Фарҳанги олами атиқа

 

Мафҳуми «олами атиқа» аз тарафи гуманистони италиявӣ дар асри XV барои ифода намудани фарҳанги  Юунон ва Рими қадим, ки кўшиши эҳё намудани онро  мекарданд, ҷорӣ гардид. Фарҳанги атиқа асоси тамаддуни  Урупо гардид. Худи фарҳанги атиқа бошад, дар навбати худ

зери таъсири дастовардҳои фарҳангии тамаддунҳои нисбатан  қадимтар ташаккул ёфта буд.

Давраи то классикӣ.Давраи оғозини фарҳанги атиқа бо  ташаккул ва нашунамои фарҳанги крито-микенӣ алоқаманд аст. Он дар давраи бринҷӣ нашъунамо ёфт (тақрибан 2800- 1100 п.а.м.). Маркази марҳилаи ибтидоии атиқа ҷазираи Крит буд, аммо баъдтар он қисмати қитъаи юунонӣ, ки дар он  шаҳри Микен воқеъ аст, маркази он мегардад. Дар маҷмўъ фарҳанги ин давраро (тақ. асри XV п.а.м.) крито-микенӣ  меноманд.

Давраи классикӣ.Нашъунамои бештарро фарҳанги  Юунони қадим дар давраи классикӣ (480-323 п.а.м.) ба даст  овард. Он бо номи Перикла, Ксенофон, Демокрит, Суқрот,  Афлотун, Арасту ва ғ. алоқаманд мебошад.  Дар ин давра санъати ҳайкалтарошӣхело ривоҷ меёбад.  Фидий, Мирон, Поликлет ва Праксител шўҳрати  ҳайкалтарошии давраи классикиро баланд мебардоранд.  Расомию нақошӣ низ ривоҷу равнақ меёбанд. Махсусан  дастовардҳо дар соҳаи адабиёт- эҷоди жанрҳои фоҷиа ва  мазҳака хело олӣ ба ҳисоб мераванд  Дар асри V п.а.м. таърихнигории Юунон ташаккул  меёбад. Геродот (484-425 п.а.м.) мулаққаб ба «падари таърих»  асари «Таърих»-ро иншо мекунад, ки сюжети асосии онро  ҷангҳои юнону форс, таърихи давлати Ҳахоманишинҳо, Миср  ва ғ. ташкил медиҳад. Аввалин маротиба тасвири муназзами ҳаёт ва рўзгори скифҳо дар ин асар омадааст. Бузургтарин таърихнигори атиқа Фукдид (460-400 п.а.м.) дар асари худ

аввалин маротиба методи илмӣ-интиқодиро ба кор мебарад.  Кўшиш мекунад, ки сабаби алоқаи ҳодисаҳоро кушояд ва ҳамзамон барои инкишофи донишҳои сиёсӣ мусоидат  менамояд.

Демокрит (тақ. 470 ё 460 п.а.м.), яке аз асосгузорони атомистикаи атиқа, аз падари худ мерос гирифта онро  ҳангоми сафарҳои худ сарф менамояд. Чунин рафтор гуноҳи  вазинин ба ҳисоб мерафт ва ҷазои сахтро талаб мекард. Аммо  Демокрит дар суд сухани эътимоднок баён намуд ва исбот  кард, ки дар натиҷаи сафар ў китоби ҷиддиеро таълиф

намудааст. Юнониҳо бегуноҳии файласуфро, ки барои  таҳқиқоти илмӣ ба сафар баромад, эътироф намуданд.  Дар асри IV п.а.м. фалсафаи атиқа ба шаҳомати  бемонанди худ мерасад. Се файласуфи бузург онро шўҳратёр мекунанд: Суқрот, Афлотун, Арасту.  Суқрот (тақ. 470—399 п.а.м.) яке аз бузургтарин  файласуфони атиқа ба ҳисоб меравад. Ўро барои «бунёди  худоёни нав» ва «гумроҳ намудани ҷавонон» гунаҳгор меҳисобанд ва ба ў ҳукми қатлро раво мебинанд (заҳри цикутаро менушад). Суқрот таълимоти худро шифоҳӣ баён  мекунад. Таълимоти ўро аз руи асарҳои шогирдони ў- Ксенофон ва Афлотун муайян кардаанд. Мақсади фалсафаи ў  дар худшиносии инсон ҳамчун роҳи асосии ба даст овардани неъмати ҳақиқӣ ифода меёбад.

Афлотун (427—347 п.а.м.) шогирди Суқрот ба шумор  меравад. Баъди марги устодаш мактаби худ- Академияро дар  Афина ташкил менамояд. Афлотун талим медод, ки идеяҳо  доимӣ ва таъғирнопазир мебошанд, аммо ашёи тавассути  ҳиссёт маърифатшаванда таъғирёбанда ва гузаранда  мебошанд. Давлати идеалӣ иборат аст аз се табақа –фармонравоён-ҳокимон, ҷанговарон ва амалдорон, кишоварзон ва ҳунармандон. Афлотун диалектикаро  фаъолона инкишоф дода, барои инкишофи неоплотонизм  тарҳи зинаҳои асосии ҳастиро муайян намуд. Ба қалами   Афлотун чунин асарҳоро нисбат медиҳан: «Ҳимоя аз  Суқрот», «Федон», «Пир», «Давлат», «Теэтет», «Парменид»,  «Софист», «Тимей» ва ғ.  Шогирди Афлотун Арасту (384 — 322 п.а.м.) дар ҳақиқат ҳам энсеклопедист ба шумор меравад. Дар соли 335 п.а.м.  Арасту Ликей, ё мактаби машоъияро бунёд мегузорад. Ў  мураббии Искандари Мақдунӣ буд. Таълифоти ў илмҳои  гуногунро дар бар мегирад: сиёсат, биология, физика,  механика, математика ва ғ. «Фалсафаи аввал» (баъдтар онро   метафизика номиданд) аз таълимот оиди усулҳои асосии ҳастӣ – шакл ва модда, сабаб ва мақсад иборат мебошад.  Манбаи ҳаракат ва ҳастии таъғирнаёбанда ақли абадӣ ва  номутаҳаррик ба ҳисоб меравад. Усули бунёдии этикаи  Арастуро- рафтори боақлона ташкил медиҳад. Инсон дар  таълимоти мутафаккир чун мавҷуди иҷтимоӣ шинохта шудааст.

Ба андешаи Арасту моҳияти санъат –тақлид, мақсади  фоҷеа-тоза кардани рўҳ мебошад. Эҷодиёти асосӣ:  «Органон», «Метафизика», «Физика», «Оиди пайдоиши  ҳайвонот», «Оиди рўҳ», «Ахлоқ», «Сиёсат», «Риторика»,  «Поэтика».

Дар ин давра риторика-илм оиди санъати суханварӣ ба  авҷи аъло мерасад.

Фарҳанги Рими қадим. Барои ташаккули фарҳанги Рими  қадим арзишҳои бадеӣ ва анъанаҳои ду фарҳанги бузурги  олами атиқа: этрускҳо ва юнониҳо таъсир расониданд.  Таъсири юнониҳо аз асри III п.а.м. баъди забти  мустамликаҳои юунонӣ дар ҷануби Италия оғоз гардид. Тарҷумаи «Одисей» ба забони лотинӣ барои назми римӣ   шароитро муҳаё намуд. Аммо сарчашмаи илҳом барои  шоирон эҷодиёти шифоҳии мардум буд. Таърихи Рими қадимро одатан ба се давра тақсимбандӣ мекунанд:  Подшоҳӣ (VIII —оғози асри VI то милод);  Ҷумҳуриявӣ (солҳои 510/509 — 30/27 то милод); Давраи империя (30/27 п.а.м.— 476 милодӣ). Фарҳанги Рими қадим роҳи душворро паси сар намуда,  анъанаҳои халқҳои гуногун ва давраҳои гуногуни таърихиро ба худ гирифтааст. Ин фарҳанг ба олам намунаҳои беҳтарини санъати ҳарбӣ, сохтори давлатдорӣ, шаҳрсозӣ ва ғайраро  додаст.

#
add

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте как обрабатываются ваши данные комментариев.