Фарҳанги Шарқу Ғарб

  1. Шарқу Ғарб ҳамчун мафҳуми фарҳангшиносӣ
  2. Тафовутҳои фарҳангҳои ғарбӣ ва шарқӣ

1.Шарқу Ғарб ҳамчун мафҳуми фарҳангшиносӣ
Имрӯз дар даврони ҷаҳонишавӣ масъалаи «гуфтугӯ миёни тамаддунҳову фарҳангҳо ба ҷои ҷанг миёни тамаддунҳо матраҳ мешавад» (Сайидмуҳаммади Хотамӣ). Ба-дин иртибот, басо ҷои хушист, ки дар ин даврони ҷаҳонишавӣ аз тарафи Созмони Милали Муттаҳид эълон шудани ҷашни «Наврӯз» ҳамчун фарҳанги маънавии байналмилалӣ баёнгари интиқолу судури арзишҳои волои фарҳанги Шарқ ба миллатҳои ғарбист.Зеро аз қарни XIX то ба имрӯз дар асари рушди сармоядорӣ ва раванди ҷаҳонишавӣ таъсирпазирии ҷараёни фарҳангӣ ҳамвора аз Ғарб ба Шарқ будааст. Ин падида, яъне сабти байналмилалии Наврӯз нишонаи боризест аз гуфтугӯи солими фарҳангҳо.Аз ин рӯ, равшан сохтани пайдоишу корбурди мафҳуми «Шарқу Ғарб» ва вижагиҳову умумияти ин фарҳангҳо ва аз андешаҳои муқобилгузории сарсохтона, то фарҳанги воҳид ҳисобидани ин фарҳангҳо, аз масъалаҳои муҳими фарҳангшиносии муосир маҳсуб мешавад.
Дар ин гуфтор, саъй мешавад, то перомуни муҳимтарин андешаҳое, ки дар илми фарҳангшиносии муосир, ба вижа фарҳангшиносии аврупоӣ то ба имрӯз вуҷуд доранд, ибрози андеша намуд.
Маъмулан, замони рушду нумӯи фарҳангро дар таърихи башарият аз давраҳои ҳазораҳои 6-5уми то милод, маҳсуб медонанд, яъне аз замони пайдоиши ҷомеаҳои рушдёфта дар соҳили рӯдҳои бузург (Шумеру Аккод, Мисру Чин ва Ҳинд), ки асосҳои иҷтимоӣ-иқтисодӣ ва маънавӣ- фарҳангии давлатҳои мустабиди Шарқи Қадимро поягузорӣ кардаанд.
Ин давлатҳо ва илова бар он, давлатҳои асримиёнагӣ (ба шумули ҷомеаҳои исломӣ) тасаввуротеро дар бораи мавҷудияти низоми хоси Шарқие дар таърихи башарият ба миён овардааст, ки онро дар муқобили шакли дигари таҷрубаи иҷтимоӣ-фарҳангии ҷаҳонии Ғарб қарор додаанд.
Ҳамин тавр, мафҳумҳои умумии Шарқ барои давлатҳои Қадим ва асримиёнагие, ки дорои низоми давлатдории истибдодӣ буданд, номгузорӣ шуд ва ба ҷомеаҳои ғайри он, ки дар Аврупо ташкил шуда, меросбари низоми давлатдорӣ ва иҷтимоии Юнону Руми қадим буданд, мафҳуми Ғарб марсум гардид.
Ба-дин иртибот бояд ёдовар шуд, ки ин мафҳумҳо, қабл аз ҳама дар илми фалсафа роиҷ гардид, ки мутаассифона дар он, як нуқта нодида гирифта шудааст. Шарқу Ғарб мабдаъ нестанд, пас табиист, ки шаклҳои унверсалии мавҷудияти фарҳангӣ-таърихӣ буда наметавонанд ва корбурди ин мафҳумҳо то ба имрӯз қобили баҳсанд.
Ба ин робита назарияи классикии таърих, махсусан, назарияи аврупоигароии он, ки Ғарбу Шарқро ба ҳам муқобил мегузорад, аз ҷониби тарафдорони назарияи тамаддунҳои минтақавӣ
(локальная цивилизация) мавриди интиқоди шадид қарор гирифтааст. Зеро тарафдорони назарияи мазкур корбурди мафҳуми Ғарбу Шарқро дар маърифати таърих рад мекунанд.
Ҳамчунин назарияи ҷадиди пешрафта, ки бар пояҳои муқобилгузории фарҳангҳои суннатӣ ва муосир бунёд ёфтаанд, низ воқеияти Шарқу Ғарбро дар таърихи ҷаҳонӣ рад мекунанд. Аммо баъд аз ба вуҷуд омадани осори муҳаққиқони ҷаҳоние, чун М. Вебер, Р.Генон ва М.К. Петров рад кардани чунин воқеияти таърихӣ, ба истиснои даврони классикӣ, хело душвор аст. Ҷомеа ва фарҳанги суннатӣ аз ибтидо ва иҷтимоан дорои шаклҳои унверсалии (табиӣ ва мӯътадилӣ) таҷрубаи иҷтимоӣ – фарҳангӣ будааст.
Баъд аз «фоҷиа»-и таърихии дар ҳавзаи баҳри Эгей рӯй дода, яъне баъд аз байн рафтани тамаддуни крито-микенӣ, ба ҷои ӯ чун як падидаи хориқулода як ҷомеаи усулан навъи ҷадиде бо арзишҳои дигаре, мисли шахси фаъолу озоду ҳадафманд (мисли паҳлавонони ҷангҳои Троян) ба вуҷуд омад. Аз ин рӯ, фарҳанги Аврупоӣ меросбари бевоситаи тамаддуни классикии эленӣ бо демократия, фалсафа, бозор, низоми сармоядорӣ, либерализм ва илми он аст. Маншаи ғарбии ин ҳама навгониҳо имкони истифодаи вожаи «Шарқ»-ро ба мафҳуми нигаҳдорандаи суннатҳои иҷтимоиву фарҳангии замони қадим, асрҳои миёна ва ҳатто муосир иҷозат медиҳад.
Ба андешаи муарриху фарҳангшиноси маъруфи фаронсавӣ Э. Морен фарҳанги Аврупои Ғарбӣ дорои ваҳдати дохилӣ намебошад, зеро он аз ду маншаи ба ҳам зид – фарҳанги юнониву румӣ ва яҳудиву насронӣ ибтидо гирифтааст. Гузашта аз ин, чунин зиддияти дохилӣ (дин-ақл, имон- интиқод, эмпиризм-ратсионализм ва амсоли он) баёнгари гуногунии заминаҳои фарҳанги ба зоҳир як порчаи Ғарб ба шумор меравад. Зеро фарҳанги Ғарб маҳз бо ин ҳама баҳсу гуфтугӯҳо ва тазодҳои дохилии хеш равнақу ривоҷ ёфтааст. Аз ин рӯ, бо ин ҳама «номукаммалӣ»- и зотии хеш ин фарҳанг қодир аст аз мутлақияти «камолот»-и сохторӣ эмин бошад.
Шарқ аз дер замонест, ки барои аврупоиён як ҷаҳони бегонаи ҷаззоб ба шумор меравад, ки ҳам мавриди ситоишу дилбастагӣ ва ҳам накӯҳишу бегонагӣ қарор гирифтааст. Ҳамчунин дар бораи бо суботу ғайри раванди таърих будани он сухан гуфтаанд ва ё аз маънавияти амиқи он, ки инсонро аз вуҷуди таҷрубавӣ (эмпирикӣ)-и хеш боло мебарад ситоиш ба амал меоранд ва ё баръакс карахтиву мафкураи ғуломии онро зери интиқод гирифтаанд. Ин андеша ва дигар андешаҳои зидди нақиз дар таъини вижагиҳои фарҳангӣ дар назарияҳои махсуси таърих, ки аз тарафи файласуфон, фарҳангшиносон, сиёсатшиносону муаррихони аврупоӣ эҷод шудааст, таъсири хешро гузоштааст. Одатан, мафҳуми Шарқ ҳамеша дар таносуб бо Ғарб мавриди корбурд қарор гирифта, дарки назариявии вижагиҳо ва гуногунавъии он, дар айни замон таборузи худогоҳии хоси аврупоӣ ба шумор меравад.
