Фарҳанг ва муоширату алоқаманд
Мусалам аст,ки ягон фарҳанги аз дигарон пинҳоншудае дар ҷаҳон вуҷуд надорад. Дар раванди фаъолияту мавҷудияти худ вай маҷбур аст, ки ба гузаштаи хеш ва ё таҷрибаи дигар фарҳангҳо робита намояд. Ин робита бо дигар фарҳангҳо номи алоқамандии фарҳангҳоро касб намудааст. Дар ин алоқамандӣ ҳодисаи воқеии назаррас, муоширати фарҳангҳо бо забонҳои гуногун мебошад. Гап сари он меравад, ки ҳар як фарҳанг дар раванди ташаккули худ дорои гурӯҳи зиёди нишонҳо мебошад, ки онҳороро бо хусусияти хосашон аз насл ба насл интиқол медиҳад. Офаридани нишонҳо – хусусияти хоси инсонист. Нишонҳо ва овозҳое, ки онҳоро ҳайвонот доро мебошанд, бо ин ё он рафтор ва хусусиятҳои хоси зиндагии ин ё он намуди ҳайвонот вобаста мебошанд. Ин нишонҳо аз тарафи ҳайвонҳо махсус ба вуҷуд наомада, дар раванди ташаккули намуд, шаклгирӣ ёфта ба таври ирсӣ аз насл ба насл интиқол меёбанд.
Фақат инсон тавассути ақл ва идроки худ нишону суннатҳою урфу одатро роҳандозӣ намудааст, ки онҳо барояш худ аз худ муяссар нагаштаанд, чунки шаклу сохтори офаридаю арзи вуҷуд намудаи фарҳанги инсонӣ мебошанд.
Лекин ин лаёқати инсонӣ ҳамзамон монеаи фаҳмишу қабули фарҳанги ҷайрро пеш меорад.
Дар тамоми раванди таърихи инсонӣ шумораи зиёди нишонаҳои рафтор, арзи вуҷуд намудаанд, ки бе онҳо ягон соҳаи фаъолияташ имконнопазир мебуд. Барои инсон бархурдор будан аз ин нишонаҳо ва ё гуруҳи нишонаҳо, самару натиҷаи ворид шудани ӯ бамуоширату робита бо одамону фарҳангҳои дигар мебошанд.
Дар алоқамандӣ бо корбурдашон чанд шакли нишонаҳо сохтор ёфта роҳандозӣ мегарданд.
- Нишонаҳои – нусхавӣ, ки ҳодисаҳои аслии гуногунро тасвир месозанд, аммо худашон маҳз ин ҳақиқати аслӣ нестанд, масалан суратҳо.
- Нишонаҳои огоҳкунанда, ки дар худ иттилооти оиди мувофиқа бо фан, ки дар бораи он иттилоот доранд, масалан, занги мактаб.
- Нишонаҳои тимсолӣ, ки иттилоотро оиди ашё дар асоси хусусият ва шакл дар худ ҷунҷонидаанд, масалан нишони давлатӣ.
- Нишонаҳои забонӣ.
Бо вуҷуди ин, нишонаҳои алоҳида- худ аз худ маъною арзиш надоранд, агар онҳо бо дигар нишонаҳо алоқаманд набошанд ва ба гуруҳи муайяни нишонаҳо дохил намегарданд. Масалан сохтори нишонии салом вуҷуд дорад; шаклҳои гуногуни таъзим, дастфишурдан, бӯсакунӣ, ба китф лагадзанӣ ва ҷайра.
Дар маҷмӯъ шумораи зиёди нишонаҳо ва гуруҳи нишонаҳое, дар ҷомеаи инсонӣ фарҳанг ва маишати ин ё он замонро дар худ таҷассум менамоянд. Дар ҳар як нишон ягон маъное нуҳуфта шудааст, ки ба воситаи ин нишон аз тарафи наслҳои гузашта барои ояндагон изҳор гардидааст. Ин аз он дарак медиҳад, ки ҳар як нишон сохтор ва маънои худро дорост. Мазмуни нишонҳо иттилооти зиёдеро оиди таъриху фарҳанги гузашта маҳз аз онҳое, ки мазмуну маънои ин нишонаҳородарку хонда метавонанд талаб менамояд. Бо вуҷуди ин фарҳанги ҳар як ҷомеа фақат дар натиҷаи таълим интиқолу аз насл ба насл боқӣ мемонад. Лекин фарҳанг тариқи ирсӣ интиқолу дар ёдҳо боқӣ нахоҳад монд. Ҳамаи донишҳо, малакаҳо, тарзи рафтор, суннату одат фақат дар сохтори фарҳанг боқӣ мемонанд. Барои ҳамин нигаҳдошти аз байн нарафтани фарҳанг, муҳофизату додани иттилооти фарҳангиро ба наслҳои дигари баъдӣ тақозо менамояд. Робитаҳои фарҳангӣ барои боқӣ мондан ва ташаккули фарҳанг фоидаи муҳимеро доро мебошад.
Тадқиқоти зиёди масъалаҳои робитаҳои фарҳангӣ аз он шаҳодат м ииедиҳанд, ки мазмуну мундариҷа ва натиҷаи гуногунҷанбаи робитаҳои байнифарҳангӣ дар маҷмӯъ аз донишу малакаи ширкатдорони он дар фаҳмиши ҳамдигар, ба мувофиқа омадан, ки ба воситаи фарҳанги миллии ҳар ке аз тарафҳои алоқаманд тариқи ҷиҳатҳои равонии халқ, ки дар арзишҳои ин ё он ҷанбаи фарҳангӣ ифода меёбанд, роҳандозӣ карда мешавад. Дар фарҳанги бостоншиносӣ ин робитаи фарҳангҳои гуногун, алоқаи байнифарҳангҳо ном гирифтааст, ки мубодилаи байни ду ва ё зиёда фарҳангҳо, дастовардҳои фаъолияташон, ки дар шаклҳои гуногун роҳандозӣ карда мешавад, маънидод мегардад. Ин мубодила инчунин дар сиёсат, алоқаи ҳаётию кори байни одамон дар зиндагӣ, оила, робитаҳои ҷайрирасмии хусусӣ низ ба кор бурда мешавад.
Робита ва алоқамандӣ байни фарҳангҳо дар натиҷаи сабабҳои гуногун, ки номбар кардани онҳо вақти зиёдеро талаб менамояд, ба вуҷуд меоянд. Дар шароити ҳозираи раванди босуъати алоқаи байнифарҳангҳо, робитаю муошират тариқи соҳаҳои гуногуни ҳаёти инсонӣ, масалан, сайёҳӣ, варзиш, ҳамкории низомӣ, робитаю муоширатҳои хусусӣ ва ҷайра ба вуҷуд меояд. Тамоюли дигаргунии сиёсӣ, маишӣ ва иқтисодии солҳои охир, дармиқёси ҷаҳон ба вуҷуд омада, ба раванди беназири муҳоҷирати мардумон, дар дигар ҷойҳо муқимӣ шуданашон, омезишу бархурдҳои байни онҳо оварда расонд. Дар натиҷаи ин равандҳо одамони зиёд сарҳаду монеаҳои фарҳангие, ки пештар онҳоро аз ҳам ҷудо мекарданд, паси сар намуданд.
Равандҳои нави фарҳангӣ сохтор ёфта, сарҳадҳои байни худию бегона аз байн мераванд. Дигаргуниҳои дар ин маврид арзи вуҷуднамуда, дар маҷмӯъ ҳамаи зисту зиндагиро фаро гирифта, дар фарҳангҳои мухталиф ба ин ҳодиса баҳои ҳархела дода мешавад. Ин баҳодиҳӣ пеш аз ҳама бо хусусиятҳои хоси фарҳангҳои алоқаманд муайян мегардад.
Байни фарҳангҳо ақидаҳои гуногунии фарқкунандаи мухталифе дар бораи он вуҷуд дорад, ки чӣ тавр ва кадом роҳу усул ва воситаҳои алоқа дар робитаю муошират бо намояндагони дигар фарҳангҳо мавриди истифода қарор ёфтанашон, мавриди таҳлилу тадқиқ карор меёбад. Инчунин намояндагон фарҳангҳои хусусии Ҷарб диққати зиёдеро ба мазмуни иттилоот равона месозанд, ки чӣ гуфта шудааст, на ба он, ки барои чию чигуна гуфта шудааст. Барои ҳамин алоқа дар мавриди суст буданаш аз мазмуни мақсад вобастагии куллӣ дорад. Барои чунин фарҳангҳо сабки когнитивии мубодилаи иттилоот хос буда, дар натиҷаи он талабот барои сухани фаҳмо, дақиқ ба кор бурдани донишу мантиқи гуфтор пешниҳод мегардад. Намояндагони чунин фарҳангҳо барои инкишофи нутқи худ кӯшиш ба харҷ медиҳанд. Ин намуди алоқа ба фарҳанги амрикоӣ хос аст. Қисми зиёди амрикоиҳо дар муоширати рӯзмарраи худ смол толкро истифода мебаранд, ки маънои гуфтугӯи кутоҳро истифода менамоянд. Онҳо ба ҳамдигар мавриди вохӯрдан саволҳое медиҳанд, ки онҳо ҷавоб додани шахси дар муошират қарорёфта, низ он қадар муҳим нест. Масалан, Чи хел? Ҳавои наҷз, ҳамту не мӣ ва амсоли инҳо. Хусусияти хоси фарҳангии амрикоиҳо онҳоро водор месозад, ки буррою фаҳмо гуфтори худро ифода намоянд, то ки ба ҳамин тарзи кӯтоҳ аз ҳамсухан низ ҷавоб шунида, ба роҳи худ раванд.
Ва баръакс дар фарҳангҳои дастҷамъии шакли шарқӣ, барои пешниҳод намудани иттилоот одамон дар бисёр мавридҳо ба мақсади иттилоот бештар диққат медиҳанд ба он ки бо ки ва дар кадом маврид муошират барпо гардидааст,ва вобаста ба ин мазмуну маъниҳои алоҳида ба кор бурда мешаванд. Ин хусусияти хос дар диққати асосӣ ба шакли фоидаовари муошират дода мешавад, яъне ба он ки чи тавр ва бо кадом гуфта шуд на ба он ки чи гуфта шуд. Аз ҳамин сабаб алоқамандӣ дар муҳити фарҳангии шарқ бо суханони сатҳӣ ва умумӣроҳандозӣ мегардад. Масалан, дар мисолҳои зиёди ба ин шакл монанд, шояд, эҳтимол ва амсоли инҳо. Айнан барои ҳамин ҷопониҳо дар робитаи корӣ одатан суханро дар гирду атрофи масъала кашол дода, дар бораи ҳарчӣ баҳс менамоянд, фақат дар бораи масъалаи асосии робита сухан рондан, сабки онҳо нест. Ин тарзи муошират ба онҳо имкон медиҳад, ки бештар дар бораи нақшаҳои ҳамкорони ояндаи худ иттилоот ба даст оранд, ки барои масъалаи асосиро ҳал намудан тайёр гарданд, баъд гарчанде зид бароянд ҳам, эҳтироми шахсии ҳамкоронро паст намезананд, яъне ба иборае «ба изязати нафси ӯ намерасанд.»
Мушоҳида ва тадқиқоти зиёд дар соҳаи алоқаи байнифарҳангҳо имкон медиҳанд, хулоса бароварда шавад, ки мундариҷа,мазмун, мақсад ва натиҷаи робитаҳо аз арзишҳои дар ин ё он фарҳанг ҳукмрон буда, тарзи рафтор, фармоиш ва амсоли инҳо, вобастагии зиёд дорад. Дар алоқамандии фарҳангҳо, таъсироти онҳо ба ҳамдигар мушоҳида мегардад. Масалан дар ҳар як фарҳанг нуқтаи назари хусусӣ оиди эҳтиром пешниҳод мегардад.
Дар мамолики зиёди араб чизеро пурсидан аз ҳамкор ҳангоми корчалонӣ номақбул шумурда мешавад, агар эҳтимолияти ҷавоб аниқ надоданаш эҳсос гардад. Агар амрикоиҳо мустақиман он чизеро, ки фикр мекунанд, ба забон меоранд, барои арабҳо ва ҷопониҳо он чиз муҳим аст, ки аз ҳамсухани худ аз он чизе, ки дар ҷавоб доданаш ӯ ба мушкилӣ ва хиҷолат меояд, напурсанд. Барои ҳамин дар Ҷопон ва инчунин ҳамаи мамолики араб ҷавоби рад ва нест гуфтан беэҳтиромӣ ва аз доираи одобу ахлоқ берун ҳисобида мешавад. Агар шахс даъватеро қабул намудан намехоҳад, ӯ мегӯяд, ки намедонад, кораш бисёр аст, омадан метавонад ё не намедонад. Дар Ҷарб бо ҳамин роҳ мехоҳад аз ҷавоб додан ба саволҳои мушаххас худдорӣ намоянд, аммо дар он ҷо маҳз фақат додани ҷавобҳои мушаххас лозим меояд. Дар фарҳанги Осиё чунин мушаххасот дар гуфтору рафтор метавонад муносибатҳои муошираткунандаҳоро ба тамом аз байн барадва ба таври доимӣ ранҷишеро ба амал орад. Аммо дар фарҳанги мустақим ва мушаххаси Амрико қоидае вуҷуд дорад, ки ноқисии ҷисмонии ҳамсӯҳбат ва ё одами алоҳидаро гуфтан берун аз доираи ахлоқ ҳисобида шуда ва ин амал дар он ҷо ҷайриқонунӣ шумурда мешавад ва чун паст задании шарафи маънавӣ ҳисобида мешавад. Шояд ин аз он сабаб аст, ки амрикоиҳо барои он кӯшиш доранд, ки доимо ҷавон ва намуду зоҳири зебо дошта бошанд.
