Зарурияти таҳия ва қабули Консепсия

Дар шароити имрӯза зарурияти таҳия ва қабули Консепсия аз инҳо
иборат аст:
1. Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати мустақили тозаистиқлол дар
марҳалаи аввали ташаккули давлати демократи, ҳуқуқбунёд, дуняви ва
ягона қарор дорад. Рушди минбаъдаи он ба тарбияи шахсиятҳои сатҳи
баланди ахлоқи, дунёи пурғановати маънави, фикру ҷисми солим, эҳсоси
баланди ватандӯсти ва худогоҳии милли дошта, риоягари қонунҳо,
ҳуқуқҳо, озодиҳо, заҳматписанду зебопараст, сарфаю сариштакор,
ботаҳаммулу тоқатпазир, масъулиятшиносу фаъол ва созандаю эҷодкор
вобаста аст. Тарбияи чунин шаҳрвандон вазифаи давлат, ҷомеа ва оила
аст.
2. Пас аз қабули Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон
якчанд ҳуҷҷатҳои муҳим, аз ҷумла Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи
маориф”, Консепсияи мактаби милли, Консепсияи миллии маълумоти
Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси одоби хизматчии давлати, Барномаи
давлатии тарбияи ватанпарастии ҷавонони Тоҷикистон барои солҳои
2006-2010. Консепсияи миллии инкишофи тарбияи ҷисмони ва варзиши
Ҷумҳурии Тоҷикистон, Барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони
Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқи таҳия ва тасдиқ
гардидаанд. Дар ни ҳуҷҷатҳо вобаста ба таълиму тарбия фикрҳои солим ва
арзишнок гуфта шудаанд. Аммо илми педагогика собит менамояд, ки
тарбия, аз рӯи мақсаду вазифа ва мазмуну мундариҷа нисбат ба таълим
муқаддамтару васеътар аст. Мутаассифона, ҳуҷҷате, ки дурнамои тарбияи
милли, ҳадаф, вазифа ва мазмуну мундариҷаи онро вобаста ба сиёсати
давлати соҳибистиқлол ва арзишхон миллию башари муайяи намояд, то ҳол
таҳия нагардидааст. Консепсияи мазкур таҷрибаи нахустин буда, тарбияи
миллии тамоми шаҳрвандони ҷумҳуриро дар назар дорад.

