Қонун гузаштани тағйироти миқдорӣ ба сифатӣ ва баръакс

 

Ин қонун яке аз қонунҳои асосии диалектика буда, ҳамчун унсури муҳими илми мантиқ ба шумор меравад. Вай имконият медиҳад, ки худи раванди тараққиёт ва инкишоф, механизми мубаддалшавии тағйиротҳои миқдорӣ ва ноаёнии воқеаҳо ба сифату ҳолати нави баландтари онҳо муайян карда шаванд. Аз руи ин қонун рафти тағйиротҳои миқдорӣ ба сифатӣ, андозаи онҳо ва гузаштани ҳолати миқдорӣ ба сифатӣ ва баръакс, ҳолати сифатӣ ба миқдорӣ ҳаматарафа омухта таҳқиқу таҳлил карда мешаванд. Ба ҳисоб нагирифтани онҳо ва ва умуман шартҳои ин қонун ба олимон ва мутафаккирон душвориҳои зиёд оварданаш мумкин аст. Ин қонун нафақат ҳолат ва рафти тағйирёбиҳо ва ҳаракату инкишофи ҳодисаҳои оламро, балки моҳияти худи чизҳо ва предметҳоро, тарзи тараққиёти ояндаи онҳоро пешбинӣ менамоянд. Мисоли равшани он таърихи кашф кардан ва моҳияти системаи даврии элементҳои Менделеев шуда метавонад ё назарияи эволютсионии Ч. Дарвин ҳам. Дар асоси ин система, ки ба ҳамин қонун такя карда буд, Менделеев як қатор элементҳоро дар таблитсааш пешбинӣ кард, ки баъдтар дар солҳои ояндаи тулонӣ исбот карда шуданд (Гелий ва Неон, Аргон, Криптон газҳои инертӣ дар таркиби шуоҳои Офтоб ва ғайраҳо). Таблитсаи вай дар таърихи илмҳои химия ва коинот табаддулоти бузурги сифатиро ба амал овард ва то ҳозир пурра исбот карда нашудааст. Аҳамияти илмии ин қонун барои фанҳои ҷамъиятӣ хело калон аст. Масалан, таълимоти Маркс дар бораи иқтисодиёти капиталистӣ дар «Капитал» – и у, ки дар иқтисодиёт табаддулот ба амал овард. Ин қонуни диалектикӣ ба воситаи чор мафҳуми асосии фалсафӣ омухта шуда, зоҳиршавию таъсири он нишон дода мешавад: миқдор, сифат, андоза ва ҷаҳиш.

Миқдор – муносибати зуҳурию шаклии ҷисмҳо (узву хосият) ва робитаҳои онҳо, адад, бузургӣ, ҳаҷм, сершуморӣ, синф, дараҷаи зуҳуроти ин хосиятҳоро ифода менамояд. Ягон ҷисм бе миқдор намешавад, мисли он ки миқдор ҳам бе сифат намешавад.Миқдор ба адад ифода меёбад.

Сифат – тафсири томи хосиятҳои муҳимтарини объект, ҷисм, ашё, муайянии дохилӣ ва устувори онҳо мебошад. Сифат хусусияти дохилии онҳоро таъмин мекунад, имкон медиҳад, ки як ҷисмро аз ҷисми дигар фарқ карда шавад.

Андоза – ягонагӣ, боҳамробитадории сифат ва миқдор мебошад. Андоза ин ҳаддест, ки дар он сифати муайян бинобар тағйир ёфтани миқдораш дигаргун шуда, дар баробари ҳамин, аломатҳои муҳими худро нигоҳ медорад. Андоза ҳаддест, ки дар он ҷисм ҳамон хел мемонад, вайроншавии андоза ба нестшавии ҷисм оварда мерасонад. Ҳар як ҷисм андозаи худро дорад. Масалан, об андозаи ҷушиш ва ба яхмубадалшавӣ, офтоб андозаи шуъо ва гармшавӣ. Чисми зинда андозаи худро дорад, агар вай вайрон шавад, ба беморию марг оварда мерасонад. Агар об то 100 (градус) гарм шавад ба буғ, агар то 0 (градус) хунук шавад, ба ях мубаддал мешавад. Афлотун мегуяд, ки «Андоза дар байни фаровонӣ ва нофаровонист». Ба қавли Демокрит бошад, «Агар кас аз ҳад гузарад, чизи хуштарин чизи нохуштарин шуданаш мумкин аст». Ё ин ки андоза айёми бачагиро аз наврасӣ ва айёми ҷавониро аз айёми камолот ҷудо мекунад, вай ҳадди шартӣ ва тағйироти миқдорию сифатист, ки аз руи омилҳои анатомию физиологӣ, психологӣ, иҷтимоӣ муайян карда мешавад. Дар асоси ҳамин қонун гузариши тағйироти куллии сифатӣ муайян, дарҳам шикастани чизи куҳнаю тавлиди чизи нав ҷаҳиш номида мешавад. Ҷаҳишҳо дух ел мешаванд: тадриҷа (бардавом) ва таркишмонанд. Масалан, пайдоиши ҳаёт дар руи замин, пайдоиши одам ва шуури вай, хелҳои нави ҳайвоноту растанӣ, пайдоиш ва ивазшавии форматсияҳои ҷамъиятию иқтисодӣ, давраҳои бузурги инкишофи илм, санъат ва ғайра ба ҷаҳишҳои тадриҷӣ дохил мешаванд.

