Фарҳанг ва рафтор

Рафтори инсонӣ- ин дастоварди ташаккули миллионсола буда,  ҳам тариқи ирсӣ ва ҳам тариқи мутаалиқ будани мо ба ин ё он гурӯҳ, ҷинсияту синну сол, таҷрибаи шахсии ҳаётӣ, сатҳи маълумот ва дигар ҷиҳатҳо, ташаккулу роҳандозӣ  меёбад. Сарфи назар аз  гуногуниҳо одамон, дар ҳамаи фарҳангҳо , байни худ муносибатҳои гуногун доранд, ки дар раванди онҳо бо ҳам вомехуранд,  мубодилаи афкор менамоянд , рафтору  кирдорҳои гуногунеро зоҳир менамоянд ва амсоли инҳо. Маънои ҳар  рафтори алоҳидаро фаҳмидан зарур аст, ки он на ҳама вақт сатҳӣ буда, дар бештар мавридҳо, маънояш  дар урфу одат ниҳон аст , яънедар бораи он , ки кадом рафтор хубу кадом бад аст ва ин маънодиҳию баҳодиҳӣ ба рафтор , дар фарҳангҳои мухталиф гуногун мебошанд. Ин гуногуниро дар мисоли дар бисёр фарҳангҳо, роиҷ будани одати мубодилаи ҳадяҳо, мушоҳида намудан мумкин аст.

Аксари  соҳибкорони олмонӣ ба ёд меоранд , ки дар аввалин робитаи онҳо  бо ҳамкоронашон аз аз мамолики Осиё , ба онҳо ҳадяҳои гуногун тақдим намуданд, ки дар рӯихат , чун армуҷон қайд гардиданд. Соҳибкорони олмонӣ, чун қоида тайёр нестанд, ки мавриди муоширати аввалин, бар замми ин аз одамони тамоман ношинос, ҳадя қабул намоянд. Пеш аз ҳама ин ҳадяҳо асос гаштанд, ки онҳо дар бораи он чун рафтори ҷаразноки ҳамкорони осиёии  худ ,андешаю хулосабарорӣ намуданд.Масъалаи мавқеи ҳадяҳо барои намояндагони фарҳанги Осиё ,тамоман дигар маъно дошт. Мувофиқи фаҳмиши онҳо, робитаҳои корӣ бояд дар асоси робитаҳои шахсӣ роҳандозӣ карда шаванд. Барои ҳамин робитаҳои дар нақша, дурудароз дар назардошташуда ,бояд бофароҳам овардани робитаҳои шахсии мукаммал оҷоз ёбанд. Барои ҳамин авваллан ҳамкоронашро ба таври амиқ, бо фаҳмишҳои арзишии худ, барои боварӣ ҳосил намудан, месанҷанд.Ҳангоме  муайян гардид,  ки ҳамкорон ба ҳамдигар эътимоду боварӣ ҳосил намуданд  варобитаҳои бисёрсола доранд , робитаи дар аввал барқароршударо ба воситаи мубодилаи доимии  ба қавле сармояи  ба худ хос,  масалан- ҳадяю армуҷон давом медиҳанд. Мувофиқи тарзи рафтори осиёӣ,  барқарор намудани робитаи шахсӣдар муоширати корӣ,  чун шарти зарурӣ ҳисобида мешавад. Барои муваффаққияти робитаҳои корӣ, дар шакли рафтори осиёӣ, дар баробари робитаҳои шахсӣ, сохтори уҳдадориҳои байниҳамдигариро созмон додан зарур аст. Масалан дар шакли ту ба ман , ман ба ту ва амсоли ин. Он барои ҳар як марҳалаи баъдии алоқамандӣ,чун роҳкушо зарур аст. Чунин тарзи робитаҳоро бояд дар марҳилаи аввали робитаи корӣ , роҳандозӣ намуд. Бинобар ин , маҳз чунин тарзи робитаи осиёиҳо,  наметавонад чун алоқаи охирини муошират  дар ҷарб гардад. Дар Ҷарб кӯшиш менамоянд, ки аз ҳар рафторе, ки ба назар чун пораю ришва метобанд, худдорӣ намоянд. Даъватномаҳо ва ҳадяҳо, чун ҳодисаи ноқабули таъсиррасонӣ ва ҳатто қасди хариди виҷдон, маънидод карда мешаванд.Шакли ҷарбии рафтори ҳамкорӣ бар асоси қатъии усули қабулгардидаи муошират, ки истисноро намепазирад,  ба роҳ монда шудааст.

