Фанни Фархангшиноси

Арзи вуҷуд намудани алоқаи байни фарҳангҳо дар Руссия

Дар илм ва сохтори маорифи Руссия пешниҳоди аввалини омӯзиши алоқаи байни фарҳангҳо аз тарафи омӯзгорони забонҳои хориҷӣ ба вуқӯъ пайваст, ки онҳо пеш аз ҳама дарк намуданд, ки барои муоширати лозима бо намояндагони дигар фарҳангҳо фақат донистани забонҳои хориҷӣ кофӣ нест. Таҷрибаи муоширату муносибат бо хориҷиён собит сохт, ки ҳатто донистани забони хориҷӣ ба таври бояду шояд низ, сар задании нофаҳмию баҳсу ҷанҷолро, бо он соҳибзабонон истисно наменамояд.

Барои ҳамин дар донишгоҳҳои зиёде тадриси забонҳои хориҷӣ бо фанни кишваршиносӣ алоқаманд гардид, ки донишҷӯён имконият пайдо намуданд, бо таърих, урфу одат ва дигар ҷиҳатҳои хоси соҳибзабононе, ки забонашон мавриди омӯзиш қарор меёфт ошноӣ пайдо созанд. Лекин тавре таҷриба нишон дод, фақат дониши назариявӣ доштан дар бобати фарҳангҳои алоҳида, барои муоширати солиму бемонеъа, яъне бе ҷанҷолу нофаҳмӣ пайдо шудан бо намояндагони дигар фарҳангҳо кофӣ нест. Робитаҳои фаъолона ва муваффақона бо намояндагони дигар фарҳангҳо, бе таҷрибаи амалӣ дар алоқаи фарҳангҳо имконнопазир аст.

Дар бархе аз Донишгоҳҳои Руссия дар нақшаи таълимӣ, фанни наве бо номи алоқаи байнифарҳангҳо ҷорӣ гардид. Ворид шудани ин фан ба нақшаи таълимӣ, пеш аз ҳама, аз боиси тайёр намудани донишҷӯён барои робитаи фаъолона дар масъалаи алоқаи байнифарҳангҳо дар сатҳи рузмарраи муоширати хоссаи байниҳамдигарӣ ба роҳ монда шуд. Барои ҳамин фақат дониш дар бораи хусусияти нофаҳмии байнифарҳангӣ кофӣ нест, дар ин ҷо ҳатман сохтори тавон ва фаҳмиши амалие ки ба таври озодона ҳамдигарфаҳмию дарк намудани мароми намояндагони дигар фарҳангҳо фароҳам меорад, зарур аст.

Дар ҳоли ҳозир соҳаи алоқаи байнифарҳангҳо, дар донишгоҳҳои Руссия чун фанни таълимӣ ба роҳ монда шудааст. Ташаббускори асосии ин раванд шӯъбаи забонҳои хориҷии донишгоҳҳои давлатии Москва мебошад, ки ин фан солҳои зиёд дар донишгоҳ таълим дода шуда, аллакай якчанд дарсҳои тарҷиботӣ ва нақшаи мукаммале дар самтҳои гуногуни ин раванд тартиб дода шуда ба низоми муайяне даромадаанд.

Ин ташаббус дар чанде дигар донишгоҳҳои Маскав, донишгоҳи Дӯстии Халқҳо, Унверситети давлатии забоншиносӣ, Донишгоҳи гуманитарии Руссия низ дастгирӣ ёфт.

Таҷрибаи тадриси фанни алоқаи байнифаҳангҳо дар ин донишгоҳҳо муайян сохт, ки дарсҳои амалӣ ва лексионӣ дар ин самт афзалият доранд. Самараи асосии дарсҳои амалие, ки дар ҷараёни он донишҷӯён имконияти ба эҳсосу дарки моҳияти масъала ворид шуданро дар муҳити воқеии алоқаи байнифарҳангҳо, баҳсҳо ва таҳлилҳои рафтори шахсӣ ва ҳамроҳонашро доранд, собит гардиданд. Дарсҳои амалӣ чун қоида баҳсҳои бардавомеро ба вуҷуд оварда, шавқу раҷбат ва таваҷҷӯҳи донишҷӯёнро ба ин фан бедор месозанд ва монеаҳои равонии муносибати устод ва донишҷӯро бартараф месозанд.

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.ru

Похожие статьи

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *