Фанни Фархангшиноси

Анъана ва навоварӣ. Дин дар сохтори фарҳанг

 

Ҳар як насл ба фарҳанг чизи наверо ворид месозад: ихтирооти илмию техникӣ, андешаҳои нави бадеӣ, урфу одат,расму русум, завқ, тарзи рафтор ва ғ. Пайдоиши чизи нав дар фарҳанг зарурӣ ва ногузир аст.

Инкишофи фарҳанг дорои ду тамоюл мебошад- нигаҳдошти мероси гузашта ва сохтани чизи нав. Анъана- натиҷаи донишҳо, таҷрибаҳо, намуд ва тарзи рафтор, урфу одат, маросим, расму русуми дар тулии садсолаҳо ва ҳазорсолаҳо бадастомада мебошад. Ҳар як анъана дар марҳилаи муайяни инкишофи халқ ва ҷамъият ташаккул ёфта, нақши замони худро дар худ нигоҳ медорад.

Агар анъана пурсамар бошад, барои наслҳои минбаъда низ идома додани он зарур ва ҳатмист. Анъанаҳо инкишоф меёбанд, баъзан таъғири шакл мекунанд, аммо моҳияти худро маҳфуз медоранд. Ҳар чанд навоварӣ дар муқобили анъана қарор дошта бошад ҳам, аммо дар асл навоварӣ бо анъана алоқаманд буда, онро идома медиҳад. Зеро такрори механикии анъана ба таназзули он оварда мерасонад ва ба

тақлид табдил меёбад.

Ҳамзамон кўшиши сохтани чизи нав бе алоқа ва такя бо анъана ба таназзули асли комили фарҳанг оварда мерасонад. Бе истифодаи дониш, маҳорат ва таҷрибаи бадастомада, ҳар як насл маҷбур мешуд, ки ҳама чизро аз сари нав оғоз намояд, аммо бе навоварии доимӣ бошад, инсоният дар як ҷо шахшуда мемонд. Фақат пайвасти табиии анъана ва навоварӣ инкишофи ҷамъият ва фарҳангро таъмин менамояд.

Анъанаҳо гуногун буда, на ҳамаи онҳо пурсамар мебошанд. Масалан, баъзе мардум одати қасоси хунин (хунбаҳо) гирифтан доранд. Ҳар як мардум вобаста ба шароити табиӣ ва иқлим, хусусияти инкишофи таърихию махсусиятҳои миллӣ, дорои расму русум, одот, маросим, рамз ва шаклҳои мубошират мебошанд. Анъана замина барои эҷодиёт мебошад. Он метавонад худро чун омил, чун сабаби пайдоиши чизи нав нишон диҳад. Ҳар як эҷодкор он чизеро, ки ба вай наздиктар бошад интихоб менамояд. Бинобар ин яке аз сабабҳои гуногунӣ дар санъат дар ҳамин ифода меёбад.

Диалектикаи анъана ва навовариро дар мисоли санъати тасвирӣ дида мебароем, ки садсолаи охир таъғироти амиқеро аз сар гузаронда аст. Ҳазорсолаҳо санъати тасвирӣ бо воситаҳои нафиси худ кўшиш мекард, ки дурустии тасвироти худро дар шакли асл ҳифз намояд. Он чун ёддошти махсуси бадеии инсоният ба ҳисоб мерафт. Пайдоиши аккосӣ (фотография), (баъдтар аккосии бадеӣ) ҳамчун санъат ин вазифаро бар дўш гирифт. Худи рассомон эътироф намуданд, ки суратгирҳо барои инъикоси қиёфаи инсон, манзараи табиат, воқеъоти рухдода имкониятҳои бемаҳдуд доранд. Ҳамзамон вазифаи санъати тасвирӣ бо тасвири аниқи воқеият маҳдуд намегардад. Худи мафҳуми тасвири аниқ ҳамеша шартӣ буд. Ҳозир рассомон вазифаи худро дар он мебинанд, ки симои чизи тасвиршавандаро реалӣ тасвир накарда, балки таассуроти худро дар он баён намоянд. Асоси инро импрессионизм (аз фр. impression – таассурот) гузошта буд. Расми Клода Моне чунин номида мешуд – «Таассурот. Тулўи офтоб», соли 1872 тасвир шуда, ҷараёни мазкур низ чунин номгузорӣ гардид.

Асари классикиро барои он классикӣ меноманд, ки ба талаботи ҳар давр мазмуни он мувофиққат пайдо мекунад. Дар онҳо мазмуни барои замони мо муҳим маҳфуз аст. «Шоирон ва нависандагони бузург барои он ҷовидон мегарданд, ки дар эҷодиёти онҳо олами идеяҳое ниҳода шудааст, ки ҳаёти маънавии ҷомеаро таҷдид мекунанд» (М.А.Булгаков).

Пайдоиши постмодернизмро фалсафа чунин шарҳ медиҳад, ки хусусияти ҷомеаи иттилоотӣ дар он ифода ёфтааст, ки ба шарофати технологияи нав қариб имконияти дарёфти иттилоот, муошират ва алоқа бе маҳдуд гардида, чандандешӣ (плюрализм) эътироф ва интихоби озод барои ҳар як инсон фароҳам омадааст. Бештари фарҳангшиносон чунин меҳисобанд, ки постмодернизм (пасомодернизм) натанҳо ҷараёни нав дар санъат мебошад, балки ҳолати муосири фарҳангӣ ба ҳисоб меравад. Фарҳанги аз тарафи васоити ахбори омма эҷод гардида, инсонро таъғир дод. Муошират ва иттилооти пайваста, ки зери анбўҳи онҳо инсони муосир зиндагӣ мекунад, ниёзи интихобро ба амал меорад. Инсон қодир нест, ки бо ин анбўҳи маълумоти гуногун ва мутаззод, ки бар ў фурўъ мерезанд, ғолиб ояд. Ў оиди ҳама чиз ба таври сатҳӣ маълумот дорад. Тафаккури ў порча-порча ва гуногунранг гардидааст. Ба чунин инсон хондани эҷодиёти бадеӣ, ки дар онҳо инкишофи босуръати воқеа ва ҳолоти тезу тунд мавҷуд набошад, душвор аст. Барои ў тамошои намоишномае, ки дар он амалиёт суст инкишоф ёфта, характери қаҳрамонон ва муносибати онҳо ба тадриҷ кушода мешавад, шавқовар наметобад. Зоҳиран дар санъати муосир инчунин ба таври куллӣ дар фарҳанг раванди ташаккулёбии фарҳанг ва санъат ба амал омада истодааст, ки ба андозае ба талаботи замон ҷавобгар мебошад.

Анъана ва навоварӣ ду ҷанбаи бо ҳам алоқаманди инкишофи фарҳанг ба шумор мераванд. Ба шарофати анъана инсоният таҷрибаи фарҳангии наслҳоро аз худ карда, барои худ ақидаҳо, арзишҳо, меъёрҳои фаъолиятии аз тарафи наслҳоипешгузашта коркардгардидаро аз худ мекунад. Аммо фарҳанг бе таҷдид мавҷуд буда наметавонад. Фарҳанг дар умум ва фарҳанги марҳилаи муайяни таърихӣ алоқаи нав ва кўҳнаро муайян менамояд. Вайрон намудани ин алоқа, даст кашидан аз он ки садсолаҳо бунёд ёфтааст, барои мавҷудияти фарҳанг хатар эҷод менамояд. Дасткашидан аз анъана инсонро аз асли ў маҳрум месозад.

Фарҳанг инсонро аз олами ҳайвон ҷудо намуд. Аз худ намудани фарҳанги инсоният, инсонро бо мазмуни томаш Инсон мегардонад.

ДИН ДАР СОХТОРИ ФАРҲАНГ

Ҳар як шакли фарҳанги маънавӣ хусусиятҳои хоси худро доро буда, аз рўи қонунҳои хоси худ инкишоф ёфта, ба таври махсус бо ҷузъиёти дигари фарҳанг алоқаи мутақобиларо пайдо мекунад. Дин дар ҳаёти ҷомеаи муосир мақоми махсусро ишғол намуда, чун идеология ва анъанаи тавонои миллӣ баромад мекунад. Пеш аз он ки мақоми динро дар сохтори фарҳанги маънавӣ ва махсусияти таъсири мутақобилаи онро бо ҷузъиёти дигари фарҳанги маънавӣ муайян намоем, зарур аст,ки хусусияти инъикоси динии воқеъиятро нишон диҳем.

Масъалаи муайянкунии моҳияти дин. Дин падидаи бисёрҷабҳаи дорои шаклҳои зиёду гуногуне аст, ки таърихи тўлониро соҳибанд. Бисёр таълимотҳои динӣ дар давраҳои гуногуни таърихӣ вуҷуд дошта, танҳо дар сарчашмаҳо маҳфуз мондаанд. Масъалаи муайян намудани моҳияти дин вобаста ба самти умумии ин ё он мактаби фалсафӣ ҳал мегардид. Дар таърихи афкори иҷтимоӣ миқдори зиёди чунин муайянкуниро мушоҳида кардан мумкин аст. Амалан ҳар як мактаби фалсафӣ аз рўи тасаввуроти худ оиди олам, одам, раванди маърифат, арзишҳои асосӣ инчунин дар вобастагӣ аз он анъанаи фарҳангӣ-динӣ, ки дар дохили он вуҷуд дошт, моҳияти динро муайян мекард. Ин муайянкуниҳоро дар

вариянтҳои зерин нишон додан мумкин аст:

Дин чун атои олами боло. Мавҷудияти Худоро эътироф намуда, илоҳиётшиносон динро чун кўшиши шинохти Худо дар ҳар шакл аз тарафи инсон, ба ў ибодат кардан ва худро чун махлуқи Ў донистан, маънидод мекунанд. Александр Мень (1935–1990) чунин ақида дорад, ки таърихи таълимоти адёни гуногун ин таърихи маърифати Худованд аз тарафи инсон мебошад, аммо шаклҳои гуногуни дин мураккабии ин равандро ва сатҳи нокифояи инкишофи худи инсонро мефаҳмонад.

Дин василаи такмили инсон. Ба андешаи мутафаккири тоҷик Носири Хусрав дин воситаи асосии такмили олами маънавии инсон ба ҳисоб меравад: «Офариниши олам аз барои мардум будааст, офариниши мардум аз барои дин, касеро, ки дин нест, ў ноқис аст».

Дин ин натиҷаи иштибоҳ ва тарс дар назди табиат. Ин нуқтаи назар аз тарафи мутафаккирони давраи Маорифпарварӣ чун П. Голбах, Ж. Меле дастгирӣ ёфт. Пол Голбах (1723–1789) чунин меҳисобид, ки моҳияти дин ин ҷаҳолати инсонӣ ва надоштани майли аз худ намудани дониш ва бартараф кардани душвориҳо мебошад. Жан Меле (1664–1729) — собиқ рўҳонии католикӣ, китоби калонҳаҷмеро бо унвони «Васиятнома» навишта буд, ки баъди марги ў нашр гардид. Дар китоб ў фаъолияти калиссои католикиро фош карда, онро маккори асосии ғораткуни мардум ҳисоб намуд.

Дин ҳамчун меъёри иҷтимоӣ. Моҳияти динро сотсиолог Эмил Дюркгейм(1858–1917) чунин шарҳ медод: меъёрҳои иҷтимоӣ, арзишҳо ва қоидаҳое, ки мардум аз онҳо берун баромада наметавонанд, аз рўи моҳияти худ идеяи динӣ мегарданд.

Дин чун усули ахлоқӣ. Ба андешаи файласуфи немис Иммануил Кант ба инсоне, ки «ҷасорати истифода намудани ақли худро дорад», дини «таърихи»-е, ки пур аз хурофот ва гумроҳӣ аст, лозим аст, балки «дини дар ҳудуди фақат ақл»- меъёрҳои олии ахлоқӣ бунёдёфта, зарур аст. Дини ҳақ ин шинохти инсон, дарки вазифаҳои ахлоқии ў чун фармудаи Худовандӣ мебошад, пас дин бояд ба вуҷуди инсон хос бошад.

Дин инъикоскунандаи моҳияти аслии инсон. Системаи фалсафаи худро тартиб дода, Фейербах динро чун тасаввуроти инсон оиди моҳияти худи инсон нишон медиҳад. Агар дигар махлуқот Худоро тасаввур карда метавонистанд, онро мисли худ тасвир мекарданд. Масалан, Худои паррандагон дорои пар мешуд, худои моҳӣ бошад пулак медошт, худои говон бошад, дорои шох мешуд. Худои сохтаи инсон ин умуман инсон аст.Ў ба таври ҷуқур ва амиқ решаҳои маърифатии динро таҳқиқ намуда, ба чунин хулосае меояд, ки дин дар моҳияти худ шакли комилан номувофиқи худшиносии инсон аст: тасаввурот оиди Худо ҳақиқтан тасаввуроти инсон дар бораи худ аст, танҳо дар шакли бегонашуда.

Дин ҳамчун натиҷаи инкишофи муносибатҳои иҷтимоӣ.

Файласуфи олмонӣ Ф.Энгелс ҷавҳари динро инъикоси фантастикии қувваҳои табиӣ ва ҷамъиятӣ дар шуури инсон меҳисобид, ки бар ў ҳукмронӣ мекунанд.Файласуф ва иқтисоддон Карл Маркс маорифпарвар Пера Марешал ва дигар маорифпарваронро иқтибос намуда, қайд мекунад, ки дин дар ҷомеа нақши афюнро иҷро мекунад. Афюн – василаи бошиддати бедардкунанда, доруе, ки мардумро аз дарди ҷонкоҳ наҷот медиҳад, аммо маст ва мубтало мегардонад.

Маркс навишта буд, ки дин ин нафақат василаи гумроҳкунӣ, балки манбаи умед барои «золимони палид», ки дар «олами бераҳм» зиндагӣ мекунанд, мебошад.

Вазифаи дин

  1. Ҷаҳонбинӣ. Ҳар як дин ҷаҳонбинӣ аст, зеро дар ҳар як таълимот варианти ҷавоб ба саволҳои асосии ҷаҳонбинӣ вуҷуд дорад: Олам чигуна сохта шудааст? Моҳият ва рисолати инсон дар олам аз чӣ иборат аст? Ҳар як ҷараёни динӣ дорои манзараи олам ва консепсияи фардии худ мебошад, ки муайянкунандаи ҷанбаҳои дигари таълимот ва

фаъолияти он ба шумор мераванд.

  1. Муоширатӣ. Дин бе маҳдудиятҳои давлатӣ, иҷтимоӣ, этникӣ ва забонӣ ба мардум имконияти муоширатро медиҳад. Чунин муошират натанҳо байни пайравони як дину мазҳаб вуҷуд дорад, балки байни онҳое, ки ба адёни гуногун мутааллиқ мебошанд, имкони мавҷудияташ ҳаст. Фаъолияти ташкилотҳои байналмилалии динӣ ва иштироки ходимони динӣ дар барномаҳои фарҳангӣ ва гуманитарии байналмилалӣ барои ин мисол шуда метавонад.
  2. Меъёрӣ. Дин натанҳо таълимоти назариявӣ мебошад, балки усули зиндагист, дин ҳаёти муқаррарии инсонро ба тартиб меандозад (баъзан бисёр сахт), дар соҳаҳои гуногун қойдаҳои муайяни арзиширо ҷорӣ мекунад.

Шаклҳои таърихии дин. Тасаввуроти қадимаи диниро чун одат ё эътиқодоти ибтидоӣ, ё комплекси ибтидоӣ меноманд, зеро аввал ин ки дар даврони ибтидоӣ тасаввуроти динӣ нав ташаккул меёфтанд, онҳо дар шакли асотир арзи вуҷуд карда, догматикаи аниқ, парастиши муназзам, докторинаи бонизоми иҷтимоӣ надоштанд; дуюм мафҳуми комплекс баробарҳуқуқӣ ва баробарарзишии ҳамаи ҷузъиёт, мавҷудияти мувозии онҳоро дар макону замон фарз мекунад.

Ҳанўз дар давраи полеолити қадим шаклҳои тасаввуроти динии зерин ба вуҷуд омадаанд:

  1. Тотемизм – тасаввурот оиди ким-кадом аҷдоди ягона барои мардумон, ҳайвонот ва растанӣ, оиди мавҷудияти хешӣ байни онҳо. Тотемизм дар тасаввуроти асотирӣ оиди динҳои ҳайвондустӣ (зооморф), ҳайвон-нахуставлод, дар парастиши ҳайвоноти муқаддас, дар маросими хурдани нону шароби табаррук маҳфуз мондааст.
  2. Анимизм – соҳиби ҷон шуморидани падидаҳои табиӣ, ҳайвонот, рустанӣ, ва ашёҳои гуногун. Дар ибтидо арвоҳ сокини объектҳои гуногуни табиӣ буданд- ҳар кўл, ҷангал ваҳар як кўҳ дорои рўҳи худ буд. Ба тадриҷ арвоҳ дорои шакли одам мешаванд. Дар нисбати инсон, вобаста ба шароит, некӣ мекардан, ё баръакс бадӣ менамуданд.
  3. Фетишизм –тасаввурот оиди хусусияти хоси ашё, ки имконияти таъсиррасонӣ ба раванди ҳодисот ва қисмати инсон дошта, эҳтиром ба туморҳо ва дигар муқаддасот зоҳир мекунанд. Фетишҳои қадим асоси табиӣ доштанд: сангҳо, дарахтҳо, обшорон, баъдтар ашёҳои сохтаи инсон ба вуҷуд меоянд, монанди туморҳо,тасвири арвоҳ-бутҳо ва ғ.

Буддизм. Аввалин дине, ки ҳамчун дини ҷаҳонӣ инкишоф меёфт, дини буддистӣ буд.Буддизм дар асри VI п.а.м. дар Ҳинд ба вуҷуд омада, чандин давлатҳои хурдро муттаҳид намуд. Дар ҳазораи I то милод дар фарҳанги ҳиндӣ якчанд мактабҳои фалсафӣ ба вуҷуд омада, таълимотҳои онҳо дар бисёр маврид манзараи олам ва этикаи будистиро муайян намуда буд. Дар тарҷумаи ҳоли асосгузори ин таълимоти Сиддхартха Гаутама гуфта мешавад, ки пеш аз он, ки вай «нуронӣ» гардид ва Буддо гашт, дар пеши намояндагони мактабҳои гуногуни фалсафӣ таҳсили илм намуд.Дар маркази таълимоти ин фалсафа «чор ҳақиқати асил» меистад. Ҳақиқати аввал дар он асос меёбад, ки вуҷуди инсон бо азоб марбут аст. Ба азоб дохил мешаванд: тавлид, марг, дард,

пирӣ, дидори рўи номуборак, ҷудоӣ аз азизон, надоштани имкони бамақсадрасӣ. Мутобиқи ҳақиқати дуюм сабаби азоб ин хоҳише аст, ки ба воситаи хурсандӣ ва шаҳват ба дигаргуншавӣ, ба дилбастагии одам ба ҳаёт, ба қонеъ гардонидани шаҳвати ҳиссӣ мебарад. Ҳақиқати сеюм: аз байн бурдани сабабҳои азоб дар азбайнравии ин шавқ ё хоҳиш ифода меёбад. Ҳақиқати чорум ин роҳ ба сўи аз байн бурдани худи азоб.

Насрония. Аз ҳамаи динҳои ҷаҳонӣ дини паҳншудатарин насрония ба шумор меравад. Насрония дуҳазор сол қабл дар қаламравӣ иперияи Рим ба вуҷуд омадааст. Ақидаи насронияи ибтидоӣ ба ҳамаи сокинони қаламрави Рим тасалло ва умедвориродода буд. Римиҳо дар ибтидо насрониҳоро таъқиби сахт мекардан, аммо баътар ба тадриҷ худ ақидаи Иссои Масеҳро қабул намуданд, зеро дар он баромад аз бўҳрони ахлоқӣ, ки Римро саросар фаро гирифта буд, медиданд. Алакай дар асри IV Насрония дар Рим дини давлатӣ мегардад. Дини насрония баъдтар ба се шохаи калон ҷудо гардид: католикӣ, провославӣ ва протестантӣ.

Ислом. Дар асри VII дар нимҷазираи Араб ташаккули Ислом оғоз мегардад. Ислом дар замоне ба вуҷуд меояд, ки ҷомеаи араб ба бўҳрони ахлоқӣ гирифтор буд. Бинобар ин дараввал арабҳо бо он мухолифат дошта, пайравони онро мавриди таъқибу аззият қарор медоданд, аммо баътар Ислом ҳама ҷоро фаро мегирад. Дини ислом асосан аз ду шохаи калон иборат мебошад: суннӣ ва шиа Дин қисмати ҷудонашавандаи фарҳанги маънавӣ ба ҳисоб меравад. Омўзиши шаклҳои гуногуни дин, қонунмандии инкишофи онро донистан, ба ҳар як инсонн имконият

медиҳад, ки аҳамияти динро дар ҷомеаи муосир таҳлил намуда, муносибати худро ба ин таркиби фарҳангӣ муайян намояд.

#

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.ru

Похожие статьи

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *