Маданияти Атиқаи Аврупо

Нақша:

  1. Тавсифи умумии маданияти атиқа.
  2. Маданияти Юнони Қадим ва даврахои асосии он.
  3. Аполонива Дионидар маданияти атиқа.
  4. Маданияти Рими Қадим.

Тавсифи умумии маданияти атиқа

Тамадунни шарқи қадим бешубха ба кишвархои хамсоя таъсир расонид. Яке аз чунин хамсоягон қабилахое мебошанд, ки ба таърихи ҷахонихамчун халқиятхои «юнони қадим» ворид шудаанд ва хамон давраи таърихи«давраи атиқа» ном дорад. АтЩа – қадим, кухан, бостонӣ. Замони атиқа хусусияти ба худ хоси иҷтимоиву истехсолӣ, сохтори сиёсӣ, системаи арзишхои фархангиро бо дараҷаи баланди илм, адабиёт ва санъат сохиб аст. Тамаддуни атиқаро тамаддуни Юнониву риминиз меноманд. Зеро мухимтарин воқеахои фархангии ахди қадими Аврупо махз дар Юнону Рим ҷараён доштанд.

Барои маданияти атиқа фахмиши ратсионалии ҷахон хос аст ва эхсоси зебогии он мушохида мешавад. Давраи атиқа яке аз мархилахои навбатии инкишофи маданияти ҷахонибуда, тамоми модификатсияхои таърихи(сиёсат, хуқуқ, асотир, дин, илм, фалсафа, санъат ва ғайра) мушохида мешавад. Мухити географии маданияти атиқа Юнони Қадим ва Рим буда, хронологияи он аз маданияти Криту-мекени(хазорсолаи ГГГ пеш аз мелод) оғоз ёфта, то давраи бӯхрони империяи Рим (асри ГГГ мелодӣ) давом меёбад. Лекин таъсири маданияти ин минтақа дар дигар кишвархои Аврупо мушохида мешавад.

Яке аз хусусиятхои маданияти атиқа дар асоси хаёти иҷтимои ва маънавии шахри(полисӣ) пайдо шуда, инкишоф ёфтани он мебошад. Сарчашмаи асосии омӯзиши маданияти асархои Гомер «Илиада» ва «Одиссея» ба шумор меравад, ки намунаи бехтарини адабиёти ҷахониаст.

Дигар сарчашмаи омӯзиши маданияти замони атиқа, асотир ва динхои юнониён ба шумор меравад. Худоёнро онхо мисли худ – инсон мехисобиданд. “Ҷахони Худохо-ин ҷахони юнониён аст. Дар асотирхо оид ба Прометей, Аргонавтхо, Геракл ва ғайра тасаввуроти гуногуни эллинхо инъикос гардидааст.

Яке аз дастовардхои бузурги ин минтақа оғози омӯзиши илмии табиат мебошад. Ғояи беинтихои ҷахони материали дар мухити фазо ва вақт, пайдоиши фалсафаи материалисти ва идеалисти ба инкишофи маданият таъсири калон мерасонад. Фалес, Анаксимен, Анаксимандр, Гераклит ва дигар намояндагони фалсафаи Юнон оиди бисёр қонунхои асосии олам дар бораи категорияхои гуногуни фалсафи ақидахои худро баён намуда буданд. Масалан, Гераклит дар бораи сабабхои дигаргуни фикр намуда, воқеияти реалиро эхсос намуда, принсипи асосии ҷахонбинии худро бо як формулаи кӯтох баён намудааст «хама чиз дар харакат аст». Аз нуқтаи назари ӯ харакати ободи ва беохир-қонуни асосии олам аст, ки хаёти ҷамъияти ва хаёти табиатро якхела идора менамояд.

Адабиёту санъати замони атиқа низ ҷолиби қайд аст. Нишонаи онро дар асархои Гомер, Гесиод, Сапоро ва дигар нависандагону шоирони ин давра мушохида кардан мумкин аст. Дар адабиёти бадеӣ, аз чумла лирика мавзӯъхои хушбахтӣ, зебогии табиат, май, шухрат, далери ва ғайра тасвири худро ёфтаанд. Перикл, Сафокл хамчун шоирони «Фочеанавис» машхур шуда, дар асри УГ-У пеш аз мелод, дигаргунии куллиро ба вуҷуд овардаанд.

