Фарханги аврупоии асри XX

  1. Суннатҳои гуманизм
  2. Сиентизм (сциентизм) ва технократизм
  3. Фаромодернизм
  4. Ҷаҳонишавӣ ва фарҳанги асри XX

1.Суннатҳои гуманизм

Дар фарҳанги муосири аврупоӣ ғояҳо ва усулҳое, ки инсоният дар қарнҳои гузашта, ба вижа дар поёни қарни XX кашф кардааст, хело хуб ба ҳам омезиш ёфта ба таври мӯъҷаз ироа шудааст. Муҳим он аст, ки аз ин «ғарбели замон» кадом арзишҳои асосии фарҳангӣ тавъам бо шаклҳои ҳаёти иҷтимоӣ, тарзҳои фаъолияту ҷаҳонфаҳмию ҷаҳоншиносии ниёгон ба асри XX расидааст?

Дуруст аст, ки дар фарҳанги имрӯзи аврупоӣ ба таври васеъ усул ва арзишҳои гуманизм ривоҷ ёфтааст, аммо дар моҳияти худ, гуманизм дорои мафҳуми густардаест. Ба таври мисол, гуманизми давраи Эҳё, ки ба нерӯю қудрат ва озодии рӯҳи эҷодкоронаи инсон арзиш қоил буд, пеш аз ҳама хислати зубда (элитарӣ) дошт. Зеро он ба ахлоқи инфиродӣ иртибот дошта, танҳо ба теъдоди маҳдуди баргузидагони ҷомеа тааллуқ дошт. Аммо моҳияти аслии гуманизми имрӯза ҷанбаи унверсалии он маҳсуб мешавад, чунки он барои фард нигаронида шуда, ҳаққи ҳар фардро барои зиндагӣ, рифоҳу озодӣ қоил аст. Аз ин ҷост, ки гуманизми муосир моҳиятан демократӣ буда, ҷанбаи зубда надорад.

Самтгирии гуманистии фарҳанги муосир дар соҳаҳои гуногуни ҷомеа аз қабили иқтисод, ахлоқ, сиёсат, ҳунари бадеӣ ва амсоли он нигаронида шудааст. Ин раванд ташаккули фарҳангии сиёсиро низ муайян намудааст. Арзишҳои фарҳанги сиёсии муосир бори нахуст дар соли 1789 сабт шудааст. Барои он ки умумигӯй накарда бошем, ду санади зеро, ки дар асрҳои гуногун танзим шудааст, ба муқоиса мегирем:

«Эъломияи ҳуқуқи инсон ва шаҳрванд»(асри XVIII) ва «Эъломияи умумии ҳуқуқи инсон» (асри XX).* Зеро ғояи дар даврони инқилоби буржуазии Фаронса ба вуҷуд омада, имрӯз низ ба ҳайси ғояи давлатҳое, ки шомили Созмони Милали Муттаҳид (СММ) мебошанд, қабул шудааст. Барои суҳулат бо аломати (а) «Эъломияи ҳукуқи инсон ва шаҳрванд»; ва (б) «Эъломияи умумии ҳуқуқи инсон» ифода мегардад:

Моддаи 1. «Инсонҳо бо ҳуқуқҳои баробару озод таваллуд мешаванд ва боқӣ мемонанд»(а). «Тамоми одамон аз нигоҳи ҳайсияту эътибор ва ҳуқуқи хеш озоду баробар таваллуд мешаванд»(б).

Моддаи 2. «Ҳадафи ҳар як иттиҳоди сиёсӣ ҳифзи ҳуқуқи фитрӣ ва ҷудонашавандаи инсон мебошад. Ин ҳуқуқҳо моҳияти озодӣ ва амният, муқовимат бар зулм маҳсуб мешавад»(а). Ин мазмун дар моддаҳои 3,4,5,8,9,14 (б) ҷой дода шудааст.

Моддаҳои 7,8,11(а) озодии шахс, озодии виҷдон ва озодии сухану матбуотро эълом медоранд. Ин мазмун дар моддаҳои 12,18,19(б) низ мунъакис шудааст.

Муҳаққини аврупоӣ бар он ақидаанд, ки ғояи баробарии умумибашарӣ нахуст аз ҷониби дини масеҳӣ эълом шуда ва тибқи таълимоти Исои Масеҳ ҳама дар назди худо баробаранд, зеро ҳар як шахс қатъи назар аз мақому манзалати иҷтимоии хеш рӯҳи ҷовидон дорад. Бояд ёдовар шуд, ки дар дини масеҳӣ аслан сухан дар бораи баробарии дунёи ухравӣ ё ирфонӣ дар назар аст, аммо дар зиндагии воқеӣ (дар иҷтимоъ) на ҳама баробаранд.

