Маданият ва вазифаҳои маданиятшиносӣ

Маданият ва вазифаҳои маданиятшиносӣ

Фарҳангшиносй яке аз илмҳои ҷомеавӣ шинохта шуда, дорои хусусиятҳои хоси фалсафии худ мебошад. Илми фарҳангшиносӣ системаи донишҳо дар бораи қонунҳои табиат ва ҷамъият буда, ҳамчунин соҳаи ҷудогонаи донишҳо мебошад. Аз ин лиҳоз маданият (фарҳанг) соҳаи ҷудогонаи дониш мебошад. Аз ин ҷо бар меояд, ки маданият (фарҳанг) системаи донишҳо дар бораи қонуниятҳои зиндагӣ ва ё ҳаёти инсонй ме­бошад.

Илми фарҳангшиносй бо қонуниятҳои табиат алоқамандӣ дошта, онро олимон илми дуюми табиат ва ё илми зиндагй низ номидаанд. Чунки илми фарҳангшиносиро на барои дониш гирифтан меомӯзем, балки ин илм тамоми паҳлӯҳои ҳаёти инсониро аз оила сар карда, то муассисаҳои таълимию тарбиявй ва фаъо­лияти кормандони корҳонаҳоро дарбар мегирад. Дар раванди фаъолияти бошууронаи дигаргунсозии таби­ат ва ҷамъият ҳар як наели инсон таҷрибаи андӯхтаи ниёгонро аз бар менамояд ва дар баробари ин сарват-ҳои моддй ва маънавӣ меофарад, роҳ ва усулҳои истеҳ-соли онҳоро такмил медиҳад. Ҳамчун истилоҳи илмӣ фалсафаи маданият аз тарафи мутафаккири немис А.Мюллер истифода шудааст.

Илми фарҳангшиносй яке аз илмҳои ҷомеавй буда, таърихи хело куҳан дорад ва комёбиҳои даврахои гуногуни ҷомеаро дарбар мегирад. Омӯзиши он комёбиҳо олимони зиёдеро ба чунин хулоса оварданд, ки таълими илми фарҳангшиносиро ба роҳ монанд, то ки мардум аз комёбиҳои бузурги фарҳангию тамаддунии аҳли башар ва паҳлӯҳои ҷолибу дилпазири адабиёт, санъат, шеваи ҳунармандии халқҳои ҷаҳон баҳраманд гарданд. Дар ин маврид ҳар як фарди ҷомеа метавонад ба гузаштаи бунёдкоронаи аҷдоди хеш назар карда, суннатҳои аз байн рафтаи аҷдоди хешро барқарор на­муда, ба пешрафти фарҳангу тамаддуни ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳисса гузорад.

Бузургони илму фарҳанг Форобй, Тойнби, Э. Тэй-лор, Викко, Шпенглер, Сорокин, Бердяев, Данилев­ский, Уайт ва дигарон низ дар замони хеш аҳамияти илми фарҳангшиносиро дарк намуданд. Дар охири асри XIX ва ибтидои асри XX омӯзиши илми фарҳангшиносиро инчунин дар Аврупо ба роҳ монданд, ки он мақсад ва вазифаҳои худро дошт. Пеш аз ҳама тавассути омӯзиши он инсон дар бораи комёбиҳои фарҳангиву тамаддунии марҳилаҳои муҳими ташаккули ҳаёти худ маълумоте пайдо намуда, аз он баҳраманд гашта, ба комёбиҳои бузург ноил мегардад.

Аз ин хотир олимон омӯзиши илми фарҳангшиносиро зарур ва ҳатмӣ донистаанд, зеро тавассути он мо метавонем дар бораи олами андешаҳои кадим ва ҷадид ба дарёфти ҳақиқати фарҳангй ноил гардем. Инчунин мардум бо донишу маърифатнокй ва ҷаҳонбинии хеш мушкилотҳои иҷтимоӣ, иқтисодй ва фарҳангии ҷомеаҳоро дарк намуда, барои бартараф на-мудани он мушкилотҳо рӯ меоранд.

Модоме, ки инсон дар раванди ташаккули ҷомеавй ба комёбиҳои фарҳангиву маданй ноил гардид пас ягон фарде худ мадание тавлид наёфта, балки дар раванди ташаккули ҷомеавй хусусиятҳои маданиро аз бар менамояд ва зина ба зина онро сайқал дода, дар ҷомеа обрӯю эҳтироми худро пайдо мекунад. Дар ҷомеаи инсонӣ афроде ёфт мешаванд, ки онҳо аз рӯи рафтору кирдор, маърифатнокй ва ҷаҳонбинии худ ба пешрафти фарҳангу тамаддуни инсоният саҳми бузурге мегузоранд. Ва ё бараке шахсоне ёфт мешаванд, ки бо рафтору кирдори сатҳи пасти маърифатнокй ва ҷаҳонбинии худ ба пешрафти фарҳангу тамаддун таъ-сири манфй мерасонанд.

