Қонуни ягонагӣ ва муборизаи зидҳо

 

Ин қонунро одатан мағз ва ядрои диалектика меноманд. Дар асоси ин қонун сарчашмаи ҳаракат, инкишофу тараққиёт тадқиқ карда мешавад. Сарчашмаи он бошад, боҳамзидҳо, тарафҳои боҳамзидди чизҳо ва ҳодисаҳои олами моддӣ мебошанд. Ба ду чиз тақсим шудани чизи ягона ва муборизаи онҳо. Аз ин ҷо моҳияти фалсафии ин қонун он аст, ки ҳаракат – ин ягонагӣ ва муборизаи зидҳост. Ин қонун таълим медиҳад, ки раванди ҳаракат ва инкишофи оламро дар ягонагию зиддияти предмету протсессҳо бинем, ки вай дар аввал номаълум дар шакли фарқият пайдо шуда, баъд ба характери зиддият мубаддал гашта, дар охир муборизаву ҳалли он ба пеш меояд. Дар натиҷаи предметҳои куҳна, чизҳо ва ҳодисаҳои пештара мавҷудияти худро дар шакли куҳнаашон гумм карда, ба шакли нав, ба чизу ҳодисаҳои нави прогресивитар мубаддал мешаванд.

Ҳамин тавр, ин қонун нишон медиҳад, ки ҳар як предмет, протсесс ва ҳодисаҳои олами материалӣ зиддияти дохилӣ дорад, дорои тарафҳои боҳам зид аст ва ин муборизаи зидҳо сарчашма ва қувваи пешбарандаи ҳаргуна тараққиёту инкишофи ҳодисаҳои табиат, ҷамъият ва тафаккур мебошад.

Ҷаҳонбинии илмии фалсафӣ меъёри ҳаракат ва инкишофи оламро дар худи олам ва зиддиятҳои ба воқеият хоси олам ҷустуҷу мекунад. Матлаби ин қонун чуни наст: инкишофи воқеияти айнӣ ва равандҳои дарки он ҳамаи шаклҳои фаъолияти инсон бо роҳи ба ду ҷузъи мухталиф ва муқобил тақсим шудани чизи ягона сурат мегирад. Таъсири қувваҳои муқобил, аз як тараф, системаи муайянеро чун воҳиди том тасвир намуда, аз тарафи дигар, омили ботинии тағйиру инкишофи он мебошанд. Роҳи ҳаётии ҳамаи системаҳо ба воситаи зиддиятҳо санҷида мешавад. Ин қонун имкон медиҳад, ки манбаъ, сабабҳои ҳақиқӣ ва шаклҳои ҳаракат, намудҳои инкишофи тамоми мавҷудот ошкор карда шавад: чизе бидуни зиддият ба пеш ҳаракат намекунад. Маҳз барои ҳамин зиддиятҳоро мағзу моҳияти диалектика мегуянд.

Ба ҳамин тариқ зиддият ин навъи муайяни таъсири мутақобилаи тараф, хосият, тамоюлҳои мухталифу таркиби ин ё он система, ё байни системаҳо, раванди задухурди қувваҳои муқобил аст. Ихтилоф (конфликт) мавриди ниҳоии зидият мебошад. Таърихи илм ва амалияи иҷтимоӣ нишон медиҳад, ки матои тамоми ҳаёти олам гуё аз ду навъ риштаҳо бофта шудааст: мусбат ва манфӣ, нав ва куҳна, тараққипарвар ва иртиҷои ва ғайра. Дар байни онҳо муборизаю задухурд давом дорад. Чизҳои мутлақо айниятдор, тамоман ба ҳам монанд нестанд, онҳо ботинан ҳам байни худ фарқ мекунанд. Тафовут ин номуайянӣ, ҳархелагии ҷисм, ҳам дар байни худ ва ҳам дар байни ҷисмҳои дигар мебошад.

