Масъалаи робитаи Шарқу Ғарб

 

Халкхои эронинажод чй дар авди кадим ва чй дар асрхои миёна дорой маданияти баланди маънавй буда, чароги илму фар-хангро хамеша фурузон нигох медоштанд. Инро бисер халкхои чахон эътироф карда борхо дар ин бора ишорахо намудаанд. Хуввияти фархангй пеш аз хама тачлили хусусиятхои миллй ё кавмй (нажоди) мебошад, ки он ду чихат дорад:

  1. Амалу фаъолияти бевоситаи инсон барои баланд бардош-тани истехсолоти моддй.
  2. Фаъолияти шахсони алохидаи хар як халку миллат.

Ба ин маънй тамаддун вачхи куллии фарханг ва фарханг вачхи кавми ё миллии тамаддун аст.

Дар таърихи хар як миллат як шакли маданият: моддй ё маъ­навй вобаста ба шароит, чихатхои психологию таърихии мардум за дигар омилхо инкишоф меёбанд. Таърих нишон додаст, ки баъзе халкхо ба маданияти моддй тавачухи хоса зохир намуда, ба илму техника ва пешрафтхои технологи ахамият додаанд, (мамлакатхои Гарб) баъзеи дигар ба олами маънавиёт дода шуда, сохахои гуногуни маданияти маънавиро инкишоф додаанд (бештар мамлактхои Шарк).

Аз ин ру хама гуна даъвои фархагшиносони Гарб дар бораи он ки чун кишвархои Гарб аз чихоти истехсолоти моддй ва тараккиёти илму техника пеш рафта, тамоми олами Шаркро бо мол таъмин мекунанд, бинобар онхо баробари истифодаи арзишхои маданияти моддй афкори маънавим худро низ ба мардуми Шарк ворид кардани буданд, ки он чандон кобили дастгирй набуд,

Шакке нест, ки мо бояд аз фархангхои гайришаркй, аз чумла аз маданияти Гарб истифода барем, вале он бояд бо рохи таклидй набошад. Зеро дар ин сурат мо аз худ бегона хохем шуд. Умуман мукобилгузории маданияти Шарку Гарб, ки бунёдаш аз давраи антика ибтидо мегирад асоси илми надорад. Танкиди гарбиён шаркиёнро, ки дин хоси Шарк аст ва илму техника дастоварди ғарбиён, нодуруст аст. Чунки суханони зерини Гёте, ки «Шарк Ғарб хар ду руи як медали тиллоист, Хофизро хондам ман ва фаркияти Шарку Ғарбро намебинам» собитнамой дурус­хонда, як фикри нодурусти ғарбпарастиро дар ҷомеа падид оварданд.

Албатта ин акида аз бунёдаш нодуруст буд. Зеро агар ин масъаларо дурусттару аниктар тахлил намоем, маълум мегардад, ки эрониёни Шаркй (точикон) ва Эрониёни Ғарбй (форсхо) дар чоррохи маданияти Шарку Ғарб дар чорроҳи ҳарбиву иқтисодй ва маданию таърихй қарор доштанд.Хуҷҷату санадҳои таърихй ба он шаходат медиханд, ки сохти ичтимоию иктисодии Эрони Бостон аз чунбишу тагйирот бенасиб набудааст ва ма­данияти вохиди он тамаддунхои бобулй хиндй ва Эрониро бо як гирехи таърихиву маданй бастааст. Махз бисер унсурхои маданияти Шарк; аз чумла илму дикмати Эрони Бостон аз замони Хахоманишиниён cap карда то замони Сосониён ба маданияти Юнону Рум русух, карда, дар он чой дар заминай нави таърихиву фарҳангй инкишоф ёфтааст.

Аз ин рў, маданияти Юнонро ҳамчун маданияти Ғарб пешқадам ва маданияти Шарқро қафомонда баҳо додан назари ғаразнок ва аз ҷиҳати илмй нодуруст хоҳад буд. Имрўз фарҳангшиносон бо фикру амалҳои муътамад фикрҳои Fapбпарастонаро рад карда, собит намуданд, ки тамаддунҳои Шарку Ғарб аз ҳам тафовути принсипиалй надоранд. Ин албатта чунин маъно надорад, ки байни тамаддунҳои мазкур ягон фарқияти таърихиву маданй набошад. Ба фикри онҳо ҳар як тамаддун зодаву парваридаи муҳити хоси иҷтимоии худ мебошад ва тамоюлҳои худро дорост. Ба ин нигоҳ накарда соҳаҳои муштараки байни тамаддунҳои халқҳои Шарқу Ғарб зиёданд. Ба эътироф нагйрифтани он хо ва ба баъзе хусусиятҳои онҳо як тарафа баҳо дода, онҳоро ба дараҷаи мутлақ, бардошта Шарку Ғарбро ба ҳам муқобил гузоштан, халқи якеро мутаммадин ва аҳолии дигареро ваҳшй хондан комилан нодуруст ва баҳои яктарафа мебошад.

