Фарҳанг ва табиат. Фарҳанг ва этнос

 

Тафовут байни табиат ва фарҳанг-ин тафовут байни натиҷаи олами моддӣ ва ҳосили фаъолияти инсон мебошад. Қайди яктарафаи ин тафовут ба назарияи дуалистӣ оиди  олам оварда мерасонад. Дар навбати худ ин ба тақсим  намудани олам ба олами табиӣ ва ғайри табиӣ меанҷомад.  Тафовут байни табиат ва фарҳанг дар натиҷаи инкишофи таърихӣ ба вуҷуд меояд. Эзоҳи фарқият байни табиат ва фарҳанг танҳо ҳангоми эътирофи алоқаи байни онҳо мумкин  аст. Аз нигоҳи замонӣ табиат бар фарҳанг муқаддам аст.  Аммо табиат барои мавҷудияти минбаъдаи фарҳанг шароити  доимӣ ва зарурӣ ба ҳисоб меравад. Барои ҳамин тафовут байни табиат ва фарҳанг мутлақ набуда, нисбӣ аст. Ин тафовут онҳоро дар муқобили ҳам нагузошта, балки ҳудуди алоқамандии онҳоро муайян менамояд. Агар муносибати   фарҳангро бо табиат нодида бигирем, пас фарҳанг ҳамчун  абстракцияи идеалистии ҳиснашаванда фаҳмида мешавад.  Дар ин маврид муҳақиқон чунин ақида доранд, ки «табиат бе  фарҳанг вуҷуд дошта метавонад, аммо фарҳанг бе табиат нобуд мешавад».  Имрўз муносибат ба табиат тамоман дигар аст. Оиди  тасхири табиат камтар ҳарф мезананд. Табиист, ки имкони  вуҷуди фарҳанг вобастаи табиат аст. Аммо пайдоиши  фарҳанг чун фаъолияти фавқуттабиӣ, алоқаи ўро бо табиат  истисно намекунад. Дар марҳилаи аввали ҳаёти фарҳанг  таъсири табиат аҳамияти калон дорад. Инсон ва фарҳанги ў  дар худ таъсири табиат Модар-Заминро эҳсос мекунанд. Барои ҳамин гуфтан мумкин аст, ки фарҳанг ин табиате аст,ки тавассути фаъолияти инсон идома ва табдил ёфтааст.З. Фрейд навишта буд, ки фарҳанг душмани табиат мебошад, он дар муқобили табиат қарор дорад. Ў бар зидди  фарҳанги муосири замони худ баромад мекард. Чунин  таълимот ба мактаби франфурктӣ низ хос аст. Намояндагони он таъкид мекарданд, ки сарчашмаи ҳамаи бадбахтиҳоиинсонӣ фарҳанг мебошад. Моҳияти асосии ин андешаҳои  мактаби франфурктиро мавқеи тунди фарҳанг дар нисбати  табиат ташкил медиҳад. Муносибати фарҳанг ва табиат  дорои дараҷаҳои гуногуни шаклҳои таърихӣ мебошанд.

Метавон се дараҷаи муносибатро қайд намуд:

1)муносибати амалӣ, ки дар меҳнат ифода меёбад;

2) муносибати амалӣ-маънавӣ, ки дар шуури муқаррарии  мардумон эҷод гардида, дар таъғир додани ин олам бо қувваи   тахайюл бо мақсади даст кашидан аз воқеият ифода меёбад;   3) муносибати маънавӣ-назариявӣ: дар шинохти қонунҳои табиат, ки дар шуури муқаррарӣ ба вуҷуд омада, аҳамияти олии худро дар илм оиди табиат ба даст меоваранд, ифода меёбад.  Чизе, ки ба доираи алоқамандии муносибатҳо (табиат ва фарҳанг) дахл дорад, инҳо мебошанд: аввало, ба табдили олами табиӣ ба табиати дуюм алоқаманданд; дуюм бо  зиддияти фарҳанг ва табиат дар худи инсон; сеюм ба сохтани   олами идеалӣ дар раванди фаъолияти амалӣ марбутанд.  Ҳамаи ин муносибатҳо дар ҳар як шакли таърихии  фарҳанг дигар шуда, имкон медиҳанд, ки оиди муносибатҳои   махсуси табиат ва фарҳанг дар марҳилаҳои гуногуни  мавҷудияти инсон ҳарф занем.   Дар фарҳанг инсон на ҳамчун махлуқи табиӣ, ё   фавқуттабиӣ, балки чун мавҷуди инкишофёбандаи таърихӣ  муаррифӣ шуда, худро дар ҳаммонандӣ ва ҳам дар тафовут бо  табиат мебинад. Аз як тараф инсон мўҳтоҷи табиат аст, аз  тарафи дигар пай дар пай табиатро тобеъи худ мегардонад.   Аз ин ҷо бар меояд, ки фарҳанг натиҷаи муносибати инсон ба   табиат аст, ки дар тули инкишофи табиат ба вуҷуд омада,  танҳо дар марҳилаи муайяни инкишофи таърихӣ маълум  мегардад.