Дар мисоли овардашуда, ду гурӯҳи арзишҳои ба ҳам аз ҷиҳати сохтор ба ҳам зид, дар муқобилиятанд , кӯшиши шакли ҷарбӣ барои мухторият ва сохти осиёгӣ барои алоқамандӣ аз ҳамдигар. Дар мавриде ,ки дар фарҳанги Ҷарб,  рафтори соҳибкорони дар муошират ширкаткунанда, ба воситаи талаботу ӯҳдадориҳои иқтисодии доимӣ муайян карда мешавад, дар Осиё баръакс диққати асосӣ ба робитаи аз ҳам алоқаманди доимӣ равона карда мешавад. Ин мисол аз он шаҳодат медиҳад, ки рафтори пазируфтаи ягона,вуҷуд надорад. Қоидаҳои фарҳанге ,ки мо ба он таалуқ дорем, низ нисбӣ буда ,мазмуну муҳтавою нуқтаи назари умумро қонеъкунанда , надоранд. Барои он ки рафтори намояндагони дигар фарҳангро дарк созем, пеш аз ҳама  бояд маълум намоем ,ки чи гуна хусусиятҳои хоси  рафтор, одатан барои фарҳанги онҳо хос аст. Мавриди тамоман тафовут доштани рафтори дигар шахс аз рафтори шумо, дар мувофиқа бояд ба роҳандозии қоидаҳои ягонаи рафтори тарафайн, ки ҳар ду тарафро қонеъ карда метавонад,  пардохт.

Таърих гувоҳ аст ва   шумораи зиёди мисолҳо овардан мумкин аст, ки кӯшиши фарҳангҳои гуногун дар роҳандозии  муоширату робитаҳои алоқаманд, баръабас рафтаанд. Пеш аз ҳама ,сабабҳои асосие, ки боиси ин нокомиҳо гардидаанд,  сабабҳои шахсӣ, камбудиҳои яке аз тарафҳо, ё худ надонистани забон ба  таври лозимӣ, маънидоду шумурдашудаанд.Гуногунии фарҳанг чун сабаби асосии нокомиҳои робитаи ҳамкорӣ, ками дар кам мушоҳида гардидааст. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки ингуна сабабҳо одатан аз назари тарафҳои муоширатдошта, ниҳон мемонанд.Гап дар он аст,ки рафтори одамон дар раванди муошират, бо намунаҳои зиёди сатҳи таъсир ва муҳимияти масъалаҳо, муайян мегардад.

Аввалан аз  хусусияти хоси сохтори фарҳанги алоҳида, ки ба воситаи он одам фарҳанги худро меомӯзадва ҳамзамон дар сатҳи даркорӣ ва ё нолозим дарк намудани моҳияти масъала , вобаста аст. Дар мавриди аввал   шиносоӣ бо фарҳанги худ ,ба воситаи раванди муқарарии маишӣ, тибқи маълумот ва тарбия ба вуҷуд меояд, мариди дуюм раванди фаҳмиши фарҳанги худ ба таври худ аз худ таҳти таъсири муҳиту ҳаводиси зиндагӣ , арзи вуҷуд менамояд.  Лекин ин ҳиссаи фарҳанги инсонӣ тавре тадқиқоти махсус нишон додаанд дар зиндагӣ ва рафтори шахс , баръакси ҳиссаи худ онро омӯхта, муҳиму фоидаовартар мебошанд. Дар ин самт фарҳангро бо яхи калони шинокунандае , ки  болои об қисми ночиз ва ҳиссаи асосиаш зери об ниҳон аст, ташбеҳ додан ҷоиз аст. Ва ин ҳиссаи ниҳони фарҳанги мо, асосан дар ботини мо нуҳуфтааст ва замоне ҳувайдо мегардад, ки ҳодисаҳои ҷайричашмдошт ҳангоми робита бо намояндагони фарҳангҳои дигар,ба вуқӯъ меоянд. Қабули ботини фарҳангҳо барои робита бисёр муҳим мебошанд , чунки агар рафтори муошираткунандагон бар он асос ёфта бошад, он гоҳ дигар ҳудудҳои ҳамдигарфаҳмиро роҳандозӣ намудан мушкилтар мегардад. Чунки онҳо барои дарки раванди қабули дигар фарҳангҳо оҷиз мемонанд.