Гуманизми муосири ғарбӣ талош меварзад, то дар зиндагии рӯзмарра ва воқеӣ имкони баробарии афроди ҷомеа имконпазир гардад. Ва ин баробарӣ, дар қадами аввал, дар демократисозии ҳаёти иҷтимоӣ ва рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ бояд амалӣ гардад. Аз ин рӯ, саҳми одамон дар ҳаёти иҷтимоӣ афзуда, субъектҳои фаъоли созмонҳои иҷтимоӣ мегарданд.

Дар навбати худ бояд ёдоваро шуд, ки ин равандҳо дорои ҷанбаи манфӣ низ мебошанд, зеро дар асари онҳо инсон аз ҳадди беш мутамаддин мегардад, ки он ба зарари фарҳангии шахсии ӯст. Ба-дин робита А.Швейстер, мутаффакир ва гуманисти қарни XX бо як изтироб доир ба таназзули фарҳанг сухан гуфтааст. Ҳамчунин аз ҳад зиёд танзими шароити иҷтимоии одамон ба фарҳанг низ таъсири манфӣ мерасонад.Дуруст аст, ки ҷомеаи созмонёфта (муназзам) ҳам замина ва ҳам натиҷаи фарҳанг ба шумор меравад ва равшан аст, ки дар марҳилаи муайяни тараққиёт сохтори берунии ҷомеа низ аз ҳисоби ҳаёти маънавӣ рушд мекунад. Зеро шахсияту ғоя(идея) таҳти нуфузи ниҳодҳои иҷтимоӣ қарор мегиранд ва ба ҷои он ки ба ин ниҳодҳо таъсир расонанд, баръакс ба рущди онҳо кӯмак мекунанд. Ин мӯҷиби инқирози гуманизм ва таназзули арзишҳои бунёдиву инсонии шахсият мегардад. Чунин инқироз, ки дар миёнаҳои қарни XX ба миён омадааст, ба масоили ҳаёти моддӣ ва маънавии ҷомеаи Ғарбӣ иртиботи бевосита дорад.  

 2.Сиентизм ва технократизм

Он чизе, ки имрӯз Аврупои муосир ва Амрико ҳамчун муҳимтарин дастоварди рушди фарҳанг бечунучаро қабул кардааст, ин самтгирӣ ба маърифати оқилонаи ҷаҳон аз тариқи илм мебошад.

Аз асри XIX шурӯъ карда аломатҳои ҷаҳонишавии илм ҳамчун нерӯи пешбарандаи ҷомеа падидор гардид ва истифодаи васеи дастовардҳои илм дар ибтидои асри XX ба ин овард, ки зиндагии миллионҳо нафар одамони дар кишварҳои саноатӣ маскунбуда билкул тағийир ёфт. Ба таъбири дигар, илм тамоми фаъолияти инсонро фаро гирифт ва появу таҳдоби асосиро барои ваҳдати инсоният тарҳрезӣ намуд. Аммо нақши ақли инсон дар илм ба тарзи мухталиф арзёбӣ мегардад. Барои мисол, донишманди маъруфи рус В.И.Вернадский (1863-1945) мӯътақид буд, ки ба таври доимӣ афзиши фаъолияти илмии инсон як падидаи мутараққист. Илму техника сохтору хислати муносибати иҷтимоӣ, умуман, тамоми тарзи зиндагии инсонро дигаргун сохт. Аз назари Вернадский В.И. илм инсонро ба як нерӯи махсуси геологие табдил дод, ки тамоми сатҳи курраи Замин ва биосфераи онро дигаргун сохтааст.

Дар ибтидои асри XX Герберт Уэллс (1866-1946) нависандаи фонтасти англис андешаи сохтани «Мағзи (майнаи) ҷаҳонӣ», яъне махзани воҳиди тамоми иттилооти ҷаҳонро пешниҳод карда буд. Дар замонаш онро як хаёли таҳаққуқнопазир пиндошта таваҷҷӯҳ накардаанд. Аммо рушди имрӯзаи илм собит сохт, ки орзуи Уэллс як хаёли ширин набудааст. Имрӯз дар хонаи хурде, дар як системаи компутерӣ тамоми китобҳои бузургтарин китобхонаҳои ҷаҳонро ҷой додан мумкин аст. Фарҳанги муосир захираҳои бузурги иттилоотро ҳифз карда метавонад. Ба таъбири дигар, имрӯз мо дар иҳотаи маҷроҳои бузурги иттилоотӣ қарор дорем.

Дар баробари ин, нуқтаи назари дигаре низ мавҷуд аст, ки рушди илму техникаро хатари азиме барои инсоният, муҳити зист ва пеш аз ҳама, ба худи инсон меҳисобад, зеро он дар худ нерӯи харобиоварро дорост. Чӣ бояд кард? Кӣ ҳақ аст? Тараққиёти илмӣ-техникӣ барои башарият созандааст ё сӯзанда? Ба ин ва дар дигар суолҳо имрӯз ду ҷараёне, ки бо номи «физикҳои-ву «лирикҳо» дар ҳаёти фарҳанги солҳои 60-уми қарни XX ба миён омада, дар фарҳангшиносӣ зери номҳои сиентизм (аз калимаи лотинии scienta-дониш, илм) ва антисиентизм (зидди илм) маъруфанд, ҷавоб медиҳад.

Тарафдорони сиентизм мӯътақиданд, ки ояндаи насли башар ва курраи замин ба илм сахт вобастааст. Зеро илм масъалаҳои азими инсониятро ҳаллу фасл намуда, онро аз бӯҳрони иҷтимоӣ-экологии ҷаҳонӣ, ки ба ҳаёти инсон таҳдид мекунад, раҳо месозад. Чун ки наҷоти баштар, ибтидо, аз дарки таҳдид оғоз гардида, сипас то ба ҷустуҷӯ ва пайдо кардани воситаҳои (маънавӣ ва моддӣ) аз ин бӯҳрон раҳоӣ шудан такомул меёбад.

Аз ин рӯ, намояндагони сиентизм таъкид мекунанд, ки ояндаи инсоният ва бақои ҳаёт ба рушди илми ҷомеои фаросанъатӣ (иттилоотӣ) вобастагии амиқ дорад.

Тарафдорони ҷараёйи антисиентизм бошанд бар он ақидаанд, ки илм танҳо падидаи деструктивиро ба вуҷуд меорад. Зеро инсон бо ёрии донишҳои илмӣ ба муҳити атроф, табиат, ба дигар инсонҳо ҳамчун ба объекти истеъмолӣ ва дигаргунсоз нигоҳ мекунад. Дар натиҷаи он инсон ба ҳайси арзиши олӣ ва ё ба қавле чун «ашрафи махлуқот» аз байн рафта, ҳамчун шахсият худро гум мекунад.

Ба табъири дигар, антисиентизм ҳамчун аксуламал бар зидди аз ҳадди эътидол боло бурдани нақши илм дар ҷомеаи инсонӣ арзи вуҷуд кардааст. Ва тарафдорони он илмро «вабои асри XX» хонда, ҳамагуна бӯҳронҳои иқтисодӣ, экологӣ ва миллиро пайёмади ҷустуҷӯҳои илм медонанд. Ин вазъи мутахосимро Чарлз Перси Сноу, донишманду нависандаи англис соли 1959 дар суханронии маъруфи хеш дар Донишгоҳи Комбриҷ зер унвони «Ду фарҳанг ва инқилоби илмӣ» чунин баён доштааст: «Дар як қутб равшанфикрони эҷодкор, адибон ва дар қутби дигар донишмандон, чун намояндаи барҷастаи ин гурӯҳ-физикҳо қарор доранд. Онҳоро садди нофаҳмӣ ва ҳатто, хусумат (махсусан, дар байни ҷавонон) аз ҳам ҷудо кардааст. Дар бораи ҳамдигар як тасаввуроти таҳрифшуда (ғалат) доранд. Назару муносибати онҳо ба як чиз гуногун буда, ҳатто дар соҳаи эҳсос низ наметавонанд назари умумӣ дошта бошанд». (Ч.П. Сноу. Портреты и размышления М: – «Прогресс», 1985, стр.210)

Сарфи назар аз ин ҳама, навъи фарҳанги илмӣ-техникӣ, ки ибтидо дар Аврупо ташаккул пайдо карда, сипас дар тамоми ҷаҳон ривоҷ ёфт, ба инсон барои рушди озодӣ, пеш аз ҳама, барои ҳаёти моддии ӯ кӯмаки беандоза кардааст. Дар Давраи нав тамаддуни техногенӣ оғоз ёфта, ки дар рӯи харобаҳои асримиёнагӣ бунёд гардидааст. Фарҳанги ин тамаддун дар пояи он муносибатҳои инсону табиат ташаккул ёфтааст, ки инсон  мехост аз вобастагии хеш аз табиат раҳо ёбад. Ва аз ин рӯ, бузургтарин арзиши фарҳангиро инсон дар тасаллути хеш бар табиат, ғанӣ сохтану такомули донишҳои технологиву илмӣ меҳисобид. Аз ин рӯ, рушди техникаву технология ҳамчун аслиҳаи тасаллути инсон бар табиат ҳадафи асосӣ ва меъёри тараққии ҷомеа ба шумор мерафт.

