Пайдоиши маданият: маданият ва меҳнат

 

Тасвирҳои мухталифи соҳаи маданият имконпазир буда ҳар касс вобаста ба мақсадҳои мушаххаси тадқиқот ба тарзи худ ифода менамояд, вале таърифи томи моҳияти маданият, ки дар ҳама ҷо маъмул шуда бошад, вуҷуд надорад, гарчанде дар баробари ҳамин маънои ин мафҳум фаҳмо менамояд.Мафҳуми «маданият» аз худи аввал ба кори «хуб» – на фақат ба кори иҷрошуда, балки бо тарзу мақсадаш низ алоқаманд аст. Кор бошад тарзи аз бар кардан иолам аст.Маданият як навъ лиҳозест, ки тамоми мавҷудот ба воситаи он ба мо намоёну дастрас мешавад.

Худи одам ҳам хориқаи маданият аст. Маданият ин принсипи эҷодии ҳаёти шахс ва тамоми ҷамъият аст; ин на фақат маҳорати ба дараҷаи санъат расондашуда балки мақсади ба ахлоқ муносиб ҳам мебошад.

Маҷмўи сарватҳои моддию маънавӣ, ҳамчунин тарзҳои офариниши онҳо, маҳорати барои пешрафти инсоният истифода кардан, аз насл ба насл гузарондан маданият аст. Меҳнати инсон, тарзҳои ба сомон расондан ва натиҷаҳои он шакли саромад ва манбаи инкишофи маданият мебошад.

Фаъолият ва тарзи зиндагии одамон аз ҷониби онҳо офаридани арзишҳои маънавиро (фарҳанг)маданият меноманд. Фарҳанг эҷодкории моддию маънавии одамон буда, комёбиҳои онро барои инсоният истифода мебаранд., ва он аз насл ба насл ҳамчун мерос боқӣ мемонад.

Фарҳанг хусусияти таърихӣ дорад ва дар ҳар замон дараҷаи инкишофу омўзиши он гуногун мешавад.

Маданият хиради таҷассумёфтаи инсоният аст, ки чун унсури маъноии ба олами табиӣ пайванд амал мекунад. Ҳодисаҳои маънавии дохили соҳаи он на фақат дар доираи ягон давраи муайяни таърихӣ боқӣ мемонад, балки табиати абадӣ ҳам доранд; ақидаи Афлотун имрўз ҳам мисли беш аз ду ҳазор сол муқаддам воқеият аст.Маданиятмаҷмўи ҳамаи комёбиҳои маънавии инсоният аст, ки онҳо ҳатто чун ҳодисаҳои фардии субъективӣ ва таърихан мушаххас пайдо шуда бошанд ҳам бо мурури таърих ба мартабаи ҳодисаҳои маънавии ҷамъият объективӣ ва абарвақтӣ расида анъанаи умумии мадании муттассил ва берун аз ҳукми фарди ҷудогона гардидаанд.Агар объективияти маданияти ба он тарз фаҳмидашуда ва чунин ҳолатро ба назар гирем , ки он натиҷаи фаъолияти инсон мебошад, маданият одамро на ҳамчун фард, балки чун мавҷудоти ҷамъиятан инкишофёфтаи сотсиум тавсиф менамояд.Чунончи маданият новобаста ба одам ё пеш аз одам буда наметавонад, айнан ҳамин тавр одам ҳам новобаста ба маданият ё пеш аз маданият шуданаш мумкин нест: маданият ин хосияти моҳияти авлодии инсон аст. Одам маданӣ тавлид намешавад, балки ба маданият соҳиб мешавад.Ҳар одами ҷудогона маданӣ шуданро меомўзад.

Заминаҳои маданият ва предметҳои он дар сохти ҷомеаи ибтидой бо баробари пайдоиши инсон шурӯъ гардида, зинаҳои камолот (ба мисли маданияти замо-ни антики, эҳёи мусулмонй, ренессанс, маданияти мая, маданияти муосир) ва тамаддунро дар бар мегирад. Аз оддитарин олоти офаридаи инсон, ки сангй буд, сар карда, то дарки асрори оташу кашфи тиру камон, бо- рут, пайдоиши дину забон, хату алифбову санъат, дав-лату давлатдорӣ, илму адабиёти шифоҳй, бинову кор-хонаҳо, китобу мусаввараҳо, либосу асбобҳои рӯзгор, истиқоматгоҳҳо ва техникаҳои замонавӣ ва ғайраҳо дар маҷмӯъ сарватҳои маданианд.

Аз нигоҳи дигар маданият тарзу тариқаи рафтор, тафаккур ва фаъолияту амали одамонро дар соҳаҳои мушаххаси ҳаёти ҷамъиятӣ (маданияти меҳнат, сухан-гӯӣ, сиёсӣ ва муносибатҳои фардй) ифода мекунад. Дар ибтидо маданиятро чун таъсири мақсадноки одам ба табиат (коркарди замин) ва тарбияи худи инсон медонистанд. Фарҳангшиносон бо далелу санадҳо со-бит менамоянд, ки маданият дар тӯли мавҷудияти худ шаклҳои гуногунро касб кардааст. Маданияти ҷомеаи ибтидоиро аз рӯи хусусиятҳояш маданияти синкритй номиданд, ки маънояш дағал, дурушт, омехта ва сод-далавҳона будани предметҳои он давраро мефаҳмонад. Яъне предметҳои маданияти моддию маънавиро якҷоя дар маҷмӯъ предметҳои маданият меноманд. Бештар ба фаъолияти меҳнатии инсон (касбу кор) раванди маданиро шарҳ медиҳанд.

Меҳнати инсонӣ маҳсули неъматҳои моддӣ буда фаъолияти инсонро муайян мекунад.Барои қонеъ гардонидани талаботҳои моддӣ ва маънавии худ инсон дар протсеси меҳнат кўшиш менамояд, ки оламро дигаргун созад. Инсон оламро дигаргун сохтаистода табиати худро офарида, бо ҳамин талаботҳои худро қонеъ мегардонад.Вай муносибатҳои иҷтимоиро дигаргун сохта, табиати дуюми худро меофарад, олами ботинӣ, ақида, тасаввуроти худро нисбат ба олам дигар мекунад.

Ҳамин тавр меҳнати инсонӣ бо шарофати фаъолӣ, дигаргунсозӣ, характери эҷои, мақсаднокӣ ва универсалиааш муайянкунандаи инкишофи маданият ба ҳисоб меравад. Меҳнат характери ҷамъиятӣ дорад. Сарчашмаи боигарӣ ва маданият меҳнати ҷамъиятӣ ба ҳисоб меравадАгар дигар хел карда гўем роли ҳалкунандаро дар тараққиёт ва рушди маданият муносибатҳои иқтисоди одамон мебозанд, киасоси онро маданияти хусусӣ ташкил медиҳад.

Меҳнат – фаъолияти мақсаднок мебошад, ки тавассути он одамон воқеиятро аз худ менамоянд ва барои қонеъ гардонидани талаботи худ онро дигаргун месозанд.Дар натиҷаи меҳнат инсон дунёи воқеии худро аз худ менамояд. Протсеси меҳнат дарк намудани тарафҳои эстетикии воқеият мебошад. Дар потсеси меҳнат инсон тарафҳои беҳтарини қобилияти худро( ҷисмонӣ, иродавӣ, ҳаракат, кўшиш, таҷриба, малакаи корӣ, дониш ва ѓайра) истифода мебарад, мақсади худро амалӣ месозадИнсон дар назди худ вазифа мегузорад ва кўшиш ба харҷ  медиҳад , ки онро дар вақташ иҷро намояд Дар раванди меҳнат ҳар як амалиёт мақсади худро дошта ҳатман ягон нафъ меорад. Чӣ қадаре, ки ин амалиёт душвортар ва навтар бошад ҳамон қадар қобилият, истеъдод ва шахсияти моро нишон медиҳад. Инсон наметавонад дар яктоӣ ва танҳоӣ бе ёрии дигарон бе муносибати онҳо амалиёт кунад, ва ҳамчун инсон ни арзи вуҷуд дошта бошад.. Вақте, ки инсон аз ўҳдаи кораш ба хубӣ мебарояд, баро вай ин кор як намуди истироҳат ва зебоӣ ба ҳисоб меравад.

Дар раванди меҳнат дар инсон талабот ба муносибат, ахборот, гуфтугўй, сўҳбат, муошират ваѓайраҳо пайдо мешавад., ё ин ки одамон бо истеҳсолоти моддӣ машѓул шуда онро равнақ дода бо ҳамин тафаккур ва маҳсули онро дигаргун месозанд.Меҳнат на ин ки тафаккурро дигаргун месозад, балки ҳиссиётро низ таѓйир медиҳад. Дар ин бора Карл Маркс чунин гуфта буд: «Чӣ  тавр ҳиссиёт инсонӣ мегардад? Ин ба он вобаста аст, ки инсон оламро аз лиҳози фаъолияти ҷамъиятӣ кабул мекунад, на танҳо бевосита бо талаботҳои физиологӣ».

Маҳз бо воситаи меҳнат дар инсон ҳиссиётҳои маънавӣ, таҷрибавӣ( ирода, муҳаббат эҳтиром ва ѓайра) пайдо шудааст.Дар протсеси меҳнат дар коллектив мо бо ҳамкорон якҷоя кор мекунем. Мақсади ҳамаи аъзоёни коллектив як мебошад. Онҳо ба якдигар ёрӣ мерасонанд, фаъолият мекунанд, гарчанде шароити корӣ бад бошад ҳам аммо , агар коллектив хуб бошад якдигарфаҳмӣ ҷой дошта бошад одамон ҷои кор иваз намекунанд.Коллективи меҳнатӣ, ҳамкорон барои пеш бурдани фаъолияти меҳнатии шахс хеле роли калон мебозанд. Инсон ҳамеша, дар ҳама ҳолатҳо ба ёрӣ, дастгирӣ, якдигарфаҳмӣ мўҳтоҷ аст. Ҳамаи ин талаботҳоро дар коллектив дучор шудан мумкин. Инсон танҳо худаш наметавонадаз иҷрои корҳои азим барояд.

Дар раванди фарҳанг тақсимоти ҷамъиятии меҳнат аҳамияти хеле калон дорад.Дар чорчўбаи таърихан инкишофёфтаи тақсимоти меҳнат фаъолияти фикрӣ ва ҷисмонӣ қисми асосии гурўҳҳои ҷамъиятӣ гардидаанд.Нишонаҳои аввалинаш дар ҷамъияти обшинаи ибтидоӣ дида мешуд.( одамони калонҷусса, боқувват корҳои ҷисмониро иҷро мекарданд.)

Протсеси ҷудошавии меҳнати фикрӣ аз ҷисмонӣ ин худ талаботи таърихӣ мебошад, чунки бе чунин ҷудошавӣ инкишофи илму санъат имконнопазир мебуд. Бо пайдоиши синфҳо тақсимшавии меҳнати ва ҷисмонӣ моҳияти пештараи худро гум мекунад. Меҳнати фикрӣ хоси синфи ҳукмрон шуда мемонад. Ва бо пайдоишва тараққиёти ҷамъият синфҳои антогонистӣ табақаҳои ҷудогона, ки бо меҳнати фикрӣ банд аст ба онҳо хизмат мерасонанд( интелегенсия). Бо иваз шудани форматсияҳои ҷамъиятӣ характери меҳнати фикрӣ ва ҷисмонӣ низ таѓйир меёбад. Тақсимшавии меҳнати фикрӣ ва ҷисмонӣ барои болоравии инкишофи таърихӣ ва маданӣ аҳамияти калон дорад.

Дар марҳилаҳои ҷомеаи ибтидоии инсонй дар ҳаёти мардумӣ дигаргуниҳои ҷиддии таърихй ба амал омаданд. Инсоният аз масраф барои захираи меҳнат ба тавлид ва истеҳсоли он қадам гузошта, ҷои шикор ва ғизоғундориро зироат ва чорводорй гирифт. Мада­нияти ҷомеаи ибтидой давра ва ё марҳилаҳои гуногун­ро ба монанди асрҳои сангй, биринҷӣ ва оҳаниро дар-бар гирифта, аз чиҳати дараҷаҳои баланди тараққиёти маданияти моддию маънавиашон фарқ мекарданд. Аз комёбию дастовардҳои мадании он давраҳо дар таъ­рихй башарият осорҳои зиёде боқй мондааст. Пас аз ин марҳилаҳо давлатҳои зиёде ба ҷои якдигар таъсис ёфта, аз худ меросҳои зиёде боқй гузоштаанд. Гуфтаҳои боло имкон медиҳад, ки давраҳои тараққиёти ҷа-ҳонро аз давраи неолит, ки дар таърихй инсоният ҷа-ҳиши муҳиме рӯй дода буд одамон аз дасторандагони иқтисод ва хочагии истеҳсолкунанда ба зириаткорию чорводорй омада расидаанд.

Дигар хел карда гӯем, одамон на танҳо барои таъмини талаботи худ амал мекарданд, балки барои ин фаъолият роҳу усулҳо меандешиданд.Таърих шаҳодат медиҳад, ки аксари тамаддунҳои қадим маҳз дар соҳилҳои дарёҳо ба вуҷуд омадаанд. Дарёҳо дар ҳақиқат дар ҳаёти инсонияти ибтидой нақши муҳимеро мебо-зиданд. Дарё одамони ибтидоиро на фақат бо хӯрока таъмин менамуд, балки онҳо тавассути дарёҳо аз манзили худ берун рафта, бо ҳаёти мардуми ҷаҳони ди­гар, тарзи зиндагӣ ва маданияти онҳо бевосита шинос мешуданд. Онҳо аз ҳамдигар меомӯхтанд ва таъсири худро ба ҳамдигар мерасониданд. Аз ин хстир олими рус Мечников Л. И. дарёҳоро «бузургтарин мураббиёни инсоният» номидааст.

Давраҳои маданияти ҷомеаи ибтидоӣ инҳоянд:

  • Давраи асри сангй
  • Давраи асри биринҷӣ
  • Давраи асри оҳан

Навъҳои маданият.

Асоси фаъолияти моддй ва маънавии одамонро меҳнати фикриву чисмонй ташкил медиҳад. Аз ин рў, ду навъи асосии маданият: маданияти моддй ва маданияти маънавй табакабандй шудааст. Маданияти моддй тамоми соҳаҳои фаъолияти моддй ва натичаҳои он (аз олоти оддии меҳнат сар карда то маҳсулотҳои калони саноати)-ро дарбар мегирад. Маданияти маънавй аксаран ба омили маънавй такя мекунад ва дину идеология асоси он ҳисоб мешавад. Бинобар ин ҳамаи соҳаҳои истеҳсолоти маънавй, ки ба зеҳну тафаккури инсон вобастаанд, ба маданияти маънавй мутаалиқанд. Ба он пеш аз ҳама дин, фалсафа, асотир, адабиёт, санъат дохил мешаванд.

Тақсимбандии маданият ба маданияти моддй ва маънавй комилан шартй буда, назарияи дурусти илмй, ягонагии диалектикии маданияти моддиву маънавиро тақозо мекунад ва асосҳои моддиро дар инкишофи маданият чиҳати аввалиндараҷа меҳисобад. Истеҳсолоти моддй аз истеҳсолоти маънавй на танҳо аз руи меҳнат, балки аз руи вазифа ва навъи маҳсулоти истеҳсолшаванда ё худ арзишҳои моддй, ки гоҳо дар сурати ѓоя (арзишдои илмй, бадей) ҷилвагар мешаванд, фарқ мекунад. Мехнати конструктор, инженер дар соҳаи истеҳсолоти моддй хусусияти маънавй дорад. Яъне маданияти моддй ҷиҳатҳои маънавиро низ доро аст. Дар он комёбиҳои илм, техника, арзишҳои ахлоқиву эстетикӣ истифода мешаванд ва баръакс маданияти маънавй дар шакли ашё (мисли китоб, осори санъати тасвирй) дар шакли фаъолияти инсон (фаъолияти муаллим, духтур, ҳунарпеша ва ѓайра) вуҷуд дошта метавонад. Бинобар маданияти моддиву маънавй қисмҳои таркибии системаи маданияти том буда, хусусияти нисбй доранд. Онҳо якдигарро мукаммал мекунанд ва ба инкишофи якдигар мусоидат менамоянд.

Ба чузъ ду навъи асосии маданият: – моддиву маънавй тақсимбандиҳои дигаре низ мавҷуд аст. Мисли:

  1. Аз рўи умумиятҳои этникй ба маданияти антиқа, мада­нияти рус, маданияти словянй, тоҷикӣ ва гайра;
  2. Аз руи тарзи рафтор, хосияти тафаккур ва фаъолияти одамон мувофиақн ба маданияти мехнатӣ, маданияти бадей ва маданияти сиёсй;
  3. Аз руи тарзи фаъолияти эҷодй ба маданияти илмй, ма­данияти ҳунарй;
  4. Аз руи умумияти динй ба маданияти яҳудй, масеҳй (масеҳӣ православӣ ва масехй-католикй), зардуштй, буддой, исломй (исломи суннй ва исломии шиа), маданияти муосири исломиву масеҳӣ.
  5. Аз руи умумиятҳои меъёри технологию саноатй ва ин­кишофи илму техника, автоматикунонии протсеси истехсолот, истифодаи мошиҳои хисоббарорй, микробиотехнология ва гайра маданиятро ба тамаддунҳои индустронй, техмотронй ва гайра ҷудо мекунанд.

Ба чуз таксимбандиҳои номбаршуда дар илми фараҳангшиносй аз руи қитъаву минтакаҳои бузурги чуѓрофй низ тақсимбандй ба вуҷуд омадааст, ки яке аз онх,о маданияти Шарқй ва дигаре маданияти Ѓарбй ном дорад, ки ин ду маданият аз худи оѓозашон ба ҳам таъсири мутақобила ва дар айни замон ба якдигар муқобилати шадид доштанд.

Ҳар як форматсияи чамъиятиву икгисодӣ бошад ҳамоно маданияти ба худ хос доранд ва бешубҳа хусусияти синфии он дар чомеа зоҳир мешавад. Бо таѓир ёфтани форматсия қисман ва ё аксаран хусусиятҳои мадании онҳо низ таѓир меёбад. Монанди: предмету олотҳои, меҳнат умуман кувваҳои истеҳсолкунанда. Кувваҳои истеҳсолкунандаи форматсия – ҷомеъаи ибтидой аз ѓуломадорй, ѓуломдорй аз феодалй, феодалй аз сармоядорй ба куллй фарқ мекунанд, Калобаро аз абрешим бо чалаку даст мересиданд, барои бофтани матоъ (атлас), ҷойи онро вобаста ба сипарӣ гаштани зинаҳои ҷомеъа техникаи нави ресандагию бофандагй гирифт. Лекин чиҳатҳои муштараки он ки барои якчанд форматсияҳо умумианд боқӣ мемонад, аз қабили кирмакпарварй, пиллапарварй нигоҳубин кардан ва офаридани пилла барои ба вуҷуд овардани маҳсулоти абрешимй дар ҳама форматсияҳо як хел мемонад. Аз ин рў, таѓир ёфтани форматсияи ҷамъиятиву иктисодй маънои аз мероси фарҳангй ва анъанаҳои гузашта комилан даст кашиданро надорад. Зеро дар як марҳилаи муайяни таърихй чй аз руи раванди инкишофи фарҳангй ва чй аз руи анъана комёбиҳои гузаштаро ҳамчун мероси авлодй хеш ба ирс гирифта, чиҳатҳои гуногуни онро дар заминай нави инкишофи таърихй, инкишоф медиҳад, арзишҳои тозаи моддиву маънавй ба вучуд меорад, ва барои марҳаллаи нави таърихй ва системаи нави муносибатҳои ҷамъиятй таҳкурсии мустаҳкам ба вуҷуд меорад. Баъди ѓалабаи инқилоби Октябр як қатор намояндагони адабиёт ва саънат бо қатъит баромад карда, даъво менамуданд, ки мо аз маданияти гузаштаи буржуазӣ, феодалй комилан даст мекашем ва маданияти тозаи пролетариро ба вуҷуд меорем. ҷонибдорони ин даъворо «пролеткульчиён» ва назарияи ондоро пролеткульт меномиданд.

Дар ҳалли масъалаи мазкур бисер муҳаққиқон камари ҳиммат баста зидди чунин фикр андеша ронда дар заминай қонуни инкишофи фарҳанги ҷаҳонй собит намуданд, ки масъалаи ирсиятро дар инкишофи фарҳанг фаромуш кардан нашояд. Чунин рафтор оқибати баде дорад, мисли сохта шудани хонаи бе таҳкурсиро мемонад, ки дар саҳл ҷунбиш ёфтани замин хароб мешавад. Дар натиҷаи як силсила чорабиниҳо ба онҳо муяссар шуд, ки ба пролеткулчиён зарбаи қатъӣ зада фикрҳои онҳоро рад кунанд.

Ақидагирии дигар бошад давоми мантиқ ии фикри зикр-гашта аст. Ба вуҷуди ба муқобили пролеткульчиён мубориза бурдан, эътироф намудани илму фарҳанги гузашта ва умуман маданияти маънавии аҷдодонамон дар ҷумҳуриҳои собиқ Осиёи Миёнаву Қазоқистон ва дигар халкияту миллатҳо дар як қатор ҷумдуриҳои алоҳида ба хусусиятҳои миллй кам аҳамият медоданд.

Хусусан солҳои 20-30 ва минбаъд солҳои 50-70, ки ду тамоили инкишофи миллат аз чиҳати назари эътироф шуда буд, ба хусусиятҳои миллии собиқ ҷумдуриҳои Осиёи Миёна ба хусус дину ирфон кам аҳамият дода мешуд, вале ҷиҳатҳои интер­националӣ аз ҳад зиёд тарѓибу ташвиқ мегаштанд. Дар натиҷа таносуби диалектикӣ хароб гардид ва миллатҳои сокини Осиёи Миёнаву Қазоқистон аз таърихй илму фарханги дини худ, ки ҷиҳати асосии худшиносии миллӣ мебошанд, тақрибан бехабар монданд.

Чунин рафтор ба оқибати бад оварда расонид. Дар натиҷаи бозсозй ба дину таърихи тамаддуни гузашта имконияти муроҷиат кардан пайдо шуд. Мардуме, ки ташнаи анъанаҳои милливу динй буда аз гузаштаи худ бехабар буданд, ба тарѓибу ташвиқоти нодурусти муллоҳову эшовҳо бовар карданд ва оқибат ба ҷанги бародаркушй мардумро ҳидоят намуданд. Лекин хушбахтона мардум ин хатогии худро фаҳмид ва барои бартараф намудани он кушишҳо карда истодаанд ва ба дастовардҳои хуб ноил шудаистодаанд.

#

О L-BRO Admin

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.