Хоҳанд нахоҳанд дар равандҳои ҳаётии хеш, одамон ба сохтори ин ё он гурӯҳи маишӣ ворид гарданд. Ҳар яки чунин гурӯҳҳо фарҳанги кӯчаки худро доро мебошанд. Дар заминаи сохтори фарҳанги хеш онҳо ба ин фарҳанг ягонагӣ ва ё гуногуниеро эҳсос менамоянд. Ин гуногуниҳо метавонанд ба воситаи муҳити маишӣ ба вуҷуд оянд, инчунин тариқи донишҳо, урфу одат ва амсоли онҳо арзи вуҷуд дошта бошанд. Фарҳанги хос дар асоси ҳамгироии дастҷамонаи қабули аъзоёни гурӯҳи маишӣ , ба воситаи муайян намудани нажод, дин, мавқеи ҷуҷрофӣ, забон, синну сол, ҷинсият, кор, ҳаёти оилавии аъзоёнаш , арзи вуҷуд менамояд.
Дар алоқамандӣ ба кадом соҳаи фаъолият мутаалиқ буданашононҳо ин ёон тарзи рафторро ихтиёр менамоянд.Чизи муайянкунандаи рафтори алоқамандона барои ба ин ёонташкилоти ҷамъиятӣ мутаалиқ буданашон,ки қонуну қоидаҳо, шаклу тарзи муоширати худро доро мебошад, буда метавонад. Ҳар як ташкилот маҷмӯи одот ва қоидаҳоеро доро мебошанд,ки ба таври мустақиму ҷайримустақим барои аъзоёни ин ташкилотҳо шаклҳои муоширати байни ҳам ва бо намояндагони ташкилотҳои дигарро пешниҳод месозад. Масалан ташкилоте,ки қадру қиматашонро дар ҷои аввал мегузорад то дараҷае ноҳинҷориро дар мавриди робита бо ташкилоте ҳис менамояд, ки барои он дигар самтҳо дар мадди аввал меистанд. Дар чунин лаҳзаҳо ҳудудҳои ташкили кор ва сабки муоширати аъзоёни ташкилот, фикрҳои шахсӣ, алоқамандии босуботашон, ба ташкилотҳои дигар, таъсири мусбии зиёд мерасонад.
Фарҳанг на танҳо ба робита таъсири худро мерасонад,балки худаш низ таҳти таъсири он қарор меёбад. Одатан ин дар мавриди раванди рӯ ба рӯ шудан бо фарҳанги ҷайр , ҳангоме ки одам дар ин ё он шакли робита қарор мегирад , ҳудудҳою арзишҳои фарҳанги зайлро аз худ менамояд. Мо фарҳанги худро бо роҳҳои гуногун меомӯзем ва дар ин самт азманбаҳои гуногун истифода мебарем. Масалан кӯдаки амрикоӣ ки бобояш ба ӯ фаҳмондааст ки агар туро бо касе шинос намоянд ба ӯ даст дода салом кардан лозим аст , ҳамин тариқ, бо ин васила дар шуури кӯдак фарҳанги худӣ сохтор меёбад. Кӯдаки ҳиндие , ки дар хонааш занон баъди мардон ба хурдани таом мепардозанд бо чунин тарз фарҳанги худро роҳандозӣ менамояд. Навраси яҳудӣ ки дар ташкил ва гузаронидани суннати Пасхаи яҳудиҳо чун роҳбалад ширкат меварзад,фарҳанги хешро меомӯзад ва ҳамҳангом дар нигаҳдошт ва ташаккули он саҳмгузорӣ менамояд.
Бачаяки фронсавӣ, ки ба ӯ ҳангоми хурдани таоми нисфирӯзӣ панирро пешниҳод месозанд , низ фарҳангашро аз худ менамояд. Кӯдаки мисрӣ , ки ба ӯ мефаҳмонанд , ки рафтори амакаш ба оила иснод овард, бо арзишу ҳудуди рафтори фарҳангиаш, шиносоӣ пайдо месозад. Ҳамин тариқ шунида, хонда, мушоҳида намуда, мубодилаи афкору ахбор бо шиносҳо ва ношиносҳо намуда, мо ба фарҳани худ таъсири мусбӣ мерасонем ва ин таъсирот метавонад ин ё он шакли алоқамандӣ бошад.