Ба ҷаҳишҳои таркишмонанд бошанд он ҳодисаҳо ва падидаҳое дохил мешаванд, ки пурмавҷ, босуръат ва якбора (ногаҳон) ба амал меоянд. Масалан, якбора заиф гаштани системаи асаб, захмдор шудан, фалач шудани кори дил, хунрезии мағзи сар, заҳр хурдан ва дигар фалокатҳои одамон.

Ҳамин тавр, дар асоси ин қонун чӣ тавре, ки дидем ҳаракату инкишоф аз чизу ҳодисаҳои миқдорӣ, майдаю номаълум, кам – каму ҷузъӣ сар карда ба дараҷаи болотару олитар, куллитару чуқуртар ва умумию маълум, ба тағйиротҳои нав ба нав то ҳадди муайян меравад. Дар дараҷаи ҳадди муайян, вақте ки андозаву ҳолати пештара вайрон шуда, чиз, предмет ва ҳодисаҳои куҳна ба сифати нав, ба ҳолати нави сифати мубаддал мешавад, ки он чиз, ин предмет сифати куҳнаро гумм карда, ба сифати нав соҳиб мешавад.

Қонун – ин робитаҳои объективӣ устувору дохилӣ ва моҳиятдору такроршавандаи предметҳо, ашёҳо ва ҳамаи чизҳои олам мебошад. Қонун нафақат робита, балки муносибатҳои муҳиму сифатии такроршавандаи воқеаҳои олам низ мебошад. Қонунҳо дар ду шакл зоҳир мешаванд. Қонунҳои объективӣ ва субъективӣ.

Қонунҳои субъективӣ аз тарафи одамон бароварда шуда, тағйир додав ва мукаммал карда мешаванд. Масалан, Конститутсияҳои давлатҳо, фармонҳо, қарорҳои президентҳо, императорон, шоҳҳо ва ҳукуматдорон, ки дар онҳо иродаю ҳукми онҳо ва шуурнокию принсипҳои давлатдорон нишон дода мешавад.

Қонунҳои объективӣ – қонунҳое мебошанд, ки берун аз шууру иродаи одамон, монарху президентҳо ва давлатдорон зоҳир мешаванд. Онҳо бо таври объективӣ амал мекунанд. Ингуна қонунҳо – қонунҳои асосии диалектикӣ мебошанд, ки онҳоро қонунҳои умумитарини тараққиёти табиат, ҷамъият ва тафаккури инсонӣ меноманд. Ин қонунҳо аз руи характерашон объективӣ буда, аз руи моҳияташон умумитарин (умумӣ ва махсус ҳам ҳастанд) ва мавзую объекти омузиши фалсафа мебошанд. Дар маркази қонун ҳама вақт тарафҳои моҳиятдор, такроршаванда ва муносибатҳои алоқаманду мутақобили предметҳо меистанд. Қонунҳои объективиро тағйир дода, мукаммал карда намешавад. Онҳоро фақат омухта ба манфиати одамон истифода мебаранд. Дар вақти омухтани онҳо хусусиятҳои умумӣ ва махсуси онҳоро ҷудо кардан лозим аст.

Хусусиятҳои умумии онҳо ин аст, ки якум, онҳо дар ҳамаи муҳити олами материалӣ зоҳир мешаванд; дуюм, онҳо қонунҳои умумитарине мебошанд, ки дар ҳамаи илмҳо, дар табиат, ҷамъият ва тафаккур амал мекунанд ва таъсир доранд; сеюм, онҳо характери ҷаҳонбинона ва методологӣ доранд. Ҷиҳати махсуси онҳо дар он аст, ки онҳо тарафҳо ва характери ҳаракат, тараққиёт ва инкишофи предметҳо ва ҳодисаҳои оламро, рафту раванд, сарчашмаи инкишоф ва гузаштаву ҳозираю ояндаи онҳоро нишон медиҳад. Масалан, агар қонуни гузаштани тағйироти миқдорӣ ба тағйироти сифатӣ раванду рафти тағйиротҳоро, қонуни ягонагӣ ва муборизаи зидҳо сарчашмаи ҳамагуна инкишофро, қонуни инкори инкор гузашта, ҳозира ва ояндаи ҳаракату тағйиротҳои олами моддиро тадқиқ мекунад.

add

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте как обрабатываются ваши данные комментариев.