Главная / Фанни Фархангшиноси / Аҳди Сомониён, мавқеъ ва мақоми он дар таърих ва маданияти халқи тоҷик

Аҳди Сомониён, мавқеъ ва мақоми он дар таърих ва маданияти халқи тоҷик

Нақша:

  1. Хусусиятхои асосии маданияти давраи Сомониён.
  2. Маданияти моддива шаклхои он.
  3. Маданияти маънавии замони Сомониён.

Хусусиятхои асосии маданияти давраи Сомониён

Даврае, ки дар бораи он сухан меронем, яке аз мархилахои бузургтарини инкишофи маданияти тоҷикон ба шумор меравад. Ин замони пурзӯр шудани муборизаи халқхои ориёимуқобили арабхо аз як тараф, аз тарафи дигар густариши маданияти мусулмониба шумор меравад. Салтанати Сомониён (879-999) давраи тиллоии таъриху маданияти халқи тоҷик, замони сохибдавлатию сохибзабонии он, мархилаи анхомёбии ташаккули халқияти тоҷик буда, шароитхои мусоид барои пешрафти иқтисодиёт, илму фарханг ва хунармандифарохам меояд.

Президенти Хумхурии Тоҷикистон ЭмомалиШарифович Рахмонов дар суханронии худ дар конфронси байналхалқии илмибахшида ба 1100-солагии давлати Сомониён дар шахри Санкт-Петербург маданияти давраи Сомониёнро хеле хуб инъикос намуд. Ӯ қайд намуд, ки «Барои мо тараққиёти фарханги маънавии ин давра ахамияти махсус дорад, ки тахдоби густариши минбаъдаи фарханги халқи тоҷикро бунёд намудааст. Махз дар ахди Сомониён матнхои «Авесто»-и зардуштиба забони форсии миёна тарҷима шуда, хамчун китоби муқаддас истифода мешуд, дар ин давра донишхои таърихию фалсафӣ, адабӣ, хунарӣ, ривоятхои халқива достонхои қахрамонии хамаи халқхои форсизабони қадима гирд оварда, ташфиқу тарғиб карда, асосхои забони имрӯзаи форсии дарии тоҷикигузошта мешавад».

Дар ин давра шахрхои Осиёи Миёна – Бухоро, Самарқанд, Марв, Хуҷанд, хирот ва Балх ба марказхои хаёти фархангитабдил меёбанд, ки бо мурури замон дар даврахои аввали муттахид гардидани халқи тоҷик нақши мухим гузошта, хамчун марказхои асосии инкишофи фарханги тоҷик нашъу нумӯъ мекунанд. Ин шахрхо имрӯз хам барои мо ба маънии мероси бузурги ниёгонамон ахамияти таърихию фархангидоранд, ки дар фарханги халқи тоҷик, забон, таърих ва хаёти имрӯзаи вай таҷассум ёфтаанд.

Давраи нихоии ташаккули давлатдории халқи имрӯзаи тоҷик ба куллибо давлати Сомониён марбут аст, ки дар давоми асрхои 1Х-Х ба туфайли баъзе воқеахои таърихиба дунё омад. Давлати Сомониён омили мухими таъриху тамаддуни Шарқ ва ҷахон гардид. Вай ба халқаш шароити мусоиди зиндагива кор мухайё сохта, боварии мамлакатхо ва халқхои дуру наздикро ба хамкории серсохаи мутақобилан муфид дар тамоми тӯли рохи бузурги абрешим, хусусан дар сохахои тихорат, муомилоти байналхалқии мол, мубодилаи фарханг тақвият дода, халқи тоҷикро ба сахнаи тамаддуни ҷахонибаровард. Бино ба далелхои таърихидавлати Сомониён дар заминаи анъанахои эхёгардида бунёд ёфта, дар сохахои хаёти ихтимоӣ, иқтисодӣ, фархангӣ, илмива адабикомёбихои бузург ба даст оварда, мамлакатро аз торахгарони хорихихифз карда, захмати осоиштаи дехқонон ва косибонро таъмин намуд. Дар давраи Сомониён барои ба майдони эҷоду фаъолият қадам ниходани силсилаи олимону адибони ҷахоншумул шароит мухайё шуд. Мутафаккири бузург Мухаммад ал-Хоразмӣ, Абӯнасри Форобӣ, Закариёи Розӣ, Абӯалиибни Сино, Абурайхони Берунӣ, поягузорони адабиёти тоҷику форс Абӯабдуллои Рӯдакӣ, Абӯмансури Дақиқива Абулқосими Фирдавсиаз хамин хумлаанд.

