Категорияҳои ҷуфт

  1.  Сабаб ва натиҷа. Дар олами моддӣ ҳодисаҳо ва зуҳуроти бесабаб вуҷуд надоранд, баръакс, ҳар як ҳодисаи хурдтарин ҳам сабаби худро дорад. Сабаб – ҳодисаест (чизест), ки натиҷаро ба вуҷуд меорад. Ҳар як падида сарчашмаҳои падидаҳои дигар аст ва ҳар як падида натиҷаи муацянеро ба амал меоварад. Сабаб ва натиҷа дар инкишофи ҳодисаҳои олам маҳсули алоқамандии умумӣ мебошанд. Ҳануз Левкипп гуфта буд, ки ягон ҷисм бесабаб ба вуҷуд намеояд, ҳама чиз дар асоси ягон сабабе ва бо хости зарурат ба амал меояд.

Ба ақидаҳои материалистии Демокрит ва Гераклит такя намуда, Буқрот қатъиян изҳор мекунад: «Ҳар як беморӣ сабаби табиии худро дорад ва ҳеҷ чиз бе сабаби табиӣ ба вуҷуд намеояд». [31]

Арасту чаҳор намуди сабабро ҷудо мекунад: а) моддӣ, б) шаклӣ, в) тавлидкунанда, г) мақсаднок, ки дар асоси пайдоиши ҷисм амалӣ мегардонад.

Ҷолинус дар асоси ин қоидаи асосии этиологияро тартиб додааст, ки он чунин аст: ягон сабаб, агар организм қобилияти онро надошта бошад, бемориро ба вуҷуд намеоварад.

Дар «Ал – Қонун – фитиб» Абуали ибни Сино менависад: «Фаҳмиши ҳар як ҷисм фақат ва фақат ба воситаи дарк намудани сабаби он маълум мешавад ва пурра мегардад. Аз ин ру, дар тиб бояд сабаби тандурусти ва бемориро биомузем. Вале на ҳар як сабаби ба ҷисм расанда ба у таъсир мерасонад. Баъзан барои ин се чиз зарур аст: қуввае, ки аз неруи фаъол сар мезанад, қуввае, ки аз ҷисми худи инсон сар мезанад ва таъсири байни ҳамдигарии онҳо, ки дар асоси таъсири берунӣ, ҳолати босуръат амалкунандаи организм, шароити васлшавӣ ва баҳам робитанокии онҳо». [32]

Мафҳуми «детерминизми механикии» сабабиятро Бэкон, Гобсс, Декарт, Галилей, Нютон, Лаплас, Ламетри инкишоф додаанд. Тибқи ақидаи «детерминизми механики» тамоми олам ва табиат

чун механизми соати мураккаб ва азимҷуссаест, ки дар он ҳама чиз

  1. Гиппократ. Избранные книги. 1936, с. 148.
  2. Абуали ибни Сино. Канон врачебной науки. Ташкент, 1954, кн.1, с.56.

тавассути қонунҳои механикӣ, риёзиёт (математика), табиатшиносӣ (физика) амал мекунад. Сабабгораш қувваи беруниест, ки ба ҷисм таъсир расонда, онро тағйир медиҳад ва ба ҳаракату инкишоф медарорад.

Бэкон инро дар сабаби дохилӣ, Гобсс бошад, дар сабаби берунӣ медонистанд. Агар сабаби беморӣ дар ҷавҳари берунӣ бошад, барои фаҳмидани табиати беморӣ зарур аст, ки мо на организмро, балки чизеро, ки ба он таъсир мерасонад, омузем.

Ҳануз дар қарни I то милод Варрон пешгуии бузурге намуда буд, ки мувофиқи он сабаби бемории сирояткунанда ба бадани инсон дохил шудан ва часпидани яке аз ҷисмҳои зинда мебошад. Тавассути микроскоп дар қарни XVII аввалин маротиба микроби сирояткунандаро мушоҳида намуданд. Дар соли 1850 ангезандаи бемории сухтанӣ, соли 1882 ангезандаи бемории сил, соли 1983 ангезандаи бемории вабо, соли 1880 ангезандаи домана, соли 1875 ангезандаи вараҷа (безгак) ва соли 1894 ангезандаи тоун кашф гардид.

Ақидае ба миён омад, ки гуё мавҷудияти унсури сирояткунанда дар ин ё он беморӣ фаҳмиши сабаби он аст. Ин назария монокаузализм (аз юнонӣ monos – якто ва лотинӣ caysa – сабаб), яъне яксабабӣ ном гирифт. Аз руи таълимоти Кох, сабаби касалии сил қаламчамикроби Кох аст. Ин таълимоти Кох ҳақиқати нисбист, вале дар ин ҳақиқат заррае аз ҳақиқати мутлақ низ вуҷуд дорад. Ягон бемории сирояткунанда бе микроб ба амал намеояд. Лекин баъдтар маълум шуд, ки на ҳар як беморӣ табиати сирояткунанда дорад ва на ҳар як микроби ба вуҷуди инсоне дохилшуда бемориро ба вуҷуд меорад.

Сабаб бе натиҷа ва натиҷа бе сабаб намешавад. Ф. Энгелс дар ин бора мегуяд: «Сабабе, ки фаъолият намекунад, сабаб нест». [33] Агар микроб бемориро ба вуҷуд наорад, пас дар кадом асос АОН сабаб шуда метавонад? Сабабгорӣ чист? Зарур аст, ки сабабро аз шароит фарқ кунем. Шароит маҷмуи ҳолатҳоест, ки ба беморӣ асос мегузорад. Сабаб фаолиятест, ки ин ё он зухурот онро амалӣ месозад.

