Маҳаки асосии арзишҳои фарҳанг ва мавқеи онҳо дар алоқамандии фарҳангҳо
Аз айёми тифлӣ ҳар як кӯдак забон модариашро медонад ва фарҳангашро,ки ба он муталлиқ аст , меомӯзад . Ин амал дар раванди муошират бо наздикон ва ашхоси ношинос , дар доираи оилаю хона , ба воситаи тарзҳои муоширати омӯзанда ва ҷайриомӯзанда роҳандозӣ меёбад. Дар таҷрибаи рӯзмарраи ҳаётӣ одам худ ба воситаи нуқтаи назари шинохти неку бад, ҳаққу ноҳақӣ , равою норавоӣ барои худ суду зиёни ашёҳои гуногун ва ҳодисоти муҳити атрофро муайян менамояд. Сатҳи арзишҳо дар тафаккури одам бо роҳи муқоиса намудани ҳодисаҳои мухталиф эҳсос мегардад. Ҷ аҳонро ба таври худ эҳсос намуда , одам барои худ хулоса мебарорад , ки чи дар зиндагӣ барояш муҳим аст ва чи муҳим нест , чи авваллиндараҷаю чи не , бе чи метавон зист ва бе чи не ва амсоли инҳо. Дар натиҷаи ин, муносибатҳои арзишии ӯ бо ҷаҳону муҳити атроф сохтор меёбанд , ки ба воситаи онҳо ҳар як ашё ва ҳодисот аз тарафи ӯ бо то чи андоза муҳиму лозим буданашон барои ҳаёти ӯ шинохтаю баҳо дода мешаванд. Ҳар як ашё баҳои худро сазовор мегардад ва арзиши муайянеро доро мегардад ,ки дар асоси он муносибати хоси муайяне бо он созмон дода мешавад. Дар натиҷа муносибати арзишии умумии одам ба ҷаҳон сохтор меёбад , тавассути он ин ё он ҳодисаҳои ҳаётии одамон барои онҳо маъно ва арзиши муайянеро касб менамоянд.
Мавқеи арзишҳо дар маҷмӯъ ,дар зиндагии шахс ва ҷомеа , беандоза бузург аст. Ба воситаи онҳо ҷудо намудан ахбори зарурӣ , дар раванди муошират ба амал меояд, муносибатҳои иҷтимоӣроҳандозӣ мегарданд, малакаи алоқамандӣ ва ҳиссиёту эҳсосот ва амсоли онҳо, сохтор меёбанд . Ҳамин тариқ арзиш на ашё , балки муносибат ба ашёҳо , ҳодисот , равандҳо ва амсоли онҳо мебошад. Арзишҳо дар ҳар як фарҳанг ,бисёр муҳим буда ба воситаи он муносибати он ба табиат , иҷтимоиёту муҳити атроф ва бо худ муайян мегарданд. Бо назардошти ин фаҳмишҳо , К Клакхон ва Ф Стродбек арзишҳоро чун «нуқтаҳои назари мушкили гуруҳие , ки ба равишҳои фаҳм ва фаъолияти инсон , дар раванди ҳалли масоили умумиинсонӣ , шаклу амалҳои лозимӣ фароҳам месозанд ,»- шумурдаанд.
Дар тафаккури инсон дар ҳамбастагӣ якуякбора арзишҳои зиёде мавҷуданд , ки онҳоро маҷмӯи арзишҳо номидан ҷоиз аст , онҳо дар тафаккур паҳну пареш нестанд , балки дар шакли муайян , дар муносибат ба ҳамдигар , шаклу сохторро касб намудаанд.
Арзишҳои муҳити атрофро омӯхта , инсон дар такя ба хусусиятҳои хоси фарҳангии худ , урфу одат, суннатҳо, ҳудудҳо ва ҷайра , бо мурури замон сохтори маҷмӯи арзишҳои асосии дастҷамъона қабулшударо созмон медиҳад , ки чун раҳнамои зиндагии ӯ мегарданд. Дар ҳамин асос, ҳар як фарҳанг , дорои маҷмӯи арзишҳо мегардад ,ки мавқеи онро дар ҷаҳон муайян месозанд. Маҷмӯи арзишҳо одатан мавқееро ба вуҷуд меоранд ,ки дар он арзишҳо бо назардошти андозаи зарурияту аҳамияташон ҷо ба ҷо мегарданд. Ба воситаи ин маҷмӯи арзишҳо , пурра шудани фарҳанг кафолат дода шуда , хусусиятҳои хос, сатҳи ҷо ба ҷогузорӣ ва мавқеи он муайян мегарданд.
Агар мо муҳимии арзишҳоро дар ин ё он соҳаи ҳаёти шахс ва ҷомеа дида бароем, фаҳмиши мо мазмун ва мундариҷаи нисбиро ташкил медиҳад , чунки дар дунё ягон ҳодиса ё тамоюле нест , ки дар муҳимият бо арзишҳо ба одамон , бидуни истисно баробар шуда метавонад. Арзишҳо гуногунанд , арзишҳои хосияти хусусӣ , арзишҳое , ки ба ҷинс ё синну соли муайян мутаалиқанд , арзишҳое , ки ба гуруҳи зиёд ё ками одамон таалуқ доранд , арзишҳое ки ба ин ёон маҳалаи таърихӣ ё давлат хосанд ва ҳамин гуна то арзишҳои умумиинсонию байналмилалӣ мерасанд. Бинобар ин соҳаи илм ҳамаи арзишҳои фарҳангиро ба сохтори ду гурӯҳи асосӣ ҷудо намудааст. Аввалан ин маҷмӯи осори зеҳнӣ , эҷодиёти бадеӣ ва эҷодиёти динӣ мебошад. Ба ин гурӯҳ инчунин , осори гаронбаҳои меъморӣ , осори беназири ҳунармандӣ , осори бостоншиносию археологӣ ва мардумшиносӣ-этнографӣ шомил гардидаанд. Ба гурӯҳи дуюми арзишҳои фарҳангӣ , нуқтаҳои назаре, ки барои ҳамзистии инсоният муҳим будани худро дар амал собит намудаанд , аз зумраи урфу одот ,шаклҳо дарк ва рафтор , баҳоҳо , афкор ва амсоли онҳо , ки ба ҳамгироии ҷомеаи инсонӣ , ба зиёд шудани тамоюли ҳамдигарфаҳмӣ байни одамон , ҳамзистии осоиштаашон , хайрхоҳию ёрии байниҳамдигарӣ ва амсоли онҳо оварда мерасонанд , дохил гардидаанд.Ҳар ду гурӯҳи арзишҳои фарҳангӣ , дар амал маҳаки асосии ҳар як фарҳангро ташкил дода , хусусияҳои хоси онро муайян месозанд.
Дар раванди робитаҳои байнифарҳангӣ , фарқияти куллие байни қабулкунии арзишҳо аз тарафи одамони дорои фарҳангҳои гуногун ба мушоҳида мерасад. Бо вуҷуди ҳамин, байни шумораи зиёди муносибатҳои гуногун ба арзишҳо , мумкин аст ,ки гурӯҳи арзишҳоро тавре ҷудо намоем , ки бо хусусияту баҳо ва мазмуну мундариҷа ба ҳам шабоҳату алоқамандӣ дошта бошанд. Чунин арзишҳо номи арзишҳои умумиистеъмолӣ ё умумибашарӣ гирифтаанд. Хусусиятҳои умумибашарӣ касб намудани онҳо бо он шарҳ меёбад , ки хусусиятҳои хоси ин гуна арзишҳо дар такя ба табиати биологии инсон вахусусиятҳои алоқамандии умумии маишӣ роҳандозӣ гардидаанд. Масалан , дар ҷаҳон ягон фарҳанге вуҷуд надорад , ки ба куштор , дурӯҷу макру ҳила , дуздӣ баҳои мусбӣ диҳад ё онҳоро нек шуморад. Дар ҳар як фарҳанг фақат ҳудудҳои тоқат намудани ин ҳодисаҳо дигаргун буда , лекин дар маҷмӯъ зуҳуроти манфӣ ва бад шумурдани чунин ҳодисаҳо хусусияти умумибашарист.
Дида баромадани фарҳанг чун маҷмӯи арзишҳо , мантиқан саволеро дар бораи пайдо шудани онҳо ва муҳити татбиқашон дар миён мегузорад. Дар фарҳанги бостоншиносӣ чор муҳити асосии арзишҳои фарҳангӣ қабул гардидааст; ҳаёт , таълимот , дин ва фарҳанги эҷодӣ. Дар таълими алоқаи байнифарҳангҳо аз ин муҳитҳо аз ҳама муҳимтараш муҳити ҳаёт шумурда шудааст , ки муҳити авваллини пайдоиш ва мавҷудияти таърихии арзишҳои фарҳангӣ мебошад.
Ба арзи вуҷуд доштани таълимот , дин ва эҷод нигоҳ накарда ,фарҳанги ҳаётӣ имрӯз ҳам чун муҳимтарин соҳа барои сохтор ёфтани шахсият мемонад , чунки ин сохторёбӣ ҳануз дар овони кӯдакӣ оҷоз меёбад , замоне , ки одам барои омӯзиши арзишҳои фарҳангии таълимот , дин ва эҷод тайёр нест. Хусусияти хоси фарҳанги ҳаётӣ аз он иборат аст , ки вай он арзишҳоеро ба вуҷуд овард , ки онҳо барои алоқаи байнифарҳангҳо аҳамияти муҳиму асосиро доро мебошанд. Маҳз ҳаёт посдорандаи хотираи таърихии фарҳанг мебошад , чунки он дар нисбати таълимот , дин ва эҷод устувортар ва таҷирёбиаш , суръати камтаре дар муқоиса ба онҳо дорад. Бинобар ин маҳз фарҳанги ҳаётӣ , дар сатҳи зарурӣ , дар худ арзишҳои абадӣ, умумибашарӣ ва мардумиро ҷо додааст. Бар замми ин , маҳз арзишҳои ҳаётӣ асоси таълимот , дин , ва эҷодро ташкил медиҳанд. Ҳудудҳо ва арзишҳои фарҳанги ҳаётӣ худкофӣ мебошанд. Ин маънои онро дорад , ки фақат аз арзишҳои фарҳанги ҳаётӣ истифода бурда , одам метавонад , дар ҳудуди ин ё он фарҳанг назарҳои устувор ба зиндагӣ дошта бошад. Ҳангоми алоқаи байнифарҳангҳо, бо хусусияти худ аз худ, дар раванди таҷрибаи рӯзгор пайдо шуданаш, – аҳамияти фарҳанги ҳаётиро дучанд мегардонад. Арзишҳои фарҳанги ҳаётӣ дар раванди гирифтани таҷриба аз рӯзгор , арзи вуҷуд намуда , чун раҳнамои ҳаётии инсон дар ин ё он вазъияту ҳодисоти зиндагӣ мегарданд. Барои ҳамин онҳоро зарурати асоснок намудану инкору тасдиқ пеш наомада ,онҳоро дорандагони фарҳангашон ба таври дақиқ , филфавру бегуфтугӯ қабул медоранд. Тавре аён мегардад,онҳо барои ворид шудани одам ба фарҳанг ба таври лозима кофӣ мебошанд.
Арзишҳои фарҳангӣ тавре қайд гардид дар зиндагии инсон аҳамияти гуногунро касб намудаанд. Бинобар ин иддае аз одамон тарафдори арзишҳои дастҷамъӣ ва бархе арзишҳои хусусиро ихтиёр намудаанд. Дар ШМА одам дар навбати аввал худро шахсият , баъд чун аъзои ҷомеа меҳисобад , дар мавриде ,ки дар мамолики гуногун чун Ҷ опон , одамон аввал худро чун аъзои ҷомеъа ва баъдан шахсият мешуморанд. Ҳангоме , ки одамони дорои чунин нуқтаҳои назари гуногун ба робита алалхусус робитаи корӣ мепардозанд одатан ҳамеша авзои нофаҳмиҳо ба вуҷуд меояд. Масалан , барои гуфтушунидҳо оиди роҳандозии робитаи корӣ бо ҷопониҳо , амрикоиҳо корманди маъсул барои ташкилу гузаронидани чунин робитаҳои корӣ таъин намуда , мавриди бомуваффаққият гузаштани ин гуфтушунидҳо ӯро бо мукофот қадр менамоянд. Дар ширкатҳои ҷопонӣ ин тавр номумкин аст , дар он ҷо ӯҳдадориҳои дастҷамъӣ барои натиҷаи ҳар як кор роҳандозӣ гардидааст. Бинобар ин дар
Ҷопон ягон вақт шахсеро аз омма бартар намешуморанд , яъне баҳои мувафаққият барои умум дода мешавад.
Кадом арзишҳо барои одамон аҳамияти муҳим доранд ва таъсири зиёд мерасонанд ва ба кадом эътибор дода намешавад , ин аз худи ҳар як фарҳанг вобаста аст. Сохтор ва аҳамияти онҳоро хусусиятҳои хоси ҳар як фарҳанг муайян месозанд. Ҳиссаҳои бештари хусусиятҳои хоси фарҳанги худиро одатан чун қоида чун худ аз худ пайдошуда дарк ва қабул намедоранд. Ба дарки арзишҳои фарҳанги худӣ, фақат мавриди мавриди муошират бо намояндагони дигар фарҳангҳо , замоне ,ки робитаҳои байни фарҳангҳои гуногун ба вуқӯъ мепайвандад ва гуногунӣ дар нуқтаи назару арзишҳои онҳо ба назар мерасад метавон муваффақ гашт. Маҳз дар чунин лаҳзаҳо вазъияти нофаҳмӣ , худро гум кардан, ба қавле дасту по хурдан, нотавонӣ ва эҳсосот ,ки ҳиссиёти ранҷиш , қаҳру ҷазаб , таҳқиру ҷайра, ба вуҷуд меоянд.
Вазъияти нофаҳмиро истисно намуда ба натиҷаи мусбӣ муваффақ гардидан дар алоқаи байнифарҳангҳо фақат тариқи донистани хусусиятҳои хоси арзишии намояндагони фарҳангҳои ҷайр имконпазир мегардад. Ин донишу малака барои дарк намудани рафтори баъдӣ ,мақсад ,кӯшишу ҷайрат ва хоҳиши муошираткунандагон фоидаовар буда , бо ёрии он , ҳатто дар робита бо одамони ношинос муваффақият ба даст меояд. Масалан , донишҷӯи ҷавони амрикоӣ бо духтари араб , ки бо бародараш ба ШМА барои таҳсил омадааст шинос мешавад. Масалан , мешуморем , ки ҷавон арзишҳои ҷомеаи арабро медонад дар ин маврид медонад , ки марди араб некуаҳволии ҳоҳарашро қарзи виҷдонии худ мешуморад. Дар рафтору муошират бо духтар бояд ҳатто калимае оиди ҷиҳатҳои шаҳвонӣ набояд ба забон оварда шавад. Агар ҷавони амрикоӣ арзишҳои ҷомеаи арабро надонад вай маъқулу писанд будани духтарро ба хеш пинҳон надошта бо суханони бараҳнаю фаҳши худ дар ҳузури бародар духтарро ба таври барояш ҷайричашмдошт таҳқир месозад.