 

Табиат барои инсон дорои ду маънӣ мебошад:

1) аз нуқтаи назари бойгарии он (ҳам чун воситаи ҳаёт);

2)чун манбаи мавҷудияти минбаъда (чун воситаи меҳнат).

 

Ягонагии инсон бо табиат дар раванди фаъолияти ҳаётии инсон, дар натиҷаи аз худ намудани бойгарии табиат  аз тарафи ў зоҳир гардида, воситаи асосии мавҷудияташ ба   ҳисоб меравад.  Инкишофи таърихии инсоният дар озод намудани  мардум аз хусусияти табиӣ ва ҷалб намуданашон ба  алоқаҳои иҷтимоӣ зоҳир мегардад. Дар марҳилаи инкишофи   саноатӣ пеш аз ҳама вобастагии инсон на аз шароити табиии меҳнат, балки аз шароите, ки худи инсон бунёд гузоштааст,  нишон дода мешавад. Инсон ба воситаи истифодаи  фаъолияти ғайр бо мардуми дигар алоқа барпо мекунад.

Муносибатҳои байни мардум ҳамчун натиҷаи меҳнат, ки  шакли умумиро касб мекунад, зоҳир мегардад. Таҳлили  масъала иҷозат медиҳад, ки раванди таъғироти муносибатҳои  фарҳангу табиатро мушоҳида намоем. Аввал инсон мутеи  табиат буд, баъд табиатро тобеъи худ мегардонад. Дар  таърихи маърифати инсонӣ масъалаи муносибати фарҳанг ва  табиат инъикоси худро дар ташаккул ва инкишофи илмҳои

табиӣ ва иҷтимоӣ меёбад. Соҳаи омўзиши онҳо гуногун аст, аммо бо ҳам алоқаи қавӣ доранд.

ФАРҲАНГ ВА ЭТНОС

Тамаддун аз фарҳангҳои гуногун иборат мебошад. Башарият бошад аз мардумон иборат аст. Мардумон(этнографҳо онро этнос мегуянд) соҳибони фарҳанг ҳастан.Этнос (аз юнонӣ ethnos — қабила, халқ, мардум) — унвониумумӣ барои гурўҳои мардуме, ки аз рўи шумора зиёду  ҳамхун буда, қабила, халқият ё миллатро ташкил медиҳанд. Халқ (мардум)- шакли асосии умумияти этникӣ. Дар дохили  он гуруҳои этникӣ вуҷуд доранд, ки аз рўи забон, либос,  манзил, тартиби оиладорӣ аз ҳам фарқ мекунанд. Этносҳо чун  умумияти устувори байни наслҳои мардумон вуҷуд доранд. Этнос ду нишонаи муҳим дорад: биологӣ- гурўҳи ҳамхун;  биоиҷтимоӣ-умумияти байнинаслӣ. Этнос дорои табиати биологӣ ва иҷтимоӣ аст. Мардумро дар организми ягонаи  этникӣ- миллат баромади қадима аз насли ягона, инчунин  сарнавишти ягонаи таърихӣ, анъанаҳои умумӣ, фарҳанги  умумӣ, хусусияти хоси зиндагӣ муттаҳид месозад. Инчунин  умумияти ҳудудӣ ва забонӣ низ ба хусусияти этнос дохил  мегарданд.

Забон- нишони хоси этнос мебошад. Аммо бисёр вақт ба  як забон метавонанд якчанд халқ ҳарф зананд. Масалан,  қариб ҳамаи халқҳои Амеркаи лотинӣ ба забони испанӣ ҳарф мезананд, гарчанде ки онҳо ба миллатҳои гуногун мансуб  бошанд. Этносҳо дар ҳудуди муайян ташаккул меёбанд, аммо баъдтар метавонанд ба ҷойҳои дигар кўч банданд. Этносҳо забон ва фарҳанги муштаракро ташкил медиҳанд. Бо гузашти  замон он бо калимаҳои нав бой мегардад, васеъ мешавад, шаклан таъғир меёбад, аммо моҳияти  он чун пештара боқӣ мемонад.

