Мафҳуми «Шарқу Ғарб» дар фарҳангшиносии муосир

            Имрӯз дар даврони ҷаҳонишавӣ (глобализатсия) масъалаи «гуфтугӯ миёни тамаддунҳову фарҳангҳо ба ҷои ҷанг миёни тамаддунҳо матраҳ мешавад» (Сайидмуҳаммади Хотамӣ). Ба-дин иртибот, басо ҷои хушист, ки дар ин даврони ҷаҳонишавӣ аз тарафи Созмони Милали Муттаҳид эълон шудани ҷашни «Наврӯз» ҳамчун фарҳанги маънавии байналмилалӣ баёнгари интиқолу судури арзишҳои волои фарҳанги Шарқ ба миллатҳои ғарбист. Зеро аз қарни XIX  то  ба имрӯз дар асари рушди сармоядорӣ ва раванди ҷаҳонишавӣ таъсирпазирии ҷараёни фарҳангӣ ҳамвора аз Ғарб ба Шарқ будааст. Ин падида, яъне сабти байналмилалии Наврӯз нишонаи боризест аз гуфтугӯи солими фарҳангҳо. Аз ин рӯ, равшан сохтани пайдоишу корбурди мафҳуми «Шарқу Ғарб» ва вижагиҳову умумияти ин фарҳангҳо ва аз андешаҳои муқобилгузории сарсахтона, то фарҳанги воҳид ҳисобидани ин фарҳангҳо, аз масъалаҳои муҳими фарҳангшиносии муосир маҳсуб мешавад.

    Дар ин гуфтор, саъй мешавад, то перомуни муҳимтарин андешаҳое, ки дар илми фарҳангшиносии муосир, ба вижа фарҳангшиносии аврупоӣ то ба имрӯз вуҷуд доранд, ибрози андеша намуд.

            Маъмулан, замони рушду нумӯи фарҳангро дар  таърихи башарият аз давраҳои ҳазораҳои 6-5-уми то милод, маҳсуб медонанд, яъне аз замони пайдоиши ҷомеаҳои рушдёфта дар соҳили рӯдҳои бузург (Шумеру Аккод, Мисру Чин ва Ҳинд), ки асосҳои иҷтимоӣ–иқтисодӣ ва маънавӣ–фарҳангии давлатҳои мустабиди Шарқи Қадимро поягузорӣ кардаанд.

            Ин давлатҳо ва илова бар он, давлатҳои асримиёнагӣ (ба шумули ҷомеаҳои исломӣ) тасаввуротеро дар бораи мавҷудияти низоми хоси Шарқие дар таърихи башарият ба миён овардааст, ки онро дар муқобили шакли дигари таҷрубаи иҷтимоӣ-фарҳангии ҷаҳонии Ғарб қарор додаанд.

      Ҳамин тавр, мафҳумҳои умумии Шарқ барои давлатҳои Қадим ва асримиёнагие, ки дорои низоми давлатдории истибдодӣ буданд, номгузорӣ шуд ва ба ҷомеаҳои ғайри он, ки дар Аврупо ташкил шуда, меросбари низоми давлатдорӣ ва иҷтимоии Юнону Руми қадим буданд, мафҳуми Ғарб марсум гардид.

          Ба-дин иртибот бояд ёдовар шуд, ки ин мафҳумҳо, қабл аз ҳама дар илми фалсафа роиҷ гардид, ки мутаассифона дар он, як нуқта нодида гирифта шудааст. Шарқу Ғарб мабдаъ нестанд, пас табиист, ки шаклҳои унверсалии мавҷудияти фарҳангӣ-таърихӣ буда наметавонанд ва  корбурди ин мафҳумҳо то ба имрӯз қобили баҳсанд.

            Ба ин робита назарияи классикии таърих, махсусан, назарияи аврупоигароӣ (европосентризм), он ки Ғарбу Шарқро ба ҳам муқобил мегузорад, аз ҷониби тарафдорони назарияи тамаддунҳои минтақавӣ (локальная цивилизация)  мавриди интиқоди шадид қарор гирифтааст. Зеро тарафдорони назарияи  мазкур корбурди мафҳуми Ғарбу Шарқро дар маърифати таърих рад мекунанд.