Ҳамин тавр мафҳуми «Шарқ» ва «Ғарб» ба миён омад, ки то ба имрӯз онҳоро огоҳона ва ё ноогоҳона, ба таври интиқодӣ ва ё догматикӣ истифода мебарем. Гузашта аз ин, ҳангоми корбурди ин мафҳумҳо пеш аз ҳама чиро дар назар дорем? Барои посух ба ин суол, ба фалсафаи таърихи Гегел муроҷиат мекунем, зеро ин мафҳумҳо дар шакли назарявӣ бори нахуст аз тарафи ӯ шарҳ дода шудааст.
Зери унвони «Шарқ» ин файласуфи барҷасга тамаддунҳои қадими Осиё ва Африқои Шимолиро дар назар дорад, ки Чин, Ҳинду Форсро дар бар мегирад. Ба охирӣ кишварҳои зерин шомиланд: Зардуштиён, Ошурӣ, Бобулистон ,Модҳо, Эрон, Сирия, Финиқия, Яҳудия ва Миср. Илова бар ин Гегел бо назардошти аҳди насроният таърихи башарияти Аврупо ҷаҳони исломро низ ба Шарқ шомил мекунад.
Дар натиҷа, аз дидгоҳи Гегел Шарқ дар се шакли ҷаҳони таърихӣ- фарҳангии зерин ҷилвагар аст: чинӣ, ҳиндӣ ва Шарқи Наздик. Ҳангоми ҳаракат аз Шарқ ба Ғарб, мо аз Осиёи Ғарбӣ (Шарқи Наздик) ба Аврупо ворид мешавем. Зеро дар Аҳди қадим дар қисматҳои ҷанубии он, дар ҷазираҳо ва нимҷазираҳои шимоли Баҳри Миёназамин ду тамаддун (фарҳанг) нашъу нумӯъ ёфтааст: юнонӣ ва румӣ (он чизе, ки дар замони Гегел маълум буд). Аз нигоҳи Гегел ин ҷаҳони бостон ва тамаддуне, ки дар аҳди насроният дар Аврупои Ғарбӣ ба миён омадааст, «Ғарб»-ро ташкил медиҳад. Ҷои тазаккур аст, ки файласуфи олмонӣ на Россия ва на давлатҳои имрӯзаи қораи Америкоиро ба Ғарб шомил накардааст ва умуман, дар фалсафаи таърихи башари хеш барои онҳо ҷое наёфтааст.
Ба таври хулоса, дар тафсири Гегел ду мафҳуми Ғарб вуҷуд дорад:
а) дар мафҳуми васеи он Ғарб Аҳди Қадим ва фарҳанги насронии мардумони Аврупои Ғарбиро мутаҳид мекунад;
б) дар мафҳуми маҳдуди он танҳо фарҳанги Аврупои Ғарбӣ дар назар аст.
Назари созишкоронаро дар ин маврид дар асараш «Вазъи маънавии замонҳо» фарҳангшинос К. Ясперс пешниҳод кардааст. Ӯ мисли Шпенглер фарҳанги ғарбиро дар қатори дигар тамаддунҳои минтақавӣ (маҳаллӣ) гузошта, танҳо хислати онро дар таърихи башарият, дар Аҳди ҷадид қайд карда ва ҳамчунин ба решаҳои таърихии Ғарб, ки ба мероси яҳудиёну юнониён ва румиҳо иртибот дорад, ишорат кардааст. Ҷолиб он аст, ки Ясперс аз мафҳуми Ғарб фаровон истифода карда, аслан аз мафҳуми Шарқ канорагирӣ кардааст. Ӯ дар паҳлӯи Ғарб аз Чину Ҳинд ҳамчун ду суннати фарҳангӣ-таърихии ҷудогона сухан мегӯяд. Ғарб дар корбурди Ясперс чанд мафҳумро доросг. Пеш аз ҳама, ба маънои маҳдудаш фарҳанги Ғарбро бо собиқаи ду ҳазорсолаи то Аҳди ҷадид дар назар дорад. Ҳамчунин аз ҷаҳони фарҳангӣ-таърихии қадим, ки аз тамаддуни Мисру Байнаннаҳрайн ва крито-макенӣ оғоз шуда ба даврони тамаддуни эронӣ, яҳудӣ ва юнону румии Аҳди қадим идома пайдо карда ба даврони Руми Ғарбӣ (Византия), Россия ва Аврупои Ғарбӣ бо Америко дар даврони насроният (илова бо тамаддуни исломӣ) хотима меёбад, ёдрас шудааст.
Тавре ки мулоҳиза шуд, дар таҳти истилоҳи «Ғарб» ҳаддиаксари мафҳум ғунҷонида шудааст. Дар консепсияи Ясперс илова бар он тасаввурот дар бораи Ғарб ҳамчун суннати фарҳангӣ-таърихии аврупоӣ низ вучуд дорад, ки аз фарҳанги Юнони бостон якҷо бо воқеиятҳо ва озодиву демократия ва фалсафаву илми он сарчашма гирифтааст.
Бар хилофи ақидаи маъруф, фарҳанги аврупоӣ вориси бевоситаи тамаддуни эллинӣ намебошад. Зеро илму фалсафаи Руму Юнони бостон ба аврупоиён на ба таври мустақим, балки аз тариқи фарҳанги исломӣ, ба воситаи тарҷумаи онҳо ба забони арабӣ расидааст. Агар донишмандону файласуфони асримиёнагии Шарқи Наздик намебуданд Аврупо, ки худро меросбари он фарҳанг меҳисобад, ҳеҷ гоҳ бо осори илмиву фарҳангии Юнону Руми бостон ошноӣ пайдо намекард. Аз аврупоиён кам ашхос хабар доранд, ки фалсафаи аврупоии яҳудият аз асрҳои миёна шурӯъ карда то Спиноза зери таъсири бевоситаи осори ҳакими дарбори султон Салоҳиддини Мисрӣ, файласуф Мӯсо ибни Маймун ташаккул ёфтааст. Ташбеҳу истиорот, иҳому образҳои манзумаи «Комедии илоҳӣ»-и Данте ҳама мутаассир аз осори файласуфи машҳури олами ислом Ибни Арабӣ будааст ва ҳама нависандагони гуманисти аврупоии давраи Эҳё ба таври васеъ аз воситаҳои тасвири бадеъие, ки дар шеъри классики арабӣ ва форсӣ муравваҷ буда, истифода кардаанд. Гузаште аз ин, худи истилоҳи «гуманизм», ки башардӯстӣ ва инсонпарварист бори нахуст аз тарафи «муаллими ахлоқ» Саъдии Шерозӣ, то пайдоиши давраи Эҳёи Аврупо ироа гардицааст. Аз ҷумла, Саъдии бузург гуфтааст:
Банӣ одам аъзои якдигаранд,
К-аз офариниш зи як гавҳаранд.
Чу узве ба дард оварад рӯзгор,
Дигар узвҳоро намонад қарор.
Ту ки аз ғами дигарон беғамӣ,
Нашояд, ки номат ниҳанд одамӣ.
Донишмандони муосири Ғарб, аз ҷумла классики он Ф. Нортроп, ҳанӯз соли 1947 андешаи «дидори Шарқу Ғарб»-ро дар миён гузошта буд, онҳо рӯз аз рӯз мутамоил ба онанд, ки ҷисми фарсудаи (аз нигоҳи маънавӣ) тамаддуни Ғарбро аз шарбати ҳаётии фарҳанги Шарқ бояд шодоб намуд. Албатта, ин андеша дар миёни донишмандони ғарбӣ баҳсҳоеро ба миён овард, аммо як чиз мусаллам аст, ки дар даврони кунунӣ як ниёзи мубрам ба гуфтугӯи амиқи фарҳангҳо эҳсос мегардад. Зеро бидуни чунин як гуфтугӯи фарҳангҳо рушду тараққии ҷомеаи башарӣ ғайриимкон аст.