Алоқа байни этнос ва ҳудуд бисёр қавӣ аст. Чунин  ҳукмро дар бораи урфу одат, анъана, хусусияти фарҳанг,  тарзи зиндагӣ низ кардан мумкин аст. Ҳар як халқ расму  русуме дорад, ки танҳо ба ў хос буда, аз дигар халқ ўро ҷудо  мекунад. Барои ташаккул ва инкишофи этносҳо худшиносии  этникӣ нақши намоёнро мебозад. Бояд мансубияти худро ба  халқи худ, ба сарнавишти таърихии он ҳис намуд, фақат он  вақт мумкин аст, ки дар фаъолияти худ анъана ва арзишҳои  онро ҳифз намуд. Худшиносии этникиро ба тарзи дигар  шабоҳати маънавии фард бо халқӣ худ номидан мумкин аст.

Ҳамин тариқ, ба омилҳои ташкилдиҳандаи нишонаҳои этникӣ инҳоро дохил намудан мумкин аст:

 ҳамхунӣ- аз як насл ба вуҷуд омадан;

 устувории ирсияти байнинаслӣ;

 ҳудуди ягона;

 забони ягона;

 сарнавишти ягонаи таърихӣ;

 фарҳанг ва анъанаи ягона

 

Халқҳо бо сабабҳои гуногун дар рўи замин аз як ҷо ба ҷои дигар мераванд. Баъзан ватани навро дуртар аз мабдаъи худ пайдо мекунанд. Як халқ метавонад, ё дар кишвари биологии  (гнетикӣ) худ, яъне дар он ҷое, ки ҳамчун этноси ягона  ташаккул ёфтанд, ё дар кишвари дигар, ки ба он ҷо, ё ба  таври пурра, ё қисме аз онҳо муҳоҷират намуда, алакай ба умумияти ягона табдил ёфтаанд, зиндагӣ намоянд.

Муҳоҷират, ё кўчбандӣ аз кишвари таърихӣ барои ташаккули  этноси булғори муосир ҳамчун асос хизмат намуд. Имрўз дар  Булғория қариб 8 млн. одам зиндагӣ мекунанд, ки худро  булғорӣ меноманд. Чандин аср пеш онҳо қабилаҳои  туркзабон буданд, ки ба Приазов дар асри VII кўч бастанд, аз  он ҷо қабилаҳои дигари туркзабон-хазариҳо онҳоро танг намуданд. Қабилаи кучманчии булғорӣ ба чанд гурўҳ ҷудо  гардиданд. Яке аз онҳо қаламрави Булғорияи ҳозираро ба  даст оварданд. Дар он ҷо қабилаҳои славянӣ зиндагӣ  мекарданд, ки дар асри VI ба тарафи дигари Дунай кўч  бастаанд. Булғорҳои туркзабон славянҳоро дар ин минтақа истило намуда, давлати славянӣ-туркиро таъсис доданд, ки Аспарух сарвари он гардид. Дар натиҷаи фаъолияти  мутақобилаи ду гурўҳи этникӣ муҳоҷирони туркӣ забони  славяниро аз худ намуданд. Акнун забони славянӣ-туркӣ  ташаккул меёфт, ки барои забони муосири булғорӣ асос  гардид.

Қисмати дигари қабилаҳои ҷудошудаи туркӣ дар ҳудуди  Татаристони ҳозира маскан гирифта, барои ташкил намудани  қавмҳои татар, чуваш, бошқир ва дигар қавмҳо нақши  назаррасро иҷро намуданд Он қисмати этнос, ки дар қаламрави дигар давлатҳо парокандаанд, диаспорро ташкил мекунанд. Диаспор (аз  юнонӣ diaspora —парокандакунӣ, паҳнкунӣ) — будубоши қисмати зиёди мардуми берун аз кишвари худ. Диаспорҳо аз ҳисоби муҳоҷирати ихтиёрӣ ва муҳоҷирати иҷборӣ (таҳдиди  геносид ва дигар омилҳои иҷтимоӣ) ташаккул меёбанд.

#

О L-BRO Admin

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.