Фарҳанги форсӣ-тоҷикӣ дар асрҳоимиёна

 

Ислом ҳамчун падидаи маънавӣ дар асри VII бавуҷуд омад. Анъанаҳои фарҳангии Шарқи исломии асрҳои миёна дар раванди таъсири мутақобилаи ислом ва фарҳанги кишварҳои аз тарафи мусулмонон фатҳгардида, азқабили:

Шарқи наздик ва миёна, Африкаи шимолӣ ва Урупои ҷануби ғарбӣ бавуҷуд омад. Қисмати муҳими мероси фарҳангии форсҳо, суриёниҳо, мардуми осиёи миёна инчунин мероси фарҳангии атиқаро азхуд намуда, Шарқи мусулмонӣ, аз ҷумла мардуми форс-тоҷик муваффақияти беназиреро дар соҳаи адабиёти бадеӣ, фалсафа, таърих, ҷуғрофия, математика, астрономия, тиб ва санъати нақошӣ ба даст овард. Кўшиши донистани сохтори коинот, усулҳои сохтори идеалии ҷомеа ва инкишофи мутаносиби шахсияти инсонро карда, донишмандон натанҳо донистани оламро зарурати аввалин мешуморидан, балки он чизе ки дар олам вуҷуд дорад донистанашро ҳатмӣ меҳисобиданд. Барои ҳамин доираи омўзиши донишмандони исломӣ ҳамаи илмҳои дар он замон маъмулро фаро мегирифт. Ин ба андешаҳои илмии шарқи исломӣ чунин хусусияти хос, чун энциклопедистиро медод. Донишманд (файласуф) ҳамзамон тиб, математик, ситорашинос ва инчунин шоир буд.

Астрономия — яке аз соҳаҳои илмие мебошад, ки донишмандони форс-тоҷик дар он саҳми худро ба таври арзанда гузошта буданд. Қариб дар ҳамаи шаҳрҳои азим

расадхонаҳо вуҷуд доштанд. Олимони мусулмон барои муайян намудани мавқи ситораҳо ва чен намудани масоҳати байни онҳо асбоби махсусеро мукаммал намуданд.

Бо номи риёзидони машҳур-ал-Хоразмӣ масъалаҳои зиёди матиматикие алоқаманд мебошанд, ки бе онҳо тасаввур намудани илми муосир номумкин аст. Ў аввалин шуда китоби алгебрро бо чунин ном «ал-Ҷабр вал-муқобила» таълиф менамояд. Калимаи «ал-Ҷабр» аз унвони ин китоб дар Ғарб чун «Алгебра» машҳур гардид.

Донишманди бузург Ибни Сино дар Ғарб бо номи Ависенна машҳур аст. Ин донишманд дар тамоми анъвои дониши замони худ саҳми зиёдеро гузоштааст, аммо пеш аз ҳама саҳми ў дар илми тиб ва фалсафа хело олӣ мебошад.

Китоби «Алқонун»-и ў аз асри XII то XVII ба ҳайси китоби дарсӣ дар беҳтарин донишгоҳҳои тиббии Урупо истифода мегардид. Ҷараёнҳо ва мактабҳои зиёди динӣ-фалсафӣ аз қабили машоъия, исмоилия, тасаввуф, калом ва ғ. дар ин қаламрав зуҳур намуда, андешаҳои пурқимматро баён доштанд. Барои инкишофи пулюрализми динӣ шароити васеъ фароҳам омада буд.

Аммо мутаассифона он шукўҳу шаҳомати фарҳангие, ки дар қаламрави эронинажодҳо ва умуман дар Арабу Аҷам буд, рў ба завол ниҳод. Ҳар чанд мардони бузурге барои ҳифзи ин фарҳанг аз дасти туркону муғулон таи чандин солҳо ҷонбозиҳо намуданд, вале оқибат ба шикаст дучор гардиданд.

Ин буд, ки дар асриҳои минбаъда шоирону файласуфони мо барои ҳифзи ҷони худ тарзи баёни дигареро дар шеъру ҳикмат пеш гирифтанд, то аз таъқиб амон ёбанд. Уламо мардумро ба «хос»-у «ом» ҷудо намуда, асарҳояшонро танҳо барои хосон меофариданд, ки аз фаҳми омма хело дур буданд.

Ҳаминтариқ душворгўи дар адабиёт роиҷ гардид. Байни адабиёт ва мардум фосила пайдо шуд. Омма барои дарки мафҳуми адабиёти суфиёна қодир набуд. Дар натиҷаи ин байни омма адабиёти соддаи суфиёна пайдо шуд, ки чи аз лиҳози шакл ва чи аз ҷиҳати мазмун ҷуз тақлиде аз суфияи ҳақиқӣ чизи дигаре набуд, ки онро «мутассавифаи дуруғин» ё «ирфони оддӣ» меноманд:

«Машоихи ин қавм муридон ва соликонро умре таҳти таълим мегирифтанду ба риёзату тафаккур во медоштанд ва дар маҷлисе, ки бо онҳо доштанд матолиби гуногунеро, ки василаи тарвеҳи хотир ё дастовези ташреҳи зеҳн бошад, матраҳ мекарданд. Аммо китоб надоштанд ва ба пайравони худ иҷозаи китобхонӣ намедоданд, мегуфтанд: Бишуй авроқ агар ҳамдарси моӣ, Ки илми ишқ дар дафтар набошад».

3 Ин гуна рафтори баъзе суфиён барои ҷомеа зоҳиран хатари бузургеро ба бор

меовард. Зеро омма рў ба тасаввуф оварда буд, аммо тасаввуф онро аз илму дониш дур меандохт. Шайхони мутасаввиф натанҳо муридони худро аз омўзиш манъ

мекарданд, балки ба нобуд намудани китобҳо шурўъ намуданд. Масалан Абдулқодир Ҷелонӣ матни китобҳои фалсафиро, ки барои шогирдонаш зраровар меҳисобид, шуста буд.

4 Суфиёни дигар бошанд, китобҳои пурқиматро ба дарё меандохтанд. Сабаби чунин амалашон хоббинии онҳо шуда буд.5 Бадбини нисбат ба илму китоб дар тасаввуф ба суръати анъана даромад. Касе, ки ба илму китоб сару кор дошт, аз аҳли тасаввуф ҳисоб намешуд: «Баъзе суфиён  шикастани давот ва пора кардани китобро қадами аввлин дар тасаввуф меҳисобиданд».

6 Хулоса, оҳиста- оҳиста коргоҳи тафаккури мардуми мусулмон аз равнақи пешина монд ва ба сарчашмаи бадбахтии ҷомеаи исломӣ табдил ёфт. Дигар ин «коргоҳ» қодир ба он набуд, то чизе биёфарад, ки дархури ҷомеаи муслимин бошад, балки алорағми афкори пешқадами илмӣ камин гирифт. Ҳар афкори ҷадиде, ки дар иҷтимоъ зуҳур мекард, мавриди таъқиб қарор меёфт. Масалан, Ҳаким Носири Хусрав ҳануз дар қарни XI аз он изҳори таассуф мекард, ки чигуна дар замони ў дин ва фалсафа аз ҳам ҷудо афтодаанд: «Ва касе намонд бад-ин замин, ки ёд кардем, ки

илми дини ҳакро, ки он аз натоиҷи руҳулқудс аст, бо илми офариниш, ки он аз алоиқи фалсафа аст, ҷамъ тавонист кардан, аз баҳри он, ки файласуф мар ин уламолақабонро ба манзалати сутурон ангошт ва дини исломро аз ҷаҳли эшон

хор гирифт. Ва ин уламолақабон мар файласуфро кофир гуфтанд, то на дини ҳақ монд бад-ин замин ва на фалсафа».

7 .Зиддиятҳои мазҳабӣ ҳануз аз оғози Ислом, пас аз реҳлати Расули акрам(с) сар заданд ва бо матраҳ шудани Ислом дар ақсои олам ҳамсафараш буданд. Вале агар мусулмонон таззодҳои фикриро дар мавриди ин ё он маъсалаи динӣ, чи дар асриҳои миёна ва чи имрўз, чун гуногунфарҳангӣ қабул медоштанд, Ислом на ин ки аз қофилаи тамаддуни муосир қафо мемонд, балки дар кули бахшҳои фарҳанг пешоҳанги ҷаҳониён мебуд. Аммо чун ба таърихи Ислом назар мекунем, мутаассифона аён мегардад, ки чандандеши маҳкум ва илму уламо хору залил мешуданд. Исломро муқобили улуми дунявӣ гузоштан ва оммаро алайҳи донишмандон шурондану онҳоро ба кофарию баддинӣ маҳкум намудан, чун тешае буд бар решаи дарахти фарҳанги исломӣ. Ҳаким Умари Хайём дар рисолаи «Исботи масоили ҷабр ва муқобила» бо таассуф изҳор мекунад, ки аз сабаби  нооромии авзои ҷомеа ва таъқибот бештари ақвотам беҳуда талаф гардид, бинобар ин натавонистам, ки илми худро камол бахшам.

  1. Фарҳанги Шарқи исломӣ падидаи нодир дар таърихи инсоният ба ҳисоб меравад, ки арзиши он то ҳозир қиммати назариявӣ ва амалии худро гум накардааст.
#
add

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте как обрабатываются ваши данные комментариев.