Табиат ва чомеъа дар фаҳмиши фалсафӣ

 

Табиат дорои ду маънӣ аст: васеъ ва махдуд. Ба маънои васеаш табиат ин олами моддии моро ихотакарда: замин, низоми офтоб, кахкашон ва гайра мебошад. Ба маънои дуюмаш вай факат мачмуи низомхои моддии табиати зиндаю гайризинда мебошад. Он шарти зарурии пайдоиш, мавчудият ва инкишофи чомеаи башари ба хисоб меравад. Чунин кисми табиатро мухити географии меноманд.

Мазмуни мафхуми табиат баробари рушди чомеа низ тагир меёбад. Вай дар замоне, ки фаъолияти чомеа тахти таъсири мухити географи карор дошт ба маънои махдудаш мувофикат мекард. Холо инсоният нафакат бо унсурхои мухити географӣ (иклим, релеф, обхои руизамини, кабати киштбоби хок, олами набототу хайвонот), балки бо кабатхои болоии атмосфера, каъри замин ва кайхон низ алокаманд мебошад.

Мафхуми модда ва табиат бо хам хеле каробат доранд. Пайдоиши истилохи табиат хеле кадим аст.Вай замоне пайдо шудааст, ки одамон табиатро ба фаъолияташон монанду мукоиса мекарданд.Ба мафхуми табиат мафхуми маданият зид аст. Тахти мафхуми маданият чузъи аз чониби инсон фарогирифта ва комилан тагирдодашудаи табиатро мефахманд.  Табиат новобаста аз инсон вучуд дорад. Маданият табиатест, ки онро инсон дигаргун сохтааст. Инсон тавассути навсозии табиат мавчудияташро дар олам хифз карда, хешро ба он мукобил мегузорад.

Аз суи дигар инсон чузъу зодаи табиат мебошад. Ба акидаи К. Маркс: «инсон бо табиат зинда аст».

Фалсафаи атикаи Юнони кадим – инсонро ба табиат мукобил нагузошта, балки чузъе аз чузъхои он меномиданд. Тафаккури асрхои миёна руху чисмро бо хам мукобил гузошта табиатро офаридаи Худо дониста инсонро хокими кулли мавчудоти зинда эълон карда буд. Давраи Эхё инсонро то андозае аз акоми дин озод ва муносибат бо табиатро низ дигар кард. Инсон зебоию шукухи табиатро васф намуда бояд аз он истифода намояд.

Мувофики акидаи файлусофони замони нав – табиат хазинаест, ки инсон метавонад аз он бехисоб мавриди истифода карор дихад. Инсон дар нимаи дуюми асри XX бар асари бемайлони афзоиши илму техника, хатари истифодаи номахдуд, беназорат ва бешууронаи табиатро дарк намуда, рохи дурандеши ва окилонаро нисбат ба он пеш мегирад.

Аз чониби табиат хангоми руйдодани офатхои табии ба чамъият зарар оварда мешавад, ки ин зиддияти табитро ба чамъият нишон медихад. Аз тарафи инсон ё умуман чамъият бошад дар бисёр мавридхо ба табиат зарар мерасад, ки чангалзорхоро хароб гардонидан, роххои коркарди пардовхои заводу корхонахоро самарабахш истифода нанамуданд ва г. мебошад. Байни конунхои табиат ва чамъият хамчунин фарқият мавчуд аст:

– конунхои табиат офаридгори худро надоранд, конунхои чамъият аз тарафи инсон бароварда мешавад.

– конунхои табиат тагирнопазир, вале қонунхои чамъият вобаста ба сохтори чамъият дигаргун мешаванд.

Дар таърихи илми фалсафа дар бораи хаёт ва табиати зиндаю гайризинда фикрхои мухталиф вучуд дорад. Масалан, одамони ибтидои чунин акида доштанд, ки тамоми мавчудот дорои чонанд. Дин хам байни олами зинда ва гайри зинда хад гузоштааст. Чунончи, дар Куръон омадаст, ки баробари «бунёд шав» гуфтани Оллох осмону замин ба вучуд омаданд. Худо аввал замин ва сипас осмонро офаридааст. «Барои хар кадоме аз хафт табакаи осмон чои хосеро муайян карда бошад». (сураи 41, ояти 3). Зинда оламест, ки иборат аз набототу хайвонот ва хашароти мухталиф аст. Инсон ба хайси мавчудоти зинда бо тамоми олами зинда муносибат дорад. Бояд кайд намуд, ки асрхост, ки масъалаи пайдоиши хаёт таваччухи-асотир, дин ва фалсафаро ба худ чалб кардааст.

Мувофики акидаи дини хаёт бо хости Худо пайдо гардидааст. Табиат-шиносони асрхои гузашта, масъалаи пайдоиши хаётро, танхо ба равандхои физики ва химияви шарху эзох дода, мавчудияти хеч ягон конуни биологиро эътироф намекунанд. Шубхае нест, ки замоне дар саёраи мо хаёт набуд. Он гох тамоми ходисоти дар он руйдода вокеъан тобеи конунятхои физикавию химияви буданд. Аммо дар чараёни инкишофи модда дар руи замин узвхои нисбатан одди ба вучуд меояд. Хаёт шакли сифатан нави харакат буда, конунхои физикию химиявиро дар худ нигох дошта, онхоро бо конуниятхои биологи такмил медиханд. Ф. Энгельс ба донишхои табитшиносони асриXIX такя карда- хаётро тарзи мавчудияти чисмхои сафеда номида буд.

Бори аввал академик А.И. Опарин (1942) фарзияе баён карда, масъалаи пайдоиши хаётро дар руи замин то андозае аз лихози илми исбот намуд. Ба акидаи у хаёт дар руи замин дар натичаи тахаввулоти тулонии модда ба вукуъ пайваст. У пайвастагихои карбониро, ки дар шароити муайян ба риаксияхои химияви даромада пайвастагихои мураккаби органики хосил мекунанд асоси пайдоиши хаёт номидааст. Мувофики акидаи илми муосир, аввалин аломатхои пайдоиши хаёт дар руи замин тахминан 2,8 млрд. сол калб аз ин зохир шудаанд.

Такрибан 2 млрд. сол пеш нахустин хучайрахое, ки тахти таъсири фотосинтез, яъне энергияи рушноии офтоб, дорои омузиши кимиёви мегарданд, ба вучуд меоянд.

Биосфера арзи ву\уд мекунад. Биосфера аз калимаи юнони био – ҳаёт ва сфера – қабат, таркиб ёфтааст, чунин қабатест, ки дар он чо ҳаёт мавчуд аст.

Ба акидаи Вернадский – таъсири мутакобилаи организму мухит ба оранизмхои дигар чавхаре мебошад, ки тавассуташ хаёт дар руи замин пайдо шудааст.Хаёти фарди як бор ба вучуд меояд ва нотакрор мебошад. Идомаи пайгиронаи хаёт давом меёбад, вале дар макон аввал ва дар замон охир дорад. Мухлати организимхои чудогона махдуду интихопазир аст.

Имрўз масъалаи интихопазирии хаёт мазмуни мушаххас, пайдо кардааст. Холо кисмати хаёт аз бисиёр чихат ба инсон вобаста мебошад. Проблемахои глобали истодаанд. Масъалахои умдатарини имруза: – экология, тероризми байналмилали, экстремизм, ифротигарои, пахншавии маводи мухаддир, норасогии вируси солимии иммунитет, (СПИД), чамъшавии яроки катли ом ва гайрахо мебошанд.

Феълан инсоният дар чунин як вазъи қарор дорад, ки интихопазири ва бепоёнии хаёт дар руи замин ба интихоби бошууронаи у вобаста мебошад. Ноосфера – аз калимаи юнонии ноо – акл, хирад ва сфера кабат иборат аст. Яъне чунин кабатест, ки дар он чо аклу хирад хукмрон аст. Ноосфераро чузъи биосфера меноманд. Инсонро зарур аст ба табиат, сарватхои он ва мухити атроф бошуурона муносибат намояд.

Техносфера – қабати техники аст. Техникаро маъно ҳунар аст.

test

Добавить комментарий