Фарҳанг. Мазмуни мафҳум.

 

Фарҳанг дар ҳаёти инсоният беш аз пеш мавқеи зиёдтареро ишғол менамояд. На танҳо фарҳанги дорои   маънои васеъ – тамоми дастовардҳои башарият, балки он  чизе, ки дар сатҳи шуури муқаррарӣ чун фарҳанг муаррифӣ гардидааст, монанди: маърифатнокӣ, маълумотнокӣ,   покдилӣ, раҳмдилӣ ва ғ. Адами чунин сифатҳо, ё норасоии  онҳо дар ҷомеа алакай эҳсос гардида, ҳамеша як мушкилот ва нороҳатиро вориди ҳаёти мо мегардонад. Барқарор   намудани ин сифатҳо ва бартарафнамудани норасоиҳо танҳо  дар он маврид мумкин аст, ки таҷрибаи дар масири таърих  азхуднамудаи инсониятро, ки аз тарафи чандин наслҳо  маҳфуз гардидааст, аз худ намоем. Бинобар ин масъалаи  аввалиндараҷае, ки  пешорўи мо қарор дорад, ин масъалаи   донистани маъно ва мафҳуми фарҳанг мебошад.

Агар зери мафҳуми ҷамъият маҷмўи мардумон фаҳмида  шавад, зери мафҳуми фарҳанг маҷмўи натоиҷи фаъолияти  онҳо дар назар дошта мешавад.  Ба андешаи донишмандон дар замони ҳозир зиёда аз 500  фарҳанги муайян мавҷуд аст. Олимон фарҳангҳоро ба якчанд гурўҳ тасниф кардаанд:

Ба гурўҳи якум тавсифоти муқарарӣ  дохил мегардад, масалан: фарҳанг – ин маҷмўи шаклҳои  фаъолият, урфу одат ва бовариҳо мебошад.

Ба гурўҳи дуюм он муқарарроте, ки фарҳангро бо анъана, ё мероси иҷтимоии  ҷамъият мепайвандад, ворид гардидааст: фарҳанг маҷмўи  амалиёт ва эътиқодоти иҷтимоии бамеросмонда, ки муайянкунандаи моҳияти ҳаёти мо мебошанд. Дар   гурўҳисеюм аҳамияти қоидаҳои фарҳангие, ки    муттаҳидкунандаи рафторҳои инсонӣ мебошанд, қайд карда  мешаванд.

Дар мавридҳои дигар олимон фарҳангро чунвоситаи мутобиқаткунонии ҷамъият ба муҳити табиӣ  медонистанд, ё ки қайд мекарданд, ки фарҳанг маҳсули фаъолияти одамон мебошад. Баъзан оиди фарҳанг сухан ронда, онро ҳамчун маҷмўи  рафторҳои бадастомада, ки ба баъзе гурўҳо, ё ҷамъият хос буда, аз насл ба насл интиқол дода мешаванд, маънидод   мекунанд. Чунин аст тазодҳои андеша оиди муайян намудани    фарҳанг ва фаҳмиши табиати он. Табиист, ки дар фарҳанг ҳамаи он чизеро ки ақли инсонӣ ва дасти он сохтааст дохил    мегардад.

Дар ҳаёти муқараррӣ мафҳуми фарҳанг дар се маъно      истифода мешавад.

 Аввало, зери ин мафҳум муҳити муайяни ҳаёти ҷамъиятӣ дар назар дошта мешавад, ки устувории     институтсионалиро касб кардааст (вазорати фарҳанг бо   муассисаҳои зертобеи худ, мактабҳои миёнаи махсус ва   олӣ, маҷаллаҳо, театерҳо, осорхонаҳо, ки ба истеҳсол ва

паҳн намудани арзишҳои маънавӣ сару кор доранд).

 Дуюм зери мафҳуми фарҳанг маҷмўи арзишҳо ва  меъёрҳои маънавие фаҳмида мешаванд, ки хоси гурўҳи  калони иҷтимоӣ, халқ ва ё миллат мебошанд (фарҳанги  элитавӣ, фарҳанги тоҷикӣ, фарҳанги ҷавонон ва ғ.).

 Сеюм сатҳи баланди инкишофи босифати дастовардҳои   маънавиро ифодагар мебошад («инсони бо фарҳанг»   мазмуни бо маърифатро ифода мекунад)  Ягон ҷамъият, халқ, гурўҳ ё инсони бефарҳанг вуҷуд  надоранд.  Фарҳанг маҷмўи донишҳо, эътиқодот, санъат, ахлоқ,

қонунҳо, расму оин ва дигар қобилияту истеъдодҳо мебошад,  ки аз тарафи инсон ҳамчун аъзои ҷамъият, аз худ карда шудаанд. Дар ин таъриф мухтасаран ҳар ду маъно-ҳам  маънои маҳдуд ва ҳам васеъ бо ҳам алоқаманд гардидаанд.

Фарҳанг-маҷмўи рамзҳо, эътиқодҳо арзишҳо, меъёрҳо  мебошад. Дар он табиати хоси ин ё он ҷамъият, миллату   гурўҳ ифода ёфтааст. Бо ҳамин сабаб ҷамъият, миллат ва  гурўҳҳо маҳз аз ҷиҳати фарҳангӣ аз ҳам фарқ мекунанд.  Фарҳанги мардум- ин тарзи ҳаёт, либос, зист, фолклор,   фаҳмишҳои маънавӣ, эътиқодҳо, забон ва ғайра мебошад.

ФАРҲАНГШИНОСӢ ҲАМЧУН ИЛМ. ПРЕДМЕТ ВВАЗИФАИ ОН.

