Фарҳанги асрҳои миёна

 

Одатан асрҳои миёнаро дар таърихи Урупо, ки аз аср V  то асри XIV давом дошт, марҳилаи махсус меноманд. Ин  марҳила аз замони империяи Рим соли 476 давом карда, бо  оғози давраи Эҳё- охири асри XIV ба охир мерасад. Давраи  асрҳои миёна дар навбати худ ба ду марҳила ҷудо мегардад:  ибтидоӣ (V-X) ва интиҳоӣ (XI-XIV).  Истилоҳи «асрҳои миёна» соли 1667 аз тарафи  таърихнигори олмонӣ Горн дар илм ҷорӣ гардида, марҳилаи   байни замонҳои Атиқа ва Эҳёро ифода мекунад. Ин марҳила  тақрибан 1000 солро дар бар гирифта, хусусияти хоси худро  доро мебошад.

Калиссои насрония барои Урупои асрҳои миёна аз  Империяи Рим мерос монда буд. Насрония дар ибтидо  ҳамчун дини кишоварзони камбағал ва ғуломон дар асри I  милодӣ ба вуҷуд омад. Ба тадриҷ хусусияти худро таъғир  дода, дар асри IV милодӣ бошад, ба дини расмии давлатӣ  табдил меёбад. Тафовути асосии насрония аз адёни  пешгузаштаи юунониҳо ва римиҳо дар дини тавҳидӣ  (монотеистӣ) будани он ифода мегардид. Дини тавҳидии  насрония нисбати динҳои гузаштаи полетеистӣ, тавонист, ки  қавмҳои зиёди гуногунро бо ҳам муттаҳид намояд. Дере  нагузашта насрония дар империяи Рим дини ҳукмрон мегардад, калиссо бошад, ба қувваи бузурги иқтисодӣ, сиёсӣ,  ва идеологӣ мубаддал мегардад. Табдил ёфтани насрония ба  дини ҳукмрон ва калиссои насрония ба хизматгори  ҳокимияти давлатӣ (баъдтар ба ташкилоти давлатӣ), байни диндорон рахна ба вуҷуд овард. Хусусияти асосии тамоми  марҳилаҳои асрҳои миёна дар он ифода мегардид, ки ба ҳамаи ҳаракатҳои иҷтимоӣ шакли динӣ медоданд.  Ибтидо аз соли 325 калиссои насрония барои ҳали масъалаҳои нисбатан муҳими динӣ ва мубориза бо бидъат  ҷамомади олии рўҳониёнро (собор) даъват мекарданд, ки дар онҳо намояндаҳои калиссоҳои маҳаллӣ ширкат меварзидан.

Дар ҷамомади якум дар Никен соли 325 масъалаи паҳншавии  «бидъат» дар музофоти шарқии империяи арианӣ муҳокима  гардид. Ариан, ки аз тарафи рўҳонӣ Ари бунёд ёфта буд,  табиати илоҳии шахси дуюми «салосаи муқадас»  («Худопадар, Худописар, Рўҳ-ул-қудс»)-Исоро инкор мекард.

Инчунин муқаддасоти калиссои насрония низ зери шубҳа  қарор гирифта, моҳияти даъвои ў барои ҳокимият беасос  дониста шуд.  Қоидаҳои асосии таълимоти насрония аз тарафи  намояндагони патристика («падарони калиссо») дар асрҳои II-VIII тартиб дода шуданд. То замони мо онҳо ҳамчун  санадҳои баҳснопазир дар масълаи эътиқод мавриди  истифода қарор доранд. Намояндаҳои машҳури патристика инҳо ба ҳисоб мераванд: Тертуллиан, Клименти Александрӣ,  Василии Бузург, Августин Аврелий (мулақаб ба Августини  Муқаддас) ва Иоанн Дамаскин.  Дар асрҳои миёна дин ҳамаи соҳаҳои фаъолияти инсонро зери тасарруфи худ даровард, калиссо тарзи тафаккур ва  тартиби муқаррарии ҳаётро ба таври ҷиддӣ назорат мекард.  Папаи Рим Урбани II аввалин юриши салибиро ба  империяи Византия ва Шарқи исломӣ эълон медорад.  Мақсади юришҳои салибӣ вазифаи холиси динӣ муаррифӣ  мешавад: аз тобеияти кофирон озод кардани «Замини  муқаддас», яъне он заминҳое, ки дар он ҷо Исо зиндагӣ ва  таблиғоти динӣ мебурд. Аммо мақсади асосӣ ишғол намудани  заминҳо, умуман дар манфиати иқтисодӣ ифода меёфт. Дар  нимаи дуюми асри XIII вақте ки юришҳои салибӣ ба охир мерасанд, дар Урупо шаҳрҳои зиёде ба вуҷуд меоянд. Дар Италияи шимолӣ шаҳрҳо-ҷумҳуриҳо: Венесия, Флоренсия ва ғ. ба вуҷуд омаданд. Давлатҳои пурқудрати миллӣ ташаккул меёбанд. Дар Англия ҳокимияти пурқудрати марказӣ дар охири асри XI, дар Франсия дар асрҳои XII-XIII пайдо мешаванд. Майли марказонидан дар Олмон ва Италия қувват мегирад. Зидият дар доираи манфиатҳои сиёсӣ ва иқтисодии

давлатҳои олами бузурги насрония ба он оварда расонд, ки дар давраи ибтидоии асрҳои миёна ташаккули ду тафсири таълимоти насрония- ғарбӣ ва шарқӣ оғоз мегардад. Роҳбари насронияи ғарбӣ папаи Рим мегардад, роҳбари насронияи

шарқӣ бошад, патриархи константинополӣ, ки қароргоҳи ў пойтахти империяи Византия (шаҳри Византия, ки баъдтар номаш Константинопол ва баъд ба Станбул таъғир дода мешавад) мегарад. Натиҷаи зиддияти зиёди таърихӣ байни ин ду тафсири дини насрония, ба тақсимоти калиссоҳо оварда мерасонад. Насрония ба ду шоха-католикӣ ва православӣ тақсим мегардад.

Илми асрҳои миёна ба усули дигар ва муносибати дигар ба олам такя мекунад, ин илм илми тафсир мебошад. Илми тафсири бо таълимоти динӣ алоқаи қавӣ дошта, теологияро ба вуҷуд овард. Дар маҷмўъ аз нуқтаи назари фалсафа, ин  давра давраи худомарказӣ (теосентризм) номида мешавад.

Донишманди динӣ Кассидор вазифаи тадқиқоти илмиро чунин шарҳ медод: «Ба ҷои он ки мағрурона навовариро ҷустуҷу намуд, беҳтар аст, ки ташнагии худро дар сарчашмаи қадим бояд шикаст».

Сатҳи маълумотнокии мардуми асрҳои миёнаи Урупо хело паст буд. Аммо дар охири давраи асрҳои миёна сатҳи  маълумотнокии мардум баландтар мегардад. Дар соли 1086 дар Балония дар асоси мактаби ҳуқуқшиносӣ, донишгоҳи  аввалини Урупо кушода мегардад. Дар соли 1160 Дар Париж, соли 1167 дар Оксфорд, соли 1209 дар Кембридже ва ғ. донишгоҳҳо кушода мешаванд. Хамин тариқ мактаби олӣ –

университет (аз лот. universitas – ҷамъ, маҷмўъ) ташаккул меёбад.

Асрҳои миёна раванди сусти инкишофи фарҳанг дар Урупо ба ҳисоб меравад. Дар ибтидои асрҳои миёна ҷомеаи феодалӣ ташаккул меёбад, ки дорои иқтисод, фарҳанг ва санъати хос мебошад. Дар охири асрҳои миёна бо зиёдшавии шаҳрҳо ибтидои бунёди иқтисодӣ, сиёсӣ ва ақидавие гузошта мешавад, ки баътар дар асоси он, дар давраи Эҳё ҷамъияти сармоядории ибтидоӣ пойдо мегардад.

#
add

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте как обрабатываются ваши данные комментариев.