Маданияти Атиқаи Аврупо

            

Нақша:

  1. Тавсифи умумии маданияти атиқа.
  2. Маданияти Юнони Қадим ва даврахои асосии он.
  3. Аполонива Дионидар маданияти атиқа.
  4. Маданияти Рими Қадим.

 

Тавсифи умумии маданияти атиқа

 

 

Тамадунни шарқи қадим бешубха ба кишвархои хамсоя таъсир расонид. Яке аз чунин хамсоягон қабилахое мебошанд, ки ба  таърихи ҷахонихамчун халқиятхои «юнони қадим» ворид шудаанд ва хамон давраи таърихи«давраи атиқа» ном дорад. Атиқа – қадим, кухан, бостонӣ. Замони атиқа  хусусияти ба худ хоси иҷтимоиву истехсолӣ, сохтори сиёсӣ, системаи арзишхои фархангиро бо дараҷаи баланди илм, адабиёт ва санъат сохиб аст.   Тамаддуни атиқаро тамаддуни Юнониву риминиз меноманд. Зеро мухимтарин воқеахои фархангии ахди қадими Аврупо махз дар Юнону Рим ҷараён доштанд.

Барои маданияти атиқа фахмиши ратсионалии ҷахон хос аст ва эхсоси зебогии он мушохида мешавад. Давраи атиқа яке аз мархилахои навбатии инкишофи маданияти ҷахонибуда, тамоми модификатсияхои таърихи(сиёсат, хуқуқ, асотир, дин, илм, фалсафа, санъат ва ғайра) мушохида мешавад. Мухити географии маданияти атиқа Юнони Қадим ва Рим буда, хронологияи он аз маданияти Криту-мекени(хазорсолаи III пеш аз мелод) оғоз ёфта, то давраи бӯхрони империяи Рим (асри III мелодӣ) давом меёбад. Лекин таъсири  маданияти ин минтақа дар дигар кишвархои Аврупо мушохида мешавад.

Яке аз хусусиятхои маданияти атиқа дар асоси хаёти иҷтимоива маънавии шахри(полисӣ) пайдо шуда, инкишоф ёфтани он мебошад. Сарчашмаи асосии омӯзиши маданияти асархои Гомер «Илиада» ва «Одиссея» ба шумор меравад, ки намунаи бехтарини адабиёти ҷахониаст.

Дигар сарчашмаи омӯзиши маданияти замони атиқа, асотир ва динхои юнониён ба шумор меравад. Худоёнро онхо мисли худ – инсон мехисобиданд. Ҷахони Худохо-ин ҷахони юнониён аст. Дар асотирхо оид ба Прометей, Аргонавтхо, Геракл ва ғайра тасаввуроти гуногуни эллинхо инъикос гардидааст.

Яке аз дастовардхои бузурги ин минтақа оғози омӯзиши илмии табиат мебошад. Fояи беинтихои ҷахони материалидар мухити фазо ва вақт, пайдоиши фалсафаи материалистива идеалистиба инкишофи маданият таъсири калон мерасонад. Фалес, Анаксимен, Анаксимандр, Гераклит ва дигар намояндагони фалсафаи Юнон оиди бисёр қонунхои асосии олам дар бораи категорияхои гуногуни фалсафиақидахои худро баён намуда буданд. Масалан, Гераклит дар бораи сабабхои дигаргунификр намуда, воқеияти реалиро эхсос намуда, принсипи асосии ҷахонбинии худро бо як формулаи кӯтох баён намудааст «хама чиз дар харакат аст». Аз нуқтаи назари ӯ харакати ободива беохир-қонуни асосии олам аст, ки хаёти ҷамъиятива хаёти табиатро якхела идора менамояд.

Адабиёту санъати замони атиқа низ ҷолиби қайд аст. Нишонаи онро дар асархои Гомер, Гесиод, Сапоро ва дигар нависандагону шоирони ин давра мушохида кардан мумкин аст. Дар адабиёти бадеӣ, азxумла лирика мавзӯъхои  хушбахтӣ, зебогии табиат, май, шуxоат, далерива ғайра тасвири худро ёфтаанд. Перикл, Сафокл хамчун шоирони «Фоxеанавис» машхур шуда, дар асри VIV пеш аз мелод, дигаргунии куллиро ба вуҷуд овардаанд.