«Қутб»-ҳои фарҳангии Шарқу Ғарб дар зоти худ ду гунаи фарҳангӣ ва ду суннати фарҳангии ба ҳам муқобилро ташкил медиҳанд. Ин ду «низоми ҳамоҳангсоз»-и гуногун, ду ҷаҳонфаҳмӣ, ду матритсаи ҷаҳонбинӣ, ду «забон», аст, ки дар асоси он инсонҳо метавонанд раванди дарки ҷаҳони атрофии хешро шарҳу тафсир ва ё перомуни он андешаронӣ намоянд. Суннатҳои мазкур на танҳо дар соҳаҳои мухталифи фарҳанги маънавӣ намоён мешавад, балки ба таври куллӣ дар тарзи ҳаёти инсонҳо низ буруз мекунад. Тафовути усулии ин ду суннати зикришударо, ки дар айни замон хусусиятҳои хоси типологии онҳо низ маҳсуб мешаванд, дар мавқеъгириҳои асосии зерин метавон мушоҳида кард. Барои суҳулат ин ду фарҳангро метавон ба таври шартӣ чунин номгузорӣ кард: а)фарҳанги ғарби; б) фарҳанги шарқӣ
ва ҳар як мавқеъро аз нигоҳи ду фарҳанг баррасӣ менамоянд.

  1. Тафовути фарҳангҳои ғарбӣ ва шарқӣ
  2. Дар мавриди дарки ҷаҳон:
    а) Ғарб бар пояи ҳастӣ меандешад. Аз ин рӯ, таваҷҷӯҳи аслӣ дар ҷустуҷӯи асосу поя ва субстансияи он аст. Имкони тасаввурот доир ба номукаммалии ҷаҳон вуҷуд дорад, зеро аз нигоҳи ғарбиён эҷод (халлоқият) насиби ҳудо ва инсон буда, шояд он барои аз навсозии оқилонаи ҷаҳон нигаронида шудааст.
    б) Фарҳанги Шарқӣ аз ғайри ҳастӣ (мисли то ҳастӣ) маншаъ мегирад. Таваҷҷӯҳи асосӣ ба сохтори ҷаҳон ва нақнш аҷзои он нигаронида шудааст. Эҷод (халлоқият) мутлақан насиби осмону худоён аст. Ақидаи комилияту ҳамоҳангии ҷаҳон тасаллут дорад. Андешаи азнавсозии ҷаҳон комилан бегона аст. Барои мисол, Ҳофиз мегӯяд: «Пири мо гуфт: хато бар қалами сунъ нарафт.»
    2.Дар мавриди дарки табиат:
    а) Ғарб гӯё инсону табиатро зидди ҳам қарор медиҳад, илова бар он, инсон бар табиат тасаллут дошта, вобаста ба тасаввуроти хеш дар бораи комилияти ҷаҳон ва эҳтиёҷоти худ метавонад онро тағийр диҳад. Ягонагии инсон бо табиат танҳо бо тағийр ва «мутобиқсозии» он бо худи инсон имконпазир аст;
    б)фарҳанги Шарқ ба ягонагии инсону табиат, ба ваҳдати онҳо бар пояи мутобиқатсозии инсон ба табиат нигаронида шудааст. Зеро арзишу шоистагии инсон дар маҳорати дохил шудани ӯ ба табиат, дар раванди табии ашёъ аз тариқи камолоти ҷисму рӯҳ имконпазир аст.
    3.Дар тафсири мақоми мавҷудияти инсон ва тавҷеҳи (самтгирии) заҳмати инсонӣ:
    а) Муносибати гуманистӣ ба тағйироти ҷаҳону инсон, ки мутобиқ ба тасаввуроту нақшаҳои инсонӣ асос ёфтааст, равона шудааст. Натиҷаи чунин муносибат, ба миён омадани падидаи иҷтимоӣ мебошад, ки аз даврони таълифи «Давлат»-и Афлотун ҳамеша дар шаклҳои назарияҳои иҷтимоӣ-фалсафӣ ва иҷтимоӣ-сиёсӣ ба нияту андешаҳои мухталифе арзи вуҷуд намуда, ҳар замон дар раванди инкилобҳои иҷтимоӣ амалӣ мегардад. Аз ин рӯ, усули асосӣ: инсон-фаъол, ҷаҳон ғайри фаъол буда, афзалият ба кори хусусӣ (инфиродӣ) дода мешавад.
    б) самтгирии маънавӣ асосан ба тағироти худи инсон ҳамчун ҷузъе аз ҷаҳон ва Рӯҳи олӣ ё Ақли кулле, ки пайдошии олам андешаи ӯст, нигаронида шудааст. Усули асосӣ: фаъолият накардан буда, афзалият ба кори дастаҷамъӣ дода мешавад.
  3. Дар мавриди дарки пайдоиши олам, табиату ҳастии инсон, механизми раванди таърих:
    а) мутобиқи усули антропосентрики (инсонмарказӣ) дар маркази олам инсон қарор дорад, ки он комил буда ва ҳеҷ гуна иродаи фавқуттабииро намепазирад. Дар ин биниш камолоти азалияту бечунучарои табиати инсонӣ ба идеологияи гуманизм табдил мегардад, ки тобеияти тамоми мавҷудотро ба манфиати ҳастии хеш ва ҳамчун «барномаи ҳаддиаксар» дар хотираи насли оянда боқӣ монда аст. Рушди таърихӣ ба тарзи ҷаҳишист, ки майли асосӣ ба таҷаддуд дорад. Дар фарҳанги Ғарб инфиродият (индивидуализм), истиқлоли шахс ва изҳори озоди ақидаи шахсӣ хело арзиш дорад. Аз ин рӯ, мақсаду зиндагӣ ноил шудан ба ҳадаф, мансаб ва доштани обрӯ ва нуфуз ба атрофиён мебошад.
    б) тибқи усули теосентризм (худомарказӣ), асоси офариниши ҷаҳонро иродаи олии фавқуттабиӣ ташкил мекунад; вазифаи инсон дарку маърифати ин ирода ва «ворид шудан» ба он ва онро ҳамчун иродаи шахсии хеш қабул кардан аст. Танҳо ба таври доимӣ дамсоз будан бо ин иродаи олӣ ва озодона пайвастани иродаи хеш бо ин иродаи мутаол метавон ба интиҳои ҳастии хеш пирӯз шуд. Мунтаҳо, аз он ҷо ки инсон ба ин амал танҳо ба воситаи тағйири фитрати хеш ноил мегардад, пас дар натиҷаи он камолоти ҷомеа ба амал меояд, ки он ҳамчун ҷараёни тадриҷии орому доимӣ ҳар чизи тозаву нави мутамоил ба суботро дар хеш ҷалб мекунад.
    Бояд ёдовар шуд, ки дар Шарқ шахс маъмулан худро танҳо «ҷисми физикӣ»-е эҳсос мекунад ва он гоҳ инсон ҳисобида мешавад, ки агар дилаш ба шахси дигаре нигаронида шуда бошад. Шахсият танҳо дар коллектив зиндагӣ карда метавонад ва инсон чун намояндаи кул (холизм) имкони бақо дорад; фардият (индивидуализм) дар хидмат ба кул ҳал мешавад. Мафҳуми озодии ирода вуҷуд надорад, инсон вазифадор (муваззаф) аст ва аз ин амал шод аст.
    5.Муносибат ба давлат, қудрат (ҳокимият) ва қонун.
    а) Қонун волотар аз ҳокимият аст. Қудрат (ҳокимият) мӯҷиби истидлол аст. Эътирофи сарвар барои собит сохтани ҳаққу ҳукуқи ӯ ба сарварият аст. Инсон тобеи давлат аст, мисли зердаст ба сардор, аммо рӯҳи ӯ озод аст. Мақоми шахс пеш аз ҳама, аз маҳорат ва истеъдоди худи ӯ вобастагӣ дорад.
    б)Ҳокимият болотар аз қонун аст ва ӯ ба истидлол ниёз надорад, ҳамчунин сарвар ҳам ба ҳеҷ гуна муайян намудани ҳадду ҳудуд барои фаъолияташ эҳтиёҷ надорад. Мақоми шахс дар ҷомеа, пеш аз ҳама, вобаста аз вазъи иҷтимоӣ ӯ дар иеархияи иҷтимоист.(Барои мисол. Кастаҳо дар Ҳинд, саидзода ва имомзодаҳо дар ислом).
    6.Дар мавриди самтгирии замонии рафтори инсон:
    а) самтгирӣ ба оянда (дар мисоли ояндаи шахсии хеш, фарзандон, наберагон, халқи худ ва инсоният), ки решаҳои яҳудӣ-насронӣ дорад;
    б) самтгирӣ ба абадият (ки дар навбати худ, ояндаро низ сарфи назар намекунад), ба давраҳо, гардишҳо, ба шумули тавлиду марг маҳдуд мешавад.
