Қонуни инкори инкор

 

Дар асоси ин қонун ҳаракату инкишофи предметҳои олам вобаста ба гузашта, ҳозира ва ояндаи онҳо ба амал меояд. Барои мисол, предмет дар вақти тараққиёташ на ҳамаи моҳияту хусусияти пештараашро гум мекунад. Вай фақат тарафҳои куҳнаву беманфиаташро партофта, тарафҳои наву мусбат илова намуда, ба предмети нави пешқадамтар мубаддал мегардад. Ин протсесс ба таври спиралмонанд ё морпеч ба амал меояд, ки гуё чиз ҳамон чизи аввал аст, аммо ба хати ибтидоии ин давра нарасида, аз вай болотар давр зада, бо истифодаи тамоюлҳои мусбату нав ба қуллаи баландтар баромада, шаклан ҳамон чиз ҳамон предмет мемонад, аммо моҳиятан дар заминаи нави тараққиёту инкишоф баландтар мебарояд. Мазмуни ин қонуни диалектикӣ хам ҳамин аст, ки ҳар як давраи гардиши доираи морпеч инкори давраи дигар мебошад, аз ин ру қонунро қонуни инкори инкор меноманд.

Гегел ин протсессро ба се фаза ҷудо карда, моҳияти инкори диалектикиро равшан маънидод кардааст: тезис, антитезис, синтез. Дар авал предмет ё ҳодиса дар шакли «тезис» ба ҳайси вуҷуд доштанаш пешниҳод карда мешавад, масалан, гандум; баъд аз ин инкори ин тухмиро ҳамчун антитезис дар растанӣ сабзиданаш мебинад ва дар охир аз ин растанӣ ҳосил шудани гандуми нав дар шакли ситнтезро нишон медиҳад, ки гандум ҳамон гандум, вале се дараҷаи тараққиётро аз сар гузаронидааст, яъне инкори инкор мебошад. Масалан, геометрияҳои евклидӣ ва ғайриевклидиро гирем. Геометрияи ғайриевклидӣ (Лобичевский) инкори геометрияи евклидӣ буд, аммо вай онро чунин инкор кард, ки ҳамаи муваффақиятҳои илмии онро дар худ истифода бурда буд.

Ҳамин тавр, мафҳуми инкори диалектикӣ маънои идомату робитаи давраҳои пешину ҳозира ва ояндаи инкишофро, лаҳзаи ҳалли зиддиятҳоро ифода мекунад, ҳол он ки фаҳмиши метафизикии он нест кардани яке аз тарафи дигаре, чун инкори зоҳирӣ, бемаҳсул ва беҷанини Навину пешқадам ифода карда мешавад. Барои диалектика бошад, ҳамагуна инкор не, балки инкори дорои аҳамият аст, ки барои инкишофи оянда ба ҳайси асосу замина хизмат мекунад ва инкори мутлақуохирин намебошад. Инкор «Не» гуфтан нест. «Не» гуфтане аст, ки дар вай «Ҳа» гуфтан аст. Ҳамин тавр, чӣ хеле ки дар боло сухан рафт, аз паси инкори якум дуюм ва сеюм (абатта бо хати морпечу спиралмонанд) сурат мегирад, яъне инкори сезинадор ба амал меояд.