Гераклит шарҳ медиҳад: «Олам раванди пайдоиши абадӣ буда, он маҳз бо ягонагӣ ва мубориза имконпазир аст: дар гирдоби муноқиша ҳама чиз дар ҳаракат аст. Ҳама аз зиддиятҳо саршор буда, зиддиятнокӣ манбаи асосии он аст». [18]

Ин қонун дар илми тиб аҳамияти бузург дорад. Вазифаи ҳар як узви инсон дар асоси қонуни ягонагӣ ва зиддиятҳо амал мекунад. Мисол, дар қисми фаъолияти мағзи сар дар мағзи сар будани ду равиши зиддиятнокӣ асаб ангезиш ва бозистӣ мебошад. Ягонагии ин равишҳо ба ҳам табдил ёфтани онҳост.

Тамоми тазодҳои мавчудоти табиати зинда: ассимилятсия ва диссмилятсия, монандшавӣ ва тағйирёбӣ. Ягонагии таърихӣ (филогенез) ва фардӣ (онтогенез), зиддият байни ҳуҷайраҳои организм ва ғайра мисоли ин қонун мебошанд.

И.П. Павлов ба саволи беморӣ чист?, чунин ҷавоб медиҳад: «Ин ба ҳам бархурдани организм ва муҳит аст. Ба мо гармӣ, хунукӣ ва микроорганизмҳои патогенӣ таъсир мерасонанд. Байни организм ва онҳо мубориза сар мешавад. организм қувваҳои муҳофизи худро ба кор мебарад, ки ба ҷисм сахт алоқаманданд ва як қисми онанд.

Мо фақат қувваҳои муҳофизатиро дар вақти беморӣ мушоҳида мекунем. Мубориза бо мағлубшавии микробҳо ё мағлубшавии қувваҳои муҳофиз ба охир мерасад». [19] Ҷиҳатҳои зиддиятнокӣ организм ва муборизаи онҳоро мушоҳида намуда, табибон ба воситаҳои табобат ба организм кумак мерасонанд.

Навъҳои асосии зиддият сершуморанд. Зиддиятҳо дохилӣ ва берунӣ, асосӣ ва дуюмдараҷа (ғайриасосӣ), оштипазир ва оштинопазир мешаванд.

Зиддиятҳои дохилӣ зиддиятҳое мебошанд, ки дар дохили ҷисм, зуҳурот мавҷуданд ва вазъи онро чун томиёти муайян ифода менамоянд. Зиддиятҳои берунӣ таъсири мутақобилаи зиддиятҳоест, ки ба системаҳои гуногунмансубанд. Масалан, байни организм ва муҳит, ҷамъият ва табиат ва ғайра.

Зиддиятҳои дохилӣ ва берунӣ бо ҳам робитаи зич доранд. Зиддиятҳои берунӣ дар асоси зиддиятҳои дохилӣ ба вуҷуд меоянд ва ба онҳо таъсири мутақобила мерасонанд.

Зиддиятҳои дохилӣ аз ҳамаи зиддиятҳо муҳимтаранд. Дар организми инсон доимо нестшавӣ ва пайдошавии эритроситҳо ва лейкоситҳо ба амал меоянд. Организм доимо дар тағйирёбист. Дар организми ҷавон қувваи ассимилятсия, дар организми пир диссмилятсия мавҷуд аст.

Ҳуҷайраҳо дар ҳар лаҳза дар организми инсон ба воситаи муборизаи дохилӣ дар нестшавӣ ва пайдошавӣ мебошанд. Дар организми инсон доимо байни марг ва ҳаёт мубориза меравад. Гегел менависад: «Ҳаёт дар дохили худаш тухми маргро дорад!». [20] Ин ақидаро Ф. Энгелс инкишоф дода мегуяд: «Инкори ҳаёт дар худи ҳаёт аст, зистан ин яъне мурдан аст». [21]

Муборизаи баҳамзидҳо дар организми зинда ҳам оромона ва ҳам тезу тунд мегузарад. Вақте, ки организм сиҳат аст, зиддият байни маргу ҳаёт оромона, бедард мегузарад. Вақте, ки одам ба беморӣ гирифтор мешавад, муборизаи ҳаёт ва марг шиддатноку оштинопазир мешавад.

Ҷараёни ҳазми ғизо дар организми одам вазифаи дохилии он аст, вале аз ҷиҳати дигар вазифаи берунии он мубодилаи моддаҳоро низ ташкил медиҳанд.

Организм қувваҳои инкишофёбандаро (дар асоси зиддияти дохилиаш) дар дохили худаш дорад.

  1. Павлов И.П. Полн. собр. Соч. т.2.Кн. 2. С. 262 – 263.
  2. Гегель. Соч. т.1. С. 136.
  3. К. Маркс и Ф. Энгельс. Соч. т.20. С. 610 – 611

Тамоми ҷисмҳоро дар инкишофашон мушоҳида намуда, ба хулосае меоем, ки ҷисм якбора ба вуҷуд меояд ё тамоман вуҷуд надорад. «Бале, вуҷуд дорад» ва «не вуҷуд надорад» зеро ки вай доимо тағйирёбанда аст. Ин ягонагии ҳастӣ ва нестист.

Ҳар як одам дар олам ягонагии ҳастист ва нестист, у вуҷуд дорад ва дар айни ҳол, бефосила тағйир меёбад, вуҷуд надорад.

Зиддиятҳои оштинопазир (антагонистӣ) гуфта, чунин зиддиятҳоеро меноманд, ки дар он зиддиятҳои муқобил оштинопазиранд ва ҳатман дар рафти мубориза як тараф нобуд мешаванд ё бо роҳи осоишта ҳам бартараф мешаванд.

Дар илми тиб, физиология, микробиология низ калимаи «оштинопазир» – ро ба кор мебаранд. Агар ба микробиология ру оварем, оштинопазир гуфта, нестшавии як микроб аз тарафи микроби дигар мебошад. Байни антигенҳо (подзоҳо) ва зиддиҷисмҳо (подтанҳо) зиддият ба вуҷуд меояд. Дар бемории вазнин мубориза байни марг ва ҳаёт раванди оштинопазир дорад. Дар баробари ин, зиддиятҳои оштипазир (ғайриантагонистӣ) мавҷуданд. Ин зиддиятҳо таъсири мутақобилаи байни гуруҳҳои иҷтимоӣ буда, манфиату мақсади онҳо ба ҳам мувофиқанд. Аз ин ҷост, ки муборизаи онҳо оштипазир аст.

Дар ҳар як падида, ҳодиса хосияти диалектикии зиддиятҳо ҳамдигарро ба вуҷуд меоранд ва инкор мекунанд. Зиддият дар организми инсон фақат ба воситаи мубориза ҳал мешавад. Агар беморӣ тағйирёбанда бошад, саломатӣ барқарор мешавад. Ягонагии баҳамзидҳо нисбӣ аст, вале муборизаашон мутлақ мебошад. Дар рафти мубориза организм ба шароити нав мутобиқ мешавад ё мемирад. Ин ҷо баҳамалоқамандии зиддиятҳо мавҷуд аст, ки яке ба дигаре ворид мешавад. Дар ҳар як беморӣ ягонагии диалектикии зиддиятҳоро ба беморӣ ва тандурустӣ маълум кардан мумкин аст. Ҳамаи хелҳои зиддият вуҷуд дорад ва бартараф мешаванд, дар шакли нав дубора пайдо мешаванд.

Гегел зиддиятҳоро чун ваҳдати муборизаи баҳамзидҳо, манбаи ҳар кадом ҳаёт ва тапиш, манбаи ҳар кадом ҳаракт медонист: «Оламро маҳз зиддият ба ҳаракат меорад ва зиддиятро андеша кардан мумкин нестгуфтан, хандовар аст». [22]

Ҳамин тавр, дар асоси ин қонун зиддиятҳо чунин хосияти ашё мебошанд, ки ҷиҳатҳои муқобил дар зинаи муайян ҷойҳои

  1. Гегель. Философский энциклопедический словарь. Т.1. С. 280

канораро ишғол менамоянд (баланд – паст, рост – чап, хушк – тар, гарм – хунук ва ғайра) ва дар байни онҳо робитаю ваҳдат доимо вуҷуд дорад.