    7.Дар бораи арзишҳои шахсӣ ва иҷтимоӣ:
    а) таваҷҷӯҳ ба ҷанбаҳои истеъмолии ҳастӣ («беҳтарсозии зиндагии инсон ва инсоният);
    б) таваҷҷӯҳ ба ҷанбаҳои рӯҳонии ҳастӣ, ки арзишҳо ва меъёри волои он барои хидмат ба моҳияти олии фавқуттабиӣ ва иродаи мутаол равона шудааст.Барои мисол, ҳар аъмоле, ки мусулмони мӯъмин анҷом медиҳад ба хотири «оллоҳи таъолост»; будоии мутадайин саъй мекунад то ҳаёти хешро тавре ба роҳ монад, ки афкору аъмолаш ҳаддиаксар ба низоми коинот ҳамоҳанг буда, «қонуни афлок»-ро вайрон накунад; як ҳиндуи мутадайин кӯшиш мекунад «карма»-и хешро беҳтар созад, то дар даврони зиндагии дубораи худ, ки онро метавон гардиши гардунаи боз пайдоӣ номид, дар шароити беҳтаре ба дунё ояд.
  4. Баҳодиҳӣ ба имконоти маърифатнокӣ ва қобилияти дигаргунсозии инсон:
    а) равиши антропосентрикӣ бар усули беҳудуд даркшаванда будани ҷаҳон пойдор буда, мӯътақид бар он аст, ки ҷаҳон асрори худро дорост. Ва ин асрор аз тарафи одамон ба мақсади истифодаи онҳо ба манфиати худ ва наслҳои хеш, ҳамчунин барои ақли кул кашф карда мешаванд. Тафаккур, бештар ратсионаливу назариявӣ буда, бо ҷудо кардани онҳо ба объекту субъект шинохта мешавад. Андеша танҳо ба воситаи забон баён мегардад ва аз ин рӯ дар он нақши мантиқ ва шакл бештар аст.
    б) суннати теосентризм бар он асос ёфта аст, ки дар ҷаҳон ҳудуде ҳаст, ки дар он ҷо «масъалаҳо» ба итмом мерасанд ва асрор оғоз мегардад. Аз инсон ҳеҷ чиз вобаста нест ва чизҳое ҳастанд, ки усулан даркнашавандаанд. (Ба қавли Ҳофиз: «Ки кас накшуду накшояд дар олам ин муамморо»). «Мушкилот» вуҷуд доранд, ки хислати муваққатӣ дошта, аз онҳо сарфи назар карда намешавад ва онҳоро бояд мардона қабул кард (аз қабили номукаммалияти мо, дарду ранҷу машаққат кашидан, ҳодисоти фоҷиабор, маргу мири инсон…). Ин «масъалаҳо (мушкилот)» дар раванди «таракқиёти фарҳангӣ» ҳалнашавандаанд ва ба ин «тараққиёт» низ аҳамияте қоил нест. Таффакур бештар эмотсионалӣ (эҳсосӣ) ва истиорӣ буда, инсони шарқӣ фаросатан аз мушаххасбаёнӣ мегурезад; матн муҳимтар аз калимот буда, меъёри дақиқи баён вуҷуд надорад ва аз ин рӯ, мантиқ нарму тағийрёбанда аст.
    9.Дар мавриди моҳият ва роҳҳои маърифат:
    а) раванди маърифат ба фаъолияти даркшавандаи субъект ва таҳқиқ ё роҳи дигари расидан ба хосияти объект маҳдуд мегардад. Ақл- олитарин арзиш аст.
    б) маърифат на танҳо таҳқиқи хосияти объектҳо, балки дарки маънавии онҳо дар сатҳест, ки ба онҳо аз доираи таҳқиқи ратсионалӣ ғайри имкон аст. Ба таъбири дигар, дар асоси маърифат на танҳо фаъолияти даркшавандагии валюнтарастии субъект нуҳуфтааст, балки худифшоии объект низ дар он шомил аст. (Дар бештари адён ин амал, ваҳй номида мешавад, ки худи объект худашро барои субъекти дарккунанда дар ҷараёни «эҳсоси ботин» ва ё риёзати рӯҳонӣ (медитатсия) ифшо мекунад).