Аз рӯи маълумоти олимон бармеояд, ки хусуси-ятҳои маданй ва предметҳои маданият аз тарафи инсон аз давраҳои қадим то айни замон ба даст оварда шудаанд. Аз ин хотир инсон бо маданият ва маданият хоси инсон дониста шуда, фарҳанг ҳдмчун субъект инсонро ба объекта худ қарор додааст. Аз ин рӯ олимон илми фарҳангшиносиро новобаста ба илми ҷомеавӣ буданаш боз илми зиндагй ва илми дуюми табиат низ меноманд, чунки қонуниятҳои омӯзиш ва амалияи фарҳанг тамоми паҳлӯҳои ҳаёти мод-дию маънавии инсонро меомӯзад. Пайваста ба ин инсон предметҳои ғайримадании тайёри табиатро бо мақсадона истифода бурда, аз он предметҳои маданй офарида, мушкилотҳои зиндагии хешро бартараф ме­намояд.

Намояндагони зиёди илму фарҳанги Шарқу Ғарб ба монанди Рӯдакй, Фирдавсӣ, Насриддини Тӯсй, Носири Хусрав, Ибни Рушд, Абурайҳони Берунй, Муҳаммад Абунасри Форобй, Афлотун, Арасту, Тойнби, Викко, Тэйлор, Бердяев, Данилевский, Уайт ва дигарон дар маҳсули эҷодиёти худ ибораҳои гуногуни маданиро истифода бурда, оид ба илми фарҳангшиносӣ ибрози ақида намуданд. Аз он ҷумла оли-мони давраи муосир А.Кребер, К.Клакхон, Коган, Шербина, Д.Лоренс, В.Е.Рожнов ва дигарон таъриф-ҳои гуногуни маданиятро аз рӯи хусусиятҳояшон ба монанди таърифҳои тавсифй, таърихй, меъёрй, арзишй, равонй (психологи), сохторй (структуравй), гоявй, рамзй ва ғайраҳо табақабандй намудаанд.

Аз рӯи андешаҳои Ҷ. Асрориён ва Н.Сайвалиев дар миёни ин таърифҳо навиштаҳои Абӯнасри Форобй хеле ҷолибанд. Ӯ ба тафсири фалсафаи Арастую Афлотун дар асараш «Китоб-ул Мадинат-ул-фозила», «Ас-сиёсат ул-Мудуния» лоиҳаи иттиҳоди ормонии одамонро пешниҳод намудааст, ки аз рӯи он мардум дар иттиҳод дар асоси амали қонун арзи хоси зист доранд ва ҳукми қонун кафили хушиву хуррамии одамон аст. Ба андешаи Форобй шаҳри ҳақиқй бояд дар ҷои мувофиқ бунёд ёфта талаботи мардумро қонеъ намояд, миёни аҳолй ахлоқи нек ва эҳтироми якдигарро пойдор созад. Дар шаҳри намунавии Форобй ҳамаи табақаҳои мардум паҳлӯи ҳам зиндагй мекунанд, яьне мафҳуми «Маданй»дар баъзе ҳолат ба маънои Садри шаҳр Ва ё Ҳакими одилу хирадманд истифода бурда мендванд.

Аз назари А.Кребер «Маданият – кулли фаъолияти ҷамьиятии инсон аст», аз диди Г.Рейтер бошад «Ма­даният чизҳои моддӣ ва ғайри модии аз ҷониби инсон бунёд шуда» мебошад. Д.Лоренс бошад «Маданиятро рафтору кирдори ба қоидаву қонун даровардашуда медонад». То ба имрӯз зиёда аз 260 намуди таьрифи онро ба вуҷуд овардаанд, ки мазмуну моҳияти онҳо дар таърифи мушаххаси фарҳанг ҷой дода шуданд. Ин таъриф давраҳои қадим, имрӯз ва ояндаро дар бар гирифта инкорнашаванда мебошад. Хулосаи тамоми таърифотро ба тариқи зайл нишон додан мумкин аст:

Маҷмӯи (арзишҳои) дастовардҳои моддӣ маънавие, ки инсон дар тӯли ташаккули ҷомеа ба даст овардааст, маданият ва ё фарҳанг меноманд. Ибораҳои маданӣ – ба мисли ибораҳои некӣ, бофарҳанг, мардй, меҳнатдӯстй, қаҳрамонӣ, хирадмандӣ, ватанпарварӣ ва ғайраҳо хусусиятҳоеро нишон медиҳад, ки дар давраҳои гуногуни ҷомеа фаъолияти хуби ба анҷом-расидаро маънидод мекунад ва мардумро ба ин рӯҳия ҳидоят менамояд. Аз гуфтаҳои боло бармеояд, ки инсон аввалин предметҳои мадании худро предметҳои тайёри табиат истифода бурда, то ихтирои оташу яроқҳои оташфишон, техникаҳои азимҷусса, қасрҳои бузург ва ғайраҳоро ба даст овардааст.

Албатта ҳамаи ин комёбиҳо вобаста ба мақсаду мароми инсонй буда, барои аз байн бурдани мушкилотҳои ҷомеа ба даст оварда шудааст. Хулоса гарчанде, ки омӯзиши илми фарҳангшиносӣ дар давраи муосир ба роҳ монда шуда бошад ҳам, предметҳои он аз давраҳои қадим дар илмҳои дигар ба монанди, иҷтимоиёт, санъат, фалсафа, забон, адабиёт, ахлоқ, ҳуқуқ, риёзиёт, таърих ҷуғрофия ва ғайраҳо истифода бурда мешуд. Ин масъала илмҳои табиию ҷамъиятиро пурмазмунтар гардонида, қадру қиммати онҳоро ба­ланд мегардонд. Фарҳангшиносй дар пешрафти ҷомеа ва комёбиҳои инсонй аҳамияти бузурге дорад. Аз ин рӯ омӯзиши он дар замони имрӯз ва оянда зарур аст.

Дар раванди муносибатҳои  ҷамъиятӣ одамон истилоҳи «маданият»-ро васеъ истифода мебаранд. Он истилоҳест, ки дар муайян намудани меъёрҳои ахлокй, сифатҳои гуногуни шахс, пешрафти ҷомеа, давраҳои соҳаҳои гуногуни фаъолияти меҳнатии инсон хизмат мекунад. Ибораҳои «шахси бомаданият», «маданияти сухангўӣ», «маданияти шаркй», «маданияти ҳуқуқӣ», «маданияти соҳибкорй» ва гайра аз ҷумлаи инҳоянд. Хар яке аз ин ибораҳо дорой маънои муайяне мебошанд. Мисол: Шахси бомаданият саводи баланд дорад ва бомаърифат аст. Ў аз илму фарҳанг хуб бохабар аст. Одоби муоширатро хуб медонад. Хушгуфтору хушрафтор аст, бо аҳли байташ бо хешу табор, ҳамсояҳо, ҳамкорон шиносон ва гайра. Барои такомули чаҳонбинии худ доимо ҷидду ҷаҳд мекунад. Ё ин ки мегирем «маданияти экологӣ»-ро. Шахс ё ҷомеае, ки маданияти баланди экологӣ дорад, муҳити зист, дарёю кўлҳо ва обанборҳоро тоза нигоҳ медорад, кабудизорҳоро нест накарда онҳоро афзун мегардонанд ба ҳайвонот ва наботот ѓамхорона муносибат мекунад. Тамоми чораҳоро меандешад, то ки табиат ва муҳити зист ҳифз карда шавад.

Тавассути ин ду мисол мо ҳам ахлоқу ҳам сифати шахсу ҷомеаро дарк менамоем. Ибораҳои «маданияти миллй», маданияти халқ тоҷик, маданияти шарқй, маданияти ѓарбй, маданияти соҳибкорй ва гайра бошанд ба ҳолату пешрафти фарҳангҳои номбурда ва тафовути байни онҳо марбутанд. Истилоҳи маданият дар Шарқ таърихи хоса дорад.

«Маданият» аз калимаи арабии мадина – «шаҳр» гирифта шуда, маънои ҳаёти шаҳрй, шаҳрнишиниро дорад, яъне истилоҳи «маданият>дар Арабистон пайдо шудааст. Арабҳо шадрҳои калону обод, зебо, биноҳои мўҳташам ва иншоотҳои бузургу дилкаш ва мафтункунандаро дар пайравии Мадина Мадоин меномиданд.

Дар Шарқи қадим истилоҳи «маданият». ҳаёти шаҳрй ва шаҳриён бо иборадои «фарҳанг», «таммадун» ҳаммаъно буданд.

Он аз нақши барҷастаи шаҳҳхо аз ҳаёти сиёсиву иктисодй ва ичтимоию фархангии чомеаи шаркй шаходат медихад. Дар фахмиши муосир бошад «маданият» гуфта дар якчоягй ифода намудани арзишхои моддй ва маънавиро меноманд, ки инсоният онхоро дар рафти фаъолияти амалию чамъиятии худ офарида аст.

Ҳар як мархалаи таърихй дарачаи сифатии маданияти худро, бозёфтхои пурарзиши худро дороет, яъне ки маданияти кадим огози маданияти умумииносонй буда, маданиятхои мар­халаи минбаъдаи таърихй дар холати пайдар хам яке аз дигараш зинаи баландтари маданияти башарро ифода мекунад. Истилохи маданият ченаки пешрафти инсоният мебошад. Мафхуми мада­ният нисбати хам шахс ва хам ҷомеа истифода мешавад. Мо фард ё чомеаи мушаххасро «маданиятнок» ва ё дорой «маданияти баланд» гуфта метавонем, ба шарте, ки онхо ба чунин бахо сазовор бошанд, агар ба талаботи маданиятноки чавоб дода натавонанд, онхоро «бемаданият» ва ё дорой маданияти паст меномем.

Мафхуми маданиятро дар маънохои гуногун истифода мебаранд. Мафхуми мазкур барои ба кулли сохахои хаёти, чамъиятию сиёсй, иктисодию ичтимой бахо додан истифода мегардад. Х,ар як сохаи хаёти чомеа, дорой маданияти хос аст. Мисол: маданияти зироаткорй гуфта дараҷаи пешрафти техникаи зироатпарварй, маданияти хукукй гуфта холати хукукии чомеа, сатхи хукукдоиии шахрвандон ва аз тарафи давлат хифз карда шудани хукукхои онхо дар назар дошта шудааст. мекунад. Ҳамин хел маданият дар маҷмўи васеъ фаъолияти ҷамъиятию сиёсй, иқтисодию иҷтимой ва фарҳангии ҷомеаро ифода Яъне комёбиҳои моддӣ ва маънавиро дар ҳаёт маданият меноманд.

Субъекти асоси ва бунёдкорй маданият фард ва инсоният мебошанд. Бе фаъолияти онхо маданият ташаккул ва инкишоф намеёбад. Аз ин хотир мафхуми маданият бо мафхуми хаёт ва эчодиёти шахе хаммаъно гардидааст. Дар зери мафхуми ма­даният фаъолияти бунёдгарию дигаргунсозик табиат ва чомеъа дар назар дошта мешавад, зеро махз инеон тавассути фаъолияти босуботи хеш арзишхои моддию маънавии чомеъаро бунёд месозад ва инкишоф медидад. Мафҳуми маданият дар дар мавриди фаъолият ва зиндагии мардум истифода мешаванд: Мо ба консерти ягон ҳунарпеша рафта, дар бораи сифати санъати у тасавурот пайдо мекунем. Хунари уро баҳо медиҳем, агар ҳунарманд санъати баланд нишон диҳад, мегуем, ки маданияти ҳунарпеша баланд аст, агар не мегуем, ки маданияти ҳунарпеша он қадар баланд нест. Ҳамин хел ба ҳунару санъати ҳунарпеша тавассути истифодаи мафҳуми маданият баҳо медиҳем. Чунин мисолҳо хеле бисер аст.

Дар забони точикй-форсй чуз мафҳуми маданият истилоҳи тамадуну фарҳанг низ ҳамчун муродифи маданият истифода мешаванд.

Оид ба омилҳое, ки ба рушду нумӯи фарҳанг му-соидат мекунанд миёни муҳаққиқон баҳсу талошҳои тӯлонӣ давом дорад. Ба андешаи бисёр олимон омилҳои берунаи ба пешравии фарҳанг мусоидаткунанда омилҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, мазҳабӣ ва фарҳангӣ мебошанд. Муҳимтарин омил – омили сиёсй буда, омилҳои боқимондаро пайваст гардонида ва ташаккул медиҳад. Дар ҳама давру замон вазъи иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангй ва мазҳабй ба сиёсати ҷомеа, давлату давлатдорй вобастагии зич дорад.

Сохти ҷамъият ва фаъолияти сиёсатмадорон ба омили сиёсй дохил мешавад. Омили сиёсй қодир аст, корҳои бузургеро баҳри рушди фарҳанг сомон диҳад. Аз тарафи дигар бо рафтори баъзе сиёсатмадорони ҷомеаҳо маҳз ҳамин омили сиёсй метавонад сабабгори таназзули фарҳанги ин ва ё он халқҳо, нестшавии унсурҳои маданияти худ ба мисли забон, анъана, хат, фарҳанг ва ғайраҳо гарданд.

Мисол оварда метавонем, давраи ҳукмронии сиёсатмадорони Сосониёну Сомониён – сиёсати Куруши Кабир, Дориюш, Бобакони Сосонй, Ардашери Бобакон, Шопури 1-П, Анушервони Одил, вазир Бузургмеҳр, Сомонхудот, Асад, Исмоил, вазирон Балъамӣ, Ҷайҳунӣ ва дигарон, ки боиси рушду нумӯи фарҳангу санъат гардиданд ва ё баракси он сиёсати Искандари Макдунй, Чингиз, Темур ва Гитлер, ки садҳо моли фарҳангу тамаддуни мардумро аз байн бурдаанд. Пайваста ба ин аз пандҳои ахлоқии Бузургмеҳр ёдовар мешавем.

Рӯзе Бузургмеҳрро пурсиданд: – Чаро дӯстон ба осонй душман мешаванду душманон бо машаққати зиёд дуст мегарданд?

Бузургмеҳр гуфт: Чунки сӯхтан осон, сохтан мушкил, шикастан осон, пайвастан мушкил, маблағ сарф кардан осон, маблаг ёфтан мушкил аст.

Агар дар бораи унсурҳои муҳимтарини рушди фарҳанг назар кунем, мо метавонем унсурро бо истилоҳи рукн (ҷамъашаркон) муродиф донем. Зимни унсури маданият ва ё фарҳанг он бахшҳои фаъолияти инсон дар назар дошта мешавад, ки маҳсули тафаккур ва шууранд. Ба ибораи дигар, он паҳлӯҳои эҷоди инсонро унсур меноманд, ки дар муддати қарнҳои зиёд тавассути мушоҳида, таҷриба, донишу хирад ва заковат шакл гирифта, миёни фарҳангҳо ба ҳукми қонун даромадаанд. Ин унсурҳо, ки асоси маданияти маънавиро ташкил кардаанд, дараҷаи ҷаҳонбинӣ, назари намояндагонӣ ин ё он маданиятро ба олами атроф, кайҳон, падидаҳои ҷамъияту ҳодисаҳои табиат инъикос мекунанд.

Муҳимтарин унсурҳои фарҳанг ба назари мо за­бои, хату алифбо, асотир, мазҳаб, анъанаҳо, оину русум ва санъат мебошад. Савол пайдо мешавад, ки чаро такягоҳи мо намунаҳои маънавиёт гардидаанд? Сабабаш ин аст, ки онҳо дар муқоиса бо офаридаҳои моддӣ устувор ва дарозумртар буда, ба ҳар яке аз ин пади-даҳои маданӣ мӯҳри хираду заковати ҳар кадом халқ нақш бастааст, ки онро аз маданияти мардуми дигар ҷудо мекунад. Пешрафти фарҳанги мардуми оламиён дар ин унсурҳои фарҳанг таҷассум ёфтааст.

Ин унсурҳои фарҳанг таърихи хеле кӯҳан дошта, сутуни устувореанд, ки фарҳанг болои онҳо қомат рост кардааст. Онҳо ҷавҳари зотии фарҳанг, ҷаҳонби-нӣ ва дастовардҳое мебошанд, ки аз наел ба насл гу-зашта, сайқал ёфта, нерӯи некиву хирад, меҳру муҳаб-батро ба худ зиёд намуда, таҷассумкунандаи таърих ва маърифату маданияти халқҳо гардиданд. Унсурҳои зикршуда дар раванди меҳнати бунёдкоронаи инсонҳо пайдо шудаанд. Забон ҳамчун унсури фарҳанг ташак-кул ёфта, дар рушди фарҳанг саҳм мегирад ва вобаста ба сарнавишту таърихи миллат ғановати с л аён гар-дида, бо пайдоиши халқияту миллат фаъолияти васеъ касб мекунаду ба сатҳи ҷаҳонӣ мерасад. Забон воситаи муҳимтарини алоқаи байни одамон буда. ҳар як фард тавассути он фикрашро баён мекунад ва якдигарро ме-фаҳмад.

Оид ба хату алифбо ва аҳамияти он дар пешрафти фарҳанг сухан рондан он имконияти ба наслҳо боқӣ гу-зоштани арзишҳои волои ачдодиро чандин маротиба афзун мегардонад. Агар дойр ба хату алифбо тар андеша ронем маълум мешавад, ки мардум ҳатто дар нимаи дуюми асри XIX ҳам аз баъзе сирру асро-ри хату алифбо огаҳ набуданд. Хат доираи имконияти инсонро васеъ сохта, ба ў шароит муҳайё мекунад, ки паҳлўҳҳои ҳаёти худро бо рамзҳо ифода намояд.

Хат ин низоми аломатҳост, ки ба воситаи нақшу тасвирҳо робитаи одамонро таъмин намуда, хабареро ба фосилаи муайян мерасонад ва мероси куҳанбунёди инсонро то ба давраҳои минбаъда мебарад. Аввалин алифбо ба ихтирои финикиён мансуб буда, шакли му-каммалтарини хат аст. Дар он овозҳои алоҳида акс меёбанд ва ба халқҳои алоҳида ё гурӯҳи халқҳо таал-луқ дошта, доим ҳамсафарашон мебошад.

Инсон бо ихтирои алифбо қадами бузурге дар по­дай пешравй ниҳод. Ӯ китобро офарид. Китобе, ки метавонад аз авзои замону рӯҳи ниёгон ба мо маълу-мотҳои дақиқ бидиҳад. («Мавод дойр ба назарияи фарҳанг»-и Ҷ.Асрориён ва Н.Сайвалиев). Оид ба унсурҳои дигари фарҳанг мо дар мавзӯҳои оянд маълумотҳои муфассал хоҳем дод.

Тамадун сатҳи умумии пешрафт ва ҳолати мушаххаси ҷомеаро ифода мекунад. Тамадун кисмҳои таркибии худро дошта ҳамаи соҳаҳои ҳаёти да чомеа ва ҳатто унсурҳои гуногуни он давлат, сохти давлатдорй тарзи низоми ҷомеа, тарзи истеҳсолот ва гайраро дар бар мегирад.

Агар маданият арзишҳои мадании ҷомеаро ифодагар бошад, тамаддун пешрафти сохторҳои чомеаро ифода менамояд. Роҳҳои инкишоф ва рушду нумуъро ба наслҳои оянда нишонрас месозад.

Мо аз тамаддунҳои гузашта, асосан тавассути комёбиҳои маданияти мавҷудаи онҳо метавонем маълумот гирем. Ин дар айни замон, чунин маъно дорад, ки ёдгориҳои маданият ҳамчун инъикоси тамаддуни онҳо хизмат мекунад. Мисол: Манораи Бобул, хати мехи ва ибодатхонаи Моҳтоб аз сатҳи тамаддуни Байнаннаҳрайн дарак медиҳанд. Аҳромҳои Миср ҳайкали Абулдавл аз сатҳи баланди тамаддуни Мисри давраи фиръавнҳо маълумот медиҳад. Тавассути онҳо имруз олами башари огоҳӣ пайдо мекунад, ки илму фарҳанги Байнаннадрайн ва Мисри Қадим, чи тавр пеш рафта ба комёбиҳо ноил гардида буда аст. Агар Миср сатҳи нокифояи тамаддунро соҳиб мебуд дар он чунин иншоотҳои гайриоддй ва бузург қомат рост намекарданд.

Тамаддун маданияти ба худ хосро ба вучуд меоварад ва маданият дар навбати худ ташаккулдидандаи тамаддун мебошад, Ондо ба пешрафти дамдигар таъсири худро мерасонанд. Пай­дошавии тамаддун аз пайдошавии давлат огоз меёбад. Лекин на хамаи давлатхо хосияти мутамаддинро дорад. Дар асрхои миёна дар шарк мафхумхои маданият ва тамаддун баробари ба вучуд омадани марказхои мухими фарханги – шахрхо истифода мешуданд. Ба чуз маданият ва тамаддун дар забони точикй аз асрхои миёна сар карда, калимаи фарханг васеъ истифода * мешавад. Вобаста ба муносибати одамон бо табиат ва чамъият таъсири онхо ба олами беруна ва тафаккури инсон мафхумхои мазкур дар мархилахои гуногуни таърихй ба таври мухталиф чихатгирхои худро сохиб шуданд. Масалан, имруз зиёда аз 150 аз соли (1920-1957) то хозир бошад зиёда аз 500 таърифхои гуногуни маданиятро дар адабиётхо пайдо намудан мумкин аст. Муаллифон ба онхо аз мавкеъхои гуногун бахо медиханд. Баъзехо чихати рамзии онро ба назар гирифта мохияти маданиятро муайян кардани шуданд. Мисол: «Тамаддуни ба маданият зид аст, вале маданият дар тамаддун ба вучуд меояд». «О. Шпенглер», «Маданият лавхаи психикаи шахе дар сохаи ичтимой аст». Э. Фрейд. «Ҷамъият ба ашрофон ва авом чудо мешавад, маданиятро бошад, ашрофон ба вучуд меоранд». (С. Элиот) «Маданият рафтору кирдори ба коидаю конун даровардашуда мебошад». (Лоренц). Маданият робитаи наслхо, асоси пешрафти инсоният мебошад. Маданият воситаест, ки инсонро аз худуди талаботи биологи берун мерахонад. Маданият мачмуи хамаи муваффакиятхо дар тули таърих аст. Таърифихои гуногуни маданиятро чамъбаст намуда онро хамчун тарзи махсуси амали фаъолонаву эчодкоронаи одамон барои аз худ намудану тагир додани олами беруна, хисоб мекунем, ки дар арзишхои моддиву маданй тачассум меёбанд. Дар таърихй афкори фарханги оиди баходихии мафхумхои маданият ва тамаддун ду тамоил му-шохида мешавад.

  1. Як гурух фархангшиносон мафхумхои мазкурро мохиятан як хел дарк карда байни онхо фарвдятеро намегузоранд.
  2. Гурухи дигаре аз олимон ин ду мафхумро аз хам фарк карда маданиятро хоси хама мархилахои инкишофи чамъиятй ва махсули инкишофи инсони медонанд ва иддао доранд, ки он аз рузи дарки ашёву ходиса ба он таъсири бомаром расонидани инсон пайдо шудааст. Вале тамаддун дар мардилаи муайяни даёти чамъият, мадз пас аз пайдо шудани хату алифбо ва ташаккули даёти шадрй ба вучуд омада, инкишофи маданияти моддиро ифода мекард. Ба ин маъни муайян мегардад, ки баъди мардилаи вахшоният ва барбарият тамаддун арзи вучуд кардааст. Аз назари сиёсй, динй ва синфи пайдоиши тамаддун бо ташаккули давлат вобаста аст.

Умуман мафдумдои маданият ва тамаддун мафдумдое мебошанд, ки дар чадорчубаи як таърифи мантики намегунчад ва маъмулан ондоро аз руи аломатдои асосиашон шард додан мумкин аст. Ба чуз мафдумдои мазкур дар таъриди тамаддун истилоди «тамаддуни башарй», «маданияти миллй», «маданияти этникй», «маданияти сиёсй», ва ѓайра вуҷуд доранд, ки дорой маъниву мазмунҳои ѓаннии соҳаиҳои гуногуни фаъолияти ҷо­меа буда, дар таърихи назари як маданият, мавзуи махсуси истифодаи худро доранд. Рочеъ ба нишонаҳои мушахаси таърихй унсурҳои тамаддун байни олимон фикри ягона вуҷуд надорад.

Маданият як ҳодисаи чамъиятии доимо инкишофёбанда мебошад. Он воситаи маърифати олами беруна буда дар зами­наи фаъолияти эҷодии инсон дар соҳаи истеҳсолоти моддиву маънавй арзишҳои маданй ба вуҷуд меояд. Ба ибораи дигар ҳамаи он чизҳое, ки ба воситаи меднат ақл ва кувваю кобилияти фитрии инсон арзи вуҷуд мекунад, маданият номида мешавад.

