Низоми ичтимоӣ ва сиёсии чамъият

 

Нақша: Низоми иҷтимоӣ ва сиёсии чамъият.

  • Унсурҳои низоми сиёсӣ ва ичтимоии чамъият.
  • Иттиҳодияҳои умумии ҳаётгузаронии одамон.
  • Айёниятҳо: Маводи сайёри №
  • Чамъият низоми том ва мураккаб аст. Он аз зерсистемаҳои гуногун: ҳаёти ичтимоӣ, сиёсӣ, фарҳангӣ ва сиёсӣ таркиб ёфтааст. Хар як зерсистема дар навбати худ метавонад як низоми том шавад. Чунки онҳо низ аз унсурҳои гуногун иборат мебошанд. Устувории ҳар як система пеш аз ҳама боиси пойдории чамъият мешаванд.Хусусан вақте, ки низоми сиёсии ҷамъият босубот бошад, ҳатман низоми ичтимоии он бонизом мегардад. Пас, унсурҳои асосии ин низомҳо кадомҳоянд. Аз ин рў ҳинни таҳлили саволи дуввум метавон ба ин савол пурра чавоби воқеиро дод.

    Давлат хамчун ходисаи ичтимои дар хаёти инсоният маком ва накши мухим дорад.Давлат ба сифати ташкилоти асосии батартибандозондаи равандхо ва муносибатхои системаи сиёси ва умуман, системаи чамъияти баромад менамояд. Давлат хам хадисахои чомеаро мегирад. Хамаи одамон хокимияти давлатро новобаста аз хохишашон эътироф менамоянд.

    Бедавлатӣ хамчун ходисаи манфи хаёти инсонро аз пурмазмунию мансаднок ба канор меноманд, якрангу бемаъно мегардад. Одамонро аз доираи восеъи муносибатхо чудо менамояд.

    Мафхуми «давлат» хар хел фахмида мешавад ва ё шархи худро меёбад. Одамон дар зери мафхуми давлат умеду хохиши худро низ баён менамоянд. Аммо дар байни одамон бештар 3 – хел маънидодкунии давлат маъмултар аст:

    а) Давлат хамчун ташкилот. Дар ин маврид дар гуфтугуи мукаррари ба сифати мафхуми хаммаънои «Давлат» мафхумхои «мамлакат», «халк», «Ватан» ва гайрахо истифода мешаванд:

    б) Давлат хамчун муносибатхои хокимияти сиёсӣ, яъне мачмуи алокахои байни г ражданинхо ва органхои давлати, байни худи органхо давлати, байни органхои давлати ва хизбхои сиёсию созмонхои ичтимои.

    Дар ин маврид «Давлат» – ро ба хокимият, адолати суди, маъмурият ва гайрахо монанд менамоянд:

    в) Давлат хамчун мачмуи органхои ичрокунанда ва идоракунанда, ки системаи муайяни коидахои хукуки, ки барои фаъолияти он заруранд сохиб аст. ба чунин маънохо фахмидани давлат беасос нест. Онхо аз бисер чихатхо хосиятхои давлатро маънидод карда мешаванд. Аммо новобаста аз чигунагиашон мохияту хусусиятхои давлатро ба пурраги инъикос карда метавонанд.

    Дар бораи пайдоиши давлат назария ва таълимоти гуногун мавчуд аст. Ханўз аз даврахои кадим мутафаккирон ба пайдоишу мохияти давлат диккат чалб намуда буданд.

    Арасту низ дар ин катор аст. У ба акидае буд, ки табиати инсон тақозо намудааст, ки дар чомеа зиндаги намояд ва давлат натичаи инкишофи дар сохаи иттиходиодамон аст.

    Дар бораи пайдоиши давлат таълимоти зиёд теологи мавчуд аст. Аммо аксари онхо як маъно доанд. Давлатро офаридаи Худо мехисобанд.

    Назарияи патриархалии пайдоиши давлат низ вучуд дорад. асосгузори он файласуфи англиси асри XVIII Роберт Филмер мебошад.

    Ба акидаи у давлат дар натичаи ба таври механики муттахид гаштани авлодхо, ба кабилахо табдил ёфтани онхо ва ба умумиятхо бузургитар муттахидгаштани кабилахо пайдо шудааст. Дар ин холат принсипи хокимияти патриархалию химоятгари дар шаклхои чомеаи ибтидои амал менамуд.

    Давлат хамчун хокимияти потриархалие, ки аз номи хама ва барои хама мебошад, ба амал бароварда мешавад.

    Дар асрхои XVII – XVIII хангоме, ки дар Европа мутлакият хамчун сохти чамъияти инкишоф меёфт, назарияи «шартномаи чамъияти» ба миён омад. Чунин тарзи муносибат ба пайдоиши давлат дар огози асрхои миёна низ вомехурад. Таълимоти Эпикур аз он дарак медихад.

    Мохияти назарияи «шартномаи чамъиятӣ» он аст, ки давлат дар асоси шартномаи байни хокимон ва мазлумон пайдо шудааст. Сабабхои бастани шартномаро мутафаккирон хар хел шарх медиханд.

    Гоббс холати тибии одамонро хамчун чанги халия бар мукобили хама бахо медихад. Гуё одамонро ташвиши зиндаги, масълахои бехатарии шахси ва моликият водор намуд, ки хокимияте пайдо меояд, то тартиботро чори гардона, манфиятхои одамонро химоя намояд.

    Ж.Ж. Руссо бошад холати ташкилёбии давлатро дигархел шарх медихад. Одамон, ки алохида – алохида алокамандии хамачониба бо табиат зиндаги мекарданд, хушхол буданд ва холати доштаашонро ба кули тагйир додани набуданд. Холатхои объективи ва беруни, аз кабили фалокатхои тиббии, талаботи табиатро ба худ ром кардан ва пайдоиши моликияти хусуси боиси ташаккулёбии ташкилоти махсуси сиёси – давлат гардиданд.

    Дар асри XIX «назарияи табеъ намудан» оид ба пфйдоиши давлат ташкил ёфт.

    Яке аз намояндогони машхури он хукукшинос ва сотсиологи норвегӣ Людвиг Гумплович (1838 – 1909) мебошад. У таълимоти худро дар асари «Муборизаи нажодхо» (1983) баён намудааст. Ба акидаи у нажодхо аз аввали пайдоишашон якдигарро бад мебинанд ва он муносибати байни гуруххо, халкхо ва умумиятхои дигарро муайян месозад.

    Гумлёвич истилохи «нажод» – ро нисбат ба миллат ва халкхо истифода менамояд. Он аз хосиятхои биологии бегона аст. Гуё давлат дар натичаи гуруххои номуташакил ва намкувватро тобеъ намудани гуруххои пуркувват пайдо шудааст. Хокимияти давлати ба сифати хукмронии голибон дар маглубон маънидод карда мешавад.

    Мукамалтарин таълимот дар бораи пайдоиши давлат назарияи марксистию лекини мебошад. Сабабхои пайдоиши давлатро пайдоиши моликияти хусуси ва танзимшавии чомеъа ба синфхо ва гуруххои ичтимои ташкил медихад. Ташкилотхое, ки аз шаклхои авлодию кабилави мегарданд, ба давлат табдил меёбанд.

     Давлат хамчун аслихае баромад мекунанд, ки манфиатхои иктисоди, сиёси, ичтимои, фарханги ва идеологи гурухи ичтимоие, ки сохиби врситахои истехсолот аст, химоя менамояд. Давлат хокимиятро аз номи синфи аз чихати иктисоди хукумрон идора менамоянд.

    Пайдоиши ва инкишофи давлатро политологи муосири поляк Енси Ветр мавриди тахлил карор додаст.

    У асосан, таълимоти марксистии пайдоиши тарафдор аст. Аммо омилеро ном мебарад, кидар пайдоиш ва инкишофи давлат барин ташкилоти абаркудрати сиёси захм гирифта метавонанд:

    1) Мавчудияти тахдиди беруни, ки раванди ташаккулёбии давлатро метезонад;

    2) Таъсири намунахои беруна, яъне мавчудияти давлат дар байни умумиятхои худудию ичтимои ва дарки мохияту хусусиятхои он намояндагони умумиятхои дагари худудиб ичтимоиро водор менамояд, ки давлати худро созмон диханд.

    3) Муносибатхои этники. Хангоме, ки чомеа аз умумиятхои гуногуни этники таркиб ёфтааст, чудошавии одамон ба гуломон ва озод тезонида мешаванд. Дастгохи зури низ бахри ин максадбурда мешавад.

    4) Шароити географи. Бештар мавзеи интихоб карда мешаванд, ки аз хар чихат барои давлат ва давлатдори муносиб башад вабарои инкишофи тарафхо гуногуни хаёт монеъ нашавад.

    Барои аник фахмидани мохият ва хусусиятхои давлат зарурат ба дарки аломатхои асоси, шамзо, вазифахо ва хосиятхои дигари он пайдо мешавад.

    Давлат аломатхои гуногунро сохиб аст. Аммо накши мухимро чунин аломатхои он мешавад.

    1) Мачбурнамоӣ. Хеч як фард наметавонад аз давлат бурун бошад ё ба хокимият итоат намояд. Одамон ба давлат аз руи зарурати чамъияти вобастаанд, яъне мачбуранд, ки ба давлат итоат намоянд, тартиботи сиёсию хукукиро ба инобат гиранд. Бедавлати (апатридизм) хамчун ходисаи зиёназар ва манфи маънидод мегардад. Давлатро эътироф накардан, ба тартиботу коидахои хукумрон итоат кардани одамонро хуччатхои гуногуни байналхалки, аз чумла шартнома Гаага (с. 1930) ва эъломияи чахонии хукуки башар (с. 1948) рад меномояд.

    Баъзан дар адабиёти илмию таълими ходисаи мушаххасеро оид ба амали бедавлати мисол меоранд.

    Масалан, зан ё марде аз як давла бо зан ё марди давлати дигар оиларо ташкил медиханд ва яке аз онхо ба мамлакати бегона куч мебанданд. Аммо у холо гражданини давлати нав нест. Барои ин муддате мунтазир бояд шуд.

    Ба унсурҳои низоми ичтимоӣ бошад фардҳои алоҳида, ки мавқеи худро дар низоми чамъият мебозанд, гуруҳҳои ичтимоӣ, умумияҳои одамон, синфҳои чамъиятӣ ва табақаҳои чамъиятӣ дохил мешаванд.

    Ба умумиятҳои ҳаётгузаронии одамон бошад дохил мегарданд: Авлод, қабила, халқият ва миллат.

    Авлод чунин умумияти одамон аст, ки бо аломатҳои хешутабори ва хунӣ аз ҳам фарқ мекунанд.

    Кабила – чунин умумияти одамон аст, ки аз чанд авлод ташкил ёфтааст. Забони гуфтугўи, расму анъанаи хос аломатҳои он мебошанд.

    Халқият – расму анъана, забони гуфтугўи дошта, ҳудуди муаян надорад.

    Миллат – умумияти таърихии одамон аст, ки аз рўи чунин аломатҳо: ҳудуд, забон, расму анъана ва бозори ягонаи иқтисодӣ аз дигар умумиятҳо фарқ мекунад.

 

О L-BRO Admin

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.