Маданияти Юнони Қадим ва даврахои асосии он

Маданияти Юнони қадим аз 5 мархила иборат аст:

  1. Давраи Крит ва Микена (2800 – 1100 сол пеш аз мелод);
  2. Давраи Гомери(асрхои XI-IX пеш аз мелод)
  3. Давраи Архаики(асрхои VIII-VI пеш аз мелод)
  4. Давраи Классики (асрхои ^-ГУ пеш аз мелод)
  5. Давраи Эллини (солхои 323 – 146 пеш аз мелод).

Юнони Қадим яке аз марказхои қадимтарини маданияти ҷахони ба шумор меравад. Юнониён қадимтарин адабиётро офариданд. Онхо худро эллинхо ва мамлакаташонро Эллада меномиданд. Як зумра номхои намоёни илму фарханг, сахифахои маданияти атиқаи Юнонро мекушоянд: драматургон Эсхил, Сафокл, Эвритид; муаррихон Геродот, Фумизид, файласуфон Демокрит, Афлотун, Арасту ва дигарон.

Маданияти юнониён дар ҷазирахои Крит ва Микен оғоз меёбад ва барои хамин хам давраи аввали инкишофи маданияти ин сарзаминро замони Криту микени ном гузоштаанд, ки ба хазорсолаи 2-юми пеш аз мелод рост меояд. Дар ин давра ҷудокунии маданияти Ғарбу Шарқ мушохида намешавад. Хусусияти махсуси маданияти «дарбории» ин сарзамин бо тимсоли шарқии худ омезиш ёфта, ба монанди Мисри Қадим хаёти маданӣ, сиёсӣ, дини ва хоҷагидори муттамарказонида мешавад. Маданияти Крито-микени ба дараҷаи баланди тараққиёт расид, ки он дар бунёди иншоотхои мӯхташам, деворнигорахо, асбобхои рӯзгор, миқдори зиёди ашёхои тиллоиву нуқраги инъикос гаштаанд.

Таназзули системаи мутамаркази Крит ва Микен, ба оғози давраи дуюми инкишофи маданияти Юнон-Гомери замина гузошт, ки асрхои Х1-1Х -ро дар бар мегирад. Хусусияти маданияти ин давра он аст, ки тараққиёти маданият ба меъёрхои инфироди ё ки шахсимансуб дониста мешаванд. Арзишхои асосӣ-мардонагии ҷанги буд ва дастовардхои ин давра дар кодекси қахрамони нишон дода шудааст. Дар ин давра худоён як қисми таркибии табиат шинохта мешаванд. Давраи гомери мусобиқа карданро (Агон) хамчун меъёри маданият нишон медихад ва дар тамоми маданияти Аврупо пояи мусобиқавиро мегузорад.

Давраи Гомери давраи тӯлонии рушди фарханги махсуб меёбад. Дар ин мархила такмилёбии олотхои оханӣ, чархи кулолӣ, осиёби дастӣ, тайёр кардани равғани растани ва шароб, коркардаи фулузот (металл), хунархои бадеи ва ғ. мушохида мегарданд. Меъморӣ, санъат, сотмони киштихо, бунёди шахрхо рушд меёбад.

Замони архаи ё архаики (асрхои УШ-У1 то мелод) давраи навбатии инкишофи маданияти Юнон ба шумор меравад. Дар ин давра «полис» (шахр-давлат) ба вуҷуд меояд, ки дар он хар як шахрванд сохиби хуқуқ, моликият ва дорои манфиатхои шахси буд. Яъне полис ба сохтори иҷтимоиву сиёсии ҷамъият табдил гашт. Калонтарин шахр – давлатхо Афина, Коринф ва Спарта ба шумор мерафтанд.

Дар ин давр шаклхои гуногуни давлатдори- монархия, тирания, олигархия, аристократия, демократия, охлократия ва ғ. ташаккул меёбанд.

Монархия (лотинӣ. топагсЫа – хакимияти мутлақ, як хокимиятӣ, ба як нафар таалуқ доштани хокимияти олии давлатӣ), тирания (юнонӣ. торауу1-? – истибдод) —шакли идоракунии давлате, ки бо рохи зӯровари ҷори шудааст ва ба як хокимияти асос ёфтааст.

Олигархия (юнонӣ. -оНдагеЫа— «хокимияти гурухи ками одамон») — сохти сиёсии давлат, ки дар он гурӯхи хурди одамон хукмрони мекунанд.

Аристократия (юнониар10т£и^ «знатнейший, благороднейшего происхождения» и крат°?, «власть, государство, могущество») — тарзи давлатдории хокимияти асилзодагон, ашрофзодагон, фарқи аристократия дар он аст, ки асилзодагон (аъёну ашроф) ба тарзи интихоби ба сари қудрат меоянд, онхо манфиатхои синфи хукмронро ифода мекунанд.

Демократия ( юнонӣ. 5пц°крат1а — «хокимияти халқ ) — сохти сиёсие, ки асоси онро усули коллективона қабул кардани қарорхо ташкил медихад ва иштирокчиёни он ба натиҷаи ҷараён баробар таъсир мерасонанд.

Охлократия (лотинӣ. осЫосгайа, охлос-издихом, кратос- хокимият)- яке аз шаклхои демократия, ки дар давраи гузариш ва бӯхронии давлат издихом хукмрони мекунад.

Дар давраи архаики шахрвандон дар назди қонун механизми махдудкунандаро ба маданияти Агони(мусобиқавӣ) ворид мекунанд. Ба мадди аввал дар муносибат хайр, хохиш, адолат, хирадманди гузошта мешавад. полис стадамтся дациал^да-далитидасдай органюацдай общества.

Давраи классики (асрхои У-1У то мелод) замони парвози баланди юнониён дар тамоми сохахои маданияту тамаддун ба шумор меравад. (связана с расцветом древнегреческой цивилизации.) Пеш аз хама хаёти маънави пеш меравад. Яке аз дастовардхои мухими давр инкишофи фалсафа ва ташаккули мактабхои фалсафи махсуб меёбанд, ки аз ҷониби мутафаккирони бузург Демокрит, Пифагор, Платон, Арасту ва дигарон асос ёфтаанд. Санъат хеле тараққи мекунад: меъмори(Акрополи Афина бунёд мешавад), хайкалтароши(Мирон хайкали «Дискобол»-ро меофарад, Фидий муҷассамаи Зевсро месозад), назм ва наср (Эсхил, Софокл, Эврипид эъҷод мекунанд),санъати театр (дар театри Афина 17 хазор тамошобин ҷойгир имешуд) ташаккул ва рушд мекунанд.

Ин давра замони худшиносии шахрванди буд. Тасаввурот дар бораи инсон хамчун шахси мустақил ба вуҷуд меояд. Қонун хусусияти идеяи ратсионалии хуқуқиро мегирад ва мухокимашаванда мегардад. Дастовардхои инсон тараннум карда мешавад ва хаёти ҷамъиятӣ- хамчун меъёри худи нкишофи инсон мегардад. Баробари ин дарки масоили индивидуализми инсони(мубохисаи софистхо бо Суқрот) пайдо мегардад ва дар назди юнониён масъалахои беохири иррасионали пайдо мешавад, ки онро маданияти классикии Юнон бо системаи ратсионализм иваз менамояд.

Давраи эллинисти(асрхои 111-1 (солхои 323 – 146) пеш аз мелод) барои бисёр мамлакатхои Шарқи Қадим низ марбут аст. Ин давраи бахамоии сифатии маданияти Ғарбу Шарқ, гул- гулшукуфии Искандария ба шумор меравад. Дар замони элленизм ва хам классики панҷ мӯъҷизаи дигари дунё сохта мешавад. Замони эллинизм давраи таъсири мутақобилаи маданияти Юнон ва маданияти махаллии Шарқиён буд, ки ба муносибати мустахкамии равобити маданию иқтисодии Эрону Эллада замина гузошта буд.

Хамин тавр, агар дар замони Криту-микени шахсияти подшох-Кохин дар маданият ба мадди аввал гузошта шавад, дар давраи гомери бошад шахсияти подшох-кохин ҷой надорад. Таназзули системаи дарбори мушохида мешавад. Ба мадди аввал сардори низоми(харбӣ), дорои қудрати «иллохӣ» (монарх) мебарояд.

Саволе пайдо мешавад: Гомери Юнони оё шахсият буд? Доир ба ин савол дар адабиёти ҷахони ақидаи ягона вуҷуд надорад. Масалан, олими давраи шӯрави И.С.Кон ба ин савол чунин ҷавоб медихад: «Ҷахони дохили инсон номуайян аст ва дар Гомер ибораи нишондихандаи умумияти ҷахони маънавии инсон мушохида намешавад». Умуман, дар натиҷаи тадқиқотхои гуногуни таърихию забоншиносии асархои Гомер муайян шудааст, ки ӯ тахминан дар асри 1Х то мелод дар яке аз шахрхои сохили бахри Эгей умр ба сар бурдааст.

Аполлони ва Диони дар маданияти атиқа

Аполлони(хушохангӣ, нуронӣ-таҷассумёфта дар Худои Аполлон мухофизи мусиқива хушохангӣ).

Диони(торик, беченак, бетартиб таҷассумёфта дар Худои Дионис мухофизи шароб ва бедоршавии табиат). Дар адабиёти муосир бештар муқобилгузории ин ду хусусияти бо хам омезишёфтаи маданияти атиқа мушохида мешавад. Масалан, Карл Юнг ба асосхои диони асоси аполлониро муқобил мегузорад. Кашфкунандаи муаммои мазкур Ф.Нисше буд, ки дар зери образхои хушоханги ва нуронии ополони бетартибии қуввахои стихиявии хаётро инъикос менамояд.

Муносибати инсон бо худохо-яке аз масоили бахсталаби маданияти Юнон аст. Бархақ Кнесофан навиштааст: «хама чизи беномусу нангин, ки одамон доранд, Гомер ва Геснод ба худохо часпонданд: дуздӣ, зино, фиреби якдигар». Саволе пайдо мешавад, ки чи хел чунин худохои ғайри- ҷидди объекти эътиқоди дини гардиданд? Нақши ин муаммо дар тадқиқоти В.Ф.Лосев инъикос гардидааст. Гомер худохоро табиатан нишон дода, хамаи он хусусиятхое, ки ба инсон хос аст ба худохо мепайвандад. Қахрамонхои Гомер одамоне буданд, ки онхо бо табиати ба интизомию таърихияти худ аз худохо фарқ намекарданд. Аз ин чо хулоса баровардан мумкин аст, ки инсон худаш чавобгар аст барои кирдорхои худ ва хушбахт аст, на барои он ки худохо онхоро дӯст медоранд, балки баръакс худохо ӯро дӯст медоранд ба хотири он, ки ӯ хушбахт аст. Тахлили таърихию фалсафии антитезисхо: «дионӣ» ва «аполлонӣ», «Худо-инсон» моро ба феномени «писимидми юнонӣ» бармегардонад. Аз як тараф, бовари ба худоён, тарсу вахм дар назди қуввахои фавқуттабии аз тарафи дигар бовари ба ақлу хирад, ки қодир аст, табиатро дигаргун созад.

Бисёр унсурхо маданияти полисӣ, ки хусусияти инсондусти доштанд, имрӯз мавзӯи омӯзишу тадқиқ мебошанд. Барои давраи атиқа «сиёсат» синоними «гражданӣ» аст. Гражданини (политес) шахри демократӣ-давлат-иштирокчии баробархуқуқ дар халли хамаи корхои давлатии дорои хам ахамияти дохили ва хам хоричи ба шумор меравад. Дар хаёти давлатии мисоли демократӣ, хар як марди ба воя расида иштирок мекард, ки дорои хуқуқи шахси буд. Дар назди қонун гражданини полис хамчун сохиби қонунии мулки хусуси баромад мекунад. Полисхои демократии Афина ва Спарта бузургтарин дар Юнон ба шумор мерафтанд.

Фаъолияти касби(заминдорӣ, хунармандӣ) хамчун меъёри фаъолияти аъзоёни полис- хусусияти дигари хаёти полиси буд, ки ба истехсолот ва савдо рох мекушояд. Аз ин чо, пайдо шудани хаёти гуногунчабхаи давлати омодагии муайяни шахрвандонро, хусусан босаводии онхоро талаб мекард. Инчунин таҷрибаи харбӣ-мухофизати ба мадди аввал гузошта мешавад.

Маданияти Рими Қадим

Рими Қадим, ки онро бародарон Ромул ва Рем (754-753 то мелод) асос гузошта буданд, яке аз давлатхои калонтарини сохили бахри Миёназамин буд. Маданияти ин кишвар аз бисёр ҷихатхо бо маданияти юнониён монанди дорад, хусусан дар сохаи санъат. Ба антропосентризми юнониён, римиён ҷахонфахмии нисбатан баландро ворид намуданд. Антиқи ва таърихияти тафаккур, назму насри ҷидди ба асоси маданияти римиён гузошта шуда буд. Вакте, ки мо Рим мегӯем, чангхои гладиаторӣ, императорон Нерон, Юлий Сезар ва дигар ашхоси намоёни Рим ба хотир меояд. Хусусан макоми императорони Рим дар инкишофи маданияти ин кишвар хеле бузург аст. Масалан: император Август гуфта буд: ки Рими-Хиштиро қабул карда ба ворисон Рим мармари боқигузоштааст, Калигула мехост аспи худро сенатор таъин намояд; Веспасиан гуфта буд, ки пул бӯй надорад ва олихиммат Тит, ки агар ягон кори хуб накунад, мегуфт «Дӯстон ман як рӯзро гум кардам».

Дар маданияти римиён хусусиятхои санъати халқхои тобеи империяи Рим мушохида карда мешавад. Санъати рими инчунин дар асоси бахамоии санъати қабилахои итолиёви ба вуҷуд омадааст. Хусусан, этрускхо, римиёнро бо санъати шахрсозӣ, наққошии деворӣ, муҷассамасози шинос намуданд. Лекин дар асос, таъсири санъати юнониён баръало аён мегардад. Юнониён чи хеле, ки қайд шуд, бохашаматӣ, хушоханги ва зебоиро эътироф мекарданд, римиён бошанд ба ғайр аз бузургии қувва дигар чизро эътироф намекарданд.

Ёдгорихои меъмории римиён, хатто дар холати вайрони инсонро ба хайрат меоваранд. Онхо дар меъмории ҷахони давраи навро оғоз намуда, бештар ба сохтани бинохои ҷамъияти кӯшиш менамуданд. Римиён бо ихтирооти худ бо бинохои дорои услуби гуногун ва боигарии шаклхои композитсиони шӯхрати ҷахони пайдо намуданд. Онхо иншоотхои мухандисиро (кӯпрукхо, роххо, қалъахо, бандархо ва ғайра) хамчун объекти меъмори ба мухити чуғрофии шахр ва дехот ворид намуданд.

Дар охири асри 1 то мелод давлати Рим аз республикаи аристократии ба империя табдил ёфт. Ин давраи хукмронии император Август буд, ки чун «асри тиллоии» маданияти Рим маълум аст. Ин давра бо номхои меъмор Витрувий, таърихшинос Тит Ливий, шоирон Вергилий, Овидий зич алоқаманд аст. Ин замони сохтмони комплексхои бузурги меъмори(масалан Форуми республикави ва императорӣ), бинохои бисёрошёна ба хисоб меравад. Таҷассуми бузурги ва ахамияти таърихии Рими императори иншооти «Тоқи нусрат» (триумфальная арка) буд, ки ғалабахои ҷангиро таърифу тавсиф мекард. Аз хама бузургтарин иншооти Рими қадим Кализея буд, ки дар ин чо ҷангхои гладиатори намоиш дода мешуд.

Хусусияти дигари маданияти ин кишвар дар релеф ва пластика мушохида мешавад. Дар майдони Миррих, ёдгории монументалии мармарин бо номи «Мехроби ҷахон» бино карда мешавад, ки он ғалабаи Августро аз болои Испания ва Италия таҷассум менамуд. Портрети Нерон, муҷассамаи Марк Аврелий дар болои асп (аз биринҷи) офарида мешаванд, ки дар онхо тамоми хусусиятхои зохири ва ботинӣ, инчунин рухияи нозуку нигохи хаячоновари онхо инъикос гардидааст.

Хамин тавр, дар санъати рими системаи нави тафаккур пайдо мешавад, ки дар он, харакат ба сӯи хастии маънавӣ, ки ба санъати давраи асримиёнаги низ хос аст мушохида мешавад. Соли 395 империяи Рим ба қисмати Ғарби ва Шарқи тақсим гардид. Дар асрхои ГУ-УП дар Рим аз тарафи варвархо тороч шудаю вайрон гардида шахрхои нав бино гардиданд, ки дар онхо анъанахои қадими санъати рими мушохида мешаванд ва образхои бадеии хунармандони Рим ба устодони замони Эхё илхоми тоза мебахшиданд.

Хамин тавр, Рим дар таърихи ҷахони унвони шахри човидро гирифтааст, ки дастовардхои бузурги он, ба монанди хуқуқи римӣ, театр ва сирки гладиаторӣ, Пантеон (маъбади Худоён), санъати меъмори ва нотиқии римиён ба тамаддуни Аврупо нақши бузург гузошт. Пайдоиши дини насрони бошад сахифаи нави маданияти ҷахониро мекушояд.

add

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте как обрабатываются ваши данные комментариев.