Фарҳанги ориёи-эронӣ

1. Фарҳанги бостонии тоҷикон ҷузъи таркибии фарҳанги ориёӣ-эронӣ.

2. Забон ва адаби форсии дарӣ дар аҳди Сомониён.

1. Фарҳанги бостонии тоҷикон ҷузъи таркибии фарҳанги ориёӣ-эронӣ

Сарзамине, ки имрӯз мо дар он зиидагӣ мекунему номи Тоҷикистонро дорад, дар гузаштаи бисёр дур ҷузъе аз як паҳнои таърихӣ-ҷуғрофиёне будаст, ки гаҳвораи тамаддуни ориёӣ ва макони мардуми ориёинажод маҳсуб мешудааст. Ин паҳнои таърихӣ аз
силсилакӯҳҳои Помиру Ҳиндукуш, водиҳои сарсабзу хуррами Сиру Ому, Ҳелманду Ҳарируд оғоз шуда то фалоти (суффакӯҳои) Эрон, доманакӯҳҳои Кӯҳруду Загрос ва канораи рудхонаи Коруну халиҷи Форс тӯл кашида, ки дар маҷмӯъ як ҷаҳони мардумони ориёитабарро ташкил медодааст.Ин ҷаҳони ориёитабор, ки аз фалоти Эрон то руди Синд ва аз канори Уқёнуси Ҳинд то доманакӯҳҳои Уралу руди Волга ва даштҳои васеи соҳили баҳри Сиёҳ паҳн шуда буд, дар худ қавму қабилаҳои мухталифро муттаҳид месохтааст. Гарчанде дар фалоти Эрону қисмате аз Осиёи Миёна қавму қабилаҳои ориёии зироаткору шаҳрнишин ва дар даштҳои беканори Тӯронзамину назди соҳили Хазару руди Дон ориёнтаборони кӯчии сикифу сармат, массагету сакоиҳо зиндагӣ мекарданд, аммо дар асл ҳамаи онҳо аз як оилаи забонҳои эронӣ ва нажоди ориёӣ буда, дорои оину фарҳанги воҳид мебошанд. (Ниг: Бонгард –Левин Г.М., Грантовский Э.А. От Скифии до Индии. М.1974, Мӯминҷонов Ҳамдам. Тӯрон-гаҳвораи тамаддуни ориёӣ. Душанбе – 2004). Ин ягонагии фарҳангу забону тамаддуни эрониёну турониёнро умумияти асотириву ҷаҳоншиносии воҳид ва фарҳангу забони муштаракашон тайид мекунад. Пеш аз ҳама, як нуқтаро бояд хотирнишин сохт, ки аз асрҳои миёна то ба имрӯз як пиндори нодурусте миёни омма муравваҷ аст, ки гуё турониёни бостонӣ ин қабилаҳои туркнажоди имрӯзӣ бошанд. (Ба таври муфассал доир ба ботил будани ин пиндор ниг: Фаридун Ҷунайдӣ. Зиндагӣ ва муҳоҷирати ориёиён. Бар пояи гуфторҳои эронӣ.Теҳрон. Нашри Балх. 1385ҳ.ш). Ин андеша то андозае аз баъзе ишораҳои Фирдавсии бузург дар «Шоҳнома» маншаъ гирифтааст. Ва Тӯронзамин, ки дар асрҳои баъд ба Туркистон мусаммо гардидааст, ғалат буда ҳеҷ иртиботе ба турониёни қадимӣ надорад. (Ниг: Эраҷ Баширӣ. Турк ва Тур дар «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ Душанбе – 2009). Зеро тӯрониёну эрониён ду қавми бузурги як нажоди ориёӣ буда, дорои решаи забонии воҳид мебошанд, ки баъдан аз тарафи забоншиносон ба гурӯҳҳои шарқиву ғарбии оилаи забонҳои эронӣ ҷудо карда шуданд.

Дар ин гуфтор, мо саъй мекунем, дар асоси асотир, ёдгориҳои таърихӣ-археологии моддиву маданӣ, санъати меъмориву нафиса, ки аз замони бостон ба ёдгор мондааст, умумияти ҷаҳоншиносиву
ҷаҳонфаҳмии ниёгонамон-ориёиёни эрониву тӯрониро баррасӣ намоем ва ҷаҳонбинии эшонро дар бораи олами афлоку ҳастӣ дарк намоем. Зеро барои инсони имрӯз дарки парастиши оташ ба ҳайси муққадасот ё тасаввуроти онҳо дар бораи олами коиноту гетӣ хело душвор аст. Барои фаҳмиши ин ҷаҳонбинӣ бояд асотир, оину дин ва тарзи тафаккури ориёиёни бостонро бидонем. Калиди ин муаммо дар осори меъмориву санъати тасвирӣ, муҷассамасозӣ, ҳунарҳои нафиса ва асотиру осори хаттии то замони мо расида, нуҳуфта аст.

Ба ин мақсад ба устура (миф) ва осори меъмориву фарҳангие муроҷиат мекунем, ки барои ориёитаборони Эрону Осиёи Миёна муштарак аст, аз ин тариқ ҷаҳонфаҳмиву ҷаҳоншиносии ниёгони бисёр қадимии хешро ба мушоҳида мегирем. Барои ин ки доираи баҳсамон мушаххас ва равшан бошад, мавзӯи мазкурро дар мисоли устураи «Ҷоми Ҷам» ё «Ҷоми ҷаҳонамо ё гетинамо», ки ба шоҳи асотирии пешдодиён Ҷамшед нисбат медиҳанду «Ҷоми Ҷамшед ё Ҷам» мегӯянд, маҳдуд мекунем. Зеро ин устура ё ривоят то ба имрӯз дар фолклори қавмҳои ориётабори Осиёи Миёнаву Эрон ва дар шеъри форсии баъд аз исломии мо хело маъруфу маълум аст.

Қаҳрамони асотирӣ-шоҳ Ҷамшед дар ёдгориҳои қадимаи ҳиндуэронӣ «Авесто» ва «Ведҳо», замоне ки қабилаҳои ориёӣ, дақиқтараш ҳиндуэронӣ аз ҳам ҷудо нашуда буданд, яъне ҳиндувон ба самти Синд ва эрониён ба фалоти Эрони имрӯза муҳоҷират накарда буданд, зикр ёфтааст. Албатта, дар «Веда» бо номи «Йама» ва дар «Авесто» «Йима» ёд шуда, ки маънои писари хуршедро медиҳад. (Луғатномаи Деҳхудо, моддаи «Ҷамшед»).

Тавре ки аз «Шоҳнома» маълум аст дар замони подшоҳии Ҷамшед, ки 700 сол давом мекунад, осудагиву фаровонӣ дар сар то сари дунё ҳукмрон мешавад. Ӯст, ки оташро ихтироъ ва нахустин Оташгоҳи муқадассро дар Хоразм бунёд мекунад ва ҳама девонро тобеъи худ мегардонад ва бемориву маргу мирро аз байн мебарад. Ба қавли Фирдавсӣ ӯ ба мардум ресидану бофтан ва либосдӯхтанро ёд медиҳад ва онҳоро ба чор табақа ҷудо мекунад:

1.котузиён (зоҳидону парастандагон)

2.лашкариён (сарбозон)

3.барзгарон (деҳқонон)

    4.пешаварон (косибон)

Ҳамчунин аз сангу гаҷу хишт кохҳову айвонҳо ва гармобаҳо (ҳаммом) сохтанро меомӯзонад ва ҷашни Наврӯзро нахустин бор ӯ барпо мекунад. Тибқи ривоёти то имрӯз расида, гӯё маҳз дар замони Ҷамшед ҷоме сохта шуда, ки дар он тамоми олам намудор будааст. Фарҳангнависон навиштаанд, ки «Ҷоме будааст, ки аҳволи хайру шарри олам аз он маълум шуд». Ва онро «Ҷоми гетинамо» ё «Ҷоми Ҷамшед» ва аксаран «Ҷоми Ҷам» гуфтаанд. Аммо дар «Шоҳнома» зикре аз мансубияти ин ҷом ба Ҷамшед нест. Фирдавсӣ «Ҷоми гетинамо»-ро ба подшоҳи силсилаи кайонӣ-Кайхусрав нисбат медиҳад. Аммо чун дар таърих шӯҳрати подшоҳи асотири-Ҷамшед беш аз Кайхусрав буда ва илова бар он, дар замони подшоҳии Ҷамшед ҳама девон  тобеи ӯ буданд ва дар фарҳанги сомӣ (мусулмонӣ, яҳудӣ, масеҳӣ) ӯро бо ҳазрати Сулаймон, паёмбари Бани Исроил, ки ангуштаре дошта ва аз тариқи он ҳама девон ғуломи ӯ буданд, яке ҳисобиданд. Ҳамчунин дар ривоёт, пайдоиши шароб чун ба Ҷамшед маҳсуб будааст, аз ин рӯ, «Ҷоми Кайхусрав»-ро «Ҷоми Ҷам» ва «Ҷоми Ҷамшед» донистанд. Ба-дин робита низ Ҳоҷа Ҳофиз гуфтааст:

Диле, ки ғайбнамоясту Ҷоми Ҷам дорад,

Зи хотаме, ки даме гум шавад чӣ ғам дорад

Доир ба сохти «Ҷоми Ҷам» дар фарҳангҳои гузашта, аз ҷумла, дар «Ғиёсуллуғот» омада: «Кайхусрав ҷоме сохта буд муштамил ба хутути ҳандасӣ, чунончӣ аз хутут ва руқум ва давоири устурулоб иртифои кавокиб ва гайра маълум намояд». (Луғатномаи Деҳхудо. Ҳамон ҷо) Ин «ҷом» мутобиқи ҷаҳоншносии ориёитаборон доир ба афлоку гетӣ мисли ҷаҳон гирд сохта шуда, ки онро шоҳон чун рамзи дар кафи хеш нигох доштани гетӣ ҳисоб мекарданд. Ин образ, яъне ҷом ё соғар ба мо имконияги дарки тафаккури хоси ориётаборонро дар бораи аз тарафи олами сағир (микрокосм) дидани олами кабир ( макрокосм)-ро муҳаё месозад ва нишон медихад, ки дар пиндори ниёгони мо чигуна метавонад чаҳони афлокӣ дар ҷисми конкретӣ муҷассам;гардад. Аз ин ҷост, ки «Ҷоми Ҷам» ҳамчун таҷассумгари ғояи олии ҷаҳоишиносии ниёгони ориёитаборамон мавзӯи марказии санъати тасвирӣ, муҷассамасозӣ ва нафиса гардидааст. Дар асрҳои миёна ҳам, яъне дар давраи исломии фарҳангу адабиёти мо, образи «ҶомиҶам» дар шеъри классикии форсу тоҷик ба таври фаровон мунъакис шудааст. Барои мисол, Ҳофиз гуфтааст:

Оинаи Сикандар Ҷоми Ҷам аст, бингар

То бар ту арза дорад аҳволи мулки Доро

 Аммо ин образ аз тарафи ҳунармандону наққошон ва муҷассамасозону меъморону заргарон дар тоқу сутунҳо, айвону кӯшкҳо ва, ҳатто, мӯҳри шоҳон ҳаккокӣ гардидааст. Исботи ин андеша, бозёфтҳои ба дастовардаи бостоншиносон ва мардумшиносон, аз сарзамини Эрону Осиёи Марказӣ ва Русия ба шакли ҷомҳои тиллоиву биринҷӣ, нуқраву сангӣ ва шамъадону дегҳои бузурги биринҷие, ки ба шакли ҷом ё соғарҳои бузург сохта шудаанд, маҳсуб мешаванд. Аз ҷумла, аз ҷомҳои тиллоии ганҷи Амударё, ки дар музеи Британия маҳфуз аст ё аз ҷоми тиллоии дастадоре, ки аз асри XVII дар атрофи Астрахан ёфта шудааст, метавон ёдовар шуд. Ин ҳама ёдгориҳои моддии фарҳангие, ки аз ниёгони ориётаборамон ба мо мерос мондааст, на танҳо ҳамчун санъати меъмориву нафиса дорои аҳамияти таърихиву эстетикӣ мебошанд, балки онҳо маҷмӯи тасаввуроти асотирӣ, фалсафӣ ва динии қавмҳои ориётаборро бозгӯӣ мекунанд. Зеро барои ниёгони ориёии мо ҷаҳони маънавиву асотирӣ бо ҷаҳони моддӣ ба ҳам омезиш ёфта, сахт гиреҳ хӯрда аст. Аз ин рӯ, дар асоси ин ёдгориҳои моддии фарҳанги ҷаҳони маънавӣ, бахусус оину русум, мӯътақидоту чаҳоншиносии ниёгонро метавон дарк кард. Масалан, дар сохту тасвири «ҷом» се моҳияти аслии космологияи ориёитабор нуҳуфтааст, ки иборатанд аз осмон, замин ва ҷаҳони таҳтонӣ ё зеризаминӣ, ки нерӯҳои торикиву бадӣ ҷамъ шудаанд. Дар мафҳуми осмон ё фалак – офтобу моҳу ситораҳо дар назар дошта шудааст. Ва дар паси офтоб ба пиндори эшон биҳишти барин, ки ҷойгоҳи худои рӯшноиву ҳақиқату некӣ – Аҳрумаздо қарор дорад. Замин – ҷавлонгоҳи кувваҳои некиву бадист, ки ҳамеша байни худ барои ба даст овардани инсон дар набарданд. Қисмати таҳтонӣ – макони арвоҳи хабиса, бухлу кина, адовату шаҳват ва ҳамагуна офатҳои табиист. Ин пиндори космологӣ ва ба ҳам омезишёбии ҷаҳонбинии асотириву воқеӣ бо ҷаҳони моддӣ барои ҷаҳониён ғанитарин ёдгориҳои меъмориву тасвирии асотирии ориёиро тақдим карда аст. Ин ёдгориҳои модди фарҳангӣ, аз қабили муҷассамаҳо ва тасвирҳои шери болдор, шери одамсари болдор, гов ҳамчун рамзи ҳосилхезӣ ва девҳо ҳама баёнгари ҷаҳонбинӣ ва ҷаҳоншиносии ниёгони мо маҳсуб мешавад. Ва тааммуқу таҷассус перомуни ҳар яке аз ин ёдгориҳои таърихӣ-ҳунарӣ як муаммо ё ҷаҳони маънавии мардуми ориётаборро барои мо мекушояд. Дар робита ба «ҷом», ки чун қисмате аз гетист, ду рамзи дигар, яъне офтобу моҳ ҳамчун баёнгари нерӯи рӯҳониву малакӣ ва қудрати заминии султонӣ дар санъати тасвириву муҷассамасозии ориёӣ хело инкишоф ёфтааст. Мусаввараи олиҳаи чордастаи суғдӣ бо чеҳраи моҳтобиву офтобӣ (аз як тараф моҳтобӣ ва аз тарафи дигар офтобӣ), ки ба қарнҳои VI-VIII мелод таалуқ дошта, аз ҳафриёти Панҷакенти қадим пайдо шудааст, гувоҳи ин гуфтаҳост. Ҳамчунин дар асрҳои III-IV тасвирҳои моҳу хуршед кулоҳи шоҳони сосонии Эронро, ки хешовандиашонро аз шоҳ Ҷамшеди асотирӣ меҳисобиданд, муайян мекард. Дар айвони қасри Гуштосп низ худи шоҳ Ҷамшед дар даст «Ҷоми гетинамо» ва рӯ ба осмон тасвир шудааст. Мардуми ориёитабори Эрону Осиёи Миёна дар ибтидо ҳама маздопараст, яъне мӯътақид ба худои Аҳрумаздо (Ҳурмуз) буданд. Оини маздоро дар асри VI то мелод нахустин шоиру пайёмбари башар Зардӯшт такмил дод, ки баъдан ин оин ба номи дини зардуштӣ маъруф гардид. Тавре ки қаблан зикр карда будем, барои зардуштиён низ асосу пояи ҷаҳон ва хаёти инсонро се унсур: осмон (фалак), замин ва унсури ба ҳам зидди некиву бадӣ дар тимсоли муборизаи Аҳрумаздо ва нерӯи бадӣ-Аҳриман, ташкил медиҳанд. Майдони муборизоти ин ду қувва инсон маҳсуб мешавад, ки дар моҳияти хеш бояд бо қӯмаки оташи муқаддас «Атара» пуштибони нерӯи некиву рушноӣ бошад.

Дар оини зардуштии ниёгони мо муқаддас доштани оташ ҳамчун ибтидои муқаддасоти офариниш маҳсуб мешавад. Аз ин ҷост, ки дигар халқу қавмҳо пайравони ин оинро «оташпараст» хондаанд. Аммо дар асл ин мафҳум ба маънои парастор, яъне нигаҳдорандаи оташи муқаддас мебошад, то ки он хомӯш нашавад. Зеро ба пиндори пайравони ин оин оташи фурӯзон таҷассуми бозгаш ба рӯшноӣ, роҳ ба сӯи Хуршед, яъне оташи ҷовидони осмонист. Аз ин рӯ, оташгоҳҳо дар баландиҳо, дар қуллаҳои кӯҳҳо сохта мешуданд ва оташи муқаддас дар он ҳамеша фурӯзон аст. Шахсе, ки барои нигаҳбонии оташи муқаддас масъул буд, оташпараст номида мешуд. Ҳамчунин оташ на танҳо дар оташгоҳҳо, балки дар ҳар як хонадони зардӯштӣ парастиш мешуд, то он ҳамеша фурӯзон бошад. Оташ дар ҳар як хонадон мисли рӯҳи гузаштагони он хонадон мӯҳтараму муқаддас буд. Аз ин рӯ, барои парастишу ниёиши он асбобҳои зиёде бо истифодаи рамзҳову зарофаткориҳои ҳунарӣ сохта мешуданд. Ба-дин робита  як нуктаро бояд хотирнишон сохт, ки ғояи рақобати азалии кайҳонии некиву бадӣ миёни Аҳрумаздо ва Аҳриман барои ба даст овардани рӯҳу равони инсон, мӯҷиби он шуд, ки фалсафаи муқовимати инсон ва ахлоқи вижаи онро ба вуҷуд орад. Маҳз ҳамин фалсафа ва ахлоқи вижа дар тамоми таърихи тӯлонии санъати меъморӣ, тасвирӣ ва ҳунарҳои нафисаи ориёитабор маҳаки асосие ҳам барои санъаткор ва ҳам барои фармоишдиҳандаи осори санъатӣ будааст. Аз ин хотир осори ҳунарии ориёиҳо ҳеҷ гоҳ санъат ба хотири санъат набудааст. Ва ҳар як осори санъатӣ хоҳ меъморӣ ва хоҳ тасвириву нафиса дорои ҳадаф ва фалсафии хосе мебошад, ки бар асоси ҷаҳонфаҳмиву ҷаҳонбинии ҳамон давра эҷод шудааст. Иловатан, бояд қайд, ки дар ҳар як асари ҳунарӣ диди космологии мардуми ориётабор нақш бастааст. Ин биниш, яъне робитаи кайҳон ва инсон, ҳатто дар ҳунари меъмории оромгоҳҳо, аниқтараш мадфангоҳҳо хело ҷиддӣ риоя шудааст. Зеро яке аз унсури муқаддаси Аҳрумаздо – замин аз нигоҳи оини зардуштӣ набояд бо ҷасади инсон олуда гардад. Аз нигоҳи ориёиён рӯҳ бояд бо ҷисми фаношуда дар яке аз унсурҳо дар ҳаво бояд ба ҳам пайваст шавад. Аз ин рӯ, дар ибтидо мурдаҳоро месӯзонданд ва дар асрҳои баъдӣ ҷасадро дар ҷойҳои махсус мегузоштанд, то гӯшту пӯсташро парандагон бихуранд ва пас аз ин устухонҳоро дар сағонае гузошта дар оромгоҳҳо ҷой медоданд. Рамз ё символикаи космологияи ҳинду аврупоӣ, ки онро ориёитаборон бечунучаро риоя мекарданд, ба он ишора мекард, ки оромгоҳҳо бояд ҳатман мисли фалак сохта шаванд. Яъне шакли меъмории оромгоҳҳои ориёиҳои Осиёи Миёна мутобиқ ба тафаккури ҷаҳоншинохтии онҳо, яъне доира дар дохилӣ мураббаъ (квадрат) сохта мешуданд. Дар космологияи эрониёни ҳазораи аввали то мелод ҷаҳон ё курраи арз ба шакли ду пала ё косае, ки дар фалак ба ҳам пайваст ва дар дохили мураббаъ ҷойгир шудааст, тасаввур мешуд. Ба таъбири дигар, гетӣ ё ҷаҳон такрори шакли ҷодуии мандилост. Мандило маънои «доира дар дохили мураббаъ»-ро дорад, ки доира хутути зоҳирии палаҳои замину осмон ва мураббаъ чаҳор сӯи ҷаҳонро таҷассум мекунад. (ниг:Искусство стран Востока. М.1986.С.35; Древние цивилизации М. 1989.С.186; Фарҳанги самбулҳо. Теҳрон. 1368.ҳ.ш.). Дар «Авесто» гуфта шудааст, ки Аҳрумаздо ба Ҷамшед мефармояд, ки ҷойгаҳе ба шакли мураббаъ бисозад ва дар он одамону ҳайвонотро ҷой диҳад ва дар мобайни доирае оташ афрӯзад ба ҳамин шакл, яъне ба шакли мандило аҷдоди ориёии мо оромгоҳҳо – хонаҳои охирати худро месохтанд. Дар замони Сосониён дар қарнҳои III-IV мелодӣ шаҳрҳо, кохҳову кӯшкҳо ва оромгоҳҳо ба ҳамин минвол сохта мешуданд. Ин анъанаҳои меъморӣ дар сохтмони оромгоҳҳои давраи баъд аз исломии Осиёи Миёна нигоҳ дошта шудааст. Оромгоҳи Исмоили Сомонӣ дар Бухоро, мақбараҳои Гӯри Мир ва Шоҳи зиндаи Самарқанд ҳамон суннатҳои меъмории ориёиро дар худ таҷассум кардаанд. Зеро ин суннат ба таври ҷиддӣ риоя мешудааст ва иҷозат набудааст, то тасаввуроти дар тӯли ҳазорсолаҳо ташаккул ёфта халалдор гардад. Ҳатман бояд доира дар дохили мураббаъ риоя шавад. Гунбад рамзи доира ва чор девори бино символи чор тарафи олам маҳсуб мешавад. Ин оромгоҳу мақбараҳо баёнгари он аст, ки шаклҳои архитектурӣ ё меъморӣ пойдортар аз оину мазҳаб ҳастанд, ки суннатҳои дерини ниёгони ориёии моро дар худ ҳифз кардаанд. Ин амр гувоҳи он аст, ки бо вуҷуди нуфузи 1400 солаи ислом дар тамоми шууни зиндагии мардумони ориёитабор, боз ҳам бисёре аз суннатҳо, оинҳо ва русуму эътиқодоту ҷаҳонишиносии ориёӣ дар миёни мардуми Осиёи Миёна, махсусан, тоҷикон пойбарҷост.

  2.Забон ва адаби форсии дарӣ дар аҳди Сомониён

Гарчанде соли 81 ҳ.қ. (700/701 мелодӣ) забони арабӣ ба ҳайси забони давлатӣ ба тамоми қаламрави хилофат эълон шуда бошад ҳам, аммо коргузорӣ ва давлатдорӣ дар Хуросону Мовароуннаҳр на якбора, балки ба тадриҷ ба забонӣ арабӣ гузашт. Тибқи ахбори сарчашмаҳо танҳо соли 742 мелодӣ забон ва хати араб дар коргузорӣ ва мукотиботи Хуросон ба таври расмӣ ҷорӣ гашт (Ва гузаштан аз алифбои паҳлавӣ ба арабӣ низ дар ҳамон давр сурат гирифтааст).

Ба муқтазои таҳкими қудрати хилофати араб ва интишори бештари ислом забони арабӣ натанҳо дар умури давлатдорӣ, балки ба соҳаҳои мухталифи ҳаёти иҷтимоӣ ва фарҳангии мардумони Мовароуннаҳру Хуросон нуфуз кард. Ба замми ин, ба хотири ҳифзи имтиёзоти хеш ва наздик шудан ба арабҳои истилогар, ашрофияти маҳаллии Эрони Ғарбиву Хуросону Мовароуннаҳр ба омӯзиши амиқи забону хати арабӣ пардохтанд ва дере нагузашта забони арабӣ забони илму адаби мардуми ашрофият ва ҳукуматдорони манотиқи Хуросону Эрони Ғарбиву Мовароуннаҳр гардид. Дар асрҳои VIII-XI намояндагони ин сарзамин осори зиёди илмӣ, фалсафӣ, динӣ ва адабиро ба забони арабӣ таълиф намуда, онро ғаниву машҳур гардониданд. Аз ҷумла, риёзидони маъруф Ал-Хоразмӣ (780-847м.), ситорашиноси машҳур Ал-Фарғонӣ (асри IX), Ал-Форобӣ (асри X), донишмандон Саолабӣ (961-1038) ва Наршахӣ (асри X), муаррихону ҷуғофиядонҳои маъруф Табарӣ (ваф. 993), Ибни Хурдодбеҳ (820-912), Ибни Руста, Ал-Истахрӣ (X) ва амсоли онҳо, ки осорашонро ба забони арабӣ навиштаанд. Ҳамчунин алломаҳои маъруфи ҷаҳон Ал-Берунӣ (973-1048) ва Ибни Сино (980-1037) низ осори илмӣ-фалсафӣ ва тиббиашонро бо забони арабӣ таълиф кардаанд. Дар ин давра дар кишварҳои исломӣ забони арабӣ забони байналмилалии илму фарҳанг маҳсуб мешуд. Тавре ки дар асрҳои миёна дар Аврупо ин вазифаро забони лотинӣ ба дӯш дошт.

Бисёре аз эронӣнажодон бо забони арабӣ шеър гуфта, дар миёни араб маъруф гардиданд. Муаррихи маъруф Соалабӣ дар асари маъруфаш «Ятимат-уд-даҳр (Марвориди ҷаҳон)» аз 119 шоирони арабизабон ёд мекунад, ки дар аҳди Сомониён дар Хуросону Мовароуннаҳр зиндагиву эҷод мекарданд ва аксарашон эронитабор буданд. Ҷолиб он аст, ки бо вуҷуди султаи 2 асраи забони арабӣ дар ин сарзамин доираи қаламравии забони арабӣ танҳо дар сатҳи табақаи ҳоким ва ашрофияти маҳаллӣ маҳдуд монд. Барои оммаи васеи мардуми шаҳру рустоҳои Мовароуннаҳру Хуросон ва Эрони Ғарбӣ забони араб ҳамчун забони бегонаву аҷнабӣ, забони дину мазҳаб ба шумор мерафт.

Бояд ёдовар шуд, ки на истилои бераҳмонаи араб, на дину оини ҷадиду низоми давлатдории нав, появу решаи забону гӯишҳои маҳаллии мардуми эронинажодро решакан карда натавонист. Зеро ташаккули халқияту миллияти халқҳои сокини Хуросону Мовароуннаҳр бинобар таъйиди бархе аз донишмандон, аз асри V мелодӣ шурӯъ гардида буд. (Дар асоси забонҳои маҳаллии суғдӣ, тохарӣ, бохтарӣ ва амсоли он.) Ва дар ин ду асри сукути иҷборӣ мардумони эронинажоди Осиёи Миёна ва Эрон натанҳо урфу одат, балки забони худро низ нигаҳ, доштанд. Бесабаб нест, (тибқи ахбори Наршахӣ, асри X) ки дар асриVIII Халофати Бағдод иҷозат дода буд, мардуми тозамусулмоншудаи Мовароуннаҳр, махсусан, дар Бухоро (масҷиде, ки соли 713 сохта шудааст) ҳангоми адои намоз Куръони маҷидро ба забони модариашон бихонанд. Ҳамчунин маълум аст, ки яке аз мубаллиғини ислом Абу-с-Сайдо соли 728м. бинобар дар забони форсӣ қавӣ набуданаш дар миёни мардуми Самарқанд аз талбиғи ислом худдорӣ мекунад. Гарчанде адабиёти мактубӣ дар ин давра танҳо ба забони арабӣ буд, аммо адабиёти шифоҳӣ дар ин марзу бум ба гӯишу лаҳҷаҳои маҳаллӣ ривоҷ доштааст.

Шакке нест, ки дар ин ду асри тасаллути комили арабӣ осори манзуму мансуре ба забонҳои эронӣ навишта шудаанд, аммо то ба имруз барои аҳли илм пӯшидааст. Гарчанде ҷо-ҷо дар сарчашмаҳои таърихӣ ишораҳое мавҷуданд, ки адабиёти хаттие ба забонҳои эронӣ, ба вижа форсии дарӣ мавҷуд будааст. Аз ҷумла, дар навиштаҳои сайёҳону муаррихони арабизабони асрҳои IX-X ҷаста гурехта баъзе маълумотҳое ба даст мерасанд. Шарқшиносону донишмандони қарни XX, аз қабили В.В.Бартольд, Я.М.Марр, М.М.Якубовский, Ж.Лазарь, М.Баҳор, С.Нафисӣ, 3. Сафо, Парвиз Хонларӣ ва амсоли онҳо матнҳоеро аз ин сарчашмаҳо ҷамъоварӣ кардаанд, аммо теъдоди онҳо хело маҳдуд аст. Барои мисол, таронаи мардуми Балх дар бораи шикасти ҳокими арабӣ Хуросон Асад ибни Абдуллоҳ дар Хуталон:

Аз Хуталон омадие.

Овор боз омадие.

Ба ру табоҳ омадие.

Хушку низор омадие.

Ва ё маълумоти ибни Хурдодбеҳ (IX- то X) дар дубайтие, ки ба васфи Самарқанд гуфта шудааст:

Самарқанди қандманд,

Ба зинат кӣ афканд?

Аз Шош та беҳӣ,

Ҳамеша та хуҳӣ.  

Академик В.В.Бартольд бар асоси ахбори Ат-Табарӣ зикр мекунад, ки шайхҳои Мароғӣ шеърҳои ба форсӣ эҷодкардаи шоири ибтидои асри IX Муҳаммад ибни Боисро қироат мекарданд.

Баъд аз заиф шудани Хилофат ва кӯшишҳои истиқлолталабии кишварҳои зери султаи он, аввалин давлатҳои нисбатан мустақил дар Хуросону Мовароуннаҳр ба вучуд омаданд.

Ашрофияти маҳаллӣ ва табақаи ҳокими Хуросону Мовароуннаҳр барои касби истиқлол ва эҷоди давлати мустақил бар зидди султаи арабҳо ва тамаддуни арабии исломӣ ба ҳайси аслиҳаи идеологӣ забону фарҳанг ва оину русумӣ то исломии халқҳои бумиро мавриди истифода карор доданд. Дар ин замина ҳаракати идеологие ба номи шуубия, ки ҳадафаш эҳёи тамаддуну суннатҳои мардуми маҳаллӣ ва таблиғу ташвиқи он ва нишон додани бартарияти нажодиву фарҳангии эронитаборон буд, ба миён омад.

Возеҳ аст, ки дар ин шароит таваҷҷӯҳ ба забони миллӣ ҳамчун яке аз омилҳои асосии идеологӣ, бештар мегардад.

Агар дар ибтидои ҳукумати хилофати арабӣ табақаи ҳокиму ашрафияти маҳаллӣ барои мустаҳкам кардани мавқеи сиёсии хеш ва ба даст даровардани мансаб ба фарогирии забони арабӣ талош меварзиданд, акнун аз нимаи дуюми қарни IX тамоюли баръакси он мушоҳида мегардад. Бо пуштибонӣ аз забону адабӣ миллӣ (маҳаллӣ) ва иртиқои он ба сифати забони адабӣ-давлатӣ сулолаҳои ҳокимони маҳаллӣ ва ашрафияти тарафдорони онҳо истиқлоли сиёсӣ ва фарҳангии хешро аз Хилофати араб таборуз медоданд.

Тавре ки маълум аст, аввалин давлатҳои феодалии соҳибистиқлоли Хилофат давлати Тоҳириён (821-873) дар Хуросон, Саффориён (873-903) дар Сиистон ва Сомониён (875-999) дар Мовароуннаҳр буданд, ки дар қаламравии забони дарӣ-форсии тоҷикӣ ба вуҷуд омаданд.

Ҳамин тавр, аз нимаи дуюми қарни IX раванди маҳдудшавии султаи забони арабӣ ва густариши забони форсии дарӣ дар соҳаи коргузорӣ, илму адабиёт оғоз мегардад. Яке аз сабабҳои густаришу рушди забони дарӣ дар сатҳи забони давлатӣ шарти асосии истиқлолияти сулолаҳои маҳаллӣ бошад, сабаби дигараш, забони арабӣ дар зарфи 2,5 асри ҳокимияташ дар ин каламравӣ танҳо забони расмӣ-коргузорӣ ва муоширати иддаи маҳдуди аҳолии маҳаллӣ ва худи арабҳои муқими Мовароуннаҳру Хуросон боқӣ монда, дар миёни мардуми аввом паҳн нагашт. Масалан, ҳатто Яқуб ибни Лайси Саффорӣ, ки аз мардуми аввом буда забони арабӣ намедонист ва тибқи қадимтарин сарчашмаи таърихӣ «Таърихи Сиистон» соли 867 ҳангоми бозгашти тасарруфи Ҳирот, вақте шоирон ба арабӣ ба васфаш мадҳия месароянд дар ҷавоб мегуяд: «Чизе, ки ман андар наёбам, чаро бояд гуфт?». Ва гуё дабираш Ибни Васиф шеъре ба порсӣ мегӯяд.

Авҷи шукуфоӣ ва густаришу рушди забони форсӣ ба ҳайси забони расмӣ-давлатӣ, адабӣ, илмӣ бо сари қудрат омадани нахустин давлати тоҷикон – Сомониён (875-999) робитаи ногусастанӣ дорад.

Касби истиқлоли сиёсӣ ва ҳамчунин рушди чашмгире дар соҳаҳои гуногуни ҳаёти иҷтимоии асри X заминаи мусоидеро барои инкишофи фарҳангу илму адаб дар қаламрави Сомониён ба вуҷуд овард. Аҳли илму адаб аз манотиқи мухталиф ба шаҳрҳо, махсусан, Бухоро – маркази давлати Сомониён ҷамъ меомаданд, то дар ҳаёти фарҳангӣ ва илмии кишвар саҳм гиранд.

Амирони Сомонӣ аз назари сиёсӣ ва нишон додани бартариашон аз хилофати Аббосӣ аз рушду густариши илму адаб пуштибонӣ мекарданд. Ҳатто вазирони худро аз миёни донишмандон интихоб мекарданд, ки дар навбати худ ин вазирон барои рушди мӯътадили илму фарҳангу адабиёт шароити мусоид фароҳам меоварданд.

Аз ҷумла, Абулфазл Муҳаммад ибни Абдуллоҳи Балъамӣ, Абуабдулло Аҳмад ибни Муҳаммади Ҷайҳонӣ, Абӯалӣ Муҳаммад ибни Балъамӣ, Абӯтайиби Мусъабӣ вазирони сомонӣ ҳама аҳли донишу фазл буданд.

Бинобар ахбори сарчашмаҳои таърихиву ҷугрофиёӣ аҳли илму адабе, ки дар дарбори Сомониён гирд омада буданд, на танҳо аҳли Хуросону Мовароуннаҳр, балки аз Эронй Ғарбиву дигар қаламрави Хилофати араб низ буданд.

Аз ҳамон 119 шоири арабизабоне, ки Абумансури Саолабӣ (961-1038) дар «Ятимат-уд-даҳр» зикр карда, 29 нафарашон аз Эрони Ғарбӣ ва вилоятҳои дигари Хилофат маҳсуб мешуданд.

Дар ин давра Бухоро маркази илму фарҳанги Шарқ гардида буд, тавре ки устод Рудакӣ гуфтааст:

Имрӯз ба ҳар ҳоле Бағдод Бухорост,

Куҷо мири Хуросон аст, пирӯзӣ онҷост.

Дар аҳди Сомониён, махсусан дар ибтидои асри X адабиёт тараққии беандоза мекунад. Бо мақоми давлатӣ касб кардани забони форсии дарӣ ҳамзамон бо дигар омилҳо шароити мусоиде барои шукуфоии назму насри дарӣ фароҳам омад. Маҳз дар асри X назму насри дарӣ ба маънои томаш рушду нумӯъ кард.

Дар манбаъҳои таърихии то асри IX дар бораи ба забони форсии дарӣ мавҷуд будани рисола ва ё девони шеъру китоби алоҳидае сухан намеравад. Ва набудани китоб низ як амри табиист, зеро барои ба ин забон ба вуҷуд омадани адабиёти мукаммали хаттӣ бояд, ки он забон ба ҳукми забони расмӣ-давлатӣ қудрат дошта бошад.

Муборизаи ду асраи халқу қавмҳои Хуросону Мовароуннаҳр баҳри озодии сарзамини хеш ва касби истиқлолияти сиёсӣ, муҳимтар аз ҳама, эҷоди адабиёти бадеӣ ба забони модарӣ зарурати аз нав баррасии хотираи таърихӣ ва ҳамосаи аҷдодони

эронинажодро ба миён овард. Зеро барои тақвияти истиқлолияти сиёсиву миллӣ талқини ифтихороти таърихиву миллӣ ва корнамоию воқеиёти таърихии халқҳои ин марзу бум хело муҳим буд. Аз ин ҷост, ки билофосила баъд аз касби истиқлол ва ба миён омадани давлати муқдатири тоҷикон – Сомониён, ҷамъоварии ривоёту асотири таърихӣ ва корнамоиҳои ниёгон, ки ба таври шифоҳӣ аз даҳон ба даҳон то он замон расида буданд, оғоз мегардад. Дар натиҷа чандин «Шоҳнома»-ҳои мансур таълиф мегарданд, ки тибқи ахбори «Таърихи Балъамӣ» нахустини он «Шоҳнома»-и Абумуайяди Балхӣ мебошад, ки манобеи васеи таърихӣ, асотирӣ ва ҳамосаӣ маҳсуб мешавад. Ва ин китоб аз нахустин «Шоҳнома»-и мансурест, ки китобат шудааст (ибтидои асри X) ва мутаассифона аз ин китоб ба ҷузъ чанд порчае иқтибос шуда дар «Таърихи Сиистон» чизе боқӣ намондааст.

«Шоҳнома»-и дигари мансуре, ки дар ин давр эҷод шудааст, ба қалами Абуалӣ ибни Муҳаммади Балхӣ тааллуқ дошта ва «Шоҳнома»-и Абумансурӣ бошад аз тарафи чаҳор нафар донишмандони зардуштӣ зери роҳбарии Абу Мансури Муҳаммад ибни Абдуллоҳи Муаммарӣ таълиф шудааст, ки хушбахтона то замони мо омада расидааст.

Ин асарҳо дар қатори дигар сарчашмаҳои адабӣ, таърихӣ, илмӣ ва асотирӣ манбаи асосии «Шоҳнома»-и безаволи Абулқосим Фирдавсӣ будааст.

Дигар аз осори мансури ин давра, ки намунаи насри равону соддаи дарӣ маҳсуб мешавад, тарчумаи «Таърихи Табари»-ст, ки ба қалами вазири донишманд Абулфазли Балъамӣ (нимаи дуюми асри X) тааллуқ дошта, бо номи «Таърихи Балъамӣ» машҳур аст. Ҳамчунин зери назари Балъамӣ тарҷумаи «Тафсири Куръон»-и Табарӣ – дар 114 ҷилд сурат гирифтааст ва асари «Ҳудуд-ол-олам мин – ал- машриқ ила-л мағриб»-и муаллифиномаълум аз дастовардҳои ҳамон давра аст. Ин асар тахминан соли 982 таълиф шудааст.  