 

Маданияти Юнони Қадим ва

даврахои  асосии он

 

Маданияти Юнони қадим аз 5 мархила иборат аст:

 

  1. Давраи Крит ва Микена (2800 – 1100 сол пеш аз мелод);
  2. Давраи Гомери(асрхои XI-IX пеш аз мелод)
  3. Давраи Архаики(асрхои VIII-VI пеш аз мелод)
  4. Давраи Классики (асрхои V-IV пеш аз мелод)
  5. Давраи Эллини (солхои 323 – 146 пеш аз мелод).

 

Юнони Қадим яке аз марказхои қадимтарини маданияти ҷахониба шумор меравад. Юнониён қадимтарин адабиётро офариданд. Онхо худро эллинхо ва мамлакаташонро Эллада меномиданд. Як зумра номхои намоёни илму фарханг, сахифахои маданияти атиқаи Юнонро  мекушоянд: драматургон Эсхил, Сафокл, Эвритид; муаррихон Геродот, Фумизид, файласуфон Демокрит, Афлотун, Арасту ва дигарон.

Маданияти юнониён дар ҷазирахои Крит ва Микен оғоз меёбад ва барои хамин хам давраи аввали инкишофи маданияти ин сарзаминро замони Криту микенином гузоштаанд, ки ба хазорсолаи 2-юми пеш аз мелод рост меояд. Дар ин давра ҷудокунии маданияти Fарбу Шарқ мушохида намешавад. Хусусияти  махсуси маданияти «дарбории» ин сарзамин бо тимсоли шарқии худ омезиш ёфта, ба монанди Мисри Қадим хаёти маданӣ, сиёсӣ, динива хоҷагидоримуттамарказонида мешавад. Маданияти Крито-микениба дараҷаи баланди тараққиёт расид, ки он дар бунёди иншоотхои мӯхташам, деворнигорахо, асбобхои рӯзгор, миқдори зиёди ашёхои тиллоиву нуқрагиинъикос гаштаанд. 

Таназзули системаи мутамаркази Крит ва Микен, ба оғози давраи дуюми инкишофи маданияти Юнон-Гомеризамина гузошт, ки асрхои Х1-1Х –ро дар бар мегирад. Хусусияти маданияти ин давра он аст, ки тараққиёти маданият ба меъёрхои инфироди ё ки шахсимансуб дониста мешаванд. Арзишхои асосӣ-мардонагии ҷангибуд ва дастовардхои ин давра дар кодекси қахрамонинишон дода шудааст. Дар ин давра худоён як қисми таркибии табиат шинохта мешаванд. Давраи гомеримусобиқа карданро (Агон) хамчун меъёри маданият нишон медихад ва дар тамоми маданияти Аврупо пояи мусобиқавиро мегузорад.

Давраи Гомеридавраи тӯлонии  рушди фархангимахсуб меёбад. Дар ин мархила такмилёбии олотхои оханӣ, чархи кулолӣ, осиёби дастӣ, тайёр кардани равғани растанива шароб, коркардаи фулузот (металл), хунархои бадеива ғ. мушохида мегарданд. Меъморӣ, санъат, сотмони киштихо, бунёди шахрхо рушд меёбад. 

Замони архаиё архаики(асрхои VIIIVI то мелод) давраи навбатии инкишофи маданияти Юнон ба шумор меравад. Дар ин давра «полис» (шахр-давлат) ба вуҷуд меояд, ки дар он хар як шахрванд сохиби хуқуқ, моликият ва дорои манфиатхои шахсибуд. Яъне полис ба сохтори иҷтимоиву сиёсии ҷамъият табдил гашт. Калонтарин  шахр – давлатхо Афина, Коринф ва Спарта ба шумор мерафтанд.

Дар ин давр  шаклхои гуногуни давлатдори– монархия, тирания, олигархия, аристократия, демокра́тия, охлократия ва ғ. ташаккул меёбанд.

Монархия (лотинӣ. monarchia – хакимияти мутлақ, як хокимиятӣ, ба як нафар таалуқ доштани хокимияти олии давлатӣ), тирания (юнонӣ. τυραννίς – истибдод) —шакли  идоракунии давлате, к и бо рохи зӯровариҷоришудааст ва ба як хокимиятиасос ёфтааст. 

Олигархия (юнонӣ. -oligarchia— «хокимияти гурухи ками одамон»)   — сохти сиёсии давлат, ки дар  он гурӯхи хурди одамон хукмронимекунанд.

