Фарҳанги урупо дар асри 19

 

Дар асри XIX ташаккулёбии ҷомеаи саноатӣ ба амал меояд. Дар асри мазкур фабрикаи хонаводагиро, ки аз оилаи мулкдор, хизматгор ва деҳқонони крепосной, ё ки оилаи ҳунарманди шаҳрӣ, коргарони кироя ва хизматгор иборат буд, саноати бузург бо садҳо ва ҳазорҳо коргар дар як корхона иваз менамояд. Соҳаҳои металлургия, энергетика, мошинсозӣ, саноати нақлиёт ва химиявӣ соҳаҳои пешрави

саноат мегарданд. Асри XIX асри шукуфоии табиатшиносии классикӣ, сохтани системаи ягонаи илм мебошад. Аввалин лабораторияҳои илмӣ-тадқиқотӣ ба вуҷуд меоянд. Сохтани   мошини буғӣ, муҳаррики дарунсуз, истифодаи барқ дар саноат, телефон, радио ба табадуллоти илмию техникӣ оварда расонд.

Асри XIX давраи дастовардҳои ҷиддӣ дар фалсафа, ки аз нигоҳи ҷараёнҳо ва мактабҳои фалсафӣ хело бой буд, гардид. Равияи аз ҳама тавоно фалсафаи классикии Олмон ба ҳисоб меравад. Фалсафаи классикии Олмон дар андешаи фалсафии башарият нақши босазое гузоштааст. Ба миён омадани чаҳор нобиға дар олами фалсафа андешаи мардумро оиди моҳияти ҳаёт ва фалсафа таъғир дода, ба самти дигаре равона намуд: Асосгузори фалсафаи классики Олмон: И. Кант (1724-1804), Фихте (1762-1814), Ф. Шеллинг (1775-1854), Г. Гегел (1770-1831). Ҳар яке аз ин файласуфони номбаршуда дорои системаи нодири фалсафӣ мебошад, ки ба тафсил ҳамаи қисматҳои дониши фалсафиро коркард кардааст. Дар инкишоф ва такмили худ фалсафаи Олмон ба қуллае расида буд, ки аз замони схоластикаи асримиёнагӣ фалсафаи Урупо ба он нарасида буд. Фалсафаи классикии Олмон ҳам чун қуллаи

баланди инкишофи фалсафаи нави урупоӣ ба ҳисоб рафта, ҳамзамон ҳамчун мунаққиди он низ баромад мекунад.

Дар фалсафаи И. Кант парастиши ақл аз нуқтаи назари маърифатӣ мавриди танқид қарор мегирад. Кант ба хулосае меояд, ки маърифати ақлӣ дорои ҳудуди муайян аст.

Дар фалсафаи Фихте бартарафсозии нисбатан ҷасуронаи методологияи объективӣ ба амал меояд: бунёди назарияи фалсафии худро Фихте аз субъект- аз «Ман»-и озод ва мухтор шурўъ мекунад. Ҳамин тариқ ин ақидаро аз субъективизми

методологии фалсафаи ғайриклассикии асри XX пештар бунёд мениҳад.

Фалсафаи классики олмонӣ дар шахсияти Шеллинг ва Гегел ба интиқоди механисизми Замони Нав мепардозанд.

Усули ноқису яктарафаи ҷаҳонбинӣ, ки дар асрҳои 17-18 пайдо шудааст ва он инкишофи табиат ва ҷамъиятро дар асоси қонунҳои шакли механикии ҳаракати материя шарҳ медиҳад.

Дар фалсафаи Гегел диди нави олам – диалектикӣ, мураттаб мегардад, ки дар асоси он инкишоф ҳам чун характери умумии модда, маърифат ва ҷамъият ба ҳисоб меравад.

Фалсафаи баъди Шеллинг аз чаҳорчубаи ратсионализми Замони Нав баромада, дар он бунёди тамоюли ирратсионалистии фалсафаи ғайриклассикӣ дар фаҳмиши инсон, озодӣ ва ҳастӣ гузошта мешавад. Фалсафаи Л. Фейербах танқиди маорифпарварии динро идома дода, лаҳзаҳои асосиро ба он дохил мекунад: ў ба таври ҷуқур ва амиқ решаҳои маърифатии динро таҳқиқ намуда, ба чунин хулосае меояд, ки дин дар моҳияти худ шакли комилан номувофиқи худшиносии инсон аст: тасаввурот оиди Худо ҳақиқтан тасаввуроти инсон дар бораи худ аст, танҳо дар шакли бегонашуда. Дар асоси ҳамин хулоса Фейербах системаи мантиқии материалистӣ- фалсафаи «материализми антропологӣ»-ро тартиб медиҳад.

К. Маркс ва Ф. Энгелс материализмро бо диалектика пайванд дода, дар фалсафа қадами инқилобиро гузоштанд.

Онҳо усули худҳаракаткунии моддаро пешниҳод намуданд. Модда аз тарафи касе ба вуҷуд наомадааст, он вуҷуди абадӣ дорад. Ҳаракат-сифати ҷудонашавандаи модда ба шумор меравад. Ҳаракат мутлақ аст, аммо оромӣ нисбӣ. Мўътақидан маркисизм дар назарияи маърифат ақидаи навро интихоб мекунад: фаҳмиши Гегелро оиди маърифат дастгирӣ намуда, марксизм ба ҳайси асоси маърифат ва меъёри ҳақиқат таҷрибаро – раванди ташаккули олам аз тарафи одам ва одам аз тарафи олам, мешуморад. Умуман, нисбат ба фалсафаҳои пешгузашта, дар марксизм инчунин

фаҳмиши вазифаи асосии фалсафа низ дигар хел аст: фалсафа натанҳо оламро маърифат мекунад, балки онро бояд дигаргун созад.

Фалсафаи ҳаёт. Намояндагони ин ҷараёни фалсафӣ Шопенгаур, Нитсше, Дилтей, Бергсон ва ғ. буданд. Ақидаи асосии ин файласуфҳо дар он асос меёбад, ки он усулҳои  маърифат, ки дар ихтиёри фалсафаи классикӣ буд, аз тарафи инҳо пазируфта нашуд. Яъне бо ақлу хирад маърифати ҳаёт номумкин аст. Ақл танҳо ба донистани шаклҳои гуногуни материяи ғайризинда қобил аст. Дар ҳаёт қонунҳои

эволютсия ва ҳаракат ҷой доранд. Аммо таъғирёбандагӣ зери ҳукми хирад намедарояд зеро хирад қобилияти мунакаскунии оромиро дорад. Дониши ратсионалӣ дар муқобили бехудӣ ва ирратсионалӣ гузошта мешавад.

Фалсафаи позитивизм. Позитивизм дар солҳои 30-40 асри XIX ба вуҷуд омада, дар инкишофи худ як чанд марҳиларо аз сар гузаронидааст:

 позитивизми классикӣ

 навпозитивистӣ

 постпозитивистӣ

Асосгузори позитивизм файласуфи франсуз О. Конт ба шумор меравад. Ў истилоҳи «позитивизм»-ро худаш дохил намуд, (дониши позитивӣ ин дониши фоидаовар, мусбӣ, ва ҳақиқӣ). Позитивизм дар дигар мамлакатҳо низ васеъ паҳн гардид. Дониши ҳақиқӣ оиди олам фақт дониши «позитивӣ» мебошад. Ба ин муносибат нақши асосӣ дар маърифати воқеият ба илм дода мешавад. Ба шакли эмпирикии тадқиқот диққати махсус дода мешавад. Ҳар як исботи илмӣ ба таври ҳатмӣ бояд аз санҷиши таҷрибавӣ гузарад.

Класситсизм. Класситсизм (азз лот. classicus – намунавӣ) –сабк дар санъати асрҳои XVII – XIX, ки ба атиқа моил буд.

Асоси фалсафии класситсизм ақидаи раёсати ақл мегардад. Гарчанде ки диққати асосиро устодони класситсизм ба мазмуни иҷтимоии эҷодиёт медоданд, таваҷҷуҳи онҳоро идеалҳои ахлоқи олӣ, тантанаи уҳдадорӣ бар эҳсос низ ҷалб мекард. Дар асоси класситсизм меъёри қатъии эстетикӣ, риояи ҳатмии қоида ва қонун меистод.

Романтизм. Дар ҳудуди асрҳои XVIII ва XIX дар Олмон ва дигар кишварҳои урупоӣ дар фарҳанги маънавӣ ва бадеӣ равияи наве ба вуҷуд меояд, ки романтизм ном мегирад. Романтизм чун аксуламали махсус бар зидди класситсизм, бар зидди ақлипарастии ў равона шуда буд. Романтизм ба утилитаризм ва модагароӣ, ки ҷомеаи буржуазӣ онҳоро ба бор меовард, қатъи робита намуд. Таблиғи ворид шудан ба олами рўё ва тахаюлӣ мекард. Романтизм муқобили ратсионализм буд, на ба муқобили гуманизм. Баръакс ў гуманизми навро месозад, пешниҳод менамояд, ки инсонро бояд бо ҳамаи ҳастии ў омўхт.

#
add

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте как обрабатываются ваши данные комментариев.