Дар миёнаҳои асри XX маълум гардид, ки натанҳо   шаклҳои мавҷудбудаи фарҳангро бояд омўхт, балки он  падидаҳое, ки дар марҳилаи инкишоф қарор доранд, бояд  омўхта шаванд: монанди раванди ҷаҳонишавӣ, ки ҳамаи соҳаҳои фарҳангро фаро гирифтааст, инқилоби илмӣ-  техникӣ, инчунин пайдоиши шаклҳои нав ва усулҳоинигоҳдошт, коркард ва интиқоли маълумотҳо низ бояд  омўхта шавад. Ба ғайр аз ин таҷрибаи кофии тадқиқоти  навъҳои гуногуни падидаҳои манфӣ ҷамъ мешавад, барои  ҳамин ҷудо намудани падидаҳои фарҳангӣ аз зиддифарҳангӣ  вазифаи зарурӣ мегардад.

Асри XX, ки ҷангҳо ва офатҳои зиёдро аз сар  гузаронидааст, нишон дод, ки маҳаки ягонаеро, ки дар  ҳамаи самтҳои фаолият бояд барои худ раҳнамо гирифт-ин  манфиати инсонӣ аст. Аз ҳамин ҷо вазифаи гуманизатсияи  ҳамаи намудҳо ва самтҳои фаъолияти инсонӣ бар меояд.

Инкишофи техника маҷбур намуд, ки ба таври амиқ бояд ин  маънӣ эҳсос гардад, ки инсонро маҳз азхудкунии таҷрибаи фарҳангӣ Инсон мегардонад. Ба ғайр аз ин дар асри XX ҳамаи мардумон дарк карданд, ки ҳар яке аз шаклҳои

таърихии фарҳанг дар рўи Замин чигуна нотакрор ва нодир мебошад. Аммо новобаста ба ин гуногунии фарҳангӣ, гуфтугў  байнашон натанҳо мумкин, балки заруру ҳатмист. Ҳамаи

инҳо барои пайдоиши илми нав сабаб гардидан, ки олими    америкоӣ Лесли Уайт (1900–1975) онро «илм оиди фарҳанг» ё  «фарҳангшиносӣ» номид.

Сохтори фарҳанг. Фарҳангшиносӣ низ монанди  сотсиология дорои ду қисмати асосӣ мебошад: сукуни   фарҳангӣ ва инкишофи фарҳангӣ. Аввалӣ фарҳангро дар ҳолати оромӣ, дуюмӣ бошад онро дар ҳолати инкишоф  тасвир менамояд. Ба сукуни фарҳангӣ мо сохтори дохилии  фарҳангро дохил менамоем: маҷмўи элементҳои бунёдӣ, ё хусусият ва шаклҳои фарҳанг. Ба инкишоф он воситаҳо,  механизмҳо ва равандҳое, ки интиқоли фарҳанг ва таъғироти  онро тасвир мекунанд, дохил мегарданд. Фарҳанг ба вуҷуд   меояд, паҳн мешавад, суқут мекунад, ҳифз мешавад, бо он ҳаргуна таъғироти шаклӣ ба амал меояд.

Фарҳангшиносӣ як сохтори мураккабе мебошад, зеро оназ тарафи ҳазорон наслҳо бунёд гардидааст, бинобар ин он  дорои хиштҳои аввал мебошад, ки аз онҳо бинои фарҳанг  сохта шудааст. Чунин воҳидҳои бунёдиро муқаддима ва   нишонаҳои фарҳангӣ меноманд.

Онҳо дар ду шакл  мавҷуданд: моддӣ ва ғайри моддӣ.

Аксари донишмандон оиди чунин андеша бо ҳам  мувофиқанд, ки фарҳанг дорои ду ченак мебошад-материалӣ   ва ғайри материалӣ. Осори фарҳанги моддӣ нисбатан  пойдортар мебошанд. Археологҳо масканҳои одамони қадим,   ки садҳоҳазор сол пеш зиндагӣ мекарданд, кофтуков намуда,   устухонҳо, асбобҳои оддии меҳнатро пайдо намуда, ба   воситаи онҳо усули зиндагӣ, эътиқодот, маросим ва олами   андешаи аҷдодони гузаштаро муайян менамоянд. Оиди   фарҳанги муосир аз рўи ҷузъиёти моддӣ ва ғайри моддӣ ҳукм  намудан мумкин аст, аммо оиди фарҳанги қадим танҳо аз рўи  ҷузъиёти моддӣ ҳукм кардан равост. Ба фарҳанги моддӣ  объектҳои ҷисмонӣ, ки офаридаи дасти инсон мебошанд,   дохил мегарданд (онҳоро артифакт-маснўъ меноманд): мошини буғӣ, китоб, масҷид, олоти меҳнат, хона ва ғайраҳо.

Артефактҳо чунин хусусият доран, ки онҳоро инсон сохта, мазмуни муайяни рамзиро дороанд, вазифаи муайянеро иҷро  намуда, ифодагари арзиши муайяне барои гурўҳ ва ё иҷтимоъ  мебошанд.

Фарҳанги маънавӣ меъёрҳо, қоидаҳо, намунаҳо ва  меъёрҳои рафтор, қонунҳо, арзишҳо, маросим, расму русум,  рамзҳо, асотир, донишҳо, ақидаҳо, урфу одат, анъана, забон  ва ғайраро ташкил медиҳад. Инҳо низ натиҷаи фаъолияти  одамон ҳастанд, аммо маҳсули дасти онҳо набуда, балки  маҳсули тафаккурашон мебошанд. Пулҳову масҷидҳо  муддати дароз арзи ҳастӣ мекунанд, аммо маросимҳову  русумҳо то замоне, ки онҳоро ба ҷо меоваранд.

#

О L-BRO Admin

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.