Ҳаёти фарҳангии халқи тоҷик дар асрҳои XIV – XV
Дар таърихи халқи тоҷик ибтидои асри XIV давраи парокандагии феодалӣ буда, дар чоряки охири ин аср ташкилёбии давлати мутамарказноки Амир Темур ба амал омад. Дар асри XV агарчанденизоъҳои темуриён ба афзудани парокандагии феодалӣ оварда блошад ҳам, фарҳанги халқи тоҷик инкишоф ёфт.Зеро ин халқ соҳиби анъанаҳои бои фарҳангӣ буд, ки он яке аз омилҳои тараққиёти илму фарҳанг дар асрҳои XIV-XVо низ бояд донист, ки сулолаҳои туркие, ки дар Мовароуннаҳр ва Хуросон ҳукмронӣ кардаанд, забони давлатии онҳо тоҷикӣ буд. Ин давлатҳо ба инкишофи фарҳанг шароит оварда бошанд, ҳам кулли аҳли фарҳанг аз мардуми эронинажод буданд.
Ҳаёти фарҳангии шаҳрҳои Мовароуннаҳр ва Хуросон дар асрҳои XIV-XV вобаста ба ҳаёти сиёсӣ ва иқтисодии замон буд. Дар охири асриXIV ҳаёти иқтисодӣ-фарҳангии шаҳрҳои Самарқанд, Бухоро, Ҳирот, Балх, Хуҷанд, Кўлоб, Тирмиз ва дигарҳо рў ба тараққӣ гузоштанд.
Аксарияти аҳолии шаҳрҳоро мадуми ҳунарманд ташкил медод. Корхонаҳои косибӣва ҳунармандӣ инкишоф ёфт. Ҳунармандон ба ғайр аз кори ҳунармандӣдар ҳаёти фархангии шаҳр саҳми худро гузоштанд. Аксарияти онҳо аз адабиёт,мусиқӣ, ва илмҳои дигар хабардор буда, маҳфилҳои гуногуни фарҳанги доштанд, ки он ба инкишофи фарҳаанги замон ҳиссаи босазо мегузошт.
Дар ин давра илми исломшиносӣ, ки идеологияи ҳаёти сиёсию фархангии замон буд, хеле тараккӣ кардОлимонизиёд асарҳои илмӣ офарида ҷабҳаҳои таълимоти дини исломро инкишоф доданд.Дар байни онҳо асосгузори равияи нақшбандияи тасаввуфй Муҳаммад ибни Муҳаммади Бухороӣ маъруф ба Баҳовуддини Нақшбанд (1309-1389) буд. Дар таълимоти ў гуфторҳои ҳазрати пайғамбар ( Муҳаммад (с) ) ва шариати ислом ҳаматарафа дастгирӣ ва тарғиб карда шудааст. Аз рўи таълимоти Баҳовуддини Нақшбанд инсон бояд аз касбу кор баҳра бурда, зоҳиран бо халқ ва ботинан бо худо бошад. Шогирдони ў Муҳаммади Бақӣ, Муҳаммади порсо, Яқуби Чархӣ буданд.
Яке аз бузургтарин мутафаккири асри XIV форсу тоҷик Мир Саид Алии Ҳамадонӣ ( 1314-1384)мебошад..Дар асрҳои ў илми ислом, фалсафа,ахлоқу тарбия, зебоӣ, вафодорӣ траннум ёфтааст. Асарҳои ин олими бузург дар таърихи инкишофи фарҳангимо нақши бузург гузоштаанд.
Олими машҳур дини ислом, шогирди Баҳовуддини Нақшбанд Яқуби Чархӣ, бузургтарин шахсияти ин давра ба ҳисоб меравад.
Дар асрҳои XIV-XV илми ахлоқ хеле инкишоф ёфт.Тамоми комёбиҳои фархангии ин давра дар натиҷаи тараққиёти иқтисодӣ ва пурқувватшудани ахлоқиҷомеа ба даст оварда шудааст.
Бузургтарин олими соҳаи ахлоқ Камолидди Ҳусайн Воизи Кошифӣ буд.
Дар ин давра илмҳои табиатшиносӣ низ инкишоф ёфт. Дар давраиҳукмронии Амир Улуғбек шароити муттаҳидшавии олимон ва аҳли фарҳанг дар Самарқанд пайдо шуд. Бо фармони ў солҳои 1420-1429 дар Самарқанд расадхона сохта шуд.
Муаррихи машҳури замон Низомуддини Шомӣ бо фармони Амир Темур соли 1402 китоби «Зафарномаи Темур» навист, ки дар он дар бораи забткориҳои Тему рва ҳаёти фарҳангии он замон баён кардааст.
Дар асрҳои XIV-XV шоирону нависандагон доир ба жанрҳои гуногуни адабиёт шеъру хикояҳо навиштаанд. Машҳуртарин шоиру нависандагон Убайди Зоконӣ (1270-1371), Хофизи Шерозӣ (1325- 1389), Абдураҳмони Ҷомӣ (1414- 1492), Камоли Хўҷандӣ (1318- 1401), Алишери Навоӣ (1441-1501)буда асарҳои бесаволи худро эҷод кардаанд.
Дар асри XV санъати мусиқӣ инкишоф ёфт. Дар тамоми шаҳрҳо мактабҳои мусиқӣ бо бо китобҳои дарсӣ таъминшуда мавҷуд буданд.Беҳтарин китоби дарсиро Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ бо номи «Рисолаи мусиқӣва адвор»(1475) навишта буд
Дар баробари саъати мусиқӣ саъати тасвирӣ низ тараққӣ кард.Қариб дар тамоми шаҳрҳо аҳли ин ҳунар зиндагӣ ва эҷод кардаанд. Аз рўи таълимоти ислом тасвири худо, малоикаҳо, одамон мамнўъ буд, амо зиндагӣ бе надомату зарофат вуҷуди пурра надорад, бинобар ин санъати тасвирӣ аз байн нарафта, дар бисёр соҳаҳои худ ба монанди наққошӣ, мусаввирӣ, минётурӣ, рассомӣ ва ғайраҳо инкишоф ёфт.
Ҳанўз дар давраи ҳукмронии Амир Темур санъати наққошӣ тараққӣ карда буд., ки онро дар сохтмони биноҳо, қасру иморатҳо ба монанди Шоҳи Зинда, Гўри Амир, Оўсаройҳо тасвир кардаанд.
Маркази санъати тасвири дар ибтидои асри XV шаҳри Ҳирот буд.Шоҳрух Мирзо ва писари ў Бойсанғур ба инкишофи ин санъат диққати махсус додаанд.Бойсанғур бузургтарин амирзодаест, ки ба инкишофи фарҳанги замонаш хизмати калон кардааст. Бо роҳбарии ў Кохи саъати Хирот бунёд карда шуд, ки дар он зиёда аз 40 нафар аҳли фарҳанг б монанди меъморон, олимону шоирон,наққошон, сангтарошон, мусаввирон, бастакорон ва дигар намояндагони аҳли фарҳанг ҷамъ шуда буданд.
Машҳуртарин намояндаи санъатитасвирии асриXV Саид Мираки Наққош буда, шогирдаш Камолиддини Беҳзод мебошад, ки вай дар сураткшӣ ва наққошӣ шўҳрати беҳамто дошт. Аввалин китобе, ки Камолиддин Беҳзод нақшу нигор кардааст «Бўстон»-и Саъдии Шерозӣ мебошад. Асарҳои Камолиддин Беҳзод дар санъати тасвири яке аз беҳтарин намунаи нодиру пояҳои баланди санъати тасвирии Шарқу Ғарб ба ҳисоб меравад.
Санъати минётура дар охири аср XIV ба давраи устуворшавӣ ва равнақи худ дохил шуд. Мактабҳои минётураи Табрез, Самарқанд, Шероз, Ҳирот ба вуҷуд омаданд.
Даар охири асри IVӣ низ хеле инкишоф ёфта буд.Дар ин давра кохонаҳои қоғазбарорӣ аллакай вуҷуд доштанд. Дар давраи ҳукмронии Шоҳрух мирзо ва писараш Муҳаммад Улуғбек, ки онҳо аҳли фарҳанги замонашон буданд, теъдоди китобҳо зиёд шуда , сохтмони китобхонаҳо зиёд шуданд.Дар инкошофи китобу китобдорӣ саҳми писари дигари Амир Шоҳрух Бойсанғур Мирзо хеле калон буд .Вай дар Кохи санъате, ки дар Ҳирот бунёд карда буд, китобхонаи бузурге сота буд, ки дар он ҷо хаттотон, наққошон, нусхабардорон, лавҳакашон, муқовасозон, китобкунандагон хизмат мекарданд.
Умуман фарҳанги асрҳои XIV-XV халқи тоҷик дар таъриху тамадуни халқи тоҷик саҳифахои дурахшонро ишғол мекунад.