Анъанаҳои миллии мардуми эронинажод дар асрҳои III-VII.

 

Хаёти маънавии мардуми эронинажоди асрҳои III-VII дар натиҷаи пешрафти иқтисодӣ ва истифодабарии мероси гузаштагон натанҳо тараққӣ кард. Балки такомул ёфта ба зинаҳои баланд расид. Инкишофи ҳаёти иқтисодию маънавӣ ба пешравии анъанахои миллии халқҳои эролнинажод таъсири калон расонида, онҳоро мукаммалбой ва пуршукўҳ кард.

Яке аз ин гунна анъанаҳо таснифот ё худ гурўҳбандии солу моҳ, номгузорӣ ва ҷашнгирии идҳои ба онҳо мансубдошта мебошад.Номи аксарияти моҳҳо аз номи худо, фариштаҳои дини зардуштӣ гирифта шудааст.Ҳанўз дар замони қадим ориёиён солро баду қисм тақсим мекарданл.Қисми авали онро зим(зимистон) ва қисми дуюмро ҳамо

(тобистон) ҳисоб мекарданд.Вақте,ки қабилаи ориён ба Вароруду Эрон омданд, гурҳбандии фаслҳои солро мувофиқи табиати ин сарзами тағйир доданд. Акнун тобистон ҳафт моҳу зимистон панҷ моҳро ташкил медод.

Баъдтар дар аҳди Сосониён солро ба чорфасл: ваҳр-баҳор, ҳомин- тобистон,

Потер- тирамоҳ, ва поиз- зимистон ҷудо карданд. Хар як фасли сол се моҳӣ буд.Мардуми эронинажод дар аввалҳо ҳафта надоштанд ва ба ҳар рўзи моҳ номи махсус ниҳода буданд.

Эронинажодиён дар баъзе рўзҳои моҳҳо ид доштанд.Дар рўзи ҳафтуми  фардинмоҳ иди суруш-фариштаи посбони шабро ҷашн мекарданд. Рўзи шонздаҳуми моҳи меҳрро меҳр меномиданд.Меҳр маънои офтобро дорад ва дар ин рўз худованд офтобро офаридааст. Дар рўзи меҳр иди Меҳргонро ботантана ҷашн мегирифтанд.

Дар рўзҳои моҳҳои дигар низ иду ҷашнҳои гуногун мавҷуд буданд, ки онҳо низ дар асоси таълимотҳои дини зардуштӣ амал мекарданд.

Мардуми эронинажод соли ба тахт нишастани ҳар як шаҳаншоҳро соли якум ҳисобида, солҳои пешинро як тараф мемонданд. Солшумории Суғдиён низ монанди эрониён буд.Суғдиён низ чун эрониён дар рўзҳои моҳҳо иду маросимҳои гуногун доштанд. Рўзи якуми моҳи навсарз саршавии сол ва иди Наврўз буд.

Эронинажодиён дар натиҷаи омўхтани рўзу моҳ ва фаслҳо солшумории худро доштанд.Солшумории Авестоӣ аз қадим мавҷуд буд ва тахмин меравад, ки онро шахсан худи Зардушт тартиб додаст., ки сол 365 рўз ва 12 моҳ иборат буд, ҳар моҳ 30 рўзӣ буда панҷ рўзи дигарро дар охири моҳи дувоздаҳум ҳамроҳ мекарданд.

Ба муносибати ба тахт нишастани шоҳаншоҳи охирини сосонӣ Яздигурди3 солшумории яздигурдӣ сар шуд. Мувофиқи ин солшуморӣ як сол аз 360 рўзу 12 моҳ ва ҳар моҳ аз 30 рўз иборат буд.Панҷ рўзи кабисаро дар охири моҳи исфандормўз хамроҳ мекарданд. Рўзи саршавии солро рўзи баробаршавии соатҳои шабу рўз ва ибтидои зиёдшавии вақти рўз- якуми моҳи фарвардин қабул карданд.Чоряки рўзро дар солшуморӣ ба инобат нагирифтанд, ки онродар асри XI Умари Хайём ислоҳ кард. Тақвими яздигурдиро то кунун зардуштиён истифода мебаранд.

Аз охири асри VII сар карда мардуми эронинажод солшумории исломиро қабул кард. Солшумории ҳиҷрӣ- қамарӣ ( мохтобӣ) аз тарафи халифа Умар (634-644) дар тамоми давлатҳои мусулмонӣ чорӣ карда шуд.Ин солшуморӣ аз рўи ҳиҷрати ҳазрати пайғамбар Муҳаммад(с) аз Макка ба Мадинамутобиқи 16 июли соли 622 милодӣ сар мешавад.Соли қамарӣ- ҳиҷрӣ 354 рўзу 11 соатро ташкил дода аз соли шамсӣ ( офтобӣ) 10 рўзу 21 соат кўтоҳтар аст. Саду се соли қамарӣ баробари 1000 соли шамсӣ буда, дар муддати 33 солу ду моҳ, фврқи солшумории қамарӣ аз шамсӣ як солро ташкил медиҳад.

Агар сари сол дар солшумории шамсӣ рўзи якуми фарвардин сар шавад, дар солшумории ҳиҷрӣ-қамарӣ сари сол ҳар сол 10 рУзу 21 соат пештар меояд.

Ихтирои сол, солшуморӣ, моҳу рўз ва ҷашнгирии идҳо аз баландии тамаддуни маънавии мардуми эрнинажод шаҳодат медиҳад.

Асрҳои III-VII барои мардуми эронинажод давраи рушду камол ва тамаддуни илму фарханг ба ҳисоб меравад.Он мардумро халқи бузурги бофарҳанг меноманд, ки урфу одат ва идҳои милли худро дошта бошанд, онро ҳама вақт пос доранд ва побанди анъанаҳои дигар халқҳо набошад.

Наврўз.

Дар асрҳои III-VII ҳаёти иқтисодӣ ва маишии халқҳои эронинажод хеле пеш рафт, ки дар натиҷаи он иду ҷашнҳои миллии худро бо шукўҳию ифтихор қайд мекарданд. Яке аз бузургтарин иди мардумӣ Наврўз аст. Наврўз саршавии соли нав рўзи якуми моҳи фарвардин буда мутобиқи 21 марти насронӣ мебошад. Агар моҳи феврал 29 рўз бошад, Наврўз 22 март ва агар моҳи феврал 28 рўз бошад , Наврўз 21 март қайд карда мешавад.Дар ин рўз дарозии соати шабу рўз баробар шуда, дар рўзҳои баъдина як ва ё ду дақиқа вақти рўз зиёдтар мешавад. Сабзидани сабзаҳо ва рангинии табиат исботи он аст, ки Наврўз саршавии соласт.

Аз рўи оини сосониён шоҳаншоҳи навтаъиншуда дар рўзи Наврўз ба тахт менишаст.Дар ин рўзба мардум эълон мекарданд, ки шоҳаншоҳ барои ба халқ некӣ кардан ба тахт нишаст. Дар рўзи дуюми Наврўз барои деҳқонон идро ботантана қайд мекарданд. Рўзи сеюм барои сипоҳиён, мўбадон, мансабдорони калон, рўзи чорум шоҳаншоҳ бо аҳли оила, наздикон ҷашн мекард. Дар рўзи панҷум барои хонавода ва ходимони дарбор бо тантана ҷашн карда мешуд., ба онҳо инъомҳодода мешуд.Рўзи шашум шоҳаншоҳ аз мардум дурр шуда, худ ид мекард,ки дар он шахсони наздиктарини ў иштирок мекарданд.

Ин ид, ки таърихи зиёда аз панҷ ҳазор солро дорад,дар бораи пайдоишу тарзи гузаронидани он фикрҳои гуногун мавҷуд аст

Ба тарзи идкунии Наврўз дар ҳар давра тағйиротҳо дохил шуданд. Наврўз иди халқӣ буда, ба динхо алоқа надорад.Ин ид пеш аз дини зардуштӣ ба вуҷуд омадааст.

Наврўз сари сол, рўзи якуми соли нав аст.Шаклу айни, рамзва тарзи ҷашнгирии Наврўз аз давраи ба вуҷуд омадан то кунун борҳо такмил ёфтааст ва мардуми ҳар маҳал онро то андозае ба тарзи худ ҷашн мегирифтанд.Оиди ҷашнгирии Наврўз ақидаҳои гуногун вуҷуд доранд. Масалан: дар аҳди Сосониён Наврўзро 30 рўз , баъдтар 6 рўз ҷашн мегирифтанд.Баъдтар Наврўзро дар Осиёи Миёна , Эрон, Озарбойҷон 13 рўз қайд мекарданд. Барои мардуми эронинажод ҳафт рақами мўътабар аст Барои ҳамин дар дастархони Наврўзӣ ҳафт таомҳое мегузоштанд, к ибо ҳарфи шин сар мешуд: шакар, шамъ, шарбат, шароб, ширинӣ, шона, шир. Ҳар яки онҳо рамз ва маънои худро доранд.Пас аз истилои арабҳо дар дастархони ҷашнӣ ҳафт таоми бо ҳарфи син сар мешудааст: саҷид, сабзӣ, сирко, сир, суманак, самбуса ва сипанд мегузоштанд.

Оиди ҷашнгирии Наврўз, Меҳргон, Сада олимони замони гузаштаю ҳозираи халқи тоҷик асару мақолаҳои бисёр навиштаанд, яке аз чунин асарҳо «Наврўзнома» -и Умари Хайём мебошад.Ин асар аз 14 боб иборат аст. Китоб дар бораи пайдоиши Наврўз буда, тақвими солшумории эрониро аз қадим то асри XII нишон дода, дар бораи шахсони таърихии эрониён ба монанди Каюмарс, Хушанг, Тахмурас, Ҷамшед маълумот додаст.

Меҳргон.

Дигар иди пуршукўҳи мардуми эронинажод ҷашнкунии Меҳргон буд. Мувофиқи гуфтаи Абурайҳон Берунӣ иди Мехргон дар натиҷаи аз тарафи Фаридуну Коваи оҳангар кушта шудани Заҳҳоки Бевараспва ба ин муносибатдар кўҳи Дамованд ( Эрон) базм ороста тоҷи шоҳаншоҳиро ба сари Фаридун гузоштан ба вуҷуд омадааст.

Меҳргон ибтидои худро аз замони ориёӣ гирифтааст. Чунки дин, урфу одат, идҳо дар мурури чандин солҳо ба вучуд меоянд.

Иди Меҳргон иди меҳр, дўстию рафоқати мардум, ёрӣ, ва некӣ кардан ба одамон мебошад.

#

О L-BRO Admin

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.