Тимсоли овардашудаи ях, барои мо имкон медиҳад, ки мо ба таври амалӣ шаклҳои рафтори худро,ки дастовардҳои фарҳангии мо ба таври филфавру ҷайричашмдошт худ аз худ ба кор бурда мешаванд,дарк намоем .Инчунин ба таври фаврӣ мо равандҳои дигар фарҳангро қабул медорем, дар ҳоле,ки мо ҳатто дар бораи тарзи даркашон андеша наменамоем. Масалан дар фарҳанги амрикоӣ занҳо нисбат ба мардон бештар механданд. Ин шакли рафтор худ ба худ пайдо ва одати муқарарӣ гардидааст. То ҳануз яҳудиҳо, вақти хондани                                                 Таврот тани худро ба қафо алвонҷ медиҳанд ва бо ин онҳо ба шутурсавор тақлид менамоянд. Ин тарзи рафтор дар қаъри асрҳои зиёди гузашта ба вуҷуд омада, мазмуну маънояш кайҳо моҳияти худро гум намудаанд , лекин ин одат то ҳанӯз боқӣ монда , аз насл ба насл чун ҳиссаи фарҳанг идома дода мешавад. Шумораи зиёди чунин шаклҳои рафтор, бо пайдоиш ва шаклашон хусусиятҳои ҷайридаркиро доро мебошанд.

Баъдан , масъалаи  муҳими дуюм , ки рафтори муоширати одамонро муайян менамояд , мавриде ба ҳисоб меравад, ки Хош  чун « айнакҳои фарҳангӣ «» муайяну номгузорӣ намудааст. Вай аз он иборат аст ,ки бештари одамон фарҳанги худро чун намуна , марказ ва ченаки ҳама чиз мешуморанд. Одами солим одатан ба он диққат намедиҳад, ки намунаҳои рафтор ва ва тарзҳои ҷаҳонбинии ӯ дар асоси фарҳанги худӣ ташаккул ёфтаанд  ва одамони муттааллиқи дигар фарҳанг, нуқтаи назар, сохтори арзишҳо ва ҳудудҳои дигарро доро мебошанд.

Рафтори рӯзмарраи  бештари одамон чун воқеияти содда ба назар мерасад. Онҳо тавре фикр мекунанд, ки ҷаҳон он  таврест , ки маҳз онҳо барои худ тасаввур менамоянд .Ва ҷаҳон дар тасаввурашон аз чизҳои беҳисоби худ ба худ пайдошуда , ашёҳо , одамон , ҳодисаҳое, ки чун равандҳои қатъӣ ва зарурӣ ,пиндошта мешаванд, иборат аст. Чун қоида , одамон нисбӣ будани ҷаҳонбинии худро,ҳис ва пайхас намекунанд. Дар бисёр мавридҳо ин тарзи афкор ақидаеро дар шуури онҳо ба вуҷуд меорад , ки фарҳанги онҳо аз дигар фарҳангҳо  аз ҳама ҷиҳат беҳтар аст. Дар ин мавридҳо, фарҳангҳои дигар дар муқоиса бо фарҳанги худӣ ба таври шоистаю муносиб баҳогузорӣ намегарданд. Ҳамаи он амалҳое , ки аз доираи ҳудуд, урфу одат , шаклҳои рафтори фарҳангии хусусиашон берун аст, чун падидаҳою зуҳуротҳои номатлуб шумурда мешаванд. Ин гуна афкору андешаронии бартариҳои худиашон , шакли мутобиқаткунанда ба ин тарзи номақбули идрокашонро созмон дода, худписандӣ ва муносибати ҷайриэҳтиёткорона ва муҷризонаро нисбати дигар фарҳангҳо ба вуҷуд меоранд.