Камолоти ҷаҳонии илму техника, ки дар қарни XX шакл гирифт, оғози иттиҳоди иқтисодии ҷаҳонро поягузорӣ кардааст, дар тамоми кунҷу канори курраи Замин усулҳои пешқадами фарҳанги истеҳсолиро паҳн намуд. Имрӯз мо шоҳиди бевоситаи тараққии байналмиллалишавии робитаҳои иқтисодӣ мебошем. Яке аз намуди бурузи ин раванд корпаратсияҳои (иттиҳодияҳои) варомиллӣ (трансмиллӣ) бо шаклҳои воҳиди созмонҳои фарҳангӣ, ки дар даҳҳо кишвару қитъаҳои олам фаъолият доранд, ба шумор меравад. Ба ин корпаратсияҳо беш аз  сеяки истеҳсоли саноатӣ, болиғ аз нисфи тиҷорати хориҷӣ ва қариб 80% техникаву технологияи ҷадид тааллуқ доранд. Дар бораи афзоиши байналмиллалишавии ҳаёти ҷаҳони имрӯз хислати ҳамафарогирии инқилоби илмӣ-техникӣ ва нақши усулан нави васоили ахбору иртиботи омма гувоҳ мебошанд.

Муносибати техногенӣ ба табиат ба ҳайси васоили қонеъкунандаи соф ниёзҳои техникӣ, на маънавию рӯҳӣ яке аз тамоюлҳои асосӣ дар рушди фарҳанги аврупоии нимаи аввали асри XX маҳсуб мешавад. Дастоварҳои афкори илме, ки дар санъату техникаи ҷаҳонӣ амалӣ гардиданд барои инсони асри XX заминаи итминонбахшро фароҳам овард, ки ҳастии қайноҳии хешро эҳсос намояд. Аммо, бояд ёдовар шуд, ки фарҳанги Аврупи асри XX бӯҳрони бузургеро дар худ мунъакис сохта, ки тамаддуни техногенӣ аз он хело ба оҳистагӣ хориҷ шуд. Ҷомеаи имрӯзӣ, ки типи нави тамаддун-ҷомеаи саноатӣ(индустриалӣ)-ро эҷод карда ва дар он тасаллути сохторҳои иқтисодӣ, сиёсӣ, технологии бидуничеҳра (бешахсият) беандоза аст, моҳиятан, бар зидди фаъолияти зиндаи инсон, фарҳанги воқеии «ман»- и фард равона шудааст. Тавре ки ёдовар шудем, тамаддуни технологӣ дар он пояи муносибати байни инсону табиат бунёд гардид, ки табиат объекти истифода ё истисмори беандозаи фаъолияти инсон қарор гирифт. Дар ин муносибати яктарафа «ҳарчӣ бештар, хубтар» маҳаки асосӣ маҳсуб мешуд. Ба таъбири дигар, аз ин ҳадаф истифодабарӣ-андӯхтани неъматҳои моддӣ, ғановат ва ба ин восита ҳаллу фасли масоили иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва амсоли ин буд. Муҳимтар аз ҳама, як ҷанбаи манфии тамаддуни техногенӣ дар он аст, ки табиатро ҳамчун як
манбаи беохири объекти истифодабарӣ аз тарафи инсон ҳисоб мекунад. Аммо дарки амиқи бӯҳрони экологӣ ин тасаввуротро, хушбахтона аз байн бурд.    

Ҳаракатҳои ғоявӣ ва илмӣ-назариявии даҳсолаҳои ахири ҷаҳон масъалаи эҷоди фарҳанги нави экологиро матраҳ сохтааст. Бӯрҳони
экологӣ мехоҳад барои мавҷудияти рушди иқтисодӣ ҳадду ҳудудеро муайян намояд. Чун ки бар асари бӯҳронҳои экологӣ заруратҳои нави муносибати инсон ва табиат ба миён омад. Бо назардошти вазъи маънавии муосир файласуфи лаҳистонитабори шведӣ Бахеньский Ю.М.  чаҳор масъалаи муҳимеро!дар назди башарият матраҳ мекунад:

  • Инсон дар Кайҳон кадом мақомеро дорост?
  • Аслан тараққиёте вуҷуд дорад?
  • Арзиши илм дар чист?
  • То кадом ҳад қудрат ё бе қудратии инсон бузург аст?

Мутаассифона, посухҳое, ки имрӯз дода мешаванд умедворкунанда нестанд. Аввалан, илми нуҷум нишон дод, ки Замин як заррае аз Кайҳон аст, зеро дар паси Роҳи Каҳкашон миллиардҳо голактикаҳои мисли Роҳи каҳкашон ҳастанд, ки фосилаи байни онҳо бо миллионҳо соли рӯшноӣ чен карда мешаванд.

Барои фарҳанги инсонмарказии асрҳои гузашта, ки инсон худродар маркази Коинот меҳисобад, ин кашфиёт як фоиҷае беш нест. Гузашта аз ин, устураи беҳамтои хислати одамӣ ва ягонаву
беназирии зиндагӣ дар Коинот низ аз байн меравад ва ин худ, мантиқан ба чунин натиҷагирӣ меорад, ки инсонро намешавад маркази нерӯи кайҳонӣ номид. Аз ин рӯ, инсон танҳо як зарраи ночизест дар ҷаҳони ҳастӣ. Авзои маънавии ҷадид, акнун барои мо
имконияти онро намедиҳад, ки бо меъёрҳои инсонмарказӣ муҳокимаронӣ кунем. Зеро фарҳанги муосир ба появу боварҳои дигар эҷод мегардад. Сониян, тасаввурот дар бораи бебозгаштиву афзунии тараққиёти ҷомеа қатъиян аз байн меравад. Аз давроне, ки Ҳеросимоваю Нагасикӣ бомбаборон карда шуданд, арзишҳои илму тараққиёти имлӣ-техникӣ зери суол қарор гирифтаанд.

Яке аз равишҳои методологии мулоҳизаи консептуалии тағироти ба амаломада, андешаи ҷомеашиноси японӣ Е. Масуди мебошад. Номбурда соли 1945 назарияи «Ҷомеаи иттилоотӣ»-ро пешниҳод карда буд, ки барои аксар як назарияи хаёлӣ маҳсуб мешуд. Тибқи ин назария ҷомеа ба як шабакаи воҳиди иттилоотӣ муттаҳид мешавад, ки ба шарофати он инсоният имконияти интихоби ҳадафи ягонаро пайдо мекунад ва ба инсон(шахс) имкони бузурги маҳорати эҷодӣ муяссар мегардад. Татбиқи технологияи нави иттилоотӣ, қабл аз ҳама, техникаи компутерӣ ва системаи робитаҳои телекоммуникатсионӣ собит сохт, ки назарияи ҷомеаи иттилоотӣ хаёли хом (утопия) набудааст.

Дар айни замон фарҳанги нав-фарҳанги иттилоотӣ ба вуҷуд омадааст, ки он барои сатҳи бисёр баланди равандҳои иттилоотии созмонёфта, иртибототи интенсивии иттилоотӣ, ҷамъоварӣ, таҳлил ва интишори иттилоот ва амсоли онро таъмин мекунад. Иттилоот дар асри мо ҳамчун захираи асосии фарҳангии рушди ҷомеа ба ҷои захираҳои саноатӣ фаъолияти рӯзмарраи инсонро таъмин мекунад.

Тавре ки мулоҳиза шуд, ҳамаи падидаҳо ва равандҳо якрангу як навохт нестанд ва онҳо ҷомеаро ба масоили мубрами рушди фарҳанги ҷаҳони муосир мерасонанд. Бо вуҷуди ин ҳама, дар ибтидои асри XXI рӯҳияи замон муносибати нобоваронаеро ба имконоти компутер ба вуҷуд овардааст, ки акнун. барои инсони асри XXI илмҳои дақиқ низ қувваи муқтадир ба шумор намераванд. Ин ҳама, ба инсоният як эҳсоси нотавониро дар муқобили нерӯи идоранашавандаи тараққиёти илмӣ-техникӣ ба миён меорад. Ин эҳсоси навмедӣ, беш аз ҳама дар шакли фалсафаи навмедонаи экзистеналистӣ буруз кардааст, ки аз дидгоҳи ин мактаби фалсафӣ мавҷудияти инсон дар ин ҷаҳон хислати фоҷиавӣ ва ноилоҷ дорад.