Сиденгам сабабияти бемориҳоро омухта ба хулосае меояд, ки нишонаҳои беморӣ, аз як тараф, натиҷаи беморӣ шуда метавонад, аз тарафи дигар, натиҷаи муҳофизати организм аз беморӣ мешаванд.

  1. Маркс К., Энгельс Ф. Соч. 2 – е изд., т.20, с. 570.

Дар ин ҷо се ақидаро қайд намудан ҷоиз аст:

  • сабаб доимо пеш аз натиҷа сар мезанад;
  • сабаб ва натиҷа якбора таъсир мерасонанд;
  • сабаб нисбати натиҷа хислати якбора ва тартиби муайяне дорад.

Ҳатто Гегел дарк карда буд, ки сабаби беморӣ на танҳо ба шароити берунӣ вобастагӣ дорад, балки ба худи организм ҳам алоқаманд аст. Пайдоиши беморӣ ба харобшавии таносуби вуҷуди инсон ва олами берунӣ, заифшавии қувваҳои муҳофизии организм, пурхурӣ, шароити зист, ба ирсият ва дигар сабабҳо вобаста аст.

Нафас кашидан ба воситаи даҳон тамоман ҷоиз нест. Нодуруст ғизо гирифтани ҳам касро ба беморӣ дучор месозад. Як дона сигор 14 дақиқаи умри инсонро кам мекунад. Дорандаи ҷоизаи Нобелӣ Л. Полинг мегуяд, ки тамокукаше, ки дар як руз 20 дона сигор мекашад, умри худро 8 сол ва агар 40 дона кашад, то 16 сол кутоҳ мекунад. Камҳаракатӣ, муносибати дағалона, норозигӣ аз ҳаёти худ, шароити номусоиди оила ва кор, вайроншавии вақти хоб низ сабабгори беморианд.

Этиология (сабабшиносӣ) илмест, ки сабаб ва шароити пайдоиши бемориро меомузад. Сабаб ва натиҷа алоқамандии айнии зуҳурот мебошанд, ки ба якдигар таъсир мерасонанд. Байни сабаб ва натиҷа алоқамандии зарурии дохилӣ мавҷуд аст. Сабаб натиҷаро ба вуҷуд меорад, вале натиҷа ҳам, дар навбати худ, ғайрифаъол нест ва ба сабаб таъсир мерасонад. Агар дар як алоқамандӣ натиҷа мавҷуд бошад, дар дигараш натиҷа сабаб мешавад. Чунончи, беморӣ бисёр вақт солҳои сол давом мекунад ва бемории дигареро ба вуҷуд меорад. Як сабаб натиҷаро ба амал меорад, натиҷа бошад, сабабгори лигар зуҳурот мешавад. Сабабро аз баҳона фарқ бояд кард. Баҳона сабаб ва натиҷаро ба амал намеоварад, балки барои амалӣ шудани онҳо кумак менамояд. Мисол, одам назди тирезаи кушодае истода буд, ки баҳонаи бемории зуком шуд, лекин сабабгори худи беморӣ не. Сабабгори беморӣ бошад, вирус аст, ки беморӣ аз у сар мезанад.

И.П. Павлов сабабиятро дар тамоми фаъолияти ҳаётии инсон, инчунин фаъолияти асаб шарти асосӣ ва муҳимтарин меҳисобид. Ягон чиз дар ҳаёти инсон бе сабаб ба вуҷуд намеояд, – шарҳ медиҳад И.П. Павлов. Равони (психикаи) одам ҳам бе таъсири олами беруна пайдо намешавад.

  1. II. Зарурат ва тасодуф. Он чизе, ки воқеист, нашуданаш ва он чӣ, ки воқеъ нашудааст, шуниданаш мумкин буд? Оё Искандари Македонӣ сарлашкари Юнони қадим ва шоҳаншохӣ як қисми ҷаҳон гаштанаш тасодуф нест? Оё кашф шудани Амрико тасодуф буд ё қонунӣ ва кашфи он маҳз ба Колумб тасодуфан насиб шудааст? Оё ҳаёти руи замин тасодуфан пайдо шудааст ё қонунан, оё беморӣ зарурӣ аст ё тасодуфӣ? Чунин саволҳои беохир додан мумкин аст.

Мутафаккирони гуногун ба ин саволҳо ба тарзҳои гуногун ҷавоб додаанд. Ақидае низ вуҷуд дорад, ки мувофиқи он аз сарнавишт, тақдир ҷои гурез нест. Ин хулоса ба ақидае қарор гирифтааст, ки онро «фатализм» (зарурӣ) меноманд. Мувофиқи он дар олам, дар ҳаёти ҳар як шахс ҳама чиз аз тақдир, ё аз Худо, ё аз ҳодисаҳо вобаста мебошад.

Таълимоти фалсафии зарурат ва алоқамандии тамоми зуҳуроти оламро «детерминизм» (сабабият) меноманд. Асосгузори ин равия Демокрит буд. Тасодуф – гуфтааст Демокрит, – чун мафҳуми соф зеҳнӣ тафсир шуда, мо бо ёрии он ҳодисаҳоеро ишора мекунем, ки сабабаш ба мо ҳоло маълум нест. Ҳамин ки инсон сабаби ҳодисаеро ошкор кард он дигар тасодуф нест. Вале бояд гуфт, ки тасодуфе, ки сабабаш ошкор шудааст, баъди кашф шудани сабабаш ҳам чун тасодуф боқӣ мемонад. Бинобар сабаб доштан воқеаҳо зарурӣ намешаванд.

Дар ҳақиқати ҳол дар табиат ва ҷамъият бисёр ҳодисаҳо аз тасодуф руй медиҳанд. Тасодуф ҳам ба андозае «ҳаққӣ» вуҷуд дорад.

Тасодуф чунон шакли робита аст, ки бо сабабҳои дуюмдараҷа, зоҳирӣ, туфайлӣ, муваққатӣ вобаста буда, дар худи табиати ҷисмҳо решаи чуқур надорад ва метавонад ин тавр ё таври дигар ранг гирад ё тамоман ба вуҷуд наояд.

Зарурат шакли қонунии робитаи ҳодисаҳост, ки аз асоси устувори ботинӣ ва маҷмуи шартҳои муҳими пайдоиш, мавҷудият ва инкишофашон муайян мешавад.

Зарурат ва тасодуф робитаи диалектикӣ доранд ва ягнаанд: зарурати софу тоза ва тасодуфи хушку холӣ вуҷуд надоранд. Зарурат ба ҳар восита ба тасодуф алоқаманд аст ва тасодуф бо зарурат.

Зарурат аз моҳияти ҳодисаҳо сар мезанад ва алоқамандии моҳиятдори дохилии онҳоро мефаҳмонад. Масалан, ҳаёт ва марг, инкишофи тадриҷии илм, кашфиёт ва ғайра. Тасодуф ҳам мисли зарурат айнан вуҷуд дорад. Зарурат ва тасодуф на танҳо алоқаманданд, балки яке ба дигаре мегузарад. Тасодуф шаклест, ки моҳият дар он ниҳон аст. Масалан, беморӣ ва марги ин ё он инсон тасодуфист. Марг ба зарурати худ нигоҳ накарда, нисбати инсон тасодуфи ҳам мешавад ва дар айни ҳол, марг дар шароити табиӣ ногаҳон намеояд, пардаҳо ва ҳуҷайраҳои инсон яку якбора намемиранд. Ҷараёни ба нестӣ рафтани инсон тадриҷан буда, оҳиста – оҳиста ба амал меояд, вале зарурӣ аст.

Оё беморӣ зарурӣ аст ё тасодуфӣ? Дар ин бора то ҳануз баҳси зиёде меравад. Ба ин савол ҷавоби аниқ додан мушки ласт, чунки худи савол номуайян – «абстрактӣ» мебошад. Ин ки хомушаки безгаковар як шахсро газид, на дустӣ уро ва ин воқеа имруз рух дод, на дируз, на бегоҳ ё фардо тасодуф аст. Лекин хомушак бояд ин корро дер ё зуд мекард, чунки хуни инсон барои хомушак зарур аст ва бе он зиндагӣ ва наслашро зиёд карда наметавонад. Ин зарурат аст. Ба хулосае меоем: то замоне, ки ҳашароти хунмак ҳамчун намуди биологӣ, ки инсонро мегазанд, вуҷуд доранд, бемориҳои ба онҳо мансуб ҳам вуҷуд хоҳанд дошт.

Беморӣ, аз як тараф, тасодуфи соф нест ва аз тарафи дигар, зарурати ҳатмӣ ҳам нест. Беморӣ зуҳуроти қонунист дар ҳастии ҷисми зинда, вале маънои онро надорад, ки бояд ҳатман, заруран дар ҳар як инсони алоҳида ба амал биёяд. Беморӣ ах таърихи инсон ҷудонашаванда аст ва ҳамроҳи он инкишоф меёбад. Ин яке аз равияҳои тибби муосир аст. Инсон бисёр бемориҳоро худаш ба вуҷд меорад. Фаъолияти ҳаматарафаи одамон, муносибатҳои байналмилалӣ, байни кишварҳои дигар ба паҳншавии баъзе вирусҳо боис мегардад. Чунончи, баъзе бемориҳо дар Африко вуҷуд доштанд ва баъдтар ба кишварҳои дигар паҳн шуданд.

Бар зидди бемориҳои сирояткунанда мубориза бурда, одамон антибиотикҳоро истифода мебаранд, онҳо бошанд, дар навбати худ, баъзе бемориҳои сунъиро ба вуҷуд меоранд (кандидамикозҳо, колибактериозҳо). Баъзе бемориҳо дар натиҷаи аз дасти худи одамон ифлос шудани муҳити зист ба вуҷуд меоянд. Оё тасодуфӣ аст, ки дар вақти нафаскашии одам ба воситаи узвҳои нафас қаламчамикроби бемории сил ба организм ворид мешавад? Сабаби асосиаш дар хасташавӣ, ғизои бад, шароити зисти тоқатфарсо ва дигар чизҳост, ки қаламчамикроби бемории сил бемалол ба вуҷуди инсон дохил шуда, инкишоф меёбад. Дар бинии инсон, ки яке аз узвҳои нафаскашӣ аст, микробҳои зиёде маскунанд ва дар шароити номусоид сабабгори беморимешаванд. Мавҷудияти микроби касалиовар ва дохил шудани он ба организми заиф ин шароитест, ки бемориро ҳатман ба амл меорад. Дар ин ҷо микроб ҳамчун сабаб ва организми заиф ба беморӣ нотобовар тасодуф шуда метавонад. Мисоли дигар: захмдор шудан дар корхона дар натиҷаи ягон бадбахти тасодуфӣ аст. Лекин ин тасодуф сабаб дорад, ки он ташкили беҳад бади муҳофизати меҳнат мебошад.

Тамоми кушишро табиб бояд барои он ба харҷ диҳад, ки моҳияти диалектики ҳақиқии зарурат ва тасодуфро ошкор созад, сабабҳои дохилӣ ва берунии бемориҳоро дар вуҷуди ҳар як одами бемор муайян намояд. Ў бояд ҳолати руҳӣ, хусусиятҳои фардии ҳар як инсон, ҳолати узвҳо ва бофтаҳои одамро, ки боиси беморӣ мегарданд, ҳатман ба назар бигирад.

Ҳануз Гегел қайд карда буд: «Он чизе, ки зарурат аст, у ҳатман сабаби асосиро дар худи ҷисмҳо ва ҳодисаҳо дорад. Тасодуф дар зуҳуроти дигар аён мегардад». [34]

Мақулаҳои зарурат ва тасодуф зуҳуроти айни ҳодисаҳо ва равандҳоро, ки дар табиат ва ҷамъият ба амл меоянд, инъикос мекунанд.

III. Имконият ва воқеият. Имконият ва воқеият яке аз ҷиҳатҳои муҳими алоқамандию қонунии инкишофи олами моддиро инъикос менамоянд. Имконият ва воқеият ин ду тарафи зиддиятноки инкишофи олам мебошанд.

Воқеият ин на фақат он чӣ, ки шудаасту ҳаст ва амри воқеъ гардидааст, балки он чӣ ҳам мебошад, ки дар таркиби чизи мавҷуда ба сифати имконияти ба чизи дигар табдил ёфтан вуҷуд дорад. Бинобар, ин воқеият на фақат ба ҳозира, балки ба гузашта ҳам алоқаманд аст, чунки имкониятҳои пештараро амалӣ гардондааст. Воқеият ин ягонагии имконият ва воқеияти ҳозира, оянда ва аз ин ру барҳамхуранда аст.

Дар олам имконияти бешуморе вуҷуд дорад, ки метавонад воқеият шавад. Ягон имконият ҳоло воқеияти ҳақиқӣ нест ва эҳтимол ҳеҷ вақт воқеият ҳам нашавад. Ин ибтидои чизест, ки ҳоло вуҷуд надорад ва дар чизи мавҷуда пешбинӣ шудааст. Масалан,

  1. Гегель. Сочинения, т.11, с. 229

касе донро растанӣ намешуморад. Имконият ин тамоюли ҳоло ниҳонии воқеияти нақд аст. Агар воқеият гузашта ва ҳозира бошад, имконият имруза ва фардоина аст.

Воқеият ҳам ҷараёни офариниши чизи нав, ҳам ҳастии онро дар назар дорад. Воқеият ин имконоти амалишуда ва имконоти эҳтимолӣ аст. Аз ин ру, имконият пеш аз воқеият мавҷуд буда, натиҷаи инкишоф аст. Бинобар ин, инкишоф раванди ҳам амалишавӣ ва ҳам пайдоиши имконият ва ба воқеият табдил ёфтани якеи онҳомст. Агар ҳамаи имконият яку якбора ва ҳамешагӣ муҳайё мебуд, дар рафти инкишоф ягон имконияти нав пайдо шуда наметавонист ва дар он сурат тамоми имкониятҳои олам аз байн мерафтанд. Инкишоф истифодаи оддии имкониятҳои тайёр нест. Воқеият ҳам доимо имконияти нав ба навро муҳайё мекунад.

Барои воқеият шудани имконият дуо мил зарур аст: амали қонуни муайян ва мавҷудияти шароити мувофиқ. Баъзе имконият инкишоф меёбад, баъзеаш барҳам мехурад.

Гегел воқеиятро ҳамчун «ягонагии мавҷудият ва моҳият ё ки берунӣ ва дохилӣ» муайян кардааст. [35]

Имконияти воқеӣ – имконияти ояндадор тамоюли қонунии инкишофи айният аст, ки ба зарурати ҳақиқатӣ алоқаманд мебошад. Имконияти камояндадор тамоюлест, ки фақат бо тақозои тасодуф воқеият шуданаш мумкин.

Имконияти шаклӣ имкониятест, ки амалӣ шуданаш имконпазир ва гуё дар ҳаво мутллақ аст. Вале фарқи имконияти шаклӣ аз имконияти имконпазир дар он аст, ки амалӣ шудани имконияти имконпазир ба ҳеҷ шарт муумкин нест. Бисёре аз имконияти шаклӣ ҳеҷ вақт воқеият шуда наметавонанд, зеро ки онҳоро на зарурат, балки тасодуф идора менамояд.

На ҳар гуна имконият воқеият шуда метавонад. Чунончи, беморӣ ҳамчун имконият метавонад дар ҳар як инсон сар занад, вале барои ин сабабҳои воқеӣ заруранд, ки ба организми заиф таъсир расонда, бемориро ба вуҷуд меоранд.

Диалектикаи имконият ва воқеият дар илми тиб барои таҳлили беморӣ ва тандурустӣ аҳамияти ниҳоят калон дорад.

Пешгирии беморӣ масъалаи муҳимест, ки дар он мақулаҳои имконият ва воқеият аҳамияти амалӣ доранд.

Масъалаи пешгирии бемори имконияти бартараф намудани шароити беморӣ барои воқеият нагаштани онҳо мебошанд. Чунки

  1. Гегель. Энциклопедия философских наук, т.1. Наука логики. М., Мысль, 1974, с. 312

пешгирии беморӣ аз табобати худи беморӣ хеле осон аст.

Вале, дар айни ҳол, имкониятҳое ҳастанд, ки табиб барои воқеӣ шудани онҳо бояд кумак расонад. Масалан, дар натиҷаи алоқаи ҷинсӣ дар организми зан ҳуҷайраи зигота ба вуҷуд меояд, ки вай инкишоф ёфта, барои фарзанд ёфтани зан имконият фароҳам меорад. Табиб бояд барои он имкониятро ба воқеиячт табдил додан кушиш ба харҷ бидиҳад. Пешгирии доимии беморӣ ҳам аз имкон беру наст. Дар ин бора К. Маркс қайд карда буд: «Назорати доимии тибби ҳаётро ба бадӣ ва бадани одамро бошад, ба машқи доимии табибон табдил медиҳад. Магар марг аз ҳаёти доимо ва ҳамеша дар зери назорати табибон буда беҳтар нест?» [36]

Мавзуи омузиши табибон бояд на марг, балки ҳаёт бошад. Табибон бояд аз қонунияту имконияти беморӣ оқибатҳои онро пешбинӣ карда тавонанд. Фақат он вақт тафаккури онҳо озоду амиқ мешавад. Табиби бомаърифат ва таҷрибадор метавонад бемориеро, ки ҳатто шифонаёбанда меҳисобиданд, табобат намояд. Агар дар ҳолати «марги клиники» дақиқаҳои пурқиматро аз даст диҳем, имконияти ба бемор ҳаёт бахшидан бебозгашт аз даст меравад.

Агар мо дар мубориза бо бемориҳои сирояткунанда аз меваҳои шуставу тоза ва оби тоза истифода барем, имконияти паҳншавии бемориро барҳам медиҳем.

И.В. Давидовский менависад: «Дар организми сиҳат миқдори зиёди микробҳои гуногуниафзоянда вучҷуд доранд, вале қисми зиёди одамон дар тамоми ҳаёташон аз онҳо зараре намебинанд». [37]

Чунин ҳам мешавад, ки он чизе, ки имконнопазир буд, имконпазир мешавад. Чунончи, ҷарроҳии дил имконнопазир буд, вале имруз имконпазир аст.

Саломатӣ ва дарозумрӣ ҳама вақт масъалаҳои муҳими инсоният буданд. Илми ҳозира исбот намуд, ки марг қариб ҳамеша мисли пирӣ пеш аз вақт ба амал меояд, ба ҳар ҳол, пеш аз он ки организм имконияти биологии худро ҳануз пурра истифода набурдааст. Марги инсоне, ки синнаш ба 100 нарасидааст, пеш аз муҳлат ҳисоб мешавад.Масъалаи дарозумриро бояд аз ду ҷиҳат ба назар гирем: аз ҷиҳати биологӣ ва иҷтимоӣ. Хусусияти биологӣ имкон медиҳад, ки одам 125 – 150 аз ин ҳам зиёд умр бинад. Лекин ин имконият хеле

кам воқеият мешавад.

  1. К. Маркс, Ф. Энгельс. Соч. , 2 – е изд., т.1, с.64.
  2. Давидовский И.В. Учение об инфекции. Медгиз, 1956, с.5.

А.А. Богомолетс аз китоби узви академияи илмҳои тибби Фаронса академик Генис, мисол меовард, ки 100 сол умр ба сар бурдааст. «31 июли соли 1552 кардинал д, Арминяк аз кучае гузашта пирамарди гирёни ҳаштодсоларо дид ва ба саволи у, ки чаро гиря мекунад, пмрамард ҷавоб медиҳад, ки уро падараш задаст. Кардинал дар ҳайрат афтода хост, ки падари ин муйсафедро бинад. Дар пеши хонаи у пирамарди тануманди 113 соларо мебинад. Муйсафед ба кардинал мегуяд, ки барои он писари 80 – солаашро зада буд, ки нисбати бобояш беҳурматӣ зоҳир намуд, аз пешаш гузашта таъзим нанамуд. Кардинал тамоман дар ҳайрат монда дар ҷояш шах шуда меистад, баъд ба худ омада, ба хона медарояд ва дар он ҷо пирамарди 143 – соларо мебинад». [38]

Маълум аст, ки кудаки солим дар шароити номусоид мумкин аст ба ҳалокат дучор ояд ва баръакс, кудаки заиф дар шароити мусоидтар саломатиашро метавонад нигоҳ дорад. Шароите, ки ба зиёдшавии фавти атфол оварда мерасонад, якбора ба заифии организми онҳое, ки сиҳат шудаанд, сабаб мегардад. Табиб бояд доимо ҳолати он касонеро, ки вуҷудашон заиф аст ва имконияти гирифтори беморӣ шуданро доранд, ба назар бигирад.

Ба ҳамин тариқ, имконият воқеияти амалиношуда аст. Воқеият бошад, имконияти воқеъгардида аст. Тамоми он чизе, ки дар олам вуҷуд додад, дар ҳолати имконият ё воқеият ё инкишофи яке аз дигарест.

