Проблемаи нигаҳдошти фарҳанги миллӣ

 

Гоҳе ба таври ошкор ва гоҳе пинҳонӣ ҳолатҳое ба амал  меоянд, ки зери шиори демократикунонии фарҳанги ҷаҳонӣ,  фарҳангҳои миллӣ аз анъана, аҳамият ва маънои худ,  маҳрум мегарданд. Оё дар баробари фарҳангҳои пурқудрати  Ғарб фарҳангҳои миллии мамлакатҳои Шарқ устуворӣ нишон  дода метавонанд? Фарҳанг танҳо дар замоне устувор мемонад, ки соҳибони он аз фарҳанги худдӣ огоҳ бошанд. Огоҳӣ аз фарҳанги худдӣ танҳо дар заминаи дониши баланд  доштан ва ба талаботи замон ҷавобгў будани он мумкин аст.  Зеро сабаб нодонӣ буд, ки дар натиҷаи он мамолики исломӣ  таи чандин садсолаҳо аз ҳаракат ба сўи пешрафту тараққиёт  боз монданд. Ва натиҷаи пешрафти мамолики Ғарбро сабаб  доноӣ аст. Аммо Ғарб илмро пеш гирифту динро канор гузошт. Шарқ бошад динро ихтиёр намуду аз илм фаромўш  кард. Натиҷа ниҳои ин шуд, ки дар Ғарб модиёт бар  маънавиёт пирўз гардид ва дар Шарқ баръакс:

Шарқ Ҳақро диду оламро надид, Ғарб дар олам хазид аз Ҳақ рамид.1

Вале чун ба таълимоти донишмандони гузаштаамон  назар афканем, маълум мегардад, ки онҳо илму динро бо ҳам  тавъам дониста, байнашон фосилаеро нагузоштаанд. Илму  дин ду чизи аслии ҳаёти инсонанд, ки дар ҳар давру замон ва  дар ҳар ҷо бояд бо ҳам бошанд. Ҳар гоҳ, ки якеро асоси  зиндагии худ интихоб намуда, бо дигаре беэътино шавем, ҷомеа ба нокомӣ рўбарў мешавад, ки мисоли барҷастаи он  таърихи муосири мамолики Шарқу Ғарб шуда метавонад. Имрўз Ғарб ҳарчанд тавассути илм ба комёбиҳои моддӣ ноил  гашта, аз ҷиҳати моддӣ бениёз бошад ҳам, аммо чун баробарӣ  ва муозинаро байни илму дин вайрон кардааст, дучори  бўҳрони ахлоқӣ шудааст. Шарқи исломӣ низ чун мувозинаро  байни илму дин вайрон намуда, динро паногоҳи худ қарор додаю ба илм беэътиноӣ нишон медиҳад, аз ин рў имрўз аз ҷиҳати моддӣ ниёзманди Ғарб гардидаст. Хатари он низ вуҷуд дорад, ки арзишҳои ахлоқии мо тоби фишори ниёзҳои  моддии моро наёварда, ҷомеаи моро тарк кунанд. Шояд  тавассути муносибатҳо иқтисодӣ унсурҳои маънавии ба  фарҳанги миллию мазҳабии мо бегона, сарҳади маънавии ҷомеаи моро рахна намуда, вориди иҷтимоъ гарданд. Чи  бояд кард, ки то ин унсурҳо вориди ҷомеаи мо нагарданд?

Албатта изолятсияи фарҳангӣ бар зарари ҷомеа аст. Ба  андешаи мо барои ин ду роҳ вуҷуд дорад. Аввал ин ки сатҳи  дониш ва назарияи интиқодии ҳар фарди иҷтимоъ бояд дар  сатҳи баланд бошад. Чунки ҳар як навоварӣ ва дигаргунӣ  тавассути фард вориди иҷтимоъ мегардад. Пас, ҳангоми  рўбарўшавӣ бо фарҳангҳо истиқлолияти фикрӣ ва назарияи  интиқодии устувор доштани фард омили зарурӣ аст. Вақте инсон истиқлолияти фикриро аз даст дода, байни неку бад,  зишту зебо дурусту ботил тафовут гузошта натавонад, ба  воситаи амалу фаъолияти ў фарҳанги бегона, бо тамоми  ҷузъиёташ вориди иҷтимоъ мегардад. Барои пурзўр шудани  назарияи интиқодӣ пеш аз ҳама шахс бояд аз фарҳанги худдӣ   бохабар бошад.

Бо афкори интиқодӣ ба пешвози фарҳанги ғайр баромадан ва онро дар коргоҳи тафаккур ба табиати миллию  динӣ созгор намудан, вазифаи ҳар фарди ҷомеа аст. Маълум  аст, ки бидуни афкори танқидӣ инсон ба муқаллиди фарҳанги  ғайр табдил меёбад. Аммо тақлид ба фарҳанги ғайр сабаби  нобудии фарҳанги худӣ мегардад. Мутафаккирони мо ҳамеша  таълим медоданд, ки аз тақлиди ноогоҳона бояд дурӣ ҷуст:

Халқро тақлидашон бар бод дод,

Эй дусад лаънат бар ин тақлид бод (Румӣ).

 

Ё ки Муҳаммад Иқбол мегўяд: «Мисли оина машав маҳви ҷамоли дигарон». Дар раванди ҷаҳонишавӣ низ тақлиди  ноогоҳона аз фарҳанги ғайр, барои фарҳанги миллӣ хатар  эҷод менамояд.  Сониян, дар мамолики исломӣ байни иҷтимоъ ва  адабиёт(чи илмӣ ва чи адабӣ) ҳамбастагие вуҷуд надорад.  Яъне адабиёт аз иҷтимоъ ақиб монда, ба раванди он таъсир  расонда наметавонад. Байни иҷтимоъ ва матни асар бояд  таъсири мутақобилае вуҷуд дошта бошад. Равандҳои  иҷтимоъ боиси офариниши асарҳои илмию адабӣ гашта, дар  навбати худ матни асар ба раванди иҷтимоъ таъсир расонда,  онро ҳамеша ба андешаи миллӣ мувофиқ созаду аз унсурҳои  барои ахлоқи миллию динӣ бегона, тоза нигаҳ дошта, ба  талаботи замон ҳамоҳанг созад. Агар иҷтимоъ ва адабиёт  вобастаи ҳам набуда, ҳар яке ба пои худ мустақил бошад,  меъёрҳои иҷтимоии бегона дар нусхаи асли худ оҳиста- оҳиста ҷойгузини меъёрҳои иҷтимои худдӣ мегардад.  Пайванд бо анъана ва фарҳанги худдӣ гусаста мегардад.  Матни адабиёт бошад чун як чизи нолозим ва барои иҷтимоъ  бегона, боқӣ мемонад. Уламо ва удабо ҳамеша бояд ин ҳамбастагиро нигоҳ доранд. Аммо ин ҳамбастагӣ ба нафъи  ҷомеа бошад, на бар зарари он.

Яке аз унсурҳои аслии фарҳангӣ дар Шарқи исломӣ шеър буд. Шеър воситае буд, ки тавассути он донишмандон  ҳам андешаи илмӣ баён мекарданду ҳам фарҳанги исломиро  тарғиб менамуданд. Шеър ҳам барои тарбияи афкори мардум  ва ҳам барои ҳифзи фарҳанги худдӣ хизмат мекард. Имрўз  шеъру шоирӣ ин рисолатро аз даст доданд. Сабаб ин аст, ки  шеър аз ҳикмат ва аз илми муосир дурӣ ҷустааст.  Солҳои 60-уми асри гузашта дар адабиёти Афғонистон  шоироне ба арсаи адабиёт омаданд, ки маҷрои шеърро дигар  намуданд, яъне онро аз ҳолати карахтӣ берун кашиданд. М.  Тарзи шеърро ба фарҳанги муосир пайванд дода, истилоҳоти  зиёди муосирро, ки дар он давр нав пайдо шуда буданд, истифода намуд. Монанди: телефон, телеграф, барқ, самолёт, зуғолсанг ва ғайра. Бо ин ў мардумро бо илму тамаддуни  муосир ошно намуд. Шоиқ Ҷамол низ шоиронро ба он даъват  намуд, ки шеърро аз ҳолати карахтӣ бадар намуда, бо  тамаддуни навин пайванд диҳанд:

 

Дигарон тайёраву болуну мотур сохтанд,

З-оташи атум шуре дар ҷаҳон андохтанд…

То кай эй дил васфи зулфи хубруён мекунӣ,

Фикри мардумро чаро охир парешон мекунӣ?

 

Дар он давра шеърҳое пайдо шуданд, ки барои дигар кардани афкори иҷтимоӣ равона шуда буданд. Аммо пеш аз ҳама Мухаммад Иқбол, ҳануз дар ибтидои асри 20, аз  суханварон тақозо намуд, ки сухан бояд аз афкори афроди иҷтимоъ баландтар бошад, на бо он ҳамоҳанг, то дар шуури  омма таъғироте ба вуҷуд ояд:

Ғазал он гў, ки фитрат сози худро парда гардонад,

Чи бошад з-он ғазалхонӣ, ки бо фитрат ҳамоҳанг аст.2.М. Иқбол.

Рисолати иҷтимоии уламо ва удабои давр ин аст, ки  пардаи сози андешаи оммаро дигар созанд. Ҳамоҳангӣ бо  фитрати омма, дигар ба нафъи ҷомеа нест. Ҷомеаро бояд ба  истиқболи фарҳанги ғайр, ки ҳар рўз сарҳади иҷтимоъро   шикаста вориди ҷомеаи мо мегардад, омода намуд. Имрўз   фарҳанги мо танҳо ба анъана такя намуда, навоварӣ дар он  ба чашм намерасад. Агар ҳол чунин бошад, оё фарҳанги миллии исломии кишвархои мусулмон қудрат ва тавони онро  доранд, ки дар баробари фарҳанги пурқудрати Ғарб устувор   ва побарҷо бимонад? Таърих исбот кардаст, ки фарҳанг танҳо замоне устувор мемонад, ки соҳибони он такя бар гузашта  дошта, навовар низ бошанд. Дар сурати танҳо ба анъанаву   таърих такя кардан, ҳангоми бархурд бо фарҳанги ҷадид, ба  мағлубият дучор мешавад. Зеро фарҳанги иҷтимоъ низ  монанди табиат чизи зинда буда, хамеша бояд дар ҳаракату  инкишоф бошад.  Ҳифзи фарҳанги худдию истиқбол аз фарҳанги ғайр ва  ҳамчунин синтези онҳо, аз сатҳи донишу ҷаҳонбинии  соҳибони фарҳанг вобаста аст.

#
test

Добавить комментарий