З.Фаромодернизм

Ҳар асру замон вижагиҳои хоси фарҳангии худро дорост, ки фарҳанги он ба номи ҳамон давр ёд мешавад. Барои мисол, фарҳанги даврони Эҳё ва ё фарҳанги давраи маорифпарварӣ. Фарҳанги Ғарби асри XX дар таърихи тамаддуни башарӣ ҳамчун фарҳанги давраи фаромодерн (постмодерн) шинохта мешавад. Зеро аз нимаи дуюми асри XX дар ниҳоду хусусияти фарҳанги Ғарб як таҳаввули бунёдие ба вуҷуд меояд. Ин таҳаввул, дар қадами аввал, дар андешаву тафаккури ҳомилони ин фарҳанг, ба вижа дар зиндагии онҳо бармало мегардад. Меъёру арзишҳо тағйир меёбанд. Арзишгузорӣ ба ҳама чизе, ки аз қайду шарт озод аст ва инкори ҳамагуна одатҳову суннатҳои роиҷи ҷомеа, сутудани фаъолияти бе бандубории шахс, беэътеноӣ ба обрую ҳайсият ва муқаррароти иҷтимоию ахлоқии ҷомеа ва махсусан, эътимод накардан ба нерӯи ҳамадонии ақлу хирад ва амсоли он маллоки асосии фарҳанги ҷадид ҳисобида мешавад. Ба-дин робита дар ҷомеаи Ғарб як навъ номуайянӣ дар зиндагӣ, бе банду борӣ ва ирратсионолизм авҷ мегирад. Қонунмандӣ ва нақши дурнамои зиндагӣ таназзул ёфта, таваҷҷӯҳи асосӣ ба зиндагии маъмулии «як рӯз бошу хурӯс бош» ва навгониҳои оммиёна равона карда мешавад.

Бояд ёдовар шуд, ки вожаи фаромодернизм(постмодернизм), борои нахуст ҳамчун истилоҳ дар ибтидои асри XX аз тарафи файласуфу нависандаи олмонӣ Рудолф Панвитз (Panwitz) барои ташхиси падидаи бӯҳрони фарҳанги Аврупо истифода шуда буд. Сипас онро дар охирҳои солҳои 40-ӯми ҳамон аср А.Тойнби барои мушаххас сохтани фарҳанги Замони нави Аврупо номгузорӣ кард.

Ба таври хулоса, агар фаромодернизмро таъбир кунем, он як навъ «бехудокунии» ҷаҳон, яъне инкори вобастагии ҳаёти инсон аз Рӯҳи мутлақ ва ахдофи Олӣ, озод будан аз ҳама қайду банд, аз ҷумла, аз тасаллути забон ҳамчун воситаи маърифати ҷаҳону замон ва ҳақиқати воқеӣ ба шумор меравад. Аз ин рӯ, усули воҳиди фарҳангӣ аз байн рафта, плуаризми фарҳангӣ ҷойгузини он мешавад.

Ин фарҳанги ҷадид дар асл зодаи низоми таҷдидшудаи саноатии классики аврупоиест, ки зиндагии афроди ҷомиаро дар чорачӯби муқаррароти зарурии хеш ҷой додаст. Аз ин рӯ, инсон дигар намехоҳад дар дохили ин муқаррарот ҳамчун унсури низоми технологӣ, иқтисодӣ ё сиёсие бошад, ки фаъолияташ тибқи хислатҳои зоҳирии фарҳанги муайяншуда идора карда шаванд.

Чунин схемаи муқаррароти шадид на танҳо рушди иҷтимоӣ-иқтисодии ҷомеаро суст мекунад, балки як вазъи умуман наверо ба вуҷуд меорад, ки бар асари он рушди иҷтимоӣ-иқтисодӣ маҳз аз вазъи ҷаҳони маънавии шахс, аз инкишофу талошҳои иҷтимоӣ-фарҳангии ӯ вобастагӣ пайдо мекунад.

Чунин авзоъ на танҳо аз таҳдиди ҷаҳонишавии вуҷуди башарият, балки аз таҳоввулоти бунёдие, ки дар низоми муносибати «инсон- истеҳсолот» ҷорист, ба вуҷуд омадааст. Имрӯз иқтисоди муосир ҷанбаи инноватсионӣ дорад. Ва ин ба-дон маънист, ки чун омилҳои моддӣ ва молии истеҳсолот дар ҳар се-чаҳор сол куҳна мешаванд ва мусалламан, онҳо наметавонанд ҳамчун ҳомили асосии арзишҳо хизмат кунанд. Зеро олоти меҳнат, мошинҳо, дастгоҳҳои истеҳсолот ҳар лаҳза рушд меёбанд ва иваз мешаванд.

Акнун дар ҷомеа ягона омили навсозӣ ва рушди истеҳсолоту сарчашмаи ба даст овардани фоида инсон ва имконияти ақлониву эҷодии ӯ маҳсуб мешавад. Аз ин сабаб, дар шароити имрӯз, рушди шахсият, маҳорату имконияти эҷодиву касбӣ ва тарбияи мутахассиси бо маҳорат аз манфиатноктарин сармоягузорӣ ба шумор меравад.

Аз ин рӯ, субъекти иҷтимоӣ(инсон) истиқлолияти бештаре аз зербинои ҷомеа ба даст оварда, озодии он афзун мегардад. Хулоса, дар ҷомеаи имрӯзи Ғарб омили инсонӣ нишондиҳандаи асосии рушди фарҳангу иҷтимоъ шинохта шудааст.

Тавре ки мулоҳиза шуд, дар охири асри XX дар Ғарб шуури иҷтимоӣ хело гуногунҷанбаву мураккаб гардид. Илму асотир, ақоиду мазоҳиби будизиму ҳиндуизм бо гностисизму амсоли он дар паҳлӯи ҳам ба таври баробар дар шуури иҷтимоӣ фаъолият мекарданд. Дар асл дар фарҳанги охири асри XX тамоми давраҳои шуури иҷтимоӣ аз ҷомеаи ибтидоӣ сар карда то давраи модерну фаромодерн мавриди корбурд қарор доранд. Чунин авзоъ ҷомеаи Ғарбро то ба куҷо мебарад? Зеро, аз як тараф, ҷаҳонбинии чандандешӣ (плюралистӣ) озодии фардии инсонро фаъол сохта, ба ӯ имкон медиҳад то дар тафаккуру таҷрубаи амалии хеш аз андешаҳои илмиву ирфонӣ ва асотиру ратсионалӣ дар якҷоягӣ кор гирад. Табиист, ки чунин метод (равиш) ба инсон имкони онро фароҳам меорад, то ҳар як падидаи тозаро зуд қабул ва уфуқҳои барои фаъолияту эҷоди хеш пурсамарро боз кунад. Аммо аз дигар тараф, чандандешии бе ҳадду ҳудуд (афсоргусехта) фарҳангро бепоя, номутавазину осебпазир сохта, хатари ба вуҷуд омадани бесарусомонӣ ва аз ҳампошхурӣ ва баҳамситезии фарҳангҳоро эҷод мекунад.

Аз ин рӯ, дар ҳолате, ки ҳама бо ҳам дар ситезанду фарҳангҳову ҷаҳонбиниҳои мухталиф ва тарзҳои гуногуни муносибат ба маърифати ҷаҳону иҷтимоъ вуҷуд доранд, бо ду роҳ метавон ваъзи мазкурро ҳаллу фасл кард. Нахуст, фарҳанг наметавонад аз ин ҳарҷумарҷу бунбасти номуайянӣ раҳоӣ ёбад, ки пайёмади он нобудшавии фарҳанг аст. Дуввум, ё як навъ синтези ақидаҳову ҷаҳонбиниҳои илмиву ирфонӣ, будпарастиву архаистӣ ва амсоли он сурат мегирад, ки он гузариш ба як ҷаҳонбинии наву сохту тартиби ҷадиди фарҳангиро таъмин мекунад ва ин раванд маънои табдили парадигмаи фарҳангиро ба худ мегардад.

4.Ҷаҳонишавӣ ва фарҳанги асри XX

Аз охири қарни XX унверсалишавии фарҳанг бештар ҳамчун ҷаҳонишавии(глоболизатсия) он шарҳ дода мешавад. Дар навбати худ дар ин мафҳум ду маънӣ нуҳуфтааст. Нахуст, ҷаҳонишавӣ ҳамчун раванди табии интишору нуфузи дастовардҳои фарҳанги «олӣ»-и ҷаҳон, пеш аз ҳама, бар фарҳангҳои «поин» ба манзури наздиксозии онҳо ба сатҳи фарҳанги кишварҳои пешрафта, маънидод карда мешавад.

Дуввум, ҷаҳонишавӣ ба ҳайси саъйу талоши Иёлоти Муттаҳидаи Америка ва кишварҳои Ғарб ба хотири ҳукмрон будан бар халқҳову фарҳангҳои дигар ба мақсади истесмории онҳо аз тариқи тобеъ кардани фарҳангҳои миллӣ ба меъёрҳои фарҳанги воҳиди ҷаҳонӣ (бо афзалияти фарҳанги амеркоӣ), яъне ҳамчун ғарбикунонии фарҳангҳо арзёбӣ мегардад.

