Методхои дониш ва пешрафти технологияи чомеъа

 

Мо дар олами қобили пешбинӣ ва пешгӯӣ умр ба сар мебарем. Тафаккур ҳам дар соҳаи эмпирӣ ва ҳам дар соҳаи назариявӣ қувваи пешгӯӣ кардани воқеаҳоро дорост. Вале пешгӯӣ дар ҷое имконпазир аст, ки дар он ҷо тартибот, мантиқи объективии пайбурдаи субъекти пешгӯӣ муқарар бошад.

Таҳлили масъалаи пешбинӣ баррасии масъалаҳои зеринро тақозо менамояд: таносуби байни пешбини ва фарзия, қонун, имконият ва воқеият чӣ гуна аст, механизму воситаҳои психологӣ, гносеологӣ ва мантиқии қувваи пешгӯикунандаи хирад чӣ гунаанд; муносибати унсурони бошуурию бешуурӣ дар рафти инъикоси пешакии он чи ки ҳоло нест, вале он чи ки аз оянда ба соҳили ҳастии нақд – ба ҳозира бармеояд, чӣ гуна аст.Дар воқеъ ҳам, худи имконияту механизмҳои пешбини ба андозаи зиёд тағйир меёбад, калон мешаванд.

Пешбинӣ тарзҳои гуногун дорад масалан ҳисси пешакии ба мавҷудоти зинда хос: агар мавҷудоти зинда ояндаро ҳис накунад, аз маҷрои воқеаҳо сар ба саломат бурда наметавонад.

Пешбинӣ илмӣ тахмини аз ҷиҳати таҷрибавӣ ва назариявӣ асоснокест дар бораи вазъи ояндаи ҳодисаҳои табиат, ҷамъият ва протсесҳои маънавии ҳоло номаълум, вале қобили ошкор. Дар фаолияти амалӣ, пешбинӣ дар шакли пешгӯӣ ва прогноз сурат мегирад.

Вақте прогноз мегӯянд, тадқиқоти махсуси илмии пешомади ягон ҳодисаро дар назар доранд. Чунин пешбинӣ тақозо менамояд, ки имконияти воқеии инкишофи система ошкор карда тамоюлоти ҳозира, суръати ҳаракати авҷгиранда ва имконияти нақшакашию идораи комплексӣ, ки таъсири мутақобили зиддиятноку мутаносиби ҳамаи ҳалқаҳои муҳими ҳаёти иқтисодии ҷамъиятро ба ҳисоб мегирифта бошад, дар назар дошта шавад.

Пешгӯӣ ин пешбинии дар замону макон маҳдуди мушаххас, масалан, пешгӯии кусуфи Офтоб, пешгӯии обу ҳавои фардо ё рафтори душмандар рафти амалиёти ҷанг, тадбирҳои дипломатӣ ва ғайра аст.

Одам дар асоси маърифати робитаҳои сабабию қонунӣ фаҳмидани моҳияти чизҳо ҳар сари чанд вақт аз ҳади имконоти ҳозира берун баромада, ба ояндаи асрорангез назар меандозад ва мавҷудияти чизҳои ҳанӯз номаълумро пешбинӣ карда рафти эҳтимолӣ ва зарурии воқеаҳоро пешгӯӣ карда метавонад. Пешбини аломат буда, далели он аст, ки афкори илмӣ қувваҳои табиат ва қувваҳои ҳаракатдиҳандаи ҳаёти ҷамъиятро ба вазифаҳои инсоният тобеъ мекунад. «Идора пешбинӣ кардан аст», мегӯяд ҳикмати қадима.

Маърифати илмӣ имкон медиҳад на фақат пешбинӣ кунем, балки ояндаро бошуурона муайян ҳам намоем. Маънои ҳаётии ҳар илмро ба тарзи зерин тавсиф кардан мумкин аст: донем, то ки пешбинӣ намоем, пешбини намоем, то ки амал кунем. Инсоният аз рӯзи азал орзу дорад, ки пешбини кунад ва ин қобилиятро ба қаҳрамонони афсонавӣ ва асотирӣ хос медонист.Бе ин ба қавли Лейбниц, хиради мо дар ин муддати тӯлонӣ роҳгум нашуда роҳи дарозро тай карда наметавонист.

add

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте как обрабатываются ваши данные комментариев.