Мафҳум ва типҳои тамаддун

 

Мафҳуми тамаддун (аз лотинӣ – гражданӣ, ҷамъиятӣ, давлатӣ) маънои умумияти иҷтимоӣ – маданиро дорад, ки дар вақти муайяни таърихӣ ба вуҷуд меояд. Ин умумият хусусияту аломатҳои зерин дорад: маданияти анъанавӣ, зебоӣ, муҳити зист ва соҳаи иқтисодию маънавӣ.

Тамаддун чунин дараҷаи тараққиёти ҷамъиятӣ мебошад, ки дар он тақсимоти ҷамъиятии меҳнат, мубодила, тиҷорат ва истеҳсолоти молӣ ба дараҷаи тараққиёти пуррае мерасанд, ки дар ҷамъият табаддулот ба амал меоранд, чӣ тавре ки баъд аз тақсимоти ҷамъиятии меҳнат ба амал омада буд. (Ф. Энгельс дар асараш «Пайдоиши оила, моликияти хусусӣ ва давлат» инро менависад).

Дар ин давраи тараққиёти ҷамъият одамон чунин шаклҳои арзишу неъматҳои заруриро (моддӣ, маънавӣ ва маданӣ) ба вуҷуд меоваран, ки онҳо дар дигар умумиятҳои иҷтимоӣ – мадан, яъне тамаддунҳо нестанд ва дар тараққиёти прогрессивии ҷамъият фақат ҳиссаи сазовори ҳамин тамаддун ба ҳисоб мераванд (роҳи абрешими Хитой, ёдгориҳои таърихии Самарқканду Бухоро, забонҳои миллӣ, адабиёти классикӣ, фалсафаи классики немис ва ғайра). Ин мафҳум ба ҷамъияти обшинаи ибтидоӣ тааллуқ надорад, чунки дар он ҷо акнун тараққии амалияи одамон сар мешавад.

Аз ин ру Ф. Энгельс дар ҳамон асараш аввал давраҳои ёбоӣ ва баъд давраи тамаддунро таҳлилу таъриф мекунад.

Дар протсесси таърихӣ якчанд шаклҳои муайянкунии типҳову меъёри (критерияш, ҳиссагузорӣ ба протсесси ҷамъиятӣ) тамаддун мавҷуд аст:

Типҳои тамаддун вобаста ба форматсияҳои ҷамъиятӣ муайян карда мешаванд, ки тамаддунро пеш мебаранд. Масалан, тамаддуни ғуломдорӣ, феодалӣ, буржуазӣ ва коммунистӣ. Ҳиссаи ин форматсияҳо дар прогреси ҷамъиятӣ ба назар гирифта мешавад.

  • Аз руи моҳияту сохти онҳо. Аз руи чигуна тавлид шуданашонмуайян карда мешаванд.Масалан, бо ин хел муайянкунии типҳои тамаддун шаклҳои зеринро ҷудо мекунанд:

    Шакли статсионарии (ё доимии) тамаддун. Ин чунин шаклест, ки вай дар асоси худи худаш ташаккул меёбад. Мисол, тамаддуни эронӣ, англисӣ, немисӣ ва ғайра.

  • Шакли адаптивӣ (ё мутобиқи) (он аҳоли ё халқе, ки дар ҷои бегона мутобиқ мешавад). Масалан, муғулҳо, арабҳо ва ғайра.
  • Шакли динамикӣ (тағйирёбанда)(яъне тез шакли худро тағйир медиҳад). Ин гуна тамаддунҳо дар собиқ мустамликаҳо ва ниммустамликаҳо ба вуҷуд меоянд. Ҳиндустон, Покистон ва ғайра.
  • Шакли метисӣ (омехта, дурага). Ин гуна тамаддун одатан дар натиҷаи омехташавӣ ва якҷоя шуда зиндагӣ кардани якчанд халқу миллатҳо ба амал меоянд ва як ё якчанд фарҳангу забонро қабул мекунанд. Мисол, дар мамлакатҳои Америкаи Лотинӣ, Африка (масалан, Никарагуа, Куба, Уругвай, Мозамбик, Ангола, Гвинея ва ғайра), ки дар он ҷо забони португалӣ ё испаниро ба асос гирифтаанд ва ғайра.
  • Шакли коммунистии тамаддун. Фазаи ибтидоии он сотсиализм, ки акнун бояд ташаккулёбии тамаддунро сар кунад, қисми таркибиаш бошад. Аммо ин шакли тамаддун бо сабабҳои гуногуни объективию субъективӣ дар мамлакати мо ва дар як қатод мамлакатҳои дигар тараққӣ накард.
    • Муайянкунии тамаддун аз руи маҳалу минтақа, ноҳия ва халқу миллати мазкур. Масалан, тамаддуни Шарқ, Ғарб, тамаддуни испанӣ, японӣ, америкоӣ, тоҷику форс, тамаддуни ориёӣ (аз руи ҳиссаҳои халқ дар тамаддун муайян карда мешавад).

    Ин мафҳум ба одамони алоҳида ҳам татбиқ карда мешавад: одами дорои тамаддуни баланд, паст ва ғайра.

 

О L-BRO Admin

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.