Фарҳанги давраи эҳё ва замони нав

 

Давраи нав дар инкишофи фарҳангии Урупои ғарбӣ ва марказӣ унвони Эҳёро гирифт. Ин давра давраи гузариш аз фарҳанги асрҳои миёна ба фарҳанги Замони нав мебошад.

Дар Италия вай дар асрҳои XIV— XVI ва дар мамлакатҳои дигар дар охири асрҳои XV—XVI ба вуҷуд омада буд. Дар ибтидо падидаҳои нав дар ҳаёти фарҳангии Урупо чун бозгашт ба дастовардҳои фарҳанги атиқа дар соҳаи илм, фалсафа, адабиёт, санъат ба назар мерасид. Дар асрҳои миёна низ роҳибон борҳо ба мероси атиқа рў меоварданд, аммо танҳо ба хотири он ки дар он барои дурустии догмаҳои калиссо тасдиқро пайдо намоянд. Вале дар ин давра муроҷиат ба мероси атиқа маънои дигар дошт. Маънои Эҳё дар он ифода меёфт, ки мероси атиқа бояд ба яроқи сарнагунсози қонунҳо ва догмаҳои калиссо табдил ёбад. Донишмандони Эҳё кўшиши баробар кардани инсон бо Худоро намекарданд.

Зеро инсон нисбӣ ва Худо мутлақ аст. Системаи геосентристии Питоломей аз тарафи назарияи гелиосентристии Коперник иваз мегардад. Бруно ақидаро  оиди беинтиҳоии олам баён намуд. Ў консепсияи пантеистии Худоро кор карда баромад, ки мувофиқи он Худо бо табиат дар ваҳдати доимӣ қарор доранд. Мутафаккироне, ки ба масъалаҳои иҷтимоӣ сарукор доштанд, инкишофи муносибатҳои иҷтимоиро тавассути қонунҳои табиӣ маънидод мекарданд. Масъалаҳои маърифатро баррасӣ

намуда, файласуфони давраи Эҳё байни дониш ва эътиқод (имон) тафоввути ҷиддӣ медиданд. Дар маркази ҷаҳонбинии нав инсон меистад, на Худо. Ҷои назарияи Худомарказӣ (теосентризм)-ро инсонмарказӣ (антропосентризм) мегирад.

Назари нав ба олам номи гуманизмро гирифт. Идеяи гуманистӣ дар он ифода меёфт, ки дар инсон сифатҳои  хусусии вай –ақл, қувваи эҷодӣ, ташаббускорӣ, иззати нафс, ирода, маълумот муҳимтар аз мавқеъ ва баромади иҷтимоӣ мебошанд.

Чунин шахсиятҳои барҷастаи таърихӣ мутааллиқ ба ин давра мебошанд: Леонардо, Микеланджело, Данте, Петрарка,  Шекспир, Сервантес, Бруно, Кузанӣ, Коперник ва ғайраҳо.

Барокко. Барокко (аз ит. bаrоссо- аҷоибу ғароиб) — яке аз самтҳои услубӣ дар санъати Урупои охири асри XVI — ва миёнаи асри XVIII мебошад. Он дар Италия ба вуҷуд омада, ба бештари кишварҳои урупоӣ паҳн мегардад. Тасаввуроти навро оиди олами мутағайир, таҷассум намуда, барокко ба манзараи таъсирбахш, таззоди пуртаъсир, бо ҳам мувофиқ кунондани воқеият ва тахаюлот майл пайдо мекунад.Усули барокко дар меъморӣ, адабиёт, театр, мусиқӣ таъсири амиқ расонид.

Фарҳанги Замони Нав. Замони Нав асрҳои XVII—XIX- ро дар бар гирифта, аз давраи Маорифпарварӣ оғоз меёбад.

Инқилоби саноатӣ дар Англия дар асри VIII ва инқилоби буржуазии Франсия солҳои 1789— 1794 бунёди давраи каптализмро дар Урупо гузоштанд.

Маорифпарварӣ на танҳо аз давраи таърихии инкишофи фарҳанги урупоӣ иборат мебошад, балки ҷараёни  пурқудрати идеявие аст, ки бар мақоми ҳалкунандаи ақл ва илм дар маърифати «тартиботи табиӣ», мувофиқати комили

табиати инсон ва ҷамъият, бунёд ёфта аст. Маорифпарварон чун ҳомиёни баробарии ҳама дар пеши қонун, ҳуқуқи баробар ба ҳама барои муроҷиат ба ҳокимияти олии ҳукмрон, маҳрум намудани калиссо аз ҳукумати дунявӣ, дахлнопазирии моликият, дастгирии илму техника, озодии матбуот, ислоҳоти аграрӣ ва андозгирии одилона баромад мекарданд. Асли асосии назарияи ҳамаи маорифпарваронро боварӣ ба қувваи ҳамаҷонибаи ақл ташкил медод.

Намояндагони барҷастаи фарҳанги маорифпарварӣ инҳо буданд, дар Франсия: Волтер, Ж.-Ж. Руссо, Ш. Монтеске, К.А. Гелвесий, Д. Дидро; дар Британияи кабир: Дж. Локк; дар Олмон: Г.Э. Лессинг, И.Г. Гердер, И.В. Гете, Ф. Шиллер; дар ИМА: Т. Пейн, Б. Франклин, Т. Джефферсон.

Сабкҳои бадеии даврони Маорифпарварӣ. Ба давраи Маорифпарварӣ муқобилияти ду сабки зидди ҳам- класситсизм, ки бар ратсионализм асос дошт ва романтизм, ки бунёд бар эҳсосият, сентиментализм ва ирратсионалӣ дошт, хос буд. Ба ин давра сабки сеюм- рококо, ки чун инкоркунандаи класситсизм ва барокко ба вуҷуд омад, дохил кардан мумкин аст. Класситсизм ва романтизм дар ҳама ҷо зоҳир мегардиданд, аз адабиёт то рассомӣ, ҳайкалтарошӣ ва меморӣ, аммо рококо асосан дар расомӣ ва ҳайкалтарошӣ зоҳир гардид.

Класситсизм. Класситсизм (аз лот. classicus — намунавӣ) дар асри XVII дар Франсия ба вуҷуд омада, дар асри XVIII он ба падидаи иҷтимоӣ табдил меёбад. Тасаввуротро оиди қонунмандии ақлии олам, оиди табиати олии нексириштиро

барои худ асос намуда, класситсизм барои ифодаи идеалҳои олӣ кўшиш мекард. Класитсизм кўшиш мекард, ки ҳамаро мураттаб ва ҷо ба ҷо гузорад, барои ҳама ҷой ва мақомро муайян намояд. Тасодуф нест, ки барномаи эстетики класситсизм дараҷаи жанрҳоро муайян намуд: «олӣ» (фоҷиа,  эпопея, қасида, таърих, асотир) ва «оддӣ» (ҳаҷв, мазҳака, тамсил ва ғ.). Дар дараҷаи бештар класситсизм дар фоҷиаҳои

П. Корнел, Ж. Расин ва Волтер, мазҳакаҳои Ж.Б. Молер, ҳаҷвияи Н. Буало, тамсилҳои Ж. Лафонтен, насри Ф. Ларошфуко (Франсия), дар эҷодиёти И.В. Гете ва Ф. Шиллер (Олмон), ифода ёфта аст.

Санъати рококо. Рококо дар асри XVII ба вуҷуд омада, ба сабки ҳукмрон дар асри VIII табдил меёбад. Шояд ин сабки аз ҳама махсус барои франсузҳо бошад, дар он хусусиятҳои тафаккури миллӣ, тарзи ҳаёт ва тариқи андешаронии табақаи боло ҷамъ гардидааст. Рококо — натиҷаи махсуси фарҳанги дунявӣ, пеш аз ҳама фарҳанги

дарбори шоҳ ва аристократияи Франсия мебошад. Истилоҳи «рококо», аз калимаи франсузии «рокайл» (таҳтуллафзӣ: бриллиант (алмос) ва ороишот аз садаф), дар охири асри XVIII ба вуҷуд омад.

#

О L-BRO Admin

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.