Шарҳи ин таъриф ба он ишора мекунад, ки падидаҳои табиат ва ҳодисаҳои ҷамъият хусусияти даркшавандагй доранд, инсон ба онҳо ҳамчун эҷодкор таъсир расонда, тибқи хоҳишу сатҳи инкишофи зеҳниаш онро дигаргун месозад. Ҳамин фаъ­олияти бо мароми субъекти эҷодкор дар таѓир додани ашёи табиату ҳодисаҳои ҷамъият мазмуну моҳияти маданиву таърихй мегирад ва натиҷаи он дастовардхои фарҳангй ҳисоб меёбад. Дар ҷараёни ба вуҷуд овардани арзишҳои фардангй инсон на факат ҳамчун субъекти мадани амал мекунад, балки ҳамчун объекти он низ шуда метавонад. Бинобар ин маданият соҳаҳои истеҳсолоти моддии муносибатҳои иҷтимоию сиёсй, инкишофи маънавй, маишат, муносибати одамон ва гайраро дар бар мегирад. Мавзуи таърихй маданият, омузиши пайдоишу инкишофи даёти моддиву маънавии инсоният аз замонхои кадим то давраи мо мебошад. Он тамоми падидахои фарханги ва ходисахои маданиро дар таърихй инсоният тахдил намуда, таъсири онро ба тамаддуни башарй муайян менамояд. Аз дидгохи фалсафи маданият мохияти субъек-тивию фардии тамаддунро хамчун фаъолияти эчодии инсон муай­ян кунонида ахамияту арзишхои онро муайян менамояд. Аз ин ру дар хаёти маданиву маънавй бехтарин асархои илмиву бадей аз тарафи чамъият мавриди эътирофу эхтиром карор гирифта, бо гузашти айём арзиши баланди умумиинсонй пайдо мекунанд ба мисолхои китобхои “Авесто”, “Куръон”, “Шоҳнома” ва ѓайра.

Мавзуи омузиши назарияи маданият хамчун илми фарханг-шиноси конуниятхои раванди маданиву таърихй, дастовардхои эчодиву тавлидии халкхои гуногун, падида ва зухуроти мух-талифи маданй, осори фарханги ва накши онхо дар инкишофи тамаддуни башарй мебошад. Аз ин хотир дар он ягонагии чихати мухими назари мавкеъи хос дорад.

  1. Тачассуми рухи умумии фархангии хар як давра ё худ мархилаи муайяни таърихй.
  2. Муайян намудани макоми маънавии даврахои таърихй дар раванди умумии инкишофи чамъиятии умумиинсонй.
  3. Тахлили мохияти давраи муайяни фарханг, баррасии ахамияти маданияти маънавии гузаштаву, хозира ва таъсири мутакобили онхо.

Вобаста ба масъалахои мазкур назарияхои асосии маданият мавчуданд, ки мувофики онхо раванди умумии инкишофи афкори маънавй сурат мегирад.

  1. Яке аз ин назарияхо, назарияи прогресс мебошад, ки
    шиораш «имруз бехтар аз дируз ва фардо бехтар аз имруз аст».

Масалан: Дар давраи кадим 18 элемента химиявй маълум буд. Дар асри 17-25 – то элементии химиявй, дар асри 18-29 – то элемент, дар асри 19-47 – то элемент, дар ибтидои 20-54-то эле­мент ва дар охири асри XX-100 – то элемента химиявй маълум шуд.

  1. Назарияи дуюм назарияи пастрави (вырождения) аст,
    ки тибки он инсон мадани офарида шудааст, вале маданияташ

ю то рафт паст шуда, рафтораш ба дайвон монанд шуда мемонад (манкуртизм).

3.Назарияи сеюм-и назарияи хароби (катастрофа) мебошад. Мувофики ин назария инсон то он даме инкишоф меёбад, ки ба вай ягон офати табии, чанги атомй, заминларза таъсир нарасонад ва хдмаи инкишофро нест накунад.

4.Назарияи силсила (Цикл)-ро Ф. Ницще пешнидод кар­дааст. У иддао дорад, ки инсон ба инкишоф муяссар мешавад, вале баъд ба таназзул род дода, ба долати аввала бармегардад, яъне аз руи а кидай у маданият дар шакли силсила инкишоф меёбад.

Назарияи Шпенглеру Тойнби доир ба тақсимбандии тамаддунҳои ҷаҳонӣ ба ҳамин назария асос ёфтаанд.

Дар назарияи маданият як силсила назариядои мобайнӣ ба мисли назарияи инкишофи диалектикӣ (цикл-прогресс), баргаштан ба ҳолати аввала (катастрофа+цикл), ба макроолам роҳ ёфтан (катастрофа+прогресс) ва ѓайра низ мавчуданд, ки инкишофи минбаъдаи масъаладои мазкур моро ба назарияҳои гуногуни тамаддунҳои кайҳонй ҳидоят мекунад.

Маданият зимни раванди таърихй инкишоф ёфта, дар давраҳои муайян ва ё форматцияҳои чамъиятию иқтисодии гуногун сохтори он аз ҳам фарқ мекунад. Он бешубҳа ба тарзи истеҳсолот хамчун базиси форматсия вобаста аст. Маданияти маънавии чамъиятҳои синфи хусусияти синфӣ дошта, манфиатҳон онҳоро ифода мекунад, вале сатҳи маданияти чомеаро баландии идеалу афкори чамъиятй ва дигар арзишҳои фарҳангиву сарватҳои мадании он нишон медиҳад.