II. Асоси методологи ва сиёсати давлати дар соҳаи тарбия

Асоси методологии тарбияро дар кишвари мо тафаккури нави сиёси ва
фарҳанги ташкил медиҳад, ки моҳияти он таҳкими истиқлолияти давлати,
вахдату худшиносии милли, ҳисси ватандӯстию ватанпарасти, таъмини
амнияти давлату миллат, ҳифзи тамомияти арзи ва манфиатҳои умумимилли
мебошад. Мӯҳтавои ин методология дар Конститутсияи (Сарқонуни)
Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи маориф”,
Консепсияи миллии маълумоти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси одоби
хизматчии давлати, Барномаи давлатии тарбияи ватанпарастии ҷавонони
Тоҷикистон барои солҳои 2006-2010, Консепсияи миллии инкишофи тарбияи
ҷисмони ва варзиши Ҷумҳурии Тоҷикнстон, Барноман таълим ва тарбияи
ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии
ҳуқуқи таъкид ёфтааст.
Давлат дар сиёсати худ перомуни тарбияи миллии шаҳрвандон кафолат
медиҳад, ки дар тарбияи милли фазои ҳуқуқи фароҳам оварда, санадҳои
ҳуқуқии меъёри қабул ва дар амал татбиқ карда шаванд. Муассисаҳои
давлатни таълим ва тарбияро барои тарбияи шаҳрвандон таъсис дода,
шароит муҳайё месозад, ки:
– дар ҷомеа ба дигарақидаги, озодии сухан, виҷдон, иштироки
шаҳрвандон дар ҳаёти сиёси дар доираи қонун касе халал нарасонад;
– тавассути адабиёти илмию оммави, бадеи ва аз тариқи васоити
ахбории умум маводи дорои мазмуни тарбияи милли ба шаҳрвандон дастрас
гардад.
Ҳукумати Тоҷикистон тамоми чораҳоро мебинад, ки шаҳрвандони
ҷумҳури, – аз хурд то калон, – дар асоси ҳуқуқҳои конститутсиони
зиндаги, кор ва фаъолият намоянд. Намуна ва ибрати шоиста будани пеш
аз ҳама, рафтору гуфтори мансабдорони мақомоти давлати, сарварони
муассисаҳоро мутобиқи Кодекси одоби хизматчии давлати талаб карда,
дарк ва ҳисси масъулиятшиносии падару модарон ва шахсони калонсолонро
дар тарбияи насли наврас баланд мебардорад.
Ҷанбаи илми, дуняви ва башардӯстии анъанаю расму оинҳои мусбати
миллии кишварро дар тарбияи мардум дастгири карда, барои истифодаи
осори пурарзиши илми, адаби, таърихи, дини ва асару дастурҳои Сарвари
давлат доир ба тарбияи шаҳрвандон тадбирҳо меандешад.
Тарбия ва ҳифзи саломатии аҳоли, аз ҷумла кӯдакон, наврасон,
ҷавонон, кӯдакони ятиму бепарастор, нафақагирону пиронсолонро дар
оила, кӯдакистонҳо, мактабҳо, хонаҳои бачагон ва калонсолону маъюбон
таъмин карда, ба тарбияи ҷавонон, аз ҷумла баланд бардоштани сатҳи
маърифати духтарону занон барои тарзи ҳаёти солим, танзими оилаю
оиладори ва ба камол расонидани фарзандони солим мусоидат менамояд ва
ҳифзи иҷтимои ва иқтисодии муаллимону мураббияҳо ва парасторонро, ки
ба тарбияи кӯдакон, наврасон ва калонсолон дар муассисаҳои гуногуни
табобатию тарбияви машғуланд, ҳимоя менамояд;
Рушд ва дастгирии муассисаҳои тарбиявию фароғати, аз ҷумла
истироҳатгоҳҳои фасли тобистонро ба ӯҳда гирифта, наврасону ҷавонони
боистеъдодро аз ҷиҳати моддиву маънави дастгири менамояд.
Саҳм, масъулият ва фаъолияти вазоратҳои маориф, фарҳанг,
тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлати,
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон,
иттифоқҳои эҷодиро дар тарбияи мардум, аз ҷумла насли наврас, баланд
мебардорад ва ҳамоҳанг месозад.
Дар ҷумҳури намудҳои гуногуни варзиши миллиро ривоҷ медиҳад.
Ташаббуси сарпарастон ва днгар одамони саховатмандро дар бобати муҳайё
намудани шароити корҳои тарбия дастгири менамояд.
Ҳарчанд ки тарбия вазифаи умуми ба ҳисоб меравад, аммо масъулияти
Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар татбиқи он бештар мебошад.
Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин самт корҳои зеринро амали
мегардонад:
– таҷдиди назар намудани нақшаю барномаҳои таълим, китобҳои дарси
бо мақсади пурқувват намудани самти амалию тарбиявин онҳо ва ноил
шудан ба гуманизатсияи мазмуни таълим;
– тарбияи маниши (характери) милли ва тафаккури милли;
– таҳияи талаботи умуми ва ягонаи тарбияи кӯдакону наврасон ва
ҷавонон дар муассисаҳои таълим, оила ва ҷойҳои ҷамъияти;
– таҳияи системаи корҳои тарбияви, ки тавассути онҳо падару
модарон ҳамчун шарики доимии мактабу муаллим ҷалб карда мешаванд;
– ташкили вохӯриҳо ва сӯҳбатҳои мунтазами одамони машҳур,
роҳбарони муассисаю вазоратҳо бо наврасону ҷавонон:
– пурзӯр намудани мавзӯъҳои тарбиявии барномаҳои курсу семинарҳои
такмили ихтисоси муаллимон, роҳбарони синфҳо:
– мавриди таҳлилу таҳқиқ ва мавзӯъҳои корҳои курсию дипломи қарор
додани масъалаҳои тарбияи милли, аз қабили тафаккури милли, худшиноси,
ваҳдат ва ифтихори милли;
Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷоя бо вазоратҳои фарҳанг,
адлия, меҳнат ва ҳифзи иҷтимои, тандурусти, амният, мудофиа, даромадҳо
ва пардохтҳои давлати, корҳои дохили ва алоқаи Ҷумҳурии Тоҷикистон,
Кумитаи давлатии сохтмон ва меъмории Ҷумҳурии Тоҷикистон, кумитаҳои
телевизион ва радио, кор бо ҷавонон, занон ва оилаи назди Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон, иттиҳодияҳои эҷоди, мақомоти маҳаллии ҳокимияти
давлати, ташкилоту муассисаҳо ва шахсони ҳуқуқиву воқеи тадбирҳои
зеринро ба анҷом мерасонанд:
– барои амали намудани талаботҳои Консепсняи мазкур нақшаи
чорабиниҳо таҳия намуда, иҷрои онро таъмин менамоянд;
– системаи ахборотию иттилоотии соҳаи тарбияи миллиро таъмин
менамоянд;
– бо марказҳои ҷаҳонии тарбия ва таҳсилот робитаи педагоги
барқарор менамоянд;
– дар таҳияи барномаҳо ба масъалаҳои тарбияи милли, ки ба иззати
нафси халқ, миллатҳои дигар намерасанд, бештар аҳамият медиҳанд;
– оид ба забон, адабиёт ва таърихи халқи тоҷик, инчунин сарватҳои
моддию маънавии тоҷикон бештар маводи илмию оммави ба нашр мерасонанд;
– барои нозирони давлатии роҳ, андоз, гумрук, тамоми кормандони
ҳифзи ҳуқуқ, тандурусти, савдо ва ғайра, ки кори ҳамарӯзаи онҳо аз
муоширату муносибат ва одамон иборат мебошад, доир ба риояи одоби
муошират, ҳусни гуфтор, ҳифзи саломати, муҳит ва ғайра дастурҳо таҳия
намуда, иҷрои онро таъмин мегардонанд;
– барои аз байн бурдани зӯровари дар қисмҳои ҳарби тавассути
унсурҳои гуногуни тарбия тадбирҳои самарабахш меандешанд;
– барои тарбияи аскарону афсарони дорои сифатҳои беҳтарин шароит
муҳайё месозанд;
– доир ба тарбияи маҳбусон дар муҳити маҳрумият аз озоди шароит
муҳайё карда, барои ба тарзи ҳаёти солим баргардонидани онҳо тарзу
усулҳои гуногуни тарбияи маънави, хештаншиноси, худогоҳии милли,
гуманисти, меҳнати, зебопарасти ва ғайраро тадбиқ менамоянд;
– марказҳои компютери, Интернет, алоқаи электрони, ки бо ҷаҳони
мутамаддин мепайванданд, ташкил мекунанд;
– ба бештар саҳм гирифтани оммаи васеи мардум, дар тадбирҳои
муҳими давлатию байналмилали, аз ҷумла: гуфтугӯйи тамаддунҳо, даҳсолаи
об барои ҳаёт, ҷашнҳои миллию давлати, намоишгоҳҳо, ҳафтаи фарҳангу
адабиёт, вохӯриҳо, бози ва мусобиқаҳои варзиши ва ғайра мусоидат
менамоянд.
– ба тарзи милли сохтану ороиш додани бино ва қасру майдонҳоро ба
нақша мегиранд;
– ба номгузории миллию таърихии хиёбону кӯчаҳо, шаҳру ноҳияҳо ва
деҳаҳо ҷидди муносибат карда, номҳои шаклан ва мазмунан зебои асотирию
миллиро эҳё менамоянд;
– чопи “Зиндагиномаи намояндагони машҳури миллат”, нашри китобҳо
бо нақшу нигори миллиро ба роҳ мемонанд:
– истеҳсоли маҳсулоти милли, аз қабили: обҳои маъдани, нону
шириниҳои гуногун, асбобҳои мусиқи, асбобҳои заргари, кулоли, сӯзани,
қолину атлас, чойнику пиёла, аз гиёҳҳои ватани омода намудани
дорувориҳои гуногунро ривоҷ медиҳанд.
– фаъолияти Кумитаи Олимпии варзиш, дастаҳои футболи милли,
гуштини милли, бозиҳои милли, чавгонбозиро пурзӯр менамоянд;
– дар баробари рамзҳои давлати, барои эҷод ва ҷори намудани
рамзхон дигари милли озмунҳо мегузаронанд:

test

Добавить комментарий