Фаҳмиши илмии фарҳанг
Дар илмҳои гуманитарии муосир маънои вожаи «фарҳанг»ба қатори вожаҳои асосии арзишҳои миллӣ ворид гардидааст. Мусаллам аст, ки вожаи фарҳанг дар соҳаи илмии алоқаи байнифарҳангҳо мақоми марказиро доро мебошад. Байни калимаҳою истилоҳоти беандоза зиёди илмӣ вожаи дигарероёфтан имконнопазир аст, ки бо чунин маъноҳои васеъ таъбиру тафсир гардида, мавриди истифодаи зиёд қарор дорад. Барои ҳаряки мо ибораҳои фарҳанги рафтор, фарҳанги муошират, фарҳанги оиладорӣ, фарҳанги шаҳрдорӣ ва ҷайра шиносанд. Дар мавриди муқарарии истифодаи калимаҳо, вожаи фарҳанг чун воситаи дарки баҳодиҳӣ ба ин ё он халқу миллатҳои соҳибфарҳанг мебошад.
Тадқиқоти муосир оиди муайян намудани маъною маъвои фарҳанг таваҷҷӯҳи зиёди олимону мутафаккиронро ба бор овард. Масалан ба ҳисоби бостоншиносон А. Кребер ва К. Клакхон аз соли 1871 то 1919 аз тарафи олимони соҳаҳои гуногун 7 маъно аз соли 1920 то 1950 150 маъно, дар ҳоли ҳозир то 500 маъно ба вожаи фарҳанг нисбат дода шудааст. Ҳамаи ин маъноҳоро Кребер ва Клакхон ба 6 гурӯҳ ҷудо намудаанд.
- Муайянкунии муаррифӣ, ки ба фарҳанг чун маҷмӯи ҳамаи соҳаҳои фаъолияти инсонӣ, урфу одат, дину мазоҳиб назарпардозӣ менамояд.
- Муаррифгари таърихӣ, ки фарҳангро бо урфу одат ва ҷиҳатҳои маишӣ, чун осори таърихии ҷомеа, муаррифӣ менамояд.
- Муайянгари чаҳорчӯбавӣ ва ҳудудӣ, ки фарҳангро чун ҳудуду чаҳорчӯбаю қоидаҳои ташаккули рафтори инсонҳо муаррифӣ месозад.
- Муайянгар ва муаррифгари ҷиҳатҳои равонӣ, ки дар чаҳорчӯбаи он фарҳанг маҷмӯи шаклҳои рафтори ба худ касбнамудаи одамон, ки дар натиҷаи одат намудан ва зисту зиндагонӣ дар ин ё он муҳит шакл гирифтаанд.
- Муайянгари сохтор, ки фарҳангро дар шаклу тарзҳои гуногун ё сохтори ягонаи алоқаманди хусусиятҳо муаррифӣ менамояд.
- Муайянгари ирсӣ — зотӣ, ки дар асоси он фаҳмиши фарҳанг чун натиҷаи аз насл ба насл ба таври ирсӣ- зотӣ гузаштани одоти гурӯҳи инсонҳо дар ҳамбастагӣ ба муҳити зисташон асос ёфтаро, пешниҳод месозад.
Ин шакли муаррифгии маънои вожаи фарҳанг барои олимон ҷайричашмдошт нест. Ин аз он сабаб аст, ки фарҳанг чун сохтори дар муддати зиёд шаклгирифтаи мушкили гуногунҷанба мебошад, ки ҳамаи ҷиҳатҳои ҳаёти ҷомеаи инсониро аз замони пайдоиш, ташаккул то замони мо дар худ ҷунҷонидааст. Бинобар ин фарҳанг дар соҳаҳои гуногуни илм омӯхта мешавад; семиотика, сосиология, таърих, бостоншиносӣ, аксиология, забоншиносӣ, мардумшиносӣ ва ҷайра.
Ҳар яки ин соҳаҳои илм ба сифати фанни омӯзишии худ фақат як тараф, ё як қисмати алоҳидаи фарҳангро бо шаклу хусусияти таълимии фаннашон меомӯзанду тадрис менамоянд ва ин ҳудуди маҳдуди фаҳмишу дарки худро чун муаррификунандаи вожаи фарҳанг пешниҳод месозанд.
Дар ҳаёти рӯзмарраи инсонӣ вожаи «фарҳанг» ками дар кам бо се маъно кор фармуда мешавад. Аввалан дар зери ё таҳти мафҳуми фарҳангмуҳити алоҳидаи зиндагӣ фаҳмида мешавад, ки дар шакли сохтори муассисаю ташкилотҳои гуногуне, ки ба роҳандозию тарҷиботи арзишҳои равонӣ сару кор доранд. Ҷамъиятҳо, театрҳо, хонаи маданияту клубҳо, музейҳо ва ҷайра.
