Қонунҳои фарҳангӣ ва шароити амалкарди онҳо

1 Қонунҳои фарҳангӣ.

2.Шароити амалкарди фарҳанг.

1. Қонунҳои фарҳангӣ

Ҳангоми омӯзиши фарҳанг бояд пайдоиши қонунманди хусусиятҳои танҳо ба фарҳанг хосро дар назар дошт. Ва ин хусусиятҳои қонунманд қарори зайланд:

1. Фарҳанг қобилияти нуфузи ҳамаҷониба дошта, тамоми ҷанбаҳои ҳаёти инсонро фаро мегирад ва хислати ҷамъоварандагӣ (интегратсионӣ) дошта, шаклҳои мухталифи фарҳангро дар як системаи (низоми) ҳаёти маънавӣ муттаҳид месозад. Ин амал хислати унверсалии фарҳанг маҳсуб мешавад.

2. Дар маҷмӯъ инкишофи фарҳанг хислати мутаззодро дорад, ки дар асоси як қатор омилҳои иҷтимоии хислатҳои иқтисодиву сиёсӣ дошта, муайян мегардад. Ва ин амал боиси ба миён омадани нобаробарӣ ва номутаносибии соҳаҳои мухталифи фарҳанг, аз қабили илм, ҳунар, мазҳаб ва амсоли он мегардад. Масалан, дар даврони асримиёнагии Аврупо инкишофи асосӣ дар соҳаи дину мазҳаб буд, дар даврони маорифпарварӣ нақши ҳалкунандаро илм бозӣ мекард ва дар ҷомеаи кунунӣ соҳаи муҳиму ҳалкунандаро сиёсат ба дӯш дорад. Ин хислат  аҳамияти иҷтимоӣ доштани фарҳангро нишон медихад.

3. Бо доштани мустақилияти нисбӣ фарҳанг дар худ таъсири шароити таърихии даврро низ мунъакис мекунад, аммо на ҳамеша дар рушду такомули хеш бо даврони таърихӣ ҳамқадам аст,яъне фарҳанг метавонад аз даврони таърихӣ пеш биравад ё ақиб монад. Барои мисол, дар ғуруби асрҳои миёна фарҳанги Эҳё ба вуҷуд омад, ки бо мӯҳтавою хислати хеш аз даврони таърихиаш хело пешрафтатар буд. Бӯҳрони  фарҳангӣ, аломати аз ниёзҳои ҷомеаи таърихи давр ақибмондан аст. Ҷомеаи мо дар айни замон ба он арзишҳои фарҳангие ниёз дорад, ки миллатро муттаҳид созад, мунтаҳо ин амал вуҷуд надорад. Ин ҳама хислати динамикии фарҳанг маҳсуб мешавад.

4. Ташаккул ва густариши фарҳанг аз сатҳи рушди фарҳанги моддӣ ва маънавии ҷомеа вобаста буда, дар навбти худ ин ду дар робитаи мутақобила ва вобастагии ҳамдигарӣ қарор доранд. Фарҳанги моддӣ асос ва пояи густариши фарҳанг ба шумор меравад, зеро арзишҳои маънавӣ дар шакли моддӣ ариза мешаванд. Ин арзишҳои маънавӣ метавонад осори таърихӣ, осори меъморӣ, таблои наққошӣ ва амсоли он бошад.

Фарҳанги маънавӣ манбаи муҳаррики ҳама гунна арзишҳоест, аз ҷумла арзишҳое, ки дар шакли моддӣ мавҷуданд. Ин хосияти онтологии (ҳастии) фарҳанг ва шарти асосии мавҷудият маҳсуб мешавад.

5. Ҳолати махсуси фарҳанг аз нигоҳи ғановоту шодобии он аз манобеи халкӣ ва миллии он муайян мегардад. Ҳар қадар он гуногуну пурмуҳтаво бошад, ҳамон қадар фарҳанг дорои хусусиятҳои хос мегардад. Чунин гуногунҷанбагиву рангронгиро мо метавонем дар фарҳангҳои Русия ва ИМА мушоҳида намоем ва ё дар фарҳанги Ҳиндустон. Ин хосияти мултиэтикии фарҳанг ба шумор меравад.

6. Фарҳанг муҳимтарин шаклест, ки тавассути он варосати рушди таърихии ҷомеа баён мегардад. Ба воситаи мероси фарҳангӣ ҷанбаҳои мухталифи ҷомеа мавриди омӯзиш қарор мегирад ва аз ин ру, фарҳанг барои дигар илмҳон башарӣ (таърих, этнография, бостоншиносӣ ва амсоли он) манбаи омузиши ҷомеаи башарӣ мебошад. Ин хосияти методологии фарҳанг ҳисоб мешавад.

2. Шароити амалкарди фарҳанг

Шароити амалкарди солими фарҳанг аз омилҳои моддӣ ва маънавии ҷомеа вобаста аст.

Омилҳои моддӣ барои мавҷудияти фарҳанг имкон фароҳам меоранд. Аз ҷумла:

1. Мавҷудияту рушди ниҳодҳои иҷтимоӣ ҳамчун воситаҳои бунёди фарҳанг (муассисот ва созмонҳои иҷтимоӣ ) низоми идораи фарҳангро ташкил медиҳанд.

2. Мавҷудияти шабакаҳои густурдаи фарҳангӣ (музейҳо, намоишгоҳҳо, театрҳо…) барои иҷтимоигардонии шахс ва дастрасӣ пайдо кардан ба мероси фарҳангӣ ва рушди эҷодии ӯ мусоидат мекунад.  Ин шабакаҳои интишори фарҳанг се вазифаи муҳимеро ба ҷо меоранд: а) эҷодгароӣ (креативӣ), б) мемориалӣ (ҳифзи таҷрибаи фарҳангӣ) в) тафреҳӣ-фароғатӣ.

Омилҳои маънавӣ дар маҷмӯъ барои инкишофи фарҳанг мусоидат менамоянд ва дараҷаи ниёзи ҷомеаро ба фарҳанг муньакис месозанд. Дар сурате, ки ҷомеа дар рушди мушаххасе аз арзишҳои фарҳангӣ тамоюл надорад, пас онҳо аз тарафи худи ҷомеа дур карда мешавад.

Дар буриши шароити моддиву маънавӣ имкони воқеии мавҷудияти фарҳанг ва фаъолияти мӯътадили ҷомеаи инсонӣ ба вуҷуд меояд. Барои ин зарур аст, то он чизеро, ки барои мавҷудияти ҷомеаи башарӣ хатарнок аст, бартараф намуд. Ва он хатарҳо иборатанд аз ҷанг, қаҳтӣ, фақр, масоили экологӣ, ваъзи маорифу тандурустӣ ва муҳити созгори иҷтимоӣ-фарҳангӣ, ки дар он арзишҳое, чун эҳтиром ба хусусиятҳои миллии шахсияти инсон ва майл ба рушди фарҳангӣ нишондодҳои асосӣ мебошад.

add

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте как обрабатываются ваши данные комментариев.