    10.Муносибати инсон ба ҳақиқат:
    а) ҳақиқат он аст, ки дар тасаллути ақлу идроки инсон қарор дошта, онро худи инсон идора мекунад ва ё ба таъбири фаустӣ «ҳар чи донистанист, метавон онро бо даст гирифт». Инсон танҳо ба он ҳақиқате ниёз дорад, ки барои ӯ хидмат мекунад.
    б) ҳақиқат худи ҳастист, худи мавҷуде, ки ба мо дода шуда ва аз ин рӯ, аз ақлу иродае, ки ба ӯ расида аст, вобастагӣ надорад. Инсон ба ҳақиқате ниёз дорад, ки битавонад ба ӯ хидмат ва зиндагии хешро ба он тобеъ кунад.
    11.Муносибат ба эътиқодоти диниву мазҳабӣ:
    а) ҷаҳонбинии наъи аввал ба таври айнӣ дар тазоди амиқ бо эътиқодоти мазҳабии шахс қарор дорад. Аз ин рӯ, ҳаргоҳ соҳибони ин ҷаҳонбинӣ худро чун инсони мутадайнин эълон медоранд, ин амал ҳеҷ гуна шаккеро дар мавриди сатҳи эътиқоди динии онҳо ба миён намеорад, зеро он эътиқод ба иҷрои маросимҳо ва сафсатагӯиҳои ба ном динӣ маҳдуд мешавад ва ё ба шакли идеологияи башардӯстонаи холӣ аз ҳаргуна заминаҳои динӣ, ки зоҳиран қабои динӣ ба худ пӯшидааст, буруз мекунад;
    б) онҳое, ки ноқилони ҷаҳонбинии навъи дуюманд, яъне ҷаҳонбинии шарқианд одатан дорои эътиқоди динии мушаххасанд. Дар як ҳолат эътиқоди динӣ натиҷаи ҷаҳонбинии онҳо маҳсуб мешавад (дарк ё эҳсоси он ки як чизе фавқуттабие ҳаст, ки мо ва ҷаҳонро идора мекунад); дар дигар ҳолат, бараъкс барои онҳо эътиқоди динӣ сабаб ва асоси ташаккули низоми муайяни фалсафӣ, ҷомеашиносӣ, забоншиносӣ ва дигар ақидаҳо мегардад.
    Хислатҳои типологии ду навъи маънавият (рӯҳоният)-и дар боло мулоҳиза шуда суннатҳои хоси фарҳангии дар асоси онҳо пайдо шударо муайян мекунад. Ғарбу Шарқ ин ду ҷаҳонбинии космологӣ ва космогонии гуногун буда, тафовути назарҳо дар шинохти ҷаҳон ва ба қавли В.Г.Белинский, мунаққидди маъруфи асри XIX рус, «дар дарки ашёъ» низ ба мушоҳида мерасад. Дар айни замон корбурди таъбирҳои «Ғарб Ғарб асту Шарқ Шарқ» ва «Шарқ Ғарб асту Ғарб Шарқ» якҷониба ва тангназарона аст. Дар даврони ҷаҳонишавӣ ва рушди фарҳангу илм бояд чунин шиор, ки барои дарки фарҳангҳову тамаддунҳо мусоидат мекунад, ба кор бурда шавад: «Ғарб бидуни Шарқ ва Шарқ бидуни Ғарб вуҷуд надорад». Ва беҳтар аз ҳама дар бораи таъсири истифодаи мутақобилаи фарҳангҳову мафкураҳои Шарқу Ғарб аллома Иқболи Лоҳурӣ хуб гуфтааст:
    Ғарбиёнро зиракӣ сози ҳаёт,
    Шарқиёнро ишқ рози коинот.
    Зиракӣ аз ишқ гардад ҳақшинос,
    Кори ишқ аз зиракӣ маҳкамасос.
    Аз ин рӯ, дар шароити ҷаҳонишавӣ гуфтугӯи тамаддунҳо яке аз шартҳои асосии рушди фарҳанги ҷаҳонист.

О L-BRO Administrator

Администратори сомона.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.