Вале бояд қайд кард, ки дар ин қазия онҳо маънои ҷуғрофии Шарқу Ғарбро не, балки моҳитяи рамзии онҳоро муқобил гузошта буданд. Ба ибораи дигар, дар ҷое, ки илму фарҳанг инкишоф ефта бошад он кишвари мутамаддин аст ва баръаксашро ваҳшй хондан комилан нодуруст ва баҳои яктарафа аст.

Шаркиён мукобили ин ақда таълимоти худро ба вучуд оварданд. Онҳо ҷавобан ба даъваи юнониён иддао карданд, ки Шарқ маҳалли нур аст ва Ғарб маҳалли зулмот. Аз ин рў Шарқ бештар ба масъалаҳои ҷаҳони ботинии инсон ва дину ирфон машғул аст, бо олами нуронӣ машғул аст,Ғарб бошад бо ҷаҳони зоҳирй ва табиат машғул аст ва инкишофи олами нуронӣ ва фарҳанг дар он пурра имконпазир аст.

Аз сўи дигар Шарқ ҳамчун олами нуронӣ (осмон, офтоб, худо) масъалаҳои кашфу нуҳуд ва дониши ҳадсӣ (интуинтиви) ё худ бо нури қалби инсон дарк кардани олами нуронӣ (худо) баррасй бошад, дар Ғарб чун олами зулмонй (замин, мода, материя) аксаран масъалаҳои заминй бо далелу бурҳонҳои мантиқй баррасй мешавад. Дар Шарқ интуитивизм ва дар Ғарб рационализм амал мекунад. Маҳз аз ххҳамин нуқтаи назар тамоми асарҳои рамзиву тамсилии мутафаккирони асрҳои миёнаро мавриди тахлил карор додан мумкин аст. Бидуни донистани ҳамин масьала ба асархои мутафаккирони Шарк, бахусус шоирону ҳакимони классикии форсу тоҷик баҳо додан нашояд. Барои мисол асари А. Сино «Мантиқ-ул-машриқайн»-ро мегирем, Ин китоб, то қарибӣ асари гумшуда ҳисоб мешуд. Вале баъзе қисмҳои ин китоб «Мантик ва табиат» аз китобхонаи «Нури усмония» пайдо шуда ва ба баъзе нуктаҳои баҳс хотима гузошт. Ҳам дар ҳамин асар ва ҳам дар асари дигари А. И. Сино «Саломон ва Абсол» нишон дода шудааст, ки каҳрамонони онҳо аз олами моддй (зулмонй Ғарб) ба тавассути фосилаи мобайнй (олами фавқутабиӣ) ба олами нуронӣ (Шарқ) харакат карда хакикати мутлакро дарёфти пурра намекунанд. Яъне хануз кахрамонони асар пурра аз дониши иктисобй ва муносибатхои окилона (рационалиста) пурра рахои накардаанд»

Бинобар ин яке аз мутафаккирони дигари асрхои миёна Илхобуддини Сурхавардй дар асархои рамзиву тамсилиаш чунин муносибати Ибни Синоро танкдду мазамат карда, масири сафари кахрамонони худро мураттаб аз олами зулмонй ба олами нурони нишон медихад ва тамоми зинахои сайри та кому ли инсонро дар он муфассал баён мекунад.Масалан, у дар «Қисса-ғурбат-ул-тарбия», қаҳрамони асарашро аз сўи Ғарб (олами моддй) ба сўи Шарк (Яман) сафар кунонида вайро ба камоли максуд мерасонад. Зимни сафар кахрамони асар аз мушкилидо (мурокибаи шахсй, зуад, таваккул) гузашта дар бахри беканори маърифати маънавй шино мекунад. У аз омил^ои олами моддй дури чуста, ба воситаи хавоси ботинй (маърифати хддси) олами нуронй (Худо)-ро дарк мекунад.

Бо ин асараш Сухрвардй нишон медвдад, ки мафхуми Шар-ку Гарб на факат маънои чугрофй, балки маънои рамзй дорад, ки ба инкишофи маънавии инсон ё худ ду намуди маърифат ишора мекунад: яке дарки олами моддй (Гарб ё худ олами зулмоий) ва дигаре маърифати маънавй (Шарк, маърифати олами нуронй) мебошад. Дуввумин ба худшиносй оварда мерасонад, ки зимни он у ба наслу насаб (рух,и аз олами нуронй расида)-и худ мерасад. Ба ибораи дигар нисон тибки дадиси набавй «кулла шайъин ярчау ило аслих,и» манбаи нозилшуда ва чисмашро дарк менамояд.

