси ҳайвонӣ аз якдигар, беҳаёӣ, миллатчигиву душмании байни халқҳо чун гулҳои пурбарг дар он ҷомеа мешукуфанд» (Олейник Б.И. Шоҳи зулмат//Роман газета.1993). Бояд ёдовар шуд, ки мутаассифона, илҳомбахш ва гардонандаи «ҷанги сард» як чизро дар он барномааш аз назар дур кардааст,  ки қурбонии аввали ин сиёсат худи мардуми амрикоӣ қарор мегирад. Ва дар амал ҳам исбот шуд, ки ҳоло ҷомеаи Амрико аз самараи ин сиёсат роҳи раҳоиро ҷустуҷӯ доранд.

Дар бораи нақши фарҳанги омма дар ҳаёти иҷтимоии муосир донишмандони зиёди ҷаҳони Ғарб андешаронӣ намудаанд, аз ҷумла О. Шпенгнер дар асараш «Ғуруби Аврупо», А.Швейсер дар «Фарҳанг ва ахлоқ», Х.Ортеги-и Ҳассет дар «Қиёми тудаҳо» ва Эрих Фром  дар «Доштан ва будан»  ин масъаларо ба таври ҷиддӣ баррасӣ намудаанд. Дар ин таҳқиқот фарҳанги оммавии муосир ҳамчун ҳадди аксари баёни маънавияти вобаста, ки василаи бегонагӣ ва афсурдахотирии шахс ва таҷассуми муносибати худсардона ба арзишҳои ҳаёти инсон мебошад, арзёбӣ гардидааст.

Х.Ортеги – и – Ҳассет дар асараш «Таназзули башардӯстии фарҳанг» саҳнаи марги шахси маъруферо тасвир мекунад, ки дар он лаҳза завҷаи он мард, табиб, рӯзноманигору рассом ҳузур доранд. Ҳар кас ин ҳодисаро аз мавқеи шахсии хеш арзёбӣ мекунад ва танҳо рассом, ки аз доираи ин андӯҳ дур аст, дар тасвири воқебинонаи хеш ҳадди ақали эҳсосро дарк ва тасвир кардааст.

Ҳаминтавр, фарҳаги оммавӣ хислати агрессивӣ дошта, саъй мекунад доираи нуфузи хешро ба воситаи таксиру (зиёдкардану) тақлилии меъёрҳое, ки табиати нохудогоҳи инсон бар зидди онҳо муқобилият карда наметавонад, васеъ намояд.

Фарҳанги сода (оммафаҳм). Ба ин навъи фарҳанг фарҳанге шомил аст, ки арзишҳо ва ғояҳои башардӯсти ба тарзи сода ва оммафаҳм барои рафъи эҳтиёҷоти маънавии инсон равона карда шуда, қодир аст моҳияти суннатҳои фарҳангро муҳим гардонида, онҳоро таҷдид намояд.

Дар солҳои 70-80-ӯми қарни XX дар кишварҳои ғарбӣ фарҳангӣ сатҳи миёна (мидкультура) тасаллут пайдо кард, ки дар он омезиши намунаҳои фарҳанги олӣ ва оммафаҳм ба амал омад ва ин падида боиси ривоҷи фарҳанги оммафаҳм гардид.

Ба шарофати таъсиси фарҳанги оммафаҳм бисёре аз шоҳкорҳои адабиёти ҷаҳон ва сужетҳои Китобҳои Муқаддас ба тарзи оммафаҳм аз тариқи синамо барои тӯдаҳои мардум ба намоиш гузошта шуданд. Аз ҷумла, «Ҷанг ва сулҳ»-и Л. Толстой, «Эллиада» ва «Одисей»-и Гомер, сужетҳои Китобҳои Муқаддаси динӣ, аз қабили «Достони Юсуф пайғамбар», «Эсои Масеҳ», дар Тоҷикистон дар солҳои 80-ӯм филмҳои «Достони Сиёвуш», «Рустам ва Сӯҳроб» аз «Шоҳнома»-и Фирдавсии бузург ба навор гирифта шуда,  ва амсоли он, барои боло будани сатҳи маънавии тамошобин саҳми беандза намуданд. Ҳамчунин дар соҳаи мусиқӣ низ дар ин давра як навъ синезии мусиқии классикӣ (синфонӣ) бо мусиқии рок  ба вуҷуд омад. Ба миён омадани рок – операҳо, оператторҳои муосир низ маҳсули ҳамин падида аст.

Аз он ҷост, ки рисолати муҳими фарҳанги оммафаҳм, пеш аз ҳама, дар миёнаравии (миёнҷигарии) он аст, ки фарҳанги омма ва элитиро ба ҳам пайванд дод.

Фарҳанги элитарӣ (зубда). Ин фарҳанг иборат аст аз маҷмӯи дастовардҳои эҷодии инсоният, ки барои дарки ва эҷоди он омодагии махсусе лозим аст. Фарҳанги мазкур барои ҳифз мабдаъ ва пафоси эҷодӣ нигаронда шудааст.

Дар фарҳангшиносии Ғарб консепсияи фарҳанги элитарӣ ба таври ҳадафманду тадриҷӣ дар осори Х.Ортеги-и-Ҳассет баён ёфтааст. Аз нигохи ин муҳаққиқ дар ҳар як ҷомеа қишри элита вуҷуд дорад. Элита (зубда ё нухба) гурӯҳе ё қишре аз ҷомеа, ки дорои қобилият баланди ақлонӣ ва ахлоқи ҳамида буда, дорои дарки олии эстетикӣ мебошанд. Маҳз ҳамин қишри ҷомеа боиси тараққиёти он мегардад. Аз ин рӯ, фарҳанги элитарӣ аз нигоҳи мӯҳтаво ва равишҳои бузурги он гуногуншакланд.

Санъати (ҳунари) элитарӣ дар ду шакли назарявӣ инкишоф меёбад, яъне дар шакли инзивои эстетикӣ (эстетического изоляционизма) ва панэстетизм.

3.Навъи фарҳанг

Баъзе аз намудҳои фарҳангро ба таври комил намешавад ба фарҳанги моддӣ ва на ба маънавӣ шомил кард, зеро онҳо аз ҳар ду фaрҳанг бархурдор буда, як навъ омезиши ин дуро дар худ таборуз медиҳанд. Онҳо иборатанд аз фарҳанги ҷомеа, фарҳанги чисмонӣ-маишӣ ва амсоли он.

а) Фарҳанги чомеа(сотсиалӣ). Ин фарҳанг истеҳсол, рушд ва такомули шароити ичтимоии ҳаёти инсонро дар бар мегирад. Ин фарҳанг тамоми фаъолияти давлат ва дигар ниҳодҳои иҷтимоӣ,ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҳамагуна идороту муассисоте, ки ба таври воқеи «ҷисм»-и  ҳастии ҷомеаро ташкил медиҳанд, дар худ шомил мекунад. Фарҳанги ҷомеа  дар муносибати иҷтимоӣ баён гардида, раванди дар ҷомеа ба вуҷуд омада, сохтори иҷтимоии он, ташкили қудрати сиёсӣ, меъёрҳои ҳуқуқии мавҷуда, навъҳои идоракунӣ ва шеваҳои роҳбарии онро нишон медиҳад. Фарҳанги сиёсӣ ва фарҳанги ҳуқуқӣ низ шомили фарҳанги ҷомеаанд.

б) Фарҳанги чисмонӣ-маишӣ. Ин фарҳанг аз чаҳор соҳа иборат аст: Якум: фарҳанги тавлиди насли инсонӣ, ки он ба муносибати маҳрамонаи инсон дахл дошта, яке аз зинаҳои фарҳанги умумии шахс маҳсуб мешавад. Ва тарбияи насли наврас ва муҳаё сохтани шароити лозим ва вазифаҳои муҳими ҷомеа аст. Дуввум: Фарҳанги тарбияи ҷисмонӣ ва спорт шомили рушди маҳорати ҷисмонии инсон ва тарбияи бадани ӯ мебошад. Сеюм: Тарзи ҳаёти солим. Ба ин соҳа фарҳанги ғизохурӣ, танзими рӯзи корӣ ва истироҳат, озод будан аз ҳар гуна одатҳои зишт ва амсоли он шомил аст.  Ниҳоят соҳаи чаҳорум; фаъолият дар соҳаи тандурустӣ. Ин соҳа ба нигоҳдории саломатии инсон, рушди тиб дар ҷомеа ва тарбияи инсон аз ҷаҳоти ҷисмонӣ ва рӯҳӣ солим нигаронида шудааст.

test

Добавить комментарий