Инкишофи маданият аз тараккиёти кувваҳои истеҳсолкунанда вобаста аст. Маданияти инсон, миллат, синф чй қадар баланд бошад, ба ҳамон андоза истеҳсолоти моддиаш пеш меравад ва сарватҳои маънавиаш пурмазмун мегардад, ва ё баръакс маданияти истеҳсолот чй қадар баланд бошад, истедсолоти моддй дамон кадар пеш меравад ва арзишдои бои маънавй аз инкишофи фарҳангй халқу миллати муайян дарак медиҳад. Вале гоҳо дар давраи муайяни таърих бо баъзе сабабҳо дар адабиёти баъзе халқу миллатҳо инқилоби мадани рух доданаш ҳам мумкин аст.

Маданият дар раванди таърих қонунҳои рушди худро дорад, ки он падидаи иҷтимоӣ буда, хосияти зеҳнй (субъективӣ)-ро дороет. Мисли он, ки ҷамъияти инсонй дорой қонунҳое мебошад, ки ба амру фармони касе иртибот надорад ва ба иродаи шахсе вобаста нес-танд. Монанди он қонунҳои рушди маданият ҳам дар ҳамин дойра амал мекунад. Он

Қонунҳои фарҳанг ба сари худ мустақил нестандва дар якҷоягй баҳри рушду нумӯи фарҳанг саҳм мегиранд. Моҳияти қонуни аввал дар он аст, ки маданият ба ҳама мардуми олам, новобаста аз дараҷаи тараққиёти иқтисодӣ ва пешравиҳои сиёсй хос аст. Ҳамаи онҳо дар раванди таърихй яке пеш ва дигаре дертар зинаҳоеро тай мекунанд, ки дигарон онро аз сар гуза-ронидаанд.

Аз сар гузаронидани қонуни томияти таьрихии ҷомеаҳо барои ҳамаи мардуми олам ҳатмист. Пай-васта ба ин маданият ҳамчун категорияи фалсафй дар доираи фазо ва вақт амал мекунад. Маданият рушду таҳаввул ва таназзулро аз сар мегузаронад, аммо дар ираи ҷамъияти инсонй мудом ва пайваста шеваи пешравй дорад. Маданият вобаста ба шароити ҷуғрофӣ, вазъи иқтисодӣ ва сиёсй дар мамлакатҳои гуногун шаклу шеваи зуҳури худро дорад.

Инсоният дар асри XX дастовардҳои азими мадание ба мисли техникаҳои ҳозиразамонро ба даст овардааст, ки он халқу миллатҳоро наздик карда аз аҳволи ҳамдигар огаҳ месозад. Пайваста ба ин робитаи тиҷоратию фарҳангии хешро ба роҳ монда, аз ҳамдигар меомӯзанд ва сарватҳои худро ғанй мегардонанд. Халқҳои оламро набояд ба халқҳои бомаданияту бе-маданият ва маданияти онҳоро ба пасту олӣ ҷудо кард. Дастовардҳои ҳар кадом халқ мувофиқ ба шароит ва имконияташ такрорнопазир ва азиз аст.

Хеҷ кас ҳаққи маънавие надорад, ки маданияти Ғарбро аз Шарқ ва достони «Иллиада» ва «Одиссея»-и Гоммерро аз достони «Шоҳнома»-и Фирдавсй, аса-ри «Модар»-и Горкийро аз асари «Ҷони ширин»-и М. Турсунзода бузургтар ҳисобад. Ба рушду нумӯи мада­ният набояд аз рӯи синфият баҳо дод. Ё ба ибораи дигар маданиятро мутеъи сиёсат ва идеология намудан ва ба синфият ҷудо кардан куллан галат аст, зеро ин гуна амал дар байни мардум миллатгарой, нажодгарой ва зиддиятҳоро ба миён меорад.

Қонуни дигари рушди фарҳанг- Қонуни ирсияти таърихй буда, қонуни аввалро тақвият медиҳад ва ко-мил мегардонад. Он дар маҳорату малака ҳунару истеъдод ва донишҳои оммиёнаи инсон то асотир, эътиқод, донишҳои назари, суннату маросимҳо таҷассум меёбад ва аз насл ба насл мегузарад. Қонуни ирсияти таьрихии рушди фарҳангии ҳар як мардуми олам аз ҳамдигар фарқ мекунад.

Инкишофи фарҳанг аз рўи қонуни пайванди наслҳо ё худ қонуни ирсият (агар он адлалдор шавад мисли нест кардани масҷиду китоб), конуни томияти таърихй (омузиши ҳамаи хусусиятҳои мадании давраи муайяни таърих, рўҳияи миллй (маданияти миллиро монда ба маданияти руссиву интернатсионали бештар аҳамият додан моро ба чй бесомониҳо оварда расонид) сурат мепазирад.

Вазифаҳои фарҳанг: — ин

1.Пайванди шахс ва ҷомеа.

2.Воситаи бедории эҳсосот ва тафаккур.

3.Нишондҳдандаи пешрафти ҷомеа.

4.Иҷрокунандаи мақсаду ҳаёти инсон.

5.Ташаккулдиҳандаи шахсият.

6.Ташаккулдиҳандаи тафаккур ва шуур мебошад.

test

Добавить комментарий