Фарханг ва табиат

1. Фарҳанг ҳамчун табиати сонӣ.

2. Ҷанбаҳои ҳамкорӣ ва таъсири мутақобилаи фарҳанг ва табиат.

1.Фарҳанг ҳамчун табиати сонӣ

Бидуни мушаххас сохтани таносуби байни табиату фарҳанг тавсифи падидаи фарҳанг номукаммал аст. Зеро таҳқиқоти фарҳангшиносон нишон медиҳад, ки фарҳанг падидаи ғайрибиологӣ буда, онро ба табиат шомил кардан ғайри имкон аст, аммо дар навбати худ фарҳангро аз ҳеч чиз сохтану баровардан, ба ҷузъ аз худи табиат мумкин нест. Аз ин рӯ, дар бораи тафовуту ягонагии “табиат (сиришт)” ва ” фарҳанг” баҳсҳо зиёд аст. Яке аз нахуст таърифе, ки вижагии фарҳангро ифода мекунад, чунин аст: “Culture contro nature-фарҳанг зидди табиат аст.” Ба таъбири дигар, фарҳанг ҳамчун падидаи фавқуттабиӣ, бо он фарқ мекунад , ки на ба таври табиӣ худ аз худ пайдо мешавад, балки маҳсули фаъолияти инсон ба шумор меравад. Дар айни замон фарҳанг дар худ ҳам фаъолият ва ҳам маҳсули фаъолиятро таҷассум мекунад.

Фарҳангро аксаран «табиати сонӣ» меҳисобанд. Чунин андеша аз Юнони қадим сарчашма мегирад, зеро Демокрит фарҳангро «фитрати сонӣ (вторая натура)» ҳисобида буд. Оё чунин таъриф дуруст аст?

Ба таври умум, метавон онро қабул кард. Вале, дар айни замон, бояд мушаххас сохт, ки воқеан ҳам фарҳанг дар муқобили табиат қарор дорад? Маъмулан, фарҳангшиносӣ ба фарҳанг. ҳама чизҳои ба дасти инсон сохташударо шомил мекунад.

Табиат инсонро офарид ва инсон бо заҳмати хастагинопазирии хеш «табиати сонӣ», яъне фазои фарҳангиро ба вучуд овард. Аз ин рӯ, табиати сонӣ баёнгари робитаи мудовими фаъолияти эъҷодгарои инсон ба табиат мебошад, ки дар ин ягононагӣ фарҳанг бо ҳайси «табиати сонӣ» шинохта мешавад. Ва дар ин ҳамкории мутақобила инсон ду шакли фаъолиятро истифода мебарад. Аввал, ба таври бе восита аз захираҳои табиӣ (биохимӣ ва муқаррарӣ) истифода мекунад. Дуввум, ки шакли асосӣ маҳсуб мешавад, бо тағийр додани табиат ба эҷоди он чизе, ки дар табиат ба таври тайёр вуҷуд надорад, мекӯшад, ки онро артефактҳо меноманд. Онҳо ҳам барои рафъи ниёзҳои биологӣ (ба сатҳи олӣ бар иловаи неъматҳои табиӣ) ва ҳам барои талаботи ғайритабиӣ, яъне иҷтимоӣ равона шудаанд. Ба ин ҷаҳони нави одамӣ, яъне «табиати сонӣ» на танхо ашёъ ва ҳосили меҳнату асосҳои моддии муносибати иҷтимоӣ ва фаъолияти муштараки инсону табиат барои тағири худи табиат, балки худи «табиати сонӣ» ва таҳаввулоти ба инсон рухдода, то зуҳроти чисмониаш дохил мешаванд.

Гоҳо ин истилоҳ («табиати сонӣ») дар ҷомеа ба мафҳуми «фарҳанг», ки онро инсон «зӯран» бо заҳмату ақлаш аз худи табиат гуё ҳамчун «натура» ҷудо кардааст, ба як мафҳум кабул карда мешавад. Аммо, дар ҳолати чунин будан, пас дар ҳалли ин муаммо як навъ нуқсон ба чашм мехӯрад. Дар ин андеша парадоксе ба вуҷуд меояд, зеро барои эҷоди фарҳанг фосила гирифтан аз табиат лозим аст. Ин тарзи тафаккур чунин натиҷа медиҳад, ки аз’ табиат дида барои инсон гуё фарҳанг мухимтар аст, то инсон дар он худро таборуз диҳад. Шояд ҳамин андеша дар мавриди фарҳанг сарчашмаи муносибати тороҷгароне ба табиат ва боло бурдани мартабаи фарҳанг ба нисбати табиат шуда бошад?

Аммо набояд фаромуш кард, ки фаъолияти инсон, махсусан, дар марҳалаи ибтидои инкишофи башар, таъбан бо он чӣ ки табиат дар шакли аввалаш барои инсон пешниҳод кардааст, вобастагӣ дорад.

Омилҳои табиӣ (ландшафт, обуҳаво, будан ё набудани манобеи энергетикӣ ва ё дигар захираҳои табиӣ) метавонад дар соҳаҳои мухталиф, аз ҷумла, аз олоти меҳнат ва технологияи он cap карда то хусусиятҳои маишӣ ва сатҳи олии ҳаёти маънавӣ таъсири бевосита дошта бошад. Ин ҳама баёнгари он аст, ки воқеияти фарҳангӣ дар сиришти хеш як навь фаъолияти табииву тағирёфтаи инсонӣ мебошад.

Дар айни замон, фарҳанг то ҳадде тазоди табиат, ки безавол ва бидуни дахолати фаъолияти инсон инкишофёбандааст, маҳсуб мешавад.

Ҳамин тавр, пайдоиши фарҳанг ҳамчун навъи фаъолияти фавқуттабиӣ ваҳдати фарҳангро бо табиат истисно намекунад ва зарурияти мавҷудияти омилҳои табииро дар инкишофи он ҳатмӣ меҳисобад. Аз инҷост ки шароити табиӣ барои шаклҳои мавчудияти фарҳанг муассиранд. Барои мисол. Шаклҳои фарҳанги маишӣ ва тарзи зиндагии мардумони кӯҳистонии Қавқоз, Ҳимолай, Помир ва Кордильверо агар бо ҳам муқоиса кунем, боварӣ ҳосил хоҳем кард, ки вижагии муҳити табиӣ (ландшафт) як мушобиҳати умумиеро дар бисёре аз ҷанбаҳои фарҳанги маишии онҳо гузоштааст. Ҳамин ҳолатро дар бораи мардумоне, ки дар манотиқи тропикӣ ё даштҳои васеъ зиндагӣ мекунанд, гуфтан мумкин аст.

Таъсири амиқи муҳити табиӣ дар тарзи зиндагии инсон ва фарҳангӣ ӯ бори нахуст аз нигоҳи назариявӣ дар консепсияи «детерминизими геошаҳрвандӣ» баён шудааст. Ин назарияи фарҳангшиносӣ ва сотсиологӣ вижагии ҳаёти инсон ва ҷомеаро дар сабабҳои табиӣ ҷустуҷӯ намуда, нақши муҳити ҷугрофиёро дар ташаккул ва фаъолияти фарҳанг асосӣ медонанд.

Муҳити табиӣ маҷмӯи ашёъ ва падидаҳои табииест (замин, ҳаво, об, наботот, ҳайвонот ва амсоли он), ки дар ҷараёни фаъолияти инсон шарик буда, шароити заруриро барои мавҷудият ва инкишофи инсону ҷомеа ба вуҷуд меорад. Воқеан, бо рушди иқтисод қаламрави муҳити чугрофиёӣ низ васеъ мешавад, аммо набояд муҳити ҷуғрофиёиро бо муҳити табиӣ як шуморид.

