Вазъи фарҳанг дар асрҳои XVI XVIII

Вазъи фарҳанг дар асрҳои XVI XVIII

Дар охири асри XV ибтидои асри XVI қабилаҳои бодиянишини туркӣ бо роҳбарии Муҳаммади Шайбонӣ давлатҳои парокандаи Темуриёнро шикаст дода, ҳокимияти сиёсии худро дар Мовароунаҳру Хуросон ташкил намуданд, ки дар таърих бо номи сулолаи Шайбонио (1490-1599) маълуманд. Давлати Шайбониҳоро қабилаи дигари туркӣ Ҷониҳо шикаст додан два ҳокимияти сиёсӣ ба дасти сулолаи нав Ҷониҳо (Аштархониҳо 1599-1747) гузашт. Дар миёнаи асри XVIII Мовароунаҳр ба давлатҳои феодаи аморати Бухоро,  хонигариҳои Хеваю Қуқанд ва бекигариву хонигариҳо тақсим шуд. Дар Хуросон то миёнаи асри XVIII парокандагии феодалӣ хукмрон буд.

Асрҳои XVI-XVIII дар таърихи халқи тоҷик давраи сустшавии инкишофи фарҳанг буд. Ба ин сабабҳои зерин дохил мешаванд: парокандагии феодалӣ, ин он маъниро дорад, ки Мовароунаҳр ва Хуросон ба якчанд давлатҳои хурд тақсим шуданд; ҷангу ғоратгариҳоибайниҳамдигарии Шайбониҳо, Ҷонниҳо, Сафавиҳо ба харобшавии шаҳру деҳот оварда расонид; пурҷўр шудани иртиҷои динӣ, ки ба инкишофи илмҳои табиатшиносӣ ва баъзе соҳаҳои фарҳанг роҳ намедод; шоҳон ва ҳокимони пастфитрат ба инкишофи илму фарҳанг этибор намедоданд.

Сарфи назар аз душвориҳо ва нооромиҳои замон илму фарҳанги тоҷик қатъ нагардид. Хусусан инкишофи санъати мусиқӣ ва меъморӣ назаррас буд. Дар регистони Самарқанд сохтмони мадрасаи Шердор оғоз шуд. Мадрасаи тиллокорӣ дар майдони регистон сохта шуд.   Ин мадраса бо ҳамроҳии мадрасаҳои Улуғбеку Шердор маҷмўаи меъмории Регистонро ташкил медиҳад. Умуман дар асрҳои XYI-XVIII дар бисёр шаҳрҳои Мовароуннаҳру Хуросон ба мисли Бухорову СамарКанд,Паҷакенту Хисор ,Истаравшану Конибодом мадрасаҳои хеле зебову диққатҷалбкунанда сохта шуданд,ки бо нақшу нигори хоса оро дода шуда буданд.

Саъати меъморӣ низ дар ин давра хеле тараққӣ намуда буд.дар меъморӣ ва сохтани он хизмати меъморон хеле калон мебошад.Аз онҳо донистани илмҳои ҳисоб,ченак ,нучум, санъат. Ҳунармандӣ ва ғайра талаб карда мешавад. Яке аз меъморони баландихтисоси он замон Исои Самарқандӣ буд. Вай сармеъмори яке аз ҳафт мўъҷизаи  ҷаҳонТоҷмаҳал(асри17) дар шаҳри Аграи Ҳиндустон мебошад.

Дар санъати ороишию амалии ин давра як навъи нақши мусалсал-занҷираро истифода бурдаанд.Санъати кандакорӣ ва наққошӣ ни хеле авҷ ёфта буд.

Дар таърихи фарҳанги халқи тоҷик катибанависӣ аз замони қадим мавҷуд буд. Он дар асрҳои XV-XIXинкишоф ёфт. Санг барои халқи тоҷик варақи навиштаҷоти воқеаҳои таърихӣ, ишқу муҳаббат, ғаму андўҳ буд.

Катибаҳо қариб дар тамоми ноҳияҳои Хуросону Мовароуннаҳр мавҷуданд.Сангҳои гуногуни қиматноки дар болои қабр мондаро ҳунармандони тоҷик ҳаргуна ороиш медодандва бештар шеърдар бораи шахси фавтида сабт мекарданд,ки аз он шеър ҳисоби абҷад соли вафоти шахси фавтидаро муайян мекунанд.

Санъати минётуранигорӣ дар асри XVI бадараҷаи олии худ тараққӣ кадааст. Дар ин  давра  мактабҳои  минётураи Ҳирот,Табрез,Шероз,Мовароуннаҳр, Бухоро,Машҳад,

Исфаҳон ва темуриёни Ҳинд амал мекарданд.Миётуранигорон дар ороиши китобҳо мавзўи тасвириро аз мазмуни асар мегирифтанд.Дар нимаи асри XVIба ғайр аз китоб дар варақаҳоиалоҳида низ минётуранигорӣ мекарданд.Минётуранигорон расми тасвириро дар болои коғази аълосифат бо об кашида, баъди хушк шудани об дар паи он бо мўқалами аз думи саҷоб ва ё мўи пушти сари гурба сохташуда,тасвирро бо рангҳои гуногунва оҳалу сафедии тухм мемолиданд.Сипас онро бо булўр ва ақиқи сўхта сайкал медоданд.Барҷастатарин инётурнигорони асриXVIхалқи тоҷик Абдуллои Султонмуҳаммад,Ҷалолиддини Юсуф,Маҳмуди Музаҳиб ва бисёри дигарон буданд,ки онҳо дар китобҳои олимон,шоирони гузашта инсаъатиро моҳирона тасвир кардаанд.Саъати минётуранигорӣ бағоят душвор буда,аз ҳунарманд маҳорати бузурги рассомӣ, донистани ҳисобу ченак ва таъби баланди шоириро талаб менамуд. Дар асри XVIIдар натиҷаи суст шудани ҳаёти иқтисодӣ минётуранигорӣрўба пасравӣ гузошт. Ин санъат дар асри XVIII рў ба таназзул ниҳод.Санъати минётуранигорӣ дар таърихи фарҳанги тоҷик саҳифаҳои дурахшону фaромушнашаванда мебошад.

Дар асрҳои XVI-XVIII дар Мовароуннаҳру Хуросон адабиёту илм хеле тараққӣ акрда буд.Яке аз намояндагони барҷастаи аҳли фарҳанги ин давра Камолиддини Биноӣ(1453-1512) шоир, муаррих, хаттот ва бастакор мебошад. Ашъори адабии ў пурмаҳсул буда, соҳиби се девон аст.

Дигар аз симоҳои барҷастаи аҳли фарҳанги ин давра Зайниддин Маҳмуди Восифӣ(1483-1551) мебошад.Асари бадеӣ-тарҷумаҳолива таърихии худ «Бадоеъ-ул-вақоеъ»-ро навиштааст.

Намояндаи дигари аҳли адаби индавра Бадриддин Хилолӣ(1529) буда дар матаби фарҳангии Ҳирот ба воя расидааст.Ҳилолӣ шоири ширинкалом буда дар ғазалсароӣ беҳамто буд.Ў донандаи хуби санъати мусиқӣ будааст. Маснавиҳои  Шоҳ ва Дарвеш, Лайлӣ ва Маҷнун ,Сифоттул-ошиқин асарҳои бадеии машҳури замон буданд.

Дар асрҳои VII-XVIII маркази адабӣ дар Хуросон – Балх ва дар Мовароуннаҳр –Бухоро ба ҳисоб мерафт. Дар аввалҳои асри XVII фарҳанги халқи тоҷик хеле ривоҷ ёта буд,аммодар охири ҳамин аср дар натиҷаи бад шудани шароити иқтисодӣ,гуруҳе аз аҳли фарҳанг рў ба кишварҳои дигар ниход.Дар индавра адабиёти дарборӣ рўба пастравӣ гузошт ва дар байни аҳли ҳунарманди шаҳрҳо адабиёти ба халқ наздик ба вуҷуд омад. Дар бйни шоирони ин равия Фитрати Зардўзи Самарқандӣ,Сайдои Насафӣ хеле машҳур буданд

Дар асрҳои XVI-XVIII аҳли адаби зиёде ба монанди МуштоқииҲисорӣ(16), Матлаи  Бадахшонӣ, Абдурахмон Мушфиқӣ(16), Мирзо Абдулқодири Бедил(17),Зебуниссо(17) ва даҳҳо шоирони дигар адабиёти халқи тоҷикро бою ғанӣ гардонида дар ҳаёти фарҳангии замон ва таърихи халқи тоҷик саҳми арзанда гузоштаанд.

Дар асрҳои XVI-XVIII саъати мусиқии халқи тоҷик ҳам дар назария ва ҳам дар амалия хеле инкишоф ёфт.Олимони индавра таълимоти мусиқии Абўнасри Форобӣ, Ибни Сино, Абдураҳмони Ҷомӣ ва дигаронро на танҳо омухтаанд,балки бисёр ҷиҳатҳои онроҳоро инкишоф додаанд.Марказҳои мусиқии халқи тоҷик шаҳрҳои Бухорою Самарқанд, Балх ва дигарҳо буданд.Аз тарафи олимони ин илм навиштани рисолаҳои мусиқӣ дар Мовароуннаҳру Хуросон.Эрону Ҳиндустон хеле афзуд.

Аҳли мусиқӣ ҳунари худро дар рўзҳои хурсандӣ, базмҳои гуногун,идҳои халқӣ-Наврўзу Меҳргон,Рамазону Қурбоннамоиш додахалқро шоду хурсанд мекарданд.Санъати мусиқи халқи тоҷик сарфи назар аз душвориҳо анъанаҳои пешинаро нигоҳ дошт.

Дар қатори дигар соҳаҳои фарҳанг саъати рақс низ мавҷуд буд.Ба ғайр аз ин дар ин давра саҳнаҳои хушгуворӣ,бадеҳасароӣ маддоҳӣ ва дигарон амал мекарданд. Саъати театрӣ ва мусиқӣ бештар дар байни мардуми доро ва аҳли илму фарҳанг инкишоф ёфта буд.

0 Загрузки

О L-BRO Admin

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.