Фарҳанги ибтидоӣ. Фарҳанги Мисри қадим ва Байнаннаҳрайн

 

Фарҳанги ҷомеаи ибтидоӣ аз нигоҳи замонӣ марҳилаи тўлониро фарогир мебошад ва шояд давраи аз ҳама камомўхтаи фарҳанги ҷаҳонӣ ба шумор равад. Фарҳанги  ибтидоӣ ё архаистӣ зиёда аз 30 ҳазор сол умр дорад.

Заминаи пайдоиш. Зери мафҳуми фарҳанги ибтидоӣ чун анъана фарҳанги архаистие фаҳмида мешавад, ки тавсифгари   эътиқодот, анъана ва санъати мардуме, ки зиёда аз 30 ҳазор  сол пеш зиндагӣ намуда, кайҳо аз байн рафтанд, ё он  мардуме, ки то ҳозир мавҷуданд ва ва усули ҳаёти ибтдоиро  дар шакли том ҳифз намудаанд, дар назар дошта мешавад.  Фарҳанги ибтидоӣ ғолибан санъати асри сангиро дар бар  мегирад.

Фарҳанги ибтидоӣ. Санъати ибтидоӣ- санъати даврони ҷомеаи ибтидоӣ мебошад. Он дар давраи палеолит қариб 33  ҳазор сол пеш аз эраи мо ба вуҷуд омада, ифодакунандаи  мафкура, шароит ва тарзи ҳаёти шикорчиёни ибтидоӣ (манзилҳои оддӣ, тасвири рўи сангии ҳайвонот) мебошад. Дар  давраҳои неолит, эниеолит, асри биринҷӣ аз они қабилаҳои  Миср, Ҳинд, Осиёи миёна ва Осиёи хурд, Чин, Урупои ҷанубӣ   ва ҷануби шарқӣ санъате ба вуҷуд омад, ки бо асотири  зироаткорӣ алоқаманд буд. Аз они шикорчиён ва моҳигирони  шимолӣ тасвироти рўисангӣ, шаклҳои реалистии ҳайвонот  вуҷуд доштанд. Санъати ибтидоӣ фақат як қисми фарҳанги  ибтидоӣ мебошад, ба ғайр аз санъат ба он эътиқодоти динӣ ва  парастишҳо, анъанаҳо ва расму оинҳо дохил мегарданд.  Пайдоиши воқеии санъати антропологиро ба пайдоиши homo  sapiens, алоқаманд медонанд, ки онро ба таври дигар одами   корманонӣ меноманд. Корманонҳо (аз рўи макони аввалин

бозёфти боқимондаи ҷасадҳои онҳо-ғори Кро-Манон дар ҷануби Франсия чунин ном гирифтаанд ) аз 40 то 35 ҳазор  сол пеш ба вуҷуд омада, одамони дорои қади баланд (1,70-1,80 м) ва ҷисми қавӣ будаанд. Онҳо барои ҳодисаҳои  гуногуни ҳаёт ҳаргуна яроқҳоро устокорона тайёр мекарданд:  найзаҳои нугтез, кордҳои сангӣ, табар ва ғ.

Инқилоби неолитӣ. Инкишофи бештари фарҳанг баъди  инқилоби неолитӣ суръат мегирад. Коркарди замин дар  давраи неолитӣ ва маҳорати парвариши растаниҳо шароитро барои инкишофи ҷамъият муҳаё намуд, ки он барои  пайдоиши аввалин тамаддун (3 ҳазораи то милод) оварда расонд. Гирифтани маҳсулоти изофавӣ, пайдоиши намудҳои  нави олоти меҳнат ва сохтимони бошишгоҳои муқимӣ  инсонро нисбатан аз муҳити атроф мустақил намуд. Корам  кардани растаниҳои ёбоӣ ва ром кардани ҳайвонот-ду  музаффарияти муҳими хоҷагидории инқилоби неолитӣ ба  шумор мераванд. Аммо асосан пайдоиши тамаддуни шаҳрӣ  ва хатро комёбии муҳимӣ фарҳангӣ ҳисоб кардан мумкин аст.  Дар давраи инқилоби неолитӣ, ки қариб 7 ҳазорсол идома  дошт, асоси моддӣ ва маънавии фарҳанги Байнаннаҳрайн, Миср, Чин, Эрон, Япония ва Амрикои қадим гузошта шуд.

Таъғироти бунёдии ҷанбаи моддӣ, бадеӣ ва динии мардум баъди пайдоиши хат дар Байнаннаҳрайн ва Миср дар ҳазораи  3 то милод, ба амал омад. Инқилоби неолитӣ бо ғалабаи  олоти оҳанин бар сангӣ, заминдорӣ бар ҷамоварӣ, тарзи  зиндагии бумӣ бар кучманчигӣ, падарсолорӣ бар  модарсолорӣ, инчунин тақсими фарҳанг ба моддӣ ва маънавӣ, пайдоиши давлат, тамаддуни шаҳрӣ ва меморӣ, хат,  бунёдгузории сохтори иҷтимоӣ ва ташкили қабати иҷтимоӣ-  синфӣ ба охир мерасад.

Модарсолорӣ ва падарсолорӣ. Масканҳои шикорчиёни  асри санг ба тадриҷ ба деҳаҳои заминдорон- шакли нави  деҳаҳо, ки дар қисматҳои гуногуни курраи замин афзоиш  меёфтанд, табдил мегардиданд. Дар Байнаннаҳрайн  шоҳигарӣ дар гирди шаҳрҳои шумерӣ, ки маркази онҳо маъбадҳо буданд ташаккул меёфт. Коҳинон дар ин ҷо  натанҳо фаъолиятҳои диниро назорат мекарданд, балки ҳаёти  хоҷагидорӣ, ташкили парвариши растаниҳо ва анборҳои  асосии ғалларо низ назорат мекарданд. Мансубияти амалии  ҳамаи заминҳои шаҳр ба фармонравои маҳаллӣ ва тобеияти  ҳамаҷонибаи умури хоҷагӣ ва фарҳангӣ ба маъбад, ба  коҳинон иҷозат медоданд, ки шоҳро ҳамчун ноиби Худо дар рўи замин муаррифӣ намоянд. Таъғироти бунёдӣ дар давраи неолит натанҳо ба шаклҳои хоҷагидорӣ, балки ба дин низ, ки бешубҳа дар санъат таҷассум меёфт, таъсир расонд. Дар  динҳои бутпарастӣ ду намуд дини асосии мутафоввут ташаккул меёфтанд. Чупонҳои кучманчӣ ба мабдаи мардона-  худо, ки дар қувваи ҳайвони нар, бештар дар образи гови нар таҷассум меёфт, ибодат мекарданд. Онҳо аз як чарогоҳ ба  чарогоҳи дигар мегузаштанд. Аммо ҷои ягонаи доимии онҳо мазор (қабристон) буд, ки онро бо аломати шартӣ ифода  мекарданд. Онҳо руҳи гузаштагонро низ парастиш мекарданд. Заминдорҳо бошанд баръакс дорои маскани  доимӣ буданд, замин ва ҳайвонот бойгарии онҳоро ташкил  медоданд. Хона, оташдон, тухм ва замини пурнеъмати  ҳозилхез дар образи зан таҷассум меёфтанд. Баҷои эътиқод ба  Худо-мард тасаввурот оиди модари бузург ба вуҷуд омад.

Дар Байнаннаҳрайн ин Иннин-Иштар, дар Миср- Исида буд. Ҳайкалчаи Модари бузург дар манзилҳои ҳамаи заминдорон  мавҷуд буд. Аммо бо андозаи инкишофи минбаъдаи худ  ҳамаи тамаддунҳои шарқи қадим дар фарҳанг аз ибдои  занона дур шудаанд. Онро ибдои мардона танг намуд.

Мафҳуми падарсолориро антропологҳо бо тамаддуни шарқи  қадими давраи баркамол алоқаманд медонанд. Даврони  падарсолорӣ замони бунёдгузории ҷомеаи ибтидоӣ ва  ташаккули давлатҳои аввалин аст. Бо ибораи дигар мафҳуми   давлат ва мафҳуми падарсолорӣ чунон бо ҳам алоқаманд  мебошанд, ки онҳоро аз ҳам ҷудо намудан ғайри имкон аст.

Санъати ибтидоӣ фақат қисмате аз фарҳанги ибтидоӣ  мебошад.

Фарҳанги Мисри қадим. Яке аз куҳантарин тамаддун  тамаддуни Мисри қадим ба шумор меравад. Масканҳои  заминдорон дар резишгоҳи Нил тақрибан соли 4200 то эраи  мо бавуҷуд омаданд. Маскунони ин ҷо ба парвариши ҳайвонот аз қабили хук, гов, гусфанду буз ва зироатҳои гандуму ҷав машғул буданд. Тақрибан соли 3100 пеш аз эраи мо ду шоҳигарии калон: Мисри поёнӣ (минтақаи резишгоҳи  Нил) ва Мисри болоӣ (води Нил аз резишгоҳ то Илифонтин)  ба вуҷуд омаданд. Дар тафовут аз Байнаннаҳрайн, ки дар он  ҷо офати табиии пешгуинашуда ба амал меомад, мисриҳо  бошанд ба обхезии мунтаззамиНил одат карда будан. Низоми  табиӣ ба инкишофи тамаддуни мисрӣ таъсири амиқ гузошт.

Аз моҳи июн дар маҷрои болоӣ сатҳи об зиёд мешуд. Вақте ки об паст мефуромад, мардум ба саҳроҳо баргашта, қитаҳоро чен карда, гандум мекориданд. Дар моҳи май бошад ҳосил  мебардоштанд. Оби Нил дар обанборҳои калон нигоҳ дошта  мешуд, аз он ҷо онро ба воситаи шабакаҳои канал ба саҳроҳо  равона мекарданд. Барои пешгўӣ кардани обхезӣ тақвими  боэътимод тартиб дода шуд. Тақвими мисриҳо аз 365 руз  иборат буд. Тартиби тақвим аз инкишофи баланди  ситорашиносии Миср шаҳодат медиҳад. Вобаста будан аз  Нил ташкили муназзами ҳаёти иҷтимоиро талаб мекард.  Обанборҳо ва каналҳо муназзам сохта гардида, дарҳолати  хуб нигаҳдорӣ мешуданд. Тақсимоти замин ва ҳуқуқи молики  об будан, сохтори идоракунии мураттабро талаб мекард.

Мансабдорҳои зиёди фиръавнҳо иҷроиши корҳои зиёди  зарурӣ, ки ҳосили фаровонро кафолат медод, таъмин  мекарданд. Ба ҷуз ин Нил роҳи бисёр хуби иттилоотӣ буд, ки  ба марказонидан ва мутаҳидшавии давлат мусоидат мекард.  Дарё инчунин кашонидани ҳаргуна молҳо ва сангҳои  сохтимониро осон мегардонд

Фарҳанги Байнаннаҳрайн. Байнаннаҳрайн заминеро  меноманд, ки байни дарёҳои Даҷла ва Фурот ҷойгир буда,  чун Миср дар он ҷо низ фарҳанги пурғановат ташаккул ёфта  буд. Аммо бо тафовут аз водии Нил, ки дар он ҷо дар тули се  ҳазор сол фақат як халқ зиндагӣ мекард ва як давлати Миср  мавҷуд буд, дар ин ҷо чандин халқҳо ва давлатҳо иваз

гардиданд. Дар водии байни Даҷла ва Фуррот маскуншавӣ  тақрибан соли 5000 то эраи мо ба вуҷуд омад. Ба воситаи  иншооти обёрӣ мардум ин заминро ба замини ҳосилхез  табдил доданд. Ин давраи табаддулоти инқилобӣ дар  таърихи инсоният буд. Зеро аз сатҳи кишоварзӣ, то ба

сохтани фарҳанги шаҳрӣ ва ташкил намудани давлат  расиданд. Дар қаламрави Байнаннаҳрайн (қаламрави Ирқи  ҳозира) дар тули се ҳазора се фарҳанги бузург ташаккул  ёфтанд:

 Шумерӣ ва Аккодӣ;

 Бобулӣ;

 Суриёнӣ.

#
add

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте как обрабатываются ваши данные комментариев.