Тараққиёти тези илмҳои табиатшиносӣ ва ҷамъиятшиносӣ дар солҳои охир, амалиёти гуногуну доимо мукаммалшавандаи одамони ҳозира ҳақиқат будани қонуни ягонагӣ ва муборизаи боҳамзидҳо ва умуман диалектикаи материалистиро дар бораи характери зиддиятнок доштани тараққиёти объективии олами материалӣ ва инъикоси онро дар каллаи одамон исбот мекунад.

В.И. Ленин дар асараш «Оид ба масъалаи диалектика» менависад: «Шарти донистани ҳамаи протсессҳои олам дар ҳаёти зиндаи онҳост, донистани онҳо ҳамчун ягонагии баҳамзидҳост.

«Ба ду тақсим кардани чизҳо ва донистани қисмҳои он мағзи диалектика мебошад».

Дар ҳамин асар В.И. Ленин ду консепсияи инкишофро нишон додаст, ки яктоаш метафизикӣ, дигараш диалектиқи мебошад.

  1. Инкишоф ҳамчун такроршавӣ, камшавӣ ва зиёдшавии чизҳо;
  2. Инкишоф ҳамчун ягонагии боҳамзидҳо (ба ду қисм тақсим кардани зиддиятҳои муқобил ва муносибати байни онҳо).

Аз руи консепсияи якум ҳаракат дар сояи худҳаракаткунӣ мемонад, қувваҳои ҳаракатдиҳандаи он, сарчашмаи он, майли он ба берун бароварда мешавад, ба Худо, ба субъект ва ғайра.

Аз руи консепсияи дуюм аҳамияти асосӣ ба донистани сарчашмаи ҳаракат, ба «худ» ҳаракаткунӣ дода мешавад.

Конскпсияи якум мурда, камбағал, хушку холӣ, консепсияи дуюм – ҳаётӣ мебошад.

Фақат консепсияи дуюм калиди ҳамагуна «худҳаракаткунӣ» – и ҳастиро медиҳад; вай калиди «ҷаҳишҳо», дигаршавиҳои доимӣ ва ба зиддиятҳо мубадалшавӣ, нестшавии куҳна, пайдоиши навро медиҳад. [23]

Худи тараққиёти философия (таърихи вай) мисоли равшани пайдоиши зиддияту муборизаҳои идеяю ақидаю назария ва равияҳои гуногун мебошад.

Бе мубориза философия ва ҳамаи илмҳо тараққӣ ёфта наметавонанд.

В.И. Ленин дар ҳамон асараш як таблитсаи кутоҳи илмҳои махсусро доир ба зиддияти дохилии онҳо офаридааст. Масалан, дар

  1. В.И. Ленин. Асарҳо, ҷ. 38, с. 269.

илми математика + ва -, дифференсиал ва интеграл, дар механика таъсир ва зиддитаъсир, дар физика мусбат ва манфии электрикӣ дар химия якҷояшавӣ ва ҷудошавии атомҳо, дар илмҳои ҷамъиятӣ муборизаи синфҳо. Чунин мисолҳоро боз ҳам давом додан мумкин аст. Махсусан дар замони ҳозира, ки ҳам олам, ҳам ҳастии вай ва ҳам илмҳо хело тараққӣ кардаанд. Масалан, дар илми тафаккур – мантиқ ва фалсафаи ҳама вақт ду мафҳуми боҳамзид «ҳақиқат» ва «иштибоҳ» мавҷуд ҳастанд ва дар илмҳои дигар ҳам.

Ҳамин тавр, ягонагии баҳамзидҳо характери умумӣ дошта, таъсири методологию ҷаҳонбинона дорад. Ҳамаи илмҳо дар вақти тадқиқ ин қонуни умумии диалектикиро истифода мебаранд, чӣ тавре, ки дигар қонунҳои онро истифода ва ба эътибор мегиранд.

О L-BRO Admin

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.