Дар асл, ҷаҳонишавӣ фарҳанги миллиро аз байн мебарад, барои мисол, маҳсулоти «Макдоналдс» ҷои ғизои суннатии бисёр халқҳоро танг карда истодааст ва ё забони англисӣ ба таври фаъол ба ҳаёти рӯзмарраи зубдагони бофарҳанги халқҳои ҷаҳон ворид мешавад. Ҳамчунин бояд ёдовар шуд, ки ҷаҳонишавӣ бештар ба фарҳанги муқаррарӣ ва ба забони якнавохт дар сатҳи оддӣ қарор дошта майл дорад, на ба фарҳанги волову забони ғаниву суфта. Аз ин рӯ, муҳимтарин ҷанбаи ҷаҳонишавӣ табдили фарҳангу шуури омма ба шакли тиҷорати фоидаовар ва маҳор кардани фазои иттилоотӣ ба маҷрои интегратсиониву ҳидоятшаванда мебошад.

Бояд ёдовар шуд, ки «фарҳанги ҷаҳонӣ» меросбари бевоситаи фарҳанги классики Ғарб набуда, балки шакли имрӯзии як навъ зиддифарҳанг, яъне фарҳангҳои миллии моҳиятан тағйирёфташуда, ки мақсадашон мутобиқшудан ба манфиати фарҳангии ИМА аст. Зеро иқтисоди фаромиллӣ (трансмиллӣ) якхелагӣ, наздикшавӣ ва меъёри воҳиди (стандартии) фарҳанги оммаро барои ҳамаи кишварҳои таҳти асари ҷаҳонишавӣ буда талаб мекунад. Ҷаҳонишавӣ аксаран зери «ниқоб»-и шиори воридшудан ба фарҳанги ҷаҳонӣ ва баҳраёбӣ аз арзишҳои умумибашарӣ амал менамояд, аммо дар асл, ҷой дар сатҳи мофавқифарҳанг (суперкультура) танҳо барои баргузидаҳо мебошад.

Агар дар Ғарб асришавӣ, ба таври табиӣ тавъам бо марҳилаи рушди иҷтимоӣ-иқтисодӣ сурат гирифта бошад, дар асари ҷаҳонишавӣ ва содироти «фарҳанги омма» дар кишварҳои рӯ ба инкишофи Шарқ ин амал бидуни назардошти шароити иҷтимоӣ-иқтисодӣ ва заминаҳои фарҳангӣ амалӣ мешавад, ки пайёмади он аз байн рафтани фарҳангҳои миллӣ мегардад.

Адабиёт

1.Абдуллоев Ш. Маъорифпарварӣ ва озодфикрӣ. Душанбе-1994

2.Абдуллозода Шерзод. Асосҳои диншиносӣ.  Китоби дарсӣ. Душанбе  «Дониш»-2001

3.Асимов М.С., Турсунов А. Восток и Запад. Проблема преемственности и развитии философии. Москва-1985.

4.Багдасарян Н. Культурология (учебник). Москва-2001.

5.Баширӣ Эраҷ. Турк ва Тур дар «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ. Душанбе-2009

5.Бердяев Н.А. Философия творчества, культура и искусства: В 2 т., Москва-1994.

6.Бобоқулов И., Дилоев Н. Фарҳангшиносӣ. Душанбе-2005.

7.Викторов В.В. Культурология (учебник). Москва-2008.

8.Вклад иранских народов  в развитии мировой цивилизации. Душанбе: «Дониш»-1992.

9.Готҳо. Душанбе «Дониш»-2005.

10.Ғафуров Б.Ғ. Тоҷикистон. Душанбе-1996.

11.Донишномаи Рӯдакӣ. 2ҷилд. Душанбе-2008.

12.Древние цивилизации. Под общей ред. Т.М. Бонгард-Левина. Москва: «Мысль»-1989.

13.Дуктур Маҳмуд Руҳуламилӣ. Заминаи фарҳангшиносӣ. Ба таҷдиди назар ва изофат. Чопи ҳаштум. Теҳрон-1384ҳ.ш.

14.Кравченко А.И. Культурология (учебник). Москва-2004.

15.История мировой культуры (мировых цивилизаций) Под ред. Т.В.Драча. Ростов-на-Дону-2004.

16.Культурология. Учебное пособие. Под ред.проф. Т В. Драча. Ростов-на-Дону-2006.

17.Мӯъминҷонов Ҳ. Тӯрон-гаҳвораи тамаддуни ориёӣ. – Душанбе-2004.

18.Раҳмонов Э.Ш. Тоҷикон дар оинаи таърих.- Душанбе-1999.

19.Раҳмонов Э.Ш. Арзишҳои ориёӣ дар тамаддуни башарӣ// Ҷумуҳурият, 6сентябри 2006.

20.Сафар Сулаймонӣ. Фарҳангшиносӣ. Душанбе: «Ирфон»-2002.

21.Сноу Ч. Две культуры. Москва-1985.


* Тарљумаи тољикии санадњои мазкур ѓайрирасмист.(муаллиф).

О L-BRO Administrator

Администратори сомона.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.