Дуввум, таҳти мафҳуми фарҳанг маҷмӯи арзишҳою, суннатҳо ки ба гурӯҳи калони маишӣ, ҷомеавӣ, халқ ё миллат хосанд фаҳмида мешаванд. Масалан, тамаддуни олӣ, тамаддуни рус, фарҳангу одоби ҷавонон ва ҷайра.
Саввум, фарҳанг чун мафҳум, ифодагари сатҳи олии дастовардҳои инсон дар ин ё он соҳаи фаъолият мавриди истифода қарор меёбад. Масалан, фарҳанги ҳаёт, одами соҳибфарҳанг, чун муаррифгари одами бохираду таълимдида низ ба кор бурда мешавад.
Нуқтаи назари дигаре оиди фаҳмиши маъноии мафҳуми фарҳанг, ки байни мардум бештар ифода меёбад, ин фарҳангро бо фарҳанги эҷодӣ ва донишу маърифати инсон ягонаю алоқаманд донистан аст. Лекин нуқтаи назари бештар паҳншудаи фаҳмиши мафҳуми фарҳанг он мебошад, ки маҷмӯи таҷҳизот, манзилҳо, навгонӣ, тимсолҳое, ки инсон дар раванди ҳаёти ҷомеаи инсонӣ офарида шудаанд, мебошад. Дар ин нуқтаи назари фаҳмишу баҳодиҳӣ мафҳуми фарҳанг чун маҷмӯи ҳамаи дастовардҳои инсонӣ, чун табиати дуввум, ки инсон онро худаш офаридааст, фаҳмида мешавад.
Махсусан ин тарзи фаҳмиши фарҳангро Кребер ва Клахон, ки чунин мешумурданд, ки фарҳанг аз дарки зоҳир ва ниҳонии сохтори афкор ва рафтор, ки дастовардҳои ҷомеаи инсонӣ мебошанд ва дар шаклҳои мухталиф ифода ёфтаанд, шинохта шуда, аз насл ба насл интиқол меёбад. Ба ин тарзи шинохти маънои мафҳуми фарҳанг бояд он дастовардҳое низ шомил гарданд, ки дар натиҷаи роҳандозӣ намудани маишати зиндагӣ арзи вуҷуд намудаанд. Асоси ҳар як фарҳанг тафаккур ва асосан арзишҳое, ки ба воситаи урфу одат аз насл ба насл интиқол меёбанд, ба ҳисоб мераванд. Шаклҳои фарҳангӣ ва сохтори он аз як тараф, чун натиҷаи фаъолият ва амали аз тарафи соҳибфарҳанг зоҳир намуда, аз тарафи дигар, чун асосу пояи фаъолияти минбаъда шинохта мешавад.
Мувофиқи ин тарзи фаҳмиш, фарҳанг чун падидаи мушкил, ки дар худ ҳодисаҳои моддӣ- маишӣ, инчунин рафтори хусусӣ ва фаъолияти муташакилро ҷунҷонидааст, фаҳмида мешавад.
Фарҳангро чун муҳити махсуси фаъолияти инсонӣ наметавон дид, шунид, ҳис ва ламс намуд.
Он чизи воқеии онро мо ба воситаи зуҳури гуногуни он дар шакли фарқкунандае дар рафтори инсонҳо ин ё он шакли фаъолият, суннат ва урфу одат мушоҳида менамоем. Мо фақат зуҳури ҷиҳати алоҳидаи фарҳангро мебинем, ҳеҷ гоҳ фарҳангро дар маҷмӯъ наметавон дид.
Мушоҳида намудани гуногунӣ дар рафтор ба мо имкон медиҳад, ки мо дарк намоем, ки онҳо дар пояи фарҳангҳои гуногун ба вуҷуд омадаанд ва маҳз аз ҳамин ҷо омӯзиши фарҳангҳо оҷоз меёбад.
Аз ин лиҳоз мафҳуми фарҳанг чун мафҳумест, ки ба мо дар фаҳмиши чаро мо ин ё кору рафтору амалро ки аз тарафи мо зоҳир мегарданд — мекунем? ва дар фаҳмиши дарки маъною сабабҳои гуногунӣ дар рафтор ва гуфтору кирдори намояндагони фарҳангҳои гуногун ёрӣ мерасонад.
Мавриди ба роҳ мондани ин усул, фарҳанг чун фанни таълимии фарҳанги бостон, дар шакли маҷмӯи натиҷаи дастовардҳои ҷомеаи инсонӣ, бо тамоми муҳити зисту зиндагӣ, масъалаҳои ташаккул ва тарзи ҳаёти миллат, мардум, гурӯҳҳои маишӣ дар ҳар як марҳилаи алоҳидаи таърихии замонҳо, роҳандозӣ мегардад.
Фарҳанги бостон, ташаккули фарҳангро аз ҳамаи ҷиҳатҳо, тарзи ҳаёт, ҷаҳонбинӣ, хусусиятҳои хос, ҷанбаҳои миллӣ, рафтори рузмарра ва амсоли инҳо мавриди тадқиқот қарор медиҳад.
Дар ин асос фарҳанги бостон лаёқат ва тавони ташаккули фарҳангро ба воситаи робита, муоширату муносибат, алоқамандӣ омӯхта, ҳамаи гуногунии фарҳанги инсонҳо ва алоқамандию муоширати онҳоро дида мебарояд.
Фарҳанги бостон фарҳангро чун натиҷаи ҳамзистии одамон,бо сохтору тарзҳои дар мувофиқа бо ҳам қабулшудаи онҳо, ҳамзистии якҷояи онҳо, муҳитҳою қонуну қоидаҳои қонеъкунандаи дастҷамъию хусусиашон ва ҷайра мебарояд. Гап сари он меравад, ки ҳамзистии доимии дуру дарози гурӯҳи одамон дар як ҷою дар як муҳит, фаъолияти дастҷамъии хоҷагидорию рузгордории онҳо, муҳофизат аз ҳамлаҳои ҷайр ба онҳо ҷаҳонбинии якхела мебахшад; масалан;- ягонагии тарзи зиндагӣ, тарзи муошират, тарзи либоспӯшӣ, хурду хӯрок ва ҷайра.
Дар натиҷа сохтори хоси фарҳангӣ рӯи кор меояд, ки онро фарҳанги хоси ин мардум меноманд. Лекин вай натиҷаи худ ба худ сомон додашудаи қоидаҳои фаъолияти ҳаётии одамон нест. Маҳаки асосии онро маҷмӯи қоидаҳои дар раванди ҳамзистӣ дастҷамъона қабулшуда ташкил медиҳанд. Баръакси хусусиятҳои биологии инсон онҳо ирсӣ набуда, бо усули таълим аз худ карда мешаванд. Аз ҳамин сабаб фарҳанги ягонаи ҳамаҷиҳатаи ҳамагонро қонеъкунанда яъне, ки ҳамаи одамони сайёраро таҳти худ ё дар як ҳудуд қарор медиҳад, ҳамфикру ягона менамояд имконнопазир аст. Дар натиҷа ба ҳақиқати воқеии фарҳанг нигоҳ накарда, он бо баъзе фаҳмишҳои абстрактии худ, ҳақиқатан дар шакли фарҳангҳои гуногуни давру замонҳо ва манотиқ арзи вуҷуд дорад, лекин боз дар ҳудуди ин давру замонҳо — дар шакли фарҳанги мамолик ва халқҳо, ки мо онҳоро фарҳанги миллию мардумии алоҳида меҳисобем, мавриди мушоҳида қарор меёбад.
Зуҳури фарҳангҳои алоҳида чун тақозои асосию воқеии арзи вуҷуд намудани фарҳанги инсонӣ дар маҷмӯъ мебошад. Ба воситаи алоқамандии фарҳангҳои алоҳида ва миллӣ, сохтору шаклҳои муошират, роҳу равиши рафтор, арзишҳои равонӣ арзи вуҷуд намуда, хусусиятҳои хоси мардумӣ боқӣ мондаанд. Ин алоқамандиҳоба воситаи баҳсҳо, ҷанҷолҳо, инчунин ба воситаи фаҳмидани урфу одат ва дигар ҷиҳатҳои хоси фарҳанги гуногуни ҳамсояҳо ба вуҷуд омадаанд.
Одатан ,мувофиқи қоида, мусаллам аст, ки хусусияти робитаҳои байнифарҳангҳо ба воситаи наздикӣ ва хешии фарҳангҳои алоқаманд муайян карда мешавад. Гап сари он меравад, ки баъзе аз фарҳангҳои алоҳида, барои дар пояи ирсӣ -хешӣ доштанашон ва муҳити пайдоиши якхела доштанашон, ба ҳамдигар монанд мебошанд. Фарҳангҳои дигар чунон аз ҳамдигар тафовут доранд, ки чунончӣ муҳити ҳаёту зисту зиндагии ҳар якесоҳибонашон аз ҳамдигар фарқияти куллӣ доранд. Дар ҳамаи гуногунии фарҳангҳои алоҳида ягон ҷузъиёти фарҳанги ҷайр роҳу таҷассум наёфтааст. Ҳар як фарҳанг таҷрибаи амалию маишии ин ё он ҷомеаи таърихии алоҳидаро доро мебошад. Ин таҷриба дар навбати худ ба ҳар як фарҳанг хусусиятҳои хосеро бахшида, ҷиҳатҳои нотакрори онро муайян месозад.
Хусусиятҳои хоси фарҳангӣ метавонад дар ҷиҳатҳои гуногуни фаъолияти инсонӣ ҳувайдо гарданд; дар қонеъ намудани талаботи биологӣ, одатҳои дақиқи рафтор, шаклҳои либос ва манзил, намуди асбобу лавозимоти корӣ, усулҳои фаъолияти меҳнатӣ ва ҷайра. Масалан мардумшиносон кайҳо мушоҳида намудаанд, ки халқҳои дар муҳити монанду якхела ва ҳамсоягӣ бо ҳам зиндагидошта, хонаҳои худро дар шаклҳои гуногун месозанд. Русҳои шимолӣ хонаҳои худро одатан ба тарафи кӯча, русҳои ҷанубӣ хонаҳояшонро қад – қади кӯча месозанд. Балқариҳо,осетиниҳо,қарачаевиҳо дар Қафқоз дар муҳити қариб ҳампайванди ҳамсоягӣ зиндагӣ мекунанд . Бо вуҷуди ин балқариҳо хонаҳои кошёнаи сангӣ, осетиниҳо хонаҳои дуошёнаи сангӣ, қарачаевиҳо хонаҳои чӯбин месозанд. Дар гузашта ки ва куҷоӣ будани узбекҳоро аз тоқиҳояшон пайхас менамуданд. Бо либосҳои деҳқонзанони руси асри19 ба таври дақиқ муайян намудан мумкин буд,ки ӯ куҷоист ва дар куҷо таввалуд ёфтааст.
Ҳамин тариқ фарҳанги инсониро фарҳангҳои гуногуни алоҳида ташкил додаанд,ки соҳибони онҳо, халқҳои гуногун мебошанд. Ҳар як халқ, шаклу хусусиятҳои хоси худро дорост, ки онро дар илми мардумшиносӣ хусусиятҳои хоси алоҳида меноманд. Халқҳо ба таври дақиқ чун чун халқият бо сабабҳои гуногун , аз он ҷумла дар асоси ҳамзистии ҷомеавии тақдирии таърихӣ, урфу одатҳои якхела ва ҷайра ташаккул ёфтаанд. Бо вуҷуди ин маҳаки асосию воқеъии ба арзи вуҷуд намудани халқияту миллат,ягонагии ҷойгиршавӣ, ҳудуд ва забони умумии якхелаашон мебошад.
Хусусиятҳои хоси ҳар фарҳанг ибтиди худро дар муҳити маҳдуд ва интиҳои худро
дар сохтори умумии шакли фарҳангии ҷаҳон дармеёбад, ки оҳиста –оҳиста дар раванди ба вуҷуд омадан ва роҳандозии фарҳанги ҷаҳонӣ шаклу сохторро касб менамояд.
Шаклгирии фарҳанги ҷаҳонӣ ё ба ибораи дигар ҷаҳонишавӣ, натиҷаи он аст, ки дар фарҳангҳои гуногун одамон ҷаҳонро ба таври худ дарк ва қабул менамоянд ва ба ин васила тимсоли ҷаҳони нотакрори худро месозанд, ба воситаи фаҳмишу ҷаҳонбиниашон дар бораи сифатҳои ҷаҳон нуқтаи назари фарҳангҳо ҳувайдо мегардад. Шакли фарҳанги ҷаҳонӣ дар худ таносуби донишҳои мукаммал ва ҷаҳонбинӣ оиди арзишҳо, муҳитҳо, одатҳо, хусусиятҳои хоси фарҳанги худ ва дигар халқҳоро таҷассум месозад.
Ин донишҳо ва таасурот дар равишухусусиятҳои хоси фарҳанги ҳар як халқ, ки ба воситаи он фарқ намудани як фарҳангро аз фарҳанги дигар имконпазир мегардад, истифода мегарданд.
Ҷаҳонишавии шакли фарҳангии дунё таҷассуми худро дар робитаҳои гуногун бо ин ё он падидаҳои фарҳангӣ дармеёбад. Масалан, дар Мадагаскар дафнҳо барои фазилат ва эҳтиром ба шахси фавтида маънидоду ҳувайдо менамоянд. Бинобар ин барои дафнии яке ҳазорҳо ва дигаре даҳҳо одам меоянд. Ва баръакс дар Руссия ва ШМА – и муосир дафн фақат чанд соатро ташкил медиҳад. Муносибатҳои мухталифро ба ҳодисаи якхела аз тарафи халқҳои гуногун фақат ба воситаи гуногунии шакли фарҳангҳои ҷаҳон, ки дар он ин ҳодисаҳо арзиш ва маънои гуногунро касб намудаанд, маънидод намудан мумкин аст.