Маданият ва табиат

 

Табиат дорой ду маънй аст: васеъ ва махдуд. Ба маънии васеъаш табиат ин олами моддии моро иҳотакарда: Замин, низоми Офтоб, Каҳкашон ва ғайра. Бо маънии маҳдудаш вай фақат маҷмўи низомҳои моддй, табиати зиндаю гайризиндаест, ки шарти зарурии пайдоиши мавҷудият ва инкишофи ҷомеаи башарй ба ҳисоб меравад.

Пайдоиши мафҳуми табиат таърихи қадима дорад. Вай замоне пайдо шудааст, ки одамон табиатро бо фаъолияташон монанду муқоиса мекарданд. Одамони ҷамъияти ибтидой та­биатро ба мисли ҷондор тасаввур мекарданд, ки зимистон мемирад, карахт мешавад ва баҳорон аз нав эҳё мешавад. Монанди: Иди бостонии тоҷикон-Наврўз. Ин ид ҳамчун рамзи зиндашавии табиат, зинда шудани табиати мурда ҷашн гирифта мешавад. Мафҳуми табиат чизҳоеро ифода мекунад, ки бо қонуну пояҳои худ новобаста аз инсон вуҷуд доранд. Табиат мешавад зинда ва ғайризинда.

Табиати зинда оламест, ки иборат аз набототу ҳайвонот ва ҳашаротҳои мухталиф. Табиати зинда аз гайризинда бо мубодилаи моддаҳо, ангезишпазирй, дорой кобилияту афзоиш ва сабзишу инкишоф буданаш фарк мекунад, яъне табиати зинда дорой ҳаёт аст.

Табиати гайризинда инкишоф намеёбад: санг, об, хок ва гайрахо.

Дар бораи табиати зинда ва гайризинда ва даёт фикрдои мухталиф вучуд дорад. Чунончи: одамони қадим чунин ақида доштанд, ки ҳама чиз: ҳам одам, ҳам ҳайвон, ҳам дарахт ва ҳам санг ҷон доранд ва то даме, ки чон чисмро тарк намекунад, онҳо зиндаанд. Чунин акидаро анимизм (аз лотинй, анима-руд, чон) меноманд. Анемизм дар чомеаи ибтидой пайдо шудааст. Ва яке аз шаклдои дини ибтидой мебошад. Одамони чомеаи ибтидой ҷон-рўҳро бо шакли одамчаи хурди дар ботин ҷой гирифта тасвир мекарданд. Бокимондаҳои анимизм ҳозир ҳам дар расму одатҳои мардуми мо дида мешаванд. Аз қабили: дар тоҷикон мафҳумҳои

рўҳ, (ҷон) хурсанд шуда равад ва гайраро дидан мумкин аст, ки барои шоду хурсанд шудани рўҳ дуою фотиха мекунанд. Бикимондах,ои анимизмро дар хдмаи динхои минбаъда дидан мумкин аст, ҳам дар дини масеҳӣ ҳам дар дини ислом. Мисол: Хобро «рафтани рўҳ» ва «марг»-ро баромадани ҷон-рўҳ, танро мирандаю рўҳро абадй медонанд.

Акидаи дигари ибтидоиро оиди табиати зиндаю гайризинда гилоизм (аз юнонй Ьи1е – модда ва чое ҳаёт)-и юнонй ташкил медихад. Арасту, Фалес ва пайравони онҳо ақида доштанд, ки ҷисмҳои олам зиндаанд ва бо ҳамин тафовути байни ҳаёту дастиро аз байн бурдаанд. Онҳо оҳанраборо маҳз ба хотири ҷазбандагиаш ҷондор номидаанд. Файласуфи голландӣ Спиноза ақида дошт, ки тамоми сангҳо дорой фикр ва кули ҷисмҳои табиат дорои ҷонанд. Дин ҳам байни зиндаю ғайризинда ҳадде гузоштааст. Мисол: мувофики Куръон Худованд аввал Замин, сони Осмонро офаридааст (сураи 41, ояти 3,11). Пас шабу рузро, Шамсу Камарро, ситорагонро офарида ба харакат даровард. Оллох баъд аз офаридани олами бечон, олами зиндаро халк; кардааст, яъне’олами чондорро офаридааст.