Масъалахои мукобилгузории Шарку Гарб аз назари фалсафй боз як силсилаи чабадхои гуногун доранд, ки аз баррасии он худдорй намуда, факат таъсири бевоситаи илму фарханги асрҳои миёнаи Шарқ ва Ғабро нишон додан айни муддао хохад буд. Масалан: «Ал-Қонун»-и Ибни Сино то асри XVIII дар Ғарб дарс дода мешуд, афкори фалсафаи Ибни Сино ва шогирдонаш ба Ғарб чунон тараққй кард, ки истилоҳи нави «аристотелизми авитсенй», «августинизми авитсеннонида» шуда барин мафҳумҳои тоза пайдо шуданд. Таълимоти онтологӣ, гносеологӣ ва эстетикии Ибни Сино дар Франсия, Германия, Италия ва Англия аксул амали хосе ба вуҷуд овард.

Акидаҳои Ибни Синоро дар бораи қадим будани олам Боетский Дакий, назарияи маърифатии ўро Алберти Кабир, метафизикиашро Дун Скот, фалсафаи сиёсиашро Бэкон инкишоф додаанд. Чунин далелҳоро дойр ба таъсири дигар илмхои табииву илмии Шарқ ва Ғарб низ мисол овардан мумкин аст.

Масъалаи мукобилгузории Шарқ ва Ғарб дар давраи Эҳё аз нав ба вуҷуд омад. Вакте, ки дар Ғарб илмҳои гуногуни табииву илмй ва техникиву – технолоӣ тараққй кард, идеологияи наве ба вуҷуд омад, ки боз ҳамон муқобилгузории давраи антиқаро ба ёд оварда, мамлакатҳои Ғарбро «Ғарби мутамаддин» ва сарзамищои Шарқро «Шарқи ирфон»-и эълон дошта, даъво карданд, ки халқҳои Шарқ хоҳанд, ки ба мо баробар шаванд, бояд илму фарханг ва техникаву технологияашонро ба сатҳи инкишофи мо бирасонанд. Чунин ақида боиси ба вучуд омадани ақидаҳои «Европосентристӣ (Ғарбпарастй) ва «Восточносентристӣ» (Шарқпарастй)» дар соҳаҳои гуногуни илму ҳикмат гардид. Истилохҳҳои гуногуни «маданияти ғарбӣ», тафаккури ғарбӣ «маданияти шарқӣ», тафаккури шарқӣ ва ғайра пайдо шуданд, ки моҳиятан мазмуни конкретии таърихиву фарҳангй надоранд.

Фарҳангшиносони машҳури муосир Шпенглер (Германия), А. Тойнби (Англия), Саидҳусайни Наср (Эрон) ба махсусиятҳои таърихиву фарҳангии тамаддунҳои ҷудогона аҳамияти махсус дода, ба хулосае омаданд, ки тамаддунҳои инсонй мисли мавҷудоти зинда рузе пайдо мешаванд, тадричан нашъунамо меку-нанд, ба авчи камолот мерасанд ва рузе таназзул ёфта албатта нобуд мегарданд. Ба ибораи дигар, таърихи инсоният аз маҷмўи тамаддунҳои ҷудогонае иборат мебошад, ки дар мавзеъҳои гуногун дар замонҳои мухталиф новобаста аз якдигар ба вуҷуд меоянд.

Ҳоло фарҳагшиносон таҳти ташкилоти Давлатҳои Муттаҳида ЮНЕСКО оид ба таърихи илм ва маданият, ба омузиши ҳаматарафаи, маданияти моддй ва маънавии инсоният машғуланд.

ЮНЕСКО барои бехҳтар шинос шуданд бо тамаддунхои халқҳои Осиёи Марказй тавассути коти археологи ому­зиши таърих, илм ва адабиёти халқҳои он Иттиҳодияи Бай-налхалкй оид ба омузиши маданияти Осиёи Марказй (1973)-ро таъсис кардааст, то ин ки ба ин баҳс, яъне «Ғарбпарастй» ва «Шарқпарастй» хотима диҳад.

#
test

2 комментария

  1. Афзалшох

    бехтарин лекин иловахо мешуд боз нагз мешуд

  2. Хеле хуб агар боз дарбораи Назарияи олимон ба фарханг мавзу боша аълотар мешуд

Добавить комментарий