Дар давлати Сомониён гуногунандешии қонунии маъмул хорибуд. Дар мамлакат намояндагони динхо ва хараёнхои гуногуни динизиндагимекарданд ва ин ба давлат халал намерасонд, ки давлати мутамарказ ва вохид бошад. Мо имрӯз гуфта метавонем, ки гуногунии мафкуравидар Тоҷикистони имрӯза барои тахкими давлатдоримонеа нест.

Сахми Садриддин Айнӣ, Бобохон Ғафуров дар омӯзиши таъриху маданият ва дар худшиносии халқи тоҷик нихоят бузург аст. Мо, тоҷикон, номхои олимони машхури рус Бартолд, Андреев, Семенов, Якубовский, Окладников, Бертелс, Дяконов, Брагинский ва бисёр дигаронро хамеша вирди забон мекунем, зеро фаъолияти илмии онхо асосан ба тадқиқу ташвиқи таърихи халқи тоҷик, инчунин замони Сомониён бахшида шудааст.

Маданияти моддива шаклхои он

Маданияти моддии давраи Сомониён хеле бой ва гуногунранг буда, намунахои бархастаи он хамчун осори бебахои маданияти ҷахонихисобида мешавад. Меъмории асрхои 1Х-Х пеш аз хама ҷолиби қайд аст, ки бештар бо меъмории замони пешина зич алоқаманд буд. Ин алоқамандӣ, масалан, дар ташкили алоқамандии мутамарказии объектхо мушохида мешавад. Инчунин истифодаи нақшхои зооморфӣ, яъне тасвири хайвонхо ва хазандахою паррандахо мушохида мешавад. Ин нақшхоро дар мақбарахо ва қасрхои феодалимушохида кардан мумкин аст.

Баробари ин, дар меъморииии замони Сомониён як қатор унсурхои нав дар санъати бинокорӣ, хусусан меъмории монументалимушохида мешавад. Масалан, васеъ истифода шудани хишти пухта ва дигаргунии шакли он. Хишти хоми росткунҷа бо хишти пухтаи мураббаъ иваз карда мешавад. Услуби гузориши декоритивии хиштхои пухта, ки дар замони Сомониён ихтироъ шуда буд, солхои тӯлониахамияти худро гум накарда, дар объектхои меъмории Осиёи Миёна татбиқи худро дарёфт. Дараҷаи баланди санъати бинокории он давраро чунин бинои классикии монументалӣ, ба монанди мақбараи Сомониён дар Бухоро тасдиқ менамояд. Меъморон онро аз рӯи лоихаи пешакӣ, бо назардошти тамоми талаботи зебоии меъморисохтаанд, ки зебоии он таваххӯхи мардумони дунёро ба худ халб менамояд.Дар меъмории он анъанахои гузаштаи махаллии суғдиён баръало намоён буда, инчунин хусусиятхои нави ба замони феодализм хос ба чашм мерасад. Яке аз дигар ёдгорихои меъморие, ки инкишофи сохтмони монументалиро инъикос менамояд, мақбараи Арабат (977-978) дар дехаи Тим (60 км дуртар аз Каттақурғон) ба шумор меравад. Нисбатан дертар боз як ёдгории меъмории дигар, бо номи мақбараи Аламбардор сохта мешавад. Дар ин ду мақбара шакли нави меъмориро мушохида мекунем, ки унвони иншоотхои порталиро гирифтааст. Чунин ёдгорихо дар худуди давлати Сомониён хеле бисёр сохта шуда буд.

Дар таърихи меъмории монументалии Осиёи Миёнаи асри 1Х-Х мавқеи мухимро як қатор боқимондаи вайронахои масҷидхо ишғол менамоянд. Масҷиди Мағоки Аттор дар Бухоро, масҷид дар харобазори шахрчаи Варахша, Чилдухтарон дар Шахристон ва ғайра аз он хумлаанд. хамаи масҷидхои ин давра дорои системаи аркагию гумбазибуда, бо сутунхои калони дохилии худ аз дигар ёдгорихо фарқ менамояд ва дараҷаи баланди махорати меъморони он давраро нишон медихад. Лекин дар бораи меъмории монументалии гражданиё ки дунявидар замони мо маълумот хеле кам аст. Дар Мовароуннахру Хуросон шумораи бисёри қалъахои феодаливуҷуд доштанд. Инчунин бисёр бинохои бозор ва хатто қасрхои пӯшида вуҷуд доштанд, ки дар сохтмони онхо шаклхо ва услубхои гуногуни санъати меъмориистифода карда шудааст. Меъмории динива дунявина танхо бо эхтиёҷоти эстетикии сохибони худ, балки ба талаботи синфи хукмрони феодалихавоб дода метавонист.

Дар ин давра нақшу нигор дар рӯи алебастр хеле ривоху равнақ меёбад. Дар Афросиёб (Самарқанд), Хулбук ( нохияи Восеъ), Сайёд (нохияи Москва) панелхои бисёре дарёфта шудаанд, ки дар онхо композитсияхои гуногуни дорои унсурхои геометрива рустанишакл мушохида мешавад.

Мавқеи мухимро дар меъмории он давра кандакории рӯи чӯб ишғол менамояд. Бо воситаи он шифт, карнизхо, сутунхо ва ғайра ороиш дода мешуданд, намунахои бехтарини чунин навъи санъат дар қишлоқхои Оббурдон, Курут, Урметан, Искандари нохияи Айнӣ, Панхакент ва дехаи Чоркӯхи Исфара дидан мумкин аст.

Дар асрхои 1Х-Х як қатор намудхои санъати ороишӣ-амалиинкишофи минбаъдаи худро меёбад. Масалан, нақшу нигори зарфхои сафолин, рангу ороиш додани матоъхо, гилемхо, санъати хаттотӣ, кандакоридар рӯи охан, коркарди шиша ва ғайра. Санъати заргариниз ҷолиби қайд аст, зеро ки аз металлхои қимматбахо (нуқра, мис, тилло ва ғайра) хам зарфхои ороишива хам васоитхои ороишдихандаи занон сохта шуда, дар бозорхои ҷахониталабгорони зиёд доштанд.

Маданияти маънавии замони Сомониён

Майлу рағбат ва хамкории хокимони Сомонидар болоравива бехдошти осори маданӣ, забон, адабиёт, анъаноти махаллимардумони имрӯзаро ба хайрат меоваранд. Мақоми Исмоили Сомонидар пайдоиш ва рушду камоли забони адабии классикии форсу тоҷик хеле бузург аст. Инкишофи бемайлони фалсафа, риёзиёт, илми нуҷум, кимиё ва тиб бо номи олимони мутабаххири ин давр Абӯали ибни Сино, Абӯрайхони Берунӣ, Абӯнасри Форобӣ, Мухаммади Хоразмива як зумра дигар олимон зич алоқаманд аст.

Замони Сомониён мархилаи гулгулшукуфии адабиёти классикии форсу тоҷик ба шумор меравад. «Шохнома»-и хаким Фирдавсиадабиёти безаволи мардуми форсу тоҷик ва сарчашмаи мухимтарини омӯзиши таъриху фарханги ахди қадим аст. Дар он тамоми хислатхои тоҷикони қадим – мардонагӣ, далерӣ, шухоатмандӣ, дурандешива қахрамонии онон инъикоси худро ёфтааст. Фирдавсибо ин асараш мехост хиссиёти ватанпарварии мардумро баланд бардошта, муборизаи қуввахои некива бадиро инъикос намояд.

Энсиклопедистоне, ки мо дар боло номи онхоро ба забон гирифтем, сахифаи бағоят бузурги илми тоҷикро оғоз намуданд. Дар охири асри УШ ва нимаи якуми асри 1Х фаъолияти ал-Хоразми(780-830) хамчун асосгузори мактаби математикии мамлакатхое, ки ба халифати Араб дохил мешуданд, маълум аст. Асархои ӯ дар сохаи астрономия, география, арифметика имрӯз дар тамоми ҷахон истифода мешавад. Масалан, «Байт-ал-хикма» (Хонаи хирад); «Китоб-ал-хам в-ат тафриқ би хисоб ал-хинд» (Китоби хамъу тарх аз рӯи шумораи хиндуён); «Китоб ал-мухтасар фи хисоб ал-хабр ва-л-муқобала» (Китоби мухтасар оид ба хисобкунии алгебрӣ) ва ғайра. Дар ин ва дигар асархояш вай аввалин маротиба арабхо ва бо воситаи онхо тамоми аврупоиёнро бо системаи рақамхои хиндуён ошно намуд, бори нахуст мафхуми алгебраро (Ал-хабр) ворид карда, барои чен намудани фигурахои геометриистифода бурд. Ахамияти калонро таблитсахои астрономии ӯ бо номи «Зих», доро аст. Умуман, хизмати бузурги ӯ дар он аст, ки вай алгебраро хамчун илми мустақил пешниход намуд.

Дигар намояндаи илми асри 1Х-Х Абӯалиибни Сино (960-1037) буд, ки дар синни 18- солагиқариб хамаи илмхои он давраро омӯхта буд. Имрӯз 40 асари ӯ дар бораи тиб, 185 асари фалсафива мантиқ, 30 рисолаи астрономива илмхои табиатшиносӣ, 3 асари мусиқии ӯ маълум аст. «Ал-қонун фи-т-тиб» (Қонуни тиб) хамчун Комуси тиббидар 5 қисм дар тамоми ҷахон истифода мешавад. Асархои ӯ «Китоб-уш-шифо» (Китоби шифо), «Донишнома» ва ғайра илмхои мавҷударо ба амалива назариявихудо менамояд. Ақидахои материалистии ӯ бо нишондодхои теологӣ-идеалистиаш якхоя асоси ақидахои фалсафии ӯро ташкил медиханд. Лекин ақидахои ӯ назарияи пешқадами машшоияи шарқихисоб мешавад. Вай абадибудани ҷахонро тасдиқ намуда, ходисоти табиатро бо хам алоқаманд хисобида, таълимот оид ба сабабияти қонуниятро дар табиат ошкор намуд.Дар сохаи психология вай якчанд назарияхоро пешниход мекунад, «Рисола дар бораи рӯх», «Достон дар бораи рӯх» ва ғайра, ки дар онхо бисёр хусусиятхои психологии инсон ва хайвонотро нишон медихад. Вай рӯх ва нафсро фарқ менамояд. Рӯх – асоси ғайримоддиаст, нафс бошад асоси моддимебошад, ки таъминкунандаи қуввахои хаётии инсон ва хайвонот ба шумор меравад. Бузургии таълимоти фалсафии ӯ махз дар хамин аст, на Афлотун ва на Арасту ин тавр рух ва нафсро худо накардаанд.

Боз як намояндаи дигари илми давраи Сомониён Абӯрайхони Беруни(973-1048) буд, ки худрошогирди Абӯмахмуди Хуҷанди хисоб мекард. Асархои «Картография», «Хронология», «Хордхо», «хиндусто» ва ғайра бузургтарин намунахои асархои астрономии ӯ ба шумор мераванд. Вай шумораи бисёри асархои гуногунсохаи худро мерос гузоштааст, ки дар як умри кӯтохи инсонитаълиф шудани онхоро тасаввур кардан хеле мушкил аст. Аз 150 асари Беруни то замони мо 26 тоаш расидааст.

Дар асрхои 1Х-Х адабиёти бадеӣ, хусусан шеъру шоириба дараҷаи олимерасад. Ба ин давра фаъолияти бисёр шоирон ва нависандагон рост меояд. Абӯабдуллои Рӯдакӣ, Робиаи Балхӣ, Дақиқива дигарон шевогию равонии шеърхои тоҷикиро таъмин намуданд. Дар лирикаи худ онхо мухаббати софи инсонӣ, ақлу хирад, ҷасурию ростива хирадмандиро тарғибу ташфиқ намудаанд. Хусусан, Рӯдакии бузург жанрхои маснавӣ, қасида, ғазал ва рубоиро ба қуллаи баланд бардоштааст. хамин тариқ, олимон ва шоирони давраи Сомониён ва асархои онхо нишондихандаи маданияти маънавибуда, мархилаи нави инкишофи маданияти тоҷикро бо номи «Эхёи Аҷам» мекушоянд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *