Илм дар сохтори фарҳанг. Ҷаҳонишавӣ.ҷанбаҳои мусбӣ ва манфии масъала

 

Илм – ин падидаи бисёрҷабҳа ва мураккаби ҷамъиятӣ мебошад. Илм берун аз ҷамъият на пайдо мешавад ва на инкишоф меёбад. Ҳамчунин иҷтимоъ низ дар зинаи баланди  инкишоф бе илм тасаввурнашаванда аст. Талаботи  истеҳсолоти моддӣ ба инкишофи илм ва раванди тадқиқоти он таъсир мерасонанд. Дар навбати худ илм низ ба инкишофи иҷтимоӣ таъсир мерасонад. Кашфиётҳои бузурги илмӣ ва  ихтирооти техникӣ таъсири бузургеро дар ҳаёти инсоният  гузоштанд.  Дар давраҳои гуногуни таърихӣ нақши илм якхела  набуд, аммо моҳияти он алакай дар даврони қадим дарк  мегардид. Дар аҳди атиқа илм ҳамчун натиҷаи тақсимоти  меҳнати фикрӣ ва ҷисмонӣ вуҷуд дошт. Чун шакли мустақили шуури ҷамъиятӣ илм – аз даврони эллинизм сар  карда, шакл гирифта буд. Барқароршавии худи илм, ҳамчун  шакли дониши мустақил аз дин ва ҳам аз фалсафа, одатан бо  номи Арасту, ки ибтидои бунёди табақабандии  (классификация) илмҳоро гузошт, алоқаманд медонанд. Аммо  он вақт элементҳои дониши илмӣ ба истеҳсолот таъсири хело заиф доштанд. Истеҳсолот асосан аз тарафи ғуломон бо ёрии донишҳои таҷрибавӣ, ки дар тули асрҳо ҳунарҳоро ба даст  оварда буданд, ба амал меомад. Нақши илм дар инкишофи  истеҳсолот ба андозаи васеъшавӣ ва умумишавии истеҳсолот  афзуд. Капитализм, ки дар даруни феодализм бавуҷуд омада  буд, чунин масъалаҳои амалиро ба миён гузошт, ки танҳо роҳи ҳалли онҳо бо ёрии илм мумкин буд. Истеҳсолот ба  азамате ноил гардид, ки зарурати истифодаи механика,  математика ва дигар илмҳоро талаб менамуд. Илм ҳарчи  бештар нигоҳдорандаи маънавияти қувваҳои истеҳсолӣ  мегардид. Ҳаракати баъдинаи таърих иборат аст аз раванди

устувори илмикунонии истеҳсолот. Ин раванд бо роҳҳои  зиёде амалӣ мегардад. Пеш аз ҳама бунёди асосҳои назариявӣ  барои ташкил додани ҳарчи бештар асбобҳо ва дастгоҳҳои  комил. Ҳамзамон бо тараққиёти бемонанди илмҳои  табиатшиносӣ ба инкишофи фанҳои гуманитарӣ низ рағбат  пайдо гардид. Шавқи зиёде барои шинохти натанҳо олами  моддӣ, балки олами маънавӣ низ ба вуҷуд омад. Аз замони  пайдоиши капитализм сар карда, то худи замони мо,  ҳамбастагии истеҳсолоти илмӣ ва моддӣ такмил меёбад.

Имрўз ин раванд дар тарзи автоматикунонии истеҳсолот ва то худи қисман иваз намудани мағзи сари инсон аз тарафи компютер ифода меёбад. Илм имкон медиҳад, ки инсон бо сарфи ночиз ба дастовардҳои бузурги истеҳсолӣ ноил бигардад.

Вазифаи муосири илм дар он асос меёбад, ки меҳнат ва зиндагиро барои мардум осон намуда, ҳокимияти оқилонаи ҷомеаро бар табиат зиёд намояд, муносибатҳои иҷтимоиро такмил диҳад. Илми муосир ба шарофати кашфиётҳо ва  ихтирооти худ барои ҳаёт ва фаъолияти инсон шароитҳои  зиёдеро муҳаё намуд. Кашфиётҳои илмӣ ва ихтироот ба  баландшавии истеҳсолот ва афзоиши мол оварда расонд.  Аммо гавҳари илм то ҳол ба ҳамаи мардум ба як андоза хушбахтиро наовардааст. «Илм чун яроқи дудамаву  қудратманде аст, ки вобаста ба он ки дар дасти кӣ он қарор дорад, метавонад ҳам барои ушбахтиву наҷоти мардум ва ҳам барои ҳалокати онҳо хизмат намояд» (Вавилов С.И.).  Бештари кашфиётҳо ва ихтироот ду ҷанба доранд –  фоидаовар ва зиёновар. Ҳама вобаста ба он аст, ки кай ва аз  тарафи кӣ онҳо истифода мешаванд.

И. Кант, ки худ донишманди бузург буд, ба илм ва уламо  бо тамкин ва танқид муносибат мекард. Дар пайравии Ж.Ж.  Руссо ў зиддиятеро дар тараққиёти иҷтимоӣ, махсусан дар  тараққиёти илмӣ медид. Аз афзоиши дониш, беназардошти  он ки барои инсон онҳо фоида меоранд, хавф мебурд.  Таърих шаҳодат медиҳад, ки ҳануз дар он давраҳо, ки  натиҷаи кашфиётҳои илмӣ он қадар хавфнок набуд, баъзе  мутафаккирон дар онҳо зарари ҳалокатборро эҳсос  мекарданд.

То вазъияти маълуми Хиросима олимон оди натиҷаи  фоҷиабори кашфиётҳои худ андеша намекарданд. Баъди  Хиросима вазъият дигар шуд. Масъалаи арзиши ахлоқии  кашфиётҳои илмӣ ба вуҷуд меояд. Фаҳмиши нави ҳақиқат ба  миён омад: ҳақиқат натанҳо дониши боэътимод, балки чизест  аз ин бештар. Касе ки дар илм пешрав асту дар ахлоқ ақибмонда, у бештар ба ақиб майл дорад, аз он ки ба пеш. Инсон бо дониши худ бар табиат ҳукмронӣ пайдонамуд. Ин  барои ў имконият дод, ки бомбаи атомиро ихтиро кунаду  тарконад. Ба ин васила инсоният як манзараи мудҳиш ҷанги  ҷаҳонии ядроиро асос гузошта, бар замми дигар  проблемаҳои голобалӣ проблемаи ҷанг ва сулҳро низ ба  ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамроҳ намуд.

Маданияти табиӣ – илмӣ ва гуманитарӣ. Дар фарҳанги  муосир оиди илм ду мавқеи асосӣ мавҷуд аст: сциентизм ва  антисциентизм. Сциентизм қиммати мутлақи илмро қабул  дошта, онро ҳамчун қуллаи дониш ҳисоб мекунад. Илм  ҳамчун қисмати марказӣ ва пешбарандаи маданият дониста  шуда, чун таъминкунандаи ягонагии маданият ба ҳисоб  меравад. Сциентистҳо чунин ҳисоб мекунанд, ки илм дар  оянда натанҳо ҳукмрон мешавад, балки дигар соҳаҳои  маданияти маънавиро фурўъ мебарад. Антисциентизм таъкид  бар шаклҳои ғайриилмии маърифат мекунанд.

Антисциентизм духел мешавад: муътадил ва ифротӣ. Антисциентизми мўътадил илмро дар қатори дигар шаклҳои  маданияти маънавӣ мегузорад. Антисциентизми ифротӣ  арзиши илмро тамоман инкор карда, онро ҳамчун қувваи  зараровар ҳисоб мекунад. Тараққиёти сциентизм ва  антисциентизм, ҳамдигарро танқид намудан ва муборизаҳои  миёни онхо дар асри XX барои пайдо шудани андешаҳои нав оиди илмият ва ақлигароӣ имконият пайдо намуд. Давраи  нисбатан авҷгирии парстиши илм ба асрхои XVII-XVIII хос  аст. Маҳз дар ин давра тафаккури классикӣ, ки таҷассумгари  ратсионалии бо ҳақиқати мантиқӣ ва илмият муҷаҳаз шакл  мегирад. Ратсионалӣ (ақлонӣ) ин чизе ки ҳақиқат аст, аммо ба  ҷустуҷўи ҳақиқат илм машғул аст. Тараққиёти босуръати илм  дар асрҳои XVII-XVIIIэътиқодро ба имкониятҳои номаҳдуди  илм зиёд намуд. Ҳама бар он бовар доштанд, ки илм қодир

аст ба ҳамаи саволҳои ҳастии инсон ва сохтори олам посух  гўяд. Файласуфони асрхои XVII-XVIIIимконияти ба даст овардани озодиро танҳо дар сурати соҳиби дониши ақлонӣ  будан медиданд. Дар он давр чунин ақида роиҷ буд, ки  дониши илмӣ ин кафили бадаст овардани хушбахтӣ аст. Чун ҳар як инсон соҳиби ақл аст, вазифаи асосиаш дар такмил  додани қобилияти ақлонӣ асос меёбад. Инқилоби бузурги  буржуазии Фаронса ратсионалистиро аз будаш зиёд намоиш  медод, аммо тартибот баръакс, ба ирратсионалистӣ ва  бетартибӣ табдил ёфта буд. Маҳз дар ҳамин давра мухолифат  ба парастиши ратсионализми илмӣ ташкил мешавад. Такя  намудан ба илм барои донистани эҳсоси инсонӣ, дард, марг,  танҳоӣ, ба даст овардани озодӣ, сохтани ҷомеа бар асоси  инсонгароӣ ва таъмин намудани хушбахтии умумӣ кифоя  набуд. Рў овардан ба илм, чун ба дониши мутлақ ва комил, дар байни худи илм ҷудоиро ба бор оварда, табиатшиносии  классикиро ба бўҳрон дучор намуд.  Дар раванди зиддият ва бўҳрони асри XX инсоният дарк  намуд, ки «ғафлати ақл даҳшатро ба бор меорад», аммо худи  ақл низ дар танҳоӣ даҳшате беш нест.

Аввалин маротиба тафовут байни илм оиди табиат-табиатшиносӣ ва илм оиди маънавият (рўҳ)- донишҳои   гуманитарӣ ва иҷтимоӣ дар охири асри XIX пешниҳод  гардид. Истилоҳоти «илм оиди табиат» ва «илм оиди   маънавият» ба зудӣ дар истифодаи умум қарор гирифт. Худи  ин ақида дар фалсафа тасдиқ гардид. Дар асри XX се мавқеи  асосӣ оиди масъалаи муносибати маърифати гуманитарӣ-  иҷтимоӣ аз як тараф ва табиатшиносӣ аз тарафи дигар, ба  миён омаданд:

  1. Илм оиди табиат ва илм оиди маънавият аз рўи масъала ва метод фарқ мекунанд. Барои ҳамин хусусияти илмии соҳаи тадқиқотии ҳарду эътироф карда мешавад.
  2. Донишҳои гуманитарӣ ва иҷтимоӣ- илмҳои тарақинокарда буда, дорои масъалаҳои хоси худ мебошанд, вале методи маъмули илмӣ, яъне методи табиатшиносиро истифода  мекунанд. Илмҳои оиди маънавият ҳамин тариқ бояд аз рўи  илми оиди табиат шакл бигиранд. Чунин ақида ба  позитивизм хос аст.
  3. Барои дониши гуманитарӣ ва иҷтимоӣ статуси илмӣ дар он асос хос нест, ки илм оиди маънавият масъалаҳоеро дар бар мегирад, ки онҳоро дар таҷрибаи амалӣ санҷидан мумкин  нест. Донишҳо оиди маънавият берун аз илманд, дар ин ҳолат  онҳо дар як категория бо дин, мифология ва фалсафаи  непозитивӣ меистанд. Чунин ақида ба непозитивизм хос аст.  Ба назари мо ақидаи аввал, ки мувофиқи он маърифати  гуманитарӣ ва иҷтимоӣ дорои ҳамаи хусусиятҳои илмӣ  мебошад ва бо масъалаҳои хусусии худ (инсон ва ҳамаи  соҳаҳои фаъолияти он маданият, таърих ва иҷтимоъ) ва метод  нисбат ба ду ақидаи дигар бартарӣ дорад.
Ҷаҳонишавӣ.Ҷанбаҳои мусбӣ ва манфии масъала

Ҷаҳонишавӣ ин раванди мутаҳидшавии иқтисод, сиёсат ва  фарҳанги ҷаҳонӣ мебошад. Ҳарчанд ин мафҳум дар солҳои  90-уми асри гузашта машҳур гардида бошад ҳам, аммо реша  дар умқи таърих дорад.Баъзе хусусиятҳои ҷаҳонишавӣ алакай  дар давраи атиқа падид гашта буданд. Империяи Рим яке аз давлатҳои аввалине буд, ки ҳукмронии худро дар минтақаи баҳри Миёназамин пойдор намуда, барои баҳамойии фарҳангҳои гуногун оварда расонд.Паҳншавии ислом низ мисоли арзандае аст барои ҷаҳонишавӣ.

 

Манбаҳои ҷаҳонишавӣ дар асрҳои XII-XIII мавҷуд аст, ки он вобастааст ба ибтидои инкишофи муносибатҳои бозорӣ  дар Урупои ғарбӣ, инкишофи суръатноки савдои Урупо ва  ташаккули «иқтисоди ҷаҳонии Урупо» ва ғ.  Аввалин маротиба калимаи ҷаҳонишавиро К.Маркс дар

номае ба Ф.Энглс доир ба масъалаҳои иқтисодӣ истифода  бурдааст: «Акнун бозори ҷаҳонӣ дар ҳақиқат ҳам вуҷуд  дорад. Бо ворид шудани Калифорния ва Япония ба бозори  ҷаҳонӣ, ҷаҳонишавӣ ба вуқўъ омад».

Оиди ҷаҳонишавӣ дар илм андешаи ягона вуҷуд надорад. Агар баъзе ин падидаро мусбӣ, баъзе онро манфӣ арзёбӣ  мекунанд. Барои мисол як чанд андешаро қайд мекунем:

 Ҷаҳонишавӣ ин раванди диалектикиест, ки  эҷодкунандаи фазо ва алоқаҳои байнлмилаллӣ ва  иҷтимоӣ буда, фарҳангҳои маҳалиро беарзиш менамояд ва барои сохтани фарҳанги сеюм мусоидат мекунад.

 Ҷаҳонишавӣ ин сиёсатест оиди он, ки дар миқёси  сайёра, бо иштироки тамоми инсоният системаи ягонаи  инсониятро чигуна бояд бунёд намуд.

 Ҷаҳонишавӣ барои баробарии миллӣ, муносибатҳои  фарҳангӣ ва алоқаҳои бошууронаи миллат бо асли хеш, хатар эҷод мекунад.

 Ҷаҳонишавӣ ин он чизе аст, ки дар тўли асрҳо дар  ҷаҳони сеюм онро мустамликадорӣ меномиданд.

Ҷаҳонишавиро бисёрвақт бо американизатсия  (америкоишавӣ) айният медиҳанд, ки ин ба пурзўршавии  нуфузи ИМА дар ҷаҳони нимаи дуюми асри XX алоқаманд  аст. Корпоратсияҳои машҳури ҷаҳонӣ дар ИМА пайдо  шуданд:

 Microsoft

 Intel

 AMD

 Coca-Cola

 Procter & Gamble

 Pepsi

 McDonald’s

Таснифбандии ҷаҳонишавӣ

  1. Ҷаҳонишавии сиёсӣ
  2. Ҷаҳонишавии иқтисодӣ
  3. Ҷаҳонишавии фарҳангӣ

Ҷаҳонишавии сиёсӣ. Дар замони ҳозир ба таври равшанситёсати ҷаҳонишавӣ шакл мегирад, ки ба истиқлолияти  давлатҳои миллӣ таъсир мегузорад. Ҷаҳонишавии сиёсӣ  низоми ҷаҳонии муосирро таъғир медиҳад. Шаклҳои  анъанавии давлатҳои миллиро таҷдид карда, муносибатҳои  сиёсии байналмилалиро дигар мекунад. Проблемаи сиёсати   ҷаҳонӣ асосан ба воситаи ду кулуб ҳал мешавад: гурўҳи  ҳаштгона (Groupofeight): Канада, Франсия, Олмон, Италия,  Япония, Россия, Британияи кабир, ИМА. Гурўҳи бистгона  (GroupofTwenty) (ин гурўҳ асосан ба проблемаҳои иқтисодӣ  дахл мекунад): Австралия, Аргентина, Бразилия,  Британияикабир, Олмон, Иттиҳоди Урупо,  Ҳиндустон, Индо-незия, Италия, Канада, Чин,  Мексика, Россия, Арабистони саудӣ, ИМА, Туркия, Фран-  сия, ЮАР, Ҷумҳурии Корея, Япо-ния.

Ҷаҳонишавии иқтисодӣ. Ҷаҳонишавии иқтисодӣ яке аз  қонунмадиҳои инкишофи ҷаҳонӣ мебошад. Фазои иқтисодӣ  талаб мекунад, ки дар он мубодилаи маълумотҳо ва  технология, мавқеи ҷобаҷокунии қувваҳои истеҳсолкунанда,  бо назардошти вазъи ҷаҳонӣ муайян карда шавад. Болоравӣ  ва таназзули иқтисодӣ бошад, миқёси ҷаҳониро касб мекунад.

Ҷаҳонишави фарҳангӣ. Барои ҷаҳонишавии фарҳангӣ  наздикшавии фарҳангҳои расмӣ байни кишварҳои гуногуни  ҷаҳон ва инкишофи робитаҳои байналмиллалӣ хос аст. Аз як  тараф ин ба машҳуршавии намудҳои ҷудогонаи фарҳанги миллӣ дар рўи олам оварда мерасонад, аз тарафи дигар  зуҳуроти фарҳангҳои машҳури байналмилалӣ метавонанд

фарҳангҳои миллиро таҳти фишор қарор диҳанд, ё ки онҳоро  ба фарҳангҳои байналмилалӣ табдил диҳанд. Нақши бузургро дар  ҷаҳонишавии фарҳангӣ вусъатёбии  ҳаррўзаи Интернет мебозад. Ба ғайр аз ин ҳар сол туризми  байналмилалӣ низ ривоҷ меёбад.Интернет 2,5 млрд. одамро  бо ҳам алоқаманд мекунад. (маълумотнома то соли 2012).

Дар олам зиёда аз 3 млрд. Интернет-сайтҳо вуҷуд доранд. Дар  ҳайҳати ташкилоти ҷаҳонии савдо (ВТО) 159 давлат дохил  мешаванд. (маълумотнома то соли 2013). Кинофилмҳои муосир баробар дар экранҳои бисёр давлатҳои ҷаҳон  мебароянд. Китобҳо ба забонҳои гуногун тарҷума шуда, дар  байни хонандагони кишварҳои гуногун машҳур мегарданд.  Ҳамаи инҳо барои ҷаҳонишавӣ заминаро муҳаё месозанд.  Барои ба манфиати миллӣ истифода бурдани  ҷаҳонишавӣ се омили асосӣ вуҷуд доран:

 Огоҳии комил аз фарҳанги худӣ

 Ҳамоҳанг сохтани фарҳанги миллӣ бо навовариҳои илмӣ-техникии муосир

 Бо тафаккури интиқодӣ истиқбол намудани фарҳанги  ғайр.

Фарҳанги ғайр тавассути афкори афрод ба андешаи  иҷтимоӣ табдил меёбад. Агар ҳар як фард тафаккури танқидӣ  дошта бошад ва фарҳанги бегонаро дар коргоҳи тафаккури  худ ба арзишҳои миллӣ мувофиқ созад, онгоҳ ин фарҳанг ба  нафъи миллат истифода мешавад. Аммо агар тафаккури  инсон қобили ҳазми фарҳанги бегона набошад, онгоҳ ба

муқаллиди фарҳанги бегона табдил меёбад. (Тақлид –  пайравии ноогоҳона аз рафтору афкор ва фарҳанги бегона).

Инҳисори (изоляция) фарҳангӣ. Кишварҳое вуҷуд доранд,  ки барои ҳамроҳ нашудан ба раванди ҷаҳонишавӣ фарҳанги  миллии худро дар инҳисор қарор додаанд. Яъне  намегузоранд, ки фарҳанги беруна ба фарҳанги миллии онҳо  таъсир расонад. Аммо чунин тарзи кор ба манфиати миллӣ  нахоҳад буд, зеро фарҳангҳо танҳо ҳангоми таъсири мутақобила рушд менамоянд.

Раванди Ҷаҳонишавӣ ҳам ҷанбаи мусбат ва ҳам манфӣ  дорад. Манфӣ аз он ҷиҳат, ки агар аз ин раванд дарканор  монем, ё барои истиқболи фарҳангҳои ҷаҳонӣ омода   набошем, онгоҳ ин раванд бар зарари мо меанҷомад. Аммо  агар дар баробари равандҳои ҷаҳонишавӣ устувории фарҳангиро нишон диҳем, он ба манфиати мо хоҳад буд.

#

О Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.ru

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.