Дар зинаи сеюм, чӣ хеле ки дидем, такрори пещтара ба драҷаи баланду олӣ ба амал меояд. Яъне ин қонуни диалектикӣ характери морпечи даврӣ дошта, ҳаракати пешрафт аз паст ба боло ва мурда рафтани куҳнаю ғалабаи предмету чизҳои нави олами материалиро ифода менамояд. Гап дар он аст, ки дар асоси ин қонун дар олам ҳама чиз охират дорад. Ҳама чиз дар протсесси пайдоиш, инкишоф ва нестшавӣ аст. Чуни наст мантиқи қатъию тағйирнопазирии ҳаёт, чуни наст мантиқи тамоми омилҳои табиӣ, умумиинсонӣ, иҷтимоӣ. Дар рафти ивазшавии беохири шаклҳои тавлидшавандаю азбайнраванда намудҳои набототу ҳайвонот пайдо мешаванд ва барҳам мехуранд, наслҳои одамон, шаклҳои ҳаёти иҷтимоӣ иваз мешаванд. Вале бе инкори куҳна тавлид шудану камол ёфтани навъи олитару пурқувват ва аз ин ру раванди инкишофи он аз имкон беру наст. Муборизаи куҳнаю нав боиси инкори куҳна ва пайдоиши навъи ҷадид мегардад. Мавҷудоти нави пайдошуда дорои зиддиятҳои хуб аст. Муборизаи тазодҳо дар асоси нав вусъат меёбад ва дар натиҷа боиси зарурати инкори нав, яъне боиси инкори инкор мегардад. Ин ҳолат ҳамин тавр беохир давом мекунад. Масалан, ҷавонӣ айёми бачагиро инкор мекунад ва худаш ҳам дар навбати худ, аз ҷониби камолот инкор мешавад, камолотро пирӣ инкор мекунад. Дар баробари ҳамин, ҳамаи ин давраҳои гуногуни ҳаёти худи ҳамон як одаманд. Дар байни нав ва куҳна ҳам умумият, ҳам фарқият, ҳам ҳамзистӣ, ҳам инкор ва ҳам гузариш мавҷуд аст.

Инкишоф дар ҷое мешавад, ки дар он унсури нав мавҷудияти унсури куҳнаро қатъ карда, аз он тамоми ҷиҳатҳои мусбату қобили ҳаётро касб мекунад. Маҳз ҳамин эҳтиёҷи нигоҳ доштани ҷиҳати мусбат «муттасилӣ дар мунфасии», идомат дар инкишоф аст. Олам дар ҳар лаҳзаи ҳозира самарии гузашта ва тухми оянда аст. Гузашта дар бунёди ҳозира ҳамеша ширкат дошта, дар шакли анъанаробитаи зиндаи замонҳост.

Анъана шакли иҷтимоии интиқоли таҷрибаи инсонист. Гёте дар бораи анъана таъкид карда буд: «Вақте ки кас устоди мумтозро мебинад, мефаҳмад, ки вай беҳтарин хусусиятҳои пешгузаштагонро истифода кардааст ва маҳз ба туфайли ҳамин бузург шудааст». [24]

Ҳанўз дар асри гузашта И. Мюллер ва Э. Геккел қонуни биогенетикиро шарҳ доданд, ки мувофиқи он ҳар як ҷисми зинда натанҳо хусусиятҳои худро дорост, балки хусусиятҳои аҷдодашро ҳам дар худ дорад. Барои ҳамин афзоишро на ҳамчун пайдоиши ҷисми нав, балки чун нигоҳдорандаи хосиятҳои ҷисми куҳна дар вуҷуди ҷисми нав фаҳмидан зарур аст. Қонукни инкори инкор дар ҳолати гузариш аз ҳолати саломатӣ ба беморӣ ва аз беморӣ ба саломатӣ низ амал мекунад. Беморӣ инкори саломатию сиҳатшавӣ инкори беморист. Аз ин ҷиҳат сиҳатшавӣ, ҳамчун барқарор намудани фаъолияти муътадили узвҳои ҷисми инсон, шакли давраро не, балки шакли морпечро (спиралмонанд) дорад. чавоби организм ба унсури касалиовар инкори уст. Аз ҳолати беморӣ ба ҳолати тандурустӣ гузашта, организм қувваҳои муҳофизатӣ пайдо мекунад ва ҳамин тариқ ба марҳилаи баландтар мебарояд.

Ҳаёт маргро ба воситаи равиши пешравӣ тавлид мекунад. Пиршавӣ моҳияти ҳаёт буда, хусусияти биологист. Дар инкишофи ҳаёти инсон нестшавии доимии ҳуҷайраҳое, ки қобилияти ҳаёти худро гумм кардаанд, ба амл омада, дар айни ҳол, ҳуҷайраҳои нав пайдо мешаванд.

Мубодилаи моддаҳо ин тағйирёбии доимист, ки дар асоси он инкор ҳолати пештараро амалӣ мегардонанд. Қатъшавии он маргро ба вуҷуд меорад.

Ҳар як раванди потологӣ шаҳодати он аст, ки ҳолати муътадили

  1. Эккерман И.П. Гуфтугу дар бораи Гёте. М., 1987. С. 194.

Организм ба амал омадани бемориро инкор мекунад. Аз захмдоршавӣ организм ҳолати муайяни пештараашро аз даст диҳад ҳам, қувваҳои муҳофизатии худро истифода намуда, кушиш мекунад (бо кумаки табибон) маргро инкор кунад. Ҳамин тавр, инкори инкор ба амал меояд.

Инкишофи олами моддӣ шакли ростхатта не, балки шакли морпечро дорад, ки ҳар як печи он аз печи пештарааш сифатан фарқ мекунад ва олитар аст. Ҳамчун мисоли морпеч дар илми тиб муборизаи ду ҷараён – гуморалистҳо ва солидаристҳоро қайд кардан зарур аст, ки онҳо якдигарро пурра мекарданд.

Таълимоти Буқрот дар бораи қувваҳои ҳаётии организм асрҳои аср ҳукмфармоӣ мекард ва ин ақидаи пешқадами гуморалистҳо буд. Вале кашфи назарияи ҳуҷайра дар асри XIX аз ғалабаи солидаристҳо шаҳодат дод. Инкишофи масуниятшиносӣ (иммунология) боз гуморализро ба дараҷаи олитар бардошт, ки инкори диалектикӣ буда, барои пешрафти илм аҳамияти калон дошт.

Ҳамин тавр, қонуни диалектикии инкори инкорро, ба монанди дигар қонунҳои фалсафа, Гегел кашф карда шарҳ додаст. Дар ин қонун равиши маърифату донишро ҳамчун ҳаракати пешбаранда, пешқадам, тараққипарвар маънидод карда, қонуни инкори инкорро (дигар қонунҳои диалектикиро ҳам) аз ҷиҳати идеалистӣ баррасӣ намудааст, ки гуё дар тафаккури инсон ба амал меояд, на дар олами моддӣ.

Моҳияти қонуни инкори инкор, чӣ тавре ки дар боло қайд кардем, дар он аст, ки инкишофу ҳаракатро ҳамчун морпеч дар алоқамандии инкоршаванда ва инкоркунанда мебинад. Чизи нав чизи куҳнаро пурра инкор намекунад, балки ҷиҳати мусбати онро мегирад ва инкишоф медиҳад ва ба зинаи баландтар мебардорад.

Ин қонун ба мо имкон медиҳад, ки гузаштаю ҳозираро фаҳмему шарҳ диҳем, хусусиятҳои асосии ояндаро дарк намоем, пешгуи кунем, ки дар ҳамин моҳияти методологию ҷаҳонбинонаи вай ва дигар қонунҳои диалектикӣ зоҳир мешаванд.

Ҳамин тавр, чӣ хеле ки дар боло гуфтем, агар қонунҳои субъективиро тағйир додан, дигаргун сохтан ва мукаммал намудан мумкин бошад, агар подшоҳон, президентҳо, шоҳҳо, давлатдорону ҳукуматдорон, қонунгузорон онҳоро бо иродаи худ ба манфиати худ тағйиру дигар карда тавонанд, ба қонунҳои объективӣ ин тавр муносибат кардан мумкин нест. Онҳо аз шууру иродаи одамону амалдорон берун зоҳир шуда, амалиёту таъсири худро мерасонанд. Аммо ин чунин маъно надорад, ки қонунҳои объективӣ барои одамон дастнорас бошанд. Одамон ба воситаи тараққиёту илму амалия метавонанд онҳоро чуқуру ҳаматарафа омузанд, аз худ кунанд ва ба манфиати худ ва ҷамъият истифода баранд. Одамон чӣ қадар қонунҳои объективиро донанд, фаҳманд, азхуд кунанд, ҳамон қадар озодона ва фоидаовар онҳоро ба манфиати худ истифода мебаранд. Худи озодии одамон ҳам маънои донистани воқеияти объективӣ ва зарурати истифода бурдани онро дорад.

О L-BRO Admin

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.