Андешаи вобостагии махсуси ҷомеа ва фарҳанги он аз муҳити ҷугрофиёиро дар Аҳди бостон файласуфоне, чун Демокрит, Гипократ ва Геродот баён дошта буданд. Аммо дар Аҳди ҷадид идеалогияи детерминизми ҷуғрофиёӣ бар муқобили афкори динӣ-мазҳабӣ , яъне доир ба атои Худо будани ҳаёти иҷтимоӣ (Боден, Монтаскиё, Тюрго), равона карда шуда, нақши омилҳои табииро барои фарҳангу ҷомеа муҳим меҳисобад. Дар замони муосир низ андешаи детерминизми ҷугрофиёӣ аз нигоҳи муҳити экологӣ хело актуалӣ арзёбӣ мешавад.

Фарҳанг бо фаъолияти фавқуттабии худ натанҳо дар табиат, балки бо худи табиат як ҷо вуҷуд дорад. Гузашта аз ин, фарҳанг таъсири мутақобилаи зотӣ бо табиате дорад, ки ба воситаи фаъолияти инсон тағийр ёфтааст.

Аз ин рӯ, бидуни табиат худи фарҳанг ҳам наметавонад вуҷуд дошта бошад, зеро инсон дар дохили табиат эҷод мекунад ва аз манобеи табиӣ истифода бурда неруи фитрии хешро ба воситаи он таборуз медиҳад. Аммо, агар инсон ба қаламрави табиат дахолат намекард, фарҳанг ҳам ба вуҷуд намеомад. Фарҳанг ҳамчун масҳули эъҷоди инсон дар назди табиат афзалият пайдо мекунад, гарчанде манбаъ, мавод ва макони фаъолияти он худи табиат ба ҳисоб меравад.

Инсон табиатро дигаргун ва такмил мекунад. Фарҳанг, пеш аз ҳама, ташаккул ва эҷод аст. Ба ҳам муқобил гузории фарҳангу табиат маънӣ надорад, зеро инсон дар марҳилаи муайян худ низ маҳсули табиат аст, гарчанде натанҳо табиат, инсон ҳам сад дарсад табиӣ нест ва нахоҳад буд, зеро аз пайдоиш то поёни таърих худ, ӯ танҳо «инсони фарҳангӣ (бо фарҳанг)», яъне «инсони эъҷодкор» буд, ҳаст ва хоҳад буд.

Аммо тасарруфи зоҳирии табиат, ба зоти худ, маънои фарҳангро надорад, гарчанде яке аз шартҳои мавҷудияти фарҳанг маҳсуб мешавад. Фарогирии табиат маънои тасаллути на танҳо зоҳирӣ, балки ҳаёти дохилии онро низ дар назар дорад. Маҳз инсон ба ин амал қодир аст ва ӯ нахустин гомро барои ҷудоӣ (шикоф) бо табиат гузошт, то бар пояи он, ҷаҳони худ, ҷаҳони фарҳангро ҳамчун дараҷаи олии эволюция (таҳаввули тадриҷӣ) эъҷод намояд. Аз тарафи дигар, инсон ҳамчун ҳалқаи пайванд байни табиат ва фарҳанг низ хидмат мекунад. Гузашта аз ин, мавҷудияти ботинии ӯ ба ҳар ду низом (система) баёнгари он аст, ки миёни табиат ва фарҳанг муносибат мутақобилаву воҳид аст, на мухолифу зиддиҳам,

2. Ҷанбаҳои ҳамоҳангӣ ва таъсири мутақобилаи фарҳанг ва табиат

  • Ҷанбаи аввал ва асосӣ ҷанбаи иктисодӣ- амалӣ ба шумор меравад. Дар қадами аввал, ин ҷанба аз шароити табиӣ, захираҳои маъданӣ ва табиӣ (махсусан, дар ибтидои таърихи башар) тарзи зиндагии инсон сарнавишти кишварҳо, халқҳо ва фарҳангҳо вобастагии калон дорад. Бовуҷуди ин, дар замони ҳол, яъне дар аҳди Инқилоби илмӣ-техникӣ (ИИТ) омилҳои табиӣ дар қудрати иқтисодии кишварҳо ва фарҳангҳо нақши ҳалкунанда надоранд – ва дар ин давра ин нақшро на шариоти табиӣ ва захираҳои зеризаминиву табиӣ, балки омили инсонӣ мебозад.
  •  Ба ҷанбаи аввалӣ, ҷанбаи дуввумӣ, яъне ҷанбаи экологӣ ба ҳам иртиботи қавӣ доранд. Инсон бо он чӣ имрӯз бо табиат кардааст, аз ӯ набояд тараҳҳум ҷӯяд.

