Равобит ва муоширати байнифарҳангҳо дар ҷаҳони муосир

Дар арсаи ҳазораи дуввум ва саввуми ҷаҳони муосир беш аз пеш ҳувайдост, ки  ташаккули инсоният  бо роҳи густариши равобит ва ҳамгироии мамолики мухталиф, халқҳо ва фарҳанги онҳо роҳандозӣ мегардад. Ин раванд ҷанбаҳои мухталифи ҳаёти ҷамъиятии тамоми мамолики дунёро фаро гирифтааст. Имруз халкияту миллати алоҳидаеро ёфтан цайриимкон аст, ки  таъсири фарҳанги дигар халқу миллатро  ба худ эҳсос нанамудаанд ва  ин раванд муҳити фаротари ҷомеъаро дар манотиқи гуногун ва ҷаҳон батамом фарогир аст.

Чунин раванд дар натиҷаи инкишофи доимию бисёрсоҳаи муоширати фарҳангӣ ва алоқаи мустақим байни сохторҳои ҳукуматӣ, гуруҳои маишӣ , ҳаракатҳои ҷамъиятӣ ашхоси алоҳидаи мамолик ва фарҳангҳои гуногун ба вуҷуд омадааст. Рушди таъсири мутақобилаи фарҳангҳо ва халқҳоимруз масъалаи худшиносии фарҳангӣ ва фарқияти фарҳангиро пеш меорад. Таммаддуни  фарҳангии гуногуни инсонияти муосир боз ҳам инкишоф меёбаад ва соҳибони он барои эҳё ва нигаҳдорӣ ва ривоҷу равнақи он маблаци зиёдеро дарёфт ва ба харҷ медиҳанд.

Раванди нигаҳдорӣ ваэҳтиром ба фарҳанги худ, чун арзиши миллӣ боз ҳам бештар ба ҳукми қонуну анъана даромадааст ва ин аз он шаҳодат медиҳад,ки инсоният гарчанде бо вуҷуди он ки моили  ягонагию алоқамандиизиёд аз ҳам гардидаанд, гуногунии фарҳанги хешро аз даст надодаанд.Дар раванди ин зуҳуроти инкишофи ҷомеъаи муосир зарурати муайян намудану омӯхтани хусусиятҳои хоси фарҳанги миллии халқҳо пеш меояд, ки ин ба ҳамдигарфаҳмӣ ва эътирофи ҳамдигар ба таври бояду шояд оварда мерасонад.

Раванди бархурди таммаддунҳо ва фарҳангҳо ,ки онҳоро ба навгонию ё нобудшавӣ пешорӯ месозад, ин зуҳурот бархеаз миллатҳоро ба худшиносию нигаҳдошти арзишҳои мили фарҳангӣ водор мекунад. Иддае аз мамолику фарҳангҳо қатъиян ноқабул будани тацирот ва дигаргунӣ дар фарҳанги миллии худро изҳор менамоянд.Ба  раванди кушодашавии муҳити фарҳангӣ ва бархурди таммаддунҳо, онҳо цурури миллиро ва худшиносии миллиро сипар месозанд. Ҷомеъаҳои алоҳида аз таъсири фарҳанги цайр ба фарҳанги хеш бо нуқтаи назари гуногун муносибат намуда аз фарҳанги хеш нигаҳбонию муроқибат менамоянд. Ҳудуди ба раванди бархурди таммаддунҳо ва махлутшавию ба ҳамомезиш ёфтани фарҳангҳо монеъагузорию монеъа шудан бисёр васеъ мебошад; -аз осонакак қабул нанамудани арзишҳои фарҳангии цайр то зиддияти қатъӣ ба паҳншавӣ ва ҷорӣ шудани онҳо. Барои ҳамин мо айни замон низ  шоҳиди ҷангу ҷидол ва ҷанҷолу хархашаю баҳсҳои носолими таасубҳои диннӣ, зиёд шудани  назарҳои миллатчигию миллатгароӣ ва ҳаракату ҷунбишҳои бунёдгароёнаи таасубӣ мегардем.

Равандҳои зикршуда то дараҷае дар ин ё он сатҳ дар Русия арзи вуҷуд намудаанд. Бозсозию дигаргун шудани сохти ҷомеъа дар сохтори фарҳангии Руссия тацироти ҷиддиеро ворид сохтанд. Солҳои охир гурӯҳҳои тамоман нави ҷамъиятӣ; соҳибкорон,бонкдорон, роҳбарони ҷунбишу ҳаракатҳои гуногуни сиёсӣ, кормадони рустабори корхонаҳои хориҷӣ арзи вуҷуд намуданд. Ин ба тамоман нав шудани сохти фарҳанги корбарӣ оварда расонд; назари наве оиди уҳдадории маишии ҷаҳони корчалонӣ дар назди мизоҷон ва ҷомеъа рӯи кор омад, зиндагӣ  дар ҷомеъа тамоман дигаргун гашт. Ин раванд бо мушкилиҳои зиёд ташаккул меёбад, зеро бо монеъаҳо ва маҳдудиятҳои зиёд аз тарафи давлат рӯ ба рӯ мегардад;- бо нобоварӣ ба ҳукумат, бо коцазбозию  ба мансаби худ ношоиста будан вапорахурию бесаводии мансабдорон. Яке аз роҳҳои бартараф намудани чунин мушкилиҳо роҳандозӣ намудани сохтори муоширати фоидаовари байни табақаҳои гуногуни  ҷомеъа ва хукумат мебошад. Ин сохтор бояд дар асоси ҳамгироии ягона дар ба даст овардани иттилооти  зарурӣ, робитаи мустақим байни худ, қарорҳои қабулшудаи умумии дастҷамъӣ ва кори босуботи кормандон роҳандозӣ гардад. Ба ин боз илова намудан зарур аст,ки робитаҳои гуногунҷанбаи байналмиллалии ҳокимон ва соҳибкорони ҳамаи сатҳҳо  нишон доданд, ки муваффақ шудан дар тамоми ҷанбаҳои байналмиллалӣ аз сатҳи дониши намояндагони рус дар соҳаи алоқаи байнифарҳангҳо  вобастагии зиёд дорад.Ва охиран хотимаи ҷанги сард байни  Шарқу Царб муносибати иқтисодию хариду фурӯшро байни онон ба таври васеъ ба роҳандозӣ намуд.  Дар ҳар як мамолик сол то сол шумораи одамоне, ки робитаи иқтисодӣ берун аз фарҳанги худ доранд, меафзояд. Айни замон дар ҷаҳон бештар аз 37 ҳазор корхонаҳои якҷояи миллатҳои гуногун бо 207 ҳазор шӯъбаҳои худ, ки дар онҳо даҳҳо миллион одам кор мекунад, фаъолият карда истодаанд. Барои пешбурди самараноки фаъолиташон онҳо бояд ба ҳисоб гирифтани хусусиятҳои хоси фарҳангии ҳамкорони берунмарзӣ ва мамолике, ки дар он зиндагию фаъолият доранд,фаромуш насозанд.Бӯрҳонҳои шадиди алоқамандии иқтисодии солҳои охир дар Руссия (1998), Мексика ва Бразилия (1999) мебошанд, ки системаи иқтисодии ҷории мамолики зикршударо вайрон намуда, ба нав шудани ҷобаҷогузории қувваи корӣ дар сатҳи дунявӣ оварда расонданд.

Натиҷаи ҳамкориҳои иқтисодии нав- он гардид, ки имконоти фароҳаме барои робитаҳои мустаҳкам бо фарҳангҳое, ки пештар тааҷубовар ва нофаҳмо менамуданд, роҳандозӣ карда шуд. Дар натиҷаи робитаҳои мустаҳкам бо  фарҳангҳои гуногуни цайр, на фақат  сатҳи хурду хурок, либос, таҳҷизоти ошхона, балки муносибатҳои гуногун бо занон, кӯдакон ва пирону мӯйсафедон, тарзу воситаҳои коргузорӣ эҳсос мегардад.

Мавриди ширкат варзидан дар ҳар як соҳаи алоқаи байнифарҳангҳо, одамон бо намояндагони дигар фарҳангҳо ҳамгироӣ намуда, эҳос менамоянд ки ба таври назаррас аз ҳамдигар тафовут доранд. Фарқият дар забон, пухтупази миллӣ, либос, ҳудудҳои муоширати ҷамъиятӣ, муносибат ба кори сомондодашуда, гоҳу ногоҳ ин ҳамгироию ҳамкориро мушкил ва гоҳҳо имконнопазир мегардонанд. Лекин ин монеъаҳои хусусии алоқамандии фарҳангҳо мебошанд. Сабабҳои асосии нокомии онҳо дар зербинои гуногунфарҳангӣва хусусиятҳои хоси назарраси онҳо ниҳон мебошанд. Онҳо дар гуногунии ҷаҳонбинӣ, нуқтаи назар ва муносибати дигар доштан ба ҷаҳон ва одамони цайр ҳувайдо мегарданд. Монеъаи асосие, ки ҳалли ин масъаларо мушкил месозад, он аст, ки мо фарҳангҳои цайрро ба воситаи сохтори фарҳангии хеш эҳсос менамоем, бинобар ин мушоҳида ва хулосабарории мо дар ин чаҳорчӯбаи ин поя маҳдуд гаштаанд. Бо мушкилотҳои зиёд, мо маънои сухан, рафтор, кирдорҳое, ки ба мо бегонаанд, дарку эҳсос менамоем. Миллатгароии мо на фақат ба алоқаи байнифарҳангӣ, монеъа эҷод месозад, балки боз мушкилӣ дар он аст, ки мо ин раванди бемаънию нодаркорро ба таври лозимӣ дарку эҳсос наменамоем. Аз ин ҷо бармеояд, ки самаранокии соҳаи алоқаи байнифарҳангҳо худ ба худ арзи вуҷуд наменамояд, онро ба таври лозимию мақсаднок омӯхтан зарур аст.

add

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте как обрабатываются ваши данные комментариев.