Аристократия (юнониἀριστεύς «знатнейший, благороднейшего происхождения» и κράτος, «власть, государство, могущество») — тарзи давлатдории хокимияти асилзодагон, ашрофзодагон, фарқи  аристократия дар он аст, ки асилзодагон (аъёну ашроф) ба тарзи интихоби ба сари қудрат меоянд, онхо манфиатхои синфи хукмронро ифода мекунанд.

Демокра́тия ( юнонӣ. δημοκρατία — «хокимияти халқ ) — сохти сиёсие,ки асоси онро усули коллективона қабул кардани қарорхо ташкил медихад ва ва иштирокчиёни он ба натиҷаи ҷараён баробар таъсир мерасонанд.  

Охлократия (лотинӣ. ochlocratia, охлос-издихом, кратос- хокимият)- яке аз шаклхои демократия, ки да даврат гузариш ва бӯхронии давлат издихом  хукмронимекунад.  

Дар давраи архаикишахрвандон дар назди қонун механизми махдудкунандаро ба маданияти Агони(мусобиқавӣ) ворид мекунанд. Ба мадди аввал дар муносибат хайр, хохиш, адолат, хирадмандигузошта мешавад. полис становится социально-политической организацией общества.

 

Давраи классики(асрхои VIV то мелод) замони парвози баланди юнониён дар тамоми сохахои маданияту тамаддун ба шумор меравад. связана с расцветом древнегреческой цивилизации. Пеш аз хама хаёти маънавипеш меравад. Яке аз дастовардхои мухими давр инкишофи фалсафа ва ташаккули мактабхои фалсафимахсуб меёбанд, ки аз ҷониби мутафаккирони бузург Демокрит, Пифагор, Платон, Арасту ва дигарон осос ёфтаанд.   Санъат хеле тараққи мекунад: меъмори(Акрополи Афина бунёд мешавад), хайкалтароши(Мирон хайкали «Дискобол»-ро меофарад, Фидий муҷассамаи  Зевсро месозад), назм ва наср (Эсхил, Софокл, Эврипид эъҷод мекунанд),санъати театр (дар театри Афина 17 хазор тамошобин ҷойгир имешуд )ташакул ва  рушд мекунанд.

    Ин давра замони худшиносии шахрвандибуд. Тасаввурот дар бораи инсон хамчун шахси мустақил ба вуҷуд меояд. Қонун хусусияти идеяи ратсионалии хуқуқиро мегирад ва мухокимашаванда  мегардад. Дастовардхои инсон тараннум карда мешавад ва хаёти ҷамъиятӣ-хамчун меъёри худинкишофи инсон мегардад. Баробари ин дарки масоили индивидуализми инсони(мубохисаи софистхо бо Суқрот) пайдо мегардад ва дар назди юнониён масъалахои беохири иррасионалипайдо мешавад, ки онро маданияти классикии Юнон бо системаи ратсионализм иваз менамояд.

Давраи эллинисти(асрхои 111-1 (солхои 323 – 146) пеш аз мелод) барои бисёр мамлакатхои Шарқи Қадим низ марбут аст. Ин давраи бахамоии сифатии маданияти Fарбу Шарқ, гул-гулшукуфии Искандария ба шумор меравад. Дар замони элленизм ва хам классикипанҷ мӯъҷизаи дигари дунё сохта мешавад. Замони эллинизм давраи таъсири мутақобилаи маданияти Юнон ва маданияти махаллии Шарқиён буд, ки ба муносибати мустахкамии равобити маданию иқтисодии Эрону Эллада замина гузошта буд.

Хамин тавр, агар дар замони Криту-микени шахсияти подшох-Кохин дар маданият ба мадди аввал гузошта шавад, дар давраи гомерибошад шахсияти подшох-кохин ҷой надорад. Таназзули системаи дарборимушохида мешавад. Ба мадди аввал сардори низоми(харбӣ), дорои қудрати «илохӣ» (монарх) мебарояд.

Саволе пайдо мешавад: Гомери Юнониоё шахсият буд? Доир ба ин савол дар адабиёти ҷахониақидаи ягона вуҷуд надорад. Масалан, олими давраи шӯравиИ.С.Кон ба ин савол чунин ҷавоб медихад: «Ҷахони дохили инсон номуайян аст ва дар Гомер ибораи нишондихандаи умумияти ҷахони маънавии инсон мушохида намешавад». Умуман, дар натиҷаи тадқиқотхои гуногуни таърихию забоншиносии асархои Гомер муайян шудааст, ки ӯ тахминан дар асри 1Х то мелод дар яке аз шахрхои сохили бахри Эгеи умр ба сар бурдааст.

         

Аполлонива Дионидар маданияти атиқа

 

Аполлони(хушохангӣ, нуронӣ-таҷассумёфта дар Худои Аполлон мухофизи мусиқива хушохангӣ). Диони(торик, беченак, бетартиб таҷассумёфта дар Худои Дионис мухофизи шароб ва бедоршавии табиат). Дар адабиёти муосир бештар муқобилгузории ин ду хусусияти бо хам омезишёфтаи маданияти атиқа мушохида мешавад. Масалан, Карл Юнг ба асосхои диониасоси аполлониро муқобил мегузорад. Кашфкунандаи муаммои мазкур Ф.Нисше буд, ки дар зери образхои хушохангива нуронии ополонибетартибии қуввахои стихиявии хаётро инъикос менамояд.

Муносибати инсон бо худохо-яке аз масоили бахсталаби маданияти Юнон аст. Бархақ Кнесофан навиштааст: «хама чизи беномусу нангин, ки одамон доранд, Гомер ва Геснод ба худохо часпонданд: дуздӣ, зино, фиреби якдигар». Саволе пайдо мешавад, ки чихел чунин худохои ғайри- ҷиддиобъекти эътиқоди динигардиданд? Нақши ин муаммо дар тадқиқоти В.Ф.Лосев инъикос гардидааст. Гомер худохоро табиатан нишон дода, хамаи он хусусиятхое, ки ба инсон хос аст ба худохо мепайвандад. Қахрамонхои Гомер одамоне буданд, ки онхо бо табиати баинтизомию таърихияти худ аз худохо фарқ намекарданд. Аз ин xо хулоса баровардан мумкин аст, ки инсон худаш xавобгар аст барои кирдорхои худ ва хушбахт аст, на барои он ки худохо онхоро дӯст медоранд, балки баръакс худохо ӯро дӯст медоранд ба хотири он, ки ӯ хушбахт аст. Тахлили таърихию фалсафии антитезисхо: «дионӣ» ва «аполлонӣ», «Худо-инсон» моро ба феномени «писимидми юнонӣ» бармегардонад. Аз як тараф, бовариба худоён, тарсу вахм дар назди қуввахои фавқуттабииаз тарафи дигар бовариба ақлу хирад, ки қодир аст, табиатро дигаргун созад.

Бисёр унсурхо  маданияти полисӣ, ки хусусияти инсондусти доштанд, имрӯз мавзӯи омӯзишу тадқиқ мебошанд. Барои давраи атиқа «сиёсат» синоними «гражданӣ» аст. Гражданини (политес) шахри демократӣ–давлат–иштирокчии баробархуқуқ дар халли хамаи корхои давлатии дорои хам ахамияти дохилива хам хориxиба шумор меравад. Дар хаёти давлатии мисоли демократӣ, хар як марди ба воя расида иштирок мекард, ки дорои хуқуқи шахсибуд. Дар назди қонун гражданини полис хамчун сохиби қонунии мулки хусусибаромад мекунад. Полисхои демократии Афина ва Спарта бузургтарин дар Юнон ба шумор мерафтанд.

Фаъолияти касби(заминдорӣ, хунармандӣ) хамчун меъёри фаъолияти аъзоёни полис-хусусияти дигари хаёти полисибуд, ки ба истехсолот ва савдо рох мекушояд. Аз ин xо, пайдо шудани хаёти гуногунxабхаи давлатиомодагии муайяни шахрвандонро, хусусан босаводии онхоро талаб мекард. Инчунин таҷрибаи харбӣ-мухофизатиба мадди аввал гузошта мешавад.

 

Маданияти Рими Қадим

 

Рими Қадим, ки онро бародарон Ромул ва Рем (754-753 то мелод) асос гузошта буданд, яке аз давлатхои калонтарини сохили бахри Миёназамин буд. Маданияти ин кишвар аз бисёр ҷихатхо бо маданияти юнониён монандидорад, хусусан дар сохаи санъат. Ба антропосентризми юнониён, римиён ҷахонфахмии нисбатан баландро ворид намуданд. Аниқива таърихияти тафаккур, назму насри ҷиддиба асоси маданияти римиён гузошта шуда буд. Вакте ки мо Рим мегӯем, чангхои гладиаторӣ, императорон Нерон, Юлий Сезар ва дигар ашхоси намоёни  Рим ба  хотир меояд. Хусусан макоми императорони Рим дар инкишофи маданияти ин кишвар хеле бузург аст. Масалан: император Август гуфта буд: ки Рими-Хиштиро қабул  карда ба ворисон Рим мармари боқигузоштааст, Калигула мехост  аспи худро сенатор таъин намояд; Веспасиан гуфта буд, ки  пул бӯй надорад ва олихиммат Тит, ки агар ягон кори хуб накунад, мегуфт «Дӯстон ман як рӯзро гум кардам».

Дар маданияти римиён хусусиятхои  санъати халқхои тобеи империяи Рим мушохида карда мешавад. Санъати рими инчунин дар асоси  бахамоии санъати қабилахои итолиёвиба вуҷуд омадааст. Хусусан,  этрускхо, римиёнро бо санъати  шахрсозӣ, наққошии деворӣ, муҷассамасозишинос намуданд. Лекин дар асос, таъсири санъати юнониён баръало аён мегардад.  Юнониён чихеле, ки қайд шуд, бохашаматӣ, хушохангива зебоиро эътироф мекарданд, римиён бошанд ба ғайр аз бузургии қувва дигар чизро эътироф намекарданд.

Ёдгорихои меъмории римиён, хатто дар холати вайрониинсонро ба хайрат меоваранд. Онхо дар меъмории ҷахонидавраи навро оғоз намуда, бештар ба сохтани бинохои ҷамъиятикӯшиш менамуданд. Римиён бо ихтирооти худ бо бинохои дорои услуби гуногун ва боигарии шаклхои композитсионишӯхрати ҷахонипайдо намуданд. Онхо иншоотхои мухандисиро (кӯпрукхо, роххо, қалъахо, бандархо ва ғайра) хамчун объекти меъмориба мухити xуғрофии шахр ва дехот ворид намуданд.

Дар охири асри 1 то мелод давлати Рим аз республикаи аристократиба империя табдил ёфт. Ин давраи  хукмронии император Август буд, ки чун «асри тиллоии» маданияти Рим маълум аст.  Ин давра бо номхои меъмор Витрувий, таърихшинос Тит Ливий, шоирон Вергилий, Овидий зич алоқаманд аст. Ин замони сохтмони комплексхои бузурги меъмори(масалан Форуми республикавива императорӣ), бинохои бисёрошёна ба хисоб меравад. Таҷассуми бузургива ахамияти таърихии Рими императорииншооти «Тоқи нусрат» (триумфальная арка) буд, ки ғалабахои ҷангиро таърифу тавсиф мекард. Аз хама бузургтарин иншооти Рими қадим Кализея буд, ки дар ин xо ҷангхои гладиаторинамоиш дода мешуд.

Хусусияти дигари маданияти ин кишвар дар релеф ва пластика мушохида мешавад. Дар майдони Миррих, ёдгории монументалии мармарин бо номи «Мехроби ҷахон» бино карда мешавад, ки он ғалабаи Августро аз болои Испания ва Италия таҷассум менамуд. Портрети Нерон, муҷассамаи Марк Аврелий дар болои асп (аз биринҷи) офарида мешаванд, ки дар онхо тамоми хусусиятхои зохирива ботинӣ, инчунин рухияи нозуку нигохи хаяxоновари онхо инъикос гардидааст.

Хамин тавр, дар санъати римисистемаи нави тафаккур пайдо мешавад, ки дар он, харакат ба сӯи хастии маънавӣ, ки ба санъати давраи асримиёнагиниз хос аст мушохида мешавад. Соли 395 империяи Рим ба қисмати Fарбива Шарқитақсим гардид. Дар асрхои IVVII дар Рими аз тарафи варвархо тороxшудаю вайронгардида шахрхои нав бино гардиданд, ки дар онхо анъанахои қадими санъати римимушохида мешаванд ва образхои бадеии хунармандони Рим ба устодони замони Эхё илхоми тоза мебахшиданд.

Хамин тавр, Рим дар таърихи ҷахониунвони шахри xовидро гирифтааст, ки дастовардхои бузурги он, ба монанди хуқуқиримӣ, театр ва сирки гладиаторӣ, Пантеон (маъбади Худоён), санъати меъморива нотиқии римиён ба тамаддуни Аврупо нақши бузург гузошт. Пайдоиши дини насронибошад сахифаи нави маданияти ҷахониро мекушояд.

add

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте как обрабатываются ваши данные комментариев.