Дар мавриди саввум, рафтори одамон дар доираи робитаҳои алоқамандӣ ба воситаи муҳити фарогир ва мақсаду мӯҳтавои алоқамандӣмуайян мегарданд. Амалҳои мо дар мавридҳои гуногун якхела нестанд. Ҳар як мавқею ҷои ҳузури одамон , аз зумраи толори таълимӣ , тарабхона , корхона ва амсоли инҳо , тарзҳои муайяни рафторро талаб менамоянд. Табиатан ё ҷайритабиӣ , мо дар чаҳорчӯбаи ҳудудҳое , ки дар ин ё он фарҳанг ниҳода шудаанд , қарор меёбем  ва қоидаҳои пазируфтаи рафторро дар ҷойҳои гуногунсодир менамоем. Масалан , шаклҳои рафтор  дар ҷойҳои муқаддаси динии фарҳангҳои гуногун аз ҳамдигар ба куллӣ фарқ менамоянд.  Дар  Мексика мардон ва занҳо ҳамроҳи ҳам  ба калисо мераванд ва оромона вақти ибодат якҷоя меистанд. Дар мамолики исломӣ ин раванд шакли дигареро касб намудааст.

Масъалаҳои алоқамандӣ инчунин талаботҳои худро барои рафтори ширкаткунандагон пешниҳод месозанд. Робитаҳои байни одамон метавонанд бо сабабҳои гуногун ба вуқӯъ пайванданд , вақти мукофотсупорӣ , машваратҳои корӣ, бозиҳои варзишӣ, рақсу бозиҳо ва амсоли инҳо.Масалан , барои як фарҳанг дар тӯй  хомӯшию гӯшанишинӣ  чун ҳудуди рафтор хос аст , лекин дар фарҳанги яҳудӣ , русӣ ва бисёр дигар фарҳангҳо ин муҳит ба воситаи мусиқии танинандоз ,  рақсу бозию хушҳолӣ роҳандозӣ мегардад.

Мавриди чорум рафтори алоқамандӣ ба воситаи вақти муайяни ҳиссаи шабонарузӣ, ки дар он муошират дар назар дошта шудааст , муайян мегардад. Дар мавриди нарасидани вақт одамон чун қоида кӯшиш менамоянд , ки муошират ва гуфтугӯро қатъ намоянд , ки ба ин восита дигар корҳои асосию муҳҳимро анҷом диҳанд. Дар фаҳанги амрикоӣ ба истифодаи вақт чун падидаи қиматбаҳо диққати махсус дода мешавад. Дар он ҷо вақти ҳар як рафтору амал ба таври қатъӣ муайян гардида , барои ҳар кадомашон вақти муайян ҷудо мегардад. Тавре, Хол мушоҳида намудааст, « Барои амрикоиҳо ҷудо намудани вақт – онро нишон медиҳад , ки одамон чи тавр бо ҳамдигар муносибат менамоянд , корашон то чи андоза муҳим аст , ва мавқеи онҳоро дар ҷомеа муайян месозад.» Ҳар як вуқӯи муошират дар ин ё он  ҳиссаи вақти шабонарӯзӣ  баргузор гардида , ин ба хусуиятҳои он таъсири муайяне мебахшад. Барои он ки ин ҷиҳатро эҳсос намуд , кӯшиш намоед ,ки ба саволи зерин ҷавоб диҳед; -шумо ба занги телефонии соати 2-и шаб ва 2-и рӯз яхела муносибат менамоед?

Алоқаи байнифарҳангҳо амалан дар сатҳи хусусӣ  бархурдиҷаҳонбиниҳои гуногун , ки дар натиҷаи онҳо иштирокдорон, гуногунӣ дар нуқтаи назарро эҳсос наменамоянд, ҷаҳонбинии худро ба таври лозимӣ мешуморанд , дунёро бо нуқтаи назари худ мебинанд , пешниҳод месозад. Дар натиҷа , хусусияти рафтори муошираткунандагон чун мавриде , ки чизи ҷайриодии як тарафро , тарафи дигар эҳсос менамояд. Аввалан, чун ин ҳодиса  дар бештар мавридҳо  ба вуқӯъ меояд ,  нофаҳмиҳои маълум мушоҳида мегарданд , масалан  дарки он ки «ин ҷо чизе намерасад» , яъне нуқтаи назар ва фаҳмишҳо ба ҳам мувофиқату мутобиқат надоранд. Бо вуҷуди ин дарки эҳтимолияти  хато  будани ақидаи «чизи оддии як тараф» ба назар намерасад, ба ҷои он раванди миллатгароӣ нисбати ҳамсухан пайдо шуда,  ӯро нофаҳм, беҳурмат ё дорои фикри бад мешуморад.

Айни замон ҳар як шахс шояд вазъиятеро аз зиндагии гузаштааш ба ёд оварда тавонад , ки муошират бо одамони дигар осонакак ба таври фаҳмою дар сатҳи лозимӣ сурат гирифтааст. Ин муошират бо дӯстон , наздикон, ки ҳамаи ҷиҳатҳояш бидуни фикру талоши зиёд худ аз худ дар доираи эҳтирому ҳамдигафаҳмӣсуръатгирифта буд. Дар чунин мавридҳо хоҳишу кӯшиши фаҳмидани одами дигар, наранҷонидани ӯ, ягон рафтори ношоиста нанамудан ва амсоли инҳо худ аз худ пайдо мегарданд. Дарки рафтори ношоиста, ба воситаи малакаи тавонистани худро дар ҷои шахси ранҷонидашуда тасаввур намудан , аз нуқтаи назари ӯ тасаввур намудани ҳама чиз , фаҳмидани ҳолати ӯ ва ин ҳамаро дар рафтору кирдори худ эҳсос намудан ба вуҷуд меояд. Вай ҳиссиёти баланди дарки  ҳолати равонии ҳамсуханро аз шахс тақозо менамояд.

Ҳар як намуди муошират, бо муносибатҳои махсуси ҳамкорон ва кашиши онҳо ба ҳамдигар,ҳувайдо мегардад. Дар ин гуна муошират , самти алоқаи байнифарҳангҳо ба фаҳмиданимақсаду фикри тарафҳо , сабабҳои ташвиш , нуқтаи назар ва тимсоли андешаи онҳоро фаҳмидан равона гардидааст. Бинобар ҳамин, дар раванди алоқаи байнифарҳангҳо барои  рафтори муоширати дигар фарҳангҳоро фаҳмидан, зарурати дар чаҳорчӯбаи фарҳанги онҳо, на фарҳанги худ ҷустани сабаб , ба миён меояд , яъне дар ин ҷо гузашт бештар лозим аст , аз кашиш.

Кашиш дар соҳаҳои гуногуни муошират ба вуҷуд омада , маънии онро ифода менамояд ,  ки одам хаёлан худро дар ҷои одами дигар бо тамоми  буду набудаш пиндошта метавонад. Аммо дар вақти кашиш одамон тарзи тақлидии худии рафтори дигар одамонро истифода мебаранд. Мувофиқи назарияи Беннета агар мо мутобиқи « қоидаи тиллоии маънавиёт» « Тавре бо  одамон муносибат намо , он тавре , ки мехоҳӣ  маҳз онҳо бо  ту муносибат намоянд.» ва маҳз бо ин тарзи муносибат дар раванди муошират , бо дорандагони дигар фарҳанг , мо падидаи кашишро зоҳир менамоем , барои он ки мо қобили қабул будани рафторашонро ба воситаи нуқтаи назари  пиндори худ эҳсос менамоем.

Хусусияти хоси алоқаи байнифарҳангҳо аз он иборат аст , ки дар вай  муайянкунандаи асосӣ, падидаи гузашт дар муносибат , яъне вуруди даркӣ, зеҳнӣ ва эҳсосотӣ ба ҷаҳони ботинии  шахси дигар ба ҳиссиёти ӯ, афкор , пиндору чашмдории ӯ ,яъне чиро интизор будани , ва кӯшиши ӯ мебошад. Падидаи гузашт дар асоси пиндори он,  ки  ҳамаи одамон  дар вазъияту муҳити якхела ,  ҳиссиёт ва ташвиши якхела доранд ва ин ба онҳо имконият медиҳад , ки дигар нуқтаи назар , фикр  ва  тазоҳуроти гуногуни фарҳангҳоро дарку қабул карда тавонанд. Дар асоси ин пиндор, малакаи худро дар ҷои дигар одам тасаввур намудани одамон, қабули ҷаҳонбинии ӯ , фаҳмиши ҳиссиёти ӯ , хоҳиш ва рафтораш, пайдою ташаккул меёбад. Дар ин ҷо ҳамаи зуҳурот на дар асоси таҷрибаи худӣ , балки  дар асоси таҷрибаи шахси дигар, ҳувайдо мегарданд . Дар алоқамандӣ ба ин Беннет  шакли дигари « Қоидаи тиллоии маънавиёт»-ро ,ки «қоидаи плотинӣ» ном гузошт ва он мақсади асосии падидаи гузаштро ифода менамояд, яъне бо одамон тавре муносибат кун, ки онҳо  мебоист бо ту маҳз чунин муносибат менамуданд. Ҳоҷат ба тасдиқ намудан нест , ки истифодаи кашиш дар муошират бо намояндагони дигар фарҳангҳо ба нофаҳмиҳо оварда мерасонад. Ва баръакс  истифодаи гузашт бо кӯшишҳоион дар  дарку қабули ботинии масъалаҳои гуногунии фарҳангҳо ва ёфтани роҳҳою шаклҳои зарурӣ барои ҳамдигарфаҳмию ҳамгироӣ ,ҳамзамон имконияти аслии ҳамдигарфаҳмии байни ҳамкоронро , зиёд мегардонад. Барои ин зарур аст , ки мо хусусиятҳои асосии гузаштро дар ёд дорем ва онҳоро корбурд намоем;-

бодиққат  гӯш кун он чиро ба ту мегӯянд;  кӯшиши фаҳмидани ҳолатирӯҳию иҷтимоии  дигар шахсонро намо;ба он чи ба ту дигарон мегӯянд,диққати лозимаи беҷараз дода тавонистан;фаҳмидану дарки ҳолати воқеию изҳори ҳамфикрӣ ба ниёзу талаботи дигар шахсон;малакаинуқтаи назари дигар шахсонро эҳсос намудан;

Дар илми равоншиносӣ , дастурҳои махсуси таълимие мавҷуданд, ки бо ёрии онҳо ҳиссиёти одамонро  барои дарки ҷуқуртари ташвишу ҷаму андуҳи одамони дигар фаъолтар месозанд.Яке аз онҳо шакли худтайёркунии даркӣ аст, ки онро бисёр одамон ба таври ҳиссиётӣ истифода бурда,кӯшиш менамоянд , ки  ба дарки шинохти ҳолати шахси дигар дар ин ё он вазъият муваффақ гарданд. Ин дастур аз он иборат аст , ки кӯшиши то андозаи ниҳоӣ наздик , худтайёркунии даркӣ бо ин ё он шахс лозим аст. Ба воситаи тақлиди рафтори зоҳирии ӯ :- яъне  тақлиди тарзи нишасту роҳравӣ ва дигар рафторҳои ҷисмонӣ , тақлиди тарзи суханронии  ӯ дар ин вазъият ва амсоли инҳо , роҳандозӣ мегардад. Агар ба ин амал муваффақ шудан муяссар гардад , он гоҳ ташвишу ҷаму андӯҳи ӯ эҳсос гардида , ҳиссиёти ҳамдардии шахси кӯмакрасон нисбати ӯ бедор мегардад.

test

Добавить комментарий