           Ҳамчунин назарияи ҷадиди пешрафта, ки бар пояҳои муқобилгузории фарҳангҳои суннатӣ ва муосир бунёд ёфтаанд, низ воқеияти Шарқу Ғарбро дар таърихи ҷаҳонӣ рад мекунанд. Аммо баъд аз ба вуҷуд омадани осори муҳаққиқони ҷаҳоние, чун М. Вебер, Р.Генон ва М.К. Петров рад кардани чунин воқеияти таърихӣ, ба истиснои даврони классикӣ, хело душвор аст. Ҷомеа ва фарҳанги суннатӣ аз ибтидо ва иҷтимоан дорои шаклҳои унверсалии (табиӣ ва мӯътадилӣ) таҷрубаи иҷтимоӣ – фарҳангӣ будааст.

Баъд  аз «фоҷиа»-и таърихии дар ҳавзаи баҳри Эгей рӯй дода, яъне баъд аз байн рафтани тамаддуни крито-микенӣ, ба ҷои ӯ чун як падидаи хориқулода як ҷомеаи усулан навъи ҷадиде бо арзишҳои дигаре, мисли шахси фаъолу озоду ҳадафманд (мисли паҳлавонони ҷангҳои Троян) ба вуҷуд омад. Аз ин рӯ, фарҳанги Аврупоӣ меросбари бевоситаи тамаддуни классикии эленӣ бо демократия, фалсафа, бозор, низоми сармоядорӣ, либерализм ва илми он аст. Маншаи ғарбии ин ҳама навгониҳо имкони истифодаи вожаи «Шарқ»-ро ба мафҳуми  нигаҳдорандаи суннатҳои иҷтимоиву фарҳангии замони қадим, асрҳои миёна ва ҳатто муосир иҷозат медиҳад.

Ба андешаи муарриху фарҳангшиноси маъруфи фаронсавӣ Э. Морен фарҳанги Аврупои Ғарбӣ дорои ваҳдати дохилӣ намебошад, зеро он аз  ду маншаи ба ҳам зид – фарҳанги юнониву румӣ ва яҳудиву насронӣ ибтидо гирифтааст. Гузашта аз ин, чунин зиддияти дохилӣ (дин-ақл, имон-интиқод, эмпиризм–ратсионализм ва амсоли он) баёнгари гуногунии заминаҳои фарҳангӣ ба зоҳир як порчаи Ғарб ба шумор меравад. Зеро фарҳанги Ғарб маҳз бо ин ҳама баҳсу гуфтугӯҳо ва тазодҳои дохилии хеш равнақу ривоҷ ёфтааст. Аз ин рӯ, бо ин ҳама «номукаммалӣ»- и зотии хеш  ин фарҳанг қодир аст аз мутлақияти «камолот»-и сохторӣ эмин бошад.

            Шарқ аз дер замонест, ки барои аврупоиён як ҷаҳони бегонаи ҷаззоб ба шумор меравад, ки ҳам мавриди ситоишу дилбастагӣ ва ҳам  накӯҳишу бегонагӣ қарор гирифтааст. Ҳамчунин дар бораи бо суботу ғайри раванди таърих будани он сухан гуфтаанд ва ё аз маънавияти амиқи он, ки инсонро аз вуҷуди таҷрубавӣ (эмпирикӣ)–и хеш боло мебарад ситоиш карда ва  баръакс карахтиву мафкураи ғуломии онро зери интиқод гирифтаанд. Ин андеша ва дигар андешаҳои зидди нақиз дар таъини вижагиҳои фарҳангӣ дар назарияҳои махсуси  таърих, ки аз тарафи файласуфон, фарҳангшиносон, сиёсатшиносону муаррихони аврупоӣ эҷод шудааст, таъсири хешро гузоштааст. Одатан, мафҳуми Шарқ ҳамеша дар таносуб бо Ғарб мавриди корбурд қарор гирифта, дарки назариявии вижагиҳо ва гуногунавъии он, дар айни замон баёнгари худогоҳии хоси аврупоӣ ба шумор меравад.

            Ҳамин тавр, мафҳумҳои «Шарқ» ва «Ғарб» ба  миён омад, ки то ба имрӯз онҳоро огоҳона ва ё ноогоҳона, ба таври интиқодӣ ва ё догматикӣ истифода мебарем. Гузашта аз ин,  ҳангоми корбурди ин  мафҳумҳо  пеш аз ҳама чиро дар назар дорем? Барои посух ба ин суол, ба фалсафаи таърихи Гегел муроҷиат мекунем, зеро ин мафҳумҳо дар шакли назарявӣ бори нахуст аз тарафи ӯ шарҳ дода шудааст.

      Зери унвони «Шарқ» ин файласуфи барҷаста тамаддунҳои қадими Осиё ва Африқои Шимолиро дар назар дорад, ки Чин, Ҳинду Форсро дар бар мегирад. Ба охирӣ кишварҳои зерин шомиланд: Ошурӣ, Бобулистон, Модҳо, Эрон, Сирия, Финиқия, Яҳудия ва Миср. Илова бар ин Гигел бо назардошти аҳди насронияти таърихи башарияти Аврупо ҷаҳони исломро низ ба Шарқ шомил мекунад.

      Дар натиҷа, аз дидгоҳи Гегел Шарқ дар се шакли ҷаҳони таърихӣ –фарҳангии зерин ҷилвагар аст: чинӣ, ҳиндӣ ва Шарқи Наздик. Ҳангоми ҳаракат аз Шарқ ба Ғарб, мо аз Осиёи Ғарбӣ (Шарқи Наздик) ба Аврупо ворид мешавем. Зеро дар Аҳди қадим дар қисматҳои ҷанубии он, дар ҷазираҳо ва нимҷазираҳои шимоли Баҳри Миёназамин ду тамаддун (фарҳанг) нашъу нумӯъ ёфтааст: юнонӣ ва румӣ (он чизе, ки дар замони Гегел маълум буд). Аз нигоҳи Гегел ин ҷаҳони бостон ва тамаддуне, ки дар аҳди насроният дар Аврупои Ғарбӣ ба миён омадааст, «Ғарб»-ро ташкил медиҳад. Ҷои тазаккур аст, ки файласуфи олмонӣ на Россия ва на давлатҳои имрӯзаи қораи Америкоиро ба Ғарб шомил накардааст ва умуман, дар фалсафаи таърихи башари хеш барои онҳо ҷое наёфтааст.

            Ба таври хулоса, дар тафсири Гегел ду мафҳуми Ғарб вуҷуд дорад: а) дар мафҳуми васеи он Ғарб Аҳди Қадим ва фарҳанги насронии  мардумони Аврупои Ғарбиро мутаҳид мекунад;

        б) дар мафҳуми маҳдуди он танҳо фарҳанги Аврупои Ғарбӣ дар  назар аст.  

Назари созишкоронаро дар ин маврид дар асараш «Вазъи маънавии замонҳо» фарҳангшинос К.Ясперс пешниҳод кардааст. Ӯ, мисли Шпенглер фарҳанги ғарбиро дар қатори дигар тамаддунҳои минтақавӣ (маҳаллӣ) гузошта, танҳо хислати онро дар таърихи башарият, дар Аҳди ҷадид қайд карда ва ҳамчунин ба решаҳои таърихии Ғарб, ки ба мероси яҳудиёну юнониён ва румиҳо иртибот дорад, ишорат кардааст. Ҷолиб он аст, ки Ясперс аз мафҳуми «Ғарб» фаровон истифода карда, аслан аз мафҳуми «Шарқ» канорагирӣ кардааст. Ӯ дар паҳлӯи Ғарб аз Чину Ҳинд ҳамчун  ду суннати фарҳангӣ-таърихии ҷудогона сухан мегӯяд. Ғарб дар корбурди Ясперс чанд мафҳумро дорост. Пеш аз ҳама, ба маънои маҳдудаш фарҳанги Ғарбро бо собиқаи ду ҳазорсолаи то Аҳди ҷадид дар назар дорад. Ҳамчунин аз ҷаҳони фарҳангӣ – таърихии қадим, ки аз тамаддуни Мисру Байнаннаҳрайн ва крито-макенӣ оғоз шуда ба даврони тамаддуни эронӣ, яҳудӣ ва юнону румии Аҳди қадим идома пайдо карда ба даврони Руми Ғарбӣ (Византия), Россия ва Аврупои Ғарбӣ бо Америко дар даврони насроният (илова бо тамаддуни исломӣ) хотима меёбад, ёдрас шудааст.

            Тавре ки  мулоҳиза шуд, дар таҳти истилоҳи «Ғарб» ҳаддиаксари мафҳум ғунҷонида шудааст. Дар консепсияи Ясперс илова бар он тасаввурот дар бораи Ғарб ҳамчун суннати фарҳангӣ-таърихии аврупоӣ низ вучуд дорад, ки аз фарҳанги Юнони бостон якҷо бо воқеиятҳо ва озодиву демократия ва фалсафаву илми он сарчашма гирифтааст.