Аз нигоҳи инкишофи шеъри форсӣ асри X давраи ташаккули он маҳсуб мешавад. Гарчанде то асри даҳ осори манзуме ба забони дарӣ вуҷуд доштааст. Масалан, дар асри IX дар дарбори Тоҳириён ва Саффориён шоироне аз қабили Муҳаммад ибни Васиф, Бассоми Курд, Ҳанзалии Бодғисӣ, Маҳмуди Варроқи Ҳиравӣ, Фирузи Машриқӣ, Абӯ Сулайқи Гургонӣ зиндагӣ ва эҷод карданд, аммо осори манзуми онҳо дар рушду такомули баъдии шеъри форсии дарӣ ҳеч нақша набозидааст. Махсусан, баъд аз он ки дар асри X як зумра чеҳраҳои тобноке чун устод Рудакӣ ва ҳамасрони он арзи вуҷуд карданд, шеъри онҳо ба куллӣ ба гушаи фаромушӣ супорида шуд.

Чеҳраи нотакрори шеъри дарии асри X дар он аст, ки дар ибтидо ва интиҳои хеш ду ситораи нотакрори шеъри порсиро ба армуғон додаст. Яъне дар ибтидо устод Рудакӣ ва дар интиҳои он Фирдавсии бузург қарор доранд.

Маҳз дар эҷодиёти Рудакӣ, Фирдавсӣ ва ҳамзамонони онҳо шоироне, чун Шаҳиди Балхӣ, Абулҳусайни Муродӣ, Робиаи Балхӣ, Абӯшукури Балхӣ, Абуабдуллоҳи Фаролавӣ, Абутаййиби Мусаабӣ, Абулмуайяди Балхӣ, Абуисхоқи Ҷуйборй, Абулҳусайни Оғоҷӣ, Равнақи Бухороӣ, Сипеҳри Бухороӣ, Абуабдуллоҳи Рабинҷонӣ, Маънавии Бухороӣ, Имории Марвазӣ, Маъруфи Балхӣ, Хаббози Нишопурӣ, Абӯмансури Муҳаммади Дақиқӣ, Камолиддини Абулфатҳи Пиндор, Маҷид-дини Абулҳасани Кисоӣ, Кисоии Марвазӣ, Абулфатҳи Бӯстӣ, Мунҷиқи Тирмизӣ ва амсоли онҳо жанрҳои шеъри форсӣ-дарии тоҷикӣ аз қабили маснавӣ, китъа, дубайтӣ, рубоӣ, ғазал, қасида ба миён омадаст.

Саҳми Рудакӣ ва Фирдавсӣ дар инкишоф ва ҳифзу густариши фарҳангу тамаддуну забони дарии тоҷикӣ қариб дар як поя меистад, зеро:

        а) Маҳз дар эҷодиёти Рудакӣ забони форсии дарӣ такомули худро меёбад ва шеъри дарӣ ба арсаи ҷаҳонӣ роҳ пайдо мекунад ва ба қавли Дормистетер: Рудакӣ Гомери шеъри дарӣ мебошад. Ва ба тайиди устод Айнӣ сабки «саҳли мумтанеъ» маҳз аз ашъори Рудакӣ оғоз ёфтааст.Бештари шоирон ба ӯ пайравӣ кардаанд, вале ба пояи ӯ нарасидаанд. Ҳатто, бо ҳама устодӣ Унсурӣ гуфтааст: «Ғазалҳои ман Рудакивор нест».

        б) Тамоми жанрҳо ва навъҳои шеъри классикӣ дар асри X, махсусан дар ашъори Рудакӣ инъикоси аввалии худро пайдо кардаанд. Аз ҷумла, қасида, маснавӣ, қитъа, рубоӣ ва ғазал.

        в) Парҳез аз калимаҳои арабӣ ва истифода аз вожаҳои ноби тоҷикии дарӣ ва то ҳадде соф маҳаллӣ аз ашъори Рудакӣ оғоз шудааст, барои намуна:

Кори бӯса чу об хурдани шӯр,

Бихурӣ беш ташнатар гардӣ.

Ва ё шаб зимистон буд, каппи сард ёфт,

Кирмаки шабтоб ногоҳе битофт.

Агар хидмати Рудакӣ ва пайравони ӯ, қабл аз ҳама, дар таҳкими пояҳои шеъри дарӣ ва такмили забони дарии точикӣ бошад, Абулқосим Фирдавсӣ ин абармарди шеъру адаби форсизабонон дар зинда мондани ақвоми эронинажод ва забони форсии дарӣ саҳми беандозае доштааст.

Зиндагӣ ва эҷоди Фирдавсӣ дар замони инқирози сулолаи Сомониёну аз байн рафтани он рост омадааст. Дар ин давра кашмакашиҳои дохили хонаводагии Сомониён ва ҳуҷуму тохту този туркони бодиянишин ба қаламравии онҳо, ки бо таҳриқу дасисаи хилофати Бағдод амалӣ мегардид, хатари бузургеро барои мавҷудияти забону миллияти форсизабонон эҷод карда буд. Фармонравоии туркони бодиянишин мумкин буд, раванди маҳви забон ва инҳилоли қавмҳои эронинажодро дар забону фарҳанги арабӣ тезонад.Аз ин рӯ, рисолати шоири ватанпараст дар ин замон эҷоди подазаҳри қавие дар муқобили ин ду заҳри муҳлиқи азими давр маҳсуб мешуд. Фирдавсӣ инро дарк намуда, рисолати шоирӣ ва ватанпарастии хешро бо тамоми вуҷуди худ дарёфт ва аз сухан кохе сохт, «к – аз боду борон наёбад газанд».

Ба қавли шоири инқилобии аввали карни XX Эрон Мирзодаи Ишқии шаҳид:

Баҳри Фирдавсӣ чӣ бояд кард, к-ӯ аз кори хеш,

Яъне аз нерӯи табъу мӯъҷизи гуфтори хеш.

Мурда фарзандони чандин қарни Эрон зинда              

                                                                                кард,

Аз лаби Омуя то дарёи Уммон зинда кард.

Бар ҳақ «Шоҳнома»-и безаволи ӯ шиносномаи мардуми эронитабор буда, он ифтихору ҳофизаи таърихии форсизабонҳост. Асри X асри тиллоӣ ва даврони, бидуни муҳобот, ташаккули забону фарҳанги форсии тоҷикист.

test

Добавить комментарий