Конунияти инкишоф аз куҳна ба нав ягонагии робитадори имконият ва воқеият мебошад. Ин мақуларо ҳамчун пайдоиши чизи нав ва нестшавии ҳатмии чизи куҳна ҳам шарҳ додан мумкин аст. Агар чизи нав дар инкишофаш чизи куҳнаро мағлуб насозад, он гоҳ худи инкишоф ҳам вуҷуд дошта наметавонад.

  1. IV. Моҳият ва зуҳурот. Мақулаҳои моҳият ва зуҳурот ягонагии мураккаби байни ҷиҳатҳои дохилӣ ва беруна мебошад. Масалан, бисёре аз зуҳуроти бемории саратон басо муфассал омухта шудааст, вале худи моҳияти он то ҳол аз бисёр ҷиҳат ноаён ва махфӣ аст.

Моҳият аз назари одам ниҳон, вале ҳодиса ба назар намоён аст. Аз ин ру, моҳият як ҷиҳати ниҳони ва амиқи ба хусусияту робитаи дохилии сизҳо хос буда, устувор ва асоси ҳамаи шаклҳои зуҳуроти чисмҳо ва ҳодисаҳо аст. Бинобар он мегуянд, ки моҳият ба зуҳур меояд. Зуҳур моҳиятдор аст.

  1. Богомолетс А.А. Избранные. Т.3, с.245 – 246.

Моҳият дар миқёси умумиҷаҳонӣ чун пояи ниҳони ҳастии олам, чун ҷавҳари тамоми мавҷудот фаҳмида мешавад. Он асоси умумии ҳодисаҳои сершумори мухталиф ва ҳам ҳодисаи ягона мебошад. Мафҳуми моҳият умуман ба ҳамаи мақулаҳо аз ҷумла, ба мақулаи сифат, мутаносиб аст. Вале мақулаи сифат моҳиятро пурра дарбар нагирифта, фақат ягон ҷиҳати онро ифода менамояд. Ошкор кардани моҳияти чизе ин сарфаҳм рафтан ба хосиятҳои асосии он, ошкор кардани сабаби пайдоиш, қонунҳои фаъолият ва тамоюли инкишофи он аст. Зинаҳои моҳиятҳо аз моҳияти нисбатан оддӣ сар шуда, ру ба беинтиҳоият мераванд, решаи ноаёни онро фақат бо неруи хирад дарк кардан мумкин буда, дарки «қаъри» ҳастӣ ҳамеша муҳим аст. «Ба решааш нигар» фармудаанд бузургон. Ва он чӣ ки аз илми ҳозира дар бораи моҳият дастрас аст, фақат зинаи муайян ва навбатии ба хиради инсоният маълум мебошад. Бе интиҳоии оламро ба назар гирифта, гуфтан мумкин аст, ки зинаҳои моҳият беохиранд. Замоне мо мегуем, ки моҳияти фалон чизро ошкор кардем, ки қариб ҳамеша рамзи буда, чунин маъно дорад, ки мо танҳо ба «домани» моҳият сарфаҳм рафтем. Моҳият ҳамеша аниқ аст ва умумӣ намешавад. Моҳият ба шаклҳои зуҳуроташ сахт вобаста аст. Агар моҳият як ҷиҳати аниқ бошад, пас зуҳурот зоҳири рангин аст, агар моҳият як чизи устувору зарури бошад, зуҳурот муваққатию даргузар, тағйирёбандаю тасодуфӣ аст. Агар моҳият дохилӣ бошад, зуҳурот ҷиҳати берунӣ ва тағйирёбандаи моҳият аст.

Чиҳати дохилӣ фақат ба воситаи ҷиҳатӣ берунӣ зуҳур мекунад, вале ба ҳам мувофиқ намеоянд. Аз ин ру, зуҳурот тарзи зоҳиршавии моҳият дар ғайр, дар вобастагӣ бо тамоми чизҳои берунӣ аст, аз ҷумла, бо узвҳои ҳисси мо.

Таърихи инкишофи илми тиб аз он шаҳодат медиҳад, ки табибон барои моҳияти беморӣ чуқуртар сарфаҳм рафтан кушиш мекарданд. И.В. Давидовский менависад: «Фаҳмиши беморӣ дараҷаҳои муайяни худро дорад, ки тафаккури инсони барои дарк кардани моҳияти он равона шудааст: аз қонунияти умумӣ ба қонунҳои ҷузъӣ, аз ҷузъӣ ба ҳуҷайраҳо, хулоса, боз ба ҳамон зуҳуроти моҳиятдор, ки аз онҳо тамоми раванди маърифат сар мезананд». [39]

Дар тиб зуҳурот гуфта, нишонаҳои бемориро дар назар дорем, моҳият бошад, механизм, ҷараёни худи бемори аст.

  1. Давидовский И.В. Проблема причинности в медицине. – М., 1972, с. 68 – 69

Табиб аз руи таҷрибаи ҳарузааш исбот мекунад, ки моҳият ва зуҳурот ба ҳам мувофиқ наомада, байни моҳият ва зуҳурот ягон ҳадди номуайяне нест. Мушкилӣ аз фаҳмиши нишонаҳои беморӣ шуруъ мешавад, чунки баъзе нишонаҳои ин ё он бемори ба эҳсосот ва шикояти бемор мувофиқат намекунанд. Нозукмии тафаккури диалектикӣ дар фаъолияти яке аз воситаҳои асосӣ мебошад. Нишонаҳои беморӣ зуҳуроти табиатӣ у, шаҳодати он тағйиротеанд, ки дар ҳуҷайраи инсон инкишоф меёбанд. Нишонаҳо зуҳуроти воқеъи, берунӣ ва зиддиятнокӣ беморӣ мебошанд. Чунончи, беморе дар вақти беморӣ аз дард ва як навъ садое, ки аз гушҳояш ё майнаи сараш мебарояд, шикоят мекунад. Ин чизи бофтаи хаёлии бемор нест, балки нишонаи ҳақиқатӣ беморӣ, инъикоси олами айнӣ дар шуури бемор аст.

Барои табибе, ки бемор алоқамандии доимӣ дорад, нишонаи тасодуфӣ, нохуш ва вазнин мебошад, ки дар баъзе маврид рафъ кардани он бисёр мушкил аст. Бемориҳое ҳаст, ки нишонаи дардро надоранд ва табибонро ба иштибоҳ меандозанд. Баръакси ин, дар баъзе мавриди бемории вазнин дард моҳияти бемориро ифода мекунад ва гуё бнморӣ бе у вуҷуд надорад. Табибон бисёр вақт мегуянд, ки дар ин мавриди қувваи муҳофизавии организм мавҷуд аст, ки аз беморӣ огоҳ месозад ва гуё дард зарур ва фоидаовар аст.

Яке аз табибони машҳур Ране Лериш бар зидди ин ақида баромада мегуяд, ки дард ин қувваи муҳофизавӣ ва огохӣӣ саршавии беморӣ нест, чунки бисёрии бемориҳо, махсусан бемориҳои вазнин, бея гон огоҳӣ инкишоф меёбанд ва пинҳон ҳастанд ва вақте ки беморӣ ба инкишофи олии худ мерасад, дард пайдо мешавад ва табобати он бошад, бисёр вақт дер мешавад.

Дар ин маврид вазъият муташанниҷ мегардад. Қувваҳои муҳофизавии организм бар зидди чӣ роавона шудаанд? Бар зидди бемории саратон он қувваҳо дар он вақт пайдо мешаванд, ки ин беморӣ инсонро ба ҳалокат гирифтор мекунад. Агар табиб дар бораи мо ҳақиқатан ғамхорӣ менамуд, у аз дарди беморӣ он вақт моро огоҳ мекард, ки ин беморӣ нав оғоз ёфтааст, на он лаҳзае, ки санги гурда ба воситаи роҳҳои пешоброн гузашта наметавонад, балки дар он маврид, ки ин санг ҳануз пайдо нашудааст ё нав ба пайдоиши худ шуруъ кардааст. Барои ҳар як инсон дарди ҷисмонӣ имтиҳони вазнин аст. Дард инсонро заиф ва ноустувор мегардонад. Дар муддати кутоҳ ин одами дорои ақли солиму бофаросатро ба инсони бадхашму бадҷаҳли гирифтори бемории руҳӣ табдил месозад, ки ба ҳама чизи дунё бетафовут гашта, тарси дарди бемории худро дорад. Зуҳуроти беморӣ бо моҳияти он сахт алоқаманд аст ва якчанд сабаб дорад ва пеш аз ҳама, он ҳолати организм, хислати унсури касалиовар, муҳите мебошад, ки ин алоқамандӣ ба вуҷуд меояд. Ҷиҳати дохилии моҳияти ҳар як беморӣ устувор ва ҷиҳати беруниаш ноустувору тағйирёбанда аст.

Дар фаъолияти табибон фаҳмиши аз моҳият ба зуҳурот шуруъ намудани бемориҳо аҳамияти калон дорад.

Табиб агар вазифаашро фақат дар омузиши беморӣ ва табобати он бинад, асло бемориро пешгирӣ карда наметавонад. Табибе, ки фақат ба омузиши зуҳуроти беморӣ сару кор дошта бошад, асло фаъолияти ҳаётии организмро идора карда наметавонад. Табибе, ки фақат як равияро дар омузиши беморӣ истифода барад, аз зуҳурот ба моҳият, доимо дар равияи «эмпиризм» – и таҷрибавӣ мемонад. Чунки табиб дорои тафаккури васеъ нест. Оламро фақат он вақт тағйир метавонад дод, ки агар қонунҳо ояндаро ҳам пешгуи кардан мумкин аст. Ҷиҳати беҳтарини мубориза бар зидди беморӣ ин пешгирии он мебошад. Барои чӣ ба таъсири шароити номусоид нигоҳ накарда, организм сиҳат мемонад? Механизми тандурустӣ дар чист? Моҳияти ба беморӣ табдил ёфтани тандурустӣ дар чист? Моҳияти ин масъаларо дониста табиб сирру асрори саломатӣ ва дарозумриро аз худ мекунад ва дар мубориза бар зидди беморӣ комёб мегардад.

  1. V. Мазмун ва шакл. Ба тамоми ҷисмҳо ва ҳодисаҳои олами моддӣ мазмун ва шакл мансуб аст, ки байни худ дар алоқамандии доимӣ мебошанд.

Мазмун ин ҷиҳати дохилӣ, сифати ҳамтаъсир, фаъолияти ҳамаи унсурҳои ҷисм, ваҳдати хосиятҳои он, робита, зиддиятҳо ва тамоюли инкишофи он аст. На ҳамаи он чӣ ки дар таркиби ҷисм аст, мазмуни он мебошад. Масалан, атомҳои таркиби организмро мазмун гуфтан нодуруст мебуд. Агар мо ҳар як ҳуҷайраҳои узвҳои одамро дар зери микроскоп бодиққат омузем, чих ел будани одамро ҳеҷ вақт нахоҳем фаҳмид. На маҷмуи оддии узвҳои организм, балки чизи зиёдтар, яъне тамоми раванди воқеии фаъолияти биологӣ, физиологӣ ва ҳаётии дар шакли муайян давомдоштаи инсон мазмуни организм мебошанд.

Тамоми сарвати ҳаёти моддӣ ва маънавии аҳли ҷамъият, тамоми маҳсули фаъолияти одамон мазмуни ҷамъият аст.

Шакл сохти зоҳирии ҷисм аст ва тарзи ба мазмун айниятдории ифодаи он номида мешавад. Шакл ба мазмун бо тамоми хосиятҳояш аз ҳама ҷиҳат алоқаманд аст ва фақат шакли берунии он нест.

Мазмун нисбат ба шакли худ муҳимтар ва муайянкунанда аст. Шакл нисбат ба мазмуни худ қавитар аст, лекин ин маънои онро надорад, ки ҷузъҳои ҷудогонаи он тағйир меёбанд. Байни мазмуну шакл робитаи диалектикӣ мавҷуд аст. Бояд қайд кард, ки шакл, дар навбати худ, ғайрифаъол нест, балки ба мазмун таъсир мерасонад. Шаклро на кадом як қувваи берунӣ, балки мазмун муайян мекунад. Ҳар кадом шакл бо барҳам хурдани мазмуни худ, ки ба он мувофиқ буду аз он бармеояд, барҳам мехурад.

Диалектикаи шакл ва мазмун мустақилии нисбии онҳоро дар сурати мақоми пешбарандаи мазмун тақозо менамояд. Аз мазмун ҷудо кардани шакл ҳеҷ вақт мутлақ буда наметавонанд, зеро шаклҳои холисӣ нисбат ба мазмун бепарво буда наметавонанд. Ҳар кадом тағйири шакл инъикоси бозсозии мазмуну робитаҳои ботинии ҷисм мебошад. Ин раванд дар давоми вақт вусъат ёфта, ба воситаи зиддият сурат мегирад, ки он дар ақибмонии шакл аз мазмун, яъне дар муҳайё шудани чунин вазъи система (тартиб) ифода меёбад, ки мазмуни нав шакли нави ба худаш муносиб надораду дар оғуши мазмуни куҳна ва пештараи муносиб қарор гирифтааст.

Зиддият дар ин боб аз самтҳои гуногуни томи ягона ифода ёфта, он ҳамеша бо дарҳам задании шакли куҳна ва пайдоиши шакли нав бартараф мешавад. Шаклҳои нави ҷисми зинда дар асоси шароити муҳит ба вуҷуд омада устуворона инкишоф меёбанд. Шаклҳои куҳна ба шароити тағйирёбанда мувофиқ наомада, ба ҳалокат дучор мешаванд. Ҷисмҳои зиндаи ҳозир мавҷудбуда дар таърихи инкишофашон шаклҳои гузаришро доштаанд, ки бе онҳо ташаккулёбии ин шаклҳои навро тасаввур кардан номумкин аст. Хусусиятҳои нави устувор шуда, аз насл ба насл мегузаштанд. Ин тағйирёбии онҳо дар асоси физиологӣ ва морфологӣ мегузашт, ки дар шакли наву мазмуни нав сурат мегирифт.

Масалан, бисёр ҳайвонот дар зиндагӣ шаклу рафтори худро тағйир медиҳанд. Пашми зиёд, ранги пуст ва ғайра: харгуш, оҳу, гург, маймун, парандаҳо, ки ба шароит мувофиқ шаванд.

Мазмуни инкишофи организм ин мутобиқшавии организм ба шароити олами беруна мебошад. Мақоми асосиро дар ин ҷо системаи асаб молик аст, чунки таъсири олами беруна ба воситаи системаи асаб ба амал меояд, таъсир мекунад.

Дар натиҷаи инкишоф мазмун бо шакли зиддият пайдо мекунад, яъне бо сохтори системаи асаб ва ба тамоми организмҳо вобаста аст, ки ин ё ба нестшавии онҳо оварда мерасонад, ё сохтори онҳо дар зери таъсироти мураккаби нави олами беруна тағйир меёбад.

Ҳамин тариқ, дар ин ҷо муносибати яке аз ҷиҳатҳои мазмун ва шакл дар ҷиҳати дигари мувофиқати зарурии мазмун ва шакл таҷассум ёфтааст. Агар он ба мазмун мувофиқат накунад, мазмун шакли нави дигареро талаб мекунад. Дар муносибати мазмун ва шакл хусусияти дигаре ҳам мавҷуд аст, ки он ба васлшавӣ ва баҳамдохилшавии мазмун ва шакл аст. Ин маънои онро дорад, ки мазмун ҳамеша шакл аст ва шакл мазмуннок мебошад.

Дуруст дарк кардани диалектикаи мазмун ва шакл ба табиб барои фаъолияти ҳаррузааш дар табобати беморон аҳамияти калон дорад. ин категорияҳо таъсири методологию ҷаҳонбинонаи худро ба ҳамаи илмҳои ҳозира ва амалияи ҷамъиятӣ мерасонанд.

add

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте как обрабатываются ваши данные комментариев.