 Тавозуни экологӣ, ҳифзи табиат, технологияи аз ҷиҳати экологӣ тоза яке аз ҷанбаҳои муҳими вазъи кунунии масъалаҳои таносуби «фарҳанг ва табиат» ба шумор меравад.

Фоҷеаи глобалии экологие, ки ҷаҳони муосирро таҳдид мекунад, дарки оқилонаи таносуби табиат ва фарҳангро яке аз масоили доғи рӯз қарор додаст. Бешубҳа дар раванди таърих «табиат (натура)» ба фарҳанг табдил мешавад. Фазои табии ҳаёти мо бештар «башарӣ мешавад». Фаъолияти муассири инсон барои дигаргунсозии саёраи Замин рӯ ба афзоиш дорад ва бешубҳа дар ин раванд инзивои(отчуждение) фарҳанг аз табиат ба амал меояд. Мо дар ҷаҳони маснӯии хеш зиндагӣ мекунем, ки нерӯи рӯзафзуни инсон бар зидди худи ӯ нигарода мешавад. Ин ҷо бе маврид нест, агар пешгӯии нависандаи нимаи авали асри XX рус Михаил Пришвинро ба ёд биёрем, ки гуфта буд: «Табиат бидуни фарҳанг метавонад бошад…, аммо фарҳанг бе табиат зуд аз байн меравад».

Имрӯз, ки инсоният дар ҳолати ихтилофи байни табиату фарҳанг карор дорад, ёфтани «роҳи созиш» бо ҷаҳони табиӣ аз тариқи роҳҳои экологӣ рушди муътадили инкишофи фарҳангу табиатро таъмин менамояд. Ёфтани ҳамоҳангии мутаносиб миёни табиату фарҳанг вазифаи бузурги инсоният дар ҳазораи сеюм маҳсуб мешавад.

  • Ҷанбаи сеюм, ҷанбаи беҳдоштӣ-табобатӣ башумор меравад. Дар солҳои ахир собит шудааст, ки иқлиму обу ҳаво дар ҳаёти инсон таъсири бисёр амиқ дорад. (Барои мисол, рузҳои номӯътадил). Аз инҷост, ки масъалаи тарзи зиндагии солим, истироҳату барқарории неруи инсонӣ, ҷугрофиёии касалиҳо ва амсоли он ба миён меояд.

Ин масъала ҷанбаи ахлоқӣ низ дорад, зеро табиат муҳити зоду бум низ хаст. Муҳаббат ба табиатро бо Муҳаббат ба Ватан низ тавъам медонанд, ки яке аз арзишҳои муҳимми фарҳангӣ ба шумор меравад.

Ҳамчунин метавон ҷанбаҳои зебоишиносии (эстетикии) ин масъаларо низ дар назар дошт, яъне лаззат бурдан аз зебоиҳои манзараҳои табиатии ватан ва амсоли он.

Хулоса, инсон ва фарҳанг дар худ табиати  модар-замин ва табиати биологии то таърихии хешро ҳамл мекунад. Ин амал, махсусан, ҳангоме, ки инсон ба кайҳон парвоз мекунад, ба чашм мехурад, зеро бидуни бунёди муҳити солими экологӣ, зиндагӣ ва фаъолияти инсон мушкил мегардад. Аз ин рӯ, дар баробари ривоҷи фарҳанг бояд табиатро ҳифз ва нигоҳдорӣ намуд, ки он аз инсони мутамаддин қасос нагирад. Зеро инсон бо фарҳангӣ хеш ҷузъе аз экосистема (низоми экологӣ) маҳсуб мешавад ва аз ин ҷост, ки фарҳанг ҷузъе аз маҷмӯи системаи табиат ба шумор меравад.

test

Добавить комментарий