Категорияҳои тоқ. Том ва ҷузъ

 

Фард, махсус, кулл. Фард, махсус ва кулл категорияҳои фалсафиеанд, ки зинаҳои маърифати олами моддӣ мебошанд.

Дар олам чизҳо беҳад гуногунанд, вале инкишофашон якхела аст. Дар вуҷуди фард бисёр хусусиятҳои нотакрор ба назар мерасид. Табиат беист чизҳои фардии нотакрор меофарид. Фард мақулаест, ки хусусияти хоси нотакрори ҷисмро, ки фақат ба худаш мансуб аст, ифода мекунад.

Вале гуногуншаклӣ фақат як ҷиҳати ҳастӣ аст. Умумияти чизҳо, сохту хосият ва муносибатҳои онҳо ҷиҳати дигари он мебошанд.

Гуфтан ҷоиз аст, ки ду чизи ба ҳам муилақо айниятдор намешавад, айнан ҳамин тавр гуфта метавонем, ки ду чиз аз ҳам мутлақо фарқиятдор ҳам намешавад. Олам фақат аз фардиятҳои беҳад гуногуншакл иборат аст гуфта, ба худ тасаввур кардан нодуруст аст. Гарчанде, ки ҳамаи одамон дорои хусусиятҳои хосанд, моҳияти авлодии онҳо, дар баробари нодирият ва нотакрории онҳо баъзе ҷиҳатҳои ба ҳамаашон хосро дорост, ки он дар мафҳуми умумии «одам» ифода меёбад. Кулл чандин маротиба такрор шудани фард, маҷмуи хосиятҳо, муносибатҳои ҷисмҳоест, ки онҳоро ба ҳам монанд ва алоқаманд мекунанд. Ду чиз ба ҳам қариб пурра монанд бошад ҳам, ба ҳар ҳол, аз якдигар фарқе доранд. Чунин фарқи фардҳоро махсус меноманд.

Хос, махсус меъёру тарзи дар як ҳодиса муттаҳидшавии кулл ва фард ҳаст. Он хусусияти татбиқи кулл дониста мешавад, ки ба ҳамин айният хос аст. Масалан, Иван – одам аст. Иван одами ҷавон аст. Иван (фард), одам (кулл), ҷавон (махсус) аст. Ё ин ки Жучка – саг аст. Жучка саги англисӣ аст. Жучка (алоҳида) – саг (умумӣ), англисӣ (махсус) аст.

Диалектикаи онҳо дар он аст, ки кулл ба воситаи фард вуҷуд дорад. Кулл алоҳида вуҷуд надорад, балки чун қонуни тавлид ва ҳаёти фард мавҷуд аст. Чунон ки фард бидуни кулл буда наметавонад, кулл ҳам бидуни фард аз имкон беру наст, ки он замина ва мабдаи кулл аст.

Дуруст ба ҳисоб гирифтани диалектикаи фард, махсус ва кулл аҳамияти бузурги маърифатӣ ва амалӣ дорад. Барои фаҳмидани ҷисмҳои ҷудогона онҳоро аз робитаҳои умумӣ фаҳмидан лозим аст.

Ҷисмҳои ҷудогона бо як қатор хусусиятҳо ба ҳам монанд буда, бо баъзе хусусиятҳо аз ҳам фарқ мекунанд. Ягон нусхаи панҷаи даст ба ҳам монанд нест, дугоникҳо ҳам як хел нестанд. Вале мо медонем, ки сохти анатомии панҷаҳои даст якхела буда, одамон дар қатори ҷиҳатҳои фарқкунанда монандии зиёде доранд.

Диалектикаи кулл, фард, махсус дар илми тиб ифодаи амалии худро дорад. Чунончи, табиб ягон бемориро ташхис менамояд, ин беморӣ ба бемор аниқ аст, ки табиб хусусияти фардии уро, ҳолат, синну сол, равон (психика) ва дигар хусусиятҳои шахсиашро ба назар мегирад. Кулл ин фаҳмиши қонунияти беморӣ мебошад. Табиб бемориро баъди шунидани арзи бемор дар бораи бемориаш, баъди таҳлил (анализ) муайян мекунад. Дар ҳар шахси бемор он ҳусусиятҳои умумии беморӣ мавҷуданд, ки ба табиб дар ташхиси беморӣ ёрӣ мерасонад.

ТОМ ВА ҶУЗЪ

Том чун ваҳдати ҷузъҳое мебошад ва чунон хосиятҳои нави сифатие дорад, ки аз ҷузъҳои таркибиаш ҳеҷ барнамеояд. Атомҳои ҳамаи элементҳои кимиёвӣ молекула ташкил карда, узви чунин системаҳо, монади орган ва сохтору структураҳои дигари организми инсонбуда чунон хосиятҳои нави ба том вобастае пайдо мекунад, ки таркиби сохтори моддаро ба зинаи нав мебардоранд.

Ҳанўз Суқрот пай бурда буд, ки 1) руй узвҳои худ – лабу даҳон, бинӣ, чашм, манаҳ ва чаккаро дар як чизи том муттаҳид менамояд. Ҳамаи ҷузъҳои руй зоҳиран аз руи вазифаҳояшон, ҳарчанд фарқ дошта ва ҳар қадар монанд бошанд ҳам, худи онҳо руй нестанд. Руй як чизи тому ягона аст. Руй чизҳоро муттаҳид менамояд, ҳамаи онҳоро дар бар мегирад ва воҳиди томи нодире мебошад. 2) Ягон фард ҷудогонаи навъҳои дуҷинсаи биологӣ бе иштироки фарди ҷинсӣ дигар насл дода наметавонад ва ғайра.

Хулласи калом, том чунон моҳиятест, ки аз маҷмуи оддии ҷузъҳои таркибаш иборат аст. Том нисбат ба ҷузъҳо як навъ чизе мебошад, ки ба устувории бештари нисбӣ моли каст. Вале том абадӣ нест. Он ифодаи лаҳзаи устуворияти нисбии ҳастӣ буда, дар баробари ҳамин, моҳияти доимо бетағйир нест.

Ҷузъҳои том берун аз том умуман вуҷуд дошта наметавонанд, майнаи сар фақат бинобар он сар аст, ки он ба фикр кардан қодир аст. Сар бошад, на фақат чун ҷузъи организм, балки чун ҷузъи ҷамъият, таърих ва маданияти он фаҳмида мешавад. Томи биологӣ, на бо роҳи муттаҳидшавии ҷузъҳои мавҷуда, масалан, сар, чашм, гуш, даст, муй, дил ва ғайра ташкил меёбад, балки ҳамроҳи ҷузъҳояш пайдо мешавад, тавлид мешавад ва мемирад. Масалан, пайвастҳои мураккаби кимиёвие, ки асоси ҳаёт мебошанд, яъне сафедаҳо чун ҷузъҳои таркиби системаҳои зинда пайдо шудаанд ва берун аз онҳо дар табиати ғайриорганикӣ мустақилона вуҷуд дошта наметавонанд. Барои фаъолияти муътади мавҷудоти зинда томияти кимиёвии узвҳои пайваста низ зарур аст.

Ҷузъҳо ва том дар як вақт дарк мешаванд. Мо ҷузъҳоро ҷудо карда, онҳоро аз худи аввал на ҳамчун ҳодисаҳои алоҳидаи ба ҷузъҳои дигар новобаста, балки маҳз чун ҷузъҳои ҳамин том дарк менамоем. Аз тарафи дигар, мо дар аснои дарк кардани том аз худи аввал ба ҷузъҳо тақсим будани онро дар назар дорем. Бе ҷузъҳои том намешавад, бе том ҷузъҳо. Том томияти яклухт аст. Ҷузъҳоро бидуни робитаашон бо том омухтан кифоя нест. Шахсе, ки фақат ҷузъҳоро медонад, ҳануз томро намедонад. Ақли комилу зирак ва хиради инсонӣ тамоми воқеаҳоро аз худи аввал пурра дарбар гирифта, моҳияти умумии куллро пай бурда, баъд ба тафсилоташ сарфаҳм меравад, то ки ҳар ҷузъиёти алоҳидаи томро мукаммал ва моҳиятан дарк кунад.

Система ва элемент

Система – ягонагии чизу ҳодисаҳои гуногун, маҷмуи онҳо мебошад. Мисол, 1) Системаи гардиши хун; 2) Ҷамъият ҳамчун системаи иҷтимоӣ ва ғайра.

Элемент – ҷузъ ё ҳиссаи алоҳидаи система, муайянии мустақили он аст. Мисол, 1) Дил ва системаи гардиши хун; 2) Калла ҳамчун элементи организм ва ғайра.

Хулоса, категорияҳои алоҳидаи фалсафӣ баёнгари фаъолияти инсон, зинаҳои дониши олам мебошанд. Ба воситаи ин мафҳумҳо ҷиҳатҳои муҳимтарин ва моҳиятдори ҷисмҳо ва ҳодисаҳо ифода меёбанд.

О L-BRO Admin

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.