            Бар хилофи ақидаи маъруф, фарҳанги аврупоӣ вориси бевоситаи тамаддуни эллинӣ намебошад. Зеро илму фалсафаи Руму Юнони бостон ба аврупоиён на ба таври мустақим, балки аз тариқи фарҳанги исломӣ, ба воситаи тарҷумаи онҳо ба забони арабӣ расидааст. Агар донишмандону файласуфони асримиёнагии Шарқи Наздик, аз ҷумла Фаробӣ, Ибни Сино, Берунӣ намебуданд. Аврупо, ки худро меросбари он фарҳанг  меҳисобад, ҳеҷ гоҳ бо осори илмиву фарҳангии Юнону Руми бостон ошноӣ пайдо намекард. Аз аврупоиён кам ашхос хабар доранд, ки фалсафаи аврупоии яҳудият аз асрҳои миёна шурӯъ карда то Спиноза зери таъсири бевоситаи осори ҳакими дарбори султон Салоҳиддини Мисрӣ, файласуф Мӯсо ибни Маймун ташаккул ёфтааст. Ташбеҳу истиорот, иҳому образҳои манзумаи «Комедии илоҳӣ»-и Данте ҳама мутаассир аз осори файласуфи машҳури олами ислом Ибни Арабӣ будааст, ва ҳама нависандагони гуманисти аврупоии давраи Эҳё ба таври васеъ аз воситаҳои тасвири бадеъие, ки дар шеъри классики арабӣ ва форсӣ муравваҷ буда, истифода кардаанд. Гузаште аз ин, худи истилоҳи «гуманизм», ки башардӯстӣ ва инсонпарварист бори нахуст аз тарафи «муаллими ахлоқ» Саъдии Шерозӣ, то пайдоиши давраи Эҳёи Аврупо ироа гардидааст. Аз ҷумла, Саъдии бузург гуфтааст:

                  Банӣ одам аъзои якдигаранд,        

                  К-аз офариниш зи як гавҳаранд.

                  Чу узве ба дард оварад рӯзгор,

                  Дигар узвҳоро намонад қарор.

                  Ту ки аз ғами дигарон беғамӣ,

                  Нашояд, ки номат ниҳанд одамӣ.

        Донишмандони муосири Ғарб, аз ҷумла классики он Ф.Нортроп, ҳанӯз соли 1947 андешаи «дидори Шарқу Ғарб»-ро дар миён гузошта буд, онҳо рӯз аз рӯз мутамоил ба онанд, ки ҷисми фарсудаи (аз нигоҳи маънавӣ) тамаддуни Ғарбро аз шарбати ҳаётии фарҳанги Шарқ бояд шодоб намуд. Албатта, ин андешаро баъзе донишмандони ғарбӣ зери суол қарор медиҳанду перомуни он баҳсҳо мекунанд, аммо як чиз мусаллам аст, ки дар даврони кунунӣ як ниёзи мубрам ба гуфтугӯи амиқи фарҳангҳо эҳсос мегардад. Зеро бидуни чунин як гуфтугӯи фарҳангҳо рушду тараққии ҷомеаи башарӣ ғайриимкон аст.

Ғарбу Шарқ ин ду ҷаҳонбинии космологӣ (ҷаҳоншиносӣ) ва космогонии  гуногун буда, тафовути назарҳо дар шинохти ҷаҳон ва ба қавли В.Г.Белинский, «дар дарки ашёъ» низ ба мушоҳида мерасад. Дар айни замон корбурди таъбирҳои «Ғарб Ғарб асту Шарқ Шарқ» ва «Шарқ Ғарб асту Ғарб Шарқ» якҷониба ва тангназарона аст. Дар даврони ҷаҳонишавӣ ва рушди фарҳангу илм бояд чунин шиор, ки барои дарки фарҳангҳову тамаддунҳо мусоидат мекунад, ба кор бурда шавад: «Ғарб бидуни Шарқ ва Шарқ бидуни Ғарб вуҷуд надорад». Ва беҳтар аз ҳама дар бораи таъсиру истифодаи мутақобилаи фарҳангҳову мафкураҳои Шарқу Ғарб аллома Иқболи Лоҳурӣ хуб гуфтааст:

                        Ғарбиёнро зиракӣ сози ҳаёт,

                        Шарқиёнро ишқ рози коинот.                                                                                         

                        Зиракӣ аз ишқ гардад ҳақшинос,

                        Кори ишқ аз зиракӣ маҳкамасос.

Аз ин рӯ, дар шароити ҷаҳонишавӣ гуфтугӯи тамаддунҳо яке аз шартҳои асосии рушди фарҳанги ҷаҳонист.

test

2 комментария

Добавить комментарий