Акидаи дигар оиди ин масъала акидаи тотемистист. То-темисти (аз англиси Юес1 – авлод) гирифта шудааст, ки инсонро ба хайси мавчудоти зинда бо тамоми олами зинда алокаманд ва хешу табор мехисобанд ва авлодашро ба ягон хдйвон саравлод нисбат медихад. Мисли: С. Есенин дар ашъбраш вухушро «баро-дари кучаки мо гуфтааст «Маёзор муре, ки донакаш аст, ки ҷон дораду ҷон др бадан хуш аст». Умуман табиат мафхуми васеъро мефахмонад ва дорой мавчудоти бечону чондори гуногун аст. Ва яке аз чунин мавчудоти боаклу бошуури табиат ин инсон аст. Байни инсон, табиат ва маданият як ришта, як робитаи ногусустанй вучуд дорад. Ин се чизро бе *амдигар тасаввур карда намешавад. Мафхуми табиат чизхоеро ифода мекунад, ки бо конуну пояхои хеш новобаста аз инсон вучуд дорад ва ба он мукобил хам мебошад. Маданият табиатест, ки инсон онро дигаргун сохтааст. Инсон тавасути навсозии табиат мавчудияташро дар табиат хифз менамояд. Яъне инсон барои худ мухити сунъй меофарад то ки мавчудияташро дар табиат дифз намояд, ки онро К. Маркс «Табиати дуввум» номидааст. Муҳити сунъи чист? Муҳити сунъй ё табиати дуввум- ин ашёи бечони аз тарафи инсон офаридашуда, сохташуда, дар табиат вучуд надошта ба мисли хона, кордона, техникаи гуногун, ашёдои маишии рузгор, ки дамаи ин чиздоро инсон худаш эчод мекунад, меофарад. Дар табиат дарахти миз, курси, парта, ҳайкали чубин, гилин, соат, газ, компютер ва гайра вучуд надорад. Дар табиат ашёҳое вучуд дорад, ба мисли хок, об, металл, тилло, ангишт, ва гайра, ки инсон онро кор карда «чиз» меофарад. Эчоду инкишофи мудити сунъй тибки зарурату ниёзи чомеа сурат мегирад.

Мудити табии он низоми моддиро дар бар мегирад, ки новобаста аз инсон пайдо шудаанд. К. Маркс дар муҳити табий зисти инсон ду гуруҳи ҳодисаҳоро ҷудо кардааст:

  1. Манбаъҳои табий воситаҳои ҳаёт (гиёҳо, меваҷот, ҳайвонот ва гайра).
  2. Сарватҳои табий (ангишт, нефт, чуб, об ва гайра), ки предмети меҳнат ба шумор меравад.

Тағйиру инкишоф дар муҳити табий худ сурат мегирад дар муҳити сунъй бошад баръакс. Инсон дар ҳамаи давраҳои таърихй бастаи табиат аст. Вай ба табиат таъсири мутакобил намуда, барои худ «табиати дуввум ба вучуд меоварад ва ҳокимияташро бар табиат меафзояд, маданият меофарад. Маҳз дар ҳамин таъсири мутакобилаи табиату инсон андоза вучуд дошта бошад. Инсон ба табиат аз андоза берун муносибат намуда окибатҳои вазнинро меорад ба сари худ ва табиат.

Инсон 10 дазор сол мукаддам кариб аз се ду ҳиссаи чангалҳоро аз байн бурда боиси тагйирпазирии дарёҳо, кулҳо ва баҳрҳою иклимҳо шуд. Дар як худи Точикистон аз 346 намуди паррандагон 22 намудаш дар вазъи нобуд шуданист. Аз 5 млн га (кариб) чангалзори чумҳурй 350 ҳазор га боқӣ мондааст. 26 навъи гиёҳҳои дорувору хурданибоб аз байн рафтааст. Дар Точикистони кучаки мо 58 намуди ҳайвоноти бемуҳра, 4 намуди моҳиҳо, 21 намуди хазанда, 226 намуди растаҳо, 42 намуди ширхурон барои ҳифз эҳтиёч доранд.

Хулоса, инсон субъекти инкишофи маданият аст. Маданият маҳсули меҳнати эчодкоронаи инсон мебошад. Инсон аз табиат истифода бурда, истеҳсол мекунад, меофарад мавчудияти худро дар табиат ҳифз менамояд. Шоири форсизабони Покистон Муҳаммад Иқбол дар шеъраш «Мунозираи худо бо инсон» дар ин бора ишора намуда чунин мегўяд:

Ман аз хок пулоди ноб офаридам.

Ту шамшеру тиру туфанг офаридй,

Табар офаридй, ниҳоли чаманро,

Қафас сохти тоҳири нагмазанро.

Ту шаб офаридй, чароғ офаридам,

Сафол офаридй аёқ, офаридам.

Биёбону куҳсору роғ офаридй,

Хиёбону гулзор, боғ офаридам.

Ман онам, ки аз санг оина созам,

Мая онам, ки аз зах1р нушина созам.

Дар масъалаи табиатро дигаргун намудани инсон М. Икбол дар шеъри дигараш чунин мегуяд:

«Навои ишцқро соз аст одам,

Кушояд розу худ роз аст одам,

Цах,он офарид ин хубтар сохт,

Магар бо эзид амбоз аст одам.

Умуман инсон бояд ба дамодангии табиат ва чамъият би-кушад, чунки табиат сарчашмаи даёт, манбаи мехдату зиндагии инсон мебошад. Зеро, одам пайваста аз табиат неру мегирад, бинобар ин табиатро чун гаввҳараки чашм эҳтиёт бояд кард. Оиди ин мавзуъ ҳануз дар замонҳои пеш, ки он вакт илми «Экология» вучуд надошт шоирони классикамон чунин гуфтаанд:

Зи ҷуе, ки хурди аз у оби пок,

Нашояд фикандан дар у сангу хок.

Асадии Туей.

Чу мева сер хурди шох машкан.

Саъдии Шерозй. .

Аз дарахти дигарон бор чин,

В-аз паи дигарон дарахт шинон.

Масъуди Саъди Салмон.